Featured Post

Ҷашни Сада: Чаро оташ барои эрониён муҳим аст?

Рӯзи 30-юми январ ҷашни Сада буд. Аз муҳимтарин ҷашнҳои роиҷ дар миёни эрониёни бостон, ки акнун дар ҳоли эҳё шудан аст – бавижа дар Тоҷикис...

Showing posts with label тандурустӣ. Show all posts
Showing posts with label тандурустӣ. Show all posts

Monday, May 18, 2020

Чиро давлати Тоҷикистон иттилоърасонӣ дар бораи куруноро саркӯб мекунад?

Исфандиёри Одина,
Рӯзноманигор
Иттилоърасонии давлатҳои мухталиф дар бораи шуюъи вируси куруно ва эъломи омори маргу мир вокунишҳои мутафовитеро дар пай доштааст. Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик, дар бораи рӯёрӯии Тоҷикистон бо ин вирус ва кунтрули иттилоърасонӣ барои сафҳаи нозирон ёддоште нивиштааст. (Бибиси Форсӣ)
ایران
Дар ҳоле ки буҳрони олудагӣ ба вируси куруно дар Тоҷикистон басуръат доман паҳн мекунад, ба назар мерасад мақомоти ин кишвар беш аз он ки ба фикри расидагӣ ба ин буҳрон бошанд, нигарони таъсири он дар афкори ъумумӣ ва ҳамин тур дар садади кунтрули иттилоърасонии ҷойгузин (олтернотив) дар бораи он ҳастанд.
Тозатарин маврид аз иқдомоти онҳо дар саркӯби иттилоърасонии мустақил дар бораи бемории Кувид-19 масдуд кардани дастрасӣ ба торнамое аст, ки тавассути гурӯҳҳои ҷомеъаи маданӣ сохта шуд ва мардум метавонистанд дар он мавориди маргу мири бастагонашон дар асари олудагӣ ба куруноро сабт кунанд.
То рӯзи 11 май, ки ин сойт дар дохили Тоҷикистон масдуд шуд, додаҳои марбут ба 150 нафар аз даргузаштагон (ҳамин ҳоло, яъне шаби 17 май, шумори онҳо ба 245 нафар расидааст!) аз бемории Кувид-19 ва илтиҳоби рия (илтиҳоби шуш ё пневмония ё ҳамон зотуррия/синапаҳлу, он гуна ки пизишкони тоҷик ташхис медиҳанд) дар ин торнамо сабт шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар охири он рӯз (11 май) Вазорати беҳдошти Тоҷикистон фақат аз марги 21 нафар (ба торихи 17 май - 39 нафар) дар асари ин беморӣ ва олудагии 661 нафар (ҳоло 1524 нафар) ба ин вирус хабар дод. Пас, маъдум аст, ки тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо.
Яке ду тан аз масъулони ин торнамо ба ман гуфтанд, ки худашон ҳам таҳти фишори мақомот қарор гирифтаанд. Яке аз онон дар гуфтугӯе хусусӣ гуфт: "Сойтро имрӯз бастанд. Акнун фақат бо филтершикан метавон ворид шуд. Инҳо аз ҳама ҷониб бар мо фишор меоваранд. Аз додситонӣ суроғи маро гирифтанд. Пеш аз ин ҳам ду се маврид маро азият карда буданд."
'Хабарҳои беасос'
Рӯзи 6 май сойти Додситонии кулли Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз муҷозоти касоне ҳушдор дод, ки "ба паҳн кардани (интишори) оозаҳои бардурӯғ ба хотири ба таҳлука (воҳима) овардани аҳолӣ" дар бораи "зиёд шудани ҳодисаҳои фавт, боло рафтани нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия ва баста шудани роҳҳои байни минтақаҳое" дар кишвар даст мезананд.
Қабл аз ин, рӯзи 23 оврил, як ҳафта пеш аз он ки Вазорати беҳдошт аввалин арқоми расмии мубталоён ба Кувид-19-ро интишор бидиҳад, дар баёнияе нигаронии шадиди худро "аз хабарҳои беасоси баъзе расонаҳо" эълом кард. Ин вазоратхона ҳушдор дод, ки "минбаъд ҳар расона, афроди ъалоҳида ва хабарнигореро, ки маълумоти носанҷида ва бардурӯғро" дар бораи пайдоиши куруно нашр мекунанд, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (интизомӣ ва амниятӣ) хоҳад супурд.
ایران
Аввалин мавориди беморӣ бо нишонаҳое шабеҳи Кувид-19 дар авохири моҳи морс гузориш шуд, вале мақомот он маворидро фақат "илтиҳоби рия" (пневмония ё зотуррия/синапаҳлу) хонданд ва вуҷуди вируси куруноро рад карданд. Ин замоне буд, ки интихоботи Маҷлиси Миллӣ баргузор шуд ва Рустами Эмомъалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳур, ъузви он ва ду ҳафта баъд раиси ин маҷлис интихоб шуд.
Тӯли як моҳ мақомот вуҷуди мавориди олудагӣ ба куруноро рад мекарданд ва фақат ду рӯз монда ба вуруди ҳайъате аз Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, 30 оврил, Вазорати Беҳдошт бори аввал аз вуҷуди 15 мавриди ибтило ба Кувид-19 хабар дод. Замоне ки баистилоҳ, кор аз кор гузашта буд.
Ин амр боъис шуд, ки мардум дар иттилоъоти расмӣ ибрози тардид кунанд. Бавижа ин ки худи Вазорати Беҳдошт рӯзи 27 оврил хабар дод, ки дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе 319 нафар "ба гумони ибтило ба бемории илтиҳоби шуш (рия)" бистарӣ шудаанд, ки 136 нафари онҳо кормандони беҳдоштӣ ҳастанд. Ва аз ин афрод 11 нафар фавт карда ва 104 нафар мураххас шудаанд.
Омори зидду нақиз
Ҳам Вазорати Беҳдошт ва ҳам намояндаи маҳаллии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ мегуфтанд, ки дар озмоишҳои ҳеч кудом аз ин беморон ибтило ба Кувид-19 кашф нашудааст. Ин боъис шуд, ки Голино Перфилуво, намояндаи маҳаллии ин созмон, бавижа баъд аз эъломи расмии нахстин мавориди куруно ҳадафи интиқодҳои гстардаи корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ қарор бигирад.
Тардид дар омор ва иттилоъоти расмӣ ба ин хатм намешавад. Рӯзи 7 май як ҳафта пас аз эъломи 15 мавриди нахусти олудагӣ ба куруно, Вазорати Беҳдошт хабар дод, ки 345 нафар дар саросари кишвар аз бемории илтиҳоби рия беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд. Яъне ин суолбарангез аст, ки чи тур баъд аз як ҳафтаи сабти 15 мавриди куруно, наздик ба 350 нафар бо ҳмон нишонаҳо беҳбуд меёбанд ва мураххас мешаванд?
Рӯзи 9 май ҳам беш аз 110 нафар аз бемористоне дар шаҳри Бохтар дар ҷануби Тоҷикистон мураххас шуданд. Дар ин даҳрӯзаи ахир омори расмии мубталоён ба Кувид-19 ҳам басуръат боло рафт ва ба 700 нафар наздик шудааст (ҳоло беш аз 1500 нафар), аммо арқоми расмии маргу мир ҳамчунон 21 нафар аст (ҳоло ба 39 нафар расида). Дар ду рӯзи таътилии гузашта (манзур 9-10 май аст) фақат як мавриди марг изофа шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ин ду рӯз даҳҳо маврид аз ахбори марги афрод дар асари ибтило ба вируси куруно дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳамрасонӣ шудааст.
Бархе аз ин афрод шахсиятҳои матраҳе. монанди Рӯҳуллоҳи Ҳакимзода, раиси собиқи Амонатбонк ва писараш Кароматуллоҳ, устодони донишгоҳ Рустам Ъисоюф ва Манзура Сайдуллоево, шоъирон Муҳаммадъалии Ъаҷамӣ ва Аъло Ъумарзод, Карим Каримуф, додситони ноҳияи Файзобод, Шамсуддин Ҷалолуф, иқтисоддони маъруф ва чанде аз муъаллимону пихишкон ва ҳунарпешагон ҳастанд.
Саркӯби эҳсосот
Ҳамарӯза афроди зиёде паёмҳое аз даргузашти бастагонашон дар Фейсбук, бавижа дар гурӯҳи "Covid-19: Тоҷикистон", ки баъд аз аввалин эълом расмии мавориди ибтило ба куруно дар ин шабакаи иҷтимоъӣ дуруст шуд, интишор медиҳанд. Ҳамзамон гурӯҳҳои таблиғотии тарафдори Эмомъалии Раҳмон, раиси ҷумҳур, монанди аъзои Кумитеи Ҷавонон ва гурӯҳи "Овонгорд", ки вобаста ба вазорати кишвар аст, саъй мекунанд бо истифода аз таҳдиду иръоб корбаронро водоранд, ки ахбори маргу мир интишор надиҳанд.
تاجیکستان
Онҳо бо ишора ба ин сухани мунтасаб ба Ибни Сино, ки "тарс ними марг аст", менивисанд, ки мардум аз тарс бештар мемиранд, то аз олудагӣ ба куруно. Ин бо суханони ахири худи раисҷумҳур Эмомъалии Раҳмон, ки гуфта буд, "вазъият аз мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёр ва эзтиёткор бошем, ба воҳима ва таҳлука дода нашавем", ҳамхонӣ дорад. Яъне саъй бар ин аст, ки эҳсосот ва ъавотифи ъумумӣ низ кунтрул ё саркӯб шавад.
То ҳол дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ъаксу видеуҳои зиёде аз вазъияти бемористонҳо, набуди васоили кофӣ, монанди дастгоҳҳои танаффусӣ, пизишконе, ки либоси эмани надоранд, ва ё водор шудаанд худашон либоси эманӣ бихаранд, мунташир шудааст. Дар муқобил, телевизиюнҳои давлатӣ ба мардум пизишконеро нишон медиҳанд, ки аз Эмомъалии Раҳмон ситоиш мекунанд. Яъне дастгоҳи таблиғотии оқои Раҳмон дар ин рӯзгори мусибатбори куруноӣ аз гузашта фаъолтар шудааст.
Куруно ва фасод
Ин дар ҳоле аст, ки тайи солҳои ахир чандин расонаи маҳаллӣ баста ва чандин сойти хабарӣ, монанди торнамои родиюи Озодӣ, ОсиёПлос, Ахбор, сойти Паём, ки мутаъаллиқ ба гурӯҳҳои мухолиф аст, дар дохили кишвар масдуд шудаанд. Давлат ба хабарнигорони бархе аз расонаҳои хориҷӣ эътиборнома намедиҳад. Даҳҳо рӯзноманигор ва нивисанда ва пажӯҳишгар кишварро тарк кардаанд ва даҳҳо тани дигар бо иттиҳомоти сохтагӣ дар зиндон ба сар мебаранд.
Тайи ин солҳо ҳамла ва таҳдид ъалайҳи рӯзноманигорон ҳам амре роиҷ буда ва дар шароити буҳрони куруно эҳтимолан афзоиш хоҳад ёфт. Тозатарин мавриди он ҳамлаи рӯзи 11 май ба Ъабдуллоҳи Ғурбатӣ, рӯзноманигори ОсиёПлос, аст, ки ахиран гузоришҳое интиқодӣ дар бораи сиёсатҳои давлат дар заминаи ҷилавгирӣ аз ҳамагирии куруно мунташир карда буд.
Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ мегӯяд, ки буҳрони куруно нокоромадиҳоеро дар системи мудирияти давлатӣ дар кишварҳои фасодзада бармало месозад. Ъадами шаффофият паёмадҳои мусибатборе барои ин ҷавомеъ дорад. Ҳамин набуди шаффофият аст, ки боъис шудааст давлати Тоҷикистон натавонад аз шуюъи густардаи куруно ҷилавгирӣ кунад. Ин амр ба беэътимодии ъумумӣ доман зада ва суолоти бисёреро аз ҷумла дар мавриди миқёси маргу мир дар зеҳни мардум халқ кардааст. Вале давлат посухе ба ин суолот надорад, ва роҳи ҳалро боз ҳам дар кунтрули иттилоърасонӣ ва саркӯби садоҳои мухолиф ва мунтақид ё ҷойгузин (олтернотив) мебинад.
Ҳоло, ки куруно саросари Тоҷикистонро ҳам фаро гирифта, давлат барномаи мушаххасе барои муқобала бо он муъаррифӣ накардааст ва фақат даст ба домони созмонҳои молии байналмилалӣ аст. Сандуқи Байналмилалии Пул батозагӣ эълом кард, ки ҳудуди 190 милюн дулор барои мубориза бо Кувид-19 ба давлати Тоҷикистон ихтисос хоҳад дод. Аммо Шаффофияти Байналмилал мегӯяд ин созмон бояд муқобала бо фасодро дар меҳвари кумакҳои худ ба давлатҳои худкома қарор бидиҳад.

Sunday, April 26, 2020

Оё Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ 'душмани' тоҷикон аст?

Гурӯҳе бесавод дар вокуниш ба ин хабар, ки ҳайъате аз Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон меояд, саръ гирифтаанд ва дар шабакаи Фейсбук ба корзоре густарда ъалайҳи ин созмон пардохтаанд!
Масалан яке аз ин беандешаҳо, ки худро "Ҷаҳони андеша" (!) ном гузошта, чунин нивишта: "Ҷаҳони Андеша Ба омадани ,,онҳо,, ягон беҳбудӣ мешавад? Умуман кори онҳо ба мо чӣ? Масъаларо ҷиддӣ бояд ҳал кард. Ҳамаи ин дилсӯзиҳо ғаразноканд."
Дигаре афзуда: "Mahmadsharif Atoev Дар мо ку коронавирус нест. Онхо омада онро аз кучо ефтанианд? Ё кориданианд? Бо омадани онхо кадом масъала рохи халли худро меёфта бошад?"
Севумӣ чунин нивишта: "Кӯҳистонзода Кухистони Гӯё ки ҳукумати Тоҷикистон саломати шахрванди худро намехоҳад онҳо дилсузи мо ҳастанд.... Аврупоӣ ва Амрикои махуф пешравии моро намехохад..
Рашкашони ҳасадашон баланд шуд.."
Оқоён ва хонумҳо! Шумо чи пешравӣ доред? Масалан, Омрико дар замони қарантине ё хонанишинӣ трилюнҳо дулор ба шаҳрвандонаш, ки дар хона менишинанд, кумакпулӣ медиҳад, трилюнҳо дулор ҳам ба корхонаҳое медиҳад, ки тиҷораташон муваққатан мутаваққиф шудааст.
Боз ҳам омода аст ба кишварҳои ъақабмонда ва фасодзадае чун Тоҷикистон милюнҳо дулор кумак кунад. Ҳоло шумо чи пешравӣ доред, ки кишварҳои дигар намехоҳанд??? Ҳамин ки раисҷумҳуратон меравад навори ифтитоҳи ду-се дукону киускро қайчӣ мекунад ва фардояш онҳо баста мешаванд?
Бифармоед, чи пешравӣ доред, ки кишварҳое бо ин ҳама пешрафт ба шумо ҳасад баранд? Як ширкатчаи кӯчаки Омрико будҷеаш даҳ баробари будҷеи давлати Тоҷикистон аст, боз ин кишвар ба шумо ва раҳбарони чӯпонатон ҳасад мебарад?
Мутаассифона, дар миёни инҳо бархе аз шахсиятҳои расонаӣ ҳам ҳастанд, ки фикрҳои бисёр ъаҷибу ғарибе баён мекунанд. Маслаан: "Хуриннисо Ализода Онҳо меоянд, ки биёянд ва бигӯянд шир сафед асту ангишт сиёҳ? Он маблағҳое, ки сарфи меҳмонӣ ва "бузургдошт"-и онҳо мешавад, ба беморони короноии камбағал сарф шавад, беҳтар аст."
Ин хонум чунин пиндошта, ки ҳайъати Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ бо пули мизбонҳо ба Тоҷикистон меояд, ки мутмаиннан чунин нест!
Дилафрӯзи Қурбонӣ, хабарнигори нашрияи "Омӯзгор" ҳам чунин нивишта: "Delafroz Kurboni Бале, магар дар Точикистон аслан мутахассиси вирусшинос нест??? Ин тахкир ба табибони точик нест? Яьне, табибони мо хама, яксара бесаводанд??? Ба назарам, чои гармашонро хунук накунанд, бехтар аст."
Омадани ин ҳайъат ба саводи пизишкони шумо чи рабте дорад? Дар ҳоле ки воқеъан ҳам пизишкони тоҷик дар заминаи вируси курунои ҷадид ё бемории Кувиди 19 саводи кофӣ надоранд, дар ин шакке нест.
Ё шоъир Рустами Ваҳҳобзода менивисад беҳтар аст коре, ки намояндагони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд, мутахассисони худӣ анҷом диҳанд.
"Rustam Vahhobzoda Беҳтар аст ин корро мутахассисони худӣ анҷом диҳанд. Агар зарур бошад як гурӯҳ бо намунаи ташхисҳои гирифта дар Тоҷикистон ба марказҳои пешрафтаи хориҷ сафар кунанд. Радду бадали иттилоъот ва намунаи ташхисҳо имрӯз ҳам анҷом мешавад. Бояд ҳамин фаъолият дақиқтар ва муассиртар шавад."
Яъне ҳамаи инҳо нисбат ба намояндагони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ баякбора аз худ шакку тардид буруз додаанд ва эҳсос мекунанд, ки душмане қавӣ бо аҳдофе хатарнок ба суроғи онҳо омадааст.
Ин дар ҳолест, ки ин созмони байналмилалӣ солҳост дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва мардуми кишварро аз бисёре балоҳои охирзамон, ки давлати Тоҷикистон аз рафъи онҳо нотавон буда, наҷот додааст.
Тайи се даҳаи ахир, метавон гуфт, бештарин шумори доруву таҷҳизоту мавод ва васоили аввалияи дармониро барои анвоъи мухталифи бемориҳо дар Тоҷикистон ҳамин созмон таъмин кардааст.
Ҳамин созмон аст, ки ъалайҳи бемории сил дар Тоҷикистон мбуориза мекунад! Ҳамин созмон аст, ки фалаҷи атфолро, ки чанд сол пеш дар Тоҷикистон пайдо шуд ва чандин кӯдакро гирифтор кард, аз миён бурд!
Ҳамин созмон аст, ки дар даврони ҷанги дохилӣ ҷилави густариши бемории ҳасба ё доманаро гирифт, вагарна мақомоти Тоҷикистон бо надонамкорӣ ва системи фасодолудаашон ними ҷамъиятро ба куштан медоданд.
Ин созмон аст, ки бештар аз давлати Тоҷикистон ба фикри саломати модару кӯдак аст ва мизони маргу мири модарону кӯдаконро коҳиш додааст.
Ин созмон аст, ки васоили гуногуни пизишкиро ройгон дар ихтиёри мардум мегузорад, доруҳо ва маводди дармониро ройгон ба Тоҷикистон меорад, аммо мақомоти тоҷик солҳост тавони эҷоди системи бимаи дармониро надоранд ва дар натиҷа аксари кулли мардум аз бимаи дармонӣ комилан бебаҳраанд.

Манбаъ: 
Esfandiar Adineh