Saturday, June 18, 2022

'Ъамалиёти зиддитеруристӣ' ё КУШТОРИ ХУДСАРОНА?

Як тарафдори ҳукумати Раҳмон, ки дар либоси "ҷаълак" (фейк) дар шабакаи Фейсбук худнамоӣ мекунад ва баъид нест корманди давлатӣ ҳам бошад, зери нивиштае аз рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ дар бораи ҳаводиси ахири Бадахшон, аз ҷумла куштори мардуми Рӯшон, чунин "ҳукме" содир кардааст:

//Бахром Чураев
Кадом нафаре, Ки бар зидди Хукумату давлати худ хеста ярок ба даст мегираду даст ба ноороми чомеьа мезанад сазои он нафар Марг аст бояд онхо кушта шавад ва бояд аз чомеа ин гуна афродон тоза карда шавад.//
Ин тарзи фикр ва маниши ваҳшиёна аст! Ин ҳарф хилофи қонун аст ва дар як ҷомеъаи қонунмадор ба чунин ҳукм содир карданҳои худсарона ва ваҳшиёна ва иҷрои фаврии он (ба истилоҳ говсуд ё додгоҳи саҳроӣ) ҳаргиз иҷоза дода намешавад. Ин шеваи фикри толибонист!
Ин яъне худсарона дар мақоми қозӣ ва додгоҳ нишастан ва аз пеши худ ҳукм содир кардан, ки фулонӣ аслиҳа дорад ва ба ин баҳона куштани мардум бидуни таййи мароҳили додрасии мунсифона ва ъодилона аз тариқи як додгоҳи мустақил!
Мақомҳои пулису амнияти Тоҷикистон ҳам, ки аксар бесаводанд ва дар ҳамин сатҳ меандешанд, шояд бо чунин зеҳнияти аҳриманона ва мухолифи қонун ба нерӯи вижаи пулис дастури тирандозӣ ба мардумро дода бошанд!
Яъне вазири умури дохила ва раиси кумитеи амният ба таври худсарона, по аз чорчӯби салоҳиятҳои худ фаротар ниҳода ва худро дар мақоми як қозӣ қарор додаанд ва ин ҳукми худсаронаро содир кардаанд, ки чун мардуми Рӯшон ъалайҳи ҳукумат эътироз карданд, пас бояд кушта ва нобуд шаванд. Баъид нест, ин дастурро онҳо низ мустақиман аз раисҷумҳур гирифта бошанд, ки мехоста ин мардумро ба хотири норизоятияшон гӯшмол диҳад!
Аммо қонун дар ин маврид чи мегӯяд? Қонун басароҳат қазоват ва муҷозоти худсаронаро маҳкум мекунад! Давлат, ки абзори қонунро дар даст дорад, муваззаф аст аз ҳар абзори дигаре ба ҷуз қонун, аз ҷумла истифода аз силоҳ, бипарҳезад ва ҳамаи корҳои худро дар чорчӯби қонун иҷро кунад. Яъне қонун абзорест, ки бар ҳар абзори дигаре авлавият дорад. Агар чунин набуд, мавҷудияти худи давлат ҳам зери суол меравад! Яъне давлат ба қонун устувор аст, ва агар аз қонун сарфи назар кунад, пас давлат нест, як гурӯҳи розҳан ва терурист аст!
Қонун барои давлат роҳкор ва меконисмҳои қазоват кардан дар бораи ҳар ҷурме ва муҳокима ва муҷозоти муртакиб ё муртакибони он ҷурмро фароҳам кардааст. Ба ин роҳкор ва меконисмҳо дар маҷмӯъ мегӯянд системи додрасӣ!
Системи додрасӣ аз ташхиси ҷурм шурӯъ мешавад, пас аз он
ъомили эҳтимолии он, ки мазнун ё гумонбар номида мешавад, шиносоӣ мешавад. Баъд ъалайҳи гумонбар бо шавоҳид ва сарнахҳое қобили санҷиш ва исбот парванда боз мешавад ва бо иҷозаи додгоҳ фарди гумонбар аз сӯи пулис боздошт мешавад. Албатта, аз лаҳзаи боздошт фарди мазнун ҳаққи дастрасӣ ба вакил дорад, то аз ҳуқуқи ӯ дифоъ кунад.
Вақте фарди мазнун боздошт мешавад, барои муддате дар боздоштгоҳ мемонад, то таҳқиқи комилтаре дар мавриди ҷурми мунтасаб ба ӯ сурат бигирад, ки ин кори бозрас ва ё додситон аст. Замоне, ки таҳқиқи комил анҷом шуд ва додситонӣ мутмаин бошад, ки фарди мазнун ба эҳтимоли зиёд дар иртикоби фулон ҷурм даст дорад, онгоҳ иттиҳомоти худро ба ӯ ва вакили мудофеъаш тафҳим мекунад ва баъд парвандаро барои муҳокима ба додгоҳ мефиристад.
Дар ҷараёни таҳқиқ ва бозпурсӣ пулис ё бозраси додситонӣ кӯчактарин ҳақwе надорад, ки фарди мазнун ё муттаҳамро шиканҷа ва озору азият кунад. Зеро дар қонун басароҳат омадааст, ки гирифтани эътироф таҳти шиканҷа ё фишори равонию ҷисмонӣ ботил аст ва эътибор надорад.
Дар додгоҳ марҳилаи муҳокима фаро мерасад ва додситон иттиҳомоти худро матраҳ мекунад ва шавоҳиди худро нишон медиҳад ва истидлол мекунад, ки чиро ин фард муттаҳам ба иртикоби фулон ҷурм аст. Дар баробари додситон, вакили мудофеъи фарди муттаҳам истидлолҳои худро матраҳ мекунад ва шавоҳид ва мадорики додситониро ба чолиш мекашад.
Дар ин фароянд шоҳидони ҷурм ҳам дар додгоҳ шаҳодат медиҳанд ва шаҳодати онҳо ҳам мавриди пурсиш ва чолиш қарор дода мешавад. Пас аз баррасии комили ҳамаи иттиҳомот ва шавоҳиди ироашуда ва додани фурсат барои рад кардани иттиҳомот додгоҳ ба қазоват мепардозад ва ҳукми худро содир мекунад. Додгоҳ имкон дорад фарди муттаҳамро муҷрим бишносад, ё ӯро комилан аз гуноҳ мубарро донад ва табраа кунад, яъне дар толори додгоҳ озод кунад!
Вале фароянди додрасӣ ба ин тамом намешавад ва барои муроҷеъа ба додгоҳҳои истинофӣ ва таҷдиди назар ба муддаъӣ ва муддаъиилайҳ фурсат дода мешавад. Ин фароянд метавонад то Додгоҳи ъолии кишвар идома ёбад.
Дар ҳар сурат, бар асоси моддаи 20 Қонуни асосии Тоҷикистон, то замоне ки ҳукми додгоҳ дар мавриди як нафар ба мавриди иҷро дарнаояд ё эътибори қонунӣ пайдо накунад, ин фард муҷрим ё ҷинояткор хонда намешавад. Ба ин асл, ки аз муҳимтарин усули Қонуни асосии Тоҷикистон ва аз умдатарин усули додрасӣ дар саросари дунёст, мегӯянд АСЛИ БАРОАТ, ки ба забони тарҷумазади роиҷ дар Тоҷикистон, асли бегуноҳӣ (принцип презумпция невиновности) хонда мешавад.
Ин асл дар мавриди ҳама, нисбат ба ҳама ва аз сӯи ҳама ба таври яксон иҷро мешавад. Маъмури пулис ё амниятӣ наметавонад иддиъо кунад, ки чун ман пулис ё амниятӣ ҳастам ва ҷиноятро ба чашмам дидаам, пас ҳар касеро бихоҳам, метавонам "ҷинояткор" биномам! На! На! На! Агар маъмури пулисе чунин мекунад, ё ҳатто агар вазири дохила ё раиси кумитеи амният ё додситони кул ё раиси ҷумҳур ё раиси порлумон чунин мекунад, ҒАЛАТ мекунанд!
Ин фақат як ғалат ё иштибоҳ ё хато нест, балки ҶУРМ аст! Яъне агар раиси ҷумҳур бигӯяд, ки фулонӣ ҷинояткор аст, дар ҳоле ки мароҳили додрасиро пушти сар накарда бошад ва ҳукми додгоҳ дар мавриди он фард эътибори қонунӣ наёфта бошад, пас раиси ҷумҳур муртакиби ҷурм шудааст! Ҳеч аҳаде наметавонад АСЛИ БАРОАТ-ро зери по кунад, фарқ намекунад, ки дар чи мақом ва ҷойгоҳе буда бошад!
Ба ин тартиб, агар фарде аз қазо мусаллаҳ бошад ва ъалайҳи давлат қиём карда бошад, ин ҳануз далел намешавад, ки пулис ё нерӯи амниятӣ худсарона дар мавриди ӯ қазоват кунад ва ӯро дарҷо бипаронад ё бикушад, ба ин баҳона, ки ӯ силоҳ ба даст гирифтааст ё "ҷиноят кардааст!" Ҳар пулис ё мақоми дигаре, ки фардеро бидуни пушти сар шудани мароҳили додрасӣ "ҷинояткор" меномад, асли БАРОАТ-ро зери по кардааст.
Охир, ту аз куҷо медонӣ, шояд ӯ иҷозаи қонунии ҳамли силоҳ дорад? Пас, аз ҳамон лаҳзаи аввал бояд бияндешад, ки оё қазоваташ дар мавриди он фарди мусаллаҳ дуруст аст ё ғалат? Магар ин ки ҳолати равонии он фард ором набошад ва аз вай таҳдиди онӣ ва мустақим ба ҷони афрод мавҷуд бошад, ки дар он сурат ҳам пулис тамомии саъйашро бояд кунад, ки ӯро аввал бо гуфтугӯ ором кунад ва монеъи тирандозӣ бишавад ё фурсати таслим кардани силоҳро бидиҳад ё дар ниҳоят он нуқта аз баданашро ҳадаф қарор диҳад, ки мӯҷиби марги ӯ нашавад. Ин кор албатта аз маъмури пулис маҳорати тамом ва сатҳи болои ҳирфаӣ (пруфессиунал) буданро тақозо мекунад.
Бар хилофи инҳо мебинем, ки дар ҳаводиси Бадахшон, нерӯҳои пулис ва амнияти Тоҷикистон ба ҷои талошҳои пайгирона ва ҳирфаӣ барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ, ба ваҳшиёнатарин шева ба қазовати худсарона ва саҳроӣ даст зада дар тӯли чанд сония ва ё чанд дақиқа ташхис додаанд, ки мардуми муътаризи Рӯшон силоҳ доранд ва онҳоро тирборон кардаанд!
Агар чунин инест, пас Вазорати дохила ва Кумитеи амнияти Тоҷикистон бояд ҷадвали замонбандишудаи ҳамаи тасмимгириҳояшон дар мавриди тирандозӣ ба муътаризонро, ки ба он "ъамалиёти зиддитеруристӣ" ном додаанд, интишор бидиҳанд, то бибинем, инҳо чи андоза ҳирфаӣ рафтор кардаанд. Масалан, чи муддате бо муътаризон музокира карданд, ҳарфи онҳоро шунидаанд, чи ҳарфҳое байнашон радду бадал шудааст, чи қавле ба онҳо додаанд ва чи ъаҳде аз онҳо гирифтаанд, чи чораҳое барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ андешидаанд, чиро музокира ва гуфтугӯи мусолиматомез таъсир ё натиҷае надода, ва чи ҳолате шуда, ки тирандозӣ шурӯъ шуда, ин ҳамаро бояд интишор диҳанд.
Агар интишор надиҳанд, пас чунин чизе вуҷуд надорад! Яъне ба назар мерасад, ки нерӯҳои пулис ва амниятӣ бидуни хештандорӣ, бидуни музокира бо муътаризон (ё ҳатто бо гурӯҳҳои ба гуфтаи мақомот "мусаллаҳ" ки гӯё "камин гирифта" буданд), бидуни фурсат додан барои тасмимгирӣ ё ором шудан ё саҳнаро тарк кардан ва ё роҳро боз кардан, мардумро ҳадафи тирбороне ваҳшиёна ва худсарона қарор додаанд!
Дар ҳар сурат, дар ин мавриди хос мақомҳои пулису амният ё нерӯҳои давлатии саропо мусаллаҳ, ки ба Бадахшон эъзом шуда буданд, бо тирандозӣ ба мардуми муътариз дар Рӯшон муртакиби аъмоле шуданд, ки на танҳо сатҳи тахассус ва ҳирфаӣ будани онҳоро зери суол мебарад, балки мусовӣ бо ҷиноят ъалайҳи башарият аст. Яъне ин имкон вуҷуд дорад, ки як додгоҳи мунсифона ва озод онҳоро дар иртикоби ҷиноят ъалайҳи башарият муҷрим бишносад.
Бар пояи Асосномаи Рум, ки Тоҷикистон ҳам онро имзо карда ва ҳампаймон бо дигар кишварҳои имзокунандаи он аст, куштор ё тирборони мардуме, ки барои ъадолатхоҳӣ даст ба тазоҳурот ё роҳпаймоӣ задаанд, ҷиноят ъалайҳи башарият маҳсуб мешавад! Ва дар сурати таъйид шудани эҳтимолии ин ҷурм дар як додгоҳи мунсифона ва озод, масъулияти иртикоби ин ҷурм фақат бо сарбозоне нест, ки аз тири онҳо мардум кушта шуданд. Масъулият бо тамомии давлат аст!
Бар хилофи ҷиноёти ҷангӣ, ки масъулияти иртикоби он фақат ба дӯши ҳамон сарбоз ё афсарест, ки муртакиб шудааст, барои иртикоби ҷиноят ъалайҳи башарият давлатҳо низ масъулият доранд, яъне раису вазир ва ҳатто раисҷумҳур низ, ки метавонистанд ҷилави иртикоби чунин ҷурмеро бигиранд, барои иртикоби он масъул дониста мешаванд.
Пас роҳи беҳтар ин аст, ки ба ҷои ба роҳ андохтани корзори таблиғотӣ ва зери по кардани асли БАРОАТ ва ҷинояткору терурист хондани афроди зиёде дар Бадахшон, Эмомъалии Раҳмон фурсат дорад вузаро ва руасои худашро барканор ва таҳқиқе ҷудогона ва озодро дар мавриди куштори Рӯшон ба роҳ андозад ва мақомҳои масъулро ба маҳкама кашад ва муҷозот кунад. Он вақт аст, ки метавонад эътимоди мардумро нисбат ба худ ва мавҷудияти ъадолат дар кишвар ҷалб кунад.

23 хурдоди 1401 / 13 жуани 2022 (5) Esfandiar Adineh | Facebook






No comments: