Бархе арзишҳо ҳастанд, ки наметавон аз онҳо "фоидае" таваққуъ дошт. Масалан истиқлол! Оё мо таваққуъ дорем, ки истиқлол ба мо чизе бидиҳад? Агар бадурустӣ муҳосиба кунем, мебинем, ки дар ъивази истиқлол мо бисёре аз фавоиди иқтисодиро аз даст додаем.
Пас мешавад натиҷа гирифт, ки истиқлол зиёнбор буда ва бояд аз баҳри он гузашт? На, албатта! Мо ҳазинаи зиёде ба хотири истиқлол пардохтем. Чиро? Зеро истиқлол бисёр муҳимтар аз он фавоиди иқтисодӣ будааст.
Нишон ва парчами миллӣ оё ба мо "фоидаи" иқтисодӣ медиҳад? На, вале парчам ва нишон, ки нумодҳои истиқлоли як миллатанд, басо муҳимтар аз он фавоиди иқтисодӣ аст, ки мо метавонистем дар сурати тобеъият ба кишвари дигаре ба даст оварем.
Хат ҳам ҳамин тур, фарҳангу адаб ҳам ҳамин тур! Набояд аз онҳо "фоидаи" иқтисодӣ таваққуъ дошт. Мо иқтисодро пеш мебарем, ба хотири ин ки ин арзишҳоро дошта бошем!
Ин ки мегӯем иқтисод аз баҳри зистан аст, на зистан аз баҳри иқтисод, ҳамин аст. Мо иқтисодро пеш мебарем, ки ормонҳо ва арзишҳои ъолие чун истиқлол, парчам, нишон, хат, забон, фарҳангу, адабиёт, ва ғайра дошта бошем ва инҳо ҳама ҳувияти мустақилли моро шакл медиҳанд. Инҳо ҳастанд, ки ба мо ҳувият мебахшнад ва моро аз соири милал мутамойиз мекунанд.
Мо ҳазинаҳои зиёде мепардозем, то ин арзишҳоро дошта бошем ва бо онҳо зиндагӣ кунем. Пас дар ҳифзи ин арзишҳо ва густариши онҳо набояд аз пардохти ҳеч ҳазинае ғафлат варзем.
Пас дар баҳси гузор ба хатти худамон ва тарвиҷи он ҳам набояд баҳонаҳои иқтисодӣ пеш орем, ҳарчанд гузори табдриҷӣ ба хатти худамон чандон ҳазинабар ва харҷталаб нест.
Манбаъ: Esfandiar Adineh
No comments:
Post a Comment