Thursday, June 19, 2008

Гадойи

Гурухе аз гадоёну нодорон дар махалле сафи дарозе кашида буданд ва хамаги бо навбат аз худованд дархости пул ва тило мекарданд.

Марде дар пеши саф истода буд ва аз худованд илтичо мекард, ки "Худоё, ман як гариби бечораву бекасу куям, ба ман панч сомони пул бидех, то манзилам, ки дар рустое дуртар аз шахр вокеъ аст, рохпули кунам!"

Дар ин миён нафаре, ки дар охири саф истода буд, дид, ки соъатхо гузашту саф хеч пеш намеравад. Токаташ ток шуд, пеш омад ва аз марди аввали саф пурсид, ки ту аз худованд чи мехохи?

Гуфт: "Ман аз парвардигор мехохам ба ман панч сомони бидихад, то манзилам, ки берун аз шахр аст, рохпули кунам."

Ин мард аз чайби худ панч сомони берун овард ва ба марди аввали доду гуфт: "Зуд ин пулро бигиру сафро холи кун! Барои панч сомони чи ин кадар вакти Худоро мегири?"

Хи-хи-хииии!

No comments: