Monday, January 27, 2020

Чиро то тоҷикон ҳамдигарро хуб намефаҳмем?

Яке аз мушкилоти аслии Тоҷикистон, ки монеъи пешрафт мешавад, ҳамин мушкили дузабона будани он аст. Яъне ин ки мо як забони расмӣ дорем, ки забони порсии худамон аст, ва як "забони муъоширати байни миллатҳо"(!) ки русӣ аст! Ҳамин мушкил боъис шуда, ки миллати мо ҳамдигарро хуб намефаҳманд. Вақте забон ва баёни дурусту дақиқ ва мушаххас надорем, вақте мафоҳим ва истилоҳоти меъёр ва ҳамсоне вуҷуд надорад, ки ҳама аз он дарки муштарак дошта бошанд, ҳар кас ҳар вожаеро ба таври худ ба кор бараду ба таври худ бифаҳмад, натиҷааш ҷуз сардаргумӣ ва суитафоҳум нахоҳад буд. Миллат бояд ба як забон бияндешад ва ба як забон сухан гӯяд ва як забонро дар ҳадди тамому камол бифаҳмад. Ин амр аст, ки гуфтугӯ ва мубодилаи афкорро осон мекунад.
Бидуни мубодилаи афкор ва дарки муштарак ҷомеъа ба пешрафте даст нахоҳад ёфт, чун пойдевори пешрафт андеша аст. Ҳарчанд бисёре мегӯянд, биёед наандешем ва аввал кор кунему тиҷорат кунем ё иқтисодро пеш барем, аммо магар ин умур бидуни андеша ва назария пеш хоҳад рафт? На! Ҳар амре аз андешидан оғоз мешавад. Баъд дар миён гузоштани он андеша бо дигарон, яъне мубодилаи афкор, пеш меояд, Вонгаҳе мардум метавонанд дар сояи андешаҳои дурусту судманде роҳ ва масири ояндаи худро таъйин кунанд ва пеш бираванд. Ҳатто ҳамон инқилоби Русия ва таъсиси давлати Шӯравӣ ҳам, ки бисёре барояш ҳамчунон омодаанд ҳамлаи интиҳорӣ кунанд, аз андеша шурӯъ шудааст. Агар назария ва андешаҳои моркистӣ набуд ва Плехонуфу Ленину Трутскӣ ва дигарон он андешаҳоро дунбол намекарданд, куҷо инқилоб мешуд?
Аммо андешидан бидуни забон имкон надорад! Шумо фақат бо истифода аз яке аз забонҳои дунё метавонед бияндешед. Ва хушбахтии мо тоҷикон ин аст, ки забонамон ПОРСӢ аст! Ва ин забон яке аз таъсиргузортарин забонҳои дунё дар тӯли торих будааст! Аз ҷумлаи забонҳоест, ки тамаддуни башариро шакл додаанд! Оё ифтихоре аз ин бузургтар ҳаст? Ва ҳазорҳо ва милюнҳо манбаъи ъилмӣ ва адабӣ ба ин забон вуҷуд дорад! Қарор нест шумо бисёре аз ин донишҳо ва иттилоъот ва фаровардаҳои адабию ъилмиро тарҷума кунед, ҳамааш ба забони худатон дар дастрас аст.
Масалан қирғиҳзо ё қазоқҳо ё узбакҳо ба ин ҳама дониш ва иттилоъ ва тавлидоти адабию ъилмию ҳунарӣ ба забони худ дастрасӣ надоранд. Маҷбуранд, ҳазинаи зиёде барои тарҷумаи ин осор бипардозанд ё чорае ҷуз ёдгирии забони дигар надоранд. Яъне ин мардумон ба як забони кумаккунандаи дигар ё ба истилоҳ "забони муъоширати байни миллатҳо" дар канори забони худашон сахт ниёз доранд, мо надорем! Мо ба чунин забоне ниёз надорем! Албатта, манзурам ин нест, ки комилан ниёз надорем, ҳатто инглисизабонҳо ҳам ба тарҷумаи осори дигарон ниёзманданд, Вале ниёзамон бисёр андак аст, дар ҳадде нест, ки забони дигареро ҷойгузини забони худамон кунем.
Яъне мо ба тарҷума камтар ниёз дорем ва ҳазинаи камтаре барои тарҷумаи осори мавҷуд дар дигар забонҳо мепардозем, бавижа ба хати миллии худамон, ки хатти ПОРСӢ аст. Пас чорае ҷуз ин надорем, ки забони худро дар ҳадди тамому камол (ва чи басо бо хатти худамон) биёмӯзем ва ба он арҷ гузорем. Забонамон худаш ба мо нон медиҳад ва мӯҷиби пешрафти мо хоҳад шуд.
Пас моро лозим аст қабл аз ҳар коре ба мушкилоти забонамон бирасем. Яъне аввал забони худамонро дар сарзамини худаш бар маснади воқеъии худаш биншонем! Дар ҳамаи умур! Чи дар омӯзишу чи дар парвариш, чи дар фарҳангу чи дар ҳунар, чи дар иқтисоду чи дар иҷтимоъ ва чи дар сиёсату чи дар қазоват (jurisprudence), чи артишу чи дар пулис, чи дар амнияту чи дар тиҷорат!
Сипас онро аз ҳар хасу хошоке, ки бедалел дар замони султаи Шӯравӣ бар он таҳмил шуда, пок кунем ва баёнамонро бо такя ба фарҳангномаҳо ва осори адабию ъилмии куҳанамон ба забони меъёр ва дақиқу дурусти порсӣ, ки рӯи Замин беш аз сад милюн гӯишвар дорад, наздик кунем. Баъд бо ҳамин забони фохиру фасеҳ ва балеғамон андешидан ва гуфтугӯ бо ҳамдигарро ёд бигирем ва ривоҷ бидиҳем.

Манбаъ: Esfandiar Adineh

Чиро мо "чиро" менивисем?

Яке аз аъзои гурӯҳи "Дуруст бинависем", ки аз бими рӯёрӯӣ бо ман, маро масдуд карда, дар ин гурӯҳ қаламфарсоӣ мекунад, ки чиро мо "чиро" менивисем ва чиро "нивиштан" мегӯем ва чиро "пидар" бар "падар" арҷаҳият дорад.
Ин дӯстамон, ки аслан забоншинос нест ва аз масоили забоншиносӣ бӯе набурдааст, дарвоқеъ як маҳалгарои тамомъаёр аст ва ба забони порсӣ аз зовияи маҳалли худ менигарад, ғофил аз ин ки забони меъёр қавоъиди худро дорад ва тобеъи гӯиши ҳеч маҳалле нест.
Бояд ин рафиқи ношафиқ ва аъзои дигари ин гурӯҳ бидонанд, ки бар асоси қавоъиди овоии забони меъёри порсӣ ва бар пояи қавоъиди такомулии ин забон "нивиштан" ва "чиро" ва "пидар" саҳеҳ аст.
Вожаи "нивиштан" дар забони порсии миёна ба гунаи "нипиштан" буд, ки батадриҷ ба "нибиштан" табдил шуд ва имрӯза ба шакли нивиштан даромадааст. Ин вожа аз ду ҷузъи "ни-" ва "-пиштан" бармеояд, ва пешванди "ни-" дар забонҳои ҳиндуэронӣ пешвандест, ки ба пойин ишора мекунад, масалан "ни-шастан" ва "ни-гоштан" ва "ни-ҳодан" ҳам бо ҳамин пешванд сохта шудаанд. Ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки "нивиштан" ба "навиштан" бадал шуда бошад ва ба ҳамин далел дар ҳамаи луғатномаҳои порсӣ ин вожа ба гунаи "нивиштан" сабт шудааст. Дар бисёре аз гӯишҳои Варорӯд низ мардум ҳамчунон "нивиштан" мегӯянд, на "навиштан".
Вожаи "чиро" ҳам аз ду ҷузъи "чӣ-" ва "-ро" сохта шуда ва ба маънои 'аз баҳри чӣ' ва 'аз барои чӣ' аст ва ҳаргиз "чаро" набудааст, чун маъно надорад. Луғатнивисони порсизабон бар хилофи бисёре аз забоншиносону нозабоншиносони имрӯз дар Тоҷикистон, ки дӯст доранд бинии худро дар ҳар умуре халонанд, аз торихи таҳаввул ва такомули вожагон бахубӣ огоҳ буданд.
Вожаи "пидар" ҳам аз забони авестоӣ гирифта, то порсии бостон ва аз порсии бостон то порсии миёна ва аз порсии миёна то порсии дарӣ, ки забони имрӯзи мост, раванди такомулии мушобеҳеро пушти сар карда ва ба шакли имрӯзияш, яъне 'пидар' даромадааст. Чунончи ин вожа дар забони порсии бостон ба гунаи "пита(р)" аст. Ба ин пора аз сангнибиштаҳои Шоҳ Дориюш бинигарем:
thâtiy : Dârayavaush : xshâyathiya : manâ : pitâ : Vishtâspa : Vishtâspahyâ : pitâ : Arshâma : Arshâmahyâ : pitâ : Ariyâramna : Ariyâramnahyâ : pitâ: Cishpish : Cishpâish : pitâ : Haxâmanish :
Тарҷума: "Гуфт Дориюш Шоҳ: пидари (pitâ) ман Виштосп аст, пидари (pitâ) Виштосп Аршом аст, пидари (pitâ) Аршом Ариёрамна аст, пидари (pitâ) Ариёрамна Чишпиш, пидари (pitâ) Чишпиш Ҳахоманиш."
Ба ин тартиб, ин вожа дар забонҳои авестоӣ ва порсии бостон ба шакли 'питар' (pitar) буда ва дар забони порсии миёна батадриҷ ба шакли 'пидар' (pidar) даромадааст ва тақрибан ба ҳамин шакл ва бо андаке тағйир дар кайфияти талаффуз (pedar) вориди забони порсии нав шудааст, забоне, ки мо имрӯз бад-он такаллум мекунем. Зимнан, вожаи "пидар" дар бархе аз забонҳои шарқии эронии имрӯз, монанди рӯшонӣ, ба гунаи "пид" аст, ки ба муродифи порсияш наздик аст.
Луғатнивисони қадим, ки ғаризаи маҳалгароӣ бо онон бегона буд, ва аз ин дарди бедаво ва шоеъ дар миёни бисёре аз порсигӯёни Тоҷикистон ранҷ намебурданд, беғаразона ин вожагонро дар фарҳангҳои худ ба шакле, ки роиҷ буд, оварда ва ба ҳамин шакл сабти торих кардаанд.
Албатта, корбурди "падар" дар гӯишҳо ишколе надорад, аммо эрод гирифтан ба ин ки чиро дар фалон минтақа ё маҳал "пидар" ё "педар" мегӯянд ва он гӯё ғалат аст ё дуруст нест ва фақат "талаффузи роиҷ дар лаҳҷаи қишлоқи ман дуруст аст", камоли ҳамоқат аст! Аз тарҳи чунин баҳсҳои хиҷолатовар беҳтар аст бипарҳезем!
Дар инҷо хитоб ба афроди ноогоҳ аз масоили забон ва забоншиносӣ, ки бедалел дар ин масоил мудохила мекунанд, бояд гуфт, ки беш аз ин худро шармандаву шармсор накунед ва дар бораи масоиле, ки ба он вуқуф надоред, лаб боз накунед, зеро шоъир дуруст гуфта, ки
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,
Гови нар мехоҳаду марди куҳан!

Манбаъ: Esfandiar Adineh