Saturday, June 18, 2022

Фарҳангситезии булшевикҳо / халқиҳо

Замоне, ки булшевикҳо дар Русия фармони инқилоб ва ҳукуматро ба дасти худ гирифтанд, нахустин коре, ки карданд, таҷовуз ба фарҳанг буд. Аксари раҳбарону саркардагони дастаҳои булшевик, ки табдил ба артиши сурх шуд, дузду роҳзану чаповулгар буданд ва дар либоси коргару деҳқон даст ба ғорат ва тахриби амволи мардум мезаданд. Вале барои ин аъмоли худ тавҷеҳи фарҳангӣ ва ахлоқӣ надоштанд.

Инҳо бо табақаи фарҳангӣ, ки мағзи як ҷомеъа аст, мушкили ҷиддӣ доштанд ва фикр мекарданд, ин фарҳангиён ҳастанд, ки падидае ба номи ахлоқро сохтаанд. Ахлоқ ъиборат аз арзишҳо ва қарордодҳоест, ки маҳсули андешаҳои фарҳангиён аст ва чун ба хайри ҷомеъа аст, бар ҷомеъа ҳоким аст. Ин арзишҳо аз боло рафтани мартабаи дуздону ғоратгарон монеъ мешавад, чун мардум мешиносанд, ки фулонӣ дузд ё роҳзан аст, ба ӯ маҳал намегузоранд, дар натиҷа ӯ ҳаргиз наметавонад миёни мардум обрӯву эътиборе пайдо кунад.
Ин тайф аз афрод албатта обрӯву эътиборе пайдо намекунанд, вале мумкин аст дар фурсатҳои муносибе аз торих қудратро ба дасти худ бигиранд. Қудрат заруратан бо эътибор ҳамоҳанг нест, инҳо метавонанд гоҳ дар ду қутби муқобили ҳам қарор бигиранд. Касе, ки қудрат дошта бошад, вале эътибор надошта бошад, табдил ба як фармонравои худкома ва мустабид мешавад, чун мехоҳад аз роҳи зӯр он халаъро, ки эътибор ном дорад ва бечора фоқиди он аст, пур кунад.
Дар натиҷа, фақат бо фурӯ шикастани системи арзишӣ ва бознивисии арзишҳои ахлоқие, ки ҷомеъаро шакл додааст, булшевики роҳзану чаповулгар метавонист ба аҳдофи худ бирасад ва ҳукми худро бар мардум ҷорӣ созад. Пас инҳо дар радифи афроди сарватманд, ки буржуозӣ мехонданд, ба нобудии табақаи фарҳангӣ низ шурӯъ карданд, зеро мехостанд "фарҳанге" дигар бисозанд. Худи Ленин худаш ба фарҳангиён фуҳш дода буд, чун наметавонист афроди босавод ва фарҳехтаро зери фармони худ дароварад. Онҳо ба Ленин мегуфтанд: Ғалат мекунӣ! Ту чи касе ҳастӣ, ки ба мо бояд сабақ бидиҳӣ?
Ва булшевикҳо фарҳанги роиҷро фақат фарҳанги буржуозӣ медонистанд ё ахлоқи буржуозӣ, яъне фарҳанги табақаи бартар, ки бар табақаи фурутар зулм раво медорад. Ба ҷои мафоҳими ахлоқие чун неку бад, ростиву дурӯғ, ъадолат ва ситам, ҳаққу ноҳақ, инҳо "арзишҳои" тозае саъй карданд ба вуҷуд биёранд ва бар зеҳни мардум бирезанд, монанди доро ва нодор, босаводу бесавод, муздуру музддеҳ, ашрофу авбош ва худро ҷузъи табақаи дувум медиданд, ки ба ҳар ғалате ҳақ дорад ва табақаи аввал фақат бояд бимирад ва амволаш ғорат шавад. Бар асоси ин "арзишҳо", дигар чаповулгарию таҷовуз ба амволи мардум кори хубу мусбат талаққӣ мешуд ва моликияти хусусӣ ба ъунвони як арзиш беарзиш шуд.
Инҳо худро "халқ" мехонданд ва фикр мекарданд, ҳарки бесаводтар бошад, халқ ҳамон аст. На фақат фикр мекарданд, ки таблиғ ҳам мекарданд, ба дасти ҳар каси бесавод аслиҳа медоданд, ки ҳар куҷо босаводе ё фарҳангию фарҳехтае бибинед, бикушед. Инҳо ҳарҷо, ки мерафтанд, шӯроҳое ба номи халқ бунёд мекарданд ва аз тариқи ин шӯроҳо бидуни муҳокима ва додрасӣ мардумро мекуштанд.
Ва ниҳодҳои тоза таъсис кардаи худро "ҷумҳуриҳои халқ" меномиданд, мисли ҷумҳурии халқи Бухоро, ки пас аз ишғоли ин сарзамин аз сӯи ҳукумати булшевикии Русия таъсис шуд ва ҳукуматаш ъиборат аз чанд ҷавони бемоя ва бесаводи таҳсилкарда дар мактабҳои русӣ-бумӣ (русско-туземные школы) буданд, монанди Файзулло Хуҷаюф ва чанде дигар, ки на ба ъунвони фарҳангӣ дар миёни ҷомеъаи Бухоро шинохташуда буданд, на аслу насаб доштанд.
Дар даҳаи 90, замоне ки неҳзатҳои истиқлолталабӣ дар Тоҷикистон ва бархе дигар аз ҷамоҳири шӯравии собиқ боло гирифт, дубора гурӯҳе дар даруни давлати Шӯравӣ ба ҳамон иқдом даст заданд ва ҷамъе авбошу бесарупоро басиҷ карданд ъалайҳи фарҳангиёну фарҳехтагони тоҷике, ки дағдағаи бозгашт ба асли худро доштанд. Бозгашт ба асли худ, яъне эҳёи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар адаб ва торихи мо нуҳуфтааст ва тайи қарнҳо падарону модарони мо ба он арзишҳо арҷ мегузоштанд ва аз он табаъият мекарданд.
Чунончи дар Бухоро, қабл аз таҷовузи Русия мардум ончунон ба ҳамдигар эътимод доштанд, ки муъомилоти тиҷорияшон бидуни қарордод ва танҳо бо паймони шифоҳӣ анҷом мешуд, вале касе каси дигареро фиреб намедод. Ё мардум ҳангоми намоз дарҳои дуконҳоро боз мегузоштанду ба масҷид мерафтанд ва дар ин ҳангом касе ба амволи онҳо дастдарозӣ намекард. Инҳоро худи ҳамон гумоштаҳои Русия, ки ба Бухоро сафар мекарданд, бахубӣ мушоҳида ва сабти торих кардаанд.
Гурӯҳҳои авбошу бесарупои булшевик, ки аксар тарбиятдидаи ҳамон мактабҳои бемояи Шӯравӣ буданд, шурӯъ карданд ба қатлу куштору ғоратгарӣ, чун ба ҳеч арзише, монанди ҳақ ва ъадолату инсофу хештандорӣ имон надоштанд. Аз қазо қавоъиду қарордодҳои худи ҳамон системи шӯравиро ҳам балад набуданд. Инҳоро Русия пул медод, ки биравед афроди он минтақаи дигарро кушед, чун ба фулон зане аз минтақаи шумо таҷовуз карданд. Ин барояшон кофӣ буд, ки бираванд ба қатлу куштор ба ваҳшиёнатарин шевааш даст зананд.
Якешон ҳатто дар миёни ҷамъе ҳавои даҳан мекард, ки ман то Маскав ҷангкунон меравам ва СССро дубора барқарор мекунам. Гумон карда буд, хӯҷаинаш, ки ба дасташ аслиҳа дода буд, мехоҳад ин фурумоя то Маскав биравад ва ба ӯ нишони Байрақи сурх бидиҳад, барои эҳёи дубораи Шӯравӣ! Он замон Тоҷикистон тоза мустақил шуда буд ва бо шурӯъи ҷанг ҳамаи сафоратхонаҳо аз инҷо фирор карда буданд ва расонаҳои хориҷӣ ҳам ҳузур надоштанд ва бисёре аз ваҳшиёнатарин қатлу кушторҳо дур аз чашми ҷомеъаи ҷаҳонӣ сурат гирифт.
Ва касе то ба ҳол барои он қатлу кушторҳои ҷамъӣ, ки мавориде аз он баробар бо ҷиноёт ъалайҳи башарият ё ҷинояти наслкушӣ аст, посух нагуфтааст, ки албатта рӯзе посух хоҳанд гуфт! Ва натиҷа ин шуд, ки тибқи хостаи навбулшевикҳои Русия дар Тоҷикистон гурӯҳе ба номи Фронти "халқӣ" таъсис шуд ва ин гурӯҳи дертар ҳизби "халқи демукрот"ро рӯи кор овард, яъне фирқае, ки пайрави низоми булшевикӣ аст ва бо фарҳанги миллии тоҷикон сари ситез дорад. Аз ҷумлаи корҳои фарҳангситезонааш барчидани номи "форсӣ" аз матни қонуни забон, барчидани нивиштаҳои сардари дуконҳову фурушгоҳҳо ва реустронҳо ба хатти порсӣ ва муқобала бо омӯзиши хатти порсӣ ё хатти ниёкон буд!
Ҳамин ҳоло, пас аз тақрибан се даҳаи ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ба саркӯбу нобудии фарҳанги тоҷикон ва аз миён рафтани истиқлоли кишварашон анҷомид, дар Укройн ҳам ҳамин гуна ҷанг идома дорад. Ҷумҳурии халқи Луҳонск! Ҷумҳурии халқи Дунетск! Ин номи "халқ" пайвандагари ин суннати деринаи булшевикӣ аст, ки ҳарҷое ин номро ба ъунвони нишонае аз худ мегузорад!
Аммо бар хилофи тоҷикон, ба назар мерасад, ки укройниҳо башиддат дар баробари ин душмани фарҳангу ватанашон муқовимат мекунанд! Укройниҳо намегузоранд бефарҳангӣ, авбошӣ ва барбарият бар онҳо ҳоким шавад!

27 хурдоди 1401 / 17 жуани 2022 (5) Esfandiar Adineh | Facebook



Нишонаҳои як ҳукумати вомонда ва ноком

Аз нишонаҳои ҳукумате, ки ҳамаи зарфиятҳояш тамом шуда ва дигар мисли пешин наметавонад худашро мудирият кунад:

Аз рӯзноманигорон башиддат метарсад,
Аз пешрафти ҷавонон дар ҳарос аст,
Мардумони огоҳро душмани худ медонад,
Озодиро заҳри қаттоле барои худ медонад,
Нисбат ба ҳар интиқоде ҳассосият дорад,
Хафифтарин садои мухолифро наметавонад таҳаммул кунад,
Аз шунидани номи ъадолат бар худ чун барги бед меларзад!
Ришваю фасодро мояи бақои зиндагии худ медонад,
Меҳанпарастиро хиёнат талаққӣ мекунад,
Аз маддоҳию санохонӣ маст мешавад,
Чоплусиро тарвиҷ мекунад,
Башиддат кинатӯз аст,
Аз рӯшанӣ ва рӯшангарӣ безор аст,
Торикӣ ва ҷаҳолатро биҳишти худ медонад,
Қатлу куштори мардумро хидмат ба мардум меномад...





Чиро хати форсӣ нисбат ба пириллик СУДМАНДТАР аст?

Ин ки мегӯянд хати порсӣ мардумро бесавод мекунад, ҳеч поя ва далеле надорад. Мардуми Тоҷикистон аксар фақат саводи ибтидоӣ доранд, яъне саводи шинохтани ҳарф ва хондану нивиштан, саводашон аз ин фаротар намеравад. Чиро ки манобеъи фаровони ъилмӣ ба хатти пириллик вуҷуд надорад.

Соле дар Тоҷикистон чанд дона китоб чоп мешавад, он ҳам бо тирожи 500 то 100 дона. Он ҳам гарон аст ва аксари мардум қудрати харид ва хондани китоб надоранд. Муҳтавои ин китобҳо ҳам бисёр ночиз аст ва мояи зиёде надоранд.
Дар натиҷа, китобфурушиҳои Тоҷикистон саршор аз кутуби русӣ аст ва мардуми андаке таҳсилкарда бештар саъй мекунанд кутуби русӣ хонанд. Дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҳам торнамоҳо ба хатти пириллик бисёр андак аст, он ҳам бештар торнамоҳои хабарӣ ва чанд дона блог.
Ширкатҳо ва муассисот ва ниҳодҳои давлатию хусусии Тоҷикистон бештар саъй мекунанд торнамоҳояшон ба русӣ бошад. Яъне чун тавлидоти манобеъи ъилмӣ ва адабӣ ба хатти пириллик (сирилики порсӣ) вуҷуд надорад, дар натиҷа забони порсӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рукуд аст.
Дар муқобил, манобеъи ъилмию адабӣ ва фанноварӣ ба хатти порсӣ чи дар шакли китобу нивишта ва чи дар шакли электруник дар фазои маҷозӣ садҳо баробар бештар аст ва шумо ҳамин ҳоло бихоҳед дар ҳар мавзӯъе китобе ё нивиштае ба хатти порсӣ пайдо мекунед.
Барои хондан ва мутолеаи ин манобеъ шумо ниёзе ба омухтани забони бегона надоред, ҳамааш ба забони худатон фароҳам аст, фақат бояд 32 ҳарфи алифбои форсиро, ки алифбои забони модарии худатон аст, ёд бигиред.
Пас маълум аст, ки омӯзиши кудоме аз ин хатҳо корбурдитар ва судмандтар барои ин миллат аст.

25 хурдоди 1401 / 15 жуани 2022 (5) Esfandiar Adineh | Facebook




Чиро барои гузори Тоҷикистон ба хати форсӣ як сол кофӣ аст?

Дар суҳбат бо яке аз дӯстон дар баҳсе перомуни хати порсӣ нивиштам, ки барои гузори Тоҷикистон ба хатти порсӣ як сол кофӣ аст. Гуфт, чи тур?

Инак, далоиле, ки барои ишон нивиштам
Ба ин далоил:
1) Хатти порсӣ хатте нест, ки мо бо нивиштанро аз сифр шурӯъ кунем. Мо фақат бар нивиштаҳое, ки то ҳол ҳаст ва дарвоқеъ фаровон аст, чизҳое меафзоем.
2) Хатти порсӣ пешина дорад, мисли хати лотин барои қабоили турк нест, ки пешина надошта бошад. Мо пешинаи дурахшони фарҳангӣ ба ин хат дорем.
3) Хатти порсӣ хатти мурда нест, зинда ва пӯёст, ҳамин ҳоло аксари тоҷикон ба он хат менивисанд. Аҳолии Тоҷикистон пеши тоҷикони ҷаҳон теъдодашон андак аст, шояд панҷ дарсади тоҷикони ҷаҳонро ташкил надиҳанд. Бо омӯзиши хати порсӣ, тоҷикони Тоҷикистон аз инзиво берун меоянд ва ба ҷамъи бузургтари тоҷикон, ки хати порсӣ дар миёнашон роиҷ аст, мепайванданд.
4) Бо фанноварии расонаии имрӯз, монанди телевизиюну интернету дигару дигар ёд гирифтани саросарии ин хат дар кӯтоҳмуддат имконпазир аст.
5) Иштиёқи фитрии тоҷикон ба омухтани хатте, ки хатти худашон аст ва барояшон муқаддас аст, ин фарояндро тасреъ мекунад.
6) Манобеъи фаровоне, ки ба хатти порсӣ вуҷуд дорад, ва дастрасии осон ба он мардумро басуръат порсихон мекунад.
7) Бахши аъзаме аз тоҷикони Тоҷикистон дар ин се даҳа порсӣ омухтаанд, ё касоне ки ъулуми динӣ омухтаанд, низ хатти порсиро ёд гирифтанашон осонтар аст,
8. Бисёре аз тоҷикони тоҷикистонӣ имрӯз бо таваҷҷуҳ ба дастрасӣ ба шабкаҳои иҷтимоъӣ бо ҳамзабонони бурунмарзияшон саъй мекунанд ба хатти порсӣ гуфтугӯ кунанд, чун чорае ҷуз порсинивисӣ бо онҳо рнадоранд. Ин вазъият ҳам кумак мекунад, ки порсиомӯзӣ тасреъ шавад.
***
Албатта далоили фаровони дигареро низ метавон баршумурд, вале ҳеч роҳе беҳтар аз имтиҳон кардан нест. Давлат ба ҷои вопасгароӣ ва ъақабнишинӣ аз ҷунбиши истиқлолталабӣ, ки гузор ба хатти порсӣ аз муҳимтарин аркони он буд, ва ба ҷои тарвиҷи забони русӣ ва ҳарчи бештару бештар даст ба домони Кремлин шудан, бояд ба масири таҳкими истиқлоли худ баргардад ва гузор ба ин хатро имтиҳон кунад. Аввал аз ин шурӯъ кунад, ки тамомии кормандони давлатӣ, бавижа мақомҳои ъолирутба, ин хатро муддате биёмӯзанд ва битавонанд ҳамарӯза ахбори ҷаҳонро ба порсӣ бихонанд.
Агар дидем, ки ҳеч муште аз осмон бар сари Эмомъалии Раҳмон ва ҳайъати ҳукуматаш фуру науфтоду касеро назад ва касе осеб надид, вонгаҳе миллатро ҳам мешавад батадриҷ ба омӯзиши хатти порсӣ раҳнамун сохт. Шумо ин корро кунед, агар бибинем, ки дасти ғайбе аз осмон пойин мешавад, ки бар саратон бикӯбад, зуд фурсат доред, ки тасмиматонро ъиваз кунед ва бигӯед, ки на, намеомӯзем, чун хатарнок аст, мисли бисёре аз тасмимоти дигаре, ки маъмулан ъиваз мекунед. Аслан таҷруба кардан чи ишколе дорад?

24 хурдоди 1401 / 14 жуани 2022 (5) Esfandiar Adineh | Facebook



Хатти порсӣ ҳувияти мост, хатти пириллик нумоди беҳувиятист!

 Дар посух ба ҳаммеҳане, ки мегӯяд ҳеч хайре дар хатти порсӣ вуҷуд надорад. Нивиштаи ӯ ин аст:

//Нусратуллои Назариён
Ман намефаҳмам ин мардум дар хатти форсӣ чи хайреро дидаанд. Бозгашт ба хати форсӣ ҳеҷ натиҷа намедиҳад, агар мардум худ тафаккури худро иваз накунанд. Баъд ин ки агар мақсади мардум босавод шудан бошад, шарт нест барои ин иқдом бо хатти форсӣ баргардем ва рушди илму донишро даҳсолаҳо ба қафо бикашем. Бо хатти кирилӣ низ метавон ба ҳавзаҳои илмии замони муосир пайваст гашт, танҳо хоҳиш даркор ки онро мардуми мо надоранд. Вале агар мақсади бозгашт ба хатти форсӣ ин ба хотири ҷамбаи ҳувиятии он бошад, пас барои мардуми аз худ бегона гашта ҳуввият чи аҳмияте дорад. Бо ҳамин хатт низ метавон зеҳнияти миллӣ сохт ва ҳувиятро ташаккул дод. //
Хатти форсӣ на ин ки моро ҳатто як сол ҳам ба ъақаб намебарад, балки даҳсолаҳо пеш мебарад. Шумо ба самти ояндае, ки мумкин аст бо хати пириллик 50 сол тӯл кашад, дар панҷ сол миёнбур мекунеду мерасед. Чиро?
Ба ин далели сода, ки хати форсӣ мисли пириллик ё лотин аз ҳаво наомада, балки ҳамеша вуҷуд доштааст. Яъне мо бо ин хат нивиштанро аз сифр шурӯъ намекунем, чунонки хатти лотинро дар соли 1929 ва хати пирилликро дар соли 1940 аз сифр шурӯъ кардем, дар ҳоле ки онҳо якшаба ҷои хатти моро гирифтанд.
Хатти порсӣ ПЕШИНА дорад, яъне дар гузашта тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо ба ин хат осори фаровоне халқ кардаанд, ки ин осор ҳамин ҳоло ҳам ба гунаҳои мухталиф дар дастраси ъумум қарор доранд.
Дигар ин ки, хати порсӣ як хатти "гузашта" ва ё фаромушшуда ё мурда нест, балки ҳамеша вуҷуд дошта ва ҳамин ҳоло ҳам ривоҷи густардае дорад. Ҳамин ҳоло милюнҳо тоҷик дар саросари дунё ба ҳамин хат менивисанд, дар ҳоле ки пирилликхону пирилликнивисҳо андаканд ва бахши ночизе аз тоҷиконро ташкил медиҳанд.
Аксари кулли тоҷикони дунё ҲАМИН ҲОЛО ба хати порсӣ менивисанд. Аҳолии Тоҷикистон шояд панҷ дарсади тоҷикони ҷаҳонро ҳам ташкил надиҳад. Пас ҳамин ҳоло, хати порсӣ РОИҶТАРИН хат дар миёни ТОҶИКОН аст!
Севум ин ки ба хатти порсӣ ҲАМИН ҲОЛО осори фаровони ъилмию адабӣ ва фанноварӣ вуҷуд дорад ва ҳамарӯза тавлид мешавад. Ба хатти пириллик, ки фақат дар миёни тоҷикони Варорӯд (он ҳам бештар дар Тоҷикистон) роиҷ аст, мизони тавлиди осори ъилмию адабӣ ҳазорҳо баробар пойинтар аз тавлидот ба хатти порсӣ аст.
Инсон агар бихоҳад босавод шавад, бояд ба манобеъи бештари ъилмию адабӣ дастрасӣ дошта бошад. Ҳоло ба хатти порсӣ ин манобеъ ҳам фаровон аст ва ҳам гузинаҳои бисёре дар ихтиёри шумо вуҷуд дорад, ки аз ҳар кудоме бихоҳед интихоб мекунед.
Ба хатти пириллик ҳатто дар бораи содатарин масоили ъилму фанноварӣ китобе ё китобчае дар дастраси ъумум вуҷуд надорад. Шумо бигӯед, ки чанд китоб дар бораи омӯзиши роёна (компютер) дар сол дар Тоҷикистон ба хатти пириллик чоп мешавад? Шояд як дона ҳам чоп нашавад! Дар ҳоле ки садҳо китоб дар ин замина ба хатти форсӣ ҳамасола мунташир мешавад. Пас маълум аст, ки манобеъи ъилмию адабӣ ва фанноварӣ ба хатти порсӣ ҳамин ҳоло бамаротиб фаровонтар ва бештар аз хатти БАДАРДНАХУРИ пириллик аст.
Дар масъалаи ҳувият, ҳувияти мо ба хатти порсӣ пайванде ногусастанӣ дорад ва хатти пириллик дарвоқеъ ба ҳувияти мо осеб задааст. Хатте, ки истеъмор бар шумо таҳмил карда ва шуморо ба василаи он бардаи худ карда, чи тур метавонад барои шумо ҳувият созад? Бо ин хатте, ки бар шумо таҳмил шуда ва системи овошинохтии забони шуморо бадурустӣ бозгӯ намекунад, чи тур мешавад ҳувият сохт? Ҳувияте, ки бо хатти пириллик месозед, ҳувияти қабилаист, ки Истолин ба он ном дода ва ба забонаш номе ҷаълӣ гузоштааст! Ин хат бори сангини фарҳангу адаби порсиро наметавонад кашад. Ин хат дуруст бо ин ҳадаф бар шумо таҳмил шуда, ки шуморо аз он фарҳанги гаронсанг ҷудо кунад ва иртиботи шуморо бо гузаштаатон ҚАТЪ созад!
Шумо куҷо метавонед бо хатти пириллик ба осори бузургоне чун Рӯдакию Фирдавсию Мавлавию Хайёму Ҳофизу Саъдӣ ва садҳо тани дигар ифтихор кунед? Ҳувияте месозед албатта, аммо ҳувияти бепешина, беторих, бегузашта, мисли афроди бенасаб, бениё, худфаромушта, аз худ рамида, худро нашнохта, худфурӯхта, ин чигуна ҳувият аст? Аслан шуданӣ нест!

24 хурдоди 1401 / 14 жуани 2022 (5) Esfandiar Adineh | Facebook





'Ъамалиёти зиддитеруристӣ' ё КУШТОРИ ХУДСАРОНА?

Як тарафдори ҳукумати Раҳмон, ки дар либоси "ҷаълак" (фейк) дар шабакаи Фейсбук худнамоӣ мекунад ва баъид нест корманди давлатӣ ҳам бошад, зери нивиштае аз рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ дар бораи ҳаводиси ахири Бадахшон, аз ҷумла куштори мардуми Рӯшон, чунин "ҳукме" содир кардааст:

//Бахром Чураев
Кадом нафаре, Ки бар зидди Хукумату давлати худ хеста ярок ба даст мегираду даст ба ноороми чомеьа мезанад сазои он нафар Марг аст бояд онхо кушта шавад ва бояд аз чомеа ин гуна афродон тоза карда шавад.//
Ин тарзи фикр ва маниши ваҳшиёна аст! Ин ҳарф хилофи қонун аст ва дар як ҷомеъаи қонунмадор ба чунин ҳукм содир карданҳои худсарона ва ваҳшиёна ва иҷрои фаврии он (ба истилоҳ говсуд ё додгоҳи саҳроӣ) ҳаргиз иҷоза дода намешавад. Ин шеваи фикри толибонист!
Ин яъне худсарона дар мақоми қозӣ ва додгоҳ нишастан ва аз пеши худ ҳукм содир кардан, ки фулонӣ аслиҳа дорад ва ба ин баҳона куштани мардум бидуни таййи мароҳили додрасии мунсифона ва ъодилона аз тариқи як додгоҳи мустақил!
Мақомҳои пулису амнияти Тоҷикистон ҳам, ки аксар бесаводанд ва дар ҳамин сатҳ меандешанд, шояд бо чунин зеҳнияти аҳриманона ва мухолифи қонун ба нерӯи вижаи пулис дастури тирандозӣ ба мардумро дода бошанд!
Яъне вазири умури дохила ва раиси кумитеи амният ба таври худсарона, по аз чорчӯби салоҳиятҳои худ фаротар ниҳода ва худро дар мақоми як қозӣ қарор додаанд ва ин ҳукми худсаронаро содир кардаанд, ки чун мардуми Рӯшон ъалайҳи ҳукумат эътироз карданд, пас бояд кушта ва нобуд шаванд. Баъид нест, ин дастурро онҳо низ мустақиман аз раисҷумҳур гирифта бошанд, ки мехоста ин мардумро ба хотири норизоятияшон гӯшмол диҳад!
Аммо қонун дар ин маврид чи мегӯяд? Қонун басароҳат қазоват ва муҷозоти худсаронаро маҳкум мекунад! Давлат, ки абзори қонунро дар даст дорад, муваззаф аст аз ҳар абзори дигаре ба ҷуз қонун, аз ҷумла истифода аз силоҳ, бипарҳезад ва ҳамаи корҳои худро дар чорчӯби қонун иҷро кунад. Яъне қонун абзорест, ки бар ҳар абзори дигаре авлавият дорад. Агар чунин набуд, мавҷудияти худи давлат ҳам зери суол меравад! Яъне давлат ба қонун устувор аст, ва агар аз қонун сарфи назар кунад, пас давлат нест, як гурӯҳи розҳан ва терурист аст!
Қонун барои давлат роҳкор ва меконисмҳои қазоват кардан дар бораи ҳар ҷурме ва муҳокима ва муҷозоти муртакиб ё муртакибони он ҷурмро фароҳам кардааст. Ба ин роҳкор ва меконисмҳо дар маҷмӯъ мегӯянд системи додрасӣ!
Системи додрасӣ аз ташхиси ҷурм шурӯъ мешавад, пас аз он
ъомили эҳтимолии он, ки мазнун ё гумонбар номида мешавад, шиносоӣ мешавад. Баъд ъалайҳи гумонбар бо шавоҳид ва сарнахҳое қобили санҷиш ва исбот парванда боз мешавад ва бо иҷозаи додгоҳ фарди гумонбар аз сӯи пулис боздошт мешавад. Албатта, аз лаҳзаи боздошт фарди мазнун ҳаққи дастрасӣ ба вакил дорад, то аз ҳуқуқи ӯ дифоъ кунад.
Вақте фарди мазнун боздошт мешавад, барои муддате дар боздоштгоҳ мемонад, то таҳқиқи комилтаре дар мавриди ҷурми мунтасаб ба ӯ сурат бигирад, ки ин кори бозрас ва ё додситон аст. Замоне, ки таҳқиқи комил анҷом шуд ва додситонӣ мутмаин бошад, ки фарди мазнун ба эҳтимоли зиёд дар иртикоби фулон ҷурм даст дорад, онгоҳ иттиҳомоти худро ба ӯ ва вакили мудофеъаш тафҳим мекунад ва баъд парвандаро барои муҳокима ба додгоҳ мефиристад.
Дар ҷараёни таҳқиқ ва бозпурсӣ пулис ё бозраси додситонӣ кӯчактарин ҳақwе надорад, ки фарди мазнун ё муттаҳамро шиканҷа ва озору азият кунад. Зеро дар қонун басароҳат омадааст, ки гирифтани эътироф таҳти шиканҷа ё фишори равонию ҷисмонӣ ботил аст ва эътибор надорад.
Дар додгоҳ марҳилаи муҳокима фаро мерасад ва додситон иттиҳомоти худро матраҳ мекунад ва шавоҳиди худро нишон медиҳад ва истидлол мекунад, ки чиро ин фард муттаҳам ба иртикоби фулон ҷурм аст. Дар баробари додситон, вакили мудофеъи фарди муттаҳам истидлолҳои худро матраҳ мекунад ва шавоҳид ва мадорики додситониро ба чолиш мекашад.
Дар ин фароянд шоҳидони ҷурм ҳам дар додгоҳ шаҳодат медиҳанд ва шаҳодати онҳо ҳам мавриди пурсиш ва чолиш қарор дода мешавад. Пас аз баррасии комили ҳамаи иттиҳомот ва шавоҳиди ироашуда ва додани фурсат барои рад кардани иттиҳомот додгоҳ ба қазоват мепардозад ва ҳукми худро содир мекунад. Додгоҳ имкон дорад фарди муттаҳамро муҷрим бишносад, ё ӯро комилан аз гуноҳ мубарро донад ва табраа кунад, яъне дар толори додгоҳ озод кунад!
Вале фароянди додрасӣ ба ин тамом намешавад ва барои муроҷеъа ба додгоҳҳои истинофӣ ва таҷдиди назар ба муддаъӣ ва муддаъиилайҳ фурсат дода мешавад. Ин фароянд метавонад то Додгоҳи ъолии кишвар идома ёбад.
Дар ҳар сурат, бар асоси моддаи 20 Қонуни асосии Тоҷикистон, то замоне ки ҳукми додгоҳ дар мавриди як нафар ба мавриди иҷро дарнаояд ё эътибори қонунӣ пайдо накунад, ин фард муҷрим ё ҷинояткор хонда намешавад. Ба ин асл, ки аз муҳимтарин усули Қонуни асосии Тоҷикистон ва аз умдатарин усули додрасӣ дар саросари дунёст, мегӯянд АСЛИ БАРОАТ, ки ба забони тарҷумазади роиҷ дар Тоҷикистон, асли бегуноҳӣ (принцип презумпция невиновности) хонда мешавад.
Ин асл дар мавриди ҳама, нисбат ба ҳама ва аз сӯи ҳама ба таври яксон иҷро мешавад. Маъмури пулис ё амниятӣ наметавонад иддиъо кунад, ки чун ман пулис ё амниятӣ ҳастам ва ҷиноятро ба чашмам дидаам, пас ҳар касеро бихоҳам, метавонам "ҷинояткор" биномам! На! На! На! Агар маъмури пулисе чунин мекунад, ё ҳатто агар вазири дохила ё раиси кумитеи амният ё додситони кул ё раиси ҷумҳур ё раиси порлумон чунин мекунад, ҒАЛАТ мекунанд!
Ин фақат як ғалат ё иштибоҳ ё хато нест, балки ҶУРМ аст! Яъне агар раиси ҷумҳур бигӯяд, ки фулонӣ ҷинояткор аст, дар ҳоле ки мароҳили додрасиро пушти сар накарда бошад ва ҳукми додгоҳ дар мавриди он фард эътибори қонунӣ наёфта бошад, пас раиси ҷумҳур муртакиби ҷурм шудааст! Ҳеч аҳаде наметавонад АСЛИ БАРОАТ-ро зери по кунад, фарқ намекунад, ки дар чи мақом ва ҷойгоҳе буда бошад!
Ба ин тартиб, агар фарде аз қазо мусаллаҳ бошад ва ъалайҳи давлат қиём карда бошад, ин ҳануз далел намешавад, ки пулис ё нерӯи амниятӣ худсарона дар мавриди ӯ қазоват кунад ва ӯро дарҷо бипаронад ё бикушад, ба ин баҳона, ки ӯ силоҳ ба даст гирифтааст ё "ҷиноят кардааст!" Ҳар пулис ё мақоми дигаре, ки фардеро бидуни пушти сар шудани мароҳили додрасӣ "ҷинояткор" меномад, асли БАРОАТ-ро зери по кардааст.
Охир, ту аз куҷо медонӣ, шояд ӯ иҷозаи қонунии ҳамли силоҳ дорад? Пас, аз ҳамон лаҳзаи аввал бояд бияндешад, ки оё қазоваташ дар мавриди он фарди мусаллаҳ дуруст аст ё ғалат? Магар ин ки ҳолати равонии он фард ором набошад ва аз вай таҳдиди онӣ ва мустақим ба ҷони афрод мавҷуд бошад, ки дар он сурат ҳам пулис тамомии саъйашро бояд кунад, ки ӯро аввал бо гуфтугӯ ором кунад ва монеъи тирандозӣ бишавад ё фурсати таслим кардани силоҳро бидиҳад ё дар ниҳоят он нуқта аз баданашро ҳадаф қарор диҳад, ки мӯҷиби марги ӯ нашавад. Ин кор албатта аз маъмури пулис маҳорати тамом ва сатҳи болои ҳирфаӣ (пруфессиунал) буданро тақозо мекунад.
Бар хилофи инҳо мебинем, ки дар ҳаводиси Бадахшон, нерӯҳои пулис ва амнияти Тоҷикистон ба ҷои талошҳои пайгирона ва ҳирфаӣ барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ, ба ваҳшиёнатарин шева ба қазовати худсарона ва саҳроӣ даст зада дар тӯли чанд сония ва ё чанд дақиқа ташхис додаанд, ки мардуми муътаризи Рӯшон силоҳ доранд ва онҳоро тирборон кардаанд!
Агар чунин инест, пас Вазорати дохила ва Кумитеи амнияти Тоҷикистон бояд ҷадвали замонбандишудаи ҳамаи тасмимгириҳояшон дар мавриди тирандозӣ ба муътаризонро, ки ба он "ъамалиёти зиддитеруристӣ" ном додаанд, интишор бидиҳанд, то бибинем, инҳо чи андоза ҳирфаӣ рафтор кардаанд. Масалан, чи муддате бо муътаризон музокира карданд, ҳарфи онҳоро шунидаанд, чи ҳарфҳое байнашон радду бадал шудааст, чи қавле ба онҳо додаанд ва чи ъаҳде аз онҳо гирифтаанд, чи чораҳое барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ андешидаанд, чиро музокира ва гуфтугӯи мусолиматомез таъсир ё натиҷае надода, ва чи ҳолате шуда, ки тирандозӣ шурӯъ шуда, ин ҳамаро бояд интишор диҳанд.
Агар интишор надиҳанд, пас чунин чизе вуҷуд надорад! Яъне ба назар мерасад, ки нерӯҳои пулис ва амниятӣ бидуни хештандорӣ, бидуни музокира бо муътаризон (ё ҳатто бо гурӯҳҳои ба гуфтаи мақомот "мусаллаҳ" ки гӯё "камин гирифта" буданд), бидуни фурсат додан барои тасмимгирӣ ё ором шудан ё саҳнаро тарк кардан ва ё роҳро боз кардан, мардумро ҳадафи тирбороне ваҳшиёна ва худсарона қарор додаанд!
Дар ҳар сурат, дар ин мавриди хос мақомҳои пулису амният ё нерӯҳои давлатии саропо мусаллаҳ, ки ба Бадахшон эъзом шуда буданд, бо тирандозӣ ба мардуми муътариз дар Рӯшон муртакиби аъмоле шуданд, ки на танҳо сатҳи тахассус ва ҳирфаӣ будани онҳоро зери суол мебарад, балки мусовӣ бо ҷиноят ъалайҳи башарият аст. Яъне ин имкон вуҷуд дорад, ки як додгоҳи мунсифона ва озод онҳоро дар иртикоби ҷиноят ъалайҳи башарият муҷрим бишносад.
Бар пояи Асосномаи Рум, ки Тоҷикистон ҳам онро имзо карда ва ҳампаймон бо дигар кишварҳои имзокунандаи он аст, куштор ё тирборони мардуме, ки барои ъадолатхоҳӣ даст ба тазоҳурот ё роҳпаймоӣ задаанд, ҷиноят ъалайҳи башарият маҳсуб мешавад! Ва дар сурати таъйид шудани эҳтимолии ин ҷурм дар як додгоҳи мунсифона ва озод, масъулияти иртикоби ин ҷурм фақат бо сарбозоне нест, ки аз тири онҳо мардум кушта шуданд. Масъулият бо тамомии давлат аст!
Бар хилофи ҷиноёти ҷангӣ, ки масъулияти иртикоби он фақат ба дӯши ҳамон сарбоз ё афсарест, ки муртакиб шудааст, барои иртикоби ҷиноят ъалайҳи башарият давлатҳо низ масъулият доранд, яъне раису вазир ва ҳатто раисҷумҳур низ, ки метавонистанд ҷилави иртикоби чунин ҷурмеро бигиранд, барои иртикоби он масъул дониста мешаванд.
Пас роҳи беҳтар ин аст, ки ба ҷои ба роҳ андохтани корзори таблиғотӣ ва зери по кардани асли БАРОАТ ва ҷинояткору терурист хондани афроди зиёде дар Бадахшон, Эмомъалии Раҳмон фурсат дорад вузаро ва руасои худашро барканор ва таҳқиқе ҷудогона ва озодро дар мавриди куштори Рӯшон ба роҳ андозад ва мақомҳои масъулро ба маҳкама кашад ва муҷозот кунад. Он вақт аст, ки метавонад эътимоди мардумро нисбат ба худ ва мавҷудияти ъадолат дар кишвар ҷалб кунад.

23 хурдоди 1401 / 13 жуани 2022 (5) Esfandiar Adineh | Facebook






Хабарнигор ва хабарчин

Ин ду мафҳум аз бунёд бо ҳам тафовут доранд. Яке ба мардум ва ба ҷомеъа иттилоърасонӣ мекунад ва пойбанд ба арзишҳои рӯзноманигорӣ аст. Дигарӣ ба давлат иттилоърасонӣ мекунад ва пойбанд ба усул ва шеваҳои қонунии ҷамъоварии иттилоъот аз батни ҷомеъа аст. Рисолати аввалӣ мутталеъ сохтани мардум аз вазъи умур дар кишвар ва хориҷ (кишварҳои дигар) аз он аст, чун мардум барои анҷоми корҳои мухталифе ба доштани огоҳӣ ва иттилоъ ниёз доранд.

Рисолати дигарӣ ба давлат расондани иттилоъоти лозим аз дохил ва хориҷ (кишварҳои дигар), аз ҷумла дар бораи афкори ъумумӣ ва ин ки мардум чи фикр мекунанд ва чи меандешанд, бавижа дар бораи корҳо ва умури давлатӣ, чун давлат ниёз дорад, ки бидонад, ки мардум дар бораи ҳукуматашон чи меандешанд ва чи назар доранд.
Ҳарду ҳам кори дурусте мекунанд, ҳарду шуғл аз машоғили ифтихоромез аст, ҳарду ҳам барои ҷомеъа ва давлат судманданд, ҳарду ҳам аз равишҳои хоссе кор мегиранд, ки мутобиқ бо қавонин ва мавозини пазируфташуда аст, то ҷое ки по фаротар аз қонун нагузоранд ва бедалел аз пайи озори касе ё гурӯҳе дар ҷомеъа барнаоянд.
Мушкил замоне пайдо мешавад, ки ҳар кудоме аз ин ду рисолати худро дарк накунанд ва дар ин миён сардаргум шуда бошанд ва надонанд, ки хабарчин ҳастанд ё хабарнигор! Вақте хабарчини давлатӣ шеваҳои кори худро фаромуш мекунад ва по фаротар аз салоҳиятҳои худ мегузорад ва даст ба шеваҳои иттилоърасоние мезанад, ки вижаи шуғли ӯ нест, вазифаи ӯ нест, дар ин заминаҳо салоҳият надорад, дар натиҷа ба ҷои иттилоърасонии дуруст ба давлат, ба суииттилоърасонӣ, яъне газофапароканӣ ё дурӯғпароканӣ дар ҷомеъа даст мезанад.
Аз сӯи дигар, вақте хабарнигор надонад, ки чи рисолате дорад, ба шеваҳои кори рӯзноманигорӣ вуқуфи комил надошта бошад, ё дучори буҳрони ҳувиятии шуғлӣ шуда бошад, баъд ба ҷои хабаррасонии дуруст ба мардум худро дар мақом ва ҷойгоҳи як корманди давлатӣ пайдо мекунад ва фикр мекунад, ки вазифааш ҳифзи обрӯву эътибор ё ба истилоҳи худи ин гуна афрод, "ҳифзи имиҷи" давлат аст!
Дар натиҷа ба ҷои иттилоърасонии дурусту саҳеҳ ва мутобиқ бо арзишҳои рӯзноманигорӣ ин шахс ба суииттилоърасонӣ ва таблиғот мепардозад ва шурӯъ мекунад ба сабақ додан мардумро, ки бояд "шукрона" кунанд, бояд аз давлат бад нагӯянд, бояд аз ҳеч мушкиле ҳарф назананд ва ҳатто дар бораи ҷароими сангине чун куштори мардуми бесилоҳу бегуноҳ ҳам лаб нагушоянд, ва монанди инҳо.
Яъне ин гуна афрод, бадбахтона ё хушбахтона, ЯК ПО дар идораи нашрия (ё родию-телевизиюн) ва ЯК ПОИ ДИГАР дар идораи амният ё пулис ҳастанд. Инҳо дар нашрия ё родию ё телевизиюн кор мекунанд, вале вазифаи худро ъиборат аз оростану перостани рӯи сиёҳи давлат ва ъарусаки нозанине ҷилва додани он дар чашми мардум медонанд. Ва ба ин мегӯянд "имиҷи" ҳукумат ё президент ё пешво, ки саъй мекунанд ҳифз кунанд, аз ҷумла бо андова кардани сурати захиму дурушту пурчирку пурчуруки он!
Хабароварони сардаргум ҳам, ки бештар ба онҳо хабарчин мегӯянд, ба ҷои пойбандӣ ба равишҳо ва шеваҳои кори худашон, масти мавқеъият ва мақоми худ мешаванд ва ба ин гумон меуфтанд, ки ҳоло дигар замоне фурсати ҷилванумоӣ дар матбуъот аст ва бояд ба ъунвони "рӯзноманигор" рӯзе чанд таҷаллӣ кунанд ва шуҳрату номе ба даст оваранд.
Инҳо ба ҷои расондани иттилоъоти дуруст аз вазъи ҷомеъа ба давлат ва ин ки мардум чи меандешанд ва афкори ъумумӣ чигуна аст, то давлат фаъолиятҳояшро беҳтар кунад ва мушкилоти мавриди нигаронии мардумро ҳал кунад, то мардум нисбат ба давлат бадбин набошанд, шурӯъ мекунанд ба дурӯғ гуфтан ё расондани иттилоъоти дурӯғ ба давлат.
Масалан, ба давлат мерасонанд, ки "ҳамааш садай", мардум ҳеч мушкиле надоранд, фақат дуъогӯву саногӯи "пешво" ҳастанд, зиндагишон "хубай", Тоҷикистон "биҳиштай" ва ин фақат чанд шахсияти мухолиф ё мунтақид ҳастанд, ки корашон фақат хӯрдагирӣ аст ва онҳо "душман" ва "хоини миллат" ҳастанд, бино бар ин чун наметавон ҷилави даҳонашонро гирифт, бояд онҳоро саркӯб карду садояшонро дар гулӯ хомуш кард, то дигар ҳарфе аз даҳонашон берун наояд.
Ин гурӯҳ НА ба шуғли хабарнигорӣ барои мардум ва ҷомеъа содиқанд ва на ба шуғли хабаргирӣ ё хабароварӣ барои давлат. Дар миёни ҷомеъаи рӯзноманигорӣ бисёре онҳоро мешиносанд ва пушти сарашон ба онҳо ишора мекунанду мегӯянд, ки фулонӣ "кегебешник" ё ҷосус ё хабарчин аст, пеши ӯ мувозиб бошед ҳар чизе нагӯед. Яъне ӯро ҳаргиз ҷузве аз худ ва ҷузве аз ҷомеъаи рӯзноманигорӣ намедонанд!
Дар идораи амният ва пулис ҳам, инҳо обрӯву манзалате надоранд, ва касе онҳоро ҷузъе аз худ намедонад, чун аз кори ҳирфаии хабаргирони давлатӣ монеъ мешаванд ва чи басо ки ин фарояндро мухтал мекунанд, бо дурӯғҳои худ домани ҳукуматро бо гирдуи пуч пур мекунанд, вале фардо осебаш ба хабаргирҳои ҳирфаӣ (intelligence officers) мерасад.
Хабаргирҳои ҳирфаӣ низ инҳоро аз худ барҳазар медоранд ва мегӯянд, фулонӣ руспии расонаӣ аст, дар матбуъот зиёд сару каллааш пайдо мешавад, ба ҳар номи мустаъоре, ки нанависад, мо ӯро хуб мешиносем, кораш фуҳшу душном додан ба шахсиятҳои мухолиф ё мунтақид ва чоплусию маддоҳии ҳукумат ё шахси "пешво" аст, додаҳо ва иттилоъоти арзишманде, ки мо ҷамъ овардаем ва ба суди давлат ва ҷомеъа аст, инҳо камарзиш месозанд.
Дар натиҷа, ин гурӯҳи "як пой дар амнийяту дигар ба расона" на фақат худашон сардаргум ва дучори буҳрони ҳувиятӣ ва тваҳҳумзада ҳастанд, ки давлат ва ҷомеъаро низ ба бероҳа ва ба вартаи сардаргумӣ мебаранд. Амон аз рӯзе, ки гуфтмони инҳо дар ҷомеъа ва давлат ҳоким шавад ва садояшон буландтар аз афроди огоҳу мутахассис ва содиқ ба кори худ дар ҳар бахше аз ҷомеъа ва давлат бошад!

22 хурдоди 1401 / 12 жуани 2022



Военная операция или крупномасштабная война?

//«Каждая война состоит из одной или нескольких кампаний, каждая кампания — из одной или нескольких О[пераций]., представляющих собой известный законченный период, от стратегического развертывании армии на исходной линии О[перации]. до окончательного решения О[перации]. путем победоносного боя на поле сражения, если бою предпослано было окружение разбитой армии, а в противном случае — путем энергической эксплуатации одержанной победы преследованием на поле сражения и на театре военных действий». — профессор стратегии, Г. А. Леер - Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона//*

По этому определению Путин уже проиграл не одну, а много операций на Украине. Он до сих пор пытается одурачить свой народ, называя крупномасштабную войну на Украине специальной «военной операцией», не признавая при этом, что проиграл не только многочисленные операции, но и полноценную военную кампанию по захвату Киифа, будучи вынужденным отступить на восток Украины.
Хотя война Путина с Украиной все еще продолжается, но он сталкивается с ударами за ударами и на востоке, и на юге Украины, где его полноценные военные кампании считаются провальными. Путину грозит поражение на всех фронтах, хотя он никогда не ожидал такого крупного провала.






Оҳанги 'Даштистонӣ' аз Ҳоида:

Дуто кафтар будим ҳамхуну овоз, Шабо дар луневу рӯзо бе парвоз. Илоҳӣ хейр набине марди сайёд, Ки он дуи маро бурде бе Широз. Ту шуҳрат додеӣ баднумиемру, Магар чӣ хидмате бад кирде будум? Буру, буру, буру, бизорум аз ту, Хиёл дорум, ки дас(т) бардорум аз ту. Ҷуни ҷунум, номеҳрабунум, шув хов надорум, Дилум имрӯз бе орумие худ хӯ кирде, вой ҷунум, вой дилбар! Ёди чешмуни сиёҳеш ману ҷодӯ кирде, ой ҷунум, вой дилбар! Дилум пейеш пар мизане, Бе ҳар дарӣ дар мизане, Бе ҳар хуне сар мизане, дилум, дилум, дилум... Ҳанӯ аз дасте ғамеш дидее мӯ гирюне, ой ҷунум, вой дилбар! Баъди умрӣ ҳанӯам мурғе делум нолуне, ой ҷунум, вой дилбар! Мирум мигардум сар бе сар, Дашту даман, кӯҳу камар, Мирум аз ӯ гирум хабар, мирум, мирум, мирум... Худо меҳрабуне, ёри ошиғуне, диле мо ҷавуне, вой, вой, вой!, Худеш хуб мидуне, ке бар ҷуне ошиғ ҷудоӣ гаруне, вой, вой, вой! Азизум куҷоӣ, ой куҷоӣ, ой куҷоӣ? Диле широзиюм имшав куҷоӣ, вой? Бе Худо мисле дилум, шекле дилум, пейдо немише ҳич делӣ, Мисле ин дил, ки шуде русвои ту, русво немише, ҳич делӣ, Абрукамунӣ хушгеле, Номеҳрабунӣ, хушгеле, Дилум сӣ ту пар мизане, Худет мидунӣ, хушгеле. Бе Худо мисле дилум, шекле дилум, пейдо немише ҳич делӣ, Мисле ин дил, ки шуде русвои ту, русво немише, ҳич делӣ, Абрукамунӣ хушгеле, Номеҳрабунӣ, хушгеле, Дилум сӣ ту пар мизане, Худет мидунӣ, хушгеле.




Иҳонат ба тоҷик аз сӯи шарики роҳбурдии Тоҷикистон

Ин як намуна аз садҳо рафтори таҳқиромезу иҳонатомези давлати РусияҲ бо атбоъи Тоҷикистон ба ъунвони "шарики роҳбурдии" кишвари мост! Ин ҳатки ҳурмат ва таҷовуз фақат ба ҳамин афрод нест, таҷовуз ба куллияти давлат, миллат ва мардуми Тоҷикистон аст! Таҳқиру иҳонат ба ҳайсият, шараф, номус ва ъиззати миллати тоҷик аст.

Агар ин рафтор нисбат ба атбоъи кишваре ҳатто кӯчактар аз мо дар гӯшаи дигаре аз ҷаҳон сурат мегирифт, он кишвар билофосила сафиру диплумотҳои Русияро бо русвоии тамом аз кишвараш ихроҷ мекард ва равобиташро бо ин кишвари табаҳкор қатъ мекард. Аммо пешвои худхондаи миллати Тоҷикистон дар ин муддат ба ин рафтори шарики роҳбурдияш чи вокуниш кард? Ҳеч! Кӯчактарин вокунише ҳам накард!
Албатта, вокуниш кард: бештар ба побӯсии Путин рафт ва камарашаро бештар аз гузашта пеши ӯ хам кард! Афзун бар додани имтиёзоти бештаре ба пойгоҳи касифи Русия дар хоки муқаддаси мо, забони русиро низ дар Тоҷикистон бештар ривоҷ дод, мактабҳову кӯдакистонҳои русии бештаре дар саросари кишвар таъсис дод, дар ҳоле ки аз омӯзиш ва тарвиҷи хат ва забони миллати худаш ъор мекунад.
Се даҳа пеш, ки аз рустои Данғара берун омад, ҳамаи саъйу талошаш ин буда, ки забони русиро шикаста-баста ёд бигирад, вале дар ин 30 сол ъурзаи омухтани 32 ҳарфи алифбои порсӣ ё алифбои ниёконашро, ки мероси гаронсанги ин миллат аст, надоштааст! Ин шармандагист, ки "пешвои миллат" ва бисёре аз мақомҳои дигари Тоҷикистон хатти ниёкони моро ҳануз ҳам балад нестанд ва пеши тоҷикони бурунмарзӣ ба ин бесаводии худ на ин ки шармсор, балки мағрур ҳам ҳастанд.
Ин ҳақиқате бебаҳс аст, ки миллати мо дар ҳеч замоне ба андозаи ин се даҳаи зиллат дастхуши таҳқиру иҳонат қарор нагирифта ва ин андоза хору залил нашудааст! Пайравони фурумояи "пешво" аз ин ҳақиқат чашм мепӯшанд, чун маълум аст, ки худашон ҳам аз ҳеч ъиззат ва ҳайсияте бархурдор нестанд, чун аз табори ОЗОДАГОН нестанд ва ъиззату ҳайсияти миллат низ барояшон аҳаммияте надорад!
Инҳо дар азияту озор ва қатлу куштори ҳаммеҳанони худ дасти дарозтаре доранд, ҳамонтур ки ахиран дар Бадахшон шоҳидаш будем. Ва ъаҷаб нест, ки ин рафторҳои аҳриманиро инҳо хидмат ба миллат ва меҳан қаламдод кунанд! Барӯмандӣ ва ҳиммат аз сифлагон наметавон таваққуъ дошт!
21 хурдоди 1401 / 11 жуиеи 2022



Созмони Милал: Бузургмеҳри Ёрро озод кунед!

Қонуни асосии Тоҷикистон басароҳат мегӯяд, дар сурате ки қавонини маҳаллии ин кишвар бо асноди байналмилалӣ дар тазод воқеъ шавад, марҷаъияти мавозини байналмилалӣ болотар аст! Ин, яъне ҳарфи Созмони Милал муътабартар аз қавонини дохилӣ ва амру дастуру фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон ва аҳкоми додгоҳҳои Тоҷикистон аст!

Ба назари шахсии ман, Тоҷикистон агар мехоҳад ҷузъе аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ боқӣ бимонад ва батадриҷ ба ҳошия ронда ва радди маърака нашавад, бояд ба раъйи Созмони Милал ва мавозини байналмилалии ҳуқуқи башар арҷ бигузорад ва дастури ин созмони муътабари ҷаҳониро БЕ ЧУНУ ЧИРО иҷро кунад! Чораи дигаре ҳам надорад! Баъд аз қазияи Зайд Саъидуф, ин дувумин маврид аст, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз давлати Тоҷикистон мехоҳад ин афродро озод кунад.
Мақомоти тоҷик бояд хуб огоҳ бошанд, ки бо басиҷ кардани тӯдае бесарупо муқобили дафотири созмонҳои байналмилалӣ ва найрангу тарфандҳое аз ин даст роҳ ба ҷое нахоҳанд бурд. Ин шайёдӣ ва ҳуққабозиҳо он қадр пешипоуфтода ва содалавҳона аст, ки ҳамаи ҷаҳонро ба ханда вомедорад! Худро беш аз ин хандахариш насозед, лутфан!
Ишколе надорад, иштибоҳи худро бипазиред ва самимона пӯзиш бихоҳед ва афроди бегуноҳро аз зиндон раҳо кунед. Ин самимият ва шаффофият аст, ки роҳро барои иҷрои ъадолат ҳамвор месозад ва бар эътибори байналмилалии Тоҷикистон меафзояд, на риёву тазвир ва афсонаву афсун!


Дисернет: Асадулло Раҳмонуф

Асадулло Раҳмонов, ҳамшаҳрӣ ва дастёри раиси ҷумҳур дар заминаи масоили кодрӣ ва раиси пешини Кумитеи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон аст. Чаҳор сол пеш Дисернет, торнамое, ки сирқат ё ДУЗДИИ рисолаҳои ъилмиро ифшо месозад, номи ӯро ба ъунвони як сориқи рисолаҳои ъилмии дигарон шуҳраи шаҳри мо кард.

Дар як давлати солим чунин фарде мебоист филфавр пас аз ифшои ин табаҳкорӣ аз мақомаш барканор шавад ва ъалайҳаш парвандаи фасод боз шавад. Вале Эмомъалии Раҳмон, ки худро густохона "пешвои миллат" хондааст, ба ин мавриди ФАСОДИ ОШКОР кӯчактарин таваҷҷуҳе накард.
Ба ин тартиб, Асадулло Раҳмонов ҳамчунон як мансаби калидии давлатро дар ихтиёр дорад ва ҳамчунон аз пулҳое, ки мардуми заҳматкаши тоҷик ба ъунвони молиёт ё "андоз" ба байтулмол мепардозанд, зиндагӣ ва "тиҷорати" худро мечархонад.
Мавзӯъи рисолаи ъилмии саропо дуздидаи ӯ "вижагиҳои шаклгирии ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон" аст.
Эҳтимолан номи ин рисола иштибоҳ шуда, дар ҳоле ки мебоист "вижагиҳои шакл НАгирифтани ҷомъаи маданӣ дар Тоҷикистон" бошад, чун худи ӯ ҳам дар тахриб ва табоҳсозии ҷомеъаи маданӣ ва ниҳодҳои он дасти мустақим дорад.
_____________________________________________________________


Рахмонов
Асадулло Киматович
Помощник Президента Республики Таджикистан по кадровым вопросам
Тема диссертации: Особенности становления гражданского общества в Таджикистане
Ученая степень: кандидат политических наук
Дата защиты: 12 ноября 2007 года
Научный руководитель: Гудахмедов Мусамир
Официальные оппоненты: Махмадов Абдурахмон Наврузович, Шарапов Джурахон Рахматович
Работа выполнена в: Таджикском государственном педагогическом университете им. С. Айни
Ведущая организация: Курган-тюбинский гос. университет им Н. Хусрава
Диссертационный совет: 737.001.01 в Таджикском государственном педагогическом университете им. С. Айни





Оё ҳар рӯзноманигор 'хоҷае' дорад?

 Панҷ сол пеш, дар ин рӯз:

Дар посух ба як "корманди давлатӣ", ки мегӯяд ҳар рӯзноманигоре хоҷае дорад (яъне аз диди ишон барда аст!) чун бо қарордод барои расонае кор мекунад:
***
Ин чи ҳарфи ғалатест, ки агар ман бо касе ё ниҳоде ё созмоне қарордоди корӣ дошта бошам, пас ман бандаву ӯ хоҷаи ман аст? Дар кудом қонун чунин нивишта шуда, домулло?
Қонуни кори Тоҷикистон басароҳат дар мавриди бастани қарордоди корӣ муқаррароте дорад ва дар ин қонун аз касе, ки бо қарордод кор мекунад, кӯчактарин таърифе аз "бардаву хоҷа" зикр нашудааст. Ё қонуне махфӣ мавҷуд асту фақат Шумо медонеду мо на? Пас мешавад далеле аз он қонун ё мафодди он биёред? То ҷое ман огоҳам, таърифи банда ва хоҷа ин аст, ки банда бидуни ҳеч ҳаққу ҳуқуқе дар хидмати хоҷа аст ва ин ба даврони бардадорӣ/ғуломдорӣ бармегардад!
Он замон қарордоде намебастанд! Кудом барда бо хоҷааш қарордод бастааст? Пас дар саросари дунёи мудерн ҳар корманде, ки бо корфармо қарордоди корӣ мебандад ва барои кораш музд мегирад, аз назари ғалати Шумо барда аст? Пас як мӯзадуз ҳам, ки ҳамарӯза дар дукони худ нишаста ва кори даҳҳо нафарро анҷом медиҳаду муздашро мегирад, бардаи онҳост?
Дар зимн, оё худи шумо бидуни музд ва танҳо 'аз сари меҳр' барои давлату миллат кор мекунед? Воқеъан маъош намегиред? Аслан ҳарфатон қобили итминон нест. Зеро ман ба унвони як молиётсупоранда (дар канори милюнҳо тани дигар) чунин муқаррароте надорем, ки кормандони давлате, ки ташкил кардаем ва будҷеашро таъмин мекунем, 'бидуни маъош ва аз рӯи меҳр' кор кунанд!
Оре, ман як молиётсупоранда ҳастам, ки дар таъмини будҷеи давлат саҳм мегузорам! Ва маблағе, ки Шумо дар ъивази 'меҳру муҳаббататон' мегиред, аз ҳамин қатра-қатраест, ки мо молиётсупорандагон ба байтулмол месупорем. Ва мо ба ҳеч корманди давлатӣ иҷоза надодаем, ки чунин ҳарфҳои ғалат ва ғайридиплумотик ва табъизомез ва фитнагарона ва мухолиф бо масолеҳ ва манофеъи давлатамон дар малаъи ъом бигӯяд!
Имрӯз ҳазорҳо ва милюнҳо нафар аз шаҳрвандонамон чи дар дохил ва чи дар берун аз кишвар дар ъивази қарордод кор мекунанд ва бахши аъзаме ҳам аз маблаге, ки ба даст меоваранд, ба хазонаи давлат молиёт мепардозанд ва ин молиёт аст, ки барои таъмини маъоши кормандони давлатӣ ҳазина мекунем.
Ва ҳеч корманди давлатӣ ҳақ надорад нисбат ба бахши аъзаме аз шаҳрвандонамон, ки аз қазо корманди давлатӣ нестанд, вале будҷе ва иқтисоди миллиро таъмин мекунанд, суханони носазо ва табъизомез гӯяд!!! Пас мувозиби суханони тафриқаандозатон бошед.

20 хурдоди 1396 / 10 жуани 2017