Friday, February 07, 2020

Тумирис ва Таҳмина: Решаи эҳтимолан муштараки достонҳои Ҳерудут ва Шоҳнома

Esfandiar Adineh shared a link.
Ин достони Тумирис, ки Ҳерудут нақл карда ва ба Куруш рабт додааст, эҳтимолан нусхае дигар аз достони Рустаму Суҳроб буда, ки дар он замон ба ин шакл миёни эрониён роиҷ буда ва Ҳерудут намунае аз онро шунида ва ба Куруш рабт додааст. Номи Тумирис шабеҳ ба Таҳмина аст, ки аз вожаи "таҳма" меояд ба маънои қавӣ, ки онро мешавад дар Шоҳнома дар номи Таҳамтан (Рустам) ҳам дид. Ин номҳо бо номи Таҳмураси девбанд, паҳлавони афсонаии эронӣ, ҳам рабт дорад. Гунаи авестоии вожаи "таҳм" " тахма" аст ва масалан номи Таҳмурас дар Авесто ба шакли "Тахма Урупӣ" омадаааст. Пас ин ном номе роиҷ дар миёни эрониён ба ъунвони як номи достонӣ ва паҳлавонӣ будааст, ки Тумирис ҳам гунае юнонишуда аз он аст.
Аммо ваҷҳи иртиботи он бо Таҳминаи Шоҳнома ҷудо аз ҳамреша будани ин ду ном бештар шабоҳати достонии он аст. Таҳмина ҳамон модаре туронӣ аст, ки писараш Суҳроб ба дасти лашаркаше эронӣ кушта шудааст. Тумирис ҳам шаҳбонуе сакоӣ аст, ки писараш ба дасти лашкаркаше эронӣ кушта шудааст. Ин лашкаркаш дар Шоҳнома Рустам аст ва ӯ падари ин писари кушташуда аст, ки дар достони Тумирис ин ҷузъи достон мавҷуд нест. Дар ин достон Куруш душман аст ва Тумирис дар садади интиқом аст, дар ҳоле ки Таҳмина интиқом намегирад, чун қотили писараш падари Суҳроб аст.
Номи Сипаргопис ҳам шабоҳатҳое ба номи Суҳроб дорад, ҳарчанд номи Суҳроб гунаи дигаре аз вожаи Сурхоб аст ва ин ном дар забонҳои эронии бостон фаровон роиҷ будааст. Спаргоб ҳам метавонад гунае таҳрифшуда ё юнонишуда аз ҳамон Сурхоб ё Суҳроб буда бошад. Достонҳои Шоҳнома, аз ҷумла Рустаму Суҳроб, аз куҳанзамон дар миёни мардумони эронӣ роиҷ будаанд ва албатта ин достонҳо баёнҳо ва ривоятҳои мухталифе доштаанд ва нусхаҳои мутафовите аз як достон ё устура дар миёни эрониён ҳамеша дар тӯли торих роиҷ будааст.
Ҳерудут ҳам нусхае аз устураи Тумирисро ба шакле дигар шунида ва онро ба Куруш нисбат додааст, дар ҳоле ки намунаҳои дигаре аз он дар миёни эрониён роиҷ буда ва то замони Фирдавсӣ расида ва Фирдавсӣ нусхае дигар аз онро бознивисӣ кардааст. Албатта, шакке ҳам нест, ки ҳарду ҳам дар он нусхаҳои ибтидоӣ ва аввалияе, ки ба дасташон расида, дасткорӣ ва онҳоро такмил кардаанд. Яъне ҳузури худи онҳо низ дар ин осор ба мушоҳида мерасад. Масалан, касе наметавонист ба ҳамтоии Фирдавсии бузург ин достонро чунон бозпардозӣ кунад, ки табдил ба яке аз зеботарин осори трожедии мондагор дар тамоми тӯли торих дар тамомии адаби ҷаҳонӣ шавад.
Албатта Ҳерудут (ӯ ҳам эронӣ буд!) ҳам саъй кардааст бо ин достон ба китоби худ ба шеваи дигар ҷаззобияте беназир бахшад, масалан барои ӯ тасвири шоҳи қудратманди ҷаҳоние, ки ба дасти шаҳбонуе гумном (дар маконе дуртар, ки барои юнониҳо дастнорас ва ба ҳамин далел қобили бовар бошад) кушта мешавад, метавонист бисёр ҷаззоб бошад. Вале нуктаи муҳим ин аст, ки ин достон ҷузъи асотири эронӣ буда ва кор гирифтан аз он ба ъунвони мадраки торихӣ ё онро воқеъӣ пиндоштан кори дурусте нест!



Манбаъ: Esfandiar Adineh

Wednesday, February 05, 2020

Дар Бухоро 'инқилобе' набуд, ИШҒОЛ буд!

Дар посух ба ҳаммеҳане, ки содалавҳона чунин нивишта:
///Фаридун Давлатов: Усмонов комилан дуруст мефармояд. Мардум ҳангоми инқилоб пешоруи интихоб қарор гирифтан: аз як сӯ босаводии саросарӣ, ҳокимияти мардумию мардумпарвар, аз суи дигар ҳамон низоми нимғуломдории ҳазору сесадсола, ки мардум аллакай тамомашро чашидаву аз рангу намудаш безор буданд. Табиист, ки мардуми мо варианти якумро бештар писандид.////
Ҳеч гуна инқилобе дар Бухоро иттифоқ науфтод! Тибқи худи ҳамон назарияҳои Ленин ҳам Бухоро барои инқилоб ҳаргиз омода набуд. Пас ҳеч инқилобе дар Бухоро нашуд! Воқеъият ин аст, ки Бухоро аз сӯи лашкари сурхи булшевикӣ ИШҒОЛ шуд! Чун ин лашкари сурх аз тӯдаҳои ғоратгаре ъиборат буд, ки дигар имкони худашро таъмин кардан надошт ва ҳамла ба Бухоро миқдори зиёде пул ва сармоя барои давлати навпои булшевикӣ фароҳам кард, ки битавонад ба ъумри худ давом бахшад. Аз ҷумла, ғорати хазинаи иморати Бухоро аз сӯи ъаскарони сурхи чаповулгар, ки имрӯза муъодили садҳо милюн дулор аст, барои давлати буҳронзадаи булшевикӣ дар он замон нақши ҳаётӣ дошт. Булшевикҳо ҳамчунин дороиҳои ҳангуфте аз ғорат ва мусодираи моли мардум, ғаллаву ҳубубуоташон, гову гӯсфандонашон, асбу шутурашон ва ғайра ба Маскав ё Тошканд, маркази фармондории Туркистони Русия. мефиристоданд. Дар мавриди мусодираи ҳазорҳо сар асб бояд ёдовар шуд, ки асб василаи ҳамлу нақли бисёр муҳимме барои ъаскарони сурхи ҷаповулгар буд. Ҳатто пеш аз рӯи кор омадани давлати ғаддори булшевикӣ, Русияи тезорӣ ҳам садҳо ҳазор сар асби мардуми минтақаи Осиёи Миёнаро мусодира карда ва барои артишиёнаш ба Ҷанги Ҷаҳонии Аввал мефиристод.
Агар ҳамла ба Бухоро ва ғорати мардуми ин сомон набуд, давлати Шӯравӣ дар ҳамон ду-се соли аввалаш фурӯ мепошид ва низоми подшоҳӣ ё сармоядорӣ ба Русия бармегашт. Чун ҲЕЧ инқилобе дар Бухоро набуд, мардум дар баробари ду гузина барои интихоб ҳам қарор нагирифта буданд! Ин як фикри комилан аҳмақона ва бепоя аст.
Мардуми Бухоро он замон дидгоҳашон мушаххас буд, ъаскарони Шӯравиро таҷовузгар медонистанд ва ғоратгар, чун ҳар рӯз дороиҳо ва чорпоёнашонро мерабуданду ғорат мекарданд ва бо зӯри силоҳ тасарруф мекарданд. Ин ки бархе мегӯянд, гӯё мисли растаи бозор дар як тараф "босаводии саросарӣ ва ҳукумати мардумию мардумпарвар"-ро гузошта буданду дар тарафи дигар "низоми ғуломдорӣ"-ро, то мардум биёянду худашон интихоб кунанду бигиранд, дар беҳтарин ҳолат як хушхиёлӣ аст, на воқеъият. Ва тасаввураш бисёр хандадор ҳам ҳаст!!!
Ин чизҳое, ки ин оқо нивишта, дарвоқеъ маҳсули таблиғоти Шӯравӣ дар даҳсолаҳо баъд аст. Дар ҳамон соли 1920, ки Бухоро ишғол шуд, на мардум русӣ медонистанд, на русҳо родиюву телевизиюну интернет доштанд, ки идеҳои кумунистиро аз даҳони Ленин дар Маскав бигиранду мустақим биёранду дар бозору растаҳои Бухоро тарҷума карда ва ба хӯрди мардум бидиҳанд. Нашрияҳое, ки ба русӣ дар нуқоти дурдаст чоп мешуд, ҳаргиз ба Бухоро намерасид, агар чанд дона мерасид, он ҳам миёни хонаводаҳои руси мустаъмарадори муҳоҷир паҳн мешуд, он ҳам дар Тошканд, на дар Бухоро, ки хонаводаҳои рус зиёд надошт. Идеҳои кумунистӣ ва инқилоби кумунистӣ дар миёни мардуми маҳаллӣ дар Осиёи Миёна аслан ривоҷ надошт ва онҳо аслан намедонистанд, ки дар Маскав чи иттифоқе меуфтад. Фақат овозааш аз дур мерасид, ки гурӯҳе балвогар қиём кардаанду подшоҳи Русияро аз тахт сарнагун кардаанд. Он замон иттилоъ дар ҳамин ҳад ба Бухоро мерасид, на беш аз ин!
Аммо он гуна, ки ин оқо тасвир мекунад, гӯё давлати булшевикӣ дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо китобу осори моркистиро ба забони мардумони маҳаллӣ бо қатору ҳавопаймо оварда ва барои тактаки шаҳрҳо ва рустоҳои Бухоро тақсим карда бошанд ва мардуми маҳаллӣ гӯё якшаба пай бурда бошанд, ки чизе ба номи кумунисм вуҷуд дошта ва аз вазъияти замони худашон беҳтар аст ва гӯё онҳо фаҳмида бошанд, ки дар низоми ғуломдорӣ мезистаанд ва ин гурӯҳи балвогари нав гӯё давлати мардумӣ ва мардумпарвар месохта бошад ва аз ин чарандиёт ва гӯё мардум худашон яксара ва якшаба кумунист шуда бошанд ва ин низомро ИНТИХОБ карда бошанд!!!! Боз ҳам, ин ХАНДАДОР аст!!!
Мардуми Бухоро дар он замон намедонистанд кумунисмаш чист, булшевикаш чист, инқилобаш чист, низоме, ки як гурӯҳи балвогар, ки подшоҳи Русияро аз тахт ғалтонда буд ва мехост поя гузорад, аслан чи низомест, ин гурӯҳ оянда ба онҳо чи хоҳад дод, аслан намедонистанд. Онҳо фақат ба чашми сар медиданд, ки лашкари сурх омаду Бухороро бумборон карду хазинаҳои иморатро ғорат кард ва ба хонаҳои мардуми шаҳр ҳам чаповул зад ва дар масоҷиду мадорис хайма зад ва ъаскаронаш ҳар рӯз бо силоҳ дар шаҳру русто мегаштанду мардумро ғорат мекарданд, асбу гови мардумро ба зӯри силоҳ мегирифтанд, гандуму ҷаву ғаллоти мардумро мегирифтанду мебурданд дар ситодҳояшон ъайшу нуш мекарданд ва ҳар кас, ки эътироз мекард, дарҷо мепаронданд. Мардуми андак босаводу ояндабин зуд молу ъиёли худро гирифтанду муҳоҷират карданд, бо ин нигаронӣ ё пешбинӣ, ки терур ва кушторҳои бештаре дар пеш аст, мардуми камсаводтару бемоятар тан ба тақдир дода буданду менишастанд ва фақат Худо мегуфтанд, ки дасти ҷабру зулми куффорро, ки Бухороро ба хун олуда карда буд, ҳарчи зудтар кӯтаҳ ва сояи ваҳшаташро аз сарашон дур кунад!
Он чизҳое, ки оқои Давлатуф мегӯяд, даҳсолаҳо баъд, замоне ки Шӯравӣ ҷойгоҳашро устувор карду дар минтақа чумҳуриҳо таъсис доду заминҳоро аз мардум мусодира карду кулхуз ташкил кард, баъд камкам ба таблиғи онҳо пардохт, чун медид. ки мардум ҳукуматашро намепазиранд. ОН замон буд, ки камкам аз фарҳангиёни маҳаллӣ, монанди Ъайниву дигарон, истифода мекард, ба дасташон рӯзнома дода буд, ки ин идеҳоро ба забони ъомиёна ба мрадум таблиғ кунанд, ки гӯё гузашта бад буду ҳоло хуб аст ва оянда боз беҳтар мешавад. Аммо то ин ки ин идеҳо дар миёни мардуми маҳаллӣ ҷо уфтад, даҳсолаҳо лозим буд, вале то охири ъумри Шӯравӣ ҳам ҷо науфтод. Яъне давлати Шӯравӣ аввал Бухороро ИШҒОЛ кард ва баъд аз солҳо, ки имконоти молию фаннияш фароҳам шуд, ба таблиғи дастовардҳои худаш ва идеҳояш пардохт. Ин тур нест, ки дар ҳамон оғоз мардум аз андешаҳои кумунистӣ бохабар буда бошанд ва имкони интихоб дошта бошанд! Ин як тасаввури кӯдаконае беш нест!
Манбаъ: Esfandiar Adineh

Агар Шӯравӣ набуд, мо пешрафт намекардем?

Бисёре аз шӯравипарастон ҳамчунон ин суоли бемаъниро матраҳ мекунанд, ки "агар Шӯравӣ набуд, мо оё метавонистем ба пешрафтҳое, ки Шӯравӣ овард, даст ёбем?" Посух сареҳу мушаххас аст: Оре, бидуни шак! Чи басо, ки пешрафтатар аз ҳоло будем!
Дар даҳаи навади милодӣ, қабл аз он ки Шӯравӣ фурӯ пошад, бисёре аслан тасаввур намекарданд, ки ҷумҳуриҳри Осиёи Миёна метавонанд мустақил бошанд ва бидуни тасмимгирии Маскав пеш бираванд. Бисёре аз афроде, ки мағзашон яхзада аст, фикр мекарданд, ки агар рус набошад, он ҳам рус аз навъи шӯравӣ ва булшевикияш, ҳеч пешрафте дар ҷаҳон имкон надорад, гӯё ин фақат зеҳни руси булшевик буд, ки ин ҳама ихтироъотро дар ҷаҳон ҳосил карда буд ва гӯё ҷаҳон бидуни Ивони булшевик дар торикии мутлақ ва дар гуруснагии комил мезист! Онҳо истиқлоли ин ҷумҳуриҳоро ҳатто тасаввур намекарданд.
Аммо вақте Шӯравӣ фурӯ пошид ва ин кишварҳо якяк ба нохости худ мустақил шуданд, ба чашми худ диданду дидем, ки поёни Шӯравӣ поёни ҷаҳон набуд! Касе аз гуруснагӣ намурд, текнулужӣ ва фанновариҳои чи басо пешрафтатару ҷадидтаре ба минтақа роҳ ёфт. Мардуми маҳаллӣ баъд аз андаке таҷоруби талх тавонистанд худашон ҳукумат карданро ҳам ёд бигиранд, тавонистанд диплумосӣ ва равобити байналмилалиро ёд бигиранд, тиҷорат бо кишварҳои давру барамон, монанди Чин аз Шарқ ва Эрону Афғонистону Покистону Ҳинд аз ҷануб ва Туркия аз Ғарб ва кишварҳои дигар аз саросари ҷаҳонро ёд бигиранд.
Ба ҳамин шева, агар Шӯравӣ набуд, торихи минтақаи Осиёи Миёна дар қарни 19 ях намекард, ҳар ойина пеш мерафт, вале шояд ба шаклу шеваи дигар. Он замон тоза андешаҳои таҷаддудхоҳона дар Бухорою Хива ва Фарғона по мегирифт ва мардумони ин минтақа худашон дар масири бозандешӣ ва бозсозӣ буданд ва ба он аҳдоф дертарак ё зудтарак мерасиданд. Ҳамин тур, ки имрӯз роҳҳои моро Чин месозад, на Русия, нерӯгоҳи моро ширкате итолиёӣ месозад ва на Русия, он замон ҳам садҳо ва ҳазорон тарҳи сармоягузорӣ дар минтақа иҷро мешуд ва сармояи ҳангуфте ба минтақа сарозер мешуд ва бо анҷоми ин тарҳҳо минтақа ба пешрафтҳое даст меёфт. Бавижа ин ки минтақаи Осиёи Миёна як минтақаи нафтхез аст, ҳаргиз аз мадди назари ҷаҳониён дур намемонд! Баръакс ин Шӯравӣ буд, ки моро барои ҳудуди сад сол дар инзиво нигоҳ дошт, кишварҳои Осиёи Миёна бе изни Маскав коре аз пеши худ пеш намебурданд, ҳама гуна равобит ва тиҷорати мо бо кишварҳои ҳамҷаворамон қатъ шуд, ки паёмадаш барои садсолаҳо ҷуброннопазир аст.
Агар Шӯравӣ набуд, пуле, ки омрикоиҳо бар фарози Панҷ сохтанд, дастикам 70 сол пеш сохта мешуд, нерӯгоҳҳои Нораку Роғун дастикам шасту панҷ сол пеш сохта мешуданд, тунели Анзоб дастикам 50 сол пеш сохта мешуд. Чиро имкон дошт пештар сохта шавад? Ба ин далели сода, ки мо дар ҷаҳони сармоядорӣ ва иқтисоди бозорӣ мезистем, на дар низоми яхбастаи Шӯравӣ! Ва сармоя он вақт нақши боризтаре ифо мекард, на идеулужии ботили кумунистӣ! Магар сарзаминҳое, ки ҷузъи Шӯравӣ набуданд, дар авоили қарни 20 боқӣ монданд ва пешрафте накарданд? На! Ҳар ойина пешрафт карданд ва чи басо пешрафтатар аз мо ҳам шуданд. Шӯравӣ Осиёи Миёнаро ба зиндоне табдил дода буду ҳар рӯз ба зиндониёнаш як бурда нон медод ва мегуфт, ки дар берун аз ин зиндон ҳамаҷо гуруснагист ва фақр ва вопасмондагӣ! Мо ҳам бовар доштем (баъзеҳо ҳануз ҳам бовар доранд!), чун берун аз онро надида будем! Шӯравӣ моро танбал карда буд ва мо худамон тиҷорат карданро (ки аз маҳоратҳои беназири суғдиён дар тӯли торих будааст!) фаромуш кардем ва худамон ҳунар ва маҳорати робита доштан бо ҷаҳонро аз ёд бурдем, то замоне ки мустақил шудем ва акнун дубора тоза ёд мегирем!...
Манбаъ: 
Esfandiar Adineh

Талоқ: фоҷеъа ё роҳи ҳал?

Талоқ: фоҷеъа ё роҳи ҳал?
Макомоти тоҷик дар сутӯҳи мухталиф ахиран дар бораи мавориди ба гуфтаи онҳо зиёди талоқ ё ба истилоҳи худашон "азҳампошии оилаҳои ҷавон" ибрози дилвопасӣ мекунанд, гуё ин фоҷеъаи бузургест! Ҷудо шудани зану шавҳар дар сурати созгор набудан бо ҳам на танҳо фоҷеа нест, ки шоистатарин ва оқилонатарин роҳи ҳалли масъала аст! Ҳам аз лиҳози динӣ ва ҳам аз лиҳози илмӣ талоқ амре табиъӣ, маъмулӣ, сода, иҷтимоъӣ ва ҳуқуқӣ аст ва ҳамон гуна ки издивоҷ ҳеч гуна қудсияте надорад, талоқ низ ҳеч кароҳате надорад ва дар натиҷа, як фоҷеъа ё трожедӣ маҳсуб намешавад.
Хуб, роҳи ҳал аст, дигар! Оё барои як зану шавҳар, ки бо ҳам ҳеч сари созгорӣ надоранд, беҳтар нест, ки даст аз сари ҳам бардоранду ҳар кудом роҳи зиндагии худро бираванд, то ин ки як умр дар канори ҳам бимонанду ба ҳамдигар латма зананд ва зиндагиро барои ҳам талхтару талхтар кунанд??? Кадоме беҳтар аст: зиндагии беҳтару омортар ва дур аз ҳам ё бадбахтии мудом дар канори ҳам???
Аз нигоҳи ҷомеъашиносӣ, дар ҷавомеъи пешрафта ва сарватманд ва борифоҳ нархи (мизони) талоқ ё ҷудоии завҷот ба таври табиъӣ боло меравад ва ин нишонгари ҳеч гуна инҳироф ё мушкили иҷтимоъӣ маҳсуб намешавад, балки амре маъмулист ва ҳеч далеле ҳам барои нигаронӣ надорад. Ҳатто боло рафтани омори талоқ яке аз шохисаҳои пешрафт ва таъмини рифоҳи умумӣ аст! Дар ҷавомеъи ақабмонда ин омор ҳамвора дар сатхе пойинтар, бо ин ҳол ибрози "нигаронӣ ва изитироб" дар мавриди афзоиши талоқ дар сатҳе болотар аст! Дуруст вазъияте, ки имрӯз дар мавриди Тоҷикистон сидқ мекунад! Макомот ҳам бо тарҳи чунин масоиле камарзиш талош мекунанд ба мардум нишон диҳанд, ки ба фикри "хушбахтии" онҳо ҳастанду баистилох, дилашон барои онҳо месузад! Аммо.., бибахшед, мушкиле талхтар ва дардноктар аз, масалан талоқ, вуҷуд дорад, ки бояд ҳамагон ба он фикр кунанд: ҷудоии иҷборӣ ва нохостаи завҷҳо ба далели маҳрумият аз иштиғол дар дохили ватан ва муҳоҷирати ногузиру нобачор ба Русия!
Ҳазорон нафар аз мардони тоҷик, чи ҷавону чи солманд, моҳҳову солҳо аз хонаводаҳои худ ҷудо ҳастанд, бисёре зану фарзандонашонро гузоштаанд ва солҳои зиёде дар бораи сарнивишти онон хабаре надоранд, кумаке ба онҳо намекунанд ва дар зиндагӣ ва тарбияти фарзандони худ амалан нақше ва саҳме надоранд! Омори талоқ байни завҷҳои ҷавон пеши омори ин гуна завҷҳои ба истилоҳ ЗИНДАҶУДО ночиз аст! Ин дигар як воқеъият аст, ки бисёре аз занони баистилоҳ "хушбахти" тоҷик, ки бонги талоқи шавҳаронашонро ҳаргиз нашунидаанд, дарвоқеъ ба бевазаноне табдил шудаанд, ки умри худро дар сахтию машаққат ва интизори доиму сабрфарсои шавҳарони худ ба сар мебаранд, бе он ки таваҷҷуҳе ба ҳоли онон аз сӯи давлат ё ҷомеъа шавад. Шавҳарони бархе аз онҳо соле як бор ё дар чанд сол як бор ба хонаҳои худ дарвоқеъ "муҳоҷир" мешаванд ва чун парандаҳои кӯчӣ аз канори зану фарзандонашон бошитоб мегузаранд! Ҷудоӣ ба хотири бекорӣ ва муҳоҷират паёмадҳои иҷтимоъии фоҷеъабортаре барои фарзандони муҳоҷирон дорад, ки равобити отифии падарону модаронашонро банудрат мушоҳида мекунанд ва худ низ аз меҳру муҳаббат ва тарбияти онон бадурустӣ бархурдор нестанд. Ҳоло, касоне ки дам аз "фоҷеъаи" афзоиши талоқ мезананд, боре чиро ба фикри ин хонаводаҳои зиндаҷудо нестанд???!!!
(Ихтор: Нашри ин назар дар ҳеч расонае бидуни иҷозаи банда ҷоиз нест!)
Манбаъ: Esfandiar Adineh