Tuesday, May 20, 2008

Мушкилоти забон дар Точикистон

Озар Киёни

Забони порси ё форси, ки дар чанд карни пеш дар пахное густарда аз Хинд то Бизонс ва аз дарёи Орол то халичи Форс ба унвони забоне расми ба кор мерафт, акнун дар бархе аз марокизи аслии фарханги эрони, бахусус Варазруд, ба далели бетаваччухии сохибзабонон нуфуз ва манзалати худро аз даст додааст.

Дар Точикистон, ки бештар дам аз бузургдошти тамаддуни ориёи мезанад, сухан ва суханвари ба забони ноби порси аз миён рафта ва акнун шумори умдае аз донишмандонаш, ки бояд забони модарии худро бехтар балад бошанд, наметавонанд бидуни лукнат ва иштибох ба ин забон сухан гуянд.

На танхо шумори вожа ва луготе, ки як сохибзабон дар Точикистон хамаруза ба кор мебарад, андак аст, балки нахваи баёни андеша ва эхсосоташ низ шояд аслан ба далели надоштани хамин андеша ва эхсосот дар остонаи нести карор дорад. Аз ин вазъ бармеояд, ки забони порси дар Точикистон бо бухроне амик гирифтор аст ва ин бухрон ноши аз чанд авомил метавонад бошад.

Бухрони хувият

Ин забон кабл аз хама бо мушкили хувият рубаруст. Забоне, ки дар тули бештар аз ду хазор соли гузашта ба он «порси» гуфта мешуд, имруз бо бахонахои мухталиф дар Точикистон (ва Афгонистон) хувияти худро аз даст дода ва номхое сохта бар он тахмил шудааст. Бахсхои зиёде дар ин маврид сурат гирифта ва забоншиносон дарёфтхои гуногунеро ироа кардаанд, вале ин мушкил то кунун бо рохи илми ва вокеъи халли худро наёфта ва донишмандон хамвора зери нуфузи сиёсат ва идеулужихои мухталиф баночор аз натичагирихои рушан ва дуруст худдори кардаанд.

Касоне, ки то кунун талош кардаанд, «забони точики»-ро ба унвони забоне чудогона ва мустакилл аз форси матрах кунанд, гарчи пои мантикашон ланг буда, вале барои исботи иддаъои худ хамеша дар сояи кудратмадорон ва сиёсатхои бегонапарвар панох чустаанд. Аммо бо такия ба ин масали инглисии «Right is might, not might is right» (Кудрат айни хакикат нест, балки хакикат айни кудрат аст) бояд гуфт, ки мантик хамора бартар аз кудрат аст ва ба хеч кудрате набояд хакки дахолат дар мантикро дод.

Ин идда аз сохибназарон тафовутхои овоиву дастури, лугави, меъёри адаби, корбурди истилохотро ба унвони меъёр барои мустакилл пиндоштани як забон ба кор мебаранд, дар холе ки дар забоншиноси чунин меъёрхо барои шинохти як забони мустакилл ба хеч вачх ба кор намеравад. Дар забоншиноси барои шиносоии як лахча аз як забони мустакилл аз чахор меъёр кумак гирифта мешавад, ки инхост: тафохуми якдигари (mutual intelligibility), хамонандии сохтори (structural similarity), пайванд ё тадовуми шеваи (dialect continuum) ва таърихи фархангии муштарак (common cultural history).

Бар асоси ин чахор меъёр хеч бахонаи илми барои чудо ва мустакилл донистани «забони точики» аз форси вучуд надорад. Як точикистони ва як эрони хамдигарро бо андаке кушиш ба осони дарк мекунанд (mutual intelligibility), тафовути зиёде дар таркиби гуфтори ин ду низ вучуд надорад (structural similarity), шевахои мухталифи форси аз Хучанд то Шероз ба василаи хамонандихое ба хам иртибот гирифта ва дар мачмуъ занчирае аз шевахоро ташкил медиханд (dialect continuum) ва дар нихоят таърихи муштараки форсизабононро (common cultural history) касе наметавонад инкор кунад.

Пеш овардани хар гуна меъёри дигаре барои чудо сохтани «забони точики» аз форси аз назари забоншиноси ва хар фанни дигаре бепоя ва гайримантикист. Акнун замони сиёсатбозихои истеъмори хам гузашта ва набояд бозихои сиёсии тоза дар перомуни забон рах андохт. Сиёсат бурхони котеъ ва хакикати рушан барои хеч масъалаи илми ба даст намедихад ва дар ин замина хам ахли сиёсат гузинаи дигаре надоранд, чуз ин ки хакикати илмиро бипазиранд.

Бо ин хол, сиёсатбозихои дохили ва хоричи дар пора-пора сохтани забони форси ва порсигиён то ин замон накши муассире доштааст. Дар ин рох, агар бозигарони хоричи бештар ба чудои ва дархамшикастагии фарханг ва миллияти эрони кушида бошанд, пас бозигарони дохили хамвора ба «худкуши» ва манфаъатталошихои бехуда машгул будаанд. Акнун замонест, ки посухи рушан ва дурусте ба сиёсатхои табъизомези хизби кумунисти шурави дода ва тахрифоти роичшуда дар он даврон ислох шавад.

Махаллгарои

Яке аз ангезахои худдории бархе афрод аз корбурди номи «порси» албатта гаризаи махаллгароист. Танхо ба ин далел, ки вожаи «порс» ё «форс» ба минтакае дуртар аз махалли эшон иртибот дорад, иддае наметавонанд ин вожаро бипазиранд.

Бемории махалгарои дар миёни донишмандони точик ба хаддест, ки бештари онхо хатто дар интихоби мавзуъи тахкики худ дар забон ва адабиёт, бештар ба чехрахое тамоюл доранд, ки аз махалли худашон бархостаанд, масалан агар ин адабиётшинос хучанди бошад, хатман мавзуъи тахкикаш Камоли Хучандист ва агар кулоби бошад, бидуни тардид Саидалии Хамадониро мавриди тахкик карор медихад ва агар самарканди бошад, пажухишгари Рудакист.

Бештари забоншиносони точик низ хамвора кушидаанд лахчаи махалли худро ё ба унвони забоне вохид матрах кунанд ва ё лоакалл вижагихои гуфтории махалли худро харчи бештар вориди забони адаби созанд. Ва забони ба истилох «адабии хозираи точик» ингуна шакл гирифта ва дар ин рох бисёре аз чанбахои зебои забони адабии хазорсола амдан аз миён бурда шудааст.

Тафаккури истеъмори

Як нигохи жарф нишон медихад, ки тафаккури истеъмори дар тахрифи хувияти забони форси дар Осиёи Миёна хеле муаасир будааст. Аз нигохи аввал чунин менамояд, ки ин мавзуъ аз лихози таърихи чандон ахаммияте надошта ва гуё бар асоси интихоби сохибзабонон сурат гирифта бошад.

Вале пажухише жарфтар бозменамояд, ки бухрони хувият дар Варазруд кабл аз хар чизе реша дар сиёсатхои истеъморгаронаи Русияи тзори дар карни нуздах ва диктотурии бартарихохи Шурави дар карни бист дорад, ки акнун хам осоре аз ин бартарихохи дар нахваи бархурди «бародарони бузург» бо «бародарони кучак» басарохат бозтоб мешавад.

Укдаи бартари (superiority complex) «бемори»-е ичтимоъист, ки дар равобити байналмилали низ аз мушкилоте умда ба шумор меояд ва дар он эхсоси бартар будани як инсон бар инсони дигар, як кавм бар кавми дигар ва хаминтур як кишвар бар кишвари дигар дар рафтор ва бархурди тарафи гирифтори ин укда худро бармало месозад. Ин укда кабл аз хама ноши аз тафаккури истеъмори (colonialist mindset) аст ва мутаассифона хануз дар миёни бархе аз чехрахо ва махофили сиёси дар фазои мобаъд-уш-шуравии Русия ба вучуди худ идома медихад.

Укдаи бартари албатта бахудии худ наметавонад арзи вучуд кунад ва дар пасзаминаи худ укдаи кехтари (inferiority complex)-ро нухуфта дорад, ки ба хайси ангеза барои он хидмат мекунад. Укдаи кехтари инсонро бад-он вомедорад, ки беш аз андоза бар шахси дигаре такия кунад, эътимод ба нафси худро бикушад, хунару истеъод ва дастоварди худро дар баробари дигарон нодида бигирад.

Ин укда ичоза медихад шахси дигаре бар инсон тасаллут ёбад ва худро бузургтари у гардонад. Ин бемори гохо дар равобити байналмилали низ ба хамон андоза, ки миёни ду фард роич аст, худро бармало месозад. Адами эътимод ба нафс, тарсуи, надонамкори, манфаъатталаби ва хатто хиёнат ба навъи худ аз хасоилест, ки шахси гирифтори укдаи хакорат аз худ бозменамояд.

Дарвокеъ, дар заминаи забон ва хувият моро боисти кабл аз хама аз худ бинолем, ки ин худиёни сустаносири мо дар тули таърих ичоза додаанд, то дигарон бар мо битозанд. Агар дар авоили ахди Шурави рушанфикрон ва нухбагони точик чун мардуми гурчиву армани ва канораи Болтик дар баробари сиёсатхои табъизомези Шурави истодаги мекарданд, шояд бисёре аз арзишхои моддию маънавии мо ба бегонагон вогузор намешуд. Бар хилофи ин мебинем, ки нухбагони сиёсии мо дар авоили карни бист гузинаи таслим ва фармонбардориро дар пеш гирифта ва хатто барои пиёда сохтани ахдофи бегона рушанфикрони махаллиро зери фишору таъкиб карор додаанд.

Форси, забони байналмилали

Забони порси (форси), ки дар тули таърих ба ин ном маъруф буд, дар амороти Бухоро ва Хива низ ба хамин ном расмият дошт, вале бар мабнои идеулужии «кисмат куну хоким бош»-и Русияи подшохи ва баъдхо Шурави тагйири хувият кард. Сиёсати чудосозии (partition) форсизабонон барои Русия ва Инглис, ки аз бозигарони аслии «Бозии Бузург» дар поёни карни 19 буданд, пас аз таксими марзии Афгонистон ва Осиёи Миёна дар он замон аз ахаммияте истротежик бархурдор буд.

Ба ин тартиб, дар огоз номи забони форси дар бархе аз навиштахои гумоштагони Русияи тзори тахриф шуд, чунончи номи Варазруд (Мовароуннахр)-ро низ ба Туркистон бадал карданд, ва пас аз инкилоб ин барнома ба таври густарда ва ошкор тавассути диктотурии иктидоргарои Шурави ба ичро даромад.

Мубориза бо фарханги форси ва тагйири хат ба сириллик низ бар мабнои сиёсатхои нажодпарастона ва бартарихохи намояндагони кавми забардаст дар Шурави пиёда шуд, яъне хатти сириллик бартар аз хатти форси шумурда ва забони «бартар» (ё superior) дар сиёсат низ чойгузини забоне шуд, ки беш аз хазор сол ба хайси як забони байналмилали дар густарае аз Шарк мутадовил буд.

Забони форси, ки дар Хинду Ирок ва хатто Непол то чанд карни пеш ба унвони забони расми хидмат мекард, дар замони истеъмори инглисихо дар Хинд чойи худро батадрич ба забони инглиси дод, ва пас аз инкилоби булшевики дар Бухоро, макоми худро дар механи сохибзабонон аз даст дод ва акнун хам забони дигаре ба унвони «василаи гуфтугуи миёни аквом» дар Точикистон ба кор водошта шудааст.

Демукроси ва забон

Акнун бо вучуди истиклоли комили Точикистон, ки аз марокизи умдаи фарханги эрони ба шумор меояд, забони порси аз макоми расмии «василаи гуфтугуи миёни аквом» дар каламрави ин кишвар бархурдор нест. Албатта тархи ин мавзуъ бархе аз макомотро норохат хохад сохт ва норизоятии «бародарони бузург»-и собик ва «ёрони истротежи»-и кунуни низ, ки хануз «хукуке» бар мо доранд, дар фехристи тавчехоте барои ин амр ироа мешавад. Вале хангоме, ки аз демукроси шиъор медихем, чаро набояд дар умури дохилии худ бар асли раъйи умум кор кунем ва чаро равобити хоричиямон низ дар чашми мардум шаффоф ва одилона набошад?

Албатта омузиши забони руси ба унвони як забони хоричи дар баробари инглиси ва фаронсави ва араби ва чини... аз фавоиде ори нест, вале эътибори он ба унвони забони муъоширати миёни аквом дар каламрави Точикистон набояд беш аз ин идома ёбад, чун ин хидматро аз як суй беш аз хазор сол забони форси дар минтака бар ухда дошта ва аз суйи дигар, точикон ба унвони кавми сохибдавлат, ки бештарин чамъияти кишварро ташкил медиханд, бар асоси меъёрхои демукроси хак доранд забони худро дар кишвари худ ба унвони василаи гуфтугуи миёни аквом ба кор баранд, чи ин хакки аксарияте (majority) аст, ки дар чомеъаи демукротик ба сар мебарад.

Забон ва равобити байналмилали

Аз суйи дигар, равобит бо кишвархои дигар набояд дар умури дохила, аз чумла масоили забони дар Точикистон таъсир гузорад. Дар гайри ин сурат, ин равобит равобити одилона ва демукротик нахохад буд. Имруз хам касоне хастанд, ки иддаъо мекунанд, ки точикон бидуни донистани забони руси (ё инглиси) ба хеч пешрафте ноил нахоханд шуд ва ба ин далел хостори тавсеъаи омузиши забони руси (ва инглиси) дар кишваранд, дар холе ки таваччух ба забони расми хамаруза дар холи кохиш аст.

Вале ин пурсиш харгиз матрах нашудааст, ки чаро жопунихо ва чинихо ва бисёре аз мардумони дигар, ки на инглиси ва на русиро баладанд (ба истиснои забоншиносон), тавонистаанд ба ин хама пешрафт бирасанд? Дарвокеъ чаро худи инглисхо ва русхо бидуни донистани забонхои дигаре ба пешрафти лозим даст ёфтаанд?

Иддае хам мегуянд, ки чун мо шумори зиёде аз мухочирони кори дар Русия дорем, ба ин далел мардуми мо бояд ичборан руси ёд бигиранд. Чи харфи пуч! Оё модари точик муваззаф аст, ки тамоми умр мухочири кори таваллуд кунад? Чаро набояд ба фикри ин буд, ки дар кишвари худ чойхои кори бештаре эчод кунем ва дигар ба «кори сиёх» дар хорич ниёз набошад? Оё аз усули истиклол ин нест, ки кишвар ва хар фарди он бояд аз лихози иктисоди ва ичтимоъи озоду мустакилл бошанд ва ба хеч вачх вобастаги ба афрод ва аквоми дигареро бар худ ичоза надиханд? Дигар бояд ба тафаккури дарвешвори «бародарбузурги», «кумакталаби» ва «мардикори» поён дод ва аз мавхибати акл кор гирифт, чи пешрафти инсони хамора дар акл будааст.

Мушкили хатт

Аз мушкилоти дигар дар ин замина мушкили хатт аст. Чунончи дар боло гуфта шуд, хатти форси дар миёни точикон ба иктизои сиёсатхои нажодпарастона ва миллиятситези Шурави аз миён бурда шуд ва бахонааш хам ин буд, ки бо ин хатт гуё точикон наметавонистанд пешрафт кунанд. Вагарна чаро жопунихо, куреихо ва чинихо бо хатти бобоии худ ба ин хама пешрафт ноил шуданд?

Ва чи тур шуд, ки дар хар иёлате аз Хинд хатти чудогонае роич аст ва ин кишвар бо вучуди тарвичи чандин хатт ба тавсеъаи иктисодии бесобикае даст ёфта ва бо пешрафти илмию фаннии худ аз кудратхои бузурги минтакаи ба шумор меояд?

Ва натичаи тагйири хатт дар Точикистон хам ин шуд, ки точикон нисбат ба хамкавмони эрони ва афгони худ вопас монданд, на ба пешрафти илму текник расиданд ва на аз андешахои инсони дар чахони имруз бархурдор шуданд. Масалан эрониён акнун талош доранд бо хатти ниёкон ба дониши хастаи даст ёбанд ва аз лихози чомеъашиноси низ як донишчуи эрони бехтар метавонад аз як донишманди точик мафохиме чун демукроси, чомеъаи мадани ва хукуки инсонро дарк кунад.

Тарчумазадаги

Тагйири хатт, ки мардуми Точикистонро аз гузаштаи худ чудо кард, забони имрузиро низ ба як забони тарчумазада табдил кардааст. Бештари кавонини Точикистон, ки умдатан аз забони руси камхунарона тарчума шуда, иборат аз иштибохоти мантикиву маъноист ва дар натича, матни бисёре аз кавонин барои мардуми оди чи ки барои як омухта хам номафхум аст.

Ба хамин далел, имруз масалан ба вазорат ва идора «макомот» мегуянд, дар холе, ки маком вазир аст, на вазорат, раис аст, на раёсат. Ва гохо ба чои вожаи «хакк» шакли чамъи он «хукук»-ро ба кор мебаранд ва «хукук»-ро дубора чамъ мекунанд ва ба иштибох «хукукхо» менависанд, ва ё «маводхо» хам ки иштибох аст, зеро «маводд» худ чамъи «модда» аст ва ниёз ба чамъи дубора надорад.

Дарди тарчумазадаги бахусус дар навиштахо ва пустерхои таблиготии (рекломхо) ширкатхо ва корхонахои мухталифи давлати ва хусуси дар хиёбонхои шахри Душанбе рушантар бозтоб шудааст. Хондани бархе аз ин навиштахои таблиготи дарвокеъ тахаввуъовар аст. Якчо навиштаанд, ки «хаёт ин сухбат аст», яъне «жизнь это общение», ва ё «поки сехрангез», ки тарчумаи бекаму кости «волшебно чисто» аз забони руси аст.

Ва ё аз гушии телфун мешунавем, ки «муштарии даъватшаванда дар шабакаи фаъолият...» дуруст хамон «вызиваемый вами абонент вне зоны обслуживания» ва гайра.... Ба ин харчумарч бояд поён дод. «Хаёт ин сухбат аст» дар забони форси (точики) маъни надорад, «поки сехрангез» харза аст. «Муштарии даъватшаванда» чист? Чаро набояд забонро аз колаби гуфтори руси рахо сохт?

Ба хеч вачх он чи дар забони руси гуфта мешавад, тарчумаи тахтуллафзе аз забонхои дигар нест. Чаро мо бояд аз забони руси тарчумаи тахтуллафз бигирем? Хар забоне табиъат ва сиришти худро дорад ва васоили баён ва нахваи гуфтор дар он дар баробари забонхои дигар мутафовит аст. Ба ин далел тарчумаи «нарехтаву начакида» дар хар забоне сазовори накухиш аст.

Таблиготи бозаргони хунар аст

Оё намешавад ба забони худамон чумлахои зеботареро барои таблиги колохои бозаргони ба кор бибарем? Агар намешавад, чаро? Айб дар забон аст ё дар сохибзабон? Албатта дар чахон хеч забоне нест, ки тавони баёни андешаро надошта бошад. Ба содатарин забон хам мешавад болотарин андешаро баён кард. Мухимм нест хамон чизеро бигуем, ки дар забони руси гуфта ва навишта мешавад. Суханхои тозатар ва зеботаре мешавад ба форси гуфт. Дунё дар хамин як чумлаи руси, ки тамом намешавад. Бехтар нест масалан ба чои чумлаи бемаънии «хаёт ин сухбат аст» бигуем «сухбат ганимат аст», чи умр мегузарад ва лахазоти сухбат аст, ки ба ёд мемонад.

Реклом ё таблиготи бозаргони танхо таблиг нест, ки хунар хам хаст, дар кишвархои пешрафта барои ёд гирифтани ин хунар мардум дар коллечу донишкадахо мехонанд ва мадраки илми дарёфт мекунанд. Хунари рекломнигори бо анвоъи дигари хунар, чун наккоши, шеър, нависандаги, синемо, либос, зебои ва гайра пайванди ногусастани дорад ва як рекломнигори точик низ бояд аз забон ва шеър ва адабиёти ин мардум огохии кофи дошта бошад.

Дар нихоят, рекломхо ё таблиготи бозаргони бояд фарханг ва забони миллиро дар худ бозтоб диханд ва чехраи миллатро бисозанд, ба ин далел бахра гирифтан аз фулклур, шеър ва адабиёти хасзорсолаи форси дар хунари рекломнависи бисёр судманд хохад буд.

Бозори хатти форси

Акнун иддае ин андешаи сода ва бепояро матрах кардаанд, ки гуё бозгашт ба хатти форси барои мардуми Точикистон мушкилотеро ба бор хохад овард ва аз чумла махоричи пулии зиёд мехохад. Дар баробари ин, агар жарфтар бингарем, дархохем ёфт, ки то кунун ин хатти сириллик буда, ки монеъи пешрафти мо шудааст.

Масалан, дар чанд соли ахир шоъирон ва нависандагони точик муваффак шудаанд танхо шумори андаке аз китобхои худро ба хатти сириллик чоп кунанд. Вале ин китобхо ба далели бепули ва бемайлии мардум ба китобхони ба чуз шуморе андак ба дасти хонандагон нарасида ва харгиз нахохад расид. Агар ин кутуб ба хатти форси чоп мешуд, албатта бозори хонандаи осори нависандагони точик дар Эрону Афгонистон андак нест ва даромади кобили мулохизае аз ин рох вориди будчаи Точикистон хам мешуд.

Рузномахои Точикистон низ ба чуз дар миёни иддаи камшуморе дар шахрхо пахш намешавад, зеро бо танхо панч милюн чамъияте, ки дорем, бештар аз панч хазор китобхон ё рузномахон наметавон таваккуъ дошт. Вале бозгашт ба хатти форси бозори хонандаи кутуб ва рузномахои точикиро тавсеъа хохад дод ва бегумон даромади зиёде аз ин рох ба будчаи милли ворид хохад шуд. Ва махориче хам, ки барои гузаштан ба хатти форси ба он ниёз дорем, дар баробари ин хама даромад ночиз хохад буд. Иктисоди бозори танхо иктисоди фуруши порча ва либос нест, иктисоди арза доштани фарханг ва осори илмию адаби ба чахониён хам хаст.

Масалан чанде пеш дар китобфурушихои Точикистон китоби нухчилдии Синоро мефурухтанд, ки дар Узбакистон ба забони руси чоп шуда буд. Ин китоб на танхо дар Точикистон ва Узбакистон, балки дар тамоми кишвархои Шуравии собик ба фуруш рафта ва даромади зиёде ба кисаи дустони узбак хам бояд сарозер шуда бошад. Чаро чопхонахои Точикистон наметавонистанд чунин коре анчом бидиханд, то даромади он вориди будчаи Точикистон шавад?

Чаро ки мо сиёсатзада хастем, тафаккури бозори надорем ва худро ба корхои камсуду пурзиён машгул медорем, масалан фолнома ва музахрафоти дигар чоп мекунем, ки ба хеч дарде намехурад. Агар мо дарвокеъ манофеъи иктисоди мехохем, чаро аз тавлидоти фарханги ва забони дар ин рох бахра намебарем? Бозори фарханг албатта бо фуруши китобу рузнома хам махдуд намешавад, он бозори иртиботот аст ва дар он андеша ва хунарро низ бояд ба чахониён арза кард.

Поён

Дар поён чорае чуз пешниходи чанд чораи кор намебинам, ки инхост:

Пеш аз хама бояд хувияти аслии забони форси дар Точикистон ба расмият шинохта ва парда аз руйи тахрифу инхирофоти гузашта бардошта шавад, чиро ки хеч бахонае барои худдори аз корбурди вожаи «порси» (форси) барои номи ин забон вучуд надорад.

Давлатро лозим аст дар конуни забони ин кишвар тачдиди назар кунад ва забони форсиро ба унвони «василаи муъоширати миёни аквом» дубора бар маснади худ биншонад.

Дар хатти точики бояд тачдиди назар кард ва бехтарин гузина дар ин рох бозгашт ба хатти клосики форси аст, ки албатта он хам бояд бо таваччух ба ниёзхои замони имруз дар хамкори бо донишмандони эрони ва афгон дубора такмил шавад.

Ин корхо дар огоз бо мушкилоте хамрох аст ва табиъист, ки хеч коре бидуни мушкил анчом намешавад, ногузир бояд ин мушкилотро тахаммул кард, то самари онро дид, вале дар гайри ин сурат, худдори аз бозгашт ба хати форси дар дарозмуддат зиёнбортар тамом хохад шуд.

No comments: