Пулис бояд омӯзишдида ва бо мардуми ъодӣ мутафовит бошад, яъне бояд битавонад ҳар хатареро бидуни хунрезӣ ё тирандозӣ рафъ кунад. Аммо дар тазоҳуроти Рӯшон ҳеч хатаре ъалайҳи маъмурони амниятӣ ва пулис вуҷуд надошт!
Дар бузургтарин мавориди тазоҳурот дар шаҳрҳои бузурги дунё, агар тазоҳурот ба хушунат кашида шавад, боз ҳам аз миёни даҳҳо ҳазор нафар ду-се тан бештар намемиранд, он ҳам на аз тири пулис! Балки дар асари тарокум ё анбоштагии беш аз ҳадди ҷамъияти муътариз ё ба далоили дигар.
Вале дар ноҳияи Рушон дар роҳпаймоие кӯчак дар ҳадди як деҳкада (як рустои кӯҳистонӣ чи қадр ҷамъият дорад, дар ҳоле ки ҳамаи сокинон дар он ҷамъ ҳузур надоштанд!!!) нерӯҳои пулис ва амниятии Тоҷикистон бепарво ва бидуни кӯчактарин мулоҳизае мардумро тирборон мекунанд ва то 35-40 нафарро мекушанд, фориғ аз ин ки ин қатли ъоми мардум бар асоси қонун ҷинояте зиддибашарӣ маҳсуб мешавад!!!
Дар куҷои дунё шумо чунин ҷинояти ваҳшиёнаеро аз сӯи ҳукумате нисбат ба мардуми худаш дидаед ё шунидаед, ки давлат шумори андаке аз мардуми муътаризро ба рагбори гулӯла бандад ва ҳеч масъулияте ҳам барои ин куштор на вазири дохилаву амнияташ, на раисҷумҳури худкома ва мустабидду мутакаббираш надошта бошанд!
Ин қассобони хуношоми миллат ба тирборони мардуми бесилоҳ иктифо накарда, боз даҳҳо тани дигарро, ки дар хонаҳо аз ин моҷаро бехабар нишаста буданд, боздошт мекунанд ва ба идораи пулис мебаранду дар онҷо ваҳшиёна ба қатл мерасонанд! Яъне идораи пулиси Рӯшонро табдил ба қассобхона карда буданд ин манякҳо!
Тоза ин ҷаллодон ин рафтори ваҳшиёнаи худро муваҷҷаҳ ва муътаризонро муқассир медонанд ва ба терурисм ҳам муттаҳам мекунанд. Мақоли "ҳам ғаррию ҳам пешхезӣ" дар мавриди ин нохалафон сидқ мекунад! Бо густохӣ ва пуррӯии тамомъиёр ба мардум дурӯғ мегӯянд ва хиҷолат ҳам намекашанд!
Дар бисёре аз кишварҳои дунё, ки ҳукуматҳои солим доранд, дар сурати ба хушунат кашида шудани тазоҳурот пулиси зиддишӯриш бештар аз мошинҳои обпош, гози ашковар ё тирандозӣ ба ҳаво ё тирандозӣ бо гулулаҳои гозӣ, ки мӯҷиби марги инсонҳо намешавад, истифода мекунад.
Сангу чӯб андохтан ба самти пулис ва ё мошинҳоро ба оташ кашидан ё партоби куктейли Мулутуф ва монанди инҳо барои пулиси зиддишӯриши омӯзишдида ва ҳирфаӣ амре табиъист ва ХАТАР талаққӣ намешавад. Ва чунин мавориде аслан далел намешавад, ки пулис ба самти мардум тирандозӣ кунад! Нерӯи пулиси зиддишӯриш барои чунин иттифоқоте аз пеш омода аст ва бо сипарҳои вижа дар маҳал ҳозир мешавад.
Яъне пулис аз пеш медонад, ки мардуми муътариз мумкин аст дар чунин шароите ҳассос бар давлат хашм бигиранд ва ё ошуфта шаванд ва дар миёнашон касоне ҳам бошанд, ки ҳатто аз силоҳ истифода кунанд. Касе наметавонад ва ҳақ ҳам надорад, ки ҷилави хашми мардумро бигирад ё барои хашмашон онҳоро муҷозот кунад ва ба рагбор бандад - ҷинояте, ки ҳукумати Тоҷикистон муртакиб шуд!
Сипар ва ҳар абзору силоҳе, ки пулиси зиддишӯриш дар ин гуна маворид бо худ ҳамл мекунад, фақат барои ДИФОЪ аст, на барои ҲАМЛА ё ҳуҷум! Инҳо силоҳҳо ва абзорҳои дифоъӣ ҳастанд, на таҳоҷумӣ! Вале дар Рӯшон басароҳат маълум аст, ки нерӯҳои давлатии Тоҷикистон аз силоҳи гарм ва таҳоҷумӣ ъалайҳи муътаризон истифода карда ва ҷурми сангинеро муртакиб шудаанд!
Он рӯз дур нест, ки так-таки касоне, ки дар ин ъамалиёти ваҳшиёна ва қатли ъоми мардум даст доштанд, ба маҳкамаи ъадл кашида шаванд ва ба сазои аъмоли худ бирасанд! Ҳукумате, ки бар мардум хашм мегирад ва ҷамъиятеро, ки сирфан барои додхоҳӣ берун омадаанд, тирборон мекунад, саранҷом ба хашми мардум гирифтор хоҳад шуд!
No comments:
Post a Comment