Tuesday, August 29, 2023

Оё пешвозгирӣ бо нону намак расми ‘тоҷикона’ аст?


Исфандиёри Одина,
Рӯзноманигор

Аз русуми номақбуле, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ривоҷ гирифта, истиқбол аз мансабдорон ё афроди сарватманду қудратманд бо гулу гулдаста ва ё бо нону намак аст. Ин расм дар замони шӯравӣ гоҳу ногоҳ мушоҳида мешуда, вале ба назар мерасад дар даврони беш аз сисолаи истиқлоли кишвар ба ҳадди ифрот расидааст.

Дар авоили ин даврон расми истиқбол аз меҳмонҳои олирутбаи хориҷӣ, масалан Оқохон, пешвои исмоъилиён, бо нону намак бештар роиҷ буд, вале имрӯзҳо ҳар мансабдори маҳаллӣ ҳам агар аз қазо гузораш ба рустое уфтад, зери пояш фарш меандозанд ва дӯшизагон ё баистилоҳ “гулдухтарон” бо нону намак ба истиқболаш мераванд.

Бавижа дар ин авохир дар фазои маҷозӣ тасовиреро мебинем, ки нишон медиҳад бачаҳои ҷавоне, ки эҳтимолан аъзои гурӯҳҳои вобаста ба ҳукумат ё мубаллиғони он, маъруф ба “коргоҳи ҷавоб”, ҳастанд, низ гоҳу ногоҳ сафарҳое ба шаҳристонҳо анҷом медиҳанд (шояд аз пули байтулмол!) ва дӯшизагоне онҳоро бо нону намак пешвоз мегиранд. Ин расм аз куҷо меояд ва оё бо фарҳанги мо созгор аст? Дар ин матлаб ба ин мавзӯъ мепардозем.

‘Меҳри нону намак’

Нону намак дар адаби гузаштаи мо, бидуни тардид, ба унвони рамз ё нумоди садоқат ва меҳмондорӣ аз аҳаммияти вижае бархурдор аст ва шуъарову удабои мо аз “пос доштани ҳаққи нону намак” фаровон сухан гуфтаанд. Чунончи Фирдавсӣ дар достони Рустаму Исфандиёр аз “меҳри нону намак” ёдовар мешавад. Дар ин достон дар муколимае, ки байни Рустаму Исфандиёр сурат мегирад, Рустам аз ӯ мехоҳад, ки меҳмонаш бошад, вале Исфандиёр рад мекунад ва мегӯяд агар меҳмони ӯ шавад, дигар ба поси нону намакаш наметавонад дастони ӯро бибандад ва пеши шоҳ Гуштосб бибарад:

Гар акнун биёям сӯи хони ту,
Бувам шоду пирӯз меҳмони ту,
Ту гардан бипечӣ зи фармони шоҳ,
Маро тобиши рӯз гардад сиёҳ,
Дигар он ки гар бо ту ҷанг оварам,
Ба пархош хӯи паланг оварам,
Фаромуш кунам меҳри нону намак,
Ба ман бар дигаргуна гардад фалак.
Вагар сар бипечам зи фармони шоҳ,
Бад-он гетӣ оташ бувад ҷойгоҳ.

Пайдост, ки дар ин достон “меҳри нону намак” ба маънои садоқат ё вафодорӣ ба мизбон, фаромуш накардани меҳмоннавозии ӯ ва пос доштани ҳаққи нону намаки ӯст. Ҳамин маъноро дар осори бузургони дигаре ҳам гоҳе ба сароҳати бештар метавон дид. Аз ҷумла Саноӣ мегӯяд:

Аҳдҳои қадимро ёд ор,
Ҳаққи нону намак фурӯ магзор.

Савганди вафодорӣ

Савганд хӯрдан ба нону намак низ аз суннатҳо ва русуми роиҷ дар миёни эрониён будааст, чунончи Низомӣ дар достони “Вису Ромин” ба ин мавзӯъ ишора дорад:

Нахуст озода Ромин хӯрд савганд,
Ба Яздон, к-ӯст гетиро худованд.
Ба моҳи равшану тобанда хуршед,
Ба фаррух Муштариву пок Ноҳид,
Ба нону бо намак, бо дини Яздон,
Ба равшан оташу ҷони сухандон.
Ки то боде вазад бар кӯҳсорон,
Ва ё обе равад бар рӯдборон
Бимонад бо шаби тира сиёҳӣ,
Бипӯсад дар даруни ҷӯй моҳӣ.
Равиш дорад ситора осмон бар,
Ҳамидун меҳр дорад тан ба ҷон бар.
Нагардад бар вафо Ромин пушаймон,
На ҳаргиз бишканад бо дӯст паймон.
На ҷуз бар рӯи Виса меҳр бандад,
На касро дӯст гирад, на писандад...

Ҳамон тур, ки мебинем, дар фарҳангу адаби порсӣ нону намак бештар нумоди вафодорӣ ба аҳду паймон ва поси дӯстӣ ва меҳмоннавозии касеро доштан аст. Нону намак ба маънои ғизо ё хӯроке ҳам ҳаст, ки афрод бо ҳам мехӯранд. Поси нону намак доштан ҳам бештар одатест, ки баъд аз зиёфате меҳмон нисбат ба мизбон онро муроъот мекунад.

Вале бо нону намак ба пешвози касе рафтан, бавижа мансабдорон, ки бояд камар ба хидмати мардум баста ва навкари мардум, ва на меҳмони ӯ, бошанд, дар фарҳанги мо, навъе бидъат ба назар меояд. То ҷое, ки камина пажӯҳиш кардам, ин расм пешинаи дарозе дар фарҳанги мо надорад ва миёни ҳамзабононамон ҳам роиҷ нест. Пас ин расм аз куҷо меояд?

‘Расми русиёна’

Барои дарки ин мавзӯъ бояд ба торихчаи таҳаввулоти сад то дивист соли ахир дар минтақаи Варазрӯдон рӯй овард – замоне, ки ин қаламрав аз сарзамини модари худ – фалоти Эрон ё кӯсти Хуросон ҷудо ва ба Русия мулҳақ шуд. Восилӣ Бортулд (1869-1930), аз пажӯҳишгарони борикбине дар заминаи торих ва фарҳанги ин минтақа буд. Ӯ китобе дорад ба номи “Торихи зиндагии фарҳангии Туркистон”, ки соли 1927 дар Ленингрод ё Сан-Питерзбург чоп шуд.


Албатта, Бортулд нивиштани китобро пеш аз инқилоби булшевикӣ оғоз карда ва ҳадафаш пажӯҳиш дар торихи вилояти ишғолии “Туркистону Русия” аст. Яъне торихи минтақае, ки русҳо пас аз ишғоли он дар авосити садаи 19 ба он номи Туркистон доданд, ҳарчанд бахши аъзаме аз қаламрави он, монанди Чочу Фарғона ва Хуҷанду Самарқанд, ки он замон ба ишғоли русҳо даромад, рабте ба номи ҷуғрофиёии Туркистон дар манобеъи порсии куҳан надорад.

Дар соли 1920, ду сол пас аз инқилоби булшевикӣ дар Русия, нерӯҳои Артиши Сурх Бухоро ва Хоразмро ишғол карданд. Ин китоб ҳафт сол баъд аз он торих мунатшир шудааст – замоне, ки ҷои вилояти Туркистони Русияро ҷумҳуриҳои қавмии шӯравӣ гирифта буданд.

Бортулд дар ин китоб менивисад: “Дар замони [фармондории Дмитрӣ] Румонуфскӣ [1866-67] дар Туркистон ин РАСМИ РУСИЁНА падид омад, ки сарваронро бо нону намак пешвоз бигиранд: худи Румонуфскӣ ба торихи 5 июл дар Хуҷанд ва Крижонуфскӣ 7 август дар Тошканд ба ҳамин шева мавриди истиқбол [-и мардуми бумӣ] қарор гирифтанд.”

Вай меафзояд: “Тоза дар рӯйдоди дувум, ба бумиён гуфтанд, ки ин як “расми омиёна аст, ки аз қадимулайём дар Русия вуҷуд доштааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаҳонбинии шарқӣ, баръакс, намак нишонаи саховат ва карамест, ки мардум ва лашкариён аз подшоҳ дарёфт мекарданд ва нофармонӣ аз подшоҳ навъе "намакнашносӣ" талаққӣ мешуд.” (саҳ.180)

‘Бо шамшерҳои бараҳна’

Аз матни нивиштаи Бортулд бармеояд, ки мардуми бумӣ аз чунин расме қабл аз он рӯйдод огаҳӣ надоштаанд ва русҳо ин расмро бо худ овардаанд. Вай ҷои дигар менивисад, ки соли 1867 ҳангоми вуруди Кунстонтин Коуфман, фармондори дигари “Туркистони рус”, ба Тошканд ҳам маросими истиқболи расмӣ “бо нону намак” баргузор шудааст.

Бортулд меафзояд: “Бо он ки ба торихи 7 ноябр аз мардуми бумӣ нону намак қабул кард (яъне аз ӯ бо нону намак истиқбол карданд), Коуфман ваъда кард, ки баъд аз рафъи хастагии сафар онҳоро назди худ хоҳад хонд ва бо онҳо мулоқот хоҳад кард. Аммо поёни солро ӯ ба дидору мулоқот бо сарбозон ихтисос дод ва танҳо дар моҳи январи соли 1868 бумиёнро ба назди худ фаро хонд ва барномаи худро ба онҳо муъаррифӣ кард...” (183)

Расми “истиқболи меҳмон бо нону намак” албатта аз русуми бисёр мутадовил дар миёни мардумони исловитабор ва бархе аз миллатҳои дигар дар шарқи Урупост, ки дар ваҳлаҳое аз торих эҳтимолан таҳти таъсири мардумони исловӣ қарор гирифтаанд.

Бортулд дар ин китоб ҳамчунин ишора мекунад, ки вуруди Коуфман ба Тошканд бо шукӯҳу дабдаба ва пурзарқу барқ барпо шуда, чунончи ин женеролро “садҳо козок бо шамшерҳои бараҳна” ҳамроҳӣ мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, агарчи мардуми бумӣ аз ин кор бағоят шигифтзада шуданд, вале “ба садҳо козок ба унвони муҳофизони Коуфман менигаристанд ва ин мавридро навъе беэътимодии ӯ ба мардуми бумӣ” талаққӣ карданд.

Анҷоми маросими пурзарқу барқ дар миёни фармондорони иёлати Туркистони Русия амре роиҷ буда ва бархе аз гумоштагону ҷаҳонгардони хориҷӣ ҳам, ки дар авохири садаи 19 вориди мустаъмароти Русия дар Варорӯд шудаанд, аз ин маворид хабар додаанд.

‘Тоқҳои нусрат’

Южин Искойлер, ҷуғрофидони омрикоӣ, дар китоби “Ёддоштҳои сафар ба Туркистони Рус, Хӯқанд, Бухоро ва Кулҷа” менивисад: “Замоне ки фармондори кул ба Тошканд бармегардад, тоқҳои нусрат барафрохта ва ороста мешаванд, ҳамаи мақомҳо ба пешвози ӯ чандин мил аз шаҳр берун мераванд ва аз ӯ бо бонги салут ва шилики тӯп пазироӣ мекунанд.” (с. 82)

Ба нивиштаи Искойлер, ин дар ҳолест, ки дар қавонини Русияи тезорӣ муқаррароте дар боби чунин шеваи истиқбол аз фармондорони маҳаллӣ зимни бозгашт аз сафар мавҷуд набудааст. Вай ҳамунин намоишӣ будани ин маросим ишора мекунад: “Тоқҳои пирӯзӣ ва пазироӣ бояд баёнгари возеҳи эҳсосоти умумӣ бошад, аммо ин намоишҳо аслан худҷӯш нестанд.”

Аз ин китоб чунин бармеояд, ки бисёре аз суннатҳои фасодомези давлатҳои худкомаи Варорӯд, мисли пешвозгириҳои пурзарқу барқи "пешвоёни" миллат ё раисони ҷумҳур ё мансабдорони дигар бо дастаҳои гулу нону намак ё роҳпаймоиҳои чоплусона, ва ҳатто пул ҷамъ кардани кормандони давлатӣ барои ҳадя додан ба сарваронашон ва ғайра мероси истеъмори Русия аст, ки ҳатто дар замони тезор ҳам ривоҷ доштааст.

Искойлер менивисад: “Баъд аз ишғоли Хива (Хоразм) ҷаласае барои ибдоъи василае барои таҷлил аз ин пирӯзӣ баргузор шуд. Бархе бунёди як тоқи нусрати доимиро пешниҳод карданд, дигарон хостори таъсиси бурсияе барои омӯзиши забонҳои шарқӣ ба исми фармондори кул шуданд. Билохира тасмим бар ин шуд, ки ҳардуро анҷом диҳанд.”

Бо ин ҳол, вай меафзояд: “Қарор буд бо иштироки довталабона пул ҷамъоварӣ шавад, аммо ҳамаи афсарон ва мансабдорон, ҳатто дар манотиқи дигари Туркистон, санади расмие аз сарварони худ дарёфт карданд, ки дар он аз онҳо тақозо мешуд, саҳми молии худро дар ин амр гузоранд, ва камтар касе ҷуръат дошт ин дастурро рад кунад.”

Нигоҳи ‘аз боло ба пойин’

Ин маворид шабоҳати бисёр шигифтангезе бо рафторҳои мансабдорон ва мақомҳои давлатӣ дар Тоҷикистони имрӯз дорад. Илова бар маросими пурзарқу барқ, сохтмони кушку кохҳо ва барафроштани тоқҳои нусрат ҳам, ки намунаҳое аз онро метавон дар поркҳои Душанбе дид, баёнгари таъсири бисёр жарфи истеъмори фарҳангии Русия дар Тоҷикистон аст.


Бисёре аз мақомҳои тоҷик дар замони шӯравӣ қабл аз расидан ба мансабе давраҳои вижаи мудириятро дар муассисоти ҳизби кумунисти шӯравӣ сипарӣ мекарданд. Аксари раисону вазирони имрӯзии Тоҷикистон ҳам чунин давраҳоро дар як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Русия пушти сар мекунанд. Яъне чизе аз он замон то ин замон тағйир накарда ва метавон гуфт, ки ҳамон низоми истеъморӣ ҳамчунон побарҷост.

Нигоҳи “аз боло ба поён” аз муҳимтарин вижагиҳои ин низом аст – нигоҳе, ки русҳо ба мардуми мустаъмароти худ дар Варазрӯдон доштанд. Акнун ба назар мерасад, ки дастнишондаҳои онҳо нисбат ба мардуми худ чунин нигоҳе доранд.

Яъне мансабдорон ҳоло худро ҳокими мардум ва мардумро тӯдае ходим ё хидматкори худ медонанд ва бо ҳамин тафаккур вақте ба музофот мераванд, мардумро водор месозанд, ки бо “нону намак” ба истиқболашон оянд – расме, ки аз русҳо ёд гирифтаанд ва саъй мекунанд ба он либоси “тоҷикӣ” пӯшонанд ва ё онро расме “тоҷикона” ҷилва диҳанд.

Тафовут фақат ин аст, ки агар дар замони тезор ва авоили даврони Шӯравӣ пирамардони маҳаллӣ бештар бо нону намак аз мансабдорони давлатӣ истиқбол мекарданд, имрӯз бештар дӯшизагони ҷавоне ҳастанд, ки гоҳе маворид ҳатто бо либоси тунук дар ҳавои сард рӯи дастонашон нону намак мунтазири “меҳмони олиқадр” меистанд.

Ин мақола қаблан дар торнамои Родию Озодӣ ҳам мунташир шуда буд.


No comments: