Featured Post

Ҷашни Сада: Чаро оташ барои эрониён муҳим аст?

Рӯзи 30-юми январ ҷашни Сада буд. Аз муҳимтарин ҷашнҳои роиҷ дар миёни эрониёни бостон, ки акнун дар ҳоли эҳё шудан аст – бавижа дар Тоҷикис...

Showing posts with label забон. Show all posts
Showing posts with label забон. Show all posts

Tuesday, August 29, 2023

Шатранҷ ё шоҳмот: кудоме дуруст аст?


Исфандиёри Одина
Рӯзноманигор ва пажӯҳишгар

Қаблан дар бораи корбурди саҳеҳи номи ин бозии ҳушмандона ва машҳур, ки ба фарҳангу ҳувияти мо гиреҳ хӯрдааст, баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоъӣ матраҳ шуда буд. Устод Абдулқодири Рустам, нивисандаи баном, ҳам ҳашт сол пеш мақолаи кӯтоҳе дар ин боб нивишта ва дар шабакаҳои иҷтимоъӣ интишор дода буданд, ки ҳамин ҳоло ҳам дар гурӯҳи фейсбукии “Дуруст бинависем” дар дастрас аст.

Ба гуфтаи ишон, корбурди “шоҳмот” ба ҷои “шатранҷ” дар забони тоҷикон аз 60 ё 70 сол бештар собиқа надорад. Яъне ин вожа “дар қатори садҳо вожаю таркиби русӣ” пас аз ишғоли Бухоро тавассути русҳо вориди забони порсии Варорӯд шудааст.

Ин дар ҳолест, ки корбурди вожаи “шатранҷ” дар забони мо беш аз 1300 сол пешина дорад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ишон, “«шоҳмот» ба маънии истилоҳии он барои мо бегона аст ва «шатранҷ» худӣ, истифодаи «шоҳмот» бидъат аст ва «шатранҷ» дурусту савоб.”

Пойбандии Шӯравӣ

Бо ин ҳол, ҳануз ҳам навъе сардаргумӣ дар корбурди ин ду вожа дар расонаҳо ва дар миёни удабо ва рӯзноманигорони тоҷик ба мушоҳида мерасад. Масалан дар торнамои “Ховар”, хабаргузории расмии Тоҷикистон, ки монанди соири ниҳодҳои давлатӣ ба номҳо ва истилоҳоти дурушту ноҳамвори роиҷ дар замони Шӯравӣ пойбанд аст, вожаи “шоҳмот” корбурди фаровоне дорад.

Ин расонаи давлатӣ дар чанд матлаби марбут ба мусобиқоти шатранҷ дар шаҳри Душанбе, ки ҳудуди як моҳ пеш баргузор шуд, ҳамаҷо аз вожаҳои “шоҳмот” ва “шоҳмотбозӣ” кор гирифтааст.

Ин хабаргузорӣ аз ҷумла дар матлабе менивисад: “Дар доираи баргузории бозиҳои марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот байни мардон ва духтарон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ идома дорад, ки он 26 май оғоз шуд.

Баъди анҷоми бозиҳои даври чоруми рақобатҳои байналмилалии шоҳмот дар шаҳри Душанбе шоҳмотбозони тоҷик бозиҳои хешро анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар доданд.”

Ҳамонгуна, ки аз ин матлаб бармеояд, номи расмии анҷумани шатранҷбозони Тоҷикистон ҳам “Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон” аст. Ин ном мисли номҳои бисёре аз ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон, ки ағлаб бо истифода аз калимот ва таркибҳои ғализи русӣ сохта шудаанд, гӯши ҳар порсизабонеро ба дард меоварад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҳаммеҳанони мо иддиъо мекунанд, ки забону баёни мо тоҷикон поку муназзаҳ ва зеботару шевотар аз забону баёни ҳамзабонони бурунмарзиямон аст – иддиъое, ки бар ҳеч пояе устувор нест!

Ҳарос аз шоҳ

Бо ин ҳол, мебинем, ки хабаргузории “Ховар” аҳёнан аз вожаи “шатранҷ” ҳам ба ҷои “шоҳмот” кор гирифта ва ин маворид бештар ба даврае байни солҳои 2016 то 2020 бармегардад.

Дар он даврон матолибе дар торнамои ин хабаргузорӣ мунташир шуда, ки дар онҳо корбурди ҳарду вожаро дар канори ҳам метавон мушоҳида кард, бавижа дар унвонҳои бархе аз матолиб: “Дар Душанбе мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни шатранҷбозони дорои имконияти маҳдуд баргузор шуд.” “Пешсафии шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Тошканд.”

Ба назар мерасад нивисандагони ин матолиб ин ду номро мутародифи ҳам пиндоштаанд. Аз қазо чунин пиндоре дар миёни ҷамъе аз аҳолии фарҳангу адаби Тоҷикистон ҳам роиҷ аст. Масалан, дар матлабе аз устод Абдунабии Сатторзода омада:

Агар дар ибтидо [дар Эрон - ИО] кӯшише мерафт, ки аз «Шоҳнома» ва худованди он номе набаранд, ба иллате, ки нафрати беандоза ба шоҳ ва замони шоҳ ва ифтихороти адабию таърихии он доштанд ва ба ҳамин сабаб «шоҳроҳ»-ро ба «бузургроҳ» табдил доданду ба ҷои «шоҳмот» истифодаи «шатранҷ»-ро афзал медонистанд...”

Яъне аз бас масъулони низоми исломии Эрон аз вожаи “шоҳ” хушашон намеояд, пас ба ҷои “шоҳмот” (ки гӯё номи дурусти ин бозӣ аст) аз вожаи “шатранҷ” кор мегиранд! На, ин ривоят дуруст нест, агарчи оре, охундҳо аз марази “шоҳҳаросӣ” ранҷ мебаранд. Албатта, дар фарҳангҳо омада, ки “шатранҷ” муъарраби (арабишудаи) вожаи “чатранг” аст, ки вомвожае ҳиндӣ дар забони порсӣ ба шумор меояд, вале ба ҳеч ваҷҳ номи ин бозӣ “шоҳмот” нест.

Ба воруни ин, баъид нест, ки навъе ҳассосияти роиҷ нисбат ба ҳарчи ки “арабӣ” ё “эронӣ” хонда мешавад, мӯҷиби парҳез аз корбурди номи дурусти ин бозӣ дар Тоҷикистон шуда бошад. Ҳар ойина, корбурди “шоҳмот” ба ҷои “шатранҷ” ба унвони номи ин бозӣ дар Варорӯд ривоҷи густардае дорад.

Ҷустуҷӯи вожаи “шоҳмот” ба хати сириллики тоҷикӣ дар Гугл ҳикоят аз 227 ҳазор мавриди корбурди он дар фазои маҷозӣ дорад, дар ҳоле ки вожаи “шатранҷ” андаке бештар аз 20 ҳазор маврид дар мутуни “тоҷикӣ” ба кор рафтааст. Ин бад-он маъност, ки сирилликнивисон (ағлаб дар Тоҷикистон) вожаи “шоҳмот”-ро тақрибан даҳ баробар бештар аз номи дурусти ин бозӣ, яъне “шатранҷ”, ба кор мебаранд. Ба хатти порсӣ вожаи “шатранҷ” дар беш аз 22 милюн маврид ба кор рафта, дар ҳоле ки корбурди вожаи “шоҳмот” аз 8400 маврид фаротар намеравад.

Бебандуборӣ

Нигоҳе гузаро ба сафаҳоти бархати бархе аз расонаҳои озод, монанди “Фараж” ва “Пресса.тҷ” ва торнамои родиюи “Озодӣ” низ ҳокӣ аз корбурди фаровони “шоҳмот” ба ҷои шатранҷ аст. Албатта, дар мавориде андак аз вожаи “шатранҷ” ҳам кор гирифтаанд, ки нишон медиҳад меъёри мушаххасе дар корбурди номҳо ва истилоҳоти вижа дар ин расонаҳо вуҷуд надорад.

Бадеҳист, ки расона дар танзими афкори умумӣ ва шаклгирии забони меъёр нақши барҷастае дорад. Ва корбурди як вожа ё истилоҳи ғалат гоҳ боис мешавад, ки он истилоҳ аз тариқи расона ба суръати бод бар забонҳо биюфтад ва фардои он рӯз мумкин аст хурду калон аз он кор бигиранд. Ривоҷи ғалатнивисӣ мӯҷиби бебандуборӣ дар забон мегардад ва ба сатҳи тафоҳум дар ҷомеъа осеб мезанад.

Аз маъхазҳои бисёр муҳим барои омӯзиши луғат ва корбурди дурусти мафоҳим ва истилоҳот фарҳангномаҳост. Ва дар забони порсӣ фарҳангномаҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки тақрибан дар ҳамаи онҳо “шатранҷ” ба унвони номи дурусти ин бозӣ ба сабт расидааст. “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, иборат аз ду ҷилд, ки соли 1969 дар Маскав чоп шуда ва ҳануз ҳам аз муътабартарин манобеъи луғатшиносӣ дар Тоҷикистон ба шумор меояд, номи ин бозиро бо овардани мисолҳое аз адабиёти куҳани форсӣ ба ду гунаи “шатранг” ва “шатранҷ” зикр кардааст (саҳ. 572).

Вале дар ин китоб ҳеч мадхал ё дарояе мустақил бо номи “шоҳмот” вуҷуд надорад! Муаллифон фақат дар шарҳи маънои шатранг нивиштаанд “шаҳмот”, дар шарҳи феъли “шатранҷ бохтан” овардаанд “шатранҷбозӣ кардан, шоҳмотбозӣ кардан”, ва дар шарҳи “шатранҷбоз” аз вожаи “шоҳмотбоз” кор гирифтаанд. Ба ин тартиб, пайдост, ки муаллифон аз вожаи “шоҳмот” фақат барои тафсири номи дурусти бозӣ, яъне “шатранҷ/шатранг”, истифода кардаанд.

Мот шудани шоҳ

Ба воруни ин китоб, ки маъноҳои ҳудуди 45 ҳазор вожа ва таркибро шарҳ дода, дар Луғатномаи Деҳхудо дарояҳое барои ҳарду вожа вуҷуд дорад. Ин фарҳанг дар шарҳи вожаҳо ба чанде аз луғатномаҳои куҳани порсӣ, монанди “Луғати фурс”-и Асадии Тусӣ, “Бурҳони қотеъ”, “Ғиёс-ул-луғот”, “Фарҳанги Онандроҷ” ва ғайра ҳам истинод мекунад ва барои тафсири ҳар вожа ё таркибе намунаҳои фаровоне аз назму насри порсӣ ироа медиҳад. Ба сурати бархат (онлойнӣ) дар торнамои “Вожаёб” (https://vajehyab.com/) низ дар дастраси умум қарор дорад.

Дар ин луғатнома вожаи “шоҳмот” (ки дар хати форсӣ ду ҷузъи он аз ҳам ҷудо нивишта шуда: شاه مات) чунин тафсир шудааст:

Шоҳмот (исми мураккаб): Шаҳмот. Моте дар бозии шатранҷ. (Нозим-ул-атиббо). Эъломи мот шудани шоҳ. Ҳангоме ки шоҳи шатранҷро мот кунанд, гӯянд: “Шоҳ мот”, яъне шоҳ мот шуда:
Шатранҷи мулк бохт малик бо ҳазор шоҳ,
Ҳар шоҳро ба лаъби дигар шоҳмот кард (Асҷадӣ).

Дар ин фарҳанг дарояе ба шакли “шаҳмот” ҳам вуҷуд дорад, ки гунаи дигаре аз ҳамон шоҳмот аст ва Деҳхудо дар шарҳи он нивиштааст: “Дар истилоҳи бозии шатранҷ намояндаи ҳолати мағлубшудагӣ. Шаҳмот калимаест, ки дар бозии шатранҷ гӯянд, яъне шоҳ кишт шуд ва шоҳ мот шуд (аз Нозимуматиббо).

Мисолҳое ҳам, ки дар шарҳи ин вожа оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки “шаҳмот” бештар ба ҳолати мот шудани шоҳ дар ин бозӣ гуфта мешуда ва феълҳои “шаҳмот кардан” ё “шаҳмот шудан” ҳам дар адабиёти куҳани мо ба маънои “мот шудан ё мот кардани шоҳ дар бозии шатранҷ” ривоҷ доштааст, чунончи Носири Хусрав гуфта:

Ҷаҳон рахтат ҳамебурду ҳаме шаҳмот хоҳӣ шуд,
Агар на мудбирӣ, пас бо ҷаҳон шатранҷ чун бозӣ?

Гусаста аз гузашта

Аммо барои вожаи “шатранҷ” дар “Луғатнома” дарояҳои мухталифе бо нивишту талаффузҳои мухталиф, монанди шатранг (شترنگ), сатранг (سترنگ), шатранҷ (شترنج), шитранҷ/шатранҷ (شطرنج), сатранҷ (سطرنج), иштаранҷ (اشترنج) ва “истаранҷ” (استرنج) ва “истаранг” (استرنگ) оварда шудаанд.

 Дар ин китоб дар мавриди “шитранҷ” ё “шатранҷ” (شطرنج) омада: “Маъхуз аз шатранги форсӣ (аст), ки бозии маъруф аст. Гӯянд дар замони Анӯшервон ин бозиро аз Ҳинд ба Эрон оварданд ва Бузургмеҳр дар муқобили он бозии нардро ихтироъ намуда, ба Ҳинд фиристод. (Нозимулатиббо).”

Луғатномаи Деҳхудо аз номи дигаре барои ин бозӣ ҳам ёд мекунад: “Бозиест маъруф ва ба форсӣ “ованд” хонанд ва син луғатест дар он ва он маъхуз аст аз шатора ё аз тастир. (Мунтаҳиюлираб)... Ҷои дигар мегӯяд: “Лидиён аз ҳайси ҳушу зако ва ибтикор дар мартабаи ъолӣ буданд ва бозии шатранҷро пеш аз ҳиндиҳо шинохтанд ва иддиъои ҳиндиён дар ихтироъи шатранҷ орӣ аз ҳақиқат аст. (Аз Нуқудалъарабия, с 87).

Дар канори асолати ҳиндии вожаи “шатранҷ” дар ин китоб зикри фарзияҳои дигаре ҳам дар бораи хостгоҳи ин бозӣ ва номи он ва маъноҳои мунтасаб ба он ҳам рафта, ки аз маҷоли ин баҳс берун аст. Ин луғатнома ҳамчунин аз анвоъи мухталифи бозии шатранҷ, монанди шатранҷи чаҳор дар шонздаҳ, шатранҷи доира, шатранҷи завоталҳусун, шатранҷи мураққаъ, шатранҷи кабир, ёд кардааст.

Дарниҳодани шатранҷ

Ҷустуҷӯ дар маҷмӯъаи шигарфе аз осори адаби порсӣ, ки дар торнамои “Ганҷур” ба шакли бархат (онлойнӣ) гирдоварӣ шудаанд, нишон медиҳад, ки вожаи “шоҳмот” (شاهمات) фақат дар ҳафт маврид, он ҳам ба маънои ҳолати мот шудани шоҳ, ва НА номи бозӣ, ба кор рафтааст.

Ин ном ба шакли “шаҳмот” (شهمات) ба ҳамин маъно корбурди фаровонтаре дорад ва дар 52 маврид истеъмол шуда. Ду ҷузъи ин вожа дар хати порсӣ гоҳ ҷудо нивишта мешаванд. Нивишти “шаҳ мот” (شه مات) дар осори гузашта дар 20 маврид ва нивишти “шоҳ мот” (شاه مات) дар 15 маврид ба кор рафтааст.


Дар баробари инҳо, вожаи “шатранҷ” (شطرنج) дар торнамои “Ганҷур” дар ҳудуди 450 маврид ба маънои номи бозии маъруф ба кор рафтааст. Аз ҷумла, Мавлоно ин номро дар 32 маврид ба кор бурда ва дар “Шоҳнома” 23 маврид аз корбурди он ба мушоҳида мерасад.

Аз миёни шоироне, ки хостгоҳашон Варорӯд аст, Сайфи Фарғонӣ 12 бор, Камоли Хуҷандӣ ва Сӯзании Самарқандӣ ҳар кудом ҳафтборӣ, Маҳастии Хуҷандӣ чаҳор бор, Саййидои Насафӣ се бор, Туғрали Аҳрорӣ ду бор, Адиб Собири Тирмизӣ ва Низомии Арӯзии Самарқандӣ якборӣ аз номи “шатранҷ” кор гирифтаанд.

Ба ҷуз ду маврид аз Асири Ахсикатӣ ва Адиб Собири Тирмизӣ, ҳеч як аз шуъарои Варорӯд аз номҳои “шоҳмот” ё “шаҳмот” истифода накардаанд.

Достонҳои “Дарниҳодани шатранҷ” ва “Талханду Гав” дар “Шоҳнома” ба пайдоиши бозии шатранҷ дар замони Хусрави Анушервон ва овардани он аз Ҳинд мепардозанд. Вале аҷиб ин ки “Шоҳнома” пеш аз ин ҳам аз вуҷуди бозии шатранҷ дар миёни эрониён дар даврони Баҳроми Гӯр ёд мекунад:

Чу биншаст Баҳром, Лунбак давид,
Яке шуҳра шатранҷ пеш оварид.

Дар “Корномаи Ардашери Бобакон” ба забони порсии миёна ҳам омада, ки Ардашер дар ҷавонӣ дар канори ҳунарҳое чун асбсаворӣ ва тирандозӣ ва чавгон, бозиҳои шатранҷу нардро ҳам бахубӣ ёд гирифтааст. Ҳар ойина, ин ду бозӣ зоидаи андешаи эронӣ буда ва бо фарҳангу торих, ҳувият ва забону адаби мо муҳкам гиреҳ хӯрдаанд. Пас корбурди дурусти номҳо ва истилоҳоти марбут ба онҳо амре воҷиб аст.

Мухтасари ин мақола дар Торнамои Родию Озодӣ мунташир шудааст.

Thursday, April 13, 2023

Забони Мулдовӣ ‘румониёӣ’ шуд, забони мо кай ‘форсӣ’ мешавад?

Исфандиёри Одина,
Рӯзноманигори озод

Дар наврӯзи имсол маҷлис ва давлати Мулдовӣ бо тасвиби қонуне номи забони миллии худро расман “румониёӣ” номиданд. Қаблан забони онҳо, ки ҳеч тафовуте бо румониёӣ надорад, “мулдовиёӣ” хонда мешуд. Яъне як забон ду ном дошт!

Мулдовӣ ҷузъе аз имперотурии Шӯравӣ буд ва русҳо номи ҷудогонаеро барои забони онҳо таҳмил карда буданд, дуруст ҳамонгуна ки дар Варорӯд номи забони форсиро “тоҷикӣ” карданд. Акнун ин мероси истеъмори Русия дар Мулдовӣ ба гӯдоли торих рафт, аммо Тоҷикистон ба назар мерасад ҳамчунон ба номи таҳмилшуда бар забонаш вафодор аст.

Сухани Моё Сонду, раиси ҷумҳурии Мулдовӣ, ки рӯзи 22 март фармоне дар ин бора содир кард, ҷолиб аст: “Ман мехоҳам, ки забони румониёӣ ҳамаи моро, ки дар инҷо зиндагӣ мекунем ва ин сарзаминро дӯст дорем, муттаҳид кунад. Мо ҳамроҳи беш аз 27 милюн нафар дар саросари ҷаҳон ба румониёӣ – яке аз забонҳои Иттиҳодияи Урупо, сухан мегӯем.”

‘Миллати муттаҳид’

Вай афзуд: “Касоне, ки даҳсолаҳо ба мо мегуфтанд, ки мо ба забони мулдовиёӣ ва на румониёӣ такаллум мекунем, фақат ба дунболи ин буданд, ки моро аз ҳам ҷудо кунанд. Шумо вақте миллатеро таҷзия мекунед, баосонӣ метавонед онро зери сайтараи худ нигоҳ доред ва бар он ҳукумат кунед. Миллати азҳампошида нерӯи воҳид ва муттаҳиде нест, ки аз худ дифоъ кунад. Касоне, ки моро аз ҳам ҷудо карданд, ба фикри забоншиносӣ набуданд, ҳадафашон ин буд, ки Мулдовиро дар як кашмакаш дар қабзаи худ нигаҳ доранд.”

Ба гузориши торнамои русии Бибисӣ, ин сухани хонум Сонду, ки дар сафҳаи фейсбукияш мунташир шуд, дар як шабонарӯз беш аз 12 ҳазор бор писанд хӯрд ва 1,5 ҳазор назар зери он нивишта шуд. Аксари корбарон мардуми Мулдовиро ба ин муносибат табрик кардаанд.

Мардуми Мулдовӣ ин иқдомро чун як амри сода пазируфтаанд, ба истиснои гурӯҳе аз кумунистон ва тарафдорони парупоқурси Русия. Кремлин аз ин тасмим интиқод карда, вале мулдовиёиҳо мегӯянд, ин аз умури дохилии кишварашон аст ва рабте ба Русия надорад.

Бисёре бар ин назаранд, ки таҷовузи Русия ба Укройн мақомҳои мулдовиёиро ба ин иқдом водошта, чун онҳо аз ноҳияи Русия таҳдидҳоеро эҳсос мекунанд. Ҳарчанд “румониёӣ” хондани забони ин кишвар аз даҳаи 90, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, оғоз шуда ва дар мадориси Мулдовӣ то кунун забони миллияшон бо номи “румониёӣ” тадрис мешуд. Бо иқдоми тозаи худ, давлати Мулдовӣ фақат ба як воқеъияти мавҷуд дар ҷомеъа расмият бахшидааст.

‘Хатти ниёкон’

Корзори мардумии мушобеҳе дар Тоҷикистон ҳам дар замони бозсозии Гурбочуф шурӯъ шуда буд, ки ба тасвиби нахустин қонуни забон дар соли 1989 анҷомид. Дар матни он қонун номи забони расмии кишвар “тоҷикӣ (форсӣ)” хонда шуда буд. Мардум ҳам бо шавқу шӯр ба омӯзиши хатти форсӣ пардохтанд ва қарор буд, Тоҷикистон дар муддати панҷ сол хатти порсиро расмӣ кунад. Нашрияҳо сафаҳоте барои омӯзиши “хатти ниёкон” доштанд ва дарсҳои омӯзиши ин хат аз телевизиюн ҳам пахш мешуд. Дар китобфурӯшиҳо кутуби форсӣ фаровон буд. Бархе нашрияҳо ҳам сафаҳотеро ба хати порсӣ мунташир мекарданд.

Ёдам ҳаст, ки дар соли 1992, замоне ки ба унвони донишҷӯ вориди Душанбе шудам, ҳамаҷо болои дари рестуронҳову мағозаҳо, идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ нивиштаҳоеро ба хати порсӣ мешуд дид. Шиъору овезаҳое ҳам ба хатти порсӣ кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро зеб медоданд. Вале пас аз оғози ҷанги дохилӣ ва вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи зери ҳимояти Русия, мавсум ба Ҷабҳаи Халқ (Фронти Халқӣ) ба Душанбе, тамомии ин нивиштаҳо аз кӯчаву хиёбонҳо барчида шуд – иқдоме, ки хилофи арзишҳои истиқлоли Тоҷикистон буд!

Фароянди худогоҳӣ ва бозгашт ба асли худ, ки дар замони Гурбочуф шурӯъ шуд ва қарор буд ба самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва дастрасӣ ба мероси фарҳангию адабии гузашта пеш биравад, ба дасти иддае аз ҳаммеҳанони ноогоҳ мутаваққиф ва маъкус шуд.

Ҳазфи ‘форсӣ’ аз матни қонун

Дар соли 1994 зимни тасвиби матни қонуни асосии ҷадид, бар хилофи дархостҳои фарҳангиён номи “форсӣ” аз матни қонун ҳазф шуд. Устоди равоншод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар китоби “Хуросон аст инҷо” шарҳи муфассали ин рӯйдодро баён кардааст:

Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ

“20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Намояндаи халқ Шуҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни асосӣ калимаи «форсӣ» фурӯгузор шавад.
Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ, забони мо забони тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам, мо аз миллат ва забони худ бояд фахр кунем.

Устод Шакурӣ меафзояд: «Вай ва баъзе касони дигар гумон доштаанд, ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад. Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳони» вай ба намояндагони халқ маъқул уфтод. Порлумони Тоҷикистон он рўз тасмим гирифт, ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад.”

Ба ин тартиб, порлумони Тоҷикистон, ки дар он замон аз аносири нохудогоҳ ва ҳатто мухолифи истиқлол пур буд, аз бурдани номи дурусту ростини забони тоҷикон, ки тамомии бузургони адаби мо дар гузашта ба кор бурдаанд, ор дошт, вале ба гардан ниҳодан ба амри Кремлин ифтихор мекард. Ҳарчанд фарзонагоне чун Акбари Турсон ва дигарон аз паёмадҳои зиёнбори ин тасмим ҳушдор дода буданд.

‘Хиёнате нобахшиданӣ’

Устод Турсон дар мақолае дар нашрияи “Тоҷикистон” нивишта буд: “Агар мо, тоҷикон, ин ҳама далелу бурҳони қотеъонаи торихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва амалиро худношиносона сарфи назар намуда, аз истифодаи расмии истилоҳи "форсӣ" худамон даст кашем, он гоҳ ин хиёнати маънавие мебуд нобахшиданӣ! Охир, дар ин сурат мо ба дасти худамон кореро ба интиҳои мантиқияш хоҳем росонд, ки ҳадафи сиёсати истеъмории ҳукуматдорони шӯравӣ буду дар давоми беш аз 70 сол амалӣ карда натавонистанд!

Ба рағми чунин ҳушдорҳое, давлати Эмомалии Раҳмон дар масире мухолиф бо ормонҳои миллии тоҷикон гом бардошт. Акнун, ки се даҳа аз он рӯзгор мегузарад, вазъияти забони миллӣ дар Тоҷикистон бадтар ва бадтар шудааст. Дарсҳои “алифбои ниёкон”, ки дар оғози даҳаи 1990 дар мадорис тадрис мешуд, батадриҷ коҳиш дода шуд ва дар бисёре аз мадорис дигар тақрибан тадрис намешавад. Бавижа дар солҳои ахир давлат будҷеи бештаре барои омӯзиши забони русӣ ихтисос дода ва ҳатто дар чорчӯби тавофуқоти дуҷониба аз Русия теъдоде муъаллим овардааст.

Танҳо кори чашмгире, ки оқои Раҳмон дар ин даврон дар ростои ҳимоят аз забони форсӣ анҷом дод, табдили номи бархе аз рустоҳову шаҳрҳо ва шаҳристонҳо аст, ки он ҳам гоҳ бо иштибоҳоте ҳамроҳ аст. Кори дигараш ҳазфи пасванди русии “ов” аз номи хонаводагиии худаш дар соли 2007 буд, ки мебоист ин корро хеле пештар анҷом диҳад. Ба ҳар рӯй, ин корҳоро наметавон хеле арзишманд ва ҷиддӣ пиндошт.

Хулфи ваъда?

Дар солҳои ахир мақомҳои Тоҷикистон ҳамора гуфтаанд, давлат бар он нест, ки хати порсиро дар кишвар расмӣ кунад. Ба назар намерасад худи оқои Раҳмон хати порсӣ балад бошад, ҳарчанд дар китобҳои бисёраш ба маъхазҳои порсӣ ҳам истинод мекунад. Дар яке аз сафарҳояш ба водии Шумон (Ҳисор), аҳли як хонавода дастхатте аз осори Абдураҳмони Ҷомиро ба ӯ тақдим карданд. Вале оқои Раҳмон ин китобро варақ назад, дар ҳоле ки метавонист порае аз ашъори Ҷомиро назди дурбин қироат кунад.

Монеъи умда дар роҳи эҳёи хат ва забони форсӣ дар Тоҷикистон ҳамин аст. Мисли раисҷумҳур теъдоди зиёде аз мақомҳои давлатӣ хати порсӣ балад нестанд, дар натиҷа арзиши ин хат ва корбурди номи ростини забонро дарнамеёбанд. Замоне устод Шакурӣ гуфта буд, оқои Раҳмон ваъда кард, ки фароянди гузор ба хатти порсиро оғоз хоҳад кард, аммо ба назар намерасад, ки раисҷумҳур ба ин қавлаш вафодор бошад.

Аз замони рӯи кор омаданаш дар авохири соли 1992, оқои Раҳмон талошҳои зиёде бе харҷ дода, то забони русиро бо ин ҳама печидагӣ ба наҳви беҳтаре ёд бигирад, вале барои омӯзиши хатти порсӣ ҳиммат ва ғайрати кофӣ аз худ нишон надодааст.

“Кутадғу билиг”

Сиёсатҳои бузургманишонаи ӯ бисёре аз фарҳангиёни тоҷикро ба маддоҳони “пешвои миллат” табдил додааст. Бархе барои тавҷеҳи мавзеъгирии ӯ дар мавриди забон гоҳ ба истидлолҳои ботил мутавассил мешаванд. Чунончи Низоми Қосим, раиси Иттиҳодияи Нивисандагон, барои исботи пешинаи корбурди номи “забони тоҷикӣ” даст ба домани Юсуфи Балосоғунӣ, шоъири туркигӯи даврони Илакхониён, шуда буд.

Вай чаҳор сол пеш дар мақолае бо ишора ба абёте аз китоби “Кутадғу билиг” аз ин шоъири туркигӯ, нивишта буд: “Манзури ин навиштаи мо «тоҷик»-у «забони тоҷикӣ» буд ва, инак, муддаъиёни «сохтаи замони шӯравӣ» будани ин мафҳумҳои муқаддас ва он тоҷиконе, ки дар доираи аниқи таълимоти пантуркистону панэронистон худро «форс» ва забони худро «форсӣ» медонанд, инро ҳам бидонанд, ки дар саросари ин асари туркии асри 11 калимаи «тоҷик» («тоҷикӣ»), то ҷое, ки чашми заифи мо дид, панҷ бор (байтҳои 73, 280, 383, 3265) такрор шуда ва ҳамеша бо эҳтирому мафтунию муҳаббати тамом! Ва боре ҳам калимаи «форс» ё «форсӣ» наомадааст!”

Ба ин васила оқои Қосим мехоҳад собит кунад, ки номи “забони тоҷикӣ” истилоҳе бегонаовард нест, русҳо онро наовардаанд, аз қадим вуҷуд доштааст! Вале магар Юсуфи Балосоғунӣ тоҷик аст? Ӯ, ки турк буд! Оқо, шумо боз ҳам собит кардед, ки ин ном бегонаовард аст. Шигифт ин ки раиси Иттиҳодияи Нивисандагон аз нивиштаҳои касоне чун Балъамии тоҷик, вазири дарбори Сомониён, ғафлат варзида.

‘Порсии дарӣ’

Дар муқаддимаи китоби Торихи Балъамӣ мехонем: "Ва бидон, ки ин торихномаи бузург аст, ки гирд овард Абӣ Ҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Язид ал-Табарии раҳматуллоҳ, ки малики Хуросон Абӯ Солеҳи Мансур ибни Нӯҳ фармон дод дастури хешро Абуъалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад ибн ал-Балъамӣ, ки ин торихномаро, ки они писари Ҷарир аст, ПОРСӢ гардон, ҳарчи некӯтар, чунон ки андар вай нуқсоне набошад...”

Ва Фирдавсии бузургвори худамон ҳам дар бораи тарҷумаи китоби “Калила ва Димна” аз тозӣ ба порсӣ ва ба шеър даровардани он тавассути Рӯдакӣ менивисад:

Калила ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,
Бад-ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.
Ба тозӣ ҳаме буд то гоҳи Наср,
Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср.
Гаронмоя Булфазл дастури ӯ,
Ки андар сухан буд ганҷури ӯ.
Бифармуд то ПОРСИИ ДАРӢ
Бигуфтанду кӯтоҳ шуд доварӣ.
В-аз он пас чу пайваста рой омадаш,
Ба дониш хирад раҳнамой омадаш.
Ҳаме хост то ошкору ниҳон
Аз ӯ ёдгоре бувад дар ҷаҳон.
Гузорандаро пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд...

‘Исмоъили сонӣ’?

Давлати Тоҷикистон барои таъйиди машрӯъияти худ дар баробари иддиъоҳои понтуркистон мабнӣ бар ин ки тоҷикон давлат надоштанд, ба суннатҳои давлатдории амирони Сомонӣ такя мекунад. Пайкарае аз Исмоъили Сомонӣ ҳам дар соли 1999 дар маркази Душанбе насб шуд. Бархе аз маддоҳони раисҷумҳур аз Эмомъалии Раҳмон ба ъунвони “Исмоъили Сонӣ” ном мебаранд. Ба қавли онҳо, ӯ буд, ки пас аз ҳазор сол низоми давлатдории тоҷиконро ҳифз ва миллатро муттаҳид кард! Вале касе ба номи расмии забони мо дар даврони Сомониён эътиное надорад.

Ба нивиштаи Абулқосими Самарқандӣ, муаллифи китоби “Ас-савод-ал-аъзам”, худи Амир Исмоъили Сомонӣ (ки муҷассамааш дар маркази Душанбе қад барафрохта), дастури тарҷумаи китобҳоеро ба ПОРСӢ дод. Вай аз ҷумла дар бораи китобе “бифармуд, ки ин китобро ба ПОРСӢ гардонед, то  чунонки хосро бувад, омро низ бувад.”

Ҳамонгуна, ки мебинед, Исмоъили Сомонӣ забони худро басароҳат “порсӣ” номида, аммо касоне, ки иддиъои меросбарӣ аз ӯро доранд, аз номе, ки ӯ ба кор бурда ор мекунанд ва онро мояи ифтихор намедонанд. Ин таноқуз аз куҷо сарчашма мегирад? Ин тарзи тафаккур, бидуни шак, мероси даврони истеъмори Русия аст ва ба назар мерасад, ки ҳамчунон бар зеҳнияти табақаи ҳоким дар Тоҷикистон чира аст.

Порсии сода

То пеш аз ишғоли Бухоро аз сӯи Русия ва ҳатто муддате баъд аз он ҳам забони мо дар осори удабо “порсӣ/форсӣ” номида мешуд. Рӯзномаи “Бухорои шариф” дар соли 1912 дар шумораи дувуми худ менивисад: Нашриёти мо иборат аз масоили мухталифа ва маълумоти мутафарриқа хоҳад буд... Лиҳозо рӯзномаи мо аввалан ҳарчи мумкин бошад, ба забони ПОРСИИ сода навишта мешавад.

Устод Садруддини Айнӣ, нивисандаи маъруф ҳам, ки худи раисҷумҳур ба ӯ унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” додааст, дар китоби худ “Намунаи адабиёти тоҷик” аз номи “форсӣ” фаровон кор гирифтааст. Чунончи вай дар бораи осори Фитрат мегӯяд: Фитрат насри ФОРСИРО ҳам бағоят салису сода менигорад. Осори мансураи Фитрат якум намунаҳои адабиёти ҷадида аст дар забони ФОРСӢ ба хоки Мовароуннаҳр.”

Мояи таассуф аст, ки бархе аз маддоҳони раисҷумҳур имрӯз ҳатто саъй мекунанд дар осори гузашта ҳам дастбурд зананд ва ҳар ҷое номи “форсӣ” ҳаст, ҷои он “тоҷикӣ” бигзоранд. Мавориде аз ин дастро дар нашриёти солҳои ахир метавон мушоҳида кард. Ин дигар камоли нохалафист, ки намунаашро дар замони Шӯравӣ ҳам надоштем.

Ҳамонгуна, ки дар Мулдовӣ дар сояи сиёсатҳои Шӯравӣ номи забони он мардум “мулдовиёӣ” хонда шуд, дар Варорӯд низ ба дастури Кремлин номи забони тоҷикон аз “форсӣ” ба “тоҷикӣ” табдил шуд. Ҳадаф ин буд, ки моро аз ҳамзабонони бурунмарзӣ ҷудо созанд.

Раисҷумҳурии Мулдовӣ дуруст мефармояд, ки “миллати азҳампошида нерӯи воҳид ва муттаҳиде нест, то битавонад аз худ дифоъ кунад... Шумо вақте миллатеро таҷзия мекунед, метавонед ӯро зери сайтараи худ осон нигоҳ доред.”

Матни кӯтоҳтари ин мақола дар торнамои Озодӣ ҳам мунташир шудааст.