Талоқ: фоҷеъа ё роҳи ҳал?
Макомоти тоҷик дар сутӯҳи мухталиф ахиран дар бораи мавориди ба гуфтаи онҳо зиёди талоқ ё ба истилоҳи худашон "азҳампошии оилаҳои ҷавон" ибрози дилвопасӣ мекунанд, гуё ин фоҷеъаи бузургест! Ҷудо шудани зану шавҳар дар сурати созгор набудан бо ҳам на танҳо фоҷеа нест, ки шоистатарин ва оқилонатарин роҳи ҳалли масъала аст! Ҳам аз лиҳози динӣ ва ҳам аз лиҳози илмӣ талоқ амре табиъӣ, маъмулӣ, сода, иҷтимоъӣ ва ҳуқуқӣ аст ва ҳамон гуна ки издивоҷ ҳеч гуна қудсияте надорад, талоқ низ ҳеч кароҳате надорад ва дар натиҷа, як фоҷеъа ё трожедӣ маҳсуб намешавад.
Хуб, роҳи ҳал аст, дигар! Оё барои як зану шавҳар, ки бо ҳам ҳеч сари созгорӣ надоранд, беҳтар нест, ки даст аз сари ҳам бардоранду ҳар кудом роҳи зиндагии худро бираванд, то ин ки як умр дар канори ҳам бимонанду ба ҳамдигар латма зананд ва зиндагиро барои ҳам талхтару талхтар кунанд??? Кадоме беҳтар аст: зиндагии беҳтару омортар ва дур аз ҳам ё бадбахтии мудом дар канори ҳам???
Аз нигоҳи ҷомеъашиносӣ, дар ҷавомеъи пешрафта ва сарватманд ва борифоҳ нархи (мизони) талоқ ё ҷудоии завҷот ба таври табиъӣ боло меравад ва ин нишонгари ҳеч гуна инҳироф ё мушкили иҷтимоъӣ маҳсуб намешавад, балки амре маъмулист ва ҳеч далеле ҳам барои нигаронӣ надорад. Ҳатто боло рафтани омори талоқ яке аз шохисаҳои пешрафт ва таъмини рифоҳи умумӣ аст! Дар ҷавомеъи ақабмонда ин омор ҳамвора дар сатхе пойинтар, бо ин ҳол ибрози "нигаронӣ ва изитироб" дар мавриди афзоиши талоқ дар сатҳе болотар аст! Дуруст вазъияте, ки имрӯз дар мавриди Тоҷикистон сидқ мекунад! Макомот ҳам бо тарҳи чунин масоиле камарзиш талош мекунанд ба мардум нишон диҳанд, ки ба фикри "хушбахтии" онҳо ҳастанду баистилох, дилашон барои онҳо месузад! Аммо.., бибахшед, мушкиле талхтар ва дардноктар аз, масалан талоқ, вуҷуд дорад, ки бояд ҳамагон ба он фикр кунанд: ҷудоии иҷборӣ ва нохостаи завҷҳо ба далели маҳрумият аз иштиғол дар дохили ватан ва муҳоҷирати ногузиру нобачор ба Русия!
Ҳазорон нафар аз мардони тоҷик, чи ҷавону чи солманд, моҳҳову солҳо аз хонаводаҳои худ ҷудо ҳастанд, бисёре зану фарзандонашонро гузоштаанд ва солҳои зиёде дар бораи сарнивишти онон хабаре надоранд, кумаке ба онҳо намекунанд ва дар зиндагӣ ва тарбияти фарзандони худ амалан нақше ва саҳме надоранд! Омори талоқ байни завҷҳои ҷавон пеши омори ин гуна завҷҳои ба истилоҳ ЗИНДАҶУДО ночиз аст! Ин дигар як воқеъият аст, ки бисёре аз занони баистилоҳ "хушбахти" тоҷик, ки бонги талоқи шавҳаронашонро ҳаргиз нашунидаанд, дарвоқеъ ба бевазаноне табдил шудаанд, ки умри худро дар сахтию машаққат ва интизори доиму сабрфарсои шавҳарони худ ба сар мебаранд, бе он ки таваҷҷуҳе ба ҳоли онон аз сӯи давлат ё ҷомеъа шавад. Шавҳарони бархе аз онҳо соле як бор ё дар чанд сол як бор ба хонаҳои худ дарвоқеъ "муҳоҷир" мешаванд ва чун парандаҳои кӯчӣ аз канори зану фарзандонашон бошитоб мегузаранд! Ҷудоӣ ба хотири бекорӣ ва муҳоҷират паёмадҳои иҷтимоъии фоҷеъабортаре барои фарзандони муҳоҷирон дорад, ки равобити отифии падарону модаронашонро банудрат мушоҳида мекунанд ва худ низ аз меҳру муҳаббат ва тарбияти онон бадурустӣ бархурдор нестанд. Ҳоло, касоне ки дам аз "фоҷеъаи" афзоиши талоқ мезананд, боре чиро ба фикри ин хонаводаҳои зиндаҷудо нестанд???!!!
(Ихтор: Нашри ин назар дар ҳеч расонае бидуни иҷозаи банда ҷоиз нест!)
Манбаъ: Esfandiar Adineh
No comments:
Post a Comment