Замоне, ки булшевикҳо дар Русия фармони инқилоб ва ҳукуматро ба дасти худ гирифтанд, нахустин коре, ки карданд, таҷовуз ба фарҳанг буд. Аксари раҳбарону саркардагони дастаҳои булшевик, ки табдил ба артиши сурх шуд, дузду роҳзану чаповулгар буданд ва дар либоси коргару деҳқон даст ба ғорат ва тахриби амволи мардум мезаданд. Вале барои ин аъмоли худ тавҷеҳи фарҳангӣ ва ахлоқӣ надоштанд.
Инҳо бо табақаи фарҳангӣ, ки мағзи як ҷомеъа аст, мушкили ҷиддӣ доштанд ва фикр мекарданд, ин фарҳангиён ҳастанд, ки падидае ба номи ахлоқро сохтаанд. Ахлоқ ъиборат аз арзишҳо ва қарордодҳоест, ки маҳсули андешаҳои фарҳангиён аст ва чун ба хайри ҷомеъа аст, бар ҷомеъа ҳоким аст. Ин арзишҳо аз боло рафтани мартабаи дуздону ғоратгарон монеъ мешавад, чун мардум мешиносанд, ки фулонӣ дузд ё роҳзан аст, ба ӯ маҳал намегузоранд, дар натиҷа ӯ ҳаргиз наметавонад миёни мардум обрӯву эътиборе пайдо кунад.
Ин тайф аз афрод албатта обрӯву эътиборе пайдо намекунанд, вале мумкин аст дар фурсатҳои муносибе аз торих қудратро ба дасти худ бигиранд. Қудрат заруратан бо эътибор ҳамоҳанг нест, инҳо метавонанд гоҳ дар ду қутби муқобили ҳам қарор бигиранд. Касе, ки қудрат дошта бошад, вале эътибор надошта бошад, табдил ба як фармонравои худкома ва мустабид мешавад, чун мехоҳад аз роҳи зӯр он халаъро, ки эътибор ном дорад ва бечора фоқиди он аст, пур кунад.
Дар натиҷа, фақат бо фурӯ шикастани системи арзишӣ ва бознивисии арзишҳои ахлоқие, ки ҷомеъаро шакл додааст, булшевики роҳзану чаповулгар метавонист ба аҳдофи худ бирасад ва ҳукми худро бар мардум ҷорӣ созад. Пас инҳо дар радифи афроди сарватманд, ки буржуозӣ мехонданд, ба нобудии табақаи фарҳангӣ низ шурӯъ карданд, зеро мехостанд "фарҳанге" дигар бисозанд. Худи Ленин худаш ба фарҳангиён фуҳш дода буд, чун наметавонист афроди босавод ва фарҳехтаро зери фармони худ дароварад. Онҳо ба Ленин мегуфтанд: Ғалат мекунӣ! Ту чи касе ҳастӣ, ки ба мо бояд сабақ бидиҳӣ?
Ва булшевикҳо фарҳанги роиҷро фақат фарҳанги буржуозӣ медонистанд ё ахлоқи буржуозӣ, яъне фарҳанги табақаи бартар, ки бар табақаи фурутар зулм раво медорад. Ба ҷои мафоҳими ахлоқие чун неку бад, ростиву дурӯғ, ъадолат ва ситам, ҳаққу ноҳақ, инҳо "арзишҳои" тозае саъй карданд ба вуҷуд биёранд ва бар зеҳни мардум бирезанд, монанди доро ва нодор, босаводу бесавод, муздуру музддеҳ, ашрофу авбош ва худро ҷузъи табақаи дувум медиданд, ки ба ҳар ғалате ҳақ дорад ва табақаи аввал фақат бояд бимирад ва амволаш ғорат шавад. Бар асоси ин "арзишҳо", дигар чаповулгарию таҷовуз ба амволи мардум кори хубу мусбат талаққӣ мешуд ва моликияти хусусӣ ба ъунвони як арзиш беарзиш шуд.
Инҳо худро "халқ" мехонданд ва фикр мекарданд, ҳарки бесаводтар бошад, халқ ҳамон аст. На фақат фикр мекарданд, ки таблиғ ҳам мекарданд, ба дасти ҳар каси бесавод аслиҳа медоданд, ки ҳар куҷо босаводе ё фарҳангию фарҳехтае бибинед, бикушед. Инҳо ҳарҷо, ки мерафтанд, шӯроҳое ба номи халқ бунёд мекарданд ва аз тариқи ин шӯроҳо бидуни муҳокима ва додрасӣ мардумро мекуштанд.
Ва ниҳодҳои тоза таъсис кардаи худро "ҷумҳуриҳои халқ" меномиданд, мисли ҷумҳурии халқи Бухоро, ки пас аз ишғоли ин сарзамин аз сӯи ҳукумати булшевикии Русия таъсис шуд ва ҳукуматаш ъиборат аз чанд ҷавони бемоя ва бесаводи таҳсилкарда дар мактабҳои русӣ-бумӣ (русско-туземные школы) буданд, монанди Файзулло Хуҷаюф ва чанде дигар, ки на ба ъунвони фарҳангӣ дар миёни ҷомеъаи Бухоро шинохташуда буданд, на аслу насаб доштанд.
Дар даҳаи 90, замоне ки неҳзатҳои истиқлолталабӣ дар Тоҷикистон ва бархе дигар аз ҷамоҳири шӯравии собиқ боло гирифт, дубора гурӯҳе дар даруни давлати Шӯравӣ ба ҳамон иқдом даст заданд ва ҷамъе авбошу бесарупоро басиҷ карданд ъалайҳи фарҳангиёну фарҳехтагони тоҷике, ки дағдағаи бозгашт ба асли худро доштанд. Бозгашт ба асли худ, яъне эҳёи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар адаб ва торихи мо нуҳуфтааст ва тайи қарнҳо падарону модарони мо ба он арзишҳо арҷ мегузоштанд ва аз он табаъият мекарданд.
Чунончи дар Бухоро, қабл аз таҷовузи Русия мардум ончунон ба ҳамдигар эътимод доштанд, ки муъомилоти тиҷорияшон бидуни қарордод ва танҳо бо паймони шифоҳӣ анҷом мешуд, вале касе каси дигареро фиреб намедод. Ё мардум ҳангоми намоз дарҳои дуконҳоро боз мегузоштанду ба масҷид мерафтанд ва дар ин ҳангом касе ба амволи онҳо дастдарозӣ намекард. Инҳоро худи ҳамон гумоштаҳои Русия, ки ба Бухоро сафар мекарданд, бахубӣ мушоҳида ва сабти торих кардаанд.
Гурӯҳҳои авбошу бесарупои булшевик, ки аксар тарбиятдидаи ҳамон мактабҳои бемояи Шӯравӣ буданд, шурӯъ карданд ба қатлу куштору ғоратгарӣ, чун ба ҳеч арзише, монанди ҳақ ва ъадолату инсофу хештандорӣ имон надоштанд. Аз қазо қавоъиду қарордодҳои худи ҳамон системи шӯравиро ҳам балад набуданд. Инҳоро Русия пул медод, ки биравед афроди он минтақаи дигарро кушед, чун ба фулон зане аз минтақаи шумо таҷовуз карданд. Ин барояшон кофӣ буд, ки бираванд ба қатлу куштор ба ваҳшиёнатарин шевааш даст зананд.
Якешон ҳатто дар миёни ҷамъе ҳавои даҳан мекард, ки ман то Маскав ҷангкунон меравам ва СССро дубора барқарор мекунам. Гумон карда буд, хӯҷаинаш, ки ба дасташ аслиҳа дода буд, мехоҳад ин фурумоя то Маскав биравад ва ба ӯ нишони Байрақи сурх бидиҳад, барои эҳёи дубораи Шӯравӣ! Он замон Тоҷикистон тоза мустақил шуда буд ва бо шурӯъи ҷанг ҳамаи сафоратхонаҳо аз инҷо фирор карда буданд ва расонаҳои хориҷӣ ҳам ҳузур надоштанд ва бисёре аз ваҳшиёнатарин қатлу кушторҳо дур аз чашми ҷомеъаи ҷаҳонӣ сурат гирифт.
Ва касе то ба ҳол барои он қатлу кушторҳои ҷамъӣ, ки мавориде аз он баробар бо ҷиноёт ъалайҳи башарият ё ҷинояти наслкушӣ аст, посух нагуфтааст, ки албатта рӯзе посух хоҳанд гуфт! Ва натиҷа ин шуд, ки тибқи хостаи навбулшевикҳои Русия дар Тоҷикистон гурӯҳе ба номи Фронти "халқӣ" таъсис шуд ва ин гурӯҳи дертар ҳизби "халқи демукрот"ро рӯи кор овард, яъне фирқае, ки пайрави низоми булшевикӣ аст ва бо фарҳанги миллии тоҷикон сари ситез дорад. Аз ҷумлаи корҳои фарҳангситезонааш барчидани номи "форсӣ" аз матни қонуни забон, барчидани нивиштаҳои сардари дуконҳову фурушгоҳҳо ва реустронҳо ба хатти порсӣ ва муқобала бо омӯзиши хатти порсӣ ё хатти ниёкон буд!
Ҳамин ҳоло, пас аз тақрибан се даҳаи ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ба саркӯбу нобудии фарҳанги тоҷикон ва аз миён рафтани истиқлоли кишварашон анҷомид, дар Укройн ҳам ҳамин гуна ҷанг идома дорад. Ҷумҳурии халқи Луҳонск! Ҷумҳурии халқи Дунетск! Ин номи "халқ" пайвандагари ин суннати деринаи булшевикӣ аст, ки ҳарҷое ин номро ба ъунвони нишонае аз худ мегузорад!
Аммо бар хилофи тоҷикон, ба назар мерасад, ки укройниҳо башиддат дар баробари ин душмани фарҳангу ватанашон муқовимат мекунанд! Укройниҳо намегузоранд бефарҳангӣ, авбошӣ ва барбарият бар онҳо ҳоким шавад!
27 хурдоди 1401 / 17 жуани 2022
(5) Esfandiar Adineh | Facebook
No comments:
Post a Comment