Рухи мурдае пас аз набард
Ман шудаам,
Ман шудаам ва имкони чашм гушудан нест,
Ва имкони харф задан нест,
Ва имкони об хостан,
Ва имкони пахлу гаштан,
Ва имкони талош, пуштикор, мубориза ва намоиш нест,
Ва имкони лабханд задан,
Ва имкони дуст доштан нест...
Дар ин замин сабзае сар кашид ва гове онро хурд,
Пас умеди шукуфтан нест,
Ва кудрати гуфтан,
Ва ниёзи шунуфтан.
Ин чо дастхоро буридаанд ва робитахоро буридаанд,
Пойхоро ва чодахоро буридаанд,
Калбхоро ва манзилхоро....
Ин чо,
Калогхои сиёхи шаб чашми хуршедро лукмаи худ кардаанд,
Ва вахшиёни лошахори абрхо ба чони хам фитодаанд,
Садои гурриши раъд меояд,
Ва шевани бод,
Ва буи борут,
Оё дубора борони хун хохад рехт?
Чи гуна мо каламро гузоштем?
Ва тапончаро гирифтем,
Ва ба бозихои кудакии хеш саргарм шудем?
Хамеша курси
Бори рисолатхои дуругинро мекашад.
Хамеша курси, ки моро фирефт.
Ва дузди Аббос, ки паёмбари мо шуд,
Ва мо – умматони у
Барои шариати маснуъияш чиход намудем,
Ва акнун курсии мо санг аст,
Ва оё Аббос кучост?....
Ман шудаам...,
Ва ин косаи сари кист, ки механдад?
Ва хиёл хам надорад ба тани кирмхурдааш бияндешад.
Магар бародари ман нест,
Ки дар урдуи мухолиф мечангид?
Пас модарамон ку?
Чаро ман фарёд задам: Су-у-у-у-урх!!!
Ва у: Са-а-а-а-абз!!!
Ва модарамон: Фар-зан-дооо-нааамм!
Чаро ман надонистам, ки Аббос чи мехост?
Ва он гурухи мухолиф, ки шиносномаашон риш буд?
Ман шудаам ва...,
Чи гуна нашъа маро бурд?
Ва киштии зирехпушам мавчи гандумзорро дарид?
Ва шахр бо тамомии гулхову чодахои мусаввараш,
Зи шуълаи сигорам сухт?
Чи гуна бо пойи тасмагии пилони фулодин,
Хонахоро вайрон кардам?
Ва дарахтони асирро?
Ва чуйборро, ки набзи мазореъ буд?
Ва пулхоро, ки ишора ба васл буданд?
Ман шудаам ва инак...,
Саге сиёх буи маро гирифтаву меояд,
Оё калогон аз тани пусидаи ман хакке бар у гузоштаанд?
Худоё!
Ин саг тарафи кадом гурух бошад?
Вох, дахан гушод!
На...., На-а-а.....!
Зинда бод Су-урх!
Зинда бод Саа-абз!
Зинда бб.....!
Чамане пажмурда
Нигох кун зи панчара
Ба суи киштзори мо
Ки мисли сайди захмие ба коми лошахори офтоб меравад,
Кучост об, об?
Оби човидонагии Хизр ку?
Ки ташнае барои човидонаги ба хоб меравад.
Нигох кун ба бог,
Баргхои сабз хушк мешаванд,
Сабзахо нафас намекашанд,
Набзи чонварони кучаки чакомахон намезанад...
Нигох кун,
Кабутарон зи шохахо паридаанд,
Ва мулкхои дури сабзро,
Ва чашмасори пуртаронаро,
Ва шохахои борвар зи шавкро,
Ва он чахони бекаронаи пур аз фасонаро
Ба чойи ошёни бенавои хеш ихтиёр кардаанд...
Бар фазо нигох кун,
Кучост абри гиряоваре?
Ки осмони софро чу калби мову чашми дилбарон даме сиях кунад,
Ва бар замини ташнадил нигах кунад,
Нигох агар гунах бувад, чи бок?
Шароби нанг нушаду гунах кунад,
Ва чашми ин замин зи чашми абр борвар шавад,
Ва руяш аз таровати гунох тар шавад,
Ва зиндагии зиндагони мурда сар шавад.
Вале...,
Магар шавад?
Ба кучахои шахри мо нигох кун,
Ки сахнахои ракси дудхову чангхост,
Шахри сангхост!
Миёни ин хама фасурдаги
Касе ба комати хамида меравад,
Касе, ки нест дилбараш,
Касе, ки нест дар бараш ба чуз сараш,
Касе ки рах ба сохили хавас набурдааст,
Касе ки мурдааст....
Кучо сухан кунам зи рушнои чун умеди субх нест?
Даруни коми шаб фитодаам,
Ва шаб даруни ман шиканча мекашад,
Ки ризки хешро зи хуни ман чавад,
Ва зиндаги кунад,
Ва суи човидонаги равад...
Азизи ман, ба ман нигох кун,
Ки шояд ин нигохи охарини кудаконае бувад,
Насими дилнишин!
Биё туро даме нафас кашам,
Фуруги субхгох!
Биё, ки чашми ман зи нур борвар шавад,
Ва руи ман зи шабнами нигох тар шавад,
Ба калби тираам сахар шавад,
Ва зиндагии мурда сар шавад,
Магар шавад?
Агар шавад,......
No comments:
Post a Comment