Saturday, August 23, 2008

Tajiks condemn Afghan chauvinist group threatening Dr Pedram

Мурочиатнома

Икдоми Чиргаи чавонони хизби миллигарои «Афгон миллат» ва гуруххои тундрави дигар дар содир кардани хукми катл барои шоир ва донишманди тавонои Афгонистон ва раиси хизби Кунгураи миллии Афгонистон, Латифи Пидром, ки 15 сол боз узви раёсати чамъияти байналмилалии «Пайванд» низ хаст, икдоме бар зидди як шахс нест, балки икдомест басо хатарнок бар зидди як чараёни бузурги равшанфикри, тозаандеши ва навсозию навовари.

Илова бар он эъломи чоизаи 200 хазор доллар барои «овардани сари Латифи Пидром», ки аз он буйи террор, вахшоният ва хушунати бемисл бо таъбирхои асримиёнаги меояд, бори дигар чомеаи чахониро водор месозад, то дар амал бар эчоди терроризм ва хомиёни пинхону ошкори ин чараёни махуф мавзеъгири намояд.

Мо мутмаинем, ки агар пеши рохи ин чараён гирифта нашавад, катъан он бар аллайхи дигар чехрахои равшанфикри Афгонистон ва хатто берун аз он хам равона хохад шуд.

Аммо дар ин миён сукути мармузи давлати расмии Афгонистон ва хомиёни гарбии он (ки фалсафаи хузурашон дар Афгонистон мубориза бо терроризм аст) бисёр нигаронкунанда аст.

Бинобар ин мо бо судури Карори мазкур такозо мекунем:

1. Хукумати ЧИА мавзеи расмии худро дар киболи хизби миллии «Афгон-миллат» ва Чиргаи чавонони вилояти Пактиё ва бозаргонони Пактико эълом ва таъмини амнияти чони Латифи Пидромро расман кафолат дихад.

2. Аз порлумони ЧИА пурсида мешавад, ки ба ин казия расидаги кунад.

3.Кишвархои ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Олмон, Канада ва соири хомиёни ЧИА ва хомиёни мубориза бо терроризм дар чахон мавзеи худро дар баробари ин амали хизби «Афгон Миллат» ва хомиёну чонибдорони он ки даъвати ошкор ва хатто сармоягузори барои терроризм аст, муайян кунанд.

4. Ба Шурои Амнияти СММ пешниход карда шавад, ки хизби «Афгон миллат»-ро хамчун хизби ифроти ва хомии терроризм эътироф намояд.

5. Ба сарони кишвархои узви СХШ пешниход карда шавад, ки дар ичлоси карибулвукуъи созмон дар Душанбе (28 августи соли 2008) мавзуъи расидаги ба таассуботи кавми дар Афгонистонро ба чаноби Хомид Карзай гушзад кунанд.

6. Кумитаи дифоъ аз хукуки башари СММ, Созмони хабарнигорони бидуни марз ва дигар созмонхои марбута дар асраъи вакт икдоми Чиргаи чавонони хизби «Афгон миллат» - ро махкум ва химояти худро аз Латифи Пидром эълом намоянд.

7. Аз Анчумани «Пайванд», ки Латифи Пидром 15 сол боз узви он аст, даъват мешавад, ки аз ин узви анчуман химоят ба амал орад.

8. Аз Давлати Точикистон дархост карда шавад, ки то хал шудани казия ба Латифи Пидром панохгох фарохам кунад.

Муъмин Каноат, шоири халкии Точикистон
Мухаммадчон Шакури, академик
Чурабек Назри, узви вобастаи АУ
Махмадова Мехри, номзади илми фалсафа
Равшан Ёрмухаммад, нависанда
Хикмат Рахмат, шоир
Султони Хамад, нависанда
Абдугафори Камол, рузноманигор
Тилло Неккадам, рузноманигор
Нилуфари Собир, рузноманигор
Зиёратшохи Ахмадшох, рузноманигор
Махчуби Кифтон, рузноманигор
Нурали Давлат, рузноманигор
Мавзунаи Мухаммадали, рузноманигор
Мушкиниссо Асозода, рузноманигор
Абдуфаттохи Вохидзода, рузноманигор
Бахриддин Нодиров, рузноманигор
Умари Давлат, рузноманигор
Чахонгири Султон, рузноманигор
Толибшохи Сайидзода, рузноманигор
ва дигарон...


(Friday, 22 August, Dushanbe)

1 comment:

Anastácio Soberbo said...

Hello, I like this blog.
Sorry not write more, but my English is not good.
A hug from Portugal