Saturday, June 14, 2008

Хати форси чи гуна дар Точикистон гум шуд

Пас аз пирузии инкилоби сусёлисти дар Русия давлати шурави, ки дар пайи ин инкилоб таъсис шуд дар соли 1919 мусаввабаеро ба номи мубориза барои махви бесаводи содир кард।Рахбарони давлати коммунисти эълон доштанд, ки бидуни мардуми босавод эъмори чомеаи коммунисти гайримумкин аст। Муаррихин бар асоси аркоми мавчуд менависанд мизони босаводии мардум дар Русия дар поёни карни 19 худуди 29 дар сад будааст ва дар миёни миллиятхои Осиёи Маркази мизони босаводии аз чумла точикон 4 дар сад, узбакхо наздики 2 дар сад ва туркманхо такрибан як дар сад будааст.
Босаводсози аз рохи тагйири хат
Чизе ки дар он замон барои босавод сохтани мардум аз суи иддае аз рушанфикрони инкилоби матрах шуд, мавзуъи тагйири хат ё пазириши хати лотин барои босавод сохтани мардум ва дур афкандани мероси замони гузашта, ки мероси чомеаи истисмори хонда мешуд, будааст. Хатто талош мешуд барои забони руси низ аз хати лотин кор гирифта шавад.
Аммо талош барои пазириши хати лотин барои миллиятхои туркзабони осиёи маркази ва Русияву Кафкоз, ки то ин замон аз хати араби истифода мекарданд, кавитар буд, агарчи афроди мухолиф ба кабули он хат дар миёни афроди босаводи ин миллиятхо кам набудааст. Пас аз омодагихои кутохе дар соли 1929 давлати Узбекистон, ки то хамин сол Чумхурии Худмухтори Точикистон шомили он буд, бо судури фармоне истифода аз хати арабиро дар идороти давлати ва мактабхо мамнуъ элон кард, агарчи карор буд табдили расмулхат ба тадрич сурат бигирад ва соли 1932 ба анчом бирасад.
Тагйири хати точикон

Дар Точикистон низ талоши амалии давлат барои расми сохтани хати лотин соли 1929 огоз шуд. Аммо раванди кабули он хат ва тард кардан хати форси чи гуна будааст. Пайванд Гулмуродзода мухаккики точик дар ин робита чунин мегуяд:

"Шиъоре, ки дар он давра хеле маъруф буд, босавод кардани мардум буд. Бахона пеш оварданд, ки барои босавод кардани хамаи мардум алифбои форси мушкилоти зиёд эчод мекунад ва бояд барои точикон дар дунёи нав алифбои нав сохта шавад ва ин алифбои нав бояд алифбои лотини бошад. Ва аввалин маколае, ки дар ин замина дар шумораи дуввуми мачаллаи «Рахбари дониш» дар соли 1927 чоп шуд маколаи Маъруфзода тахти унвони «Точикон ва алифбои нав» буд. Баъд аз ин дар шумораи сеюми мачаллаи «Рахбари дониш» лоихаи алифбои Абдурауфи Фитрат мунташир шуд.»
Зохиран хадафи асосии давлати коммунистии он давра босавод сохтани мардум эълон мешуд. Аммо мухаккикон мегуянд хадафи асосии тагйири хат аз байн бурдани нуфузи дин ва намояндагони дин ба хусус дини ислом дар ин мантака будааст. Зеро коммунистон динро омили истисмори табакахои захматкаш аз суи табакоти хокими доро дар чомеъаи табакоти талакки мекарданд.

Эрачи Башири мухаккики таърихи Точикистон дар донишгохи Минесотаи Омрико мегуяд яке аз ахдофи дигар бесавод сохтани мардум буда то болшевикхо битавонанд нишон бидиханд, ки мардумони бесаводро босавод карданд. Вай меафзояд:

«Якеашро метавонем бигуем чанбаи босавод кардан ва якеашро метавонем чанбаи исломи бигуем. Бесаводи дар ин аст, ки хар бор мо алифбои як мамлакатро иваз бикунем, мардуми он мамлакатро ба таври комил бесавод мекунем барои даврае, ки битавонанд захмат бикашанд ва алифбои чадидро ёд бигиранд. Ва ин мардумро аз афкор ва аз он чи дар навиштахояшон доранд дур мекунад. Яке аз далоил ба назари ман ин буда, ки мехостанд мардуми мусалмонро аз манбаъи исломии худашон дур бикунанд.»

Ба назари мухаккикин аз байн бурдани хати форси дар Точикистон хадафхои дигарро хам пайгири мекардааст. Окои Гулмуродзода дар ин бора меафзояд:

«Бадин васила алоик ва пайвандхоеро, ки миёни мардуми форсизабони Осиёи Миёна ва мардуми Ирон ва Афгонистон буд, катъ мекарданд.»
Мухолифи тагйири хат - душмани инкилоб

Вокеан хам ба асари аз байн бурдани хати форси ва тахти таъкибу фишор карор гирифтан ашхосе, ки метавонистанд аз он хат истифода кунанд, давлати болшевикии он замон эълон медорад, ки мардуми Точикистон хама бесавод буданд ва умури донишу маориф дар Точикистон руйи вараки сафед огоз шудааст.

Аммо оё хати лотин аз суи мардум чи гуна истикбол шуд? Дар осори таърихии давраи шурави, ки мардум фокиди озодии баён буд ва осори таърихнигорон аз суи давлат сонсур мешуд, танхо аз мувафакиятхои низоми навини шурави дар тахкики инкилоби фархангии он давра, ки тагйири хат бахше аз он инкилоб буда ва муборизот бо душманон ва мухолифини он инкилоб дар миён аст Аммо оё афроде буданд, ки ба ин раванд дар Точикистон мухолифат дошанд?

Дар ибтидои бахси мабни бар тагйири хат дар Точикистон дар солхои 20 карни бистум дар матбуот назархои мухталиф вучуд дошта, вале ба тадрич чонибдории давлат аз тагйири хат ба андозае мерасад, ки хар фарди мухолифи таъвизи хати форси ба хати лотин ба масобаи душмани инкилоб шинохта мешавад.

Камол айни мухакики точик ва фарзанди Садриддин Айни бунёнгузори адабиёти шуравии точик дар бораи мухолифат ё тарс аз мухолифат дар робита ба мансух сохтани хати форси дар Точикистон чунин мегуяд:
Падари ман накл мекарданд, ки дар як чаласа шиоре руи девор насб шуда буд, ки кабули хати лотин амри инкилоб аст, зинда бод инкилоб, марг бар душманони инкилоб. Ва се нафар вориди чаласа шуданд ва аз хозирин пурсиданд: Чи касе мухолифи кабули хати лотин аст. Хама сархояшонро хам карданд ва хама хомуш буд.»

Аммо Садриддин Айни баъдан ба чонибдори аз пазириши хати лотин маколотеро мунташир кард.Иштиёк ба хати форси дар дилхо монд

Аз суи дигар мубориза барои аз байн бурдани хати форси ва чойгузини он сохтани хати лотин паёмадхои сангинеро барои мероси адабии беш аз хазорсолаи адабиёти форси дар Точикистон ва ононе, ки саводи мутолиъа ва китобат бо ин хатро доштанд, мучиб шудааст.
Окои Гулмуродзода дар ин бора мегуяд:

«Хар китобе, ки бо алифбои араби иншо шуда буд, мегуфтанд ин китобхо китобхои динианд ва бояд аз байн бурда шаванд. Теъдоди зиёде аз ин китобхо ба об партофта шуданд, сузонда шуданд ва мардум аз тарси ин ки ононро ба хифзи ин китобхо муттахам кунанд, худашон онхоро зер хок мекарданд ва ё дар чое пинхон мекарданд. Дар он давра хамаи мардуме, ки бо хати араби ошно буд ва мадрасаро хатм карда буд, ба хайси душманони халк зиндони шуданд ва бисёре аз онхо дар зиндонхо ба халокат расиданд.»

Вале иштиёк ба осори фархангие, ки бо хати форси нигошта шуда буда дар дили мардум боки монд ва мардум бо вучуди тахдидхо аз суи макомоти вакт осори иншошуда ба хати форсиро хифз мекард.
Шоир Гулрухсор он чиро, ки худ мушохида кардааст, чунин баён мекунад: Ва ман медидам, ки дар хонаводахои мо ва дар хонаводахои хешу табори мо ин китобхоро чи гуна хифз мекарданд. Чои аз хама бехатари ин китобхо зери сари кудакон дар гохвора буд, зеро фикр мекарданд, ки зери сари кудаконро касе намекобад. Дигар хама чоро мекофтанд, аз чумла кохдон, огил ва ханбахои ордро.»

Тагйири мучаддади хат аз лотин ба сириллик

Аммо хануз тамоми мардум хати лотинро ёд нагирифта буд, ки соли 1939 давлати шурави ислохоти чадиди алифбои мардумони Осиёи Марказиро ба рох андохт ва ин дафъа мардум бояд хати сириликро меомухтанд то босавод ва хампои замон хонда шаванд. Ба андешаи коршиносон ин икдом бори дигар собит кард, ки хадаф аз кабули хати лотин аз байн бурдани хати форси буда аст. Баъзе аз мухаккикин ба ин назаранд, ки тахмили хати сирилики руси болои миллатхои Осиёи Маркази аз тарххои Русияи тазори буда, ки дар замони давлати шурави ба тахаккук расид.Аммо вокеъият ин аст, ки таи замони шурави мардуми Точикистон сартосар басавод шуд, агарчи идае аз коршиносон муътакиданд, ки заминаи расидан ба чунин сатхи босаводи низоми чадиди омузишу парвариш бо имконоти фании чадид буда, ки ивази низоми мабни бар тадриси мазхабии пешин руйи кор омад, на тагйири алифбо.
Бозсозии Горбачев ва хати форси

Дар замони рахбарии Михаил Горбачев дар солхои 1985 ило 1991, ки мардуми Точикистон то андозае тавонистанд фикри худро ба сурати озод баён кунад, мубориза барои макоми давлати додан ба забони точики форси огоз шуд ва дар пахлуи он эхёи хати форси матрах шуд.
Эрачи Башири устоди донишгохи Минесотаи Омрико дар ин бора чунин мегуяд: «Дар соли 1989 тасмим гирифта шуд, ки ин алифбои ниёкон дубора баргардонда бишавад ва соли 1995 карор буд, ки алифбои ниёкон ба таври комил мавриди истифода карор бигирад ва медонем, ки ихтилофоте, ки бар сари ин тагйир ба вучуд омад, чи буд»
Душмании мучаддад ба хати форси

Он чиро, ки дар замони чанги дохили нисбати навиштачоти форси сурат гирифт, Саидахмади Каландар мухаккики точик чунин тасвир мекунад:«Гуруххои афроди никобпуш, ки аслан худро намояндагони чабхаи халки ё народный фронт муаррифи мекарданд, дар тамомии кучахои пойтахт пайдо шуданд. Онхо афродро мавриди бозчуи карор медоданд ва агар аз назди онхо навиштачот ё кутуби форси ё араби пайдо мекарданд, ин афродро тавхин ва лату куб мекарданд.»

У меафзояд: « Ин душмани ба хати форси катъ нашуд, балки идома ёфт. Баъдхо бо дастури махсуси давлат тамоми лавоехи идорот, ки бо хати форси нигошта шуда буд, барчида шуданд.»

Аммо пас аз такрибан 75 соли аз байн бурдани хати форси дар Точикистон имруз дар чахон хазорхо нашрияхои мухталиф ва китоби зиёде ба хати форси мунташир мешаванд ва садхо хазор сайтхои интернети ба хатхои форсиву араби фаъоланд, ки аксари мутлаки мардуми Точикистон ва точикони Осиёи Миёна наметавонанд онхоро мутолиъа кунанд ва аз суи дигар хати сирилик танхо дар байни форсизабонони Точикистон роич аст, ки имруз шояд кисмати аъзаме аз мардуми Точикистон забони русиро, ки вориси асосии хати сирилик аст намедонанд ва аз итилооти мунташира ба забони руси низ махруманд.

__________________

به پرده تا به چندين راز تاجيک
بيا، بنشين، شنو آواز تاجيک
به ذهن صاف و استعداد فطري
بنا شد در جهان انباز تاجيک
سخن را چون عروسان زيب داده
زبان معرفت پرداز تاجيک
هنرها، پیشه ها ايجاد کرده
به دنيا قوه جانباز تاجيک
يقين داني که انجامش به خير است
به ياد آري اگر آغاز تاجيک
جهان را سر به سر سنجيده، ديده
به عهد رفته چشم باز تاجيک
فقط بی مکتبی در عصر حاضر
کمی مانع شد از پرواز تاجيک
پس از چندی به خاموشي غنودن
برآمد عاقبت "آواز تاجيک"
(صدرالدين عيني)

No comments: