Saturday, June 18, 2022

Хатти порсӣ ҳувияти мост, хатти пириллик нумоди беҳувиятист!

 Дар посух ба ҳаммеҳане, ки мегӯяд ҳеч хайре дар хатти порсӣ вуҷуд надорад. Нивиштаи ӯ ин аст:

//Нусратуллои Назариён
Ман намефаҳмам ин мардум дар хатти форсӣ чи хайреро дидаанд. Бозгашт ба хати форсӣ ҳеҷ натиҷа намедиҳад, агар мардум худ тафаккури худро иваз накунанд. Баъд ин ки агар мақсади мардум босавод шудан бошад, шарт нест барои ин иқдом бо хатти форсӣ баргардем ва рушди илму донишро даҳсолаҳо ба қафо бикашем. Бо хатти кирилӣ низ метавон ба ҳавзаҳои илмии замони муосир пайваст гашт, танҳо хоҳиш даркор ки онро мардуми мо надоранд. Вале агар мақсади бозгашт ба хатти форсӣ ин ба хотири ҷамбаи ҳувиятии он бошад, пас барои мардуми аз худ бегона гашта ҳуввият чи аҳмияте дорад. Бо ҳамин хатт низ метавон зеҳнияти миллӣ сохт ва ҳувиятро ташаккул дод. //
Хатти форсӣ на ин ки моро ҳатто як сол ҳам ба ъақаб намебарад, балки даҳсолаҳо пеш мебарад. Шумо ба самти ояндае, ки мумкин аст бо хати пириллик 50 сол тӯл кашад, дар панҷ сол миёнбур мекунеду мерасед. Чиро?
Ба ин далели сода, ки хати форсӣ мисли пириллик ё лотин аз ҳаво наомада, балки ҳамеша вуҷуд доштааст. Яъне мо бо ин хат нивиштанро аз сифр шурӯъ намекунем, чунонки хатти лотинро дар соли 1929 ва хати пирилликро дар соли 1940 аз сифр шурӯъ кардем, дар ҳоле ки онҳо якшаба ҷои хатти моро гирифтанд.
Хатти порсӣ ПЕШИНА дорад, яъне дар гузашта тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо ба ин хат осори фаровоне халқ кардаанд, ки ин осор ҳамин ҳоло ҳам ба гунаҳои мухталиф дар дастраси ъумум қарор доранд.
Дигар ин ки, хати порсӣ як хатти "гузашта" ва ё фаромушшуда ё мурда нест, балки ҳамеша вуҷуд дошта ва ҳамин ҳоло ҳам ривоҷи густардае дорад. Ҳамин ҳоло милюнҳо тоҷик дар саросари дунё ба ҳамин хат менивисанд, дар ҳоле ки пирилликхону пирилликнивисҳо андаканд ва бахши ночизе аз тоҷиконро ташкил медиҳанд.
Аксари кулли тоҷикони дунё ҲАМИН ҲОЛО ба хати порсӣ менивисанд. Аҳолии Тоҷикистон шояд панҷ дарсади тоҷикони ҷаҳонро ҳам ташкил надиҳад. Пас ҳамин ҳоло, хати порсӣ РОИҶТАРИН хат дар миёни ТОҶИКОН аст!
Севум ин ки ба хатти порсӣ ҲАМИН ҲОЛО осори фаровони ъилмию адабӣ ва фанноварӣ вуҷуд дорад ва ҳамарӯза тавлид мешавад. Ба хатти пириллик, ки фақат дар миёни тоҷикони Варорӯд (он ҳам бештар дар Тоҷикистон) роиҷ аст, мизони тавлиди осори ъилмию адабӣ ҳазорҳо баробар пойинтар аз тавлидот ба хатти порсӣ аст.
Инсон агар бихоҳад босавод шавад, бояд ба манобеъи бештари ъилмию адабӣ дастрасӣ дошта бошад. Ҳоло ба хатти порсӣ ин манобеъ ҳам фаровон аст ва ҳам гузинаҳои бисёре дар ихтиёри шумо вуҷуд дорад, ки аз ҳар кудоме бихоҳед интихоб мекунед.
Ба хатти пириллик ҳатто дар бораи содатарин масоили ъилму фанноварӣ китобе ё китобчае дар дастраси ъумум вуҷуд надорад. Шумо бигӯед, ки чанд китоб дар бораи омӯзиши роёна (компютер) дар сол дар Тоҷикистон ба хатти пириллик чоп мешавад? Шояд як дона ҳам чоп нашавад! Дар ҳоле ки садҳо китоб дар ин замина ба хатти форсӣ ҳамасола мунташир мешавад. Пас маълум аст, ки манобеъи ъилмию адабӣ ва фанноварӣ ба хатти порсӣ ҳамин ҳоло бамаротиб фаровонтар ва бештар аз хатти БАДАРДНАХУРИ пириллик аст.
Дар масъалаи ҳувият, ҳувияти мо ба хатти порсӣ пайванде ногусастанӣ дорад ва хатти пириллик дарвоқеъ ба ҳувияти мо осеб задааст. Хатте, ки истеъмор бар шумо таҳмил карда ва шуморо ба василаи он бардаи худ карда, чи тур метавонад барои шумо ҳувият созад? Бо ин хатте, ки бар шумо таҳмил шуда ва системи овошинохтии забони шуморо бадурустӣ бозгӯ намекунад, чи тур мешавад ҳувият сохт? Ҳувияте, ки бо хатти пириллик месозед, ҳувияти қабилаист, ки Истолин ба он ном дода ва ба забонаш номе ҷаълӣ гузоштааст! Ин хат бори сангини фарҳангу адаби порсиро наметавонад кашад. Ин хат дуруст бо ин ҳадаф бар шумо таҳмил шуда, ки шуморо аз он фарҳанги гаронсанг ҷудо кунад ва иртиботи шуморо бо гузаштаатон ҚАТЪ созад!
Шумо куҷо метавонед бо хатти пириллик ба осори бузургоне чун Рӯдакию Фирдавсию Мавлавию Хайёму Ҳофизу Саъдӣ ва садҳо тани дигар ифтихор кунед? Ҳувияте месозед албатта, аммо ҳувияти бепешина, беторих, бегузашта, мисли афроди бенасаб, бениё, худфаромушта, аз худ рамида, худро нашнохта, худфурӯхта, ин чигуна ҳувият аст? Аслан шуданӣ нест!

24 хурдоди 1401 / 14 жуани 2022 (5) Esfandiar Adineh | Facebook





No comments: