Бисёре аз шӯравипарастон ҳамчунон ин суоли бемаъниро матраҳ мекунанд, ки "агар Шӯравӣ набуд, мо оё метавонистем ба пешрафтҳое, ки Шӯравӣ овард, даст ёбем?" Посух сареҳу мушаххас аст: Оре, бидуни шак! Чи басо, ки пешрафтатар аз ҳоло будем!
Дар даҳаи навади милодӣ, қабл аз он ки Шӯравӣ фурӯ пошад, бисёре аслан тасаввур намекарданд, ки ҷумҳуриҳри Осиёи Миёна метавонанд мустақил бошанд ва бидуни тасмимгирии Маскав пеш бираванд. Бисёре аз афроде, ки мағзашон яхзада аст, фикр мекарданд, ки агар рус набошад, он ҳам рус аз навъи шӯравӣ ва булшевикияш, ҳеч пешрафте дар ҷаҳон имкон надорад, гӯё ин фақат зеҳни руси булшевик буд, ки ин ҳама ихтироъотро дар ҷаҳон ҳосил карда буд ва гӯё ҷаҳон бидуни Ивони булшевик дар торикии мутлақ ва дар гуруснагии комил мезист! Онҳо истиқлоли ин ҷумҳуриҳоро ҳатто тасаввур намекарданд.
Аммо вақте Шӯравӣ фурӯ пошид ва ин кишварҳо якяк ба нохости худ мустақил шуданд, ба чашми худ диданду дидем, ки поёни Шӯравӣ поёни ҷаҳон набуд! Касе аз гуруснагӣ намурд, текнулужӣ ва фанновариҳои чи басо пешрафтатару ҷадидтаре ба минтақа роҳ ёфт. Мардуми маҳаллӣ баъд аз андаке таҷоруби талх тавонистанд худашон ҳукумат карданро ҳам ёд бигиранд, тавонистанд диплумосӣ ва равобити байналмилалиро ёд бигиранд, тиҷорат бо кишварҳои давру барамон, монанди Чин аз Шарқ ва Эрону Афғонистону Покистону Ҳинд аз ҷануб ва Туркия аз Ғарб ва кишварҳои дигар аз саросари ҷаҳонро ёд бигиранд.
Ба ҳамин шева, агар Шӯравӣ набуд, торихи минтақаи Осиёи Миёна дар қарни 19 ях намекард, ҳар ойина пеш мерафт, вале шояд ба шаклу шеваи дигар. Он замон тоза андешаҳои таҷаддудхоҳона дар Бухорою Хива ва Фарғона по мегирифт ва мардумони ин минтақа худашон дар масири бозандешӣ ва бозсозӣ буданд ва ба он аҳдоф дертарак ё зудтарак мерасиданд. Ҳамин тур, ки имрӯз роҳҳои моро Чин месозад, на Русия, нерӯгоҳи моро ширкате итолиёӣ месозад ва на Русия, он замон ҳам садҳо ва ҳазорон тарҳи сармоягузорӣ дар минтақа иҷро мешуд ва сармояи ҳангуфте ба минтақа сарозер мешуд ва бо анҷоми ин тарҳҳо минтақа ба пешрафтҳое даст меёфт. Бавижа ин ки минтақаи Осиёи Миёна як минтақаи нафтхез аст, ҳаргиз аз мадди назари ҷаҳониён дур намемонд! Баръакс ин Шӯравӣ буд, ки моро барои ҳудуди сад сол дар инзиво нигоҳ дошт, кишварҳои Осиёи Миёна бе изни Маскав коре аз пеши худ пеш намебурданд, ҳама гуна равобит ва тиҷорати мо бо кишварҳои ҳамҷаворамон қатъ шуд, ки паёмадаш барои садсолаҳо ҷуброннопазир аст.
Агар Шӯравӣ набуд, пуле, ки омрикоиҳо бар фарози Панҷ сохтанд, дастикам 70 сол пеш сохта мешуд, нерӯгоҳҳои Нораку Роғун дастикам шасту панҷ сол пеш сохта мешуданд, тунели Анзоб дастикам 50 сол пеш сохта мешуд. Чиро имкон дошт пештар сохта шавад? Ба ин далели сода, ки мо дар ҷаҳони сармоядорӣ ва иқтисоди бозорӣ мезистем, на дар низоми яхбастаи Шӯравӣ! Ва сармоя он вақт нақши боризтаре ифо мекард, на идеулужии ботили кумунистӣ! Магар сарзаминҳое, ки ҷузъи Шӯравӣ набуданд, дар авоили қарни 20 боқӣ монданд ва пешрафте накарданд? На! Ҳар ойина пешрафт карданд ва чи басо пешрафтатар аз мо ҳам шуданд. Шӯравӣ Осиёи Миёнаро ба зиндоне табдил дода буду ҳар рӯз ба зиндониёнаш як бурда нон медод ва мегуфт, ки дар берун аз ин зиндон ҳамаҷо гуруснагист ва фақр ва вопасмондагӣ! Мо ҳам бовар доштем (баъзеҳо ҳануз ҳам бовар доранд!), чун берун аз онро надида будем! Шӯравӣ моро танбал карда буд ва мо худамон тиҷорат карданро (ки аз маҳоратҳои беназири суғдиён дар тӯли торих будааст!) фаромуш кардем ва худамон ҳунар ва маҳорати робита доштан бо ҷаҳонро аз ёд бурдем, то замоне ки мустақил шудем ва акнун дубора тоза ёд мегирем!...
Манбаъ:
Esfandiar Adineh
No comments:
Post a Comment