То замоне, ки "Бухорои Шариф"-ро ба ҳамон хатту забони фасеҳу балеғи худаш зинда накунем, ин рӯзи матбӯъотҳо ҳамагӣ орӣ аз рангу бӯ хоҳанд буд! Мо он замон метавонем ба доштани матбӯъоти миллӣ ифтихор кунем, ки забон ва хатти миллиямон дар марзу буми худ бар маснади худ биншинад ва дубора нашрияи "Бухорои шариф" аз ин сарзамин ба паҳнои густардае аз Кошғар гирифта то Истонбул ва аз Бодкуба гирифта то Пешовар даст ба даст мунташир шавад!
Давлат ва миллати Тоҷикистон, ки иддиъои пайравӣ аз Сомониён мекунанд, агар ба ин иддиъои худ воқеъан содиқ ҳастанд ва самимона ин сарзамин ва ин фарҳанги бузурги ҳазоронсоларо дӯст доранд, пас бояд бедиранг аз ҳамин Наврӯз барномае даҳсола барои густариши хатти порсӣ - хатте, ки Сомониён ба вуҷуд оварданд ва забони порсии дарӣ нахустин бор бадон хат нивишта шуд! - иқдом кунанд.
Чи тур шуд, ки Сомониён пас аз қарнҳо сукут забони порсии навро бо ин хат дар Хуросон падид оварданд ва ин неҳзат аз Бухоро шурӯъ шуд ва тамомии Эронзаминро фаро гирифт ва фарҳангу адабиёти ғание ба бор овард ва забони порсиро дубора дар саросари Осиё зинда кард, аммо мо ворисонаш худро нотавон мепиндорем ва мегӯем зӯрамон ба омухтани ин хат намерасад!
Хатти порсӣ, ки Сомониён ба вуҷуд оварданд, ҳаргиз аз миён нарафта ва ҳамин ҳоло дастикам 80 то 100 милюн тоҷик дар ҷаҳон имрӯз ба ин хат бо ҳам ҳарфу сухан мегӯянд ва мубодилаи паём мекунанд, чиро мо (лоақал даҳ баробар камтарем!) шуҷоъати инро надорем, ки бо омухтани ин хат ба ин ҷамъи бузург пайвандем ва худро сарбуландона вориси Сомониён хонем?
Агар вориси Сомониён ҳастем, чиро хатти онҳоро намепазирем? Чиро тақвими онҳоро намепазирем? Чиро фарҳангу маънавиёти онҳоро намепазирем? Чиро табли дӯстӣ бо бегона мезанем ва аз бозгашт ба асли хеш дар ҳаросем?
Аз мақомҳои меҳину кеҳини Тоҷикистон, ки худро ворисони Сомониён медонанд, кудом як дарвоқеъ хатти Сомониёнро балад аст? Раиси ҷумҳур? Раиси порлумон? Раиси Девони олӣ? Чи касе метавонад даст ба сина занад ва бигӯяд, ки оре, ман вориси ҳақиқии Сомониёнам???
No comments:
Post a Comment