Thursday, March 09, 2023

Чигуна Рӯзи ҷаҳонии зан ба "рӯзи модарон" дар Тоҷикистон табдил шуд?

19 исфандмоҳи 1399

Чанд сол пеш, замоне ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии занро ба рӯзи модар табдил кард, албатта аз ҳеч зане назарашро дар ин бора напурсид. Худаш ин корро кард, ба ъунвони як мард, ки худашро ҳокими мутлақ медонад ва мураввиҷи мардсолорӣ аст, ин иродаи худаш буд, на ирода ва хости милюнҳо зани тоҷик! Дарвоқеъ, ин корро пас аз он кард, ки нашрияи СССР мақолае чоп кард, ки дар он рӯзи ҷаҳонии зан рӯзи фаҳшу фоҳишаҳо хонда шуда буд. Ҳатто дар ин мақола рӯзноманигор Клоро Сеткинро, ки аз фаъъолони зани шинохташуда аст, руспӣ (фоҳиша) хонда буд.

Яъне бо "пешниҳоди" як нашрия, яъне нивисандаи мақола ва сардабираш, ки ҳарду "марданд", як "марди" дигар қаламро ба даст гирифту бар рӯи "Рӯзи ҷаҳонии зан" хатти бутлон кашид ва муҳр зад. Садҳо созмони ғайридавлатии занон ва ниҳодҳои баистилоҳ ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки кумакҳои фаровоне барои "бедорӣ ва огоҳии занон" дарёфт мекунанд, хомуш буданд ва кӯчактарин интиқоде накарданд, чи расад ба эътироз. Ҳама тан ба иродаи се марди занситез доданд, то дар мавриди онҳо ва сарнивишташон тасмим бигиранд.

Рӯзи ҷаҳонии зан ба ҳеч ваҷҳ рӯзи модар нест! Ин рӯзи ҳамсар ва хоҳар ва духтар ҳам нест! Ҳарчанд модарону хоҳарону ҳамсарон ҳам зан ҳастанд. Вале ин рӯз фақат рӯзи ҷаҳонии зан аст. Мо ба модарону ҳамсарону хоҳарону духтарон ва дигар пайвандонамон, ки аз қазо зан ҳастанд, БОЯД фақат ба хотири зан буданашон дар ин рӯз шодбош бигӯем, на ин ки ба занҳо фақат ба хотири модар ва ё хоҳар ва ё ҳамсар ё духтар буданашон табрик бигӯем. Тафовут инҷост.

Дар фазои Шӯравии собиқ зан на сирфан барои зан буданаш, балки фақат ба ин хотир мавриди эҳтиром метавонад бошад, ки модар аст, ё хоҳар аст, ё ҳамсар аст, ё духтар аст. Яъне ин эҳтиром ва арҷгузорӣ ба зан (агар воқеъан вуҷуд дошта бошад, ки надорад!) боз ҳам аз ирода ва хостаҳо ва ниёзҳои мардон бармеояд, ва ба манофеъи мардон вобаста аст, на баёнгари хостаҳо ва ниёзҳои худи занон! Яъне ин марди тасмимгиранда аст, ки ба зан мегӯяд, бибин, агар ман як зарра ба ту эҳтиром дорам, фақат ба хотири ин аст, ки ту модари манӣ, ё хоҳари манӣ, ё ҳамсари манӣ, ё духтари манӣ, дар ғайри ин сурат кӯчактарин арзише барои ман надорӣ!

Маънои табдили Рӯзи ҷаҳонии зан ба рӯзи модарон ҳамин аст. Яъне ин оқои тасмимгиранда ғайраташ иҷоза намедиҳад, ки рӯзе хосро барои арҷгузорӣ ба зан, гӯш додан ба садои ӯ, посухгӯӣ ба ниёзҳои ӯ, дар ҷойгоҳе бартар нишондани ӯ ва ғайраро таҳаммул кунад, сарфи назар аз ин ки чи пайванде ба худи ӯ дорад. Паёми ин марди тасмимгиранда ба занҳо ин аст, ки вазифаи шумо фақат модар будан аст, шумо фақат барои тавлиди мисл офарида шудаед, ҳаққи шахсият будан надоред. Ҳаққи ҳеч кори дигареро надоред, ҷуз корҳое, ки мо "мардон" барои шумо ба унвони "кори занона" таъйин кардаем.

Бино бар ин, агар модар шавед, мавриди эҳтиромед, агар на, шумо палиду касиф ҳастед ва сазовори эҳтиром ва арҷгузорӣ нестед. Баъзеҳо дар ин биниши тангназарона то ба ҳадде ифрот мекунанд, ки мегӯянд "зан ба ин хотир мавриди эҳтиром аст, ки фалон паямбареро ба дунё овардааст!" Яъне агар он паямбарро ба дунё наоварда буд, набоист мавриди эҳтиром бошад!

Ин тасмим ва ин шеваи биниш дарвоқеъ тавҳин ба занон буд ва ҳаст, вале занони Тоҷикистон на ин ки ба ин тасмими занситезона эътироз накарданд, балки ҳамасола ба хурсандию хушнудӣ ва бо овардани нақли қавлҳои пуртумтароқ аз раиси ҷумҳур дар ҷаласот ва ҳамоишҳои худ ӯро ситоиш мекунанд.

Рӯзи ҷаҳонии зан рӯзи арҷгузорӣ ба занонест, ки тайи торихе тӯлонӣ, барои озодӣ ва растагории занон, барои ба расмият шинохтани ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии онҳо, масалан ҳаққи райъ додан ва интизоб шудан ба ин васила дар ҳукумат ширкат кардан, ҳаққи озодии баён, ҳаққи кору таҳсил, ҳаққи ҳузур дар иҷтимоъ, ҳаққи интихоб дар ин ки модар бишаванд ё нашаванд, муборизаҳо кардаанд, ҷоннисориҳо кардаанд, ҷон бохтаанд, то мо ба як ҷомеъаи ормонӣ ва инсонмеҳвар бирасем.

Дар ин рӯз дар кишварҳои фаротар аз ҳавзаи Шӯравии собиқ, занону мардон барои эҳқоқи ҳуқуқи занон даст ба роҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳои эътирозӣ мезананд, ё корзорҳои густардаи дигаре барои густариши огоҳӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва рафъи табъизи ҷинсиятӣ барпо мекунанд. Ин рӯз фурсат ва баҳонаест барои як бори дигар бозгаштан ба ин мавзӯъ ва дидан, ки чи мушкилоте дар заминаи озодию баробарии занон бо мардон ва рафъи табъиз ъалайҳи занон вуҷуд дорад, ва водор сохтани давлатҳо ва ҷомеъаҳо ба тағйири сиёсатҳо ва роҳкорҳояшон дар ин замина.

Вале ин рӯз дар ҳавзаи Шӯравии собиқ, сирфан як рӯзи дигар аз рӯзҳои ъайшу нӯш ва саргармиву дилхушии умдатан мардон аст. Бештар рӯзест, ки мардон инҷову онҷо занонро тамҷид (ё комплимент) мекунанд ва ашъоре монанди "зан агар оташ намешуд" қироат мекунанд, шояд ҳадяҳое ҳам ба занҳои ҳамкор ё шинос ё пайвандони худ бидиҳанд. Бештар ба рӯзи Волентойн мемонад, то ба рӯзи мубориза ва корзорҳои бедорӣ ва огоҳигустарӣ. Мушкилоти иҷтимоъиву сиёсӣ ва фарҳангии марбут ба занон, бавижа сиёсатҳои занситезона ва табъизомез дар ин рӯз ба бутаи фаромушӣ супурда мешавад.

 

No comments: