Thursday, July 15, 2004

Azar Kiani

Хоб дидам, ки шоире шудаам
Ва девонеро аз калимоти марг пур кардаам
Оё дар он диёр дустдоштатарин мехмон хохам буд?
Оё бахр, ки ойинаи качнамои хуршед аст
Дар мадду чазри замон акси худро хохад бохт
Ва сабук дар куртаи сохил нахохад гунчид?

Фардо ки баро ман хохад нозид?

Ман ба марде меандешам, ки аз куча гузашт ва туфлияшро лок ва ё пок накард
Ва ба оне, ки дар намоиши эътирози се дандонашро шикастанд...

Оре...
Замон мардеро дар оташ андохт, ки сиришти обияш чахони ташнаеро сер кард,
Ва дар пои оне занчир баст
Ки чамъиятеро аз банди чахолат рахо сохт...

Эй дил!
Болои кух рав (мисли укоб)
Ва дар абадият нигох кун!
То аз тамошои чилвахои рухи хеш дар филмномаи сарнавишт замоне бехуд шави
Ва ба шахре бингар,
Ки дар каронаи офтоб вокест
Ва бозор надорад
Ва дар он савдои зиндаги нест
Ва касе ишкро намефурушад...

Оё хубобхои кучаки беранг
Табассуми мармузи обшор нест
Ки ба руи мардуми нодон шугуфта?

Ман ба чамъияти гуристонхо хасад мебарам
Чи гуна онхо ба вокеъоту хаводис бетафовутанд?
Онон, ки озоданд
Аз хукуки овоз додан ва интихоб
Аз хукуки майдон рафтан,
Истеъфо талаб кардан,
Силох гирифтан
Ва туъмаи хаводис шудан
Онон озоданд...

Ва озоди, зеботарин вожаи ин даврон
На хамин аст, ки мо барояш чон мебозем?

Хон...!
Эй он ки корвонеро аз паси худ ба магриб мебари
Баргарду ба пуштат нигох кун
Оё сояат хануз бо туст
Ва оё китоби таърихро дар багал надорад
Онон ки аз сафахоти китоб ситора мечиданд
Магар сармояе барои расидан ба офтоб фарохам накарданд?

Ба пеш харакат кун, ба пеш!
Бас хунхо, ки дар ин мусофират рехта
Ва бас лолазор, ки аз он руйидаву пажмурда
Ва хамоно имкон дорем
Шахрхои зеборо
Бо тамомии коххои мучаллал
Ва базмгоххои дилгушо
Ва душизагони диситон
Пушти сар гузорем
Ва дарёе ба суи биёбон
Дарёе саршор аз марворидхои хикмати кухан ва дарёфтахои тоза
Ки зебоии шахри идеоли фалосифаро
Дар арози мунташир кунад
Чори созем

Ба пеш харакат кун, ба пеш,
Ва бими танхои надошта бош!
Мабод, ки кадам ба кафо нихи ва сарнагун ба гувдол уфти
Ба пеш харакат кун, ба пеш...
(11.04.1998)

No comments: