Дар суҳбат бо яке аз дӯстон дар баҳсе перомуни хати порсӣ нивиштам, ки барои гузори Тоҷикистон ба хатти порсӣ як сол кофӣ аст. Гуфт, чи тур?
Инак, далоиле, ки барои ишон нивиштам
Ба ин далоил:
1) Хатти порсӣ хатте нест, ки мо бо нивиштанро аз сифр шурӯъ кунем. Мо фақат бар нивиштаҳое, ки то ҳол ҳаст ва дарвоқеъ фаровон аст, чизҳое меафзоем.
2) Хатти порсӣ пешина дорад, мисли хати лотин барои қабоили турк нест, ки пешина надошта бошад. Мо пешинаи дурахшони фарҳангӣ ба ин хат дорем.
3) Хатти порсӣ хатти мурда нест, зинда ва пӯёст, ҳамин ҳоло аксари тоҷикон ба он хат менивисанд. Аҳолии Тоҷикистон пеши тоҷикони ҷаҳон теъдодашон андак аст, шояд панҷ дарсади тоҷикони ҷаҳонро ташкил надиҳанд. Бо омӯзиши хати порсӣ, тоҷикони Тоҷикистон аз инзиво берун меоянд ва ба ҷамъи бузургтари тоҷикон, ки хати порсӣ дар миёнашон роиҷ аст, мепайванданд.
4) Бо фанноварии расонаии имрӯз, монанди телевизиюну интернету дигару дигар ёд гирифтани саросарии ин хат дар кӯтоҳмуддат имконпазир аст.
5) Иштиёқи фитрии тоҷикон ба омухтани хатте, ки хатти худашон аст ва барояшон муқаддас аст, ин фарояндро тасреъ мекунад.
6) Манобеъи фаровоне, ки ба хатти порсӣ вуҷуд дорад, ва дастрасии осон ба он мардумро басуръат порсихон мекунад.
7) Бахши аъзаме аз тоҷикони Тоҷикистон дар ин се даҳа порсӣ омухтаанд, ё касоне ки ъулуми динӣ омухтаанд, низ хатти порсиро ёд гирифтанашон осонтар аст,
8. Бисёре аз тоҷикони тоҷикистонӣ имрӯз бо таваҷҷуҳ ба дастрасӣ ба шабкаҳои иҷтимоъӣ бо ҳамзабонони бурунмарзияшон саъй мекунанд ба хатти порсӣ гуфтугӯ кунанд, чун чорае ҷуз порсинивисӣ бо онҳо рнадоранд. Ин вазъият ҳам кумак мекунад, ки порсиомӯзӣ тасреъ шавад.
***
Албатта далоили фаровони дигареро низ метавон баршумурд, вале ҳеч роҳе беҳтар аз имтиҳон кардан нест. Давлат ба ҷои вопасгароӣ ва ъақабнишинӣ аз ҷунбиши истиқлолталабӣ, ки гузор ба хатти порсӣ аз муҳимтарин аркони он буд, ва ба ҷои тарвиҷи забони русӣ ва ҳарчи бештару бештар даст ба домони Кремлин шудан, бояд ба масири таҳкими истиқлоли худ баргардад ва гузор ба ин хатро имтиҳон кунад. Аввал аз ин шурӯъ кунад, ки тамомии кормандони давлатӣ, бавижа мақомҳои ъолирутба, ин хатро муддате биёмӯзанд ва битавонанд ҳамарӯза ахбори ҷаҳонро ба порсӣ бихонанд.
Агар дидем, ки ҳеч муште аз осмон бар сари Эмомъалии Раҳмон ва ҳайъати ҳукуматаш фуру науфтоду касеро назад ва касе осеб надид, вонгаҳе миллатро ҳам мешавад батадриҷ ба омӯзиши хатти порсӣ раҳнамун сохт. Шумо ин корро кунед, агар бибинем, ки дасти ғайбе аз осмон пойин мешавад, ки бар саратон бикӯбад, зуд фурсат доред, ки тасмиматонро ъиваз кунед ва бигӯед, ки на, намеомӯзем, чун хатарнок аст, мисли бисёре аз тасмимоти дигаре, ки маъмулан ъиваз мекунед. Аслан таҷруба кардан чи ишколе дорад?
24 хурдоди 1401 / 14 жуани 2022
(5) Esfandiar Adineh | Facebook
No comments:
Post a Comment