Wednesday, June 08, 2022

Суғд ҷузъи Эрон буд ё Турони дурӯғин?

8.06.2021

Посухе ба Луқмон Бойматуф дар бораи ин ки Суғд ҷузъи Эрон аст ё Турон:

Бале, Суғд Эрони бартар аст, вале туронгароён тавони шунидани ин суханро надоранд. Бартарро дар инҷо ман ба маънои болотар ё шимолтар ё шимолӣ ба кор бурдаам, на ба маънои беҳтар ва афзалтар. Барои ҳар донандаи порсӣ рӯшан аст, ки "бар" ба маънои боло ва буландӣ ҳам ҳаст ва маънои аслии бартар ҳамон болотар ва буландтар аст, аммо маънои маҷозии он беҳтар, афзалтар ва буландпоятар аст.

Муаллиф омада ва дар бораи ёддошти кӯтоҳи ман дар Фейсбук (яъне ба истилоҳ як коммент аст!) мақола ва нақди баистилоҳ "ъилмӣ" нивиштааст, дар ҳоле ки ғафлат варзида ё танбалӣ карда ва он пайвандеро, ки гузошта будам, боз накардааст, то таҳқиқи бештар кунад, ки мавзӯъ чист. Дар он пайванд матне аслӣ аз устод Раҳоми Аша, донишманди авестошинос аст, ки ман фақат онро муъаррифӣ кардаам.

Албатта, "Эрони бартар" тарҷумаи ман аз "Upper Eran" аст, ки ӯ аз матни Ибни Надим оварда, ва дар зернивиси он нусхаи аслии ъарабии онро ҳам овардааст, ки "Эрон-ал-аъло" аст.

Барои ин ки, касоне чун Луқмон Бойматуф мумкин аст, аълоро ба ҳамон маънои роиҷаш дар Тоҷикистон (масалан дар таркиби "аълочии маъориф"!) нафаҳманд ва сардаргум нашаванд, ман дар камонакҳо онро табдил ба "Эрон-ал-ъулё" кардам, ки барои хонандаи тоҷикистонӣ мафҳумтар бошад, мисли Қарабоғи Ъулё, ки роиҷ аст.

Ба назари ман, вожаи "бартар" бештар баҳона аст, чун бар ва абар ба маънои боло аст ва дар осори бостонӣ ба маънои шимол ҳам меояд. Аммо ончи мояи ошуфтагии оқои Бойматуф шуда, ин аст, ки чиро Суғд Эрон хонда шудааст. Охир ишон таваққуъ доранд, ки Суғд Турон буда бошад ва дар ин мақолаи худ таъкид ҳам кардаанд, ки "Суғд тобеъи Эрон набуда", балки тобеъи Турон аст:

"Тибқи назари ағлаби ҷуғрофидонҳои асрҳои 9 - 10 Суғд тобеъии Эрон набуда. Марзи Эрону Тӯрон ҳамоно Руди Ому будааст. Ин ҷо истилоҳи фавқ ба маънии "Болои Эрон" аст. (Ин маврид худ баҳси муфассалест)."

Кудом ҷуғрофидонҳо чунин гуфтаанд? Чиро бояд назари фалон ҷуғрофидонҳо муътабар бошад, аммо назари Ибни Надим барои ишон муътабар набошад? Ин иддиъояшон, ки Суғд тобеъи Эрон набуда, комилан бепоя ва ба дур аз мантиқ аст!

Дар ваҳлаҳои замонии кӯтоҳе албатта Суғд тобеъи давлати марказии Эрон набуда, вале дар бештари тӯли торихи худ, ҷузъи Эрони бузург будаааст. Масалан дар замони Ҳахоманишиён Суғд ҷузъи шаҳристонҳои Эрон буд, дар замони Ашкониҳо ҳам тобеъи давлати онҳо буд, дар замони Сосониҳо ҳам дар бисёре аз давраҳо ҷузъи он буд ва дар сангнибиштаҳои шоҳони Сосонӣ ҳам номаш басароҳат ба ъунвони яке аз шаҳристонҳои Эрон ёд шудааст.

Ҳоло фақат дар даврае кӯтоҳ пеш аз ҳамлаи ъараб, Суғд тобеъи хоқонии турк буда, ки ин шояд 50 то 100 сол ҳам тӯл накашида, он ҳам комилан тобеъ набуд ва ҳар шаҳри Суғд подшоҳии худашро дошт, вале оқои Бойматуф ба хотири ин замони кӯтоҳ бар тамоми торихи гузашта хатти бутлон мекашанд ва мегӯянд Суғд (ҳаргиз!) ҷузъи Эрон набуд!

Мисли понтуркҳое, ки ба хотири ҳамин панҷоҳ соли тобеъияти шаҳрҳои Суғд ба хоқонии турк комилан Осиёи Миёнаро аз Эрон баъамд ҷудо мекунанд ва сарзамине таҳти нуфузи туркон қаламдод мекунанд. Бархе аз ховаршиносони туркигаро, монанди Шоберлейн ва дигарон низ ҳамин корро мекунанд!

Қабл аз он давлатҳои эронии дигар, монанди Кушониёну Ҳайтолиён дар Суғд буд, вале бо ин вуҷуд осори бостоншиносии Суғд басароҳат нишон медиҳад, ки ҳар ҳунару фарҳанги роиҷ дар Эрони Сосонӣ дар Суғд ҳам роиҷ будаааст, суғдиҳо худро эронӣ медонистаанд ва Эрони Сосониро дорулмулки худ медонистанд.

Ҳатто пас аз ҳамлаи ъараб ва дар қарни 9 ё 10 милодӣ зартуштиёни суғдӣ бо мубадони Порс дар тамоси ҳамешагӣ буда ва мукотибот мекарданд ва дар умури дин аз онҳо суол мекарданд ва посух мегирифтанд. Яъне ҳавзаи ъилмии Порс назди зартуштиёни Суғд ба масобаи Вотикон назди масеҳиён буд! Ин собит мекунад, ки ин расм аз қадим вуҷуд дошта, яъне дар давраи Сосониён ҳам Суғд бо Порс иртиботи мустақим дошта ва бавижа аҳолии зартуштии Суғду Хоразм подшоҳони Сосониро подшоҳони худ медонистанд.



No comments: