Як замон касе бовар надошт, ки имрӯз шумори мошинҳои сохти Шӯравӣ дар Душанбе ва шаҳрҳои дигар бағоят андак мешавад ва ҳузури мошинҳои олмонӣ, бавижа Упел, чунон густарда мешавад, ки шумо вақте берун меравед фақат ин гуна мошинҳоро мебинед ва банудрат иттифоқ меуфтад, ки жигулию зопоружи сохти Шӯравиро бибинед. Дуруст аст?
Як замон касе бовар надошт, ки мошинҳои маъруф ба "Дулан" (тавлиди Чин?) ҷои "Комоз"-ҳои сохти Шӯравӣ ва Русияро танг мекунанд. Имрӯз Шумо дар шоҳроҳҳои Тоҷикистон бештар ин навъ мошинро мебинед, дар дохили шаҳрҳо ва рустоҳо ҳам навъе мошини борбарии Мерседес, ки кӯчактар аз моҳинҳои борбари Шӯравӣ аст, вале бори бештар мебарад, афзоиш ёфтааст.
Як замон ҳамаи мо бо телефунҳои пӯён ё ҳамроҳи қадимӣ, ки шохе ҳам доштанду иртибот ҳам бо онҳо душвор буд, имконоташон ҳам маҳдуд буд, бо ҳам гуфтугӯ мекардем. Як замон мо ба ҷои Виндувзу Мойкрусофт бо барномаи Нуртун Кумондер дар роёнаҳои қадимӣ кор мекардем.
Аммо фанноварӣ пеш рафт ва ҷои инҳоро роёнаҳои нав, лаптопу тоблетҳои нав гирифт, ки имконоти фарохтаре доранд ва кор бо онҳо содатару муассиртар аст.
Як замон мо аз абзори расонаии куҳнае ба номи хатти ПИРИЛЛИК истифода мекардем..., дарвоқеъ ҳануз ҳам бисёре аз мо аз он истифода мекунанд, ...ки саропо мушкил дорад, посухгӯи ниёзҳои мо ва забони имрӯзи мо нест, манобеъи ъилмӣ ва адабӣ ба он камтар аст ё дар мавориде аслан вуҷуд надорад.
Ҳамакнун бояд аз абзори расонаии ҷадиду фарогире, ки миёни бахши аъзаме аз ТОҶИКОНИ ҷаҳон роиҷ аст, яъне ХАТТИ ПОРСӢ, истифода кунем ва он абзори куҳнаро ба оршив ё бойгонӣ бисупорем.
Ҳамон тур, ки аз монишҳои куҳнаи сохти Шӯравӣ даст кашидем ва мошинҳои наву коромадтари олмониро гирифтем ва роҳаташро ҳам мебинем, ишколе надорад, ки хатти куҳнаи Шӯравиро ҳам канор гузорем. Ҳамон тур ки истифода аз Дулан беҳтар ва муфидтар аз Комоз аст, баҳра гирифтан аз хатти ПОРСӢ ҳам судмандтару беҳтар аз пириллик аст. Ҳамон тур ки истифода аз ойпаду лаптопу барномаҳои Эпл муносибтару коромадтару муфидтару роҳаттару осонтар аст, истифода аз ХАТТИ ПОРСӢ ҳам муносибтару коромадтару муфидтару роҳаттару осонтар аст.
Бояд бар боли замон савор шуд ва ҳамроҳи замон пеш рафт! Чиро бояд гом ба ъақаб ниҳод ё ҳеч саъйе барои пеш рафтан накард? Гоҳ андохтани чизҳои куҳна душвор ва шояд нороҳаткунанда аст, нустолжӣ дорад, нустолдӣ дарде ширин аст, аммо бояд аз ҳар хайру шарри онҳо гузашту дур андохт ё канор ниҳод. То аз қайди чизҳои куҳна нараҳем, гом ба ҷилав нахоҳем гузошт.
Набояд тарсид, ки иттифоқи баде меуфтад! Душман дурӯғ мегӯяд, ки гузор ба хатти порсӣ ба ину он осеб мезанад. Мошинҳои куҳнаи русиро андохтему мошинҳои ҷадид овардем, магар иттифоқи баде уфтод? Телефунҳои куҳнаамонро андохтему гӯшиҳои нав гирифтем, магар иттифоқи баде уфтод?
Агар тавсеъа ва пешрафт мехоҳем, бояд оғӯшамонро ба сӯи он боз кунем. Табиъист, ки тавсеъа/пешрафт бо шароит ва имконот ва зарфиятҳои тоза ва абзорҳои ҷадиди худаш дарамонро мекӯбад ва мо бояд ба пешбози он худро омода кунем. Аз вижагиҳои тавсеъа ин аст, ки худ ба худ меояд ва касе наметавонад ҷилавашро бигирад. Агар дарамонро бибандем, аз панҷара ворид хоҳад шуд. Пас тарсамон беҳуда аст.
Пас чорае надорем, ҷуз ин ки худамонро бо шароит ва шигардҳои тавсеъа вифқ бидиҳем ва омода кунем. Мухолифат бо хатти порсӣ, ки хатте фаромарзӣ ва аз ҷумлаи хутути ҷаҳонӣ аст, мухолифат бо тавсеъа ва мунзавӣ кардани худ аст. Чун ин хат ба ъунвони абзоре расонаӣ ё иртиботӣ ё мухобиротӣ барои миллати мо нақши як абзори тавсеъаро дорад. Шеваҳои кор бо онро бояд ёд гирифт. Гурез ва мунзавӣ шудан аз он моро заъиф месозад, бояд бо чолиш рӯбарӯ шавем. Худро ба дарё бояд андохт, то шиноварӣ омӯхт.
Манбаъ: Esfandiar Adineh
No comments:
Post a Comment