Суханронии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи забони давлатиро хондам. Эмомъалии Раҳмон басароҳат оварда, ки номи забони миллии мо дар солҳои бистуми садаи гузашта "тоҷикӣ" шудааст. Пас худи ӯ ва ҳайъати давлаташ низ мепазиранд, ки номи забони мо дар гузашта чизе дигар (албатта ПОРСӢ, ки ҷуръат накарда аз он ном барад!) буда, ва дар даҳаи 20 сардамдорони Шӯравӣ номи онро ъиваз кардаанд!
///Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» - ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.///
Дуруст мегӯяд, ки ҳар ҷумҳурии қавмӣ, ки дар Шӯравӣ таъсис шуд, мебоист номи он қавм ё қабиларо дошта бошад ва забони қавм ҳам ба номи ҷумҳурӣ ва қавму қабилааш наздик мебуд. Вале Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистонро, ки соли 1924 таъсис шуд, "давлати миллиамон" тавсиф кардан дуруст нест. Ин баном ҷумҳурӣ ҳаргиз давлат набуд, чи расад ба давлати миллӣ! Як воҳиди идорӣ ва ҷуғрофиёии маҳаллӣ буд! Тоҷикистон фақат дар соли 1991 давлат шуд! Ҳар чизеро бояд ба номи худаш муъаррифӣ кард!
///Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.///
Аҳли ъолам ағлаб моро намешиносанд!!! Ба истиснои ҳамсоягони наздиктар, ки маълум аст бо мо бештар сару кор доранд. Аммо дар ҷаҳони дуртар агар диплумоте ё рӯзноманигоре ё ҷаҳонгарде гузораш ба Осиёи Миёна уфтода бошад, ёдаш меояд, ки Тоҷикистон яке аз чанд кишвари фақиру фасодзада дар масири Роҳи Абрешим аст, ки ағлаб туркигӯ ва дорои раҳбарони модомулъумр ҳастанд ва номҳояшон пасванди "истон" дорад. Гоҳе Тоҷикистонро бо Қазоқистон қотӣ мекунанд ва мегӯянд Каҷакистон! Даҳҳо маврид шуда, ки ман худам бо ин вазъият рӯбарӯ шудаам ва маҷбур будаам тавзеҳ бидиҳам, ки кишвари мо бо соири кишварҳои Осиёи Миёна фарқ мекунад, чун мо ЭРОНӢ ва ПОРСИГӮ ҳастем!
Дар миёни ъиддаи андаке аз касоне ҳам, ки ба наҳве бо минтақаи мо иртибот доштаанд, албатта мушкил нашнохтанашон нест. Аз биноҳои торихии Самарқанду Бухоро ва даштҳои васеъи минтақа ва кӯҳҳои Помир ёдовар мешаванд. Мушкил ин аст, ки аз иртиботи тоҷикону Тоҷикистони имрӯза бо адаби ПОРСӢ ва бузургони он, монанди Рӯдакию Фирдавсӣ, Хайёму Саъдию Ҳофизу Румӣ ва ғайра комилан бехабаранд! Масалан як фарангӣ ҳадс мезанад, ки ҳар табаъаи кишваре ба номи Тоҷикистон боистӣ "тоҷик" ном дошта бошад ва забонаш ҳам чизе шабеҳи ин номҳо буда бошад! Вале вақте ба ӯ мегӯед, ки Фирдавсӣ тоҷик буд, Ҳофиз тоҷик буд, Мавлавӣ тоҷик буд, чашмонаш аз косахона дар меояд ва мегӯяд: "Охе чи тур? Инҳо ки порсӣ ё эронӣ ҳастанд! Ба ин "истон-кишварҳо" чи рабте доранд? Инҳо, ки ба забони ПОРСӢ нивиштаанд, чи тур шумо тоҷикҳо онҳоро моли худ медонед?!"
Як тоҷик ҳеч посухе ба инҳо надорад, ҷуз ин ки бигӯяд, оре, забони мо тоҷикон ҳам ПОРСӢ аст!
Хуб аст дар ин гуна маворид ҳаминҷо таваққуф кунед! Вале агар суҳбат фаротар аз ин биравад, мушкилоти дигаре ҳам пеш меояд! Бархе афроди ошно бо забон ва адаби ПОРСӢ хуб баладанд, ки шеъри ПОРСӢ, бавижа ғазалиёти Ҳофиз, бо анвоъи мухталифе аз хатти порсӣ ХУШНИВИСӢ мешавад ва хаттотону наққошони порсигӯ дар ин ҳунар дасти тавоное доранд. Вақте мепурсанд "Шумо оё аз ин хушнивисиҳо доред?" посухи мани тоҷик маъмулан "На" аст! Чиро ки мо ин ҳунарро аз даст додаем! Оре, мактаби хушнивисии Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Панчекат ба касофати Шӯравӣ ва барномаи табдили хаташ аз миён рафта!
Бо сарафкандагӣ ба ӯ ёдовар мешавам, ки "мо тоҷикон ба хатти сириллик менивисем." Ин бор абрувонашро боз ҳам бо таъаҷҷуби бештар аз пештар дарҳам мекашад ва мепурсад, яъне чӣ? Магар забони шумо ПОРСӢ нест? Ки ҳаст!? Пас чиро хаташ ПОРСӢ нест? Пас ғазалиёти Ҳофизро наметавонед бихонед? Рубоъиёти Хайём ва осори Мавлавиро наметавонед бихонед? "Шоҳномаро"-ро наметавонед бихонед? Посух медиҳам, ки "на, ба хатти русӣ мехонем!" Мепурсад чи тур? Яъне тарҷума мекунед? - На, тарҷума нест, ҳамон забон аст, фақат хатташ дигар аст!...
Вақте изофа мекунам, ки "мо муқассир нестем, ин Шӯравӣ буд, ки хатти моро ъиваз кард!", дар камоли таъаҷҷуб мепурсад: чи тур? Шӯравӣ, ки мурдааст! Шӯравӣ кӣ се даҳа пеш фурӯ пошид!!! Акнун чизе аз он боқӣ намондааст! Ё кишвари шумо ҳамчунон зери султаи кумунистон аст? Ё таҳти султаи Кремлин? Чиро ба асли худ барнамегардед?
Инҷост, ки ҷуз сарафкандагӣ дигар посухе наметавон барои ин оқо ё хонуми фарангӣ ё чинӣ ё офриқоӣ ё ъараб ё ҳиндӣ ё испониёӣ пайдо кард!
///Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.///
Оқои раисумҳур, чиро ҷуръат намекунед номеро, ки ин бузургон худашон ба кор бурдаанд, ба кор бибаред???
////Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.///
Ин суханатон дигар бо он сухани аввал дар таноқуз аст. Болотар гуфтаед, ки забони мо авоили қарни 20 номи "тоҷикӣ" гирифт! Инҷо муддаъиед, ки "забони ТОҶИКӢ ъасрҳо боз" садо медиҳад!
///Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.///
Оқои раисҷумҳур! Ин бузургон ҳама забони худро ФОРСӢ/ПОРСӢ номидаанд. Агар мо ҳам худро вориси барҳаққи онҳо медонем, бояд дар пайравӣ аз онон "ПОРСӢ" ба кор бибарем, ки номи ростини забонамон аст. Дар ғайри ин сурат нисбат ба онон, ки ниёкони мо ҳастанд, нохалафӣ кардаем! Замони шӯравӣ мо мустаъмара ё мустамликаи миллате дигар будем ва баҳонаамон ин буд, ки сиёсат дасти худамон нест! Он замон коре аз дастамон сохта набуд! Ҳоло чиро? Ҳоло, ки мо озодем, кишварамон озод аст, миллатамон озод аст, фарҳангамон озод аст, адабиётамон озод аст, забонамон озод аст! Оре, ЗАБОНАМОН ОЗОД АСТ!!! Ва сарнивишташ дар дасти худамон аст!
Бояд андаке ШУҶОЪАТ ва ҲИММАТ ба харҷ бидиҳем ва номи ростини забонамонро ба расмият бишносем ва ба расмият дароварем ва аз ҳамин ҳоло муқаддимаи гузор ба хатти порсӣ барои як давраи панҷ то даҳсоларо фароҳам кунем! Ин корро агар анҷом медиҳем, барои ман ё чанде дигар аз тарафдорони хати порсӣ анҷом намедиҳем, балки ба хотири Рӯдакӣ, ба хотири Дақиқӣ, ба хотири Фирдавсӣ, ба хотири Сино, ба хотири Берунӣ, ба хотири Носири Хусрав, ба хотири Хайём, ба хотири Ҳофиз, ба хотири Саъдӣ, ба хотири Мавлоно, ба хотири Низомӣ, ба хотири Амир Хусрав, ба хотири Бедил, ба хотири Робеъаи Балхӣ ва Маҳастӣ ва Зебуннисо, ба хотири Шамсиддини Шоҳин ва Нақибхони Туғрал, ба хотири Аҳмади Дониш ва устоди Ъайнӣ, ба хотири Лоҳутӣ ва Турсунзода, Лоиқ ва Қаноъат ва дигарон анҷом медиҳем ва қарзи фарзандии худро назди падарони бузургамон анҷом медиҳем.
Вале мухолифат бо номи порсӣ ва хатти порсӣ, мухолифат бо ман нест, мухолифат бо дӯстдорони кунунии забони порсӣ нест, мухолифат бо Рӯдакӣ аст, мухолифат бо Фирдавсӣ аст, мухолифат бо Сино ва Форобӣ ва Бреунӣ аст, мухолифат бо Хайёму Саъдию Ҳофиз ва Мавлавию Ъаттор аст! Мухолифат бо номи ростини забони порсӣ ва хатти он мухолифат бо Исмоъили Сомонӣ ва давлати Сомониён аст, ки забони худро (забони моро) ПОРСИИ ДАРӢ хондаанд. Ва мухолифат бо ин бузургон нохалафӣ аст.
Бояд номи ростини забони мо, ба ҳамон расму роҳи Сомониён (порсии дарӣ) дубора дар ин хитта бар маснад биншинад ва тоҷиконро лозим аст, хатти суннатии худро биёмӯзанд ва ба кор баранд! Мо бояд худамон бошем, роҳи худамонро биравем, мабод ки ба бегона тақлид кунем! Мавлоно гӯяд:
[Қавм]ро тақлидашон бар бод дод,
Эй дусад лаънат бар он тақлид бод!
Эй дусад лаънат бар он тақлид бод!
No comments:
Post a Comment