Esfandiar Adineh
Гузор ба хатти порсӣ судҳои фаровоне барои мардуми мо дорад:1) Бо ин хат ҳамаи адабиёти ъилмии ҷаҳон мавҷуд аст, бо ёд гирифтани алифбои форсӣ ҷаҳоне бо ин ҳама манобеъ ба рӯи мардуми мо боз мешавад. Мардум ниёз нахоҳанд дошт, ки забонҳои ғайрро ёд бигиранд, то ба ъилми мудерн дастрасӣ ёбанд, ҳамаи ин манобеъи дониш ва ъилми имрӯз ба хатти порсӣ вуҷуд дорад, фақат бояд алифборо ёд гирифт.
2) Садҳо ҳазор китоби торихӣ, адабӣ, ъилмӣ, ҳунарӣ ва ғайра аз гузаштагонамон ба хатти порсӣ мавҷуд аст, вале барои баргардондани онҳо ба пириллик садсолаҳо лозим аст. Бо ёд гирифтани хатти порсӣ ба ин ҳама манобеъ дастрасии осон меёбем.
3) Дастикам сад милюн порсизабони ҷаҳон бо хатти асили порсӣ бо ҳам гуфтугӯ ва муровида мекунанд, аммо ҳамаги ҳашт милюн нафар тофтаи ҷудобофта худро аз онон дур ва дар инзиво нигоҳ медоранд. Гузор ба хатти порсӣ ба маънои муровида ва иртиботи осон бо ин сад милюн порсигӯи ҷаҳон аст. Иртиботу муровида ба пешрафти миллат такони ҷиддӣ медиҳад.
4) Хатти порсӣ бозори бузурге барои мо фароҳам мекунад. Масалан, як нивисандаи тоҷик бо хатти пириллликаш понсад дона китоб чоп мекунад ва касе онро намехарад. Бештар дар мағозаҳои китоб ғубор мегирад ё ба донишҷӯён иҷборан мефурушанд. Аммо агар ӯ ин китобашро ба хатти порст чоп кунад, аз сад милюн нафар дастикам як милюн нафар мумкин аст онро бихаранд. Бибинед, нивисандаи фақири тоҷик аз ин хат чи қадр суди молӣ бармедорад! Ҳамин мавзӯъ дар мавриди нашрияҳо ва маҷаллот ва манобеъи интернетӣ ҳам сидқ мекунад!
Ба ин тартиб, фавоиди иқтисодии хатти порсӣ барои Тоҷикистон бисёр бузургу ҳаҷим аст, ки наметавон тасаввур кард. Як нафар метавонад ба ман бигӯяд, ки масалан китобе дар бораи мактаби сурреолисм ба хатти пириллик вуҷуд дорад? Мутмаиннам, на! Ҳеч китобе ба пириллик дар бораи назарияи иртиботот вуҷуд дорад? На! Ҳеч китобе дар бораи назарияҳои тавсеъа (theories of development) ба пириллик дар Тоҷикистон вуҷуд дорад? Мутмаиннан на! Пас бо ин хати ноборвар ва сатарван ё нозо мо то куҷо метавонем пеш биравем???
No comments:
Post a Comment