Tuesday, October 01, 2019

Ғафуруф: Бархеҳо аз номи ‘Эрон’ ҳарос доранд…


Исфандиёри Одина

Бобоҷон Ғафуруф (ъакс аз Бибисӣ)
Бобоҷон Ғафуруф, нивисандаи китоби “Тоҷикон” ва аз фарҳангиёни барӯманди Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ муддате раҳбарии ин ҷумҳурии шӯравии собиқро ҳам бар ъуҳда дошт, дар бархе аз нивиштаҳои худ бар табори эронии на танҳо тоҷикон, балки мардумони дигари Осиёи Миёна низ таъкид варзидааст.
Ин торихнигори маъруф, ки аз соли 1946 то 1956 дабири аввали Кумитеи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон буд, дар моҳи жуани соли 1947, ду сол пас аз поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва замоне ки баҳсҳо бар сари ҳувияти тоҷикон дар Шӯравӣ боло гирифта буд, дар номае ба Ондрей Ждонуф, аз дабирони Кумитеи марказииҲизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ хостори баргузории ҳамоише барои поён додан ба ин баҳсҳо шуд. Вай дар ин нома басароҳат бар табори эронии тоҷикон ва мардумони дигари Осиёи Миёна таъкид карда ва гуфтааст, ки мероси фарҳанги эронӣ ба ҳамаи мардумони ин минтақа таъаллуқ дорад ва онҳо бояд ба таври баробар аз он баҳра баранд ва ба он биболанд. Ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, бо таваҷҷуҳ ба тамоюлоти эронситезӣ, ки имрӯз дар миёни бархе аз шахсиятҳои сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, ин суханони окодемисиян Ғафуруф имрӯз ҳамон андоза арзиш дорад, ки дар замони фармонравоии Истолин дар Иттиҳоди Шӯравӣ дошт. Бавижа ин ки Окодемисиян Ғафуруф ъунвони “Қаҳрамони миллии Тоҷикистон”-ро дорад ва ъаксаш рӯи искиноси 50-сомонии пули миллии Тоҷикистон тасвир шудааст.
Номаи Ғафуруф ба Ждонуф, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз табақабандӣ хориҷ шуда, ҷузъи садҳо санади маҳрмонаи давлат ва ҳизби кумунисти шӯравист, ки ҳамакнун дар торнамои Чашмандозҳо бар ислом (Islam Perspectives) бо пуштибонии молии ниҳоди омрикоии Мавқуфаи миллии ъулуми инсонӣ (National Endowment for Humanities), Бунёди Ҳенрӣ Лус дар Омрико ва Бунёди Марҷонӣ дар Русия дар дастраси ъумум қарор дода шудаанд.
***
Дуруд, Ондрей Олексондрувич!
Бибахшед, ки боз як бори дигар бо номаи шахсии худ музоҳими Шумо мешавам. Шароити зер водорам кард, ки ба Шумо рӯй оварам:
Дар нашрияи “Фарҳангу зиндагӣ” («Культура и жизнь») ба торихи 20 оврили соли ҷорӣ мақолае аз пруфесур Тулстуф дар нақду баррасии китоби пруфесур Олексондер Олексондерувич Семюнуф “Осори торихии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна” мунташир шудааст. Пруфесур Тулстуф дар мақолаи худ пруфесур Семюнуфро, ки аз бузургтарин донандагони торих ва торихи адабиёти мардумони Осиёи Миёна аст, ба ъунвони як тарафдори назарияи нажодӣ муъаррифӣ мекунад.
Пруфесур Тулстуф ин иттиҳомро на танҳо ъалайҳи пруфесур Семюнуф, балки ъалайҳи ҳамаи касоне, ки дар бораи пешинаи эронии Осиёи Миёна сухан мегӯянд, матраҳ мекунад.
Дар ҳамаи осораш, пруфесур Тулстуф бар бартарии ъаносири туркӣ ва фарҳанги туркӣ дар торихи мардумони Осиёи Миёна таъкид меварзад. Дар яке аз гуфтугӯҳояш бо ман, пруфесур Тулстуф ҳатто шаҳрҳоеро, ки дар онҳо мардум ғолибан ба тоҷикӣ такаллум мекунанд (монанди Самарқанду Бухоро), шаҳрҳои туркӣ хонда буд. Вале Идораи таблиғоти Кумитеи марказии ҳизби кумунист (булшевикӣ), ки кормандонаш аз торихи Осиёи Миёна чандон сар дар намеоваранд, бо таъаллуқи хотир аз Тулстуф пуштибонӣ мекунад ва ҳатто, онгуна ки мебинед, мақолаи ӯро дар нашрияи “Фарҳангу зиндагӣ” мунташир кардааст.
Албатта, Шумо беҳтар аз ман медонед, ки имрӯз ин ҳама таблиғи понтуркистҳо аз ин ъиборат аст, ки ҳамаи мардумони Осиёи Миёна турканд. Шигифт ин ки понтуркистҳо ҳатто тоҷиконро ҳам, ки ба забони туркӣ такаллум намекунанд, турк мехонанд. Аз ин рӯ, ба назари ман, назарияе, ки пруфесур Тулстуф таблиғу тарвиҷ мекунад, барои мо комилан зиёновар аст ва ҳарчи дар зеҳн дорад, фақат ба суди понтуркистон аст.
Аз фузунгӯӣ маъзарат мехоҳам, вале ночорам нуқтаи назари худро андаке муфассалтар тавзеҳ бидиҳам.
Туркон ба лиҳози сиёсӣ дар Осиёи  Миёна фақат дар садаи панҷуми милодӣ тасаллуфт ёфтанд. Аз назари қавмӣ, онҳо замоне ки силсилаи тоҷики Сомониёнро барҳам доданд, яъне баъд аз қарни даҳуми милодӣ, батадриҷ чира шуданд. То замони сарнагунии давлати Сомониён аксарияти кулли мардумони Осиёи Миёна эронӣ буданд ва ба тоҷикӣ такаллум мекарданд. Баъд аз рӯи кор омадани давлатҳои туркии Қарохониён. Салҷӯқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён дар Осиёи Миёна фароянди туркигӯ шудани мардуми маҳаллӣ суръат гирифт.
Мардумшиносон, инсоншиносон, бостоншиносон, забоншиносон собит кардаанд, ки бахши аъзаме аз ҷамъияти имрӯза Узбакистон тоҷикони собиқе ҳастанд, ки баъдҳо туркӣ гуфтан оғозиданд. Бино бар ин, таъкид бар табори комилан туркии узбакҳо бо воқеъият аслан созгор нест.
Имрӯза туркманҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо низ то андозае аз мардумони эронии бумӣ ташкил шудаанд.
Бархе аз вожаи “эронӣ” ҳарос доранд ва даркашон аз ин вожа фақат аҳолии имрӯза кишвари Эрон аст. Аммо ин афрод бакуллӣ фаромуш мекунанд, ки Эрон қаблан ба ду бахши шарқӣ ва ғарбӣ тақсим мешуд ва мардумони шарқи Эрон дар посе аз торих барои тавсеъаи фарҳанги башарӣ нисбат ба аҳолии Эрони имрӯз, ки наводагони эрониёни ғарбӣ ҳастанд, хадамоти бештаре анҷом додаанд. Ҳамин эрониёни шарқӣ буданд, ки мабно ё шолудаи имрӯза мардумони Осиёи Миёна – тоҷикон, узбакҳо, туркманҳо, қазоқҳову қирғизҳоро – ташкил медиҳанд. Чиро мо бояд аз гузаштаи худ бигзарем?
Албатта, худи Шумо суханони рафиқ Истолинро ба ёд доред, ки дар соли 1941 дар расми истиқбол аз ширкаткунандагони даҳаи фарҳангу ҳунари тоҷик [дар Маскав] эрод карда буд. Рафиқ Истолин он замон ба таври хос бар хостгоҳи эронии тоҷикон ва фарҳанги Тоҷикистон таъкид карда буд.
Ман он замон ва акнун ҳам дарк мекунам, ки ин суханронии рафиқ Истолин дар мухолифат бо понтуркистон буд (матнашро замима мекунам).
Бино бар ин, ихтилофоте, ки байни мо ва пруфесур Тулстуф вуҷуд дорад, ба назари ман, аз аҳаммияти сиёсии болое бархурдор аст.
Вақте ман аз арзиши фарҳанги тоҷикон суҳбат мекунам, мутлақан қасдам ин нест, ки сунатҳои фарҳангии мардумони дигареро камранг ҷилва диҳам. Ман бар ин боварам, ки пешинаи эронии мардумони Осиёи Миёна ба таври яксон на фақат ба тоҷикон, балки ба узбакҳову туркманҳо ва мардумони дигар низ таъаллуқ дорад. Бино бар ин, иттиҳоми нажодпарастӣ ъалайҳи афроде, ки дар бораи гузаштаи эронии мардумони Осиёи Миёна менивисанд, иттиҳоме бепоя ва мутлақан ботил аст. Дар ъайни ҳол, ман муътақидам, ки ҳар гуна таъкид бар табори комилан туркии мардумони Осиёи Миёна фақат ба суди душманони мост ва дастовезе ба дасти понтуркистон медиҳад, ки акнун хатарноктарин душмани Иттиҳоди Шӯравӣ дар машриқзамин ба шумор мераванд.
Қасдам аз ҷалби таваҷҷуҳи Шумо ба ин масъала ин аст, ки баргузории ҳамоишеро дар бораи торихи мардумони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Маскав дар охири соли 1947 амре зарурӣ медонам. Ман солҳост саъй мекунам чунин ҳамоише баргузор шавад. Ин ҳамоиш метавонад ба сардаргумиҳо дар осори бархе пажӯҳишгарон дар бораи торихи Осиёи Миёна поён бидиҳад.
Бори дигар аз ин ки вақти Шуморо гирифтам, пӯзиш мехоҳам.
Бедруд,
Б. Ғафуруф14 жуани с. 1947
ш. Истолинобод
Суханони Истолин дар бораи тоҷикон
Матни суханронии рафиқ Истолин дар расми истиқбол аз ширкаткунандагони даҳаи [фарҳанги тоҷик] аз сӯи мақомҳои раҳбарӣ
Мехоҳам чанд калима дар бораи тоҷикон бигӯям. Тоҷикон қавми хоссе ҳастанд. Онҳо на узбак, на қазоқ, на қирғиз, балки тоҷик ҳастанд – куҳантарин мардуми Осиёи Миёна. Тоҷик ба маънои тоҷдор аст, ҳамон тур ки эрониён ба онҳо мегуфтанд, ва тоҷикон баростӣ сазовори ин ном ҳастанд.
Аз миёни ҳамаи мардумони ғайрирус дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон танҳо мардуми ғайрирус, ғайриарманӣ, ғайригурҷӣ, ғайритурк, вале эронӣ ҳастанд. Тоҷикон қавме ҳастанд, ки фаросати онҳо шоъири бузург Фирдавсиро ба дунё овардааст ва ъаҷаб нест, ки тоҷикон суннатҳои фарҳангии худро аз ӯ ба ирс бибаранд. Ҳатман, шумо тайи ин даҳрӯза эҳсос кардаед, ки тоҷикҳо табъи латифе доранд, фарҳанги бостонӣ ва завқи ҳунарии онҳо дар мусиқӣ, тарона ва рақс таҷаллӣ мекунад.
Баъзе авқот руфақои русӣ ҳамаи моро қотӣ мекунанд: тоҷикро бо узбак, узбакро бо туркман, арманиро бо гурҷӣ. Ин хандадор ва ғалат аст. Тоҷикҳо қавми хоссе бо фарҳанги ъолии бостонӣ ҳастанд ва дар шароити ҷомеъаи шӯравии мо ояндаи бузурге ба онҳо таъаллуқ дорад. Ва кулли Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин амр бояд ба онҳо кумак кунад. Ман дӯст дорам, ки ҳунари онҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор бигирад.
Ман ин қадаҳро бо ин умед бармедорам, ки ҳунари тоҷикон шугуфо бошад ва мардуми тоҷик шугуфо бошанд, ва барои ин ки мо, аҳолии Маскав, ҳамеша барои кумак ба онҳо, дар ҳар шароити лозим, омода бошем…
***
Ба номаи Окодемисиян Бобоҷон Ғафуруф ду тан аз масъулони Идораи таблиғоти давлати Шӯравӣ ба торихи 17 нувомбри 1947 посухе нивиштаанд ва ба Михоил Суслуф, ки аз дабирони кумитеи марказии Ҳихби кумунисти Шӯравӣ буд, ирсол кардаанд ва хостаҳои ӯро бепоя хондаанд. Ин афрод мутахассисони торих ва вобаста ба Идораи таблиғоти ҲКИШ муъаррифӣ шудаанд, яъне мустақиман вобастаи Ҳизби Кумунист, ки тамомии зимоми умурро дар адст дошт.
Посухи онҳо басароҳат нишон медиҳад, ки давлати Шӯравӣ сиёсати ҷазбу таркиб (assimilation)-и тоҷикони Варорӯд, бавижа сокинони шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, дар қавми узбакро пайгирона дунбол мекардааст. Дар ин нома масъулони  Бахши таблиғоти Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ аз қавли ду торихдон аз Донишгоҳи Маскав ва Фарҳангистони ъулуми Шӯравӣ басароҳат “шаҳрҳои тоҷикон” будани ин ду абаршаҳри торихи Эронро инкор кардаанд.
Тибқи ин нома, миллати тоҷик як мақулаи “ҷовидонӣ” нест, яъне манзур ин аст, ки ҳамеша тағйир мекунад, масалан мумкин аст забонашро аз даст бидиҳад, ҳувияташро бибозад, ва масалан таҳти султаи шӯравӣ узбак ҳам мешавад. Яъне басароҳат мегӯяд, ки дар шароити мавҷуд дар Иттиҳоди Шӯравӣ бисёре аз тоҷикҳо БОЯД табдил ба қавми дигаре (узбак) шаванд! Аз сӯи дигар, ин иддиъо матраҳ шуда, ки тоҷикон фақат аз ъаносири эронӣ, вале узбакҳо ҳам аз ъаносири эронӣ ва ҳам аз ъаносири туркӣ падид омадаанд!
Ин ҳам дар таъйиди суханони болост, яъне сиёсати давлати Шӯравӣ ин аст, ки бахши аъзаме аз ҷамъияти тоҷики Варорӯд БОЯД узбак шаванд, то ин иддиъо собит шавад, ки узбакҳо ҳам аз ъаносири эронӣ ва ҳам аз ъаносири туркӣ падид омадаанд. Аммо ҳамин қоъида дар мавриди тоҷикҳо сидқ намекунад, яъне турк аслан тоҷикшуданӣ нест, ин фақат тоҷик аст, ки турк мешавад ва тибқи сиёсати эронситезу порсиситези давлати Шӯравӣ, БОЯД шавад!
Ин нома, ки ба яке аз мақомҳои ъолирутбаи давлати Шӯравӣ (Суслуф) нивишта шуда, басароҳат шаҳрҳои тоҷикон будани Самарқанду Бухороро, ҳатто дар даврони куҳан, ИНКОР мекунад ва бар ҳамаи торихи тоҷикон ХАТТИ БУТЛОН мекашад! Ва ҳатто назароти Бобоҷон Ғафуруф (ки он замон раҳбари Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон буд!) дар ин нома “ба лиҳози сиёсӣ зиёнбор” (политически вредным) эълом шудааст, ки ин ҳам собит мекунад, ки ба расмият шинохтани ҳувияти тоҷикон дар Самарқанду Бухороро давлати Шӯравӣ барои худ ЗИЁНБОР медонистааст!
Матни посухи онҳо аз ин қарор аст:
________
Ба дабири КМ ҲКИШ, М[ихоил] О[ндреевич] Суслуф.
Дабири Кумитеи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, рафиқ Ғафуруф дар номае ба Кумитеи марказии ҲКИШ мунсифона будани мақолаи чопшуда дар нашрияи “Фарҳангу зиндагӣ” ба торихи 20 оврили 1946 аз пруфесур Тулстуф дар нақду баррасии китоби пруфесур Семюнуф “Осори торихии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна”-ро, ки дар Тоҷикистон мунташир шудааст, ба чолиш мекашад. Рафиқ Ғафуруф ин мақолаи пруфесур Тулстуф ва осори ъилмии ӯро дар маҷмӯъ падидае аз понтуркисм қаламдод кардааст.
Бо суфориши Идораи Таблиғот мақола ва осори пруфесур Тулстуф, ва низ китоби пруфесур Семюнуф аз сӯи устоди Донишгоҳи Маскав, Б.Н. Зохудер ва муъовини раиси Пажӯҳишгоҳи торихи фарҳанги Фарҳангистони ъулуми Иттиҳоди Шӯравӣ, дуктури ъулуми торих, С.В. Киселуф баррасӣ шуд. Ва онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки мақолаи С.П. Тулстуф ва нақди ӯ бар китоби пруфесур Семюнуф комилан дуруст аст.
Пруфесур Семюнуф ҳангоме ки аз эрониён ё ориёиҳо суҳбат мекунад, онҳоро як мақулаи нажодӣ тавсиф мекунад, ки дар муқоиса бо чиниҳо, муғулҳр, туркон ва дигар мардумони қитъаи Осиё бартаранд. Қабоил ва мардумони Осиёи Миёна, аз назари пруфесур Семюнуф, дар ҳошияи ҷаҳони эронӣ мезистанд ва таҳти таъсири марокизи фарҳангии эронӣ (Мод, Порс, Эрони Ҳахоманишӣ) ба такомул расидаанд. Китобчаи пруфесур Семюнуф “Осори торихии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна”, ки дар соли 1945 мунташир шудааст, нашри муҷаддаде аз китоби куҳна ва то ҳадде виростаи пруфесур Сумюнуф “Осори торихии фарҳанги ориёӣ дар Осиёи Миёна” аст.
Ъилми торихнигории шӯравӣ эрониён ва фарҳанги эрониро на ба ъунвони як мақолаи нажодӣ, балки ба ъунвони як мақулаи дар ҳоли таҳаввули торихӣ талаққӣ мекунад. Пажӯҳишҳои торихнигорони шӯравӣ нишон медиҳад, ки дар қаламрави Осиёи Миёна на минтақаҳои дар ҳошия қароргирифта, балки яке аз муҳимтарин марокизи фарҳанги эронӣ воқеъ будааст. Ба ин тартиб, қабоил ва мардумони Осиёи Миёна на ин ки мунфаъилона аз фарҳанги эронӣ таъсир пазируфтаанд, балки ба таври баробар дар сохтмони фарҳанги эронӣ саҳм доштаанд. Дар гузаштаи дур мардумони Осиёи Миёна ба лиҳози иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз як сӯ бо Чин робита доштанд, ва аз сӯи дигар, бо ҷаҳони юнонӣ. Дар бораи ҳамаи ин пруфесур Тулстуф ва торихнигорону бостоншиносони дигари шӯравӣ (пруфесур Мосун, Теренужин, пруфесур Бернштом, Григурйеф ва дигарон) дар осори худ нивиштаанд.
Дар осори худ, пруфесур Тулстуф нақши ъаносири эрониро дар торихи Осиёи Миёна камранг ва ъаносири туркиро пурранг ҷилва надодааст. Ӯ эронӣ будани тоҷиконро, ки ниёконашон дар гузашта аз мардумони бофарҳанги Осиёи Миёна буданд, рад намекунад. Воқеъият дар мавриди мақолаи пруфесур Тулстуф дар нақду баррасии китоби Семюнуф, ки дар нашрияи “Фарҳангу зиндагӣ” чоп шуда, ин аст, ки дар он зикре аз туркон нарафтааст.
Аз номаи рафиқ Ғафуруф чунин бармеояд, ки дарки ӯ аз фароянди шаклгирии мардумони Осиёи Миёна иштибоҳ аст. Вақте ӯ менивисад, ки “то сарнагунии давлати Сомониён бахше аъзами ҷамъияти Осиёи Миёна эрониён буданд ва ба тоҷикӣ (порсӣ) такаллум мекарданд” ё “бахши аъзами мардуми имрӯза Узбакистон тоҷикони собиқ ҳастанд, ки баъдаш туркигӯ шудаанд”, ӯ муртакиби ин иштибоҳ мешавад, ки мардуми тоҷикро як мақулаи ҷовидонии фаротар аз торих тавсиф мекунад.
Онгуна ки мадорики торихӣ нишон медиҳад, мардуми тоҷик ғолибан аз қабоили дорои забонҳои эронӣ, вале узбакҳо аз қабоили дорои ҳарду забонҳои эронӣ ва туркӣ шакл гирифтаанд. Вале ин бадон маъно нест, ки фарҳанги бостонии Ухбакистон ва мардумони дигари Осиёи Миёнаро бояд фарҳанги тоҷикӣ эълом кунем! Рафиқ Ғафуруф дар идомаи ин нивиштаҳояш шаҳрҳои кунунии Самарқанду Бухороро низ шаҳрҳои торихии тоҷикон қаламдод мекунад. Чунин дидгоҳе аз назари ъилмӣ ғалат ва аз назари сиёсӣ зиёнбор аст.
Пешниҳоди рафиқ Ғафуруф дар бораи баргузории ҳамоише дар Маскав дар бораи масоили торихи мардумони Осиёи Миёна пешниҳоде бамавқеъ аст, чун дар миёни торихнигорон, бавижа дар иртибот бо таълифи маҷмӯъе аз кутуби дарсӣ дар бораи торихи мардумони Осиёи Миёна, масоили баҳсбарангези зиёде анбошта шудааст.
Беҳтар аст ба Фарҳангистони ъулум иҷоза бидиҳед ҷаласаи Бахши торих ва фалсафаро, ки ба торихи мардумони Осиёи Миёна ихтисос дорад, баргузор кунад.
17.XI.47Е. Гурудетскӣ
П. Третёкуф
Маълум нест, ки баъд аз пешниҳоди Ғафуруф оё ҳамоише ё ҷаласае барои баррасии ин масоил барпо шуд ё на, аммо ба назар мерасад, ки Суслуф ин номаро хонда ва аз касе ба номи Кузнетсуф хостааст ба он расидагӣ кунад.

Баргирифта аз торнамои Порсӣ Анҷуман
***

No comments: