Tuesday, October 08, 2019

'Ъамалиёти махфии' пулис ва 'шиносоии ҳувияти' хабарнигорон


Дар мавриди боздошти хабарнигорони Озодӣ ба ҳангоми анҷоми фаъолияти рӯзноманигорӣ, ки дирӯз иттифоқ уфтод, ду нукта қобили тааммул аст. Яке ин ки оё хабарнигор ҳақ дорад ъамалиёти баистилоҳ "махфии" маъмурони пулис дар хиёбонро филмбардорӣ кунад?

Аввалан, ҳарчи дар рӯзи равшан дар хиёбон иттифоқ меуфтад, маълум аст, ки "махфӣ" нест, чун дар малаъи ъом ва пеши чашми мардум сурат мегирад. Бавижа ин ки ин маҳал як маҳалли сиррӣ нест, ки дастрасии мардум ва аз ҷумла хабарнигорон ба он маҳдуд бошад. Пас як ъамалиёти комилан ошкор ва ъаланӣ аст ва дар амокини ъумумӣ, ки сурат гирифта, ҳеч маҳдудияте дар филмбардорӣ ва ё ъаккосии он вуҷуд надорад.

Ҳар шаҳрванде ҳам бо истифода аз телефун ё фанновариҳои нави дигар метавонад ин корро кунад. Тоза ъакс ё филмбардории ин маворид дар бисёре аз ҷавомеъ боъиси сабти тахаллуфот ё иқдомоти қонуншиканони маъурони пулис шуда ва онҳоро водор мекунад, ки дар рафтори худ дар ҳамаи шароит қонунро риъоят кунанд ва аз қонун по фаротар нагузоранд.

Фақат бояд мувозиб буд, ки хабарнигор васати моҷаро қарор нагирад ва монеъи кори пулис нашавад ва Худой накарда ҷони худашро ҳам ба хатар наандозаду ҷони дигареро ҳам. Баъдан, дар пахши он филм ё ъакс ба қавоъиди ахлоқи рӯзноманигорӣ, монанди нишон надодани чеҳраи фарде, ки боздошт мешавад ё муттаҳам аст, бояд сиҳҳа гузошт.

Нуктаи дувум "муъайян кардани шахсияти" хабарнигор ё хабарнигорон аст, ки ба ъунвони баҳонае барои боздошт ё ба идораи пулис бурдану ду то се соъат онҷо нигоҳ доштани хабарнигорон ё афроди дигар аз сӯи маъмурони пулис маъмулан сурат мегирад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон аз ин корҳо зиёд иттифоқ меуфтад ва маъмурони пулис маъмулан баҳона пеш меоранд, ки "мо шахсияти ӯро муъайян карда истодаем"! Аммо ин аз мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст.

Истилоҳи "шахсиятро муъайян кардан" бештар дар мавриди афроде сурат мегирад, ки равонбеморанд, олжеймер ё фаромушхотирӣ доранду гум шудаанд, ё кӯдаконе, ки бо худ санаде надоранд ва иттилохи дурусте наметавонанд дар бораи худ бидиҳанд ё афроди масте, ки сар аз пои худ хабар надоранд.

Вале як рӯзноманигор вақте худашро муъаррифӣ мекунад (албатта бидуни муъаррифӣ ҳам бояд пулис рӯзноманигоронро бишносад), ба лиҳози равонӣ солим аст, санадашро нишон медиҳад, тоза он санад бо муҳри Вазорати хориҷа аст, ки он ҳам ниҳоди давлатист, маъмурони интизомӣ ё пулис дигар ҳақ надоранд "барои муъайян кардани шахсият" (шиносоии ҳувият) ӯро боздошт кунанд ё ба идораи пулис бибаранд.

Баъзе аз маъмурон иддиъо мекунанд, ки шояд санади ин одам тақаллубӣ бошад ва "ман чиро бояд ба санади шумо эътимод кунам?" Ин худ нишонае аз ғайриҳирфаӣ будани маъмури пулис аст, зеро маъмури пулис бояд дар амри ташхис додани санади асил ва тақаллубӣ маҳорате тамом дошта бошад, аз сӯи дигар ин рафтор беэътимодии як ниҳод (пулис) ба ниҳоди дигари давлатӣ (вазорати хориҷа)-ро ба намоиш мегузорад, ки аз эътибори давлат дар маҷмӯъ мекоҳад.

Тасаввур кунед, вақте як корманди пулис ҷилави як шаҳрвандро бигирад ва санадашро нишон бидиҳад, ки "ман сарҳанг фалонӣ, аз шуъбаи фалон", ва шаҳрванд ба ӯ эътимод накунад!

Ва бигӯяд, ки ман аз куҷо медонам, ки ин санади шумо тақаллубӣ нест ва шумо дарвоқеъ пулис нестеду юнифурми пулис ба бар кардаед!

Яъне вақте маъмури пулис ба эътиборномаи рӯзноманигор ва дурбину васоили хабарнигорияш эътимод накунад, чиро бояд рӯзноманигор ба гувоҳиномаи маъмури пулис ва либосаш бовар кунад? Оё маъмурони пулис чунин мантиқеро мепазиранд? Албатта, ки на! Пас худашон ҳам бояд чунин ғалатеро муртакиб нашаванд!

Мутаассифона, дар Тоҷикистон гоҳ маъмурони амниятӣ ва пулис ғалатеро муртакиб мешаванд ва барои ин ки аз оби гилолуд тоза берун оянд, даст ба чанд ғалаткориҳои дигар ҳам мезананд, ки натиҷааш ҷуз афзоиши беэътимодии мардум ба онҳо нест...

Ин матлаб бори нахуст "инҷо" мунташир шуд.

No comments: