Ин ду мафҳум аз бунёд бо ҳам тафовут доранд. Яке ба мардум ва ба ҷомеъа иттилоърасонӣ мекунад ва пойбанд ба арзишҳои рӯзноманигорӣ аст. Дигарӣ ба давлат иттилоърасонӣ мекунад ва пойбанд ба усул ва шеваҳои қонунии ҷамъоварии иттилоъот аз батни ҷомеъа аст. Рисолати аввалӣ мутталеъ сохтани мардум аз вазъи умур дар кишвар ва хориҷ (кишварҳои дигар) аз он аст, чун мардум барои анҷоми корҳои мухталифе ба доштани огоҳӣ ва иттилоъ ниёз доранд.
Рисолати дигарӣ ба давлат расондани иттилоъоти лозим аз дохил ва хориҷ (кишварҳои дигар), аз ҷумла дар бораи афкори ъумумӣ ва ин ки мардум чи фикр мекунанд ва чи меандешанд, бавижа дар бораи корҳо ва умури давлатӣ, чун давлат ниёз дорад, ки бидонад, ки мардум дар бораи ҳукуматашон чи меандешанд ва чи назар доранд.
Ҳарду ҳам кори дурусте мекунанд, ҳарду шуғл аз машоғили ифтихоромез аст, ҳарду ҳам барои ҷомеъа ва давлат судманданд, ҳарду ҳам аз равишҳои хоссе кор мегиранд, ки мутобиқ бо қавонин ва мавозини пазируфташуда аст, то ҷое ки по фаротар аз қонун нагузоранд ва бедалел аз пайи озори касе ё гурӯҳе дар ҷомеъа барнаоянд.
Мушкил замоне пайдо мешавад, ки ҳар кудоме аз ин ду рисолати худро дарк накунанд ва дар ин миён сардаргум шуда бошанд ва надонанд, ки хабарчин ҳастанд ё хабарнигор! Вақте хабарчини давлатӣ шеваҳои кори худро фаромуш мекунад ва по фаротар аз салоҳиятҳои худ мегузорад ва даст ба шеваҳои иттилоърасоние мезанад, ки вижаи шуғли ӯ нест, вазифаи ӯ нест, дар ин заминаҳо салоҳият надорад, дар натиҷа ба ҷои иттилоърасонии дуруст ба давлат, ба суииттилоърасонӣ, яъне газофапароканӣ ё дурӯғпароканӣ дар ҷомеъа даст мезанад.
Аз сӯи дигар, вақте хабарнигор надонад, ки чи рисолате дорад, ба шеваҳои кори рӯзноманигорӣ вуқуфи комил надошта бошад, ё дучори буҳрони ҳувиятии шуғлӣ шуда бошад, баъд ба ҷои хабаррасонии дуруст ба мардум худро дар мақом ва ҷойгоҳи як корманди давлатӣ пайдо мекунад ва фикр мекунад, ки вазифааш ҳифзи обрӯву эътибор ё ба истилоҳи худи ин гуна афрод, "ҳифзи имиҷи" давлат аст!
Дар натиҷа ба ҷои иттилоърасонии дурусту саҳеҳ ва мутобиқ бо арзишҳои рӯзноманигорӣ ин шахс ба суииттилоърасонӣ ва таблиғот мепардозад ва шурӯъ мекунад ба сабақ додан мардумро, ки бояд "шукрона" кунанд, бояд аз давлат бад нагӯянд, бояд аз ҳеч мушкиле ҳарф назананд ва ҳатто дар бораи ҷароими сангине чун куштори мардуми бесилоҳу бегуноҳ ҳам лаб нагушоянд, ва монанди инҳо.
Яъне ин гуна афрод, бадбахтона ё хушбахтона, ЯК ПО дар идораи нашрия (ё родию-телевизиюн) ва ЯК ПОИ ДИГАР дар идораи амният ё пулис ҳастанд. Инҳо дар нашрия ё родию ё телевизиюн кор мекунанд, вале вазифаи худро ъиборат аз оростану перостани рӯи сиёҳи давлат ва ъарусаки нозанине ҷилва додани он дар чашми мардум медонанд. Ва ба ин мегӯянд "имиҷи" ҳукумат ё президент ё пешво, ки саъй мекунанд ҳифз кунанд, аз ҷумла бо андова кардани сурати захиму дурушту пурчирку пурчуруки он!
Хабароварони сардаргум ҳам, ки бештар ба онҳо хабарчин мегӯянд, ба ҷои пойбандӣ ба равишҳо ва шеваҳои кори худашон, масти мавқеъият ва мақоми худ мешаванд ва ба ин гумон меуфтанд, ки ҳоло дигар замоне фурсати ҷилванумоӣ дар матбуъот аст ва бояд ба ъунвони "рӯзноманигор" рӯзе чанд таҷаллӣ кунанд ва шуҳрату номе ба даст оваранд.
Инҳо ба ҷои расондани иттилоъоти дуруст аз вазъи ҷомеъа ба давлат ва ин ки мардум чи меандешанд ва афкори ъумумӣ чигуна аст, то давлат фаъолиятҳояшро беҳтар кунад ва мушкилоти мавриди нигаронии мардумро ҳал кунад, то мардум нисбат ба давлат бадбин набошанд, шурӯъ мекунанд ба дурӯғ гуфтан ё расондани иттилоъоти дурӯғ ба давлат.
Масалан, ба давлат мерасонанд, ки "ҳамааш садай", мардум ҳеч мушкиле надоранд, фақат дуъогӯву саногӯи "пешво" ҳастанд, зиндагишон "хубай", Тоҷикистон "биҳиштай" ва ин фақат чанд шахсияти мухолиф ё мунтақид ҳастанд, ки корашон фақат хӯрдагирӣ аст ва онҳо "душман" ва "хоини миллат" ҳастанд, бино бар ин чун наметавон ҷилави даҳонашонро гирифт, бояд онҳоро саркӯб карду садояшонро дар гулӯ хомуш кард, то дигар ҳарфе аз даҳонашон берун наояд.
Ин гурӯҳ НА ба шуғли хабарнигорӣ барои мардум ва ҷомеъа содиқанд ва на ба шуғли хабаргирӣ ё хабароварӣ барои давлат. Дар миёни ҷомеъаи рӯзноманигорӣ бисёре онҳоро мешиносанд ва пушти сарашон ба онҳо ишора мекунанду мегӯянд, ки фулонӣ "кегебешник" ё ҷосус ё хабарчин аст, пеши ӯ мувозиб бошед ҳар чизе нагӯед. Яъне ӯро ҳаргиз ҷузве аз худ ва ҷузве аз ҷомеъаи рӯзноманигорӣ намедонанд!
Дар идораи амният ва пулис ҳам, инҳо обрӯву манзалате надоранд, ва касе онҳоро ҷузъе аз худ намедонад, чун аз кори ҳирфаии хабаргирони давлатӣ монеъ мешаванд ва чи басо ки ин фарояндро мухтал мекунанд, бо дурӯғҳои худ домани ҳукуматро бо гирдуи пуч пур мекунанд, вале фардо осебаш ба хабаргирҳои ҳирфаӣ (intelligence officers) мерасад.
Хабаргирҳои ҳирфаӣ низ инҳоро аз худ барҳазар медоранд ва мегӯянд, фулонӣ руспии расонаӣ аст, дар матбуъот зиёд сару каллааш пайдо мешавад, ба ҳар номи мустаъоре, ки нанависад, мо ӯро хуб мешиносем, кораш фуҳшу душном додан ба шахсиятҳои мухолиф ё мунтақид ва чоплусию маддоҳии ҳукумат ё шахси "пешво" аст, додаҳо ва иттилоъоти арзишманде, ки мо ҷамъ овардаем ва ба суди давлат ва ҷомеъа аст, инҳо камарзиш месозанд.
Дар натиҷа, ин гурӯҳи "як пой дар амнийяту дигар ба расона" на фақат худашон сардаргум ва дучори буҳрони ҳувиятӣ ва тваҳҳумзада ҳастанд, ки давлат ва ҷомеъаро низ ба бероҳа ва ба вартаи сардаргумӣ мебаранд. Амон аз рӯзе, ки гуфтмони инҳо дар ҷомеъа ва давлат ҳоким шавад ва садояшон буландтар аз афроди огоҳу мутахассис ва содиқ ба кори худ дар ҳар бахше аз ҷомеъа ва давлат бошад!
22 хурдоди 1401 / 12 жуани 2022
No comments:
Post a Comment