Исфандиёри Одина,
Рӯзноманигори озод
Дар наврӯзи имсол маҷлис ва давлати Мулдовӣ бо тасвиби қонуне номи забони миллии худро расман “румониёӣ” номиданд. Қаблан забони онҳо, ки ҳеч тафовуте бо румониёӣ надорад, “мулдовиёӣ” хонда мешуд. Яъне як забон ду ном дошт!
Мулдовӣ ҷузъе аз имперотурии Шӯравӣ буд ва русҳо номи ҷудогонаеро барои забони онҳо таҳмил карда буданд, дуруст ҳамонгуна ки дар Варорӯд номи забони форсиро “тоҷикӣ” карданд. Акнун ин мероси истеъмори Русия дар Мулдовӣ ба гӯдоли торих рафт, аммо Тоҷикистон ба назар мерасад ҳамчунон ба номи таҳмилшуда бар забонаш вафодор аст.
Сухани Моё Сонду, раиси ҷумҳурии Мулдовӣ, ки рӯзи 22 март фармоне дар ин бора содир кард, ҷолиб аст: “Ман мехоҳам, ки забони румониёӣ ҳамаи моро, ки дар инҷо зиндагӣ мекунем ва ин сарзаминро дӯст дорем, муттаҳид кунад. Мо ҳамроҳи беш аз 27 милюн нафар дар саросари ҷаҳон ба румониёӣ – яке аз забонҳои Иттиҳодияи Урупо, сухан мегӯем.”
‘Миллати муттаҳид’
Вай афзуд: “Касоне, ки даҳсолаҳо ба мо мегуфтанд, ки мо ба забони мулдовиёӣ ва на румониёӣ такаллум мекунем, фақат ба дунболи ин буданд, ки моро аз ҳам ҷудо кунанд. Шумо вақте миллатеро таҷзия мекунед, баосонӣ метавонед онро зери сайтараи худ нигоҳ доред ва бар он ҳукумат кунед. Миллати азҳампошида нерӯи воҳид ва муттаҳиде нест, ки аз худ дифоъ кунад. Касоне, ки моро аз ҳам ҷудо карданд, ба фикри забоншиносӣ набуданд, ҳадафашон ин буд, ки Мулдовиро дар як кашмакаш дар қабзаи худ нигаҳ доранд.”
Ба гузориши торнамои русии Бибисӣ, ин сухани хонум Сонду, ки дар сафҳаи фейсбукияш мунташир шуд, дар як шабонарӯз беш аз 12 ҳазор бор писанд хӯрд ва 1,5 ҳазор назар зери он нивишта шуд. Аксари корбарон мардуми Мулдовиро ба ин муносибат табрик кардаанд.
Мардуми Мулдовӣ ин иқдомро чун як амри сода пазируфтаанд, ба истиснои гурӯҳе аз кумунистон ва тарафдорони парупоқурси Русия. Кремлин аз ин тасмим интиқод карда, вале мулдовиёиҳо мегӯянд, ин аз умури дохилии кишварашон аст ва рабте ба Русия надорад.
Бисёре бар ин назаранд, ки таҷовузи Русия ба Укройн мақомҳои мулдовиёиро ба ин иқдом водошта, чун онҳо аз ноҳияи Русия таҳдидҳоеро эҳсос мекунанд. Ҳарчанд “румониёӣ” хондани забони ин кишвар аз даҳаи 90, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, оғоз шуда ва дар мадориси Мулдовӣ то кунун забони миллияшон бо номи “румониёӣ” тадрис мешуд. Бо иқдоми тозаи худ, давлати Мулдовӣ фақат ба як воқеъияти мавҷуд дар ҷомеъа расмият бахшидааст.
‘Хатти ниёкон’
Корзори мардумии мушобеҳе дар Тоҷикистон ҳам дар замони бозсозии Гурбочуф шурӯъ шуда буд, ки ба тасвиби нахустин қонуни забон дар соли 1989 анҷомид. Дар матни он қонун номи забони расмии кишвар “тоҷикӣ (форсӣ)” хонда шуда буд. Мардум ҳам бо шавқу шӯр ба омӯзиши хатти форсӣ пардохтанд ва қарор буд, Тоҷикистон дар муддати панҷ сол хатти порсиро расмӣ кунад. Нашрияҳо сафаҳоте барои омӯзиши “хатти ниёкон” доштанд ва дарсҳои омӯзиши ин хат аз телевизиюн ҳам пахш мешуд. Дар китобфурӯшиҳо кутуби форсӣ фаровон буд. Бархе нашрияҳо ҳам сафаҳотеро ба хати порсӣ мунташир мекарданд.
Ёдам ҳаст, ки дар соли 1992, замоне ки ба унвони донишҷӯ вориди Душанбе шудам, ҳамаҷо болои дари рестуронҳову мағозаҳо, идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ нивиштаҳоеро ба хати порсӣ мешуд дид. Шиъору овезаҳое ҳам ба хатти порсӣ кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро зеб медоданд. Вале пас аз оғози ҷанги дохилӣ ва вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи зери ҳимояти Русия, мавсум ба Ҷабҳаи Халқ (Фронти Халқӣ) ба Душанбе, тамомии ин нивиштаҳо аз кӯчаву хиёбонҳо барчида шуд – иқдоме, ки хилофи арзишҳои истиқлоли Тоҷикистон буд!
Фароянди худогоҳӣ ва бозгашт ба асли худ, ки дар замони Гурбочуф шурӯъ шуд ва қарор буд ба самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва дастрасӣ ба мероси фарҳангию адабии гузашта пеш биравад, ба дасти иддае аз ҳаммеҳанони ноогоҳ мутаваққиф ва маъкус шуд.
Ҳазфи ‘форсӣ’ аз матни қонун
Дар соли 1994
зимни тасвиби матни
қонуни асосии ҷадид, бар хилофи дархостҳои фарҳангиён номи “форсӣ” аз матни
қонун ҳазф шуд. Устоди равоншод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар китоби “Хуросон аст
инҷо” шарҳи муфассали ин рӯйдодро баён кардааст:
Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ |
“20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Намояндаи халқ Шуҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни асосӣ калимаи «форсӣ» фурӯгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ, забони мо забони тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам, мо аз миллат ва забони худ бояд фахр кунем.”
Устод Шакурӣ меафзояд: «Вай ва баъзе касони дигар гумон
доштаанд, ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон
шаъни миллии моро паст мекунад. Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳони» вай
ба намояндагони халқ маъқул уфтод. Порлумони Тоҷикистон он рўз тасмим гирифт,
ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад.”
Ба ин тартиб, порлумони Тоҷикистон, ки дар он замон аз аносири нохудогоҳ ва
ҳатто мухолифи истиқлол пур буд, аз бурдани номи дурусту ростини забони
тоҷикон, ки тамомии бузургони адаби мо дар гузашта ба кор бурдаанд, ор дошт,
вале ба гардан ниҳодан ба амри Кремлин ифтихор мекард. Ҳарчанд фарзонагоне чун
Акбари Турсон ва дигарон аз паёмадҳои зиёнбори ин тасмим ҳушдор дода буданд.
‘Хиёнате нобахшиданӣ’
Устод Турсон дар мақолае дар нашрияи “Тоҷикистон” нивишта буд: “Агар мо, тоҷикон, ин ҳама далелу бурҳони қотеъонаи торихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва амалиро худношиносона сарфи назар намуда, аз истифодаи расмии истилоҳи "форсӣ" худамон даст кашем, он гоҳ ин хиёнати маънавие мебуд нобахшиданӣ! Охир, дар ин сурат мо ба дасти худамон кореро ба интиҳои мантиқияш хоҳем росонд, ки ҳадафи сиёсати истеъмории ҳукуматдорони шӯравӣ буду дар давоми беш аз 70 сол амалӣ карда натавонистанд!”
Ба рағми чунин
ҳушдорҳое, давлати Эмомалии Раҳмон дар масире мухолиф бо ормонҳои миллии
тоҷикон гом бардошт. Акнун, ки се даҳа аз он рӯзгор мегузарад, вазъияти забони
миллӣ дар Тоҷикистон бадтар ва бадтар шудааст. Дарсҳои “алифбои ниёкон”, ки дар
оғози даҳаи 1990 дар мадорис тадрис мешуд, батадриҷ коҳиш дода шуд ва дар
бисёре аз мадорис дигар тақрибан тадрис намешавад. Бавижа дар солҳои ахир
давлат будҷеи бештаре барои омӯзиши забони русӣ ихтисос дода ва ҳатто дар
чорчӯби тавофуқоти дуҷониба аз Русия теъдоде муъаллим овардааст.
Танҳо кори
чашмгире, ки оқои Раҳмон дар ин даврон дар ростои ҳимоят аз забони форсӣ анҷом
дод, табдили номи бархе аз рустоҳову шаҳрҳо ва шаҳристонҳо аст, ки он ҳам гоҳ
бо иштибоҳоте ҳамроҳ аст. Кори дигараш ҳазфи пасванди русии “ов” аз номи
хонаводагиии худаш дар соли 2007 буд, ки мебоист ин корро хеле пештар анҷом
диҳад. Ба ҳар рӯй, ин корҳоро наметавон хеле арзишманд ва ҷиддӣ пиндошт.
Хулфи ваъда?
Дар солҳои ахир
мақомҳои Тоҷикистон ҳамора гуфтаанд, давлат бар он нест, ки хати порсиро дар
кишвар расмӣ кунад. Ба назар намерасад худи оқои Раҳмон хати порсӣ балад бошад,
ҳарчанд дар китобҳои бисёраш ба маъхазҳои порсӣ ҳам истинод мекунад. Дар яке аз
сафарҳояш ба водии Шумон (Ҳисор), аҳли як хонавода дастхатте аз осори
Абдураҳмони Ҷомиро ба ӯ тақдим карданд. Вале оқои Раҳмон ин китобро варақ
назад, дар ҳоле ки метавонист порае аз ашъори Ҷомиро назди дурбин қироат кунад.
Монеъи умда дар роҳи эҳёи хат ва забони форсӣ дар Тоҷикистон ҳамин аст. Мисли
раисҷумҳур теъдоди зиёде аз мақомҳои давлатӣ хати порсӣ балад нестанд, дар
натиҷа арзиши ин хат ва корбурди номи ростини забонро дарнамеёбанд. Замоне
устод Шакурӣ гуфта буд, оқои Раҳмон ваъда кард, ки фароянди гузор ба хатти
порсиро оғоз хоҳад кард, аммо ба назар намерасад, ки раисҷумҳур ба ин қавлаш
вафодор бошад.
Аз замони рӯи
кор омаданаш дар авохири соли 1992, оқои Раҳмон талошҳои зиёде бе харҷ дода, то
забони русиро бо ин ҳама печидагӣ ба наҳви беҳтаре ёд бигирад, вале барои
омӯзиши хатти порсӣ ҳиммат ва ғайрати кофӣ аз худ нишон надодааст.
“Кутадғу билиг”
Сиёсатҳои бузургманишонаи ӯ бисёре аз
фарҳангиёни тоҷикро ба маддоҳони “пешвои миллат” табдил додааст. Бархе барои
тавҷеҳи мавзеъгирии ӯ дар мавриди забон гоҳ ба истидлолҳои ботил мутавассил
мешаванд. Чунончи Низоми Қосим, раиси Иттиҳодияи Нивисандагон, барои исботи
пешинаи корбурди номи “забони тоҷикӣ” даст ба домани Юсуфи Балосоғунӣ, шоъири
туркигӯи даврони Илакхониён, шуда буд.
Вай чаҳор сол
пеш дар мақолае бо ишора ба абёте аз китоби “Кутадғу билиг” аз ин шоъири туркигӯ,
нивишта буд: “Манзури ин навиштаи мо «тоҷик»-у «забони тоҷикӣ» буд ва, инак,
муддаъиёни «сохтаи замони шӯравӣ» будани ин мафҳумҳои муқаддас ва он тоҷиконе,
ки дар доираи аниқи таълимоти пантуркистону панэронистон худро «форс» ва забони
худро «форсӣ» медонанд, инро ҳам бидонанд, ки дар саросари ин асари туркии асри
11 калимаи «тоҷик» («тоҷикӣ»), то ҷое, ки чашми заифи мо дид, панҷ бор (байтҳои
73, 280, 383, 3265) такрор шуда ва ҳамеша бо эҳтирому мафтунию муҳаббати тамом!
Ва боре ҳам калимаи «форс» ё «форсӣ» наомадааст!”
Ба ин васила оқои Қосим мехоҳад собит кунад, ки
номи “забони тоҷикӣ” истилоҳе бегонаовард нест, русҳо онро наовардаанд, аз
қадим вуҷуд доштааст! Вале магар Юсуфи Балосоғунӣ тоҷик аст? Ӯ, ки турк буд! Оқо,
шумо боз ҳам собит кардед, ки ин ном бегонаовард аст. Шигифт ин ки раиси
Иттиҳодияи Нивисандагон аз нивиштаҳои касоне чун Балъамии тоҷик, вазири дарбори
Сомониён, ғафлат варзида.
‘Порсии дарӣ’
Дар муқаддимаи китоби Торихи Балъамӣ мехонем: "Ва
бидон, ки ин торихномаи бузург аст, ки гирд овард Абӣ Ҷаъфар Муҳаммад ибни
Ҷарири Язид ал-Табарии раҳматуллоҳ, ки малики Хуросон Абӯ Солеҳи Мансур ибни
Нӯҳ фармон дод дастури хешро Абуъалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад ибн ал-Балъамӣ, ки
ин торихномаро, ки они писари Ҷарир аст, ПОРСӢ гардон, ҳарчи некӯтар, чунон ки
андар вай нуқсоне набошад...”
Ва Фирдавсии бузургвори худамон ҳам дар бораи тарҷумаи китоби “Калила ва Димна” аз тозӣ ба порсӣ ва ба шеър даровардани он тавассути Рӯдакӣ менивисад:
Калила ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,
Бад-ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.
Ба тозӣ ҳаме буд то гоҳи Наср,
Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср.
Гаронмоя Булфазл дастури ӯ,
Ки андар сухан буд ганҷури ӯ.
Бифармуд то ПОРСИИ ДАРӢ
Бигуфтанду кӯтоҳ шуд доварӣ.
В-аз он пас чу пайваста рой омадаш,
Ба дониш хирад раҳнамой омадаш.
Ҳаме хост то ошкору ниҳон
Аз ӯ ёдгоре бувад дар ҷаҳон.
Гузорандаро пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд...
‘Исмоъили сонӣ’?
Давлати
Тоҷикистон барои таъйиди машрӯъияти худ дар баробари иддиъоҳои понтуркистон
мабнӣ бар ин ки тоҷикон давлат надоштанд, ба суннатҳои давлатдории амирони
Сомонӣ такя мекунад. Пайкарае аз Исмоъили Сомонӣ ҳам дар соли 1999 дар маркази
Душанбе насб шуд. Бархе аз маддоҳони раисҷумҳур аз Эмомъалии Раҳмон ба ъунвони
“Исмоъили Сонӣ” ном мебаранд. Ба қавли онҳо, ӯ буд, ки пас аз ҳазор сол низоми
давлатдории тоҷиконро ҳифз ва миллатро муттаҳид кард! Вале касе ба номи расмии
забони мо дар даврони Сомониён эътиное надорад.
Ба нивиштаи Абулқосими Самарқандӣ, муаллифи китоби “Ас-савод-ал-аъзам”, худи Амир Исмоъили Сомонӣ (ки муҷассамааш дар маркази Душанбе қад барафрохта), дастури тарҷумаи китобҳоеро ба ПОРСӢ дод. Вай аз ҷумла дар бораи китобе “бифармуд, ки ин китобро ба ПОРСӢ гардонед, то чунонки хосро бувад, омро низ бувад.”
Ҳамонгуна,
ки мебинед, Исмоъили Сомонӣ забони худро басароҳат “порсӣ” номида, аммо касоне,
ки иддиъои меросбарӣ аз ӯро доранд, аз номе, ки ӯ ба кор бурда ор мекунанд ва
онро мояи ифтихор намедонанд. Ин таноқуз аз куҷо сарчашма мегирад? Ин тарзи
тафаккур, бидуни шак, мероси даврони истеъмори Русия аст ва ба назар мерасад,
ки ҳамчунон бар зеҳнияти табақаи ҳоким дар Тоҷикистон чира аст.
‘Порсии сода’
То пеш аз
ишғоли Бухоро аз сӯи Русия ва ҳатто муддате баъд аз он ҳам забони мо дар осори
удабо “порсӣ/форсӣ” номида мешуд. Рӯзномаи “Бухорои шариф” дар соли 1912 дар
шумораи дувуми худ менивисад: “Нашриёти мо иборат аз масоили мухталифа ва маълумоти мутафарриқа хоҳад буд...
Лиҳозо рӯзномаи мо аввалан ҳарчи мумкин бошад, ба забони ПОРСИИ сода навишта мешавад.”
Устод Садруддини Айнӣ, нивисандаи маъруф ҳам, ки худи раисҷумҳур ба ӯ
унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” додааст, дар китоби худ “Намунаи адабиёти тоҷик”
аз номи “форсӣ” фаровон кор гирифтааст. Чунончи вай дар бораи осори Фитрат мегӯяд: “Фитрат насри ФОРСИРО ҳам бағоят салису сода менигорад. Осори мансураи Фитрат якум намунаҳои адабиёти ҷадида аст дар забони ФОРСӢ ба хоки Мовароуннаҳр.”
Мояи таассуф аст, ки бархе аз маддоҳони раисҷумҳур имрӯз ҳатто саъй
мекунанд дар осори гузашта ҳам дастбурд зананд ва ҳар ҷое номи “форсӣ” ҳаст,
ҷои он “тоҷикӣ” бигзоранд. Мавориде аз ин дастро дар нашриёти солҳои ахир
метавон мушоҳида кард. Ин дигар камоли нохалафист, ки намунаашро дар замони
Шӯравӣ ҳам надоштем.
Ҳамонгуна, ки дар Мулдовӣ дар сояи сиёсатҳои Шӯравӣ номи забони он мардум “мулдовиёӣ” хонда шуд, дар Варорӯд низ ба дастури Кремлин номи забони тоҷикон аз “форсӣ” ба “тоҷикӣ” табдил шуд. Ҳадаф ин буд, ки моро аз ҳамзабонони бурунмарзӣ ҷудо созанд.
Раисҷумҳурии Мулдовӣ дуруст мефармояд, ки “миллати
азҳампошида нерӯи воҳид ва муттаҳиде нест, то битавонад аз худ дифоъ кунад... Шумо
вақте миллатеро таҷзия мекунед, метавонед ӯро зери сайтараи худ осон нигоҳ
доред.”
Матни кӯтоҳтари ин мақола дар торнамои Озодӣ ҳам мунташир шудааст.
No comments:
Post a Comment