Saturday, June 18, 2022

Созмони Милал: Бузургмеҳри Ёрро озод кунед!

Қонуни асосии Тоҷикистон басароҳат мегӯяд, дар сурате ки қавонини маҳаллии ин кишвар бо асноди байналмилалӣ дар тазод воқеъ шавад, марҷаъияти мавозини байналмилалӣ болотар аст! Ин, яъне ҳарфи Созмони Милал муътабартар аз қавонини дохилӣ ва амру дастуру фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон ва аҳкоми додгоҳҳои Тоҷикистон аст!

Ба назари шахсии ман, Тоҷикистон агар мехоҳад ҷузъе аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ боқӣ бимонад ва батадриҷ ба ҳошия ронда ва радди маърака нашавад, бояд ба раъйи Созмони Милал ва мавозини байналмилалии ҳуқуқи башар арҷ бигузорад ва дастури ин созмони муътабари ҷаҳониро БЕ ЧУНУ ЧИРО иҷро кунад! Чораи дигаре ҳам надорад! Баъд аз қазияи Зайд Саъидуф, ин дувумин маврид аст, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз давлати Тоҷикистон мехоҳад ин афродро озод кунад.
Мақомоти тоҷик бояд хуб огоҳ бошанд, ки бо басиҷ кардани тӯдае бесарупо муқобили дафотири созмонҳои байналмилалӣ ва найрангу тарфандҳое аз ин даст роҳ ба ҷое нахоҳанд бурд. Ин шайёдӣ ва ҳуққабозиҳо он қадр пешипоуфтода ва содалавҳона аст, ки ҳамаи ҷаҳонро ба ханда вомедорад! Худро беш аз ин хандахариш насозед, лутфан!
Ишколе надорад, иштибоҳи худро бипазиред ва самимона пӯзиш бихоҳед ва афроди бегуноҳро аз зиндон раҳо кунед. Ин самимият ва шаффофият аст, ки роҳро барои иҷрои ъадолат ҳамвор месозад ва бар эътибори байналмилалии Тоҷикистон меафзояд, на риёву тазвир ва афсонаву афсун!


No comments: