Saturday, June 18, 2022

ОЁ МАЪМУРИ ПУЛИС БУДАН 'ГУНОҲ' АСТ?

Дар посух ба суоли корбаре, ки чунин нивишта:

//"Ymed Nazarov
Esfandiar Adineh Милиция шди гнахгор мешай ? ваям одамай ойла Дора фикри ваёра намекнен ? фарзанди я модарай сафсата гуфта мешинен бесоводо"//
Пулис будан худбахуд гуноҳе нест, пулис пеша ва касбу коре ифтихоромез аст, монанди ҳар касбу кори дигар. Як маъмури пулиси ҳирфаӣ ба кору пешаи худ содиқ аст ва тибқи қонун ва ойинномаву низомномаҳои худ шарафмандона кор мекунад. Вале як пулиси ғайриҳирфаӣ, монанди як рӯзноманигори ғайриҳирфаӣ, ба кору пешаи худ содиқ нест, қонун ва низомномаҳои кории худро зери по мекунад, ба арзишҳои ахлоқии кору пешаи худаш хиёнат мекунад.
Масалан ба ҷои истифода аз равишҳои ъилмии таҳқиқ ва бозҷӯӣ мазнунонро шиканҷа мекунад, ё ба ҷои муносибати дуруст бо мардуми муътариз ба самти онҳо бедалел тирандозӣ мекунад, ба рӯзноманигор ё кишоварз ё ҳар шаҳрванди дигаре бадрафторӣ мекунад ва обрӯи пулисро, ки касбе ифтихоромез аст, мебарад ва ба хок яксон мекунад.
Пулисҳои ҳирфаӣ ва содиқ аз ин рафтори ҳампешагони нолоиқ ва ғайриҳирфаии худ, ки обрӯяшонро мебаранд, шарм медоранд ва эҳсоси нороҳатӣ мекунанд. Онҳо ҳам албатта мехоҳанд, ки сафҳои пулис аз чунин табаҳкорон пок шавад, вале албатта дасти худи онҳо нест, чун мақомҳои болоӣ чунин афроди авбошу табаҳкорро, ки пулиси ҳирфаӣ ва содиқ нестанд, аз роҳи ошнобозӣ ва хешу таборбозӣ истихдом карда ва ба машоғили болотаре савқ додаанд.
Маъмурони пулиси содиқ ва ҳирфаӣ аз ин вазъият бештар аз дигарон ранҷ мебаранд, чун мебинанд, ки ба хотири як ҳампешаи табаҳкору нолоиқашон эътимоди мардум ба онҳо низ коста мешавад, назди мардум сархам мешаванд.
Ҳамин ҳоло садҳо маъмури пулиси ҳирфаӣ ва содиқ ба кори худро метавон дар Тоҷикистон пайдо кард, ки куштори мардуми муътариз дар Рӯшонро як ҷиноят медонанд ва мегӯянд ин тасмими мақомҳои болоӣ ва дастурдиҳандагон ба қатли мардум кӯчактарин тавҷеҳи қонунӣ надорад, вале ин афрод монанди ҳар бахши дигари Тоҷикистон садои расое надоранд, қудрат ва ихтиёроти кофӣ надоранд.
Онҳо медонанд, ки агар эътироз кунанд, фардо гурӯҳаки табаҳкори ҳоким онҳоро низ хоини ватан эълом мекунад ва рӯзгори онҳову хонаводаҳояшонро табоҳ мекунад, тоза ба хотири пулис будан мумкин аст бо муҷозоти худсарона ва сангинтаре рӯбарӯ шаванд.
Пулисҳои содиқу ҳирфаӣ аз ин рафторҳо агарчи сахт ранҷ мебаранд, вале маҷбуранд фақат сукут кунанд ва зери лаб ба қотилони мардум ва дастурдиҳандагони ин ҷинояти зидди башарӣ фуҳш бидиҳанд. Чун дар Тоҷикистон сиёсат ва қудрат дар дасти афроди ҳирфаӣ ва содиқ ва шоиста нест, балки дар дасти як гурӯҳи табаҳкор аст, ки ҳам ба ватан, ҳам ба мардум ва ҳам ба ҳампешагони худ хиёнат мекунанд ва худро боз густохона бегуноҳ ҳам ҷилва медиҳанд.
Дар идома:
//"Ymed Nazarov
Esfandiar Adineh максади шмо фахмо нес ? Шукр намекнен ай Ида бад мешен мардым тинчу ором мегардан шкр намекнен кчо гап мезанен бо ! Шкрона кадан даркорай !!!!
Reply1h
Ymed Nazarov
Esfandiar Adineh хами ягон кор накни ичка гапт намезана мера озод мегарди гнох ки кади чазот метан ! Ами рохда рос бра тамом ба кач гарди кни чиноят кни чи мефорат озод гарди ? Агар хами пулисхо набошан хор мешем !! Чони хдшона фидои оромии шмо мардым мекнан ! Ай хонагиёшон чудо, шаблона рузи кор мекнан ку Ами я одама баран амка кор кнан гум Шен Меган хтонам авлодотонам . А ваё бошан Ика кор мекнан ними рости мардыми хдмон Ношукрбанбахан !!!"//
Посухи банда:
Оқо, вазифаи пулис ҷазо додан нест! Инро медонистед? Агар намедонистед, бидонед, ки ҷазо додан дар салоҳияти пулис нест! Пулис фақат гумонбаронро бо равишҳои ҳирфаӣ дастгир мекунад ва ба маҳкама мебарад ва ин додгоҳ аст, ки муҳокима баргузор мекунад ва муъайян мекунад, ки оё ин фард гуноҳ карда ё накарда.
Дар роҳ каҷ гаштану рост гаштан ҳам ҳануз ба маънои гуноҳ кардан нест. Ва пулис муъайян намекунад, ки фалонӣ каҷ гашта ё рост гашта. Пулис фақат нигоҳ мекунад, ки ҷое ҷангу даъвое сурат нагирад ва касе ба каси дигар таъарруз накунад ё хушунат накунад, шахфи мутаъарриз ё хушунатгарро ҳам бо равишҳои ҳирфаӣ боздошт мекунад, на ин ки туфанг, ки дар дастам аст, ҳар касеро бихоҳам, мепаронам.
Пулис барои ҳар тире, ки бедалел аз туфанг хориҷ шуда бояд гузориш диҳад ва собит кунад, ки оё тири андохташуда муваҷҷаҳ (боасос) буда, ё набудааст.
Дар шароити эътироз ё ошӯбҳои мардумӣ, пулис вижае, ки "пулиси зиддишӯриш" ном дорад ва тахассус ва маҳорати бархӯрди муносиб бо муътаризонро дорад ва барои ин кор давраҳои вижаи омӯзиширо пушти сар кардааст, пас аз озмоишҳои равонии ҷомеъ барои ин кор интихоб шуда бошад, даст ба кор мешавад, на ҳар пулисе, дар ин замина тахассус надорад ва чунин давраҳои омӯзиширо пушти сар накардааст.
Пулисҳои зиддишӯриш бо худ сипар мегиранд, чун мумкин аст мардуми муътариз ба сӯяшон санг андозанд, зеро ин амри табиъист, хашми мардумро намешавад кунтрул кард.
Ин даста аз пулисҳо бояд ба лиҳози равонӣ бисёр қавӣ ва уствор бошанд, ки аз ҳар рафторе ё иқдоме таҳрик нашаванд ва ъасабӣ нашаванд ва мардумро низ бештар хашмгин насозанд. Онҳо ба ҷои тиру туфанг маъмулан аз равишҳои безиёнтаре кор мегиранд, масалан аз мошинҳои обпош истифода мекунанд.
Ё дар шароити сангинтар аз гози ашковар, ё аз тирҳои плостикӣ истифода мекунанд, ки одамро намекушанд ё аз тирҳои барқӣ, ки фарди мазнунро фақат барои муддате беҳолу бемадор месозанд, на ин ки ба самти мардум ва миллати худ аз силоҳи сангин истифода кунанд, ки ин ҷиноят ъалайҳи башарият маҳсуб мешавад ва хиёнат ба миллат низ ҳаст.
Яъне ҳамон тур, ки як рӯзноманигор шеваҳои хабаррасониро ёд мегирад ва мутахассиси ин ъарса ҳаст, ё як меъмор мутахасиси хонасозӣ асту дигарон ба хубии ӯ балад нестанд, як корманди пулиси ҳирфаӣ низ бояд ин донишҳо ва маҳоратҳо ва малакаҳои ҳирфаияшро бояд бахубӣ балад бошад.

(20 хурдоди 1401 / 10 жуани 2022) Esfandiar Adineh | Facebook



No comments: