Wednesday, July 23, 2008

Зартуштномаи Атоуллохи Мучебуллох

Атоуллохи Мучебуллох

Зартуштнома

(Дунболаи Бахши Дувум)


БАХШИ 3

ФАРГАРДИ 1. ЗИНДАГИИ ЗАРТУШТ АЗ ХАФТ ТО ПОНЗДАХСОЛАГИ

КАРДАИ 1. ЗАРТУШТ ДАР СОЛИ ХАФТУМИ ЗИНДАГИ

Зи соли зодан аз модар-ш шаш рафт,
Хучаста гомро бинход бар хафт.
Чавоне гашт бо бурзу тану туш,
Ба фарру зебу хангу донишу хуш.
Ба гардун сар чу сарв он гах барафрохт,
Чахонро аз рахи дил нек бишнохт.
Чу наргис дидаи биниш чу во кард,
Палид аз поку нек аз бад чудо кард.
Падар-ш омухт ойини ниёкон,
Харойин донишу андарзи покон.
Бигуфт афсонахои бостонро,
Кухан гардида хар рах достонро.
Зи мораспанди вахшурони пешин,
Чу Озархушу Зав, чун Чамми бихдин.
Хамеандухт дар дил он чи у гуфт,
Хар он ч-аз панду аз андарз бишнуфт.
Ба гуфтори пагуён гуш бинход,
Ба дил-дар суи дониш рох бикшод.
Забоне дошт бурро, хуши бас тез,
Хирадалфанчу гиранда хама чиз.
Буд уро гуш тезу чашм бедор,
Накухую ажиру некгуфтор.


КАРДАИ 2. БА ДАСТИ ОМУЗГОР СУПОРИДА ШУДАНИ ЗАРТУШТ

Ба Дугду Пурушаспи род як руз
Бигуфто: «Бишнав, эй мохи дилафруз,
Маро дар дил яке хаст орзуе,
Ки биспорам писаро бар пагуе.
Замини дил ба киштан гашташ ожир,
Гахе шуд тухми дониш пошадаш пир.
Кунунаш ирмагоне нек боист
Ки омузад ба-д-у боисту шоист.
Биалфанчад аз у дониш зи хар дар,
Писандида хунархо созад аз бар.
Шавад то бихраде бо донишу дод,
Савори чангиву донишвари род.
Хирад омузаду фархангу фарзон,
Ба дил з-он оташе созад фурузон.
Хунархо ёд гирад, то тавонад,
Чу банде пешаш ояд, дар намонад.
Ба шахр-андар яке устод чуям,
Аз ин дар он чи бояд гуфт, гуям».
Ба шавхар гуфт Дугду: «Оре, ман хам
Ба дил худ ончунон андеша дорам».
Ба мо озодагон аз гохи дерин,
Ба Эрон буд то имруз ойин,
Ки соли бачча чун дар хафт ояд,
Ба дасти ирмагонаш дод бояд.
Чун ин фарзанд бо ханг асту пурмагз,
Ба гушу хуши вирову хирад нагз,
Яке чуем нек омузгоре,
Пур аз фарзону дида рузгоре.
Бикушу ёбаш устоде сазовор,
Хунарвар ирмагоне, бо хирад ёр.
Ки у корогаху донову бофар
Раде бошад бузургу покгавхар».
Чунинаш гуфт шавхар, к-«Эй дилором,
Маро хаст ошно б-овозаву ном.
Хирадманду ажиру донишалфанч,
Ба дил оганда аз дониш басе ганч.
Чароги арсани донишпижухон,
Гироми назди равшандил гурухон.
Дари ганчи хирадро уст ганчур,
Ба мардони хунар у хаст дастур.
Нижод аз гавхари котузиён аст,
Каёну михтаронро ирмагон аст.
Варо Бурзин Куруси род хонанд,
Бузургу хурд бишносанду донанд.
Агар гуям ба у коми дили хеш,
Пазирад-шу бахона н-оварад пеш.
Ба шогирди бигирад ин писарро,
Биомузад-ш хар гуна хунарро.
Ба-д-у дархои донишро кушояд,
Ба фархангу ба фарзон рах намояд,
Ба варзиш парварад уро тану чон,
Ки гардад сахт чун пулод чандон,
Чу охан бигзарад аз оташу об,
Ки андар обу оташ оварад тоб.
Чу ояд бо Палангу Шер дар чанг,
Бидаррад чарму орад зинда дар чанг».
Ба шавхар гуфт Дугду, к-«Эй сарафроз,
Ба фардо кард бояд кори у соз.
Биожирем ганчу чиз чандин,
Баремаш пешкаш наздики Бурзин.
Ба у дар парвариш бидхем фарзанд,
Ки соле чанд фарханчад хирадманд.
Чу Бурзин дид хуйи неку орун-ш,
Хама ин магзу хуши аз бас афзун-ш.
Хар ойин, пас нагардонад, пазирад-ш,
Гузинаш-д ба шогирди бигирад-ш.
Сипосу арч бар Бурзин гузорем,
Писар пешаш ба фархахтан супорем».
Чу гохи бом, фардои хамон руз,
Ба боми нилгун шуд гетиафруз,
Ба аспон бору бун чандин бибастанд,
Ба баргу туша бар аспе нишастанд.
Писарро бар яке дигар нишонданд,
Аз он чо тафт шодондил биронданд.
Ба марзе буд Бурзинро нишеман,
Бихиштосову обу бод равшан.
Замине борманду буми дилхох,
Зи Дарча дуру чандинруза буд рох.
Чу Бурзин дид эшонро, пазируфт,
Дуруду нуша боду офарин гуфт,
Чу биншастанд ёрон дар сари хон,
Зи кори хамдигар гаштанд пурсон.
Ба Бурзин хохиши дил бозгуфтанд,
Пазирад то ба шогирди-ш фарзанд.
Бидид он бачча аз бас ёдгир аст,
Ажиру хушманду тезвир аст.
Хама он панчи у чун панч аспанд,
Чаханда тезу чун озаргушаспанд.
Зи магзу хушу оруни худодод
Фуру монд он хирадалфанч устод.
Газид ангушт бо дандону гуфто:
«Чи роз аст ин, ки мебинам, шигифто!
Ба-д-ин сон кас шигифтиро надида,
Худо то ин дам эдун н-офарида,
Ба шогирди бигирам ин писарро,
Биомузам-ш хар гуна хунарро.
Аз он к-уро ба гети нест анбоз,
Зи омузиш надорам даст аз у боз.
Ба-д-у бидхам зи дониш хар чи донам,
Ба гети мурдарег аз худ бимонам.
Магар андар забонхо монадам ном,
Нишоне монад аз ман то саранчом».
Чу аз Бурзинкуруси номбардор
Шуниданд ин хама пурмоя гуфтор.
Ниходандаш сипосу арчи бисёр,
Зи руйи мехр он ду неккирдор.
Пагуи пир Бурзини хирадманд
Гуси кард он дувонро бо тане чанд.
Чу бо хам дустон гуфтанд падруд,
Бурун рафтанд з-он даргох хушнуд…



КАРДАИ 3. ПАРВАРИШ ВА ОМУЗИШИ БУРЗИНКУРУС ЗАРТУШТРО НАЗДИ ХЕШ

Аз он рузе, ки фарзанди Спитом
Биомад пеши он пири накуном
Ба кори парвариш пардохт устод,
Тану чонаш ба варзиш парвариш дод.
Аз он фарзона донишвар шабу руз
Хамебуд бахраманду донишомуз.
Басе ранч андар он бурд ирмагон мард,
Паёпай хафт солаш парвариш кард.
Зи кору кирфа Бурзин хар чи донист,
Хама омухт уро то тавонист.
Ба варзиш сахт кардаш ёлу гардан,
Ки бозу гашт рую тан чу охан.
Ба дониш рузу шаб уро бифархехт,
Гилашро донаи фарханг ишпехт.
Дари ганчи хирад фарзона устод
Ба руйи он хирадалфанч бикшод.
Шубонию чарову домдори,
Замину кишту кору барзкори,
Бикандан аз дили кух охану зар,
Ба дарё жарф чустан ноб гавхар,
Гиёху баргу беху хушаву дон,
Гулу бору хазону сабзиши он.
Зи захру подзахру дарду дармон,
Газанду суду сарду гармии он.
Зи беморию дарду бешадони
Тани буд хоху ё буд он равони.
Зи ойини пизишки андар он гох,
Зи ранчу бахшиши дармон ба хар рох.
Чу Ораш аз камон андохтан тир,
Саворию набарду разм бо шер.
Раванди ахтарону Моху Хуршед,
Ба гардун гардиши Бахрому Нохид.
Дабира кардан андар дафтару санг,
Ниходан ганч аз фарзону фарханг.
Ба вай омухт он донишвари пир,
Хама алфагду яксар кард аз вир.
Забону кору дил гашташ хама рост,
Ба орун чону танро нек орост.
Тавоно гашту аз устод бигзашт,
Худ у устод бар устоди худ гашт.
Ба назди ошно аз шоху дарвеш
Ба хар чо рафт Бурзин, бурд бо хеш.
Ба чашми хеш то руйи чахон дид,
Ба гуши хеш панди беш бишнид.
Ба-д-ин сон хашт сол он пурхирад мард
Хирад омухту фарханг парвард.
Ба боги дониш он фарзона устод
Чунон бо мехр уро парвариш дод,
Ки чун афрохт сар пури Спитом,
Ба шахру дих хама бишнохташ ном.
Ба-д-он сон зебу фар сарве надиди,
Ки андар боги фарзон сар кашиди.
Бахори понздах омад зи солаш,
Ба баргу бору гул омад нихолаш.
Ба гулшан богбони пираш орост,
Сихи сарваш ба зебои биперост,
Ба-д-он гах гашт Зартушти Спитом
Яле овозадору роду боном.
Чунон варзида будаш пири доно,
Ба хар кору хунар гашт у тавоно.
Гилозаргар бикард озар гилашро,
Фурузон сохт чун оташ дилашро.
Зи фарзон кардаш у равшан равонаш,
Зи фархангу хирад афрухт чонаш.
Ба доду ростию дониш он гох
Чароги анчуман гашт он дилогох.
Намудоре буд у аз некхуйи,
Аз у харгиз наёмад чуз накуи.
Забонаш нарм буду рост мегуфт,
Сухан чун гавхари шахвор месуфт,
Хунархо, он чи аз устод бигрифт,
Аз он бигзашту кард устод ишгифт.
Сухан кутох, чун Хуршеди ховар
Зад андар осмони бихради сар.
Ба у гарданда чарх огуш бикшуд,
Чахони тор чашм андар рахаш буд.

КАРДАИ 4. БА ПАДАРУ МОДАР БОЗГАРДОНИДАНИ БУРЗИН ЗАРТУШТРО ДАР ПОНЗДАХСОЛАГИ

Чу аз омузиши пури Спитом
Бипардахт он пагуи некефарчом.
Ба соли понздах бинход гомаш,
Ба хуби хар кучо буд рафта номаш.
Ба у устод гуфто: «Эй накуном,
Дар ин дам ёфт шогирди-т анчом.
Хунархо хар чи донистам, бидодам-т,
Ба сар афсар зи донои ниходам-т.
Басо аз гавхари фарханг чиди,
Ба дил ганче зи дониш оганиди.
Кунун равшан шудат дар дил чахонбин,
Хирад чашме кушодастат нихонбин.
Шуди акнун бузургу роду доно,
Ба хар кору хунар гашти тавоно.
Хам акнун бениёз аз ирмагони,
Ту худ омузиш аз мо нек дони.
Чу охан дар тафи оташ супурдам-т,
Гудозон пас фуру дар об бурдам-т,
Зи куби чокушу сандон гузашти,
Тану чон сахт чун пулод гашти.
Ба чангу разм гашти чун дижам шер,
Ба бурриш тезтар аз теги шамшер.
Миёнро сахт акнун боядат баст,
Чу дар хар кору кирфа бошадат даст.
Чу соли понздах рафтат зи зодан,
Кунун бояд ба бобу мом-т додан.
Зи гохи бостон ойин чунин аст,
Ки он аз баччаги соли паси наст.
Чу кас аз понздах пас гом бинход,
Чавон гашту ба марди ном бинход.
В-аз он пас у ба мардон ёр гардад,
Пайи суд оваранда кор гардад.
Чу гашти марди барнову ба орун,
Миёнро банду кор огоз акнун.
Зи рохи доду дин чун бахраманди,
Сазад нун бар сари худ кор банди.
Замони кор кардан-т омад акнун,
Ба бобу мом-т биспорам ман айдун.
Спитомон туро чашманд дар рох,
Бибояд рафт з-ин чо хох-нохох».
…Пагохон он ду бар аспон нишастанд,
Ба хешон армагоне чанд бастанд.
Ба суи дудмони Пууруш-асп,
Биронданд он ду з-он чо рост бо асп.

КАРДАИ 5. ЧАШН ОРОСТАНИ СПИТОМОН ДАР ПЕШВОЗИ ЗАРТУШТ ВА КАМАРБАНРДИ ВАРЧОВАНД БАСТАНИ У

Чу бо Зартушт омад пири доно,
Баромад пешвозаш пиру барно.
Ба буку кусу карною табира
Спитомон бигаштандаш пазира.
Худу хешону пайвандон зи хар суй,
Зару гавхар фишонданд аз сари уй.
Ба по карданд базму суру з-он пас
Ба гирди хон нишастанд он хама кас.
Ба перомуни оташ бо маю руд,
Ба хуму шир дил карданд хушнуд.
Ба ойини кухан пас мусапедон
Ба назди оташи поки фурузон
Биоварданд Зартушти ашуро,
Бигардонданд гирди оташ уро.
Ба тан пероханаш пушонд Бурзин,
Камарбанде бар он барбаст заррин.
Бигуфто: «Нуша боди, эй накуном,
Бизи пирузманду шоду пидром!
Ки акнун мард гашти бар сари хеш,
Чу мардон рохи пайкор аст дар пеш.
Миёнро банд акнун, эй хирадманд,
Ба неки куш дар рохи Худованд.
Маху Хуршеду Нохиду Варахрон
Бибошандат нигахдори тану чон.
Кушоиш хохам аз Парвардигорат,
Кунад рохат сапеду бахт ёрат!
Аз имрузи яке з-озодмардон,
Даройи дар шумори родмардон.
Ба дини шох Чамшеду Фаредун
Шуди з-ин гох дар рузи хумоюн».
Набуд огох з-он Бурзин, ки Гаргар
Ба Эрон баргузидасташ паямбар.
Намедонист, к-у фардо ба Эрон
Расонад муждаи нав-Рост фармон.
Чахондорне шавад бо донишу дод,
Зи банди дев созад гети озод.
Ба Эрон дину ойини нав орад,
Хирадро доварон-довар гуморад.
Ба доду рости дорад чахонро,
Ба неки рах намояд мардумонро.
Биорад рохи нав дар зиндагони,
Зияд кас то ба нушу комрони…

ФАРГАРДИ 2. ЗИНДАГИИ ЗАРТУШТ ДАР КАНОРИ ДАРЧА

КАРДАИ 1. БА ХУБИ ОВОЗА ШУДАНИ НОМИ ЗАРТУШТ

Чунин бингошт дар бинвиштаи хеш
Пагуи пири огох аз гахи пеш.
Ки чун Зартуштро овард Бурзин,
Ба бобу мом биспурдаш ба ойин.
Ба соли понздах бинхода буд гом,
Ба-д-он хангом Зартушти Спитом.
Чу дар хуби ба гети у яке буд,
Бузургу хурд з-у буданд хушнуд.
Фуруги фарри яздони зи рухсор
Биафганди чу Мох андар шаби тор.
Хама гуфтору кирдораш писанда,
Ба фарру зеб-ш Моху Мехр банда.
Ба руйи неку хуйи неку боло
Зи хар рах у накутар буду воло.
Хам инаш буду онаш низ чандон,
Ба ханчори забонаш гуфт натвон.
Чунон дар некхуйи сар барафрохт,
Ки хар к-у дид уро, дил ба-д-у бохт.
Яке фарзонаву фарханг-алфанч,
Хирадманду дилогоху сухансанч.
Ба хангоми сухан, гуйи, шакар рехт,
Шакар чи-бвад, ки аз лаб у гухар рехт.
В-азеро мехр бастандаш накувон,
Гироми доштанд уро ашувон.
Гирифт аз нотавонон даст яксар,
В-аз онон дошт дастони ситамгар.
Бихию ростию дод варзид,
Ба неки номи у овоза гардид.

КАРДАИ 2. БАХШ КАРДАНИ ПУРУШАСП КОЛОИ ХУДРО МИЁНИ ФАРЗАНДОН

Падар як руз фарзандон фаро хонд,
Ба назди хешу аз хар дар суханд ронд.
Хар он-ч у дошт аз колову кочор,
Зи богу варзу кишту ганчи бисёр,
Баробар бахш кард у он чи шоист,
Ба хар як дод бахше, к-аш бибоист.
Хама бигрифт бахше, к-он расидаш,
Зи хар ч-аз руйи ойин месазидаш.
Магар Зартушт коре кард ишгифт,
Ба чуз як кушти дигар чиз нагрифт.
Дигар хар чиз баргардонд у пас,
Бигуфто: «Хаст ин кушти маро бас.
Ман он айвангро хохам, дигар хеч,
Ба чуз он менагирам аз падар хеч.
Зи ганчу симу гавхар бениёзам,
В-аз он пашмина кушти бас бинозам.
Ман он пашминаро дорам басе дуст,
Диламро бастаги, боре, ба чуз уст».
Падар бо мехрубони гуфт: «Эй чон,
Ба-д-ин сон зиндаги машмор осон.
Ба кор ояд-т рузе ин хама ганч,
Зи беганчи хама рузат рассад ранч.
Бигир ин ганчу коло, то буви мард,
Ки бе зар мардро руе бувад зард.
Ба-д-он ояд дар оянда ниёзат,
Забону даст бошад з-он дарозат.
Зи ганчу чиз гар номард сер аст,
Агар рубах бувад, дар чашм шер аст.
Тавону зури шохон аст аз ганч,
Низору хор дарвеш аст дар ранч.
Чу ёбад гар чуволе зар гадое,
Кунад оханги тахти подшои.
Чу ганчи шох рафт, у дон, гадо шуд,
Гадо, гар ганч ёбад, подшо шуд.
Ман аз худ ганчу колое ниходам-т,
Наку андешу баргир он чи додам-т.
Мадори даст хеч аз ганчу коло,
Ки бошад дасти мард аз ганч боло.
Вагарна сад пушаймони намои,
Хури афсусу пушти даст хои».
Ба посух гуфт Зартушти Спитом,
Ки: «Ин гуфтор назди мо бувад хом,
Чунин донам, ки мардони хирадманд,
Ба симу ганч мардиро насанчанд.
Ба назди марди донои гухарсанч
Куниш ойинаи мардист, не ганч.
Хари бечора, к-аз бунёд буд хар,
Нагардад асп, агар бораш нихи зар.
Гадое, к-у наку бошад ба кирдор,
Бих аз шохи хуношоми ситамгор.
Пашизе гар надорад марди дарвеш,
Тавонгартар бувад аз шохи бадкеш.
Нишони мард бошад покии хуй,
Бидони мушки Чинро аз рахи буй.
Зару сим аз барои гиру дих дон,
Хунарро бартару болову бих дон.
Хирад бо доду неки гар бипайваст,
Зи банди бардаги он кас бурун част.
Хирад андузу доду рости варз,
Ки фарханг асту дониш мояи арз.
Ту арчи мард дар кешу хунар дон,
На дар колову ганчу симу зар дон.
Бихи кун, к-он нишони родмардист,
Ки доду рости озодмардист.
Хунар омузу дар ганчинаи хеш
Биних ганчи хирадро, эй накукеш.
Бигардам аз пайи дониш ба хар куй,
Ба ганчу чиз харгиз н-оварам руй.
Ба фархангасту фарзон арзиши мард,
Ба дониш доду неки боядам кард.
Хама бигзору он кушти маро дих,
Маро он банди пашм аз ганчу зар бих.
Ба хурди буд он гахворабандам,
Нигах медошт аз дарду газандам.
Будам гахвора тахти подшохи,
Бихиштам буд пурнозу фарохи.
Маро модар бад-он чо парвариш дод,
Зи шири поки худ он чо хуриш дод.
Чу бинам хар даме, он банди пашмин,
Шавад равшан маро бар сар чахонбин.
Ки з-он гахвора шуд кори ман огоз,
В-аз он чо чашми биниш шуд маро боз.
Нахустин гом худ з-он чо ниходам,
В-аз он чо дида бар гети кушодам.
Суруди модар аз он чо шунуфтам,
Нахустин вожа он чо ман бигуфтам.
Зи хар ч-ам он камарбанд аст хуштар,
Ба чуз он ман нагирам чизи дигар.
Ба-д-он бандам ман аз ин пас камарро,
Парастам Кирдигори Додгарро».
Чу хешон ин сухан аз вай шуниданд,
Хама ангушт бо дандон газиданд.
Шигифт омад таборашро аз он кор,
Ки аз Зартушт меомад падидор.
Ки Зартушт аз чи рах коре чунин кард,
Хама пас доду он кушти гузин кард?
Бигуфтанд он зи чизе беш набвад,
Ба чуз як мушт пашми меш набвад.
Набуд огох з-онон хеч кас низ,
Ки он пашмина буд бартар зи хар чиз.
Ба арзиш он зи ганчу сим буд беш,
Ба ориш аз хама кори чахон пеш.
Табораш кай буд аз он чиз огох,
К-аз он гахвора хезад додгар шох.
К-аз он гахвора хуршеде барояд,
Чахони тираро равшан намояд.
Ки дар вай парвариш ёбад паямбар,
Кухан гети зи нав созад саросар.
К-аз он хезад яке вахшури бихдин,
Бихию ростиро дорад ойин.
Биорад дар чахон дини накуи,
Ба дилхо корад у тухми ашуи.
Ба дини бих дарорад анчуманро,
Ба рохи рост орад марду занро.
Кунад замзам суруди ростиро,
Барад з-ойин кажию костиро.
Шикаст орад сипохи Ахриманро,
Рахои бахшад аз бад анчуманро.
Надонистанд, з-он марде бируяд,
Ки рохи ростию дод пуяд.
Бичошад дар чахон дини бихиро,
Худову хешу гетиогахиро.
Хирадро довари гети бидонад,
Ба мардум донишу фарханг хонад.
Ба мену рах зи Чинвадпул намояд,
Зи фарзон рах ба хушбахти кушояд.
Хамон гахворае буд осмони,
Навиди пайки дини човидони.
Буд он тахти шоханшохи накуи,
Нишемангохи хуршеди ашуи.
К-аз он Кеши ахурои шуд огоз,
Дари ойини Маздо з-он бишуд боз.

КАРДАИ 3. ГУЗИН КАРДАН ЗАРТУШТРО БА ЗУТАРИ ВА НОХУШНУД ГАШТАНИ ЧОДУВОНУ СИТАМГАРОН АЗ ИН

Чу он фархехта пури Спитом
Баровард аз бихию рости ном,
Чавону пир з-он ру дусташ дошт,
Ки дар неки ба гардун сар барафрошт.
Ба фарру зебу поку порсо буд,
Ажиру магзванду бас расо буд.
Ба-д-ин сон чанд соле пушти сар гашт,
Замона боз чандин рах дигар гашт.
Чу уро порсову пок диданд,
Дилу чонаш хама беок диданд,
Ба у гуфтанд: «Зеби михтариро,
Гузинемат ба Дарча зутариро.
Туи арзандатар танхо дар ин гох
Чи хасти роду донову дилогох.
Сазад, к-имрузамон боши ту зутар,
К-аз эдар аз ту харгиз нест бихтар».
Ба-д-онон гуфт Зартушти Спитом,
Ки: «Эй ёрони дилсузу накуном,
Ханузам хурду натвонам чунон кор,
Дигар чуед пиреро сазовор.
Ки корогох пирони хирадманд
Тавонотар зи ман бисёр хастанд.
Хама огох аз хар гуна коранд,
Бидида гарму сарди рузгоранд…»
Ба-д-у гуфтанд: «Чуз ту менахохем,
Ки андарвою бас гумкарда рохем.
Михонмон чодувонанду ситамгар,
Кихонмон хамчу кайканду харастар,
Хам отурвону зутар моху зиштанд,
Ки чуз тухми бади харгиз накиштанд.
Расад хар дам ба мардум бад зи эшон,
Хама бадрузгорему парешон.
Чу мардумро зи эшон мерасад бад,
Худо аз зухру карниш шод набвад.
Яке бододу дониш зут бояд,
Ки Яздонро хаме кораш хуш ояд.
Маху Хуршеду Нохиду Варахрон
Хама ру тофтанд ин дам зи Эрон.
Чу ту фархахтаву фарзона фарзанд
Бибояд донишогоху хирадманд,
Ки Эзад карниши уро пазирад,
Ба Эрон хашм то з-ин пас нагирад.
Диханд осоишу ороми дар он,
Зиён н-ояд ба Эрон то зи девон».
Михонро хуш наомад ончунон кор,
Дижам гаштанду бадхоху хамистор.
Битарсиданд, к-ононро расад ранч,
Равад аз даст берун он аз хама ганч.
Чу уфтад пардаи авранд аз руй,
Мар ононро намонад об дар чуй.
Ба расвои барояд номи эшон,
Намонад гоху тахту коми эшон.
Чу мисшон ошкоро гардад аз зар,
Дуручонро намонад тахту афсар.
Ба-д-он гах хар кучо буди бузурге,
Гурусначашму бадкирдор гурге,
Ситам пайваста карданди ба мардум,
Газанда, нешзан чун мору каждум,
Битарсиданд з-анчоми бади хеш,
Ба андеша сар афганданд дар пеш.
Ашу Зартуштро ангези куштан
Бикарданд он хама бадкеш душман.
Кучо буд михтаре, исголише кард,
Ба шахр-андар яке оголише кард.
Ба сад найрангу афсуну бахона
Бибурдан хостандаш аз миёна.
Зи бас, к-у некному бегунах буд,
Бадонро бахри куштораш на рах буд.
Чунон чун курмуш аз партави Шед,
Ба зери хок биншастанд навмед.
…Чу шуд зут андар он шахри шукуфон,
Нишасту хост хамрохи бузургон.
Чу поку порсо зутар хаме буд,
Бузургу хурд з-у буданд хушнуд.
Ба оби Дарча бар Мехру Анохид
Бибурди зухр хуму шири испед.
Бихи мекарду неки мебиомухт,
Чароги доду дониш мебарафрухт.
Ба оташ-зухр карниш руз то шом
Хамебуд дар парастиш он накуном.

ФАРГАРДИ 3. БА СИТЕГИ БАЛАНДИ ФАРХАНГУ ФАРЗОН БАРОМАДАНИ АШУ ЗАРТУШТ

КАРДАИ 1. ЗАРТУШТ ДАР САРИ КУХИ УШИДАРН БО ХУДОВАНД РОЗ МЕГУЯД

Ба гардун сар кашида буд кухе,
Пур аз обу гиёху бошукухе.
Ба хоку боду оби поку равшан,
Пур аз шебу фарозу пахн доман.
Ба дарё пою сар дар осмон буд,
Ушидарни хучаста номи он буд.
Ашу Зартушти огоху хирадманд
Бигуфти роз он чо бо Худованд.
Бирафти хар гах он Маздогузида
Сари он кухи зебову ханида.
Хаме пайваста он чо озар афрухт,
Ба оташ-зухр чону дил барафрухт.
Ба назди оташи поки фурузон
Сари андеша бурди дар гиребон,
Дилу чонро зи ранчу оз шусти,
Зи буду хасти гети роз чусти.
Даме бо хеш Зартушти Спитом
Зи андухи чахон меёфт ором,
Хамора з-он сари кухи барозанд,
Ба гети чашм афганд он хирадманд.
Аз он чо дид пахнои чахонро,
Фароху пахн буми ориёнро.
Хамора оташе афрухт тобон,
Парастид Эзаду амшоспандон.
Ба поки кард Яздонро ситоиш,
В-аз у пурсид ёри бо ниёиш.
Зи торики ба суи рушнои
Бичусти рохи аз паркон рахои.
Ушидарни хучаста буд кухе
Баланду дилпазиру пуршукухе,
Зи дигар куххо буд баргузида,
Чахорум кухи Маздо офарида.
Ахуро зебу фарри вижа дода,
Миёни Ориён-вичаш нихода.
Ки бемар буд дар вай чашмасорон,
Фаротозанда чун сим обшорон.
Басо дору дарахту урварон дошт,
Булурин обхо зераш равон дошт.
Фаровон руста дар он буд гиёхон,
Чаранда дому дад он чо фаровон.
Бихиште дому дадро буд хуррам,
Хуриш буд андар он бисёру бафхам.
Сари он кух буд хуррам яке чой,
Хамушу нагзу орому дилорой.
Гироми дар шумар буду хумоюн,
Бидида пойи Чамшеду Фаредун.
Парастишгохи шохони кухан буд,
Ки варчованд назди анчуман буд.
Сари он кух аз бахри ниёш,
Бирафту кард Гаргарро ситоиш.
Ниёишхои у Маздо бипазруфт,
Бикард уро ба фарри эзади чуфт.
Сар аз андеша он чо дар гиребон
Фуру мебурду мепушид чашмон.
Ба дил мечуст рохи растагори,
Рахои аз баду бадрузгори.
Кушудан чашм андар донишу дод,
Зи банду бардаги гардидан озод.
Зи бад озод кардан анчуманро,
Шикастан дасту пойи Ахриманро.
Чахон нав сохтан, обод кардан,
Сазанда зиндаги дилшод кардан.
Кушодан рози маргу зиндагони,
Бавиш аз нестию човидони.
Раванду розхои ахтару мох,
Ба суи Мехри равшан ёфтан рох,
Зи бедоду ситам озод растан,
Зи банду деву дарду ранч частан:
Зи кардан мардумонро рахнамои
Зи торики ба суи рушнои.

КАРДАИ 2. ПАЁМИ ХУДОВАНДИ ХИРАД БА ЗАРТУШТ АЗ ДИНИ БИХИ ОВАРДАНИ СУРУШ ДАР САРИ КУХИ УШИДАРН

Сари кухи Ушидарн у яке руз
Баромад боз чун Хури дилафруз.
Бируста хум бисёр андар он кух,
Ба перомуни он анбух-анбух.
Чу харруза биомад дар гахи бом
Сари он кухи бас хомушу ором.
Бикард у оташе он чо фурузон,
Намозе то гузорад бахри Яздон.
Зи шохи хум барсам кард дар даст,
Ба назди оташи тобанда биншаст.
Ба оташ-зухр хуму шир овард,
Ниёишхо мар оташро фузун кард.
Чу ширу хум дар оташ бичушид,
Зи хован кард дар чому бинушид.
Ду дастони ниёз он гох боло
Бикарду хост ёри аз Ахуро.
Бигуфт: «Эй оташи Маздо бидода,
Туи аз гавхари поки бизода.
Ки бе ту хастиёнро чунбише нест,
Ба гардун ахтаронро гардише нест.
Хама хасту будонро чунбиш аз туст,
Замину осмонро гардиш аз туст.
Ту дар рагхои чони мо равони,
Дилу чону хирадро чони чони.
Маху Хуршедро гардидан аз туст,
Забони чонам аз хасти-т хастуст.
Миёни бандагону пок Додор
Туи пайвандсозу рах намудор.
Нишони хастии Маздо ту хасти,
Паёми Эзади Якто ту хасти.
Ту хасти чони чондорони Додор,
Ки покию парастишро сазовор.
Зи чор ахшиг болотар ту хасти,
Рави болову нагрои ба пасти.
Ба боло бод бе ту чун бихозад,
Ба поён об бе ту кай битозад?
Равон бахшанда андар хоку оби,
Фуруги тоби чашми Офтоби.
Ба гардун гардиши Хуршед аз туст,
Дурухши Тиштару Нохид аз туст.
Ахуропур озарро ситоем,
Фуруги руй Гаргарро ситоем.
Чу бар хастии Маздо хасту хастем,
Ахуродода оташро парастем.
Бие, эй оташи поки Ахуро,
Ба ман бинмой руйи поки Уро.
Рахам бинмой суи рушнои,
Маро кун суи Яздон рахнамои.
Нишоне з-у хамебинам, ки дар туст,
Фуругу тоби ту з-он руйи некуст.
Чахон бе тоби руят тира бошад,
Маху Хуршед хоке хира бошад.
Ту, эй оташ, Ахуроро нишони,
Ахурочехрию Уро бимони.
Набошад рахнамое бартар аз ту,
Ки дарёбам башини Гаргар аз ту.
Гирех аз бастаги бикшой бар ман,
Рахе суи Худо бинмой бар ман.
Ба ком андар хазоронат забон аст,
Ки хар якро хазорон достон аст.
Сипантоию беолоишу пок
Забонатрост вижа вожаву вок.
Расад бар гуши он, к-у хуш дорад,
Ба дил чашмеву дар чон гуш дорад.
Ту хасти дар дили хасти чу чарганд,
Нишоне з-Эзади Бечуну Бечанд.
Ту аз Бахшандаи Якто навиди,
Дари андешаро хамчун калиди.
Хирадро гушу хушу дидан аз туст,
Рахи яздоншиноси равшан аз туст.
Туро з-он парварем, эй пок оташ,
Ки хасти бас шигарфу жарфу саркаш.
Нихода кору чунбишро ба комат,
Гилозаргар ба мардум кард ромат.
Дигар домон зи ту дастанд кутох,
Наянд аз рози пинхони ту огох.
Падидорандаву бахшандаи чон,
Фурузонандаи Хуршеди тобон,-
Чахонро кард бо руйи ту равшан,
Зи гил хезонд аз буйи ту гулшан.
Чунонат кард Гилнамгар ба неруй,
Ки сози обу бод аз охану руй.
Аз эро руй меорам ба суят,
Ки бинам тоби руйи У зи руят».
Чу пардахт он ашу з-Оташ-ниёиш,
Зи равган зухр бурдаш бо ситоиш.
Ду дида басту пас ором биншаст,
Дилу чон бо Худои хеш пайваст.
Бигуфт: «Эй Гаргари Харвиспогох,
Маро бинмой суи рости рох.
Ту Гил-озаргари Яктову поки,
Падидорандаи оташ зи хоки.
Зи боду хоку об оташ куни соз,
Ба-д-ин се бозгардони варо боз.
Хаме з-ин се бурун ори ту онро,
Ба-д-ин се бозгардони ту чонро.
Гузоремат сипосу арчи бемар,
Ки Моро доди варчованд озар.
Бигу бар ман, ки рах суят кадом аст,
Бишини поки хешатро чи ном аст?
Зи неку бад сиришта ин чахон чист,
Хамисторон нихода ин дувон кист?
Зи неку бад хилида парда ки-бвад?
Паси ин парда пинхон карда чи-бвад?
Басечи маргу режи зиндаги чист?
Худои бахри чисту бандаги чист?
Маро бинмой рохи зистан шод,
Зи банди Ахриман гардидан озод.
Диламро аз хирад чашме бикун боз,
Маро аз банди нодони рахо соз.
Гирех аз кори бадбахтон ту бикшой,
Рахе суи «Ашо» аз мехр бинмой».
Фуруд омад Суруш аз осмонаш,
Расондаш муждае бар гуши чонаш.
Ки Маздо он ниёишхо пазируфт,
Ба зутар бас дуруду офарин гуфт.
Ба-д-у аз дини неки дод пайгом,
Якояк гуфт Маздоро хама ном.
Ки хар к-у номхои неки уро
Бигирад, ёд созад аз Ахуро,
Шавад номи Худо пушту панохаш,
Бидорад аз хама зишти нигохаш.
Хар он к-у бар забон овард номаш,
Хушию некбахти гашт комаш.
Бишуд пируз бар деву дуручон,
Сипохи Ахриман шуд з-у парешон...

КАРДАИ 3. АНДАР УШИДАРНИ РОСТИН ВА ДИГАР ОРИШИ

Чунин гуянд Ушидарнест омег,
К-аз Эрон буд кухеро яке тег.
Ки Зартушти паямбар бар сари он
Бигуфти роз бо Додори кайхон.
Гузину пок дини маздаясно
Нахуст ин чо ба-д-у гашт ошкоро.
Чунин буд хуй карда он хирадманд,
Ки рафти бар сари он кухи бурзанд.
Ба хуму ширу барсам андар он боз
Бигуфти бо Худованди Хирад роз.
Чу баргашти ба Дарча хар гах аз рох,
Баромад бар Ушидарн он дилогох.
Аз он чо дид пахнои чахонро,
Раванди Хуру Моху ахтаронро,
Аз он чо дид як-як шахру дихро,
Нигах кард андар онон зишту бихро,
Ба Эрон-вич з-он чо чашм андохт,
Чахонро з-он баланди диду бишнохт.
Сари он кух Маздоро хамеяшт,
Ба Дарча боз з-он чо бар хамегашт.
Худо он чо ба-д-у хшнум биомухт,
Чароги доду дин дар чонаш афрухт.
Сурушаш ардамон оварду бархонд,
Ба у «Готон»-и варчованд дононд.
Аз у пайгамбаре Маздо хамехост
Бисозад, то намояд бар рахи рост.
Сурушаш сосно он чо биёвард,
Нахустин бору чонашро бипарвард.
Аз он чо дини Маздо ёфт огоз,
Дари ойини бих з-он чо бишуд боз.
Дигар ин чо Ушидарнест пинхон,
Ситеги кухи фарханг асту фарзон.
Бувад он гохи гундои бафарханг,
Ханида тахту варчованд авранг.
Яке кухе баланду пахндомон
Фарозанда сар аз Чистову фарзон.
Бувад он пояи болову барфар,
К-аз он набвад ба гети моя бартар.
Расид он чо агар марди худочуй,
Тавонад дид з-он чо аз Худо руй.
Чу Зартушт аз сари он кухи фарзон
Бишуд наздики Волочох Яздон,
Бидид у з-он баланди ин чахонро,
Баробар ошкорову нихонро.
Баромад бар сари ону чу Хуршед
Замину осмонро кард испед.
Чу хуршеди хирад аз кухи фарзон
Бизад сар, то чахон з-у шуд фурузон.
Худованди Хирад-Маздо-Ахуро
Чароги рахнамо бугзид уро,
Фуруги руйи Хуршеди Хирад буд,
Ки гохи бом руйи хеш бинмуд.
Хамедун пояи дониш, ки чун кух
Баландаш кард дар дил марди бишкух.
Ба-д-ин сон поя, к-аз гардун баланд аст,
Расад он, к-у зи Чисто бахраманд аст.
Дигар, он поя тахти подшохест,
Ки суяш хар гадоеро на рохест.
Ба-д-он авранг биншинад шахе, к-он
Ба доду ростисту фарри Яздон.
Ба-д-ин бигзашт солу мох чандон,
Ки Зартушти ашу андухт фарзон.
Ба чашму гуш бар бад баста буд рох,
Ду даст аз бад хамеша карда кутох.
Бикард у хешро ожир дар кор
Ба суди бандагони пок Додор.
Шумурд у ростиро бихтарин рох
Парастиш кардани Харвиспогох.
Намоз ин,-гуфт,-поки дар хама кор-
Ба пиндору ба кирдору ба гуфтор.
Ашуи, неки, поки, порсои,
Раханд аз дузахи паркон рахои.
Расид аз рости бар он баланди,
Ки раст аз чохи деви озманди.
Гирифт уфтодагонро даст он род,
Ба дарвешон басе доду дихиш дод.
Бихонро у хамеша мехрубон буд,
Хам аз дармондагон ёрирасон буд.
Зи неки сохт бар дарё яке пурд,
Ки рах з-он бар канори растаги бурд...
Бикард аз рости у нардбон рост,
В-аз он рафтан ба суи осмон хост.
Хаме у кард неки бо хама кас,
Бихию рости мекардию бас.
Фуру буд баста аз бад дидаву гуш,
Ба неки духт яксар дидаи хуш.
Касе андар нихону ошкоро
Аз у нашнид харгиз носазоро.
Бас аспи рахрави оташфаши хеш
Гузашт аз хар пагуе дар чахон пеш.
Гахе андар Ушидарн он сарафроз
Бигуфти бо Худованди Хирад роз.
Гахе аз шахр бар шахри дигар рафт,
Пайи дониш ба хар чо дар ба дар рафт.
Бирафташ ном дар неки ба хар суй,
Ба роди гашт овоза ба хар куй.
Ба дониш вай чароги анчуман гашт,
Ки номаш аз даханхо бар дахан гашт.

ФАРГАРДИ 4. ЧАШН БАРПО КАРДАНИ ПУРАШСП ВА ШАРМАНДА КАРДАНИ ЗАРТУШТ ЧОДУВОНРО

КАРДАИ 1. БА АФСУН БУРДАН ВА КУШТАН ХОСТАНИ ЧОДУВОН АШУ ЗАРТУШТРО

Дабири пири огох аз гахи пеш
Чунин ангошт андар номаи хеш,
Чу рафт овозаи Зартушт хар суй,
Забон андар забону куй дар куй.
Пур аз андух шуд дил чодувонро,
Зи кину рашк кохиданд чонро.
Бигуфтанд: «Ар ба-д-ин гуна-ст Зартушт,
Ба найрангу фусуне боядаш кушт.
Яке имруз бояд чора кардан,
Бикуштан, пайкарашро пора кардан.
Вагарна ганчу симу тахту афсар
Равад аз дасти мо барбод яксар».
Ба-д-ин сон чодувони девкирдор
Ба-д-он дих омаданд аз бахри куштор.
Чу Зартушти ашуро дар сари рох
Бидиданд он сияхкорони бадхох,
Гирифтан хостанд уро ба афсун,
Бибурдан, куштан аз он чой берун.
Ба афсун наврасонро хоб бурданд,
Ба найрангу фиребу дуди испанд.
Хама он хамрахон рафтанд дар хоб,
Зи найрангу дурахши чоми пуртоб.
Магар Зартуштро нагрифт чоду,
Даму афсун накарди кор бо у.
Бикушиданд бо найранг харчанд,
Ашу Зартуштро оранд дар банд,
Хамоно у намеуфтод дар дом,
Дижам гаштанду з-у рафтанд ноком.
Пас овардан он бебахрагон руй,
Ба суи Пурушаспу дудаи уй.
Ки он чо боз афсуне бихонанд,
Ба рангу реви дигар то тавонанд,
Ба он фарзона чодуе бисозанд,
Барандаш бо фусуну тарбу авранд.
Набуд чун Пурушасп огох, к-он сон
Гаронон аз чи рах гаштан-ш михмон.
Пазира гашту чашне кард барпой,
Кухан ойини нек овард бар чой.
Бузургони диху хешон ба-д-он руз
Бихонд у хам ба он чашни дилафруз.
Кучо дарвеш буду бенавое
Хам он чо хонд бахри худнамои.
Чавону пир аз наздику аз дур
Фарохам омаданд он руз дар сур.
Ба боге дилкушо ойин бубастанд,
Бузургу хурд дар хурдан нишастанд.
Нихода хонхо он чо пур аз ноз,
Хама ожир бахри базму бигмоз.
Ба як су бенавоёну гадоён
Нишаста тан барахна бар сари нон.
Гурухе чанда карда бар тани хеш,
Гурухе пуст баста аз пасу пеш,
Пажогин дасту руй олуда бо пишк,
Шабуш дар тан фузуну сар пур аз ришк.
Рада биншаста дигар су бузургон,
Нихон дар пустини барра гургон.
Ба боло карда гардан, сар пур аз бод,
Зи хурдан хуни мардум масту дилшод.
Миёни он михон чодугаре буд,
Мугонро зуртар донишваре буд.
Братрук-Реш буд номи «гироми»,
Михист ахтаршиноси зуру номи.
Чунон чодугаре буд обруманд,
Ки мисро зар хамекарди ба тарфанд.
Ба рангу реву дониш аз хама беш,
Бузургон гирду пешаш даст бар пеш.
Чу аз май гашт дар он базм сархуш,
Рухонаш даргирифт аз кин чу оташ.
Бигуфташ Пурушасп он гох, к-«Акнун,
Хунар бинмуд бояд-т, эй хумоюн.
Ба мардум, хар хунар, к-ат хаст, бинмой,
Ба чоду чашмхоро банду бикшой,
Ки то як дам ба шоди бигзаронем,
Сипосу арчу афринат бихонем.
Ки бошем аз ту як дам шоду хушнуд,
Бихонем «офарин»-ту «бош бидруд!»
Ашу Зартушт буд биншаста як су,
Ба хамрохи падар пахлу ба пахлу,
Чу хар гах бар пажумон чашм медухт,
Ба-д-он бечорагонаш дил хамесухт.
Нигах мекард гохе чун михонро,
Ситамгорони сар бар осмонро,
Барошуфташ дил аз он девкешон,
Ба дил нафрин хамехонди ба эшон.
Падар чун бар Братрук-Реш он гуфт,
Ашу Зартуштро з-он дил барошуфт,
Падарро рах гирифту дошт он гох,
«Марав»,-гуфт,-аз пайи он пири гумрох,
Ки дину кеши у яксар дуруг аст,
Чароги дидаи у бефуруг аст.
Аз он хунхора чодуи ситамгар
Ба мардум дарду ранч ояд саросар.
Ба чоду у фиребад чашми нодон,
Ба тунбал з-он рабояд аз дахан нон.
В-аз он мардумфиреби хонумонсуз,
Зиёну ранчу бад ояд хама руз.
Чу морон у ба дидан пурнигор аст,
Дарун, чун бингари, пур захри мор аст».
Падар гуфташ, ки: «Пиронро маёзор,
Ки дар хангоми пири худ шави хор».
Писар гуфто, ки: «Он гурги нажанд аст,
Кашида зери пашми гусфанд аст».
Бигуфташ: «Дину ойинро макун хор,
Ки дар пай дарду ранч орад-т бисёр.
Макун он сон дурушти бо бузургон,
Занандат варна девони чахонбон».
Бигуфт: «Ойини у яксар намуд аст,
Хама рев асту рангу бахри суд аст...»
Братрук-Реш он гах хест аз чой,
Миёни анчуман истод бар пой,
Фусуне чанд зери лаб зи бар хонд,
Дамиду дастхои худ барафшонд.
Ба чоду баст чашми марду занро,
Фуру бигзошт хира анчуманро.
Хар он, ч-аз чодуи у мебидонист,
Хама бинмудашон, то метавонист.
Бигаштанд он хама патх аз фусунаш,
Бихонданд офарин аз бас фузунаш...

КАРДАИ 2. ШАРМСОР КАРДАНИ ЗАРТУШТ ЧОДУВОНРО НАЗДИ МАРДУМ ДАР ЧАШНГОХ

Ашу Зартушт гуфт он гох, к-«Эй пир,
Ки дасти туст дар чоду хаме чир,
Фиребу моху тарфанди саросар,
Хама корат дуруг аст, эй фусунгар.
Бисозам ошкорат он хама роз,
Кунам шармандаву расво туро боз.
Ту он чодугари найрангсози,
Ба чону хуни мардум даст ёзи.
Ман акнун боз созам реву рангат,
Ба мардум, то ба сар кубанд сангат.
Бирезам он дуругин обруят,
Намонад хеч обе то ба чуят.
Намонад хеч касро бар ту бовар,
Шави нокому баргардад-т ахтар.
Чу мардум тунбалу тарбат бидонанд,
Махавфаш аз дари шахрат биронанд».
Братрук-Реши чоду чун зи Зартушт
Ба хашм омад, фитодаш чуб аз мушт.
Зи рохи чоплуси дод посух,
Ки: «Эй Зартушти донишёри фаррух,
Хануз арчанд навруста чавони,
Зи пирони кухан бисёр дони.
Зи мардони бузурги хафт кишвар
Туи бинотару донову бартар.
Маро бишмор бо хешат яке дуст,
Ду магз, ангор, гашта дар яке пуст.
Ту дони, к-ин хама тарбу фиреб аст,
Ки мардумро ба-д-он аз мо нихеб аст.
Аз онон рози ман пинхон хамедор,
Макуншон тезу суи ман маёгор.
Зихи, эй бихради бахшандаи род,
Хахи, фарзонаи бо донишу дод!»
Пас он Дурасароби пири чоду,
Бузурги чодувон омад ба-д-он су.
Дижам гардидаву дар оташи хашм,
Сиёхи бар рухону сурхи дар чашм,
Чу мори захрзан печида дар хеш
Бизад фарёд з-он су он бадандеш.
Биомад бо фигон он девкирдор,
Ба гурриш чун гурусна пиркафтор.
Ба хамрохону шогирдону ёрон
Чунин дод он бадахтар пир фармон,
Ки: «Бояд кушт акнун ин чавонро,
Ба Яздон носипосу бадгумонро,
Ки пиру пешворо бидхад озор,
Бихин дини ниёгонро кунад хор.
Бибош огох, эй пури Спитом,
Ба хори мурд хохи дар саранчом.
Миёни чодувон аз ман тавоно
Ба гети нест неруманду доно.
Ба чоду бар ту марг орам ман имруз,
Ба афсун чон ситонам-т аз тан имруз.
Чу бо ман нести ин гох дар чанг,
Аз он афсус, куштан бишмарам нанг.
Братрук-Реш чодуи забардаст,
Ки бо ту ин гах ин чо дар набард аст,
Ба захми чашм аз тан бистадат чон,
Шавад ному нишонат гум зи Эрон.
Туро дар хонаи ту у кушад зор,
Каши то кайфари хеш, эй базахкор».
Ашу Зартушт гуфт: «Эй марди чоду,
Натарсам харгиз аз чашми бади ту.
Чу бошад чохканро чох дар пеш,
Худ у бошад ба чохи кандаи хеш.
Ситамгори душу бадкеши хунрез
Бисузад андарун дар оташи тез.
Ба дил аз рашку кин оташ фурузад,
Дар ин оташ худ у бедуд сузад».
Чу ин бишнид з-у он пири бадбахт,
Дахан чушиду тан чун санг шуд сахт.
Ба-д-ин гуна хамебуд то даме чанд,
Ки то дах модиёнро шир душанд.
Ба худ чу номаду букшод чун чашм,
Ба-д-он сон дид хешу гашт дар хашм.
Жагоре зад чу як даррандае, к-он
Задандаш дар раги дил тез пайкон.
Ба худ печид пас пири пурафсун,
Дил аз андуху кину рашк пурхун.
Гирифт аз даст тарсон Пурушаспаш,
Ба чоме дод он гах шири аспаш.
Задаш Зартушту чом уфтодаш аз даст,
Ба руйи хоку зад бар сангу бишкаст.
Ба Зартушти ашу он пири душчашм
Нигохи чодуви андохт бо хашм.
Ашу Зартушт низ он гох бебок
Нигох афканд бар душчашми нопок.
Чу у тири нигах бар ин фуру рехт,
Хам ин теги нигах бар вай биохехт.
Миёни зутару деви фусунсоз
Ба-д-ин сон чашмчанге ёфт огоз.
Бар он чодугари душчашми бадруз
Ба чанги чашм шуд Зартушт пируз.
Аз он теги нигохи чашми хуршед
Чу муши кур он чоду битарсид.
Чу шуд навмед пири ахриманкеш,
Ба аспи хештан биншаст дилреш,
Ниход у пушт бар куйи Спитом,
Бурун шуд тафт з-он даргох ноком.
Ба хашму кина он чодугари пир
Савори тезтак меронд чун тир.
Аз он чо дуртар чун рафт, дар рох,
Сиях зад чашму дил-ш аз бим, ногох-
Тану чонаш фаро бигрифт дарде,
Давид андар рагу пай дарди сарде.
Зи тарсу бим дасту пой ларзид,
Зи чони хеш чоду гашт навмед.
Забонаш сахт гашту пайкараш суст,
Чунон, к-аз зиндагони дасту дил шуст.
Ба кушиш аспи худро доштан хост,
Ду дасташ суст гашту зуру чон кост.
Фитод андар замину мухра бишкаст-ш,
Чудо шуд тан зи пою гардану даст-ш.
Даруну магзу риму хуни нопок
Баромад з-андаруну рехт бар хок.
Бимурд он бадтани бедодгар хор,
Сагон хурданд-ш он нопок мурдор.
Чу бар Дурасароби чоду пируз
Ашу Зартушт омад андар он руз,
Бирафт овоза дар Эрон, ки Зартушт
Чунон чодугари душчашмро кушт.




Дунбола дорад...

No comments: