Лола Хусейнпур
Додгохе дар Фаронса (ахиран) раъйи мусбати худро ба нафъи марде дод, ки нисбат ба адами доштани пардаи бакорати хамсари худ дар шаби аввали издивоч шикоят карда буд. Достон башиддат такрорист. Такроре ба андозаи тули як таърих, ба вусъати асорати зан, ба вусъати асорати табакаи мазлум. Бисёр дур ва бисёр ошно.
Духтар, ки замоне бо калбе зулол, осмони ва маъсум ба писар дил мебандад ва ба умеди човидона шудан ба у ишк меварзад, акнун бо супурдани он ишк ба гушае аз хонаи калби худ, баъд аз солиёни дароз бо марде дигар издивоч мекунад. У бар ин бовар аст, ки мард ё аз пардаи бакорат сар дарнамеоварад ё мутаваччехи канор рафтани ин парда нахохад шуд. Чи хаёли хоме!
Мард бисёр хуб медонад, ки сохиби чи чизе шудааст. Колоеро, ки харидааст, хуб мешиносад ва агар нуксе дошта бошад, бояд онро пас дихад. Коре, ки мухандиси тахсилкарда дар Фаронса бо духтаре, ки дар шаби аввали издивоч мутаваччехи бокира набудани у шуд, кард.
Ин достон хар шаб такрор мешавад ва дар хар гушае аз чахон худро ба шакле нишон медихад. Аммо мазмун якест. Шояд дар кишваре дигар ин духтар чони худро аз даст медод, чаро ин ки пардаи бакорат ганиматест, ки агар нокис бошад, дигар арзиши коло ба таври комил аз байн рафтааст. Дигар ниёзе ба он нест. Коло хароб шуда, ё бояд ба дур афканда шавад ва ё нобуд гардад.
Фикр мекунед чаро вожаи «хароб» на танхо ба занони танфуруш, балки ба духтароне, ки эхтимолан бо дустписархои худ робитаи чинси доштаанд, итлок мешавад?
Аз замоне ки гаройиш ба моликият ба вучуд омад, чинси кави хар он чиро ки дар ихтиёр дошт ва метавонист ба зури бозу сохиб шавад, ба моликияти худ даровард. Зан низ ба масобехи чинси заъиф дар зумраи амлоки мард шумурда шуд. Зан – чинсе барои тавлид, монанди моликият бар замин барои тавлид, монанди моликият бар хайвонот барои тавлид.
Бино бар ин, мард мебоист колои худро ихтисоси кунад ва хамчунон ки даври замин хисор мекашид, то бегона бар он тачовуз накунад, хамчунон ки аз хайвоноти худ дар тавилахои дарбаста нигохдори мекард ва дар берун аз тавила (огал) бар онон нигахбони медод, хифозат аз зан ва занонеро низ, ки ба моликият ва инхисор(монополия)-и худ дармеоварад, ба ухда гирифт.
Аз он чо ки мард занро колои худ ба хисоб меоварад ва сохиби он ба шумор меравад, дар натича истифода аз уро, аз бадани у, кудрат ва тавонойихои у ва тамоми вучуди уро инхисори (монополия) кард. Ба ин далел аст, ки мард метавонад кабл аз издивоч бо хар кас робитаи чинси дошта бошад ва ин амр дар хеч чомеъае манфи (ё мамнуъ) нест. Мард бояд тачруба кунад ва мушкиле ба хисоб намеояд. Аммо чисми зан мутаъаллик ба мард аст. Бино бар ин, робитаи чинсии кабл аз издивоч (барои занон) тобу (ё харом) ба хисоб омад. Мард мебоист аз ин колои худ ба хуби нигохдори ба амал оварад.
Ибтидо падар ва модар духтарро дар хифози худ нигох медоранд ва сипас ба мард месупоранд ва ё ба шакли дакиктар, уро мефурушанд. Хар духтар кимате дорад ва гаронбахост ва мард уро ба худ мунхасир карда ва тавассути бадани у ба тавлиди мисл машгул мешавад. Аз бадан ва рахми у барои хифзу бакои насли худ бахра мечуяд, истифода аз бадани уро инхисори мекунад, то мутмаин бошад фарзанде, ки ба дунё меояд, тавлиди худи уст.
Зан аммо на танхо борвар аст, балки худ ба нигохдори ва мувозибат аз тавлидоти худ мубодират меварзад ва дар ин рох тавлидкунандаест мохир. Накши модари (бидуни ин ки бихохам ин накшро манфи чилва дихам, талош мекунам реша ва тору пуди ин накшро бишкофам) накшест хамачониба. Зан мисли замин нест, ки факат бор дихад ва ниёзи доим ба мувозибат дошта бошад.
Зан мисли хайвонот низ нест, ки танхо ба борвари ва то хадди чанд мох ба мувозибат аз тавлиди худ машгул шавад, зан на танхо борвар аст ва на танхо ба парвариши фарзанди худ то ба охир мепардозад, балки ба ниёзхои мард низ посух медихад, уро тимор мекунад, ба у гизо медихад, аз у мувозибат мекунад ва дар ин рох мукарраран аз чону хастии худ моя мегузорад. Хатто метавонад изофа бар инхо, дар кори мард низ ширкат чуяд ва аз бори кори у кам кунад. Кашфи чунин тавлидкунандаи халлоке занро имрузи кардааст.
Ба хамин хотир аст ки накши модари мукаддас мешавад ва бихишти барин ба зери пойи модарон таъаллук мегирад. Албатта ин накш то он чое боки мемонад, ки мард занро бихохад. Аммо хамин ки уро талок медихад, дигар хакки модари мубхам (торик) шуда ва аз байн меравад. Зеро ин хакк ба мард ва падар таъаллук дорад ва ин мард аст, ки мехохад насли худро идома дихад ва танхо аз бадан ва неруи зан истифода кардааст.
Ба хамин хотир аст ки сикти чанин чиноят шумурда мешавад, зеро зан наметавонад бар бадани худ ва неруи худ ва ояндаи худ хокимият дошта бошад. Зеро сохиби ин чисм мард аст.
Бино бар ин, зан ба далели робитаи чинси бо мардон фосид шумурда мешавад, аммо мард дуруст ба хамин далел ботачруба ба хисоб меояд. Зани бокира «пок» номида шуда ва фарханге сохта мешавад, ки зан дар он гаройиши чинсияш (фарз бар ин аст, ки зан хатна нашуда бошад!) заъиф аст ва аз робитаи чинси нафратзада ва гурезон ва онро амале касиф ва хакир ба шумор меоварад. Ё ин достон раванде акс тай мекунад.
Духтаре оси ва тугёнзада ба иллати мукобала бо суннатхо ва фишорхои ичтимоъ, бидуни хеч гуна огохи ба кунхи казия, бо хар марде, ки аз рох мерасад, хамхоба мешавад ва ба ин васила ба тамоми арзишхо ва ахлокиёти хоким дар чомеъаи мардсолор пушт мекунад. Дар чунин холате низ агар писаре ба тобухои чомеъа пушт кунад ва арзишхоро нодида бигирад, бисёр камтар чомеъаро дучори нигарони мекунад.
Вакте аз ин зовия ба раванди рушди ичтимоъ ва падид омадани урф, арзишхо, ахлок, мазохиб, мафохим ва маъони менигарем, тасаллути бахракашии мардсолоронаро бар тамомии вучухи зиндагии кунунии инсонхо дармеёбем.
Достоне, ки дар Фаронса иттифок уфтод, бисёреро ба таъаччуб водошт. Харчанд ки дар Фаронса бисёр беш аз ин иттифок меуфтад. Катлхои номуси яке аз падидахои роич дар Фаронса, бавижа дар миёни мухочирони мусалмон аст.
Издивочхои ичбори, хатнаи духтарон, гусели духтарони навчавон ба кишвархои махалли таваллуди падар ва модар ва ё хатто падарбузург ва модарбузург, нигохдории духтарон баъд аз мархилаи булуг дар пастуи хонахо ва ба табъи он худкуши ва худсузии чунин духтароне, ки башиддат тахти фишори падар ва бародарони мутахаччири худ карор доранд.
Ва инхо вокеъиятхое хастанд, ки бархе феминистхо солхо ба бахонаи тахаммули фархангхо бо онхо ба хамзисти пардохтанд ва дам барнаёварданд. Барои таъаччуб, далоили зиёде дар Фаронса ва ё хамин тур дар бисёре аз кишвархои санъати вучуд дорад!
Аммо чолиб инчост, ки аввалин вокунишхо, бавижа дар миёни занони эрони, ин буд ки чаро ин духтар кабл аз издивоч пардаи бакорати худро тармим накард!!!!!
Хамакнун вазъияте дугона дар Эрон вучуд дорад. Аз тарафе духтарон бисёр рохаттар аз гузашта бо писарон дуст шуда ва робитаи муштаракро тачруба мекунанд, аз тарафи дигар тобуи пардаи бакорат хамчунон бар чомеъа хукумат мекунад ва дар натича бисёре ба далели надоштани тавони кофи барои шикастани ин тобу, мачбур мешаванд кабл аз издивоч ба як чаррохи мавриди эътимод мурочеъа кунанд ва тамоми зиндагии ояндаи худро бар мабнои як дуруг бино кунанд.
Яке аз аз бахсхое, ки хамакнун баъд аз мочарои раъйи додгохи фаронсави ба нафъи окои мухандиси тахсилкарда ба иллати бокира набудани духтар даргирифтааст, ин аст, ки чаро чунин мавзуъе ба берун дарз карда ва бар сари он хаёху сар гирифта шудааст. Ин вазъият бар руху равони ин духтар таъсири бад гузошта ва набояд матрах шавад.
Аммо аз асароти равонии баде, ки дар тули зиндагии ин духтар бар сари у омадааст, сухбате нест. Гуё ин духтар то мархилаи раъйи додгох дар камоли оромиш ва осудагии рухи зиндаги мекарда ва хеч гуна асароти бади равони бар у гузошта нашудааст. Гуё тобуи бакорат то замони беруни шудани раъйи додгох магзи уро мисли хура сурох-сурох накардааст.
Гуё ин духтар кобуси шаби аввали издивочи худро борхо ва борхо мучассам накарда ва бо тамоми вучуд бар худ наларзидааст. Гуё аз ин пас бо махфи кардани ин достон метавонад бо оромиш зиндаги кунад. Албатта агар ба дасти бародарони худ сарашро барбод надихад ва ё дар долони хонае худро дар оташ наяфканад...
Достони раъйи додгохи Фаронса достони як духтар нест. Достони такрории духтархост, ки хар руз ва хар шаб ин чову он чо иттифок меуфтад. Достонест, ки бояд забон ба забон гуфта шавад, бояд гуш ба гуш шунида шавад ва бояд бар руйи он тафаккур ва таъаммук сурат бигирад. Ин тобуи бакорат аст, ки бояд шикаста шавад!
http://news.gooya.com/politics/archives/2008/06/072893.php
1 comment:
Пешниход доред, ки духтарон хар гохе хостанд ба огуше худро биафкананд ва баъд аз он кадар сер шуданхои чавони бо чавонхои пулдор чавонмарде дигар онхоро ба зани бигирад ва ба он хама ишратбозихои каблии он дутар чашм бипушад?
Post a Comment