Saturday, June 18, 2022

Турони Авесто рабте на ба туркон дорад, на ба эрониён

Ҳам Забеҳуллои Сафо ва ҳам шумо иштибоҳ мекунед. Аввалан, турониёни Авесто на рабте ба эрониён доранд ва на ба туркон. Инкон дорад як қавми ҳиндурупоии дигаре буда бошанд, чун торих ҳам собит карда, ки дар шимолу ғарби Чин ақвоми дигари ҳиндурупоӣ дар гузашта мавҷуд буданд.

Аммо интихоби номҳои эронӣ ба мардумони ғайриэронӣ дар устуруҳои эронӣ амре табиъист. Бештари вақоеъи Самаки Ъайёр дар Чину Мочин сурат мегирад, вале номи ҳамаи қаҳрамонҳо форсӣ аст. Хуб, номҳои турониҳо дар Авесто ҳам дол бар эронӣ будани онҳо намешавад!
Аммо турониёни Шоҳнома ҳамон туркону чиниён ҳастанд ва Шоҳнома дар ин маврид басароҳат турониёнро туркон меномад. Шумо бояд ҳар кудомеро дар бофтори худаш бибинед. Номҳои қавмҳо ва мардумон ҳамеша дар ҳоли таҳаввул буданд ва аз як қавм ё мардум ба мардуми дигар мунтақил шудаанд.
Фирдавсӣ низ номи мардумони авсонаии турониро ба туркон нисбат додааст, албатта бо таваҷҷуҳ ба воқеъиятҳои замони худаш ва таҳдиди сарозер шудани қабоилу ъашоири турк ба Эрон, ки баъдан дидем, ки иттифоқ уфтод.
Ҳамон тур, ки номи тозик аввал ба ъарабҳо итлоқ мешуд, баъдан ба эрониён итлоқ шуд, номи қабилаи жерманики фронк ба фаронсавиҳо, ки қаблан худро Голиё меномиданд, итлоқ шуд, номи мардумони искондиновӣ ба русҳо итлоқ шуд, ва монанди инҳо.
Имрӯз барои номи "Турон", ки барои мо эрониён арзиш ва бори торихию фарҳангии гаронсанге надорад, коре ботил ва беҳуда аст. Ва ҳеч суде ҳам барои мо надорад. Фарз кунем, ки бар туркҳо итлоқ шуда, хуб, ки чӣ?
Номи чанд бонку муассисаҳои дигар дар Қазоқистон Турон аст, номи як фарҳангистон дар Узбакистон Турон аст, дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам номи муассиоте Турон шуда, шумо метавонед ҷилавашро бигиред?
Ба ҷои даҳ ангуштро дар даҳон кардану саъй кардан, ки ҳамаи номҳои устураиро ба иншҳисори худ дароваред, ба пойи як номе чанг занед ва муҳкамтар чанг занед. Мо эронӣ ҳастем ва дар ин шакке нест, ҳамин ҳувияти эрониро тарвиҷ ва тақвият кунед, барои торих кори савобе кардаед!
Туронхоҳӣ баръакс мӯҷиби парокандагии эрониён ва ҷудоии бештари варорӯдиён аз ҳувияташон хоҳад шуд, ки ин амрро ҷуз хиёнат намешавад номид.

(20 хурдоди 1401 / 10 жуани 2022) Esfandiar Adineh | Facebook



No comments: