Featured Post

Ҷашни Сада: Чаро оташ барои эрониён муҳим аст?

Рӯзи 30-юми январ ҷашни Сада буд. Аз муҳимтарин ҷашнҳои роиҷ дар миёни эрониёни бостон, ки акнун дар ҳоли эҳё шудан аст – бавижа дар Тоҷикис...

Sunday, October 06, 2019

Шаҳрестãниҳã-ӣ Êрãншаҳр


Пед нãм уд нирöг уд аййãрӣҳ-ӣ Дãдãр Öҳрмазд!

Ҷадаг-ӣ нêк!

(1) Шаҳрестãниҳã-ӣ андар замӣг-ӣ Êрãншаҳр кирд-êстед, ҷуд-ҷуд, êн кӯ кадãм сархвадãй кирд, пед гугãн, абар êн ãйãдгãр нибишт-êстед.

(2) Пед куст-ӣ Хварãсãн

<Пед куст-ӣ Хварãсãн> Самарганд шаҳрестãн Каюс-ӣ Кавãдãн бун фраганд, Сйãваш-ӣ Каюсãн бê-фразãмêнид. (3) Кайҳöсрö-ӣ Сйãвашãн ãнöҳ зãд, у-ш варзãванд ãташ Ваҳрãм ãнöҳ нишãст. (4) Пас Зардушт дêн ãвурд. Аз фрамãн-ӣ Виштãсп-шãҳ ҳазãр-у-двêст фрагард пед дêндибӣрӣҳ пед тахтагӣҳã заррêн канд уд нибишт уд пед ганз-ӣ ҳãн ãташ ниҳãд. (5) Уд пас гузастаг Сукандер сухт, уд андар ö драйãб абганд.
Сугуд-ӣ ҳафт-ãшйãн: У-ш ҳафт-ãшйãнӣҳ êд кӯ ҳафт хвадãй ãшйãн андар буд: êк ҳãн-ӣ Ҷим, [уд êк Ази-даҳãк], уд êк ҳãн-ӣ Фредун, уд êк ҳãн-ӣ Манушчиҳр, уд êк ҳãн-ӣ Каюс, уд êк ҳãн-ӣ Кайҳöсрö, уд êк ҳãн-ӣ Луҳрãсп, уд êк ҳãн-ӣ Виштãсп-шãҳ. (7) Пас гузастаг Фрãсйãк-ӣ Тӯр ҳарв êк нишемаг-ӣ шãҳãн уздêсзãр башн педиш кирд.
(8) Андар Бахл-ӣ Бãмӣг шаҳрестãн-ӣ Навãзаг Спендйãд-ӣ Виштãспãн (/Виштãсп-пус) кирд. (9) У-ш варзãванд ãташ Ваҳрãм ãнöҳ нишãст. У-ш нêзаг-ӣ хвêш ãнöҳ бê-зад. У-ш ö Ҷаббӯ-хãгãн уд Синзибӣг-хãгãн, уд Чöл-хãгãн, уд Вазург-кãн, уд Гöҳрам уд Тузãб уд Арзãсп-ӣ Хиюнãн-шãҳ пейгãм фрêстӣд кӯ: Нêзаг-ӣ ман бê-нигеред! Ҳарв кê пед вêзишн-ӣ êн нêзаг нигерêд чê андар ö Êрãншаҳр двãред.
(10) Шаҳрестãн-ӣ Хвãразм Нерӣсаҳ-ӣ Ҷеҳӯдагãн кирд.
(11) Шаҳрестãн-ӣ Марврöд Ваҳрãм-ӣ Яздегирдãн кирд.
(12) Шаҳрестãн-ӣ Марв уд шаҳрестãн-ӣ Ҳарê гузастаг Сукандер-ӣ ҳрöмãйӣг кирд.
(13) Шаҳрестãн-ӣ Пöшанг Шãбуҳр-ӣ Ардашêрãн кирд; у-ш пед Пöшанг пуҳл-ӣ Варзвар кирд.
(14) Шаҳрестãн-ӣ Тöс Тус-ӣ Нöдарãн <кирд ӣ> нöсад сãл спãҳбед бӯд. Пас аз Тус спãҳбедӣҳ ö Зерӣр, уд аз Зерӣр ö Баствар (/Бастöр), уд аз Баствар ö Каразм мад.
(15) Шаҳрестãн-ӣ Нêвшãбуҳр Шãбуҳр-ӣ Ардашêрãн кирд пед ҳãн гãҳ ка-ш пãрагзаг-ӣ Тӯр öзад, у-ш пед ҳамгийãг шаҳрестãн фрамуд кирдан.
(16) Шаҳрестãн-ӣ Кãйин Кай Луҳрãсп-ӣ Виштãсп-пид кирд.
(17) Андар Гургãн шаҳрестãн-ӣ Деҳестãн хвãненд Нерисаҳ-ӣ Ашкãнãн кирд.
(18а) Шаҳрестãн-ӣ Кöмиш панзбãраг Ази-даҳãк пед тан шабестãн кирд. Мãнишн-ӣ Паҳлавӣгãн ãнöҳ буд.
(18б) Пед хвадãйӣҳ-ӣ Яздегирд-ӣ Шãбуҳрãн кирд андар таз-ӣ Чöл Вирöйпаҳр ҳãн ãлаг-[рãй].
(19) Шаҳрестãн Панз Ҳусрав-ӣ Кавãдãн Ҳусравшãд, Ҳусравмустãбãд, Виспшãдҳусрав, Ҳубöйҳусрав, Шãдфаррухҳусрав кирд уд нãм ниҳãд.
(20) У-ш перисп-ê кê ê-сад-уд-аштãд фрасанг драҳнãй, вӣст-у-панз шãҳ арешн бãлãй, Ê-сад-уд-аштãд дар, кöшк уд дастгирд фрамуд кирдан.

(21) Пед куст-ӣ Хварбарãн
Шаҳрестãн-ӣ Тêсифöн, аз фрамãн-ӣ Тус, Гурãзаг-ӣ Гêвагãн кирд.
(22) Шаҳрестãн-ӣ Нисӣбӣн Варãзаг-ӣ Гêвагãн кирд.
(23) Шаҳрестãн-ӣ Урҳã Нерӣсаҳ-ӣ Ашкãнãн кирд.
(24) Шаҳрестãн-ӣ Бãбил Бãбил пед хвадãйӣҳ-ӣ Ҷим кирд. У-ш тӣр абãхтар ãнöҳ бê-баст, уд мãрӣг ҳафт двãздаҳ, ӣ ахтарãн абãхтарãн, уд аштум-бãраг пед ҷãдӯгӣҳ ö миҳр Бãбилӣг бê-нимӯд.
(25) Шаҳрестãн-ӣ Ҳêрт Шãбуҳр-ӣ Ардашêрãн кирд. У-ш Миҳрзãд-ӣ Ҳêрт-марзбãн пед Вар-ӣ Тãзӣгãн бêгумãрд.
(26) Шаҳрестãн-ӣ Ҳамадãн Яздегирд-ӣ Шãбуҳрãн кирд кê-шãн Яздегирд-ӣ Дабр хвãненд.
(27) Андар Мãй-куст-ӣ-Ниҳãванд вар-ӣ Ваҳрãмãванд шаҳрестãн-ê Ваҳрãм-ӣ Яздегирдãн кирд кê-шãн Ваҳрãм Гöр хвãнд.
(28) Вист-уд-êк шаҳрестãн-ӣ андар Педишхвãргар кирд-êстед, чê Армãêл <хвад>, енйã аз фрамãн-ӣ Армãêл авêшãн кöфйãрãн кирд кê-шãн аз Азидаҳãк кöф пед шаҳрийãрӣҳ Виндãд êстãд. (29) Кöфийãр ҳафт-ҳенд: Думбãванд, Висêмагãн, уд .../Наҳагãнбед?/, уд .../Виспед/, уд .../Нахвдãрãнãн?/, уд .../Виманддãрãн?/, уд ..., уд ..., (30) êн ҳãн буд кê-шãн аз Аздаҳãк кöф пед шаҳрийãриҳ Виндãд êстãд.
(31) Шаҳрестãн-ӣ Мöсил Пêрöз-ӣ Шãбуҳрãн кирд.
(32) Нöҳ шаҳрестãн-ӣ андар замӣг-ӣ Газӣраг кирд-êстед .../Амидус/-ӣ Кêсар брãдарзãд кирд.
(33) Вист-у-чаҳãр шаҳрестãн-ӣ андар замӣг-ӣ Шãм уд Яман уд Фрӣкã уд Кöфã уд Маккã уд Мадинаг гãҳ кирд-êстед, аст-ӣ Шãҳãншãҳ аст-ӣ Кêсар.

(34) Пед куст-ӣ Нêмрöз
Шаҳрестãн-ӣ Кãбул Ардашêр-ӣ Спендйãдãн кирд-êстед.
(35) Шаҳрестãн-ӣ Рахвад (/Рухад) Раҳãм-ӣ Гöдарзãн кирд пед ҳãн гãҳ ка-ш вãспур Чöл-и Тур öзад, у-ш Ҷаббу-хãгãн аз ãнöҳ стöб бê-кирд.
(36) Шаҳрестãн-ӣ Бист (/Буст) Баствар-ӣ Зерӣрãн кирд пед ҳãн гãҳ Виштãсп-шãҳ дêн яштан-<рãй> пед Фраздãн буд уд бунаг-ӣ Виштãсп уд абãрӣг вãспуҳрагãн андар нишãст.
(37) Шаҳрестãн-ӣ Фрãҳ уд шаҳрестãн-ӣ Зãвулестãн Рöдастаҳм-и Сагестãн-шãҳ кирд.
(38) Шаҳрестãн-ӣ Зранг нахвист гузастаг Фрãсйãк-ӣ Тӯр кирд, у-ш варзãванд ãташ-ӣ Каркöй ãнöҳ нишãст. У-ш Манушчиҳр андар ö Педишхвãргар кирд, у-ш Спендãрмед пед занӣҳ хвãст, уд Спендãрмед андар ö замӣг гумихт. Шаҳрестãн авӣрãн кирд, у-ш ãташ афсãрд. Пас Кайҳусрö-ӣ Сйãвашãн шаҳрестãн абãз кирд, у-ш ãташ-ӣ Каркöй абãз нишãст. Уд Ардашêр-ӣ Пãбагãн шаҳрестãн бê-фразãмêнид.
(39) Шаҳрестãн-ӣ Кирмãн Пêрöзãн Кирмãн-шãҳ кирд.
(40) Шаҳрестãн-ӣ Веҳардашêр пед се хвадãй кирд, уд Ардашêр-ӣ Пãбагãн бê-фразãмêнид.
(41) Шаҳрестãн-ӣ Стахр Ардавãн-ӣ Паҳлавӣгãн-шãҳ кирд.
(42) Шаҳрестãн-ӣ Дãрãбгирд Дãрã-ӣ Дãрãйãн кирд.
(43) Шаҳрестãн-ӣ Веҳшãбуҳр Шãбуҳр-ӣ Ардашêрãн кирд.
(44) Шаҳрестãн-ӣ Гöр (ӣ) Ардашêрхварраҳ Ардашêр-ӣ Пãбагãн кирд.
(45) Шаҳрестãн-ӣ Тавваг (/Тамбӯг) Ҳумãй-ӣ Чиҳрãзãд кирд.
(46) Шаҳрестãн-ӣ Уҳрмаздардашêр уд шаҳрестãн-ӣ Рãмуҳрмазд Уҳрмазд-ӣ нêв-ӣ Шãбуҳрãн кирд.
(47) Шаҳрестãн-ӣ Шӯс уд Шӯстар Шӣшêндухт, зан-ӣ Яздегирд-ӣ Шãбуҳрãн, кирд чöн духт-ӣ Рêшгãлудаг, -ӣ Ҷеҳӯдãн-шãҳ, мãд-из-ӣ Ваҳрãм Гöр бӯд.
(48) Шаҳрестãн-ӣ Вандйöгшãбуҳр уд шаҳрестãн-ӣ Êрãн-хварраҳ-Шãбуҳр Шãбуҳр-ӣ Ардашêрãн кирд, у-ш Бêлãбãд нãм ниҳãд.
(49) Шаҳрестãн-ӣ Наҳртêраг пед душхвадãйӣҳ-ӣ Азидаҳãк пед тан шабестãн кирд, уд зêндãн-ӣ Êрãншаҳр буд, зêндãн-ӣ Ашкãн нãм бӯд.
(50) Шаҳрестãн-ӣ Симрãн Фрêдун-ӣ Ãспийãн кирд, у-ш ... Симрãн-шãҳ ӯзад, у-ш замӣг-ӣ Симрãн абãз ö хвêшӣҳ-ӣ Êрãншаҳр ãвурд. У-ш Дашт-ӣ Тãзӣг пед хвêшӣҳ уд ãзãдӣҳ бê ö Бухтхöсрö-ӣ Тãзиг-шãҳ дãд пейванн-дãришн-ӣ хвêш-рãй.
(51) Шаҳрестãн-ӣ ... Шãбуҳр-ӣ Ардашêрãн кирд.
(52) Шаҳрестãн-ӣ ... уд шаҳрестãн-ӣ Веҳ-ардашêр <Ардашер>-ӣ Спендйãдãн кирд, у-ш ... -ӣ Ҳагар-марзбãн, ... пед Вар-ӣ Тãзӣгãн бê-гумãрд.
(53) Шаҳрестãн-ӣ Гай гузастаг Александер-ӣ Филипöс кирд. Мãнишн-ӣ ҷеҳӯдãн ãнöҳ буд. Пед хвадãйӣҳ-ӣ Яздегирд-ӣ Шãбуҳрãн нӣд аз хвãйишн-ӣ Шӣшêндухт ӣ-ш зан буд.
(54) Шаҳрестãн-ӣ Êрãн-ãсãн-кирд-Кавãд Кавãд-ӣ Пêрöзãн кирд.
(55) Шаҳрестãн-ӣ Ашкар Ваҳрãм-ӣ Яздегирдãн кирд.

<Пед куст-ӣ Ãдурбãягãн>

(56) Шаҳрестãн-ӣ Ãдурбãягãн Êрãнгушнасп-ӣ Ãдурбãягãн-спãҳбед <кирд>.
(57) Шаҳрестãн-ӣ Ван Ван-ӣ Гулахшãн кирд, уд пед занӣҳ ö Кайкавãд мад, уд друбуштӣҳ-ӣ арвандасп Тӯр-ӣ Брãдрöш-ӣ карап пед ҷãдугӣҳ кирд пãнагӣҳ-ӣ гйãн-ӣ хвêш-рãй.
(58) Пед куст-ӣ Ãдурбãягãн шаҳрестãн-ӣ Ганзаг Фрãсйãг-ӣ Тӯр кирд.
(59) Шаҳрестãн-ӣ Ãмуй Зандаг-ӣ пурмарг кирд. Зардушт-ӣ Спитãмãн аз ҳãн шаҳрестãн бӯд.
(60) Шаҳрестãн-ӣ Багдãд Абӯҷãфар чöн-шãн Абӯдавãнӣг хвãненд кирд пед пêрӯзӣҳ ãвишт.

Фразафт пед дрöд уд шãдӣҳ уд рãмишн.

الهام رحیمی


الهام رحیمی



Wednesday, October 02, 2019

Бонги коргарони Вахшструй ъалайҳи табъиз дар Шӯравӣ


Ин номаи се корманди маҳаллӣ дар "Вахшстрой" ба Шӯрои милали Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи табъизи густарда ва ошкор нисбат ба мардуми бумӣ дар ин тарҳ барои обёрии заминҳои водии Вахш аст. Шикояти роҳсоз Музаффари Махсум ва ронандаҳо Кенҷабоюф ва Бугдинулуф боъис шуд, ки Шириншоҳи Шоҳтемур, дабири Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, дастбакор шавад ва пас аз анҷоми таҳқиқе чанде аз масъулони ин тарҳро барканор кард, ва иттифоқан ин рафтори "миллигароёнаи" Шоҳтемур боъис шуд, ки соле баъд ӯро ба урдугоҳҳои марги истолинӣ фиристанд ва ба иттиҳоми миллигароӣ эъдом кунанд!
Кор дар тарҳи обёрии водии Вахш дар даҳаи 1930. Ъакс аз GAFUR SHERMATOV
Ин худ далели қотеъ аст, ки дар Шӯравӣ ҳеч гуна баробарӣ вуҷуд надошт, афсонаи баробарии шӯравӣ таблиғоте беш набуд. Табъизи қавмӣ, бавижа ъалайҳи тоҷикон, дар тамомии даврони Шӯравӣ бедод мекард ва намунаи боризаш ин буд, ки дар ҳамаи тарҳҳои бузурге, ки он замон дар Тоҷикистон анҷом мешуд, бахши аъзаме аз кормандон ва мутахассисон аз "бахши урупоии" Русия фиристода мешуданд ва аз мардуми маҳаллӣ имкони омӯзиш ва пешрафти ҳирфаиро ҳам дареғ медоштанд. Далели ъумдаи ин ки мардуми тоҷик аз донишҳои фанноварии замон бебаҳра буданд, ин аст, ки нисбат ба онҳо табъизи густарда мешуд ва онҳоро аслан ба пустҳо ва мақомҳои боло ва машоғили марбут ба тарҳҳои тавсеъа ва ободонӣ ва муҳандисӣ ва ғайра камтар роҳ медоданд.

Ин вазъият камокон то фурӯпошии Шӯравӣ идома дошт ва натиҷааш ҳам ин шуд, ки вақте моро ба ҳоли худ раҳо карданд, ҳамаи мутахассисоне, ки оварда буданд, рахти худ барбастанду ба сарзаминҳои аслияшон рафтанд ва тоза дасти холӣ ҳам нарафтанд, балки бисёре аз сарватҳо ва дороиҳои моро низ бо худ бурданд. Дарвоқеъ, ҳамон рекетирҳову авбошоне, ки баъдан аз онҳо Русия қумандонҳои Фрунти халқӣ ва бархе гурӯҳҳои мухолиф (юрчику вовчик!) сохт, агар дар замони Шӯравӣ тарбияти дуруст меёфтанд ва мутахассис мешуданд ва умури идораи тарҳҳову корхонаҳои бузурги Тоҷикистонро ба дасти худ мегирифтанд, ҳеч ҷанге дар кишварамон иттифоқ намеуфтод. Ин тӯдаи бекору гурусна ва ҷоҳил бо фурӯпошии Шӯравӣ осон фирефтаи гумоштаҳои Русия шуданд ва силоҳ ба даст гирифтанду ба қатлу куштори ҳаммеҳанони худ пардохтанд, ки нафрин бар онон ва хоҷагонашон бод!

Номаи се корманди қаҳрамони "Вахшстрой", ки аз табъизи густарда шикоят карданд (бояд таҳқиқе дар мавриди онҳо сурат бигирад ва номҳояшон зинда карда шавад!), аз ин қарор аст:

***

Шовинизм или политическая близорукость

Всем известно, что партия и правительство требуют от всех строек Союза, находящихся на территориях федеративных и автономных республик, выковывания квалифицированных кадров из числа работников коренных национальностей. Такое же требование относится, конечно, и к Вахшстрою, советской стройке, находящейся на территории Вахшской долины, заселенной исключительно жителями коренных национальностей. Но эти требования нашей партии и правительства у нас, на Вахшстрое, не выполняются.

Многие жители коренных национальностей Вахшской долины желали бы учиться и стать квалифицированными работниками железнодорожного транспорта.

В 1934-1935 годах существовали курсы по подготовке железнодорожников из числа жителей коренных национальностей. Они выковывали не плохих работников, применяющих методы стахановско-кривоносовского труда. Некоторые из них уехали и осталось мало.

В таких кадрах чувствуется острая необходимость, так как при наличии коренных кадров работа дороги была бы продуктивнее. С целью ликвидации подобного ненормального и противоречащего директивам партии явления, управление дороги составило смету на сумму 99 000 рублей на содержание 30 курсантов коренных национальностей с отрывом от производства. Еще в 1936 году управление дороги возбудило ходатайство перед управлением строительства, но управленческие бюрократы одним росчерком пера перечеркивали сметы на подготовку железнодорожников из числа работников коренной национальности.

Вся история работы Вахшстроя говорит за осуществление системы у руководителей стройки в части игнорирования национальной политики партии и правительства.

Мы, железнодорожники ВИС коренной национальности, подаем жалобу в Совет Национальностей СССР, так как считаем, что наши права, предоставленные нам сталинской Конституцией о праве учиться и работать, должны быть нам всюду предоставлены, несмотря на бюрократические росчерки управленческих работников и игнорирования национальной политики партии со стороны администрации Вахшстроя.

По поручению группы националов.

Дорожный мастер Максумов Музафар
Слесарь Кенджабаев
Машинист Бугдынулов

Манбаъ: http://islamperspectives.org/rpi/items/show/22496

***

Баркияи Хоскевич

Ин телегроми дабири Шӯрои милали Шӯравӣ ба Шоҳтемур барои таҳқиқи ин қазия аст:

Телеграмма секретаря Совета Национальностей ЦИК СССР А.И. Хацкевича председателю Президиума ЦИК Таджикской ССР Ш. Шотемору о межэтническом конфликтеСталинабад, ЦИК Таджикистана, Шотемор 

Копия: Таджикистана, Вахшстрой, редакция «Красный Октябрь».

[В] газете «Красный Октябрь» опубликовано заявление рабочих-националов «Шовинизм или политическая близорукость», [в] котором указывают [на] игнорирование прав трудящихся коренных национальностей администрацией Вахшстроя. Прошу [в] срочном порядке расследовать это заявление, принять руководящими органами соответствующее решение, результат сообщите не позднее 10 апреля.

А. Хацкевич
16. III.-37 г.

Манбаъ: http://islamperspectives.org/rpi/items/show/22496

***
Шириншоҳи Шоҳтемур (ъакс аз Бибисӣ)

Барқияи Шоҳтемур

Телегроми Шоҳтемур ба Уншлихт дар бораи масъалаи табъиз дар "Вахшстрой", ки пас аз таҳқиқ собит шудааст, ҳарчанд Маскав албатта интизор дошт, ки Шоҳтемур бинвисад, ки чунин табъизе вуҷуд надошта ва шикояти коргаронро рад кунад, вале Шоҳтемур баръакс таъйид кард ва ин боъиси муҷозоти ъомилон шуд:

***

Телеграмма секретарю ЦИК СССР И.С. Уншлихту от председателя Президиума ЦИК Таджикской ССР Ш. Шотемора о межэтническом конфликте Сталинабада…

Москва, ЦИК Союза Хацкевич

2 адр. Москва, ЦИК Союза, Уншлихт, копия Хацкевич

Расследованием заметки [в] газете «Красный Октябрь» [на] Вахшстрое факты подтвердились. Начальник узкоколейной дороги Осадчий отстранен [от] должности, врид начальника Вахшстроя Запрометов привлечен [к] судебной ответственности.

Шотемор 2/12.

Манбаъ: http://islamperspectives.org/rpi/items/show/22497

Tuesday, October 01, 2019

Ғафуруф: Бархеҳо аз номи ‘Эрон’ ҳарос доранд…


Исфандиёри Одина

Бобоҷон Ғафуруф (ъакс аз Бибисӣ)
Бобоҷон Ғафуруф, нивисандаи китоби “Тоҷикон” ва аз фарҳангиёни барӯманди Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ муддате раҳбарии ин ҷумҳурии шӯравии собиқро ҳам бар ъуҳда дошт, дар бархе аз нивиштаҳои худ бар табори эронии на танҳо тоҷикон, балки мардумони дигари Осиёи Миёна низ таъкид варзидааст.
Ин торихнигори маъруф, ки аз соли 1946 то 1956 дабири аввали Кумитеи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон буд, дар моҳи жуани соли 1947, ду сол пас аз поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва замоне ки баҳсҳо бар сари ҳувияти тоҷикон дар Шӯравӣ боло гирифта буд, дар номае ба Ондрей Ждонуф, аз дабирони Кумитеи марказииҲизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ хостори баргузории ҳамоише барои поён додан ба ин баҳсҳо шуд. Вай дар ин нома басароҳат бар табори эронии тоҷикон ва мардумони дигари Осиёи Миёна таъкид карда ва гуфтааст, ки мероси фарҳанги эронӣ ба ҳамаи мардумони ин минтақа таъаллуқ дорад ва онҳо бояд ба таври баробар аз он баҳра баранд ва ба он биболанд. Ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, бо таваҷҷуҳ ба тамоюлоти эронситезӣ, ки имрӯз дар миёни бархе аз шахсиятҳои сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, ин суханони окодемисиян Ғафуруф имрӯз ҳамон андоза арзиш дорад, ки дар замони фармонравоии Истолин дар Иттиҳоди Шӯравӣ дошт. Бавижа ин ки Окодемисиян Ғафуруф ъунвони “Қаҳрамони миллии Тоҷикистон”-ро дорад ва ъаксаш рӯи искиноси 50-сомонии пули миллии Тоҷикистон тасвир шудааст.
Номаи Ғафуруф ба Ждонуф, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз табақабандӣ хориҷ шуда, ҷузъи садҳо санади маҳрмонаи давлат ва ҳизби кумунисти шӯравист, ки ҳамакнун дар торнамои Чашмандозҳо бар ислом (Islam Perspectives) бо пуштибонии молии ниҳоди омрикоии Мавқуфаи миллии ъулуми инсонӣ (National Endowment for Humanities), Бунёди Ҳенрӣ Лус дар Омрико ва Бунёди Марҷонӣ дар Русия дар дастраси ъумум қарор дода шудаанд.
***
Дуруд, Ондрей Олексондрувич!
Бибахшед, ки боз як бори дигар бо номаи шахсии худ музоҳими Шумо мешавам. Шароити зер водорам кард, ки ба Шумо рӯй оварам:
Дар нашрияи “Фарҳангу зиндагӣ” («Культура и жизнь») ба торихи 20 оврили соли ҷорӣ мақолае аз пруфесур Тулстуф дар нақду баррасии китоби пруфесур Олексондер Олексондерувич Семюнуф “Осори торихии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна” мунташир шудааст. Пруфесур Тулстуф дар мақолаи худ пруфесур Семюнуфро, ки аз бузургтарин донандагони торих ва торихи адабиёти мардумони Осиёи Миёна аст, ба ъунвони як тарафдори назарияи нажодӣ муъаррифӣ мекунад.
Пруфесур Тулстуф ин иттиҳомро на танҳо ъалайҳи пруфесур Семюнуф, балки ъалайҳи ҳамаи касоне, ки дар бораи пешинаи эронии Осиёи Миёна сухан мегӯянд, матраҳ мекунад.
Дар ҳамаи осораш, пруфесур Тулстуф бар бартарии ъаносири туркӣ ва фарҳанги туркӣ дар торихи мардумони Осиёи Миёна таъкид меварзад. Дар яке аз гуфтугӯҳояш бо ман, пруфесур Тулстуф ҳатто шаҳрҳоеро, ки дар онҳо мардум ғолибан ба тоҷикӣ такаллум мекунанд (монанди Самарқанду Бухоро), шаҳрҳои туркӣ хонда буд. Вале Идораи таблиғоти Кумитеи марказии ҳизби кумунист (булшевикӣ), ки кормандонаш аз торихи Осиёи Миёна чандон сар дар намеоваранд, бо таъаллуқи хотир аз Тулстуф пуштибонӣ мекунад ва ҳатто, онгуна ки мебинед, мақолаи ӯро дар нашрияи “Фарҳангу зиндагӣ” мунташир кардааст.
Албатта, Шумо беҳтар аз ман медонед, ки имрӯз ин ҳама таблиғи понтуркистҳо аз ин ъиборат аст, ки ҳамаи мардумони Осиёи Миёна турканд. Шигифт ин ки понтуркистҳо ҳатто тоҷиконро ҳам, ки ба забони туркӣ такаллум намекунанд, турк мехонанд. Аз ин рӯ, ба назари ман, назарияе, ки пруфесур Тулстуф таблиғу тарвиҷ мекунад, барои мо комилан зиёновар аст ва ҳарчи дар зеҳн дорад, фақат ба суди понтуркистон аст.
Аз фузунгӯӣ маъзарат мехоҳам, вале ночорам нуқтаи назари худро андаке муфассалтар тавзеҳ бидиҳам.
Туркон ба лиҳози сиёсӣ дар Осиёи  Миёна фақат дар садаи панҷуми милодӣ тасаллуфт ёфтанд. Аз назари қавмӣ, онҳо замоне ки силсилаи тоҷики Сомониёнро барҳам доданд, яъне баъд аз қарни даҳуми милодӣ, батадриҷ чира шуданд. То замони сарнагунии давлати Сомониён аксарияти кулли мардумони Осиёи Миёна эронӣ буданд ва ба тоҷикӣ такаллум мекарданд. Баъд аз рӯи кор омадани давлатҳои туркии Қарохониён. Салҷӯқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён дар Осиёи Миёна фароянди туркигӯ шудани мардуми маҳаллӣ суръат гирифт.
Мардумшиносон, инсоншиносон, бостоншиносон, забоншиносон собит кардаанд, ки бахши аъзаме аз ҷамъияти имрӯза Узбакистон тоҷикони собиқе ҳастанд, ки баъдҳо туркӣ гуфтан оғозиданд. Бино бар ин, таъкид бар табори комилан туркии узбакҳо бо воқеъият аслан созгор нест.
Имрӯза туркманҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо низ то андозае аз мардумони эронии бумӣ ташкил шудаанд.
Бархе аз вожаи “эронӣ” ҳарос доранд ва даркашон аз ин вожа фақат аҳолии имрӯза кишвари Эрон аст. Аммо ин афрод бакуллӣ фаромуш мекунанд, ки Эрон қаблан ба ду бахши шарқӣ ва ғарбӣ тақсим мешуд ва мардумони шарқи Эрон дар посе аз торих барои тавсеъаи фарҳанги башарӣ нисбат ба аҳолии Эрони имрӯз, ки наводагони эрониёни ғарбӣ ҳастанд, хадамоти бештаре анҷом додаанд. Ҳамин эрониёни шарқӣ буданд, ки мабно ё шолудаи имрӯза мардумони Осиёи Миёна – тоҷикон, узбакҳо, туркманҳо, қазоқҳову қирғизҳоро – ташкил медиҳанд. Чиро мо бояд аз гузаштаи худ бигзарем?
Албатта, худи Шумо суханони рафиқ Истолинро ба ёд доред, ки дар соли 1941 дар расми истиқбол аз ширкаткунандагони даҳаи фарҳангу ҳунари тоҷик [дар Маскав] эрод карда буд. Рафиқ Истолин он замон ба таври хос бар хостгоҳи эронии тоҷикон ва фарҳанги Тоҷикистон таъкид карда буд.
Ман он замон ва акнун ҳам дарк мекунам, ки ин суханронии рафиқ Истолин дар мухолифат бо понтуркистон буд (матнашро замима мекунам).
Бино бар ин, ихтилофоте, ки байни мо ва пруфесур Тулстуф вуҷуд дорад, ба назари ман, аз аҳаммияти сиёсии болое бархурдор аст.
Вақте ман аз арзиши фарҳанги тоҷикон суҳбат мекунам, мутлақан қасдам ин нест, ки сунатҳои фарҳангии мардумони дигареро камранг ҷилва диҳам. Ман бар ин боварам, ки пешинаи эронии мардумони Осиёи Миёна ба таври яксон на фақат ба тоҷикон, балки ба узбакҳову туркманҳо ва мардумони дигар низ таъаллуқ дорад. Бино бар ин, иттиҳоми нажодпарастӣ ъалайҳи афроде, ки дар бораи гузаштаи эронии мардумони Осиёи Миёна менивисанд, иттиҳоме бепоя ва мутлақан ботил аст. Дар ъайни ҳол, ман муътақидам, ки ҳар гуна таъкид бар табори комилан туркии мардумони Осиёи Миёна фақат ба суди душманони мост ва дастовезе ба дасти понтуркистон медиҳад, ки акнун хатарноктарин душмани Иттиҳоди Шӯравӣ дар машриқзамин ба шумор мераванд.
Қасдам аз ҷалби таваҷҷуҳи Шумо ба ин масъала ин аст, ки баргузории ҳамоишеро дар бораи торихи мардумони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Маскав дар охири соли 1947 амре зарурӣ медонам. Ман солҳост саъй мекунам чунин ҳамоише баргузор шавад. Ин ҳамоиш метавонад ба сардаргумиҳо дар осори бархе пажӯҳишгарон дар бораи торихи Осиёи Миёна поён бидиҳад.
Бори дигар аз ин ки вақти Шуморо гирифтам, пӯзиш мехоҳам.
Бедруд,
Б. Ғафуруф14 жуани с. 1947
ш. Истолинобод
Суханони Истолин дар бораи тоҷикон
Матни суханронии рафиқ Истолин дар расми истиқбол аз ширкаткунандагони даҳаи [фарҳанги тоҷик] аз сӯи мақомҳои раҳбарӣ
Мехоҳам чанд калима дар бораи тоҷикон бигӯям. Тоҷикон қавми хоссе ҳастанд. Онҳо на узбак, на қазоқ, на қирғиз, балки тоҷик ҳастанд – куҳантарин мардуми Осиёи Миёна. Тоҷик ба маънои тоҷдор аст, ҳамон тур ки эрониён ба онҳо мегуфтанд, ва тоҷикон баростӣ сазовори ин ном ҳастанд.
Аз миёни ҳамаи мардумони ғайрирус дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон танҳо мардуми ғайрирус, ғайриарманӣ, ғайригурҷӣ, ғайритурк, вале эронӣ ҳастанд. Тоҷикон қавме ҳастанд, ки фаросати онҳо шоъири бузург Фирдавсиро ба дунё овардааст ва ъаҷаб нест, ки тоҷикон суннатҳои фарҳангии худро аз ӯ ба ирс бибаранд. Ҳатман, шумо тайи ин даҳрӯза эҳсос кардаед, ки тоҷикҳо табъи латифе доранд, фарҳанги бостонӣ ва завқи ҳунарии онҳо дар мусиқӣ, тарона ва рақс таҷаллӣ мекунад.
Баъзе авқот руфақои русӣ ҳамаи моро қотӣ мекунанд: тоҷикро бо узбак, узбакро бо туркман, арманиро бо гурҷӣ. Ин хандадор ва ғалат аст. Тоҷикҳо қавми хоссе бо фарҳанги ъолии бостонӣ ҳастанд ва дар шароити ҷомеъаи шӯравии мо ояндаи бузурге ба онҳо таъаллуқ дорад. Ва кулли Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин амр бояд ба онҳо кумак кунад. Ман дӯст дорам, ки ҳунари онҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор бигирад.
Ман ин қадаҳро бо ин умед бармедорам, ки ҳунари тоҷикон шугуфо бошад ва мардуми тоҷик шугуфо бошанд, ва барои ин ки мо, аҳолии Маскав, ҳамеша барои кумак ба онҳо, дар ҳар шароити лозим, омода бошем…
***
Ба номаи Окодемисиян Бобоҷон Ғафуруф ду тан аз масъулони Идораи таблиғоти давлати Шӯравӣ ба торихи 17 нувомбри 1947 посухе нивиштаанд ва ба Михоил Суслуф, ки аз дабирони кумитеи марказии Ҳихби кумунисти Шӯравӣ буд, ирсол кардаанд ва хостаҳои ӯро бепоя хондаанд. Ин афрод мутахассисони торих ва вобаста ба Идораи таблиғоти ҲКИШ муъаррифӣ шудаанд, яъне мустақиман вобастаи Ҳизби Кумунист, ки тамомии зимоми умурро дар адст дошт.
Посухи онҳо басароҳат нишон медиҳад, ки давлати Шӯравӣ сиёсати ҷазбу таркиб (assimilation)-и тоҷикони Варорӯд, бавижа сокинони шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, дар қавми узбакро пайгирона дунбол мекардааст. Дар ин нома масъулони  Бахши таблиғоти Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ аз қавли ду торихдон аз Донишгоҳи Маскав ва Фарҳангистони ъулуми Шӯравӣ басароҳат “шаҳрҳои тоҷикон” будани ин ду абаршаҳри торихи Эронро инкор кардаанд.
Тибқи ин нома, миллати тоҷик як мақулаи “ҷовидонӣ” нест, яъне манзур ин аст, ки ҳамеша тағйир мекунад, масалан мумкин аст забонашро аз даст бидиҳад, ҳувияташро бибозад, ва масалан таҳти султаи шӯравӣ узбак ҳам мешавад. Яъне басароҳат мегӯяд, ки дар шароити мавҷуд дар Иттиҳоди Шӯравӣ бисёре аз тоҷикҳо БОЯД табдил ба қавми дигаре (узбак) шаванд! Аз сӯи дигар, ин иддиъо матраҳ шуда, ки тоҷикон фақат аз ъаносири эронӣ, вале узбакҳо ҳам аз ъаносири эронӣ ва ҳам аз ъаносири туркӣ падид омадаанд!
Ин ҳам дар таъйиди суханони болост, яъне сиёсати давлати Шӯравӣ ин аст, ки бахши аъзаме аз ҷамъияти тоҷики Варорӯд БОЯД узбак шаванд, то ин иддиъо собит шавад, ки узбакҳо ҳам аз ъаносири эронӣ ва ҳам аз ъаносири туркӣ падид омадаанд. Аммо ҳамин қоъида дар мавриди тоҷикҳо сидқ намекунад, яъне турк аслан тоҷикшуданӣ нест, ин фақат тоҷик аст, ки турк мешавад ва тибқи сиёсати эронситезу порсиситези давлати Шӯравӣ, БОЯД шавад!
Ин нома, ки ба яке аз мақомҳои ъолирутбаи давлати Шӯравӣ (Суслуф) нивишта шуда, басароҳат шаҳрҳои тоҷикон будани Самарқанду Бухороро, ҳатто дар даврони куҳан, ИНКОР мекунад ва бар ҳамаи торихи тоҷикон ХАТТИ БУТЛОН мекашад! Ва ҳатто назароти Бобоҷон Ғафуруф (ки он замон раҳбари Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон буд!) дар ин нома “ба лиҳози сиёсӣ зиёнбор” (политически вредным) эълом шудааст, ки ин ҳам собит мекунад, ки ба расмият шинохтани ҳувияти тоҷикон дар Самарқанду Бухороро давлати Шӯравӣ барои худ ЗИЁНБОР медонистааст!
Матни посухи онҳо аз ин қарор аст:
________
Ба дабири КМ ҲКИШ, М[ихоил] О[ндреевич] Суслуф.
Дабири Кумитеи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, рафиқ Ғафуруф дар номае ба Кумитеи марказии ҲКИШ мунсифона будани мақолаи чопшуда дар нашрияи “Фарҳангу зиндагӣ” ба торихи 20 оврили 1946 аз пруфесур Тулстуф дар нақду баррасии китоби пруфесур Семюнуф “Осори торихии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна”-ро, ки дар Тоҷикистон мунташир шудааст, ба чолиш мекашад. Рафиқ Ғафуруф ин мақолаи пруфесур Тулстуф ва осори ъилмии ӯро дар маҷмӯъ падидае аз понтуркисм қаламдод кардааст.
Бо суфориши Идораи Таблиғот мақола ва осори пруфесур Тулстуф, ва низ китоби пруфесур Семюнуф аз сӯи устоди Донишгоҳи Маскав, Б.Н. Зохудер ва муъовини раиси Пажӯҳишгоҳи торихи фарҳанги Фарҳангистони ъулуми Иттиҳоди Шӯравӣ, дуктури ъулуми торих, С.В. Киселуф баррасӣ шуд. Ва онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки мақолаи С.П. Тулстуф ва нақди ӯ бар китоби пруфесур Семюнуф комилан дуруст аст.
Пруфесур Семюнуф ҳангоме ки аз эрониён ё ориёиҳо суҳбат мекунад, онҳоро як мақулаи нажодӣ тавсиф мекунад, ки дар муқоиса бо чиниҳо, муғулҳр, туркон ва дигар мардумони қитъаи Осиё бартаранд. Қабоил ва мардумони Осиёи Миёна, аз назари пруфесур Семюнуф, дар ҳошияи ҷаҳони эронӣ мезистанд ва таҳти таъсири марокизи фарҳангии эронӣ (Мод, Порс, Эрони Ҳахоманишӣ) ба такомул расидаанд. Китобчаи пруфесур Семюнуф “Осори торихии фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна”, ки дар соли 1945 мунташир шудааст, нашри муҷаддаде аз китоби куҳна ва то ҳадде виростаи пруфесур Сумюнуф “Осори торихии фарҳанги ориёӣ дар Осиёи Миёна” аст.
Ъилми торихнигории шӯравӣ эрониён ва фарҳанги эрониро на ба ъунвони як мақолаи нажодӣ, балки ба ъунвони як мақулаи дар ҳоли таҳаввули торихӣ талаққӣ мекунад. Пажӯҳишҳои торихнигорони шӯравӣ нишон медиҳад, ки дар қаламрави Осиёи Миёна на минтақаҳои дар ҳошия қароргирифта, балки яке аз муҳимтарин марокизи фарҳанги эронӣ воқеъ будааст. Ба ин тартиб, қабоил ва мардумони Осиёи Миёна на ин ки мунфаъилона аз фарҳанги эронӣ таъсир пазируфтаанд, балки ба таври баробар дар сохтмони фарҳанги эронӣ саҳм доштаанд. Дар гузаштаи дур мардумони Осиёи Миёна ба лиҳози иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз як сӯ бо Чин робита доштанд, ва аз сӯи дигар, бо ҷаҳони юнонӣ. Дар бораи ҳамаи ин пруфесур Тулстуф ва торихнигорону бостоншиносони дигари шӯравӣ (пруфесур Мосун, Теренужин, пруфесур Бернштом, Григурйеф ва дигарон) дар осори худ нивиштаанд.
Дар осори худ, пруфесур Тулстуф нақши ъаносири эрониро дар торихи Осиёи Миёна камранг ва ъаносири туркиро пурранг ҷилва надодааст. Ӯ эронӣ будани тоҷиконро, ки ниёконашон дар гузашта аз мардумони бофарҳанги Осиёи Миёна буданд, рад намекунад. Воқеъият дар мавриди мақолаи пруфесур Тулстуф дар нақду баррасии китоби Семюнуф, ки дар нашрияи “Фарҳангу зиндагӣ” чоп шуда, ин аст, ки дар он зикре аз туркон нарафтааст.
Аз номаи рафиқ Ғафуруф чунин бармеояд, ки дарки ӯ аз фароянди шаклгирии мардумони Осиёи Миёна иштибоҳ аст. Вақте ӯ менивисад, ки “то сарнагунии давлати Сомониён бахше аъзами ҷамъияти Осиёи Миёна эрониён буданд ва ба тоҷикӣ (порсӣ) такаллум мекарданд” ё “бахши аъзами мардуми имрӯза Узбакистон тоҷикони собиқ ҳастанд, ки баъдаш туркигӯ шудаанд”, ӯ муртакиби ин иштибоҳ мешавад, ки мардуми тоҷикро як мақулаи ҷовидонии фаротар аз торих тавсиф мекунад.
Онгуна ки мадорики торихӣ нишон медиҳад, мардуми тоҷик ғолибан аз қабоили дорои забонҳои эронӣ, вале узбакҳо аз қабоили дорои ҳарду забонҳои эронӣ ва туркӣ шакл гирифтаанд. Вале ин бадон маъно нест, ки фарҳанги бостонии Ухбакистон ва мардумони дигари Осиёи Миёнаро бояд фарҳанги тоҷикӣ эълом кунем! Рафиқ Ғафуруф дар идомаи ин нивиштаҳояш шаҳрҳои кунунии Самарқанду Бухороро низ шаҳрҳои торихии тоҷикон қаламдод мекунад. Чунин дидгоҳе аз назари ъилмӣ ғалат ва аз назари сиёсӣ зиёнбор аст.
Пешниҳоди рафиқ Ғафуруф дар бораи баргузории ҳамоише дар Маскав дар бораи масоили торихи мардумони Осиёи Миёна пешниҳоде бамавқеъ аст, чун дар миёни торихнигорон, бавижа дар иртибот бо таълифи маҷмӯъе аз кутуби дарсӣ дар бораи торихи мардумони Осиёи Миёна, масоили баҳсбарангези зиёде анбошта шудааст.
Беҳтар аст ба Фарҳангистони ъулум иҷоза бидиҳед ҷаласаи Бахши торих ва фалсафаро, ки ба торихи мардумони Осиёи Миёна ихтисос дорад, баргузор кунад.
17.XI.47Е. Гурудетскӣ
П. Третёкуф
Маълум нест, ки баъд аз пешниҳоди Ғафуруф оё ҳамоише ё ҷаласае барои баррасии ин масоил барпо шуд ё на, аммо ба назар мерасад, ки Суслуф ин номаро хонда ва аз касе ба номи Кузнетсуф хостааст ба он расидагӣ кунад.

Баргирифта аз торнамои Порсӣ Анҷуман
***

Saturday, June 15, 2019

Тоҷикситезӣ дар расонаҳои Русия

Дар тарвиҷи гароишҳои фошистӣ ва муҳоҷирситезона ва тоҷикситезона дар Русия нақши расонаҳо ва матбӯъоти он кишвар бисёр пурранг аст. Русия бо вуҷуди ин ки кишваре бузургу паҳновар аст ва худро пешрафта медонад ва иддиъои рақобат бо Ғарб мекунад, вале сатҳи рӯзноманигорияш (ва дар натиҷа сатҳи рӯшанфикрӣ ва афкори ъумумияш!) ба ҳадде ПОЙИН аст, ки ҳатто ба андозаи кишварҳои кӯчаку баистилоҳ вопасмонаде чун Тоҷикистону Узбакистон нест!

Дар ин кишварҳо чунин рӯзноманигории бесаводона ва ғайриҳирфаӣ ва ба дур аз ахлоқи рӯзноманигорӣ ва қавмситезона ё бегонаситезона камтар мушоҳида мешавад. Вале дар Русия матолиби ҳовии афкори нажодпарастона ва фошистӣ ва табъизомез ва бавижа ТОҶИКСИТЕЗОНАро фаровон метавон мушоҳида кард.
Нигоҳе гузаро ба сойтҳои Русия ва ъунвонҳои матолибе, ки рӯзноманигорони рус менивисанд, кофист ин вазъиятро мушоҳида кунем. Масалан, ъунвони ин матлаб комилан тоҷикситезона аст, чиро ки метавонист "группа людей" бинвисад ва дар дохили матн бинвисад, ки инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки бетарафона ва мутобиқ бо адаби рӯзноманигорӣ аст, аммо "группа таджиков" махсус барои таҳрики танаффури қавмӣ ъалайҳи тоҷикон аст:
///В Москве задержана группа таджиков по делу об убийстве борца Сергея Чуева///
Ё масалан ин: "фото таджиков"!!!
///"Еще фото таджиков, убивших русского борца Сергея Чуева."///
http://pn14.info/?p=187366
Боз ҳам фошистона ва табъизомез:
///Мастера спорта убили пьяные таджики///
Яъне ин "тоҷикон" будаанд, ки ӯро куштаанд, на гурӯҳе аз ҷавонон, ки метавонанд аз ҳар қавме бошанд, ва қавмияташон ба ин рафтор рабте надорад. Ин як навъ ангуштнамо кардани тоҷикон аст, ки бибинед ҳар куҷое тоҷикро дидед, мувозиб бошед, ки ӯ қотил аст! Ё ӯро бикушед, ки ӯ варзишкори моро куштааст! Манзур ҳамин аст! Яъне як ҳодисаро ба тамоми миллат таъмим додан, ки истереутип ва ё барчасбсозии табъизомез ва нажодпарастона аст! Бибинед:
///"Таджики убили Сергея Чуева, русского, заступившегося за беременную женщину в Бутово Москва"///
Тоза ба муҳтавои мақола нигоҳ кунед:
///"Мигранты не пьют? В это еще кто-то верит? Пьяных таджиков и узбеков в Москве (порой - весьма агрессивных) наблюдаю по выходным в ЦАО регулярно, когда они не работают. Бывают и по вечерам. Свидетель рассказал, как погиб мастер спорта по греко-римской борьбе 34-летний Сергей Чуев. Убит при попытке защитить беременную женщину в Южном Бутове."///
Ин яке ҳам бо ҳамон зеҳнияти қуруни вустоӣ нивишта шуда:
///Таджики, убившие борца Сергея ЧУЕВА, были задержаны со спущенными трусами (2019)///
https://www.youtube.com/watch?v=ueHp5XCIPvk
Ба инаш нигоҳ кунед: "гостей с юга", албатта ба таври кинояомез:
///"Толпа "гостей с юга" вновь убила русского неравнодушного парня в Москве"///
///40 бутылок на шестерых: таджики, забившие Сергея Чуева не смогли вспомнить, кто нанес смертельный удар///
https://cont.ws/@petrovserg/1353441
Яке ҳам, ки худро коршинос муъаррифӣ карда, омада "таҳлил" карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки ду варзишкори рус "қурбонии системе" шудаанд, ки ба муҳоҷират ъалоқа дорад ва аз он суд мебарад ва давлати Русия дар баробари он нотавон аст:
////Прежде всего в мигрантах заинтересованы крупные организации в Москве и Подмосковье. Например, строительные. В этой сфере трудится много мигрантов. Они занимаются укладкой тротуаров, выполняют различные дорожные работы. Иными словами, это строители, работники городского хозяйства, ЖКХ.
Вряд ли владельцы компаний-застройщиков, строивших огромные микрорайоны в Подмосковье, живут в этих домах-муравейниках. Бизнесу всегда выгоднее получить дешёвую рабочую силу, которой не надо оплачивать больничный и отпуска, которая вряд ли будет жаловаться на тяжёлые условия труда или отсутствие медицинской страховки. Миграция из стран бывшего СССР выгодна крупным операторам услуг такси, застройщикам, огромному пласту сферы услуг и торговли. А государство как может борется, и то, как мы знаем, не всегда.
Так что получается, что русские герои Никита Белянкин и Сергей Чуев стали жертвами не просто уличных хулиганов, а целой бесчеловечной системы по извлечению выгоды из страдания людей. Их смерть не будет напрасной, если мы наконец проснёмся и зададимся вопросом: а все ли хорошо в миграционной политике нашей страны?///
Инаш дигар камоли гароиш ба фошисм аст:
///"Таджики-убийцы"///
Ба муҳтавои нивиштааш бингаред:
///Неизвестные в Москве убили мастера спорта по греко-римской борьбе Сергея Чуева, который заступился за беременную женщину, к которой они приставали.
СМИ старательно не называли особых примет мерзавцев. Разве что свидетельница сказала, что "они кричали на незнакомом языке".
Вот их хари///
"не называли особых примет мерзавцев!!!" разве что "они кричали на незнакомом языке!!!".
Шарм бар шумо бод, ваҳшиҳои ъақабмонда!!!!

Friday, November 16, 2018

فراواک...

یایید به فریاد بادها برسیم،
و راز ریزش برگها را دریابیم،
دمی با گل پژمرده همدرد باشیم،
و در عزای ابدیت بگرییم...
جهان بازتاب صورتی بیهوده در آیینه چشم ماست.

***

Биёед ба фарёди бодҳо бирасем,
Ва рози резиши баргҳоро дарёбем,
Даме бо гули пажмурда ҳамдард бошем,
Ва дар ъазои абадийят бигирйем...
Ҷаҳон бозтоби сурате беҳуда дар ойинаи чашми мост.

-------------------------------

Thursday, January 22, 2009

Ба Би-би-си нигох кунем!


Огози кори телевизиюни форсии Би-би-си навиди хушест барои хамаи (магар охундхо). Арзёбии кори он ва таъсироте бар афкори умуми дар чахони порсигу мегузорад, дар холи хозир чандон сахех нахохад буд. Вале ончи инлисихо мегуянд "first impression" ё пазириши аввалияи бинандагон барои короии ояндаи ин телевизиюн, то андозае муассир хохад буд. Аз нигохи аввал чунин бармеояд, ки телевизиюни форсии Би-би-си масоили чахон ва Эрону Афгонистонро дар конуни таваччухи худ карор дода, вале аз бозтоби зиндагии дах-понздах милюн порсизабон дар Осиёи Миёна (на танхо Точикистон) сарфи назар кардааст. Би-би-си ба чуз як хабарнигор дар Душанбе дигар гузоришгаре надорад. Аз миёни мучриёни барномахои телевизиюн дар Ландан аз Точикистон касе нест ва шояд хамин амр сабаб шуда, ки фукдони хузури порсигуёни минтака бавижа дар барномахои интерактиви ин телевизиюн ба мушохида мерасад. Шояд далелаш ин бошад, ки бисёре аз сокинони Точикистон ва Узбакистон хануз ба телевизиюни форсии Би-би-си дастраси пайдо накардаанд ё хабардор нашудаанд, ки чунин телевизиюне ба кор огоз кардааст. Би-би-си мумкин аст бахона кунад, ки чун дар минтака тамошобини зиёд ва фаъоле надорад, наметавонад сармояи зиёде дар барномахои марбут ба Осиёи Миёна гузорад. Аммо ин бахона ба хеч вачх пазируфтани нест, зеро мавзуъи чалби таваччухи бинандагон боз ба имконот ва махоратхои бозорёбии Би-би-си бармегардад. Масале хаст, ки мегуянд аз як даст овоз барнамеояд. Дар холе ки аз Би-би-си кунише нашавад, чи тур метавон вокунишеро таваккуъ дошт? Бояд гуфт, ки телевизиюни форсии Би-би-си то кунун барои чли таваччухи порсизабонони Осиёи Миёна такрибан хеч коре накардааст, хеч гуна таблигот ва огахие дар бораи кори худ барои мардуми инчо пахш накардааст. Дар намоишхои телевизиюнии худ низ нишон додааст, ки танхо барои Эрон ва Афгонистон кор мекунад. Лоакалл бардошти мо, мардуми махалли, ин аст. Пахши телевизиюне монанди Би-би-си барои мардуми Эрон ва Афгонистон бо таваччух ба низомхои хоким ва камбуди васоили иттилоърасони ва расонахои олтернотив дар баробари расонахои давлати багоят мухимм аст, вале кишвархои Осиёи Миёна, бавижа Точикистон дар ин замина вазъияти бадтаре доранд. Бо таваччух ба вучуди режимхои худкома ва мустабид дар Осиёи Миёна мардуми инчо такрибан дар инзивои хабарии комил карор доранд ва ба расонахои мустакилл ва бетарафонае монанди телевизиюни Би-би-си шадидан ниёзманданд. Масъулони телевизиюни форсии Би-би-сиро лозим аст дар ин бора амиктар бияндешанд ва тамос ва иртиботи бехтаре бо мардуми порсизабони Точикистон ва кишвархои дигари минтака барпо кунанд. Барномахое ки ин телевизиюн дорад, барои бедор сохтани мардуми хобидаи Точикистон ва кишвархои дигари минтака багоят муфиданд. Албатта чалби мухотаб дар чавомеъи мунзавишудаи ин минтака кори осоне нест, вале рисолати Би-би-си ин аст, ки коре анчом дихад, ки "ношуданист". Тафовути Би-би-си аз расонахои дигар хам хамин буда ва бояд бошад, ки дигарон дунболи бозори дастрас ва осон мегарданд, вале барои Би-би-си иттилоърасони ба чавомеъи махруммонда аз иттилоъот ва донишхои имрузи авлавият дорад. Аз тарафи дигар, метавон умедвор буд, ки мардуми мо гом ба гом таваччухи бештаре ба телевизиюни форсии Би-би-си кунанд ва бавижа бо мушорикати худ дар барномахои интерактив дардхову мушкилоти худро бо чахониён ва хамзабононашон дар чахон дар миён гузоранд.