Имрӯзҳо ъиддае аз ҳаммеҳанон зери таъсири дурӯғпароканону каззобон ин боварро бар худ ҳамвор кардаанд, ки гӯё ҷуғрофиёи Шоҳнома фақат ба Мовароуннаҳру Хуросон маҳдуд аст ва гӯё Ашӯ Фирдавсӣ номе аз Порс набурда! Ашӯ Фирдавсӣ на танҳо бакаррот аз Порс ба ъунвони яке аз сарзаминҳои муҳимми эронӣ ном бурда, ки онро пойтахти Эронзамин дар даврони Каёниён (Кайқубод) хонда ва дар ситоиши ин сарзамини муқаддаси эрониён ё тоҷикон ҳам бас суханоне некӯ гуфтааст!
Аз ҷумла, дар боби нишастани Кайқубод бар тахти подшоҳӣ Фирдавсӣ мегӯяд, ки Кайқубод ба сӯи Порс рафт, зеро НИШАСТАНГАҲ ё пойтахти Эронзамин дар он замон Истахр буд. Ва Истахр шаҳрест ба Порс, ки имрӯз ба он Тахти Ҷамшед гӯянд ва номи юнонии он Перепулис аст, ҳамон пойтахти Ҳахоманишиён! Бибинед, Фирдавсии бузургвор аз ин шаҳр чи таърифе ба даст медиҳад:
Ҷилди II: ОМАДАНИ КАЙҚУБОД БА ИСТАХРИ ПОРС
В-аз он ҷо сӯи Порс андаркашид,
Ки дар Порс буд ганҷҳоро калид.
Нишастангаҳ он гаҳ ба Истахр буд,
Каёнро бад-он ҷойгаҳ фахр буд.
Ҷаҳоне ниҳоданд рух сӯи ӯй,
Ки ӯ буд солори дайҳимҷӯй.
Ба тахти каён андаровард пой
Ба доду ба оини фархунда рой.
Чунин гуфт бо номвар меҳтарон,
Ки гетӣ маро аз карон то карон.
Агар пил бо пашша кин оварад,
Ҳама рахна дар доду дин оварад,
Нахоҳам ба гетӣ ҷуз аз ростӣ,
Ки хашми Худо оварад костӣ.
Ки дар Порс буд ганҷҳоро калид.
Нишастангаҳ он гаҳ ба Истахр буд,
Каёнро бад-он ҷойгаҳ фахр буд.
Ҷаҳоне ниҳоданд рух сӯи ӯй,
Ки ӯ буд солори дайҳимҷӯй.
Ба тахти каён андаровард пой
Ба доду ба оини фархунда рой.
Чунин гуфт бо номвар меҳтарон,
Ки гетӣ маро аз карон то карон.
Агар пил бо пашша кин оварад,
Ҳама рахна дар доду дин оварад,
Нахоҳам ба гетӣ ҷуз аз ростӣ,
Ки хашми Худо оварад костӣ.
Хуб аст, агар мо худро вориси Фирдавсӣ медонем, ин байти охири ӯро (Нахоҳам ба гетӣ ҷуз аз ростӣ...) ба гӯши ҳушамон биспорем ва аз дурӯғ бипарҳезем.
http://www.termcom.tj/index.php?menu=bases&page=res&lang=toj&m=res&p=jild2&id=6&s=20&fbclid=IwAR03qQGs7wJH_DGkp7iZZuVUSt5PDRTqsaImCvf587Ay6IPPN46TgxbAcC4
http://www.termcom.tj/index.php?menu=bases&page=res&lang=toj&m=res&p=jild2&id=6&s=20&fbclid=IwAR03qQGs7wJH_DGkp7iZZuVUSt5PDRTqsaImCvf587Ay6IPPN46TgxbAcC4