December 17, 2017
Забони порсие, ки мо имрӯз бад-он суҳбат мекунем, идомаи ҳамон порсии Сосонӣ ва он идомаи порсии Ҳахоманишӣ аст. Ин назди ъуламои эроншинос бебаҳс аст ва касе, ки ҷуз ин фикр мекунад ё ибрози назар мекунад ё иддиъое матраҳ мекунад, на ин ки ғалат мекунад, ки ғафлати худро ҳам ба намоиш мегузорад.
Яъне порсии имрӯз марҳилаи севуми такомули забони порсӣ аст ва ин марҳила баъд аз ҳамлаи ъараб оғоз мешавад. Ба забони ин давраи порсӣ забоншиносон 'порсии нав' мегӯянд, ҳамон гуна, ки ба порсии даврони Сосонӣ 'порсии миёна' ва ба порсии даврони Ҳахоманишӣ 'порсии бостон' мегӯянд. Номҳои ъилмии ин се давраи торихии забони порсӣ ҳаминҳост.
Аммо номҳои торихияшон андаке мутафовит аст, масалан худи Ҳахоманишиён ба забонашон, ки мо онро порсии бостон меномем, 'ориё' мегуфтанд. Дар сангнибиштаҳои Шоҳ Дориюш номи ин забон 'ориё' зикр шудааст. Номи забони порсии Сосонӣ бо талаффузи он даврон 'порсӣг' буд, вале баъдҳо торихнивисон ин забонро баиштибох 'паҳлави' хам хондаанд, агарчи паҳлавӣ номи забони 'портӣ' аст. Дар натиҷа, ба ҳарду забон гоҳ барои ташхис аз ҳамдигар 'паҳлавии сосонӣ' ва 'паҳлавии ашконӣ' ҳам гуфтаанд.
Давраи севуми такомули забони порсӣ, ё забоне, ки акнун ману шумо ба он такаллум мекунем, аз ҳамон оғоз 'порсӣ/форсӣ' буда ва гоҳе ба он барои ташхис додан аз порсии миёна 'дарӣ' ё 'порсии дарӣ' ҳам гуфтаанд. Дарӣ ба маънои 'дарборӣ' аст, чун ин забон гӯише аз порсии миёна буд, ки дар дарбори Сосониён дар Мадоин ё Тайсафун (ҳаволии Бағдоди кунунӣ) ба он суҳбат мекарданд ва баъд аз ҳамлаи ъараб ҳамин гӯиши порсии миёна ривоҷи бештар ёфт ва марҳилаи севуми такомули забони порсиро ташкил дод.
Ин ки ин забон аввал дар Хуросон по гирифт, дуруст аст, ба ин далел, ки сулолаҳои эронии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён бештар дар ҷануб ва шарқи Эронзамин фармонравоӣ мекарданд. Бавижа бо ҳимояти Саффориён порсисароӣ дар Систон, маркази Саффориён, шурӯъ шуд ва баъд бо ҳимояти Сомониён дар Балху Бухоро ва дертар дар Ғазнӣ ҳам ривоҷ ёфт.
Аммо ин ки гӯё дигарон дар шугуфоии дубораи он нақше надоштанд, ғалат аст ва бепоя. Чиро? Чун аввалин сулолае, ки дар баробари забони ъараб қиём кард ва порсӣ суруданро ривоҷ дод, Саффориён буданд дар Систон: Ва Систон шомили (дарбардорандаи) манотиқи ҷанубғарбии Эронзамин, яъне минтақаи Порс ҳам мешуд. Систон аз Тоҷикистони кунунӣ ба Порс наздиктар аст. Порс аз тавобеъи Саффориён буд. Бо рӯи кор омадани Сомониён ҳам Порс минтақае ҷудо ва дуруфтода набуд, балки ҷузъе аз қаламрави давлати Сомониён буд.
Тақрибан ҳамаҷои Эрони кунунӣ, ба истиснои шимолғарби он, яъне Озарбойҷону Курдистон, бахше аз давлати Сомониён буд. Бар хилофи назари маҳалгароёни порсиситез, давлати Сомониён фақат ба Бухоро ё Суғд ё Зарафшону Кӯлобу Рошту Бадахшони кунунӣ маҳдуд набуд, балки тақрибан ҳамаҷои Эрону Афғонистони кунуниро фаро мегирифт.
Бархе ноогаҳ ва ҷоҳил гоҳе ба Носири Хисрав ишора мекунанд, ки дар Табрез шоъир Қатрони Табрезиро дида буд, ки "форсӣ намедонист.' Ва бо такя ба ҳамин далели берабт муддаъӣ мешаванд, ки забони порсӣ дар қишлоқи онҳо ба вуҷуд омад ва гӯё эрониёни кунунӣ он замон форсӣ намедонистанд. Ин аҳмақонатарин иддиъост, ки гоҳу ногоҳ такрор мешавад.
Воқеъият ин аст, ки мардуми Табрез на дар он замон ва на дар ҳеч давру замони дигаре порсӣ чандон балад набуданд, ба ин далели сода, ки забони онон дар он даврон портӣ (паҳлавӣ) буд, на порсӣ! Забони портии онон то омадани муғул мавҷуд буд ва сипас ҷояшро ба туркӣ дод. Вале дар Порс дар замони Сомониёну Саффориен ҳам порсӣ ҳарф мезаданд ва ба ин далел такя ба ривояти Носири Хусрав ва Қатрон барои исботи ин иддиъои бемаънӣ, ки забони порсӣ аз Хуросон ба Порс рафт, коре ботил ва нописандида аст!
No comments:
Post a Comment