Ҳунарпешаҳои теотри Лоҳутӣ дар назди фартури Лоҳутӣ |
Исфандиёри Одина:
Абулқосими Илҳомии Лоҳутӣ аз шуъарои маъруф ва аз пешоҳангони ҷунбиши Машрута дар Эрон буд, ки дар соли 1921-и милодӣ раҳбарии шӯрише ба номи “Шӯриши Лоҳутихон”-ро дар шимоли Эрон ба ъуҳда дошт ва пас аз шикасти ин шӯриш ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ бурд.
Дар ин ҳангом буд, ки ӯ фаҳмид дар қисмате аз Шӯравӣ мардумоне ба номи “тоҷик” зиндагӣ мекунанд ва дар ҳамон солҳо буд, ки Ҷумҳурии худмухтори шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон таъсис шуд. Лоҳутӣ, он гуна, ки худаш мегӯяд, “аз портиё (ҳизби кумунист)” хостааст, ки ӯро ба Тоҷикистон фиристад.
Солҳо дар Тоҷикистон буд ва дубора ба Маскав рафт, вале дар Маскав ҳам дар Иттиҳодияи нивисандагони Шӯравӣ аз Тоҷикистон намояндагӣ мекард. Вай дар соли 1957 дар Маскав даргузашт ва ҷанозааш онҷо ба хок супурда шуд.
Шеъри “Қасри тамаддун”-ро Лоҳутӣ дар авоили вурудаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз ошноияш бо Тоҷикистон ва эҳтимолан дар аввалин сафараш ба Самарқанд ё Бухоро ё Душанбе нивиштааст ва дар ин шеър ъишқе, ки Лоҳутии бузургвор ба ХАТТИ ПОРСӢ дорад, бармалост!
Вай хатти порсиро, ки имрӯз бархе бо он сари ситез доранд, “хатти тоҷикон” ва далеле мутқан барои исботи фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар Варорӯд медонад. Яъне аз назари ӯ ҳамин хатти порсӣ аст, ки моликияти тоҷикон бар сарзамини Варорӯд ё шаҳрҳое монанди Самарқанду Бухоро ва Хоразму Чочу Фарғонаро собит мекунад.
Ин шеъри Лоҳутӣ ба сабки бисёр ҷадид ва навоварона нивишта шуда ва ҳамзамон мамлӯ аз орояҳои шеърии адаби порсӣ (бар хилофи шеъри хушку берӯҳи Шӯравӣ, ки баъдҳо ривоҷ ёфт!) аст, ки таъсири онро дар бисёре аз ашъори шуъарои сабки нави Эрон, аз ҷумла Нодири Нодирпур, метавон дид.
Ин нахустин шеър аз маҷмӯъаи “Шуъла ва Шамшер” аст, ки интишороти “Ъирфон” дар Душанбе дар соли 1974 бо пешгуфторе аз Муъмини Қаноъат, шоъири пуровозаи Тоҷикистон, мунташир карда ва зери он “Душанбе, с. 1924” зикр шудааст. Яъне ин шеър дар соли 1924, дар соли таъсиси Ҷумҳурии худмухтори шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон, суруда шудааст, ҳарчанд бисёре аз манобеъ замони вуруди ӯ ба Душанберо соли 1925 зикр кардаанд.
Қасри тамаддун
Девори рахнадореву тоқе шикофта,
Пӯшида шифти он ҳама аз тори ъанкабут.
Ҳар гуна мӯру мор дар он роҳ ёфта,
Саҳнаш пур аз маҳобату торикию сукут.
Пӯшида шифти он ҳама аз тори ъанкабут.
Ҳар гуна мӯру мор дар он роҳ ёфта,
Саҳнаш пур аз маҳобату торикию сукут.
Бурҷе қадиму куҳнаву пӯсидаву буланд,
Аркони он шикаставу аз ҳам гусехта,
Ҳар гӯша қитъа-қитъа сутунҳои арҷманд,
Аз ҷои худ баромада, бар хок рехта.
Аркони он шикаставу аз ҳам гусехта,
Ҳар гӯша қитъа-қитъа сутунҳои арҷманд,
Аз ҷои худ баромада, бар хок рехта.
Дар сарсутуну сардару айвону сақфи он
Бо хатти зар нивишта ҳазорон катибаҳо,
Аммо сиёҳ гаштаву яксар шуда ниҳон
Дар зери дуд он ҳама осори пурбаҳо.
Ҳо! Як китоби куҳна!…
Бихонем, аз ин китоб,
Шояд шавад падид, ки ин хона мулки кист.
Пӯсидааст….
Балки бувад чашми ман ба хоб…
Ин хат… бидуни шубҳа, бале хатти форсист!..
Бо хатти зар нивишта ҳазорон катибаҳо,
Аммо сиёҳ гаштаву яксар шуда ниҳон
Дар зери дуд он ҳама осори пурбаҳо.
Ҳо! Як китоби куҳна!…
Бихонем, аз ин китоб,
Шояд шавад падид, ки ин хона мулки кист.
Пӯсидааст….
Балки бувад чашми ман ба хоб…
Ин хат… бидуни шубҳа, бале хатти форсист!..
Оҳ!…
Ин бино тамаддуни тоҷик будааст,
Он хонае, ки нур фишондӣ ба баҳру бар
В-аз баҳри тоза кардани ин кохи пуршикаст
Набвад ба ғайри роҳи ленинӣ раҳи дигар.
Ин бино тамаддуни тоҷик будааст,
Он хонае, ки нур фишондӣ ба баҳру бар
В-аз баҳри тоза кардани ин кохи пуршикаст
Набвад ба ғайри роҳи ленинӣ раҳи дигар.
Албатта, мақолоте ҳам дар бораи забони порсӣ, бавижа табдили алифбои порсизабонон дар қаламрави Шӯравӣ, ба қалами Абулқосими Лоҳутӣ таъаллуқ дорад. Аз ҷумла ӯ дар мақолае аз пешниҳодҳои Ъабдуррауфи Фитрат дар бораи имлои забони порсӣ ба хатти лотин дар авохири даҳаи бистуми садаи бист дифоъ кардааст.
Дар рубоъии зер ҳам аз қавли занони тоҷик дар бораи забони порсӣ чунин мегӯяд:
Мо гавҳари насли ПОРСИро конем,
Мо коргаҳи тарбияти инсонем.
Ғафлат манамоед зи омӯзиши мо,
Мо модари ояндаи тоҷиконем.
Мо коргаҳи тарбияти инсонем.
Ғафлат манамоед зи омӯзиши мо,
Мо модари ояндаи тоҷиконем.
Абулқосими Лоҳутӣ ҳамроҳ бо устод Ъайнӣ аз саромадони адабиёти навин (бавижа адабиёти шӯравӣ)-и Тоҷикистон ба шумор меояд ва осори ӯ дар кутуби дарсии адабиёт дар мадорис тадрис мешавад. Яке аз бузургтарин теотрҳои шаҳри Душанбе ба номи ӯ мусаммо шудааст. Бисёре хоҳони он шудаанд, ки монанди устод Ъайнӣ ба Лоҳутӣ ҳам ъунвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” эъто шавад, вале мақомоти тоҷик ба ин дархостҳо эътиное накардаанд.
Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, ин Лоҳутӣ будааст, ки ба хотири иртиботи наздик бо Истолин тавонистааст аз табъиди Ъайнӣ ба урдугоҳҳои кори иҷбории истолинӣ дар соли 1937 ва, ҳамин тур, эъдоми ӯ дар солҳо монеъ шудааст.
Албатта, баъд аз поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва ишғоли бахшҳое аз шимоли Эрон аз сӯи давлати Шӯравӣ робитаи Истолин бо Лоҳутӣ тира шуд, чун гуфта мешавад, ки Лоҳутӣ аз қабл бо ҳамлаи Шӯравӣ ба Эрон мухолиф буд ва Истолинро аз паёмадҳои нохушоянди он ҳушдор дода буд.
Манбаъ: Торнамои Порсӣ Анҷуман
No comments:
Post a Comment