Дар адабиёти сиёсии ҳукумати Тоҷикистон тайи ин чанд соли гузашта мафоҳиме ҷуз "мамнӯъ", "ҷарима", "танзим", "шукрона", "нагӯ", "накун", "бидеҳ", "бипардоз"... ба кор нарафтааст. Инҳо зоҳиран вожаҳои зебое монанди ъадолат, инсоф, озодӣ, ҳаққи мардум, раъйи мардум,.. ро намедонанд ё ҳаргиз чашмашон ба ин вожаҳо дар луғате ё китобе нахӯрдааст.
Боло бурдани баҳои интернет ҳам ҷузъи ҳамин фарҳанги сиёсӣ аст! Ба назари ман, мақомоти тоҷик аз дастрасии мардум ба интернет БАШИДДАТ бим доранд ва ба ҳар роҳу равише саъй мекунанд, ин дастрасиро маҳдуд созанд. Чиро бим доранд?
Чун ЭЪТИМОД БА НАФС (худбоварӣ) надоранд. Фикр мекунанд агар мардум огоҳияш бештар шавад, донотару воқифтар шавад (чун интернет манбаъи дониш ва огоҳӣ аст!), инҳо султаи худ бар мардумро аз даст медиҳанд.
Афзоиши баҳои интернет ва маҳдуд кардани истифода аз телефунҳои пӯён (ҳамроҳ), мамнӯъияти истифода аз хадамоти пустӣ (монанди ДиЭчЭл ва ғайра) ва кунтрули ҳамаи анвоъ ва васоили иртиботӣ ва иттилоърасонӣ, маҳдудияти фаъъолияти расонаҳо, ҳатто танзими маросими мардумӣ, монанди ҷашнҳои ъарӯсӣ ва маросими сугворӣ, ки худ ба худ мӯҷиби таҷаммуъ ва гирди ҳам омадани афроди зиёд ва дар натиҷа, баҳсу гуфтугӯ дар бораи сиёсат, мешавад, ҳамаи ин иқдомот ҷуз ончи боло зикр шуд, яъне кунтрули мағзу забони мардум, ангезаи дигаре надорад!
Манбаъ: Esfandiar Adineh
Манбаъ: Esfandiar Adineh
No comments:
Post a Comment