Saturday, June 18, 2022

Оё ҳар рӯзноманигор 'хоҷае' дорад?

 Панҷ сол пеш, дар ин рӯз:

Дар посух ба як "корманди давлатӣ", ки мегӯяд ҳар рӯзноманигоре хоҷае дорад (яъне аз диди ишон барда аст!) чун бо қарордод барои расонае кор мекунад:
***
Ин чи ҳарфи ғалатест, ки агар ман бо касе ё ниҳоде ё созмоне қарордоди корӣ дошта бошам, пас ман бандаву ӯ хоҷаи ман аст? Дар кудом қонун чунин нивишта шуда, домулло?
Қонуни кори Тоҷикистон басароҳат дар мавриди бастани қарордоди корӣ муқаррароте дорад ва дар ин қонун аз касе, ки бо қарордод кор мекунад, кӯчактарин таърифе аз "бардаву хоҷа" зикр нашудааст. Ё қонуне махфӣ мавҷуд асту фақат Шумо медонеду мо на? Пас мешавад далеле аз он қонун ё мафодди он биёред? То ҷое ман огоҳам, таърифи банда ва хоҷа ин аст, ки банда бидуни ҳеч ҳаққу ҳуқуқе дар хидмати хоҷа аст ва ин ба даврони бардадорӣ/ғуломдорӣ бармегардад!
Он замон қарордоде намебастанд! Кудом барда бо хоҷааш қарордод бастааст? Пас дар саросари дунёи мудерн ҳар корманде, ки бо корфармо қарордоди корӣ мебандад ва барои кораш музд мегирад, аз назари ғалати Шумо барда аст? Пас як мӯзадуз ҳам, ки ҳамарӯза дар дукони худ нишаста ва кори даҳҳо нафарро анҷом медиҳаду муздашро мегирад, бардаи онҳост?
Дар зимн, оё худи шумо бидуни музд ва танҳо 'аз сари меҳр' барои давлату миллат кор мекунед? Воқеъан маъош намегиред? Аслан ҳарфатон қобили итминон нест. Зеро ман ба унвони як молиётсупоранда (дар канори милюнҳо тани дигар) чунин муқаррароте надорем, ки кормандони давлате, ки ташкил кардаем ва будҷеашро таъмин мекунем, 'бидуни маъош ва аз рӯи меҳр' кор кунанд!
Оре, ман як молиётсупоранда ҳастам, ки дар таъмини будҷеи давлат саҳм мегузорам! Ва маблағе, ки Шумо дар ъивази 'меҳру муҳаббататон' мегиред, аз ҳамин қатра-қатраест, ки мо молиётсупорандагон ба байтулмол месупорем. Ва мо ба ҳеч корманди давлатӣ иҷоза надодаем, ки чунин ҳарфҳои ғалат ва ғайридиплумотик ва табъизомез ва фитнагарона ва мухолиф бо масолеҳ ва манофеъи давлатамон дар малаъи ъом бигӯяд!
Имрӯз ҳазорҳо ва милюнҳо нафар аз шаҳрвандонамон чи дар дохил ва чи дар берун аз кишвар дар ъивази қарордод кор мекунанд ва бахши аъзаме ҳам аз маблаге, ки ба даст меоваранд, ба хазонаи давлат молиёт мепардозанд ва ин молиёт аст, ки барои таъмини маъоши кормандони давлатӣ ҳазина мекунем.
Ва ҳеч корманди давлатӣ ҳақ надорад нисбат ба бахши аъзаме аз шаҳрвандонамон, ки аз қазо корманди давлатӣ нестанд, вале будҷе ва иқтисоди миллиро таъмин мекунанд, суханони носазо ва табъизомез гӯяд!!! Пас мувозиби суханони тафриқаандозатон бошед.

20 хурдоди 1396 / 10 жуани 2017



No comments: