Омӯхтан ва батадриҷ раво сохтани хатти порсӣ дарвоқеъ як навъ сармоягузорӣ ҳам ҳаст. Сармоягузорие, ки баҳрае садчандони харҷаш ба ҳамроҳ меоварад.
Дар шароити имрӯзи Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҷаҳони ъилму огоҳӣ се роҳ бештар вуҷуд надорад:
1) Омӯхтани хатти форсӣ,
2) Омӯхтани забони русӣ (ё инглисӣ)
3) Бо хатти пириллик дар инзиво ва маҳрум аз манобеъи ъилму дониш ва огоҳӣ боқӣ мондан.
2) Омӯхтани забони русӣ (ё инглисӣ)
3) Бо хатти пириллик дар инзиво ва маҳрум аз манобеъи ъилму дониш ва огоҳӣ боқӣ мондан.
Манобеъи фаровони ъилму дониш ба 1) хатти порсӣ ва 2) забонҳои инглисию русӣ вуҷуд дорад. Аммо ба хатти пириллик, ки дар Тоҷикистон имрӯз роиҷ аст, анбор ё хазинаи ъилму донишамон комилан холии холист. Мо тавон ва зарфияти пур кардани ин анборро надорем. Пур кардани ин анбор ё хазина махориҷу масорифи ҳангуфте металабад, ки мо на ҳоло дар ихтиёр дорем ва на дар оянда дар ихтиёр хоҳем дошт.
Дар бораи ъодитарин ва содатарин чизҳо, масалан наҳваи боғдорӣ, ба хатти пириллик ҳеч китобу брошуре вуҷуд надорад, чи расад ба ъулуме чун физики квонтумӣ ва дониши роёна (компютер) ва фазошиносӣ ва ғайра.
Фароҳам кардани манобеъ дар ин ъарсаҳо (тарҷума ва чопи китобҳо ва манобеъи иттилоъоту дониши онлойнӣ ва ғайра) милёрдҳо дулор ҳазина (харҷ) металабад.
Чун тавони фароҳам кардани ин ҳама манобеъро надорем, баночор дар инзиво ва маҳрумият аз ин манобеъ боқӣ мемонем, ва боқӣ мондан дар инзиво ва маҳрумият аз манобеъи ъилму дониш навъе худкушӣ аст! Ҳар лаҳза ва ҳар дақиқае, ки ин вазъ идома ёбад, мо ҳазорҳо фоида ва судеро, ки мебоист ба даст оварем, аз даст додаем!
Роҳи дувум ҳам пурҳазина аст. Тоҷики бечора бояд барои дастрасӣ ба ин ҳама манобеъ забоне (ё забонҳое) хориҷӣ омӯзад. Яъне фақат хат не, балки забоне хориҷӣ! Яъне бояд ҳазинаи бисёре бипардозаду забоне хориҷиро биёмӯзад ва баъд аз сифр шурӯъ кунаду донишҳо ва ҳунарҳо ва тахасссусҳои мухталиферо омӯзад.
Ва тоза ними ъумраш, ки гузашта, бояд омӯхтаҳояшро ба кор андозад, ва он ҳам ҷуз ба забонҳое, ки омухтааст, наметавонад ба кор андозад.
Тоза забон ё забонҳои хориҷиро фақат ъиддае хос меомӯзанд, омӯзиши саросарии он имкон надорад ё ҳазинааш барои миллат бағоят гарон тамом мешавад ва чи басо чизҳоеро аз даст хоҳем дод, то забоне ғайрро дар ҷомеъаи худ ривоҷ бидиҳем! Пас мо баночор бояд аз баҳри ҳувияту забони худ бигзарем ва забоне дигарро бипазирем. Ҳатто агар напазирем ҳам, рафта рафта ҳатман забону ҳувияти худро аз даст хоҳем дод.
Пас осонтарин ва муносибтарин ва камхарҷтарин роҳ барои дастрасӣ ба манобеъи ъилму дониш ва огоҳӣ роҳи аввал аст. Шумо фақат ниёз доред алифбои худатонро ёд бигиред, ҳамаи ин манобеъ ба забони худатон мавҷуд аст, тоза ба забоне фасеҳ ва зебо!
Омӯхтани хат фурсати зиёде монанди омӯхтани забоне хориҷӣ тақозо намекунад. Дар муддате кӯтоҳ меомӯзед ва даре ба ҷаҳони ъилму дониш ба рӯятон боз мешавад. Дар ҳар заминае, ки бихоҳед, маҳоратҳои худро рушду парвариш медиҳед.
Ва дубора ҳамин донишҳои омӯхтаи худро ба забони худ ба мардум ва ҳаммеҳанонатон ҳам интиқол медиҳед. Ба тарҷума ниёзе надоред. Тоза ин хат на ин ки ба забону ҳувияти шумо осебе намезанад, ки онро тақвият мекунад, онро устувортар месозад! Пояҳои истиқлоли моро ҳам қавитару устувортар месозад.
Ҳоло чиро бояд аз ин неъмат рӯ бартофт????
Манбаъ:
Esfandiar Adineh
No comments:
Post a Comment