Sunday, July 20, 2008

Зартуштномаи Атоуллохи Мучебуллох


Атоуллохи Мучебуллох

Зартуштнома
(Дунболаи Бахши Аввал)

ФАРГАРДИ 2. БАРХЕ АЗ ВИЖАГИХОИ ЗАМОНИ ПЕШ АЗ ЗАРТУШТ ДАР ДИНУ ОЙИН

КАРДАИ 1. ДАР ЗАМОНИ ПЕШ АЗ ПАДИД ОМАДАНИ АШУ ЗАРТУШТ. ЧАШМИ ЧАХОН ДАР РОХИ ЗАРТУШТ БУД

Ба-д-он хангоми бедоду пур аз чанг
Чахон чун гур буд бар мардумон танг.
Зи шоху мехтар он гах то ба дарвеш
Хама бадкор буданду бадандеш.
Чахон пур аз ситамгар буду рахзан,
Набудшон кор чуз торочу куштан.
Чунон буд бими маргу тарс аз чон,
Ки аз чое ба чое рафт натвон.
Заданди хонахоро хар дам оташ,
Ба хар су чангу куштору кашокаш.
Рама, хар чо, ки буд, з-Эрону Нерон,
Ба торочаш хамебурданд дуздон.
Тавоно нотавонро нон хаме бурд,
Ситамгар бекасонро хун хамехурд.
Зи дасти рахзану дузду ситамгар
Сияхрузу парешон буд кишвар.
Рахоибахш бойисти чахонро,
Пизишке чорагар дарди замонро.
Раде бойист корогоху бихрад,
Ба мардум рохнамо бар рохи Чинвад.
Ниёз омад чахонро бар яке род,
Ки рах бинмояд у бо донишу дод.
Рахоибахш Зартушти Ашу буд,
Ки гети чашм андар рохи у буд.
Ба рохаш буд чашми Гуш-Урвон,
Ки кай бифристад уро пок Яздон.
Ки он хуршед афрузад рухонро,
Кунад равшан хама руйи чахонро.
Саранчом ончунон кас модараш зод,
Дуруду офарин бар модараш бод!
Чахонро чашм андар рохи у буд,
Хама уммедаш аз даргохи у буд.
Зи огози бувиш уро фурухар
Нахустин офарида буд Гаргар.
Чу омад хамчу Хури гохи Хован,
Чахони бостон з-у гашт равшан.
Фуруге чун зи Хури гетиафруз,
Шаби торикро гардонд чун руз.

КАРДАИ 2. ДИНУ ОЙИН ПЕШ АЗ ПАДИД ОМАДАНИ АШУ ЗАРТУШТ

Пижухишгар, пагуйи роду доно,
Дамону жарф дар дониш чу дарё,
Чунин бингошт, к-андар гохи пешин
Ба Эрон дод буду дину ойин.
Ки то Зартушт ойини бихиро
Падид оварду кеши ростиро.
Дупоёну мугонро то ба-д-он гох
Парастиш буд яздонро ба хар рох.
Бимонда аз ниёгон динашон буд,
Ба хар чо гунае ойинашон буд,
Буд Эрон саргахи фархангу фарзон,
Нишеми бихрадону родмардон.
Зи гохи бос дар он буми обод
Гироми буд дину донишу дод.
Хушангу Тахмурас то шох Чамшед
Парастиданд Мехру Моху Нохид.
Вананту Тиру Хуршеду Варахрон
Шумурданд аз нишони пок Яздон.
Замину осмону оташу хок,
Хамедун боду оби равшану пок,-
Хама ин назди онон андар он рох
Гироми буду варчованд он гох.
Ба хар як зухру карниш мебибурданд,
Сазовори сутудан чун шумурданд.
Хамон обе, ки буд бахшандаи чон,
Гироми доштанд он некмардон.
Ба обон-зухр будшон пешкаш низ,
Ба ойини кухан он гох се чиз.
Ки бошад то Худои об хушнуд,
Фаровон созад оби чашмаву руд:
Яке з-он афшура аз ду гиёхе,
Дувум шири хар он доме, ки хохи.
Дигар аз ду гиёхи сабзу хушбуй
Ду барге тозаву хушрангу некуй.
Буд ин се зухри оби равшану пок,
Ки хаст он моя чонбахшанда бар хок.
Дигар буд поку варчованд оташ,
Ки пайваста гироми доштандаш.
Чу донистанд, к-оташ хамчун чон аст,
Раванда дар чахон з-оташ равон аст.
Хама чунбанда з-оташ хаст бар пой,
Гар оташ нест, кай чунбад вай аз чой?
В-аз он, к-он мояи чони чахон аст,
Ба гети гармию гардиш аз он аст.
Хама дар гардиш аз он аст кайхон
Зи гарди хок то Хуршеди тобон.
Зи бахри оташи поки фурузон
Се чизе буд оташ-зухри эшон.
Ба оташ пешкаш буд хезуми хушк,
Дигар хушбуйи чун испанду чун мушк.
Севум буд равгани покизаву ноб,
Ки оташ бештар ёбад аз он тоб.
Хамин се пешкаш бурданд се гох-
Ба оташ, то бувад хушнуд з-ин рох:
Ба гохи бомдоду нимаи руз,
Ба хангоми фуруди гетиафруз.

КАРДАИ 3. АНДАР КУШТАНИ ДОМОН БА ЗУХРИ ОБ

Канори руду дарё некномон
Хамебурданд зухри об домон.
Ба зухри Мехру Нохид-Ардвисур,
Ба эшон то дихад пирузию зур,
Хамекуштанд мешу буз фаровон,
Ба кариниш беварон аспону говон.
Намояд то, ки Яздон мехрубони,
Дихад рузию зуру комрони.
Зи хунрези чу тарсиданд, к-он худ
Ситондан зиндаеро чон ситам буд.
Аз ин ру, зутарон хангоми куштан
Хамебастанд кор ойини яштан.
Гумон бурданд, пас аз марг чонхо
Хамегарданд пиромуни онхо.
Ба карнииш, гуиё, аз мурдагон чон
Бипайвандад хаме бо Гуш-Урвон.
Чу гардад Гуш-Урвон зур з-онхо
Ба домони нав орад боз чонхо.
Фузун гарданд домону гиёхон,
Зи бахри мардумон аз Гуш-Урвон.

КАРДАИ 4. АНДАР БОЖУ БАРСАМ ВА ШИРУ ХУМ БА ЗУХРИ ОБ БУРДАН

Хаме бойист, гохи яшт зутар
Ба дасти чап бидорад шохаи тар,
Ки то барсам ба дасти хеш дорад,
Зи пайванди се чизаш ёд орад.
Нишон хамбастагиро буд баросам,
Гиёху дому мардум бастаи хам».
Чунон буди, ки зутар аз хамин рох
Пас аз пардохтани карниш ба хар гох
Ба он як даста шохи сабзи урвар
Зи ширу хум зухр орад ба Гаргар.
Хам онон хуму шири пок хурданд,
Ба-д-он дар тандурусти суд бурданд,
Ки хум афзуд неруву далери,
Дурусти доду хангу зури шери.
Хазорон дардро он гах пизишкон
Ба ширу хум мекарданд дармон.

КАРДАИ 5. АНДАР ОЙИНИ ГУРОНДАНИ МУРДАГОН ДАР ЭРОНИ БОСТОН

Зи гохи бостон дар Ориё-веч
Насо дар гур карданду дигар хеч.
Насои мурдагонро дар замин гур
Хаме карданд андар он гахи дур.
В-аз они пешвоёну тани шох
Гузориданд зери санг дар чох.
Ба руйи гур девори баланде
Хаме бардоштанд аз санг чанде.
Чу садхо сол бо ин гуна бигзашт,
Нигоху бовару диншон дигар гашт,
Бигуфтанд: «Он ки мирад, чон-ш дар суз
Ба пиромуни тан гардад ба се руз.
Аз он пас меравад зери замин уй,
Сари хар сол меорад ба мо руй.
Хамебинад, ки мо чуну чи рангем,
Хушу осуда, ё ранчуру тангем.
Чу бинад некамон, дилшод бошад,
Ки хона серу шахр обод бошад.
Агар мо бо намозу чашнхо ёд
Кунемаш, чони у бошад зи мо шод…»
Ба-д-ин сон рафтагонро ёд карданд,
Равоншон бо накуи шод карданд.
Чудо шуд як гурухе пас зи Эрон,
Ки мехонданд онро девяснон.
Ба оташ дарфиганданди насоро,
Ки чонаш зуд пайвандад Худоро.
Ба пиндоре, ки чун тан сухт, чон зуд
Кунад суи Худо парвоз чун дуд…
Гурухе, к-обу оташ дошти пок,
Наёлуди тани мурдор бо хок.
Насои мурдагонро то ба чанде
Гузориданд дар чойи баланде,
Чу каргас тоза кард аз гушт онро,
Насрокаш гирд карди устухонро,
Пас андар астудонаш нек бигзошт,
Чахор ахшиг з-ин рах пок медошт.
Ба Эрон боз то Зартушт чандин
Бимонда зинда буд хар гуна ойин.
Зи хангоми Заву Хушангу Тахмосп,
За Чамшеду Фаредун то ба Виштосп.
Замона хар чи навву пешрав гашт,
Хамоно доду ойин низ нав гашт.
Ба дину дод хар к-у пешво буд,
Зи худ чизи наве дар вай биафзуд…

БАХШИ 2

ФАРГАРДИ 1. ПАДИД ОМАДАНИ АШУ ЗАРТУШТ

КАРДАИ 1. ХОБ ДИДАНИ ДУГДУ

Зи Дугду гирам акнун пеш гуфтор,
Ки чун шуд кори он хуршедрухсор.
Ба гохи бом рузе дар бари у
Ба ширу хум омад шавхари у.
Чу нушиданд хуми поку дилкаш,
Зану шавхар аз он гаштанд сархуш.
Ба хам омехтанд он гох харду,
Ба бистар, Пурушаспи гурду Дугду.
Набуд аз кори хеш огох он мох,
Ки обистан шуд аз шавхар-ш он гох…
Шабе дар хона он хуршедпайкар
Ба хоби хуш даме бинхода буд сар.
Ба дил андеша мекард у зи ёрон,
Зи дарду ранчи дури аз таборон.
Яке абри сиёхе дид нохост,
Ки болои сари у тунд бархост.
Хамеомад ба суяш абр чун тир,
Ба сони шерри гуррон руйи нахчир.
Ба руйи осмон дигар чунин абр
Падид омад басе чун хашмгин бабр.
Баромад ногахон з-он абри торик
Яке даррандаву омад-ш наздик.
Ба панча у тани Дугду дуто кард,
Дариду кудакаш аз тан чудо кард.
Бизад фарёду рафт аз хуш Дугду,
Ба ёри кас наомад бар сари у.
Ба худ чун-омаду бикшод чашмон,
Надидаш ёрманде, гашт гирён.
Чавонеро баногах дид зебо,
Ба назди у ба ёри гашт пайдо.
Ба дасташ чубдасте чун шубонон,
Ба дигар номае чун ирмагонон.
Парешон гашт он гах абри тира,
Хам он дарранда з-у бигрехт хира.
Чавон бигзошт кудакро ба чояш,
Хамон дам шуд равон Дугду ба пояш.
Чахон аз хоб сар бардошт Дугду,
Зи тарси он хама дар ларза буд у,
Бирафт он гах давон то назди шавхар,
Хама он хобро гуфташ саросар.
Бигуфт: «Он буд пайгоми Худованд,
Ки аз душман нигах дори ту фарзанд,
Ба душчашмону бадхохон мабиншин,
Зи бадкешони баддил дури бигзин.
Матарс аз кори бачча, з-он ки Яздон,
Бувад аз хар баде уро нигахбон.
Хирад буд хоста з-он «нома» он чо,
Нишон буд «чуб» неку сарвариро.
Падид ояд ба гети аз ту фарзанд,
Бигардад рахбари роду хирадманд,
Шавад у пешво мар мардумонро,
Зи торики рахонад ин чахонро.
Матарс аз хоби хеш, эй мохрухсор,
Ки Яздон муждае додат ба ин бор.
Ки он чубе, ки дар дасти чавон буд,
Нишон аз рахбари бар мардумон буд.
Хам он нома, ки дар он даст-ш диди,
Зи доду рости додат навиде.
Кунад у бо хирад фармонравои,
Намояд рох суи рушнои…»
Ба-д-ин сон Пурушасп он хоби Дугду
Гузорид ончунону шод гашт у.

КАРДАИ 2. ЗОДА ШУДАНИ АШУ ЗАРТУШТ

Аз он гах чанд моху руз бигзашт,
Рахи Хуршед бар Парвин чу баргашт,
Расид он гох Фарвардини фаррух,
Чаман зад обуранги тоза бар рух.
Замин шуд чун паюгон парниёнпуш,
Паранди гул бахор андохт бар душ.
Ба буйи гул ба гулшан маст мургон,
Ба гуши гул хазорон достонхон.
Биомад мусафеди абр дар сур,
Ба базми шохдухти гул чу ганчур,
Басо гавхар фуру чошид бар сар,
Фаровон рехт аз доман ба сар зар.
Камони хафтранги Тиштари пир
Ба зех кард Ораши Хуршед бе тир.
Хурушон ронд тундар тунд аспон,
Ки част аз сумми асп озаргушаспон.
Биомад боз озаргун ба аргушт,
Ба дархо пайки наврузи бизад мушт:
Ки: «Хон, бархез аз хоби зимистон,
Нигар бишкуфтани гул дар гулистон.
Ба растохез монад рузи Навруз,
Бимурдан, зинда гаштан з-он биомуз.
Гиёхон сар бурун карданд аз хок
Ба дидан коргохи Гаргари пок».
Дар он фархунда хангоми бахорон
Бурун буд рафта Дугду бо нигорон.
Миёни духтарон Дугду чунон буд,
Ки хуршеде миёни ахтарон буд.
Ба монанди тазарвон дар гулистон
Хамебуданд мастона хиромон.
Яке дарде ба худ дарёфт он мох,
В-аз он ёрони худро кард огох.
Биоварданд хамрохон шабона,
Ба хуштоман супурдандаш ба хона.
Зи Фарвардини фаррух рафта буд панч,
Ки у дарёфт дар худ ончунон ранч.
Хашоманро бигуфт: «Эй модари чон,
Бие, бипсеч, меояд-т мехмон».
Хашоман шод гашту гуфт: «Хуш бош,
Ки дар пойи чунон мехмон мурам, кош!»
Нишастанд он накувон то дами руз
Ба рохи он чароги гетиафруз.
Пагохон чашми он мах гашт равшан,
Шашум аз Фарвардин, дар гохи Хован.
Чу дидандаш писар буд он гули тар,
Лабон чун ахгару рух хамчу озар,
Зи андоза бурун гаштанд дилшод,
Аз он чун гавхари шахвор навзод.

КАРДАИ 3. НОМ НИХОДАН БА ЗАРАТУШТРА НАВЗОДРО

Чу бишкуфт он гули фарвардгони,
Бахори доду динро муждагони,
Хамон дам мехрубон модар бурун рафт
Ба назди Пурушаспи пурхунар тафт.
Бигуфто: «Чун яке тобанда хуре
Бидод Эзад туро фархунда пуре.
Ба мо аз гавхари поки Фаредун
Бизод имруз фарзанде хумоюн…»
Расид он мужда бар хешон хамон руз,
Ки хуре зод з-он мохи дилафруз,
Ба гирдаш анчуман гаштанд хешон,
Анушободгую офаринхон.
Ба Фарвардини фаррух, рузи Хурдод
Бикарданд он чи буд ойини навзод.
Хаме з-он баччаи покизарухсор
Биомад бас шигифтихо падидор.
Бихонд у бо забони худ «Ахунвар»
Магар кас дид навзоде суханвар?
Фуру монданд, к-он як баччае хурд
Ба-д-он сон вожахоро бар забон бурд.
Нигах карданд дар вай жарф хешон,
Дар у диданд бас розест пинхон.
Рух озаргуну муяш буд заргун,
Чу рую муйи Чамшеду Фаредун.
Гушода хар ду чашмаш буд хушёр,
Хирад буд аз нигохонаш падидор.
Бигуфтанд ин писар гардад яке руз
Ба дуда рахнамову донишомуз.
Хирадманде шавад бо донишу дод,
Бигардад дудмонро рахбаре род.
Азеро пешбинони Спитом
«Зарат-уштра» ниходанд он гахаш ном.
Ки аз «зар» буд биху пур-арч ориш,
Ба «уштур» аз хирад будшон гузориш.
Гироми номи у шуд з-он «Шутурзард»,
Ки ориш буд аз он «Волохирад мард».
Ба-д-ин сон ном Зартушташ ниходанд,
Дар он хангом пирони хирадманд.

ФАРГАРДИ 2. АНГЕЗИ КУШТАН КАРДАНИ АХРИМАН ЗАРТУШТИ НАВЗОДРО

КАРДАИ 1. ОМАДАНИ ДУРАСАРОБ БА КУШТАНИ ЗАРТУШТИ НАВЗОД

Ба-д-он гах буд дар Эрон яке мард
Ки дар чоду набудаш кас хамовард.
Мехист ахтариноси он замон буд,
Сару саркардаи чодугарон буд.
Буд у афсунгари номи ба-д-он гох,
Бузурги девсянон бар дари шох.
Буд он бадкеши бадкору пуравранд,
Миёни чодувон бас обруманд.
Тавонгар буду дасте дошт боло,
Ба найранг у зи мардум бурд коло.
Ба мардум у ситам мекарду бедод,
Зи хун хурдан сараш буд гашта пурбод.
Касе гар сар кашид уро зи фармон,
Ситонди он ситамгар зуд з-у чон.
Касе, к-аш хуш наомад низ дар чашм,
Чудо карди сар аз тан аз сари хашм.
Чу морон буд буруни у нигорин,
Дарун оганда захраш буд аз кин.
Ба берун чун чароги анчуман буд,
Дарунаш коргохи Ахриман буд.
Шаманхо зери фамон дошт у бас,
Зи шогирдон-ш чоду буд бас кас.
Ба перомуни у хамчун параста
Миён дар кори у буданд баста.
Дуругин буд хама гуфтору кирдор,
Хамеша ростиро буд хамистор.
Сиришташ аз дуругу рашку кин буд,
Биришта аз бади буд тор то пуд.
Будаш Дурасароби чодуи ном,
Ки бо афсун фиканди дев дар дом.
Яке рузе фарохам хонд ёрон,
Ба гирди хеш, то бастанд паймон.
Ба онон гуфт: «Навзоде аз ин руй
Ба Эрон тоза омад, тарсам аз уй.
Чу гардад у бузургу гурду доно,
Бирезад назди мардум оби моро.
Бидидам ман фурузон ахтари уй,
Ба боми осмон ояд ба ин суй.
Хаметарсам, ки фардо чун кашад сар,
Шавад зеру забар з-у хафт кишвар.
Равад аз даст моро афсару тахт,
Бувем он руз бадрузу нагунбахт.
Маро андеша дар дил куштани уст,
Ба хоку хун дарун огуштани уст.
Хамакнун боядам куштан, ки фардо
Бигардад деру натвонам, мабодо».
Чунин гуфту зи чойи хеш барчаст,
Миёнро сахт он бадкеш барбаст.
Нихон теге ба зери остин кард,
Зи кина руйи пурожанг чин кард.
Ба чойи хоби он навзод пинхон
Шабонгах рафт бар кирдори гургон.
Ба хоби ноз буд он гох Зартушт,
Гирифт аз пойи у бадхох дар мушт.
Пас аз гахвора берун-дар кашидаш,
Ба назди хеш, то бехтар бидидаш.
Гирифт он тегу дасташ бурд боло,
Ба сина хост кубад теги бурро.
Ба фармони Худо шуд дасти у сахт,
Хамоно, даст бечон дид бадбахт.
Басе тарсиду з-он чо тафт бигрехт,
Карахту гунг об аз дидагон рехт.
Ба дарду ранч бо бечон яке даст
Ба хона то дами мурдан-ш биншаст.
Спитомон аз он огах набуданд,
Ки андар шаб чи пеш омад ба фарзанд.
Ба хоби шаб хама нофи Спитом
Зи ранчи руз мебигирифт ором...

КАРДАИ 2. АНДАР ГУЗОРИШИ ИН АНГОРА, КИ ФАРОМУРЗИ РУСТАМЧИ КАРДА

Хамин афсонае буд дар гузашта,
Зи гохи бостон омад набишта,
Ки гохи кудаки, гуянд, рух дод
Нахустин бор бо Зартушти навзод.
Кунун бишнав, к-аз ин гуфтори ширин
Чи буда ориш андар гохи дерин.
Хирадмандони доно андар он гох
Сухан гуфтанд бо шогирд з-ин рох,
Заданд ин достон, то гардад осон
Ба донишчуй аз бар кардани он.
Дар ин ангора, чун диди, се чиз аст,
Якум деву дувум тегу севум даст.
Якум Дурасароб он деви чоду,
Ки кину рашкро тандес шуд у,
Чу сузи оташи рашк аст бедуд,
Бисузад кинатуз аз ранч бе суд.
Ашувон рашку кин дар дил натузанд,
Ки рашку кин ду деви хонасузанд.
Ба дил Зартуштро аз гохи хурди
Хар ойин рашку кина рах набурди.
Нигохаш дошт з-он девон Худованд,
Зи кину рашк кард уро падофанд.
Дилаш буд пок модарзод з-он ду
Набудаш рох бар девони чоду.
Дувум он теги дасти деви кин аст,
Забон асту дуругу лоф з-ин аст.
Худованд аз дуруг уро нигах дошт,
Ба чони покаш олудан бинагзошт.
Дуругу худситои, лофу оранг,
Фиребу чодуи, афсуну найранг.
Хама хуе, ки буд вижа ба девон,
Нигохаш дошт аз он пок Яздон.
Дуругу худписандиро сари муй
Набуди рох харгиз бар дили уй.
Севум «даст»-е, ки бар куштан-ш бардошт,
Ба-д-он гуянда неруро биангошт.
Ки чун бардошт дасти худ ба куштан,
Хамон дам хушк шуд он дасти душман.
Аз он буд хоста, к-андар тани у
Набошад коргар хар гуна неру.
Зи модар поку беоху бизод у,
Ба худ неруи бадро рах надод у.

ФАРГАРДИ 3. АНГЕЗИ КУШТАН КАРДАНИ АХРИМАН ЗАРТУШТРО БОРИ ДУВУМ

КАРДАИ 1. БА ЗЕРИ ПОЙИ ГОВОН АФГАНДАНИ ДЕВОН ЗАРТУШТИ НАВЗОДРО

Чу гашт он деви кину рашк ноком
Ба чанги хеш бо пури Спитом.
Гучастак Ахриман рохе дигар чуст,
Ба найранги наве баст у камар чуст.
Бигуфто: «Ар намурд аз тег Зартушт,
Дигар аз рохи чоду боядаш кушт.
В-агар кора накардаш зури бозу,
Тавонам чорае кардан ба чоду».
Сипас чодугаронро гирд бинмуд,
Ба-д-онон нав яке найранг фармуд.
Ба шаб як марди чодуро фиристод,
Фусунхон то биомад назди навзод.
Чу андар хоб дидаш рафта модар,
Бибурд аз хона он кудакро фусунгар.
Ба дасту тег чун куштан наёрист,
Биомад пеши девон, то чи боист?
Бигуфтандаш ба зери пойи говон
Гузоремаш, шавад бо хок хамсон.
Пагохон бар сари рохаш ниходанд,
Зи чашми рохгузар пинхону дар банд.
Гузори пода з-он рах буд хар руз,
Ва хангоми дамиш аз гетиафруз.
Ба худ гуфтанд: «Чун он пода бигзашт,
Ба хоки рох хохад руйи хам гашт».
Чу омад пода то ин чо, яке гав
Биомад суи он навзод бо дав.
Ба руйи бачча истод он гави зур,
Зи хар су дошт говонро аз у дур.
Миёни чор пой уро нигах дошт,
Ба говон омадан он суй нагзошт.
Сутун кард он чахорашро зи хар суй,
Ки говон з-у тихи карданд пахлуй.
Ба-д-ин сон гашт он говаш нигахбон
Ба фармони нигахдоранда Яздон.
Шабонгах чун бишуд бедор Дугду,
Ниюшо гашт бар гахвораи у,
Ба гушаш н-омад овозе аз он чой,
Чахон бархост аз бистар-ш бар пой.
Нигах карду надид он кудаки хеш,
Фигоне карду рафт аз хуш дилреш.
Таборон з-он хама бедор гаштанд,
Мар он навзодро чустор гаштанд,
Басо чустанду пайдо менагашт у,
Хама он дуда андарвож хар су.
Зи дида хун хамеборид модар-ш,
Спитомон хамедун дар баробар-ш.
Пагохон як шубоне дид ногох,
Ки гове рост истода сари рох.
Ба зери худ гирифта, он писарро,
Бикарди дур говони дигарро.
Гирифташ бегазанд аз роху пас бурд,
Ба дасти бобу момаш боз биспурд.
Ба гови пиру бар фархунда чупон
Сипосу арч бурданд он накувон.
Пас он гах зухр дар рохи Худованд
Зи гову аспу меши хеш бурданд.
Ки бачча бе зиён вораст аз бад,
Ба фармону ба коми пок Эзад.

КАРДАИ 2. ГУЗОРИШИ ФАРОМУРЗИ РУСТАМЧИ, КИ АЗ ИН АФСОНА КАРДА

Ба гохи бос пирони хирадманд
Суханро аз рахи афсона гуфтанд.
Рухи андеша буд дар пардаи роз
Нихон чун навнаюги сарбасар ноз.
Чунин бинвишт пири донишалфанч,
Ки буд ганчи суханро у гухарсанч.
Чу ойин буд пирони куханро,
Нихон дар парда гуфтанди суханро.
Ки ориш магзу гуфтор аст чун пуст,
Биё, магзи сухан дарёб, эй дуст.
Бигуям «пода» чисту «подабон» кист,
Рахоибахш гови мехрубон чист.
Хама пешомади кори чахонро,
Хамедун руйдоди хар замонро,
Бикарданд ирмагонон «пода» ангор,
Ки дар шогирд гунчад он ба пиндор.
Ба рохи зиндаги хар руйдоде,
Ки ояд ба сар аз андуху шоди,
Ашу Зартуштро то вопасин дам,
Хаме омад ба сар аз беш ё кам,
Набитвонад бибастан рохи уро,
Ба суи ростиву кеши Маздо.
Чунон чун пода натвонист-ш пахшуд,
Насозад хеч пешомад-ш нобуд.
Ба дини рости то човидон монд,
Хама шуд пиру танхо у чавон монд.
Хар он-ч омад ба сар-ш аз рузгорон
Зи чангу чушу аз офанди девон,
Набитвонист онро аз чахон бурд,
Бихиву ростиро ном бистурд.
Ки у доду хирадро рохпу буд,
Ба Додори Хирад у рохчу буд.
Чароги доду донишро барафрухт,
Чахонро ростиву неки омухт.
Хам он гове, ки аз пода нигах дошт-ш,
Ба зери пой гаштан пахш нагзошт.
Шудаш андахс аз пешомади бад,
Ки осебе ба чону тан наомад.
Дар ин ангора назди он бузургон
Бувад тандес гов аз Гуш-Урвон.
Чаро, к-андар забони Занду Позанд
Замину осмонро «гов» гуфтанд.
Биномиданд доно маздаяснон
Равони ин чахонро «Гуш-Урвон».
«Равони Гов» бошад «Гуш-Урвон»,
Замину осмонро он бувад чон.
Равони Гов чони ин чахон аст,
Нигахдори хама чони бихон аст.
Дигар ин чо ту бини «подабонон»
Бипурси: «Чист ориш аз шубонон?»
Фиришта-ст он, ки неконро шубон аст,
Зи Ахриман чахонро посбон аст.
Ба дасти у чу темори чахон буд,
Аз ин ру ном уро «подабон» шуд.
Дигар-«рох»-е, ки домонро гузор аст,
Нигориш аз гузашти рузгор аст.
Замон аст он гузаргохи даду дом,
Ки доно «рох» бинходаш хаме ном.
Дар он пурпеч рохи он замона
Нигохаш дошт гови астувона.
Худованд аз газанди рузгорон
Хамеша дошт пирузу таносон.

ФАРГАРДИ 4. СЕВУМ БОР АНГЕЗИ КУШТАН КАРДАНИ ДЕВОН АШУ ЗАРТУШТРО

КАРДАИ 1. БА ЗЕРИ ПОЙИ АСПОН АФКАНДАНИ БАДХОХОН ЗАРТУШТРО БО ФАРМОНИ АХРИМАН

Чу гашт олуга Ахреман ба-д-он руз,
Ки бар вай гашт он навзод пируз,
Дижам гардиду девонро фаро хонд,
Ба аспи Хашму Киншон тафт биншонд.
Ба онон гуфт: «Уро зуд оред,
Ба зери пойи аспонаш гузоред.
Бигардонед аспон бар сари уй.
Шавад то реза-реза пайкари уй.
Ба сунби асп кубед устухонаш,
Намонад дар чахон ному нишонаш!»
Ба шабхангом дуздони бадандеш
Бисечиданд аспу найзаи хеш.
Ба суи хонаи Дугду биронданд,
Ба тунбал хешро мехмон бихонданд.
Чу посе рафт аз шаб, бидсигелон
Ба гохи хоб рафтанд аз сари хон.
Чу Дугду хоб буду шавхари уй,
Сари дуздон даромад аз дари уй.
Фусунхонон ба хона андарун гашт,
Гирифт он баччарову з-он бурун гашт,
Бидод овоз дуздони дигарро,
Ки у овард бо худ он писарро.
Ба тези пас савори асп гаштанд,
Дуруза рах ба як шаб дарнавиштанд...
Зи хобби ноз Дугду шуд чу бедор,
Бари гахвора омад, шуд шунидор.
Аз он овози он навзод нашнид,
Чу пармосид, гахвора тихи дид.
Хурушон гашту рую му барканд,
Ки дев аз хона дуздидаш чигарбанд.
Дарида чома, мезад мушт бар сар-ш,
Ба ашку хун хама тар гашт пайкар-ш.
Биоварданд дуздони сияхруй
Кашон Зартуштро аз гардану муй.
Миёни аспрез-андар фиганданд,
Тани танхои вахшури Худованд.
Саворон гирд гаштанд андар он чой,
Даву зурозмои гашт барпой.
Замин з-анбухи аспон андар он дашт
Ба зери чангу гарду дуд гум гашт.
Хаме ронданд тезу тунд девон,
Ба суи бачча аспонро гиревон.
Ки дар зери лагад кубанд аспон-ш,
Ба хоки тира то созанд хамсон-ш.
Баногох кард аз он суй парвоз
Яке аспи сапеди гарданафроз.
Баромад тезчашму оташинсум,
Хама симин-тану ёлу сару дум.
Чу тири Ораш он аспи хушандом
Парид, омад бари пури Спитом.
Ба болои сари у рост истод,
Ки аспе то дар он су пой нанход.
Ба зери хеш пинхон дошт пайкар-ш,
Бизад аспону дур андохт аз бар-ш,
Зи хар су чор пояшро сутун сохт,
Чу аспе пеш омад, дураш андохт.
Миёни аспрас афрохт гардан,
Кашон ошеха бипроканд душман.
Чу аспон он шигифти нев диданд,
Аз он зуру тану тушаш рамиданд.
Саворонро ба дил афтод бас бим,
Аз он аспи сапеди пок чун сим.
Ба чуз он аспи оташхуи зебо,
Хама тарсон бурун рафтан з-он чо.
Гурухе аз саворон ин чу диданд,
Пижуханда ба наздикаш расиданд.
Бидиданд он яке аспе шигарф аст,
Саропо дар сапеди хамчу барф аст.
Гирифта кудаке навзод дар зер,
Ажиру зурвар чун баччаи Шер.
Фуру монданд андар кори Додор,
Ки аспе чун зи кудак дошт темор?
Ба шахр овоза карданд он чи диданд,
Спитомон аз ин дар то шуниданд...
Бигуфтанд ин суханхо гар бувад рост,
Хамоно, бегумон фарзанд аз мост...
Бирафтанду биоварданд хона,
Ба суру бахшишу бо шодиёна.
Зи дида гавхар аз шоди ба домон
Хамеборид Дугду хамчу борон.




КАРДАИ 2. АНДАР ГУЗОРИШИ ИН АФСОНА, КИ ХАМОН ДОНИШМАНД КАРДА

Чунон, к-ангошт он пири сухангуй,
Ки аз дарёи фарзон буд гухарчуй.
Кунун, эй рахнаварди чодаи роз,
Ман он гуфтори рангин гуямат боз.
Биё, бар тавсани андеша биншин,
Ба парвоз ою рози осмон бин.
Суханро дар тарозуи хирад санч,
Ки дар хар вок дорад сад дари ганч.
Ба гохи бостон пирони огох,
Ба дониш рох мечустанд з-ин рох,
Хирадро аз рахи ангора чустанд,
Ба хар пармуда номеро бибастанд.
Хамон неруи донишро ба кайхон
Ба асп андоза карданд он бузургон.
Ба хушёрии аспу тезии гуш,
Заданди достон аз тезии хуш.
Дар ин устура, эй марди сухангу,
Савора марду аспи уст неру.
Савори аспи тактези тадавгун
Ба як мижгон задан бинвашт гардун.
Бар аспи тезрафтори заминпуй,
Хама бигзаштаву оянда дид уй.
Бувад аспи сафед андешаи нек,
Шавад з-он рост кору пешаи нек.
Агар дори ба дил андешаи рост,
Куни пайваста кору пешаи рост.
Фаришта Вохуман бошад туро ёр,
Хамеша созадат пируз Додор.
Чи буд андеша дар дил рост Зартушт,
Набитвонист неруи бадаш кушт.
Бикушиданд бас деву дуручон
Зудудан номи он гундо зи гейхон,
Басо донишваронро пеш хонданд,
Ба куштан-ш аспи кушиш пеш ронданд,
Баранд аз ин миён то дини уро,
Гузину ростин ойини уро.
Зудоянд аз чахон ному нишонаш,
Або фарзону панди човидонаш,
На дини у тавонистанд бурдан,
На ном аз номахо уро сутурдан.
Сипантои хирад то човидон монд,
Бихию рости андар чахон монд.
Хамон аспи сапеди оташинсум,
Ки шуд андахси у аз девмардум,
Буд он андешаи неку сипанто,
Ки мар Зартуштро бахшид Маздо.

КАРДАИ 3. АНДАР ОРИШИ ЧАХОР ПОЙИ АСП, КИ ЧОР АМШОСПАНДАНД

Кунун бишнав, ки чист он чор пояш,
Ки асп он гах сипар кард аз барояш.
Нигохаш дошт аз аспони дигар,
Ки девоншон хамеронданд-ш бар сар.
Чунин бингошт он пири хирадманд,
Ки он хар чор чор амшоспанданд.
Нахустин Вохуман, он Бахмани пок,
К-аз он «Андешаи нек» аст пачвок.
Бихин андешаи Маздо-Ахурост,
Михисту поку варчованду волост.
Нигахбон донишу фархангу фарзон,
Бувад наздиктар неруи Яздон.
Дувум ангориш аз Ардибихишт аст,
Нигахбон ростиро он фаришта-ст
Ки доду ростиро он нигахдор
Бувад, неруи варчаванди Додор.
Севум Шахревар он неруи пок аст,
Ки воло шахриёрирост он даст.
Фаришта, тандурустирост михтар,
Хама охангаронро уст сарвар.
Чахорум пой Испандормад дон,
Фариштай ромишу осудаги хон.
Сипантои хирадро посбон аст,
Фуруги руйи Поки Човидон аст,
Буданд ин чор неруи Ахуро
Нигахдоранда Зартушти ашуро.

ФАРГАРДИ 5. АНГЕЗИ КУШТАН КАРДАНИ ДЕВОН ЗАРТУШТРО БОРИ ЧАХОРУМ

КАРДАИ 1. ДАР САРИ РОХИ ГУРГОН ГУЗОШТАНИ ЗАРТУШТ

Аз он некусиришти покгавхар
Чунин гуфтанд пирони суханвар,
Ки бад дар чону тан харгиз набудаш,
Зи неки буд саришта тору пудаш.
Бипарвардаш ба мехру ноз модар,
Ки руз аз руз мегашти накутар.
Хирад буд аз ду чашмонаш намоён,
Зи руяш фарраи Эзад фурузон.
Хама ахтаршиносон андар он гох,
Шуданд аз ахтари фаррух-ш огох.
Сияхкорон аз он фархунда навзод
Хаме андухгин буданду ношод.
Зи хар рах хостанд уро бикуштан,
Ба хоки тира магзу хун сириштан.
Гучастак Ахриман, к-аз рашк месухт,
Ба девон боз найранги нав омухт.
Ба-д-онон гуфт: «Бо найрангу афсун
Биоредаш нихон аз хона берун.
Ба чангал хаст гургонро гузаргох,
Миёни хушку тар пурбим як рох.
Биорему ба-д-он чо афганемаш,
Хуроки тудаи гургон кунемаш.
Намонад то аз у ному нишоне,
Вагарна з-у расадмон бас зиёне...»
... Ба чангал андарун рафтанд дуздон,
Ба зери шоху баргу чуб пинхон.
Шабонгах модагургони пурафсун
Бирафтанд аз куноми хеш берун.
Ба-д-ончое шуданд аз бахри ишкор,
Ки он чо буд гову меш бисёр.
Чу з-он чо модагургон дур гаштанд,
Хама нахчирчуён бахри фарзанд.
Зи зери чубу шоху барг девон
Бурун частанд шодона шитобон.
Ба хар чо буд суроху магоке,
Чаху гавдолу гори бимноке,
Ба он чо хар кадоме зуд рафтанд,
Ба дастон баччаи гургон гирифтанд.
Биовардандашон пас дар сари рох,
Ки он чо буд гургонро гузаргох.
Хама он гургаконро андар он чой,
Шикастанд аз миёну гардану пой,
Забону чашму гушу сар биканданд,
Парешон лоша дар хар су фиганданд.
Аз он су чанд бадкори бадандеш
Хамон шаб асп ронданд аз пасу пеш.
Ба суйи хонаи Дугду бирафтанд,
Сари пурбоду дилхои пуравранд.
Спитомон аз он огах набуданд,
Хама дар хонахо хуш хуфта буданд.
Нихони бадсиголон дар шаби тор
Ба хона андарун гаштанд чун мор.
Буд он чо гавхари чашми Спитом
Ба хоби ноз он гах хуфта ором.
Ба хоби Пурушасп аз пеши Дугду
Бидуздидандаш он девони чоду.
Ба чангал тафт оварданд з-он чой,
Кашон аз мую ёлу гардану пой.
Ба пеши баччаи гургон ниходанд,
Ба дастон чуби хунолуд доданд.
Ки гургон чун гузар созанд з-он рох,
Шаванд аз гургакони кушта огох.
Чу бинандаш, ки дорад чуб дар даст,
Гумон созанд, к-у он кор кардаст.
Ба дасту панчаи олуда бо хун,
Зи хуни гургакон доман-ш гулгун,
Бубинанду дижам гарданду аз хашм
Бипахчанду зи хам пошанд чун пашм.
Ба-д-ин андеша девони сияхруй,
Нихон рафтанд аз он чо ба хар суй.
Ба хангоме ки гургон бозгаштанд,
Ба чангал боз аз он рах гузаштанд,
Дар он рах баччагоншон кушта диданд,
Ба хуну хокашон огушта диданд.
Хам он чо баччаи мардум яке буд,
Ки дасту панчагон бо хун биёлуд,
Ба дасташ чубаке тар гашта аз хун,
Зи хуни гургаконаш чома гулгун.
Барошуфтанду барчастанд аз хашм,
Дижам гаштанду хун бигрифташон чашм,
Дахон з-олугдагишон гашт чун гор,
Бишуд му ростшон чун ёли кафтор.
Ба суи бачча он гах кинахохон
Ба тунди тохтан карданд гургон.
Пур аз ожанг рую пуж хашмин,
Чу деви марг бадрангу пажогин.
Ба чашмони дурахшони туланги,
Ба чанголи чу чанги чарги чанги.
Чу наздик омаданд он модагургон
Ба он як баччаи бебоку хандон,
Баногах пойхошон бар замин рафт,
Агарчанде ки буд он гах замин жафт.
Фуру рафтанд гургон пой дар гил,
Хама бардоштанд аз чони худ дил.
На пас рафтан тавонистанду не пеш,
Зи кори хештан навмеду дилреш.


КАРДАИ 2. ПАЙДО ГАШТАНИ БУЗОН ВА ШИР ДОДАНИ ОНОН БА ЗАРТУШТ

Чу шохи осмон парчам барафрохт,
Сиях чодар чахон аз сар барандохт,
Сар омад гохи шохи мохи шабро,
Сипохи Ахриман бигрехт з-афро.
Замин он гох бо фармони Яздон
Халобе гашт он чо бахри гургон.
Ба зери хок кайкону карафсон
Шуданд аз партави Хуршед пинхон.
Чу Зартушт аз нахустфан чашм молид,
Ду бузро у ба назди хештан дид.
Ба пистон-дар фаровон ширашон буд,
На бок аз гургу не аз шерашон буд.
Ба фармони Хамабахшо Худованд
Бузонаш андар он чо шир доданд.
Ба пеши чашми гургони хуношом,
Бузонро мемакид у руз то шом.
Хар он се шодмон буданду хандон,
Набудшон тарсу бим аз модагургон.

КАРДАИ 3. ЁФТАНИ СПИТОМОН ЗАРТУШТРО АЗ ЧАНГАЛ

Ба-д-он гохе, ки Зартушти накуруй
Шабонгах ногахон гум гашт аз куй,
Шуданд огох бобу мому хешон,
В-аз он гаштанд дилрешу парешон.
Фигону нолаю фарёд карданд,
Ба гиря хок бар сар бод карданд,
Бичустандаш ба хар кую дару бом,
Нашуд пайдо нишоне з-он накуном.
Надонистанд, к-аз гардун чи омад-ш,
Касе огах набуд аз неку аз бад-ш.
Пас аз се руз аз бархе шуниданд,
Ки дар чангал пайи аспон бидиданд.
Бичуён аз пасу аз пеш якчанд
Ба-д-он пайхои пойи асп рафтанд.
Саранчом аз миёни чангал уро
Дурусту безиён карданд пайдо.
Чу кори гургу буз бо бача диданд,
Сари ангушт бо дандон газиданд.
Шигифтихои чархи гирдгардон
Бидиданду фуру монданд дар он.
Савори аспаш аз он чо бибурданд,
Ба дех бар мехрубон модар супурданд.
Пас аз Бахшандаву Додори кайхон
Сипосу арч бинходанд хешон,
Ба базму сур пас карданд огоз,
Яке хоне бигустурданд пурноз.
Аз он пас Пурушаспи неккирдор
Ба дарвешон дихиш бахшид бисёр.
Зи ширу хуми поку равгани ноб
Бибурд у зухр бахри оташу об...

КАРДАИ 4. ДАР «ГУРГОН» ВА «БУЗОН», КИ ФАРОМУРЗИ РУСТАМЧИ ГУФТА

Кунун бишнав, ту, эй пуяндаи рох,
Ба суи Эзади Харвисп-огох.
Бигуям «гург»-у «буз» ин чо чи хастанд,
Нигориш андар ин чо аз ки хастанд.
Чунин бинмуд он доно гузориш,
Ба хшнум з-он ду у овард ориш.
Дувон хуйи баданду хуйи неканд,
Ашуи ону в-он дигар-ш дрванд.
Хамисторанд бо хам ин ду неру,
Яке зишту баду дигар-ш неку.
Баду неканд ин чо зери парда,
Ки Маздо дар чахон ангеза карда.
Чахон майдони разми ин ду неруст,
Гахе пируз зишту гох некуст.
Тану чони ту дар кирдори беша-ст,
Баду нек андар он чун гургу меш аст.
Бувад аз «гург» хуйи бад гузориш,
Зи «буз» хуйи наку бошад нигориш.
Ба «чангал» арчу чоху кори гургон,
Бувад он хуйи бад назди бузургон...
Ту дарёби, агар дори ба сар хуш,
Ки чистанд он «бузон»-и рому хомуш.
Ду бузро гуфт доно ду фаришта,
Яке Бахман, дигар Рашни Разишта.
Ба тан ин ду фаришта посбонанд,
Нигахдорандаи чону равонанд.
Нигах доранд аз хар бад равонро,
Ба неки парвариш бидханд чонро.
Яке неруст бар неки гароиш,
Ахурои, сазовори ситоиш.
Ба чон бахшад хуришни менувони,
Чу некандешию чун мехрубони.
Ки Бахман номи он неруст хушнон,
Ки шири некхуйи з-он макад чон.
Бувад Рашни Разишта номи дигар,
Ки доду ростиро уст михтар.
Ба доду рости дорад тану чон,
Бихонро аз кажи бошад нигахбон.
Хамеша додварзу ростомуз,
Равони некувонро ёру дилсуз.
Ба буз монанд кардандаш бузургон,
Хурад з-он шири доду рости чон.
Ду буз Зартуштро аз чанги гургон
Хамебуданд андахсу нигахбон.
Яке Бахман, дигар Рашни Разишта,
Бихию ростиро ду фаришта.
Ба «шир»-и пок парварданд чонаш,
Зи хуйи «гург» вежа буд равонаш.
Зи неки буд огин чони Зартушт,
В-аз оху пок буд урвони Зартушт,
Ба чонаш хуйи гурги рах намеёфт,
Фуруги фарри Яздон з-у хаметофт.
Хамеша рост бар неки гароид,
Бихию ростиро месароид.

ФАРГАРДИ 6. БОРИ ПАНЧУМ АНГЕЗИ КУШТАН КАРДАНИ ДЕВОН ЗАРТУШТРО

КАРДАИ 1. ХАМОИШИ ДЕВОН ВА АНДЕША ДАР КУШТАНИ ЗАРТУШТ КАРДАНИ ОНОН

Чу Зартушт аз газанди дев вораст,
Забону дасти девонро зи бад баст.
Ба хуби ёфт руз аз руз болиш,
Ба неки кард чону тан гуволиш.
Сухангуйиву рахгарди биомухт,
Чу мохи нав чахони дил барафрухт.
Аз у пайваста меомад падидор
Шигифтихои розомез бисёр.
Нишони пешвои роду бедор
Зи чашму руйи у буди намудор.
Ба назди дудмону хешу пайванд
Гиромитар хамегашту баруманд.
Буди хамвора аз рую ду чашмон
Шукуху фарру донои намоён.
Равони покаш аз оташ сиришта,
Танаш аз гавхари неки биришта.
Биошуфтанд з-он деву дуручон,
Заданд аз хашму кин дандон ба дандон.
Яке ахтаршиносе буд пурафсун,
Ки мебишнохт рафти чархи гардун.
Ба гирдаш дошт шогирдон фаровон,
Хама чодугарону чашмбандон.
Ба ёрон гуфт: «Эй девони чоду,
Ба хоб имруз дидам ахтари у,
Зи хоби хеш донистам яке роз,
Ки гардун гардиши нав созад огоз.
Хам аз исторагону гардиши Хур,
Бидонистам хам аз наздику аз дур,
Ки ояд додварзе додгустар,
Шавад у рахнамо бар хафт кишвар.
Биорад доду дини нав ба Эрон,
Сар ояд рузгори девяснон.
Барафрозад дурафши коваёнро,
Ба ойини навин дорад чахонро,
Биларзад з-он замини хафт кишвар,
Фитад гар з-осмон он гуна ахтар.
Азеро чорае чустан бибояд,
Вагарна рузгори мо сар ояд...
...Яке пайгора бо тунбал занемаш,
Биорему дар оташ афганемаш.
Бисузад поку хокистар бигардад,
Вагарна бахт бар мо бар бигардад».

КАРДАИ 2. БАДНОМ КАРДАНИ БАДХОХОН ЗАРТУШТРО

Пас он найрангсозони бадандеш
Миён бастанд бахри гуфтаи хеш.
Парастишгохи онон буд яке чой,
Пави буд номи он чойи дилорой.
Куниште буд бехамтову зебо,
Буд оташгоху хуму хован он чо.
Зи гохи шох Чамшеду Фаредун
Куниште монда будшон то ба акнун.
Чу варчованд чое буду номи,
Ба Эрон доштандаш бас гироми.
Буд отурвон ба-д-он чо боби Зартушт,
Нигахбони пави буд пушт бар пушт.
Падар Зартуштро бо худ хамебурд,
Ба-д-он чо, гар чи у буд баччае хурд.
Мохи Фарвардигон буду сари сол,
Чавон буд гашта аз нав гетии зол.
Ба чашну сури Фарвардини фаррух
Чахонро сабзаву гул руст бар рух.
Ба гулбонги дилошуби чаковак
Сароиданд бубурдон чакомак.
Ба базми сабзаву гул дар бахорон
Гухар бар сар фуру пошид борон.
Рухи чун озар озаргун барафрухт,
Дил озаркешро аз мехри он сухт.
Ба дашту куху бар зад лола парчам,
Чахон шуд чун бихишти сабзу хуррам.
Фурухархои некони гузашта
Фуруд омад ба-д-он гах бо фаришта.
Шуд аз он партави поки худои
Чахон пур аз фуругу рушнои.
Ахурои фуруг аз осмон рехт,
Ба хастону будон бар сар биишпехт.
Ба хоки мурда чон бахшиду нав кард,
Чахон шуд зинда чун рузи Фрашкард.
Ба гуши гунча пупак хонд афсун,
Ки: «Хон, аз парда сар барзан ба берун,
Гиёхон сар бурун карданд аз хок,
Нигар бар коргохи Гаргари пок».
Ба рузи чашни Навсарди хумоюн,
Чу дар ойини Чамшеду Фаредун,-
Хама хурду бузург анбух-анбух
Бирафт аз хона суи домани кух.
Аз он су лола чун муг озар афрухт,
Ба-д-ин су муг чу лола одурон сухт.
Хам он гах Пурушаспи покгавхар
Хаме дар чашнгох афрухт озар.
Ба дех буд дар пави Зартушт он руз,
Набурда модараш дар чашн буд нуз.
Бурун гашт аз пави он гах накухуй,
Ба суи моми худ бинход то руй.
Чу дидандаш сияхкорони душдин,
Зи фарру зеби у гаштанд хашмин.
Яке з-онон бирафт андар пави зуд,
Ба мурдор, он чи он чо буд, биолуд.
Хама кочору дегу ховану хум
Шикасту шуд бурун пинхон зи мардум.
Ба дех овоза карданд он палидон
Ки аз бас бад гунохе сар зад он сон.
Хамон Зартушт ин дам дар пави буд,
Ба мурдори хама коло биолуд.
Хам оташгох барканду бипошид,
Хама абзор бишкасту бичошид.
Ба-д-он сон бадтарин як кор кард уй,
Хамедун дину ойин хор кард уй.
Винахванд асту куштанро сазовор,
Ба хори боядаш овехт бар дор.
Сазанда дод потипрос-ш бояд,
Дубора, то зи кас ин кор н –ояд.
Бузургу хурд аз дарвеш то шох
Шуданд аз «кардаи Зартушт» огох.
Зи некон кас ба-д-он бовар наовард,
Ки Зартушти Спитом он гунах кард.
Дили Дугду аз он садпора гардид,
Чу огах з-ончунон пайгора гардид.
Навон борид аз ашк аз чашми пурхун,
Фигон сар дод аз бедоди гардун.
Ки: «Эй парвардигори Моху Хуршед,
Падидорандаи Бахрому Нохид!
Маро набвад ба чуз ту, эй Худо, кас,
Нигахдорам зи бад танхо туи бас.
Ту худ дони, ки у пок аз гунох аст,
Ба-д-он сон кори бад уро на рох аст.
Ба у пайгора бастанд аз рахи кин,
Ту худ огохи, чун хасти Чахонбин.
Ту худ бар бекасон пушту панохи,
Куни бо бандагонат он чи хохи.
Зи бад Зартуштро, эй пок Додор,
Нигах дору ба дасти душт магзор!»
Зи гиря он махи хуршедпайкар
Ба доман рехт шаб то руз гавхар.
Хаменувиду ёри мебипурсид
Зи Мехру Моху аз Бахрому Нохид.

КАРДАИ 3. БА ОТАШ АНДОХТАНИ БАДХОХОН ЗАРТУШТРО

Ба фардо руз гохи бомдоди
Заданд он бадсиголон куси шоди,
Ба бонги карраною даффу гавдум
Шуданд аз хоби хуш бедор мардум.
Канори руду деха буд яке дашт,
Киху мих андар он дашт анчуман гашт.
Баромад гарду чангу дуд чандон,
К-аз он гашт осмон аз чашм пинхон.
Гиреву гав ба гардун ларза андохт,
Зи чангу хок кас касро набишнохт.
Яке аз михтарон овоз дардод,
Ки: «Хон, эй мардумони шахри обод!
Гунохе кард фарзанди Спитом,
Ки хаст он дини моро сахт душном.
Сазанда кайфар уро дод бояд,
Кунемаш, ё бисузонем шояд.
Чунин бояд сазои душмани дин,
Зи гохи бостон ин аст ойин.
Ки бадро кайфари бад ояд аз пас,
Баробар бошад ин ойин ба хар кас».
Чу бишниданд мардум ин суханро,
Фаро бигрифт гавго анчуманро.
Гурухе некхоху хешу пайванд
Ба гушу чашми худ бовар накарданд.
Ба шах гуфтанд: «Ин пайгора бошад,
Пижухиш кун, на куштан чора бошад.
Агар уро куши ин дам шитобон,
Мабодо, то шави фардо пушаймон».
Биомад Пайтираспу хост пузиш,
Зи шохи шахр бо сад оху сузиш.
Бигуфт: «Эй шох, ин кирдори у нест,
Гувохи медихам, к-ин кори у нест.
Нахусташ кард мебояд пижухиш,
Бидодаш гушмолеву накухиш.
Ки шояд боздони кори кист он,
Чи гуна рангу реву бахри чист он.
Манаш донам, ки у показахуй аст,
Накукирдору пурмагзу ашу аст.
Ба ном-Эзад, ки он худ бегунох аст,
Бикуштан бегунохеро чи рох аст?»
Пас он ахтаршиноси пир бархост,
Суханро бо хазорон ранг орост.
Бигуфт: «Эй бихрадону покдинон,
Зи доду ростию дин нигахбон,
Аз ин бадтар гунохе нест дар дин,
Ки кард ин баччаи бадкори бадкин.
Чу аз вай ин чунин кирдор сар зад,
Ба кайфар боядаш бо тег сар зад.
Шаханшох аст шохи додгустар,
Ба доду рости у хаст довар.
Чу созад бозпурс ин баччаро у,
Бигардад бар гунохи хеш хасту.
Чу равшан гашт, к-у бошад гунахкор,
Кашад худ Пурушаспи зут бар дор».
Пас у Зартуштро наздики худ хонд,
Кашид аз гушу мую сахт афшонд.
Ба реву ранг уро бозпурсид,
Чи кард у андар оташгах, чихо дид...
Ба-д-у медод бачча посухи рост,
На он мегуфт, к-онро дев мехост.
Набуд аз гушмолу аз задан бим,
Агар-чаш мезаду метофт дижхим.
Пас у чун баччаи шерон бадар рафт,
Зи пеши шох наздики падар рафт.
Ба дил гуфтанд он девони хунхор:
«Ба коми мо шуд акнун он хама кор».
Зи хар су душманон доданд овоз,
Ки: «Оташро кунем аз бахри у соз.
Ба оташ баркашемаш то гунохон,
Ба ойини кухан санчем-ш товон.
Агар у бегунох асту накукор,
Наёрад оташ андар вай кунад кор.
Гунахкор ар ба-д-он оташ гузар сохт,
Гар аз пулоду ар санг аст, бигдохт.
В-агар пок аз гунах бошад, ки шояд,
Дуруст аз оташи сузон барояд».
Ба худ гуфтанд: «Сузад пок чун хас,
К-аз оташ кай дуруст омад бурун кас?»
Пас он шохи ситамамгар дод фармон,
Ки созанд оташе он чо фурузон.
Чу бишниданд фармон дев-мардум,
Биоварданд бафхам хушк хезум.
Ба руйи хам бикардандаш, ки чун кух
Шуд аз хору зи чубу чахси анбух.
Гузориданд бадкоронаш аз зер
Дар он пармудахои тездаргир.
Чу савканду чу хору равгану хас
Ниходанд андаруни он басо пас.
Сипас Зартуштро бигрифта он суй
Кашон бурданд аз гушону аз муй.
Худон гуфтанд бо Зартушт падруд,
Надонистанд хохад омад у зуд.
Чу бурдандаш кашон з-огуши модар,
Парасторони душдини ситамгар,
Ба фармони хамон деви фусункор
Фикандандаш миёни хорхо хор.
Ба фарёду гиреву бо хаёхуй
Чу дардоданд оташро зи шаш суй,
Бизад оташ забон дар деги гардун,
К-аз он чушид деги сабзи вожун.
В-аз оташ сангу хоки дашт бигдохт,
Гудозон рую охан з-он фаро тохт.
Гумон карданд, к-он кудак дар он чой,
Хама шуд дуду хокистар саропой.



КАРДАИ 4. БА ГУЛШАН ГАШТАНИ ОТАШ ЗАРТУШТРО

Чу аз сузиш бимонд он оташи тез,
Намондаш чуз зи хокистар дигар чиз,
Гумон карданд, к-он чо сухт Зартушт,
В-аз у хокистар он чо монд як мушт.
Гучастаг Ахриман з-он буд дилшод,
Ки режи Вохуманро дод барбод.
Нигах кард у ба он хокистару дид
Яке гулзору тан-ш аз тарс ларзид.
Хама пиру чавон чун он бидиданд,
Сари ангушт бо дандон газиданд.
Ба гулшан буд тахте аз гулу вард,
Фуру монданд з-он он чо зану мард.
Зи гул буд бистару болишт-парну,
Нихода руйи он Зартушт пахлу.
Забони оташ он чо гашта лола,
Сиришки охан он чо гашта жола.
Ба чойи ахгар он чо гул фурузон,
Ба чойи оташ озаргун бисузон.
Ба руйи тахти гул биншаста Зартушт,
Ба зери шохи гул, гулдаста дар мушт,
Чу диданд он бадандешони бадкор
Ба чашми хеш, к-оташ гашт гулзор,
Аз он чо рахт барбастанд навмед,
Ба ранги курмуш аз теги Хуршед.
Аз ин су дустон буданд хурсанд,
К-аз оташ раст он фарзанди дилбанд.
Таборон дасту по кубон ба шоди
«Зихи» гуфтанду «деру нуш боди».
Ба оташфом аспаш барнишонданд,
В-аз он чо рост суи хона ронданд.
Бигустурданд хони шодмони
Ба базму суру чашну комрони.
Буд он рози шигифтангези ишгарф,
К-аз он боист кард андешаи жарф.

КАРДАИ 5. АНДАР ОН, КИ ОТАШ НИГОРИШ АЗ ЧИСТ

Кунун бишнав, зи оташ чист ориш,
Ки пирон аз чи кардандаш нигориш.
Бидони чист оташ, эй хирадманд,
Набарду разму ошуб асту офанд.
Хирад хаст оташу фарзону фарханг,
Хар он, к-афрухт-ш, биншонад ба авранг.
Фуруги руйи поки Гаргар аст он,
Ки хастону будонро он бувад чон.
Дуто ин чост аз оташ нигориш,
Ки доно кардаш аз хшнум гузориш.
Яке сузанда оташ-оташи чанг,
Дигар созанда-фарзон асту фарханг.
Яке он оташе, к-аш дев афрухт,
Ки дар вай зиндагиро хост, то сухт.
Чахонро сузаду марг оварад он,
Хама бар нести хохад барад он.
Дигар он оташи бахшандаи чон,
Равону зиндаги бахшад ба кайхон.
Ба гети хуррами з-он аст барпой,
Чахонро зиндаги бо уст бар чой.
Фуруги чашмаи Хуршед з-он аст,
В-аз он гарданда чархи осмон аст.
Зи гохи кудаки Зартуштро чон
Аз ин оташ бикард Эзад фурузон.
Ба дил афрухт Маздо оташи дин,
К-аз он равшан будаш дар дил чахонбин.
Ба дониш буд чу оташ поку равшан,
Хирад бар чонаш аз хар душт чавшан.
Набитвонист харгиз оташи дев
Бисузад пайкари он бихради нев.
Хамон оташ, ки равшан кард Зартушт,
Ба тунбал кай тавонист Ахриман кушт?
Ба-д-ин сон решаи фарзону фарханг
Насузад хеч гох аз оташи чанг.
Хамеша то буду то хаст кайхон,
Бимонад човидон фархангу фарзон.
Чу андахсаш бувад Маздо-Ахуро,
Нахохад сухт оташ харгиз уро.
Фурузад гар хазорон оташи чанг,
Насузад урвари фарзону фарханг.
Хама сузад дар оташ тафт хар чой,
Хирад монад ба гети боз барпой.
Гули чистою озаргуни фарханг
Хазон кай гардад аз хокистари чанг.
Сикандар-он чахончуйи ситамгар
Дар оташ сухт Эронро саросар,
Хама у сухт андар оташи чанг,
Магар он бихгузину рост фарханг.
Бимонд он човидони зинда чисто,
Сипантои хирад-ганчи Авасто.
Зи Эрон он ситамгар то ба Юнон
Бибурд он гавхари волои фарзон.
Миёни оташи тези Сикандар
Гули фархангу фарзон боз зад сар.
Ба Юнон бору барг овард аз нав,
Ба пахнои чахон афганд партав.
Чунин буд гаштани оташ ба гулшан,
Гули навруз дар хокистар бирустан.
...Ба Эрон зад чу този дасти тороч,
Рабуд он ганчу тахту афсару точ.
Кашид онро ба коми оташи чанг,
Набитвонист сузад бехи фарханг.
Басо бистонду бас бурду басо кушт
Хамоно монд бар чо панди Зартушт.
Араб омухт з-он рохи хирадро,
Зи хам бишнохт в-он гах неку бадро.
Хама он донишу фархангу фарзон
Бурун шуд з-оташи този таносон.
Сипас он гавхари пурарчи шахвор
Ба този андар омад бар сари кор.
Гухар, к-оганда буд Пури Спитом
Бишуд омуда дар фарханги ислом...

ФАРГАРДИ 7. КУШИШИ КУШТАН КАРДАНИ ДУШМАН ЗАРТУШТРО БОРИ ШАШУМ

КАРДАИ 1. ОМОДА КАРДАНИ ДУШМАН ЗАХР БАРОИ КУШТАНИ АШУ ЗАРТУШТ

Ба пеши чашми он ахтаршиносон
Баромад у чу аз оташ таносон,
Ба у шуд оташи тобанда гулшан,
Ба оташ андарун гул гашт хирман.
Бируст ин чо гули фархангу фарзон,
Хирад буд гашта чун оташ фурузон.
Зи фарзон оташе Зартушт равшан
Хамеафрухт пеши чашми арсан.
Зи фарханг оташе дар он шаби тор
Чароги биниш андар кору пайкор.
Чу гулзоре буд он фархунда оташ,
Шукуфта чун бахоре хурраму хуш.
Ба рохи рости то чун буд фурузон
Ки равшан кард рах дар он шабистон.
Чу паркон чун шаб асту дониш оташ,
Фурузад рах ба шаб дар биниш оташ.
Ашу Зартушт чун буд бо хирад ёр,
Бигашташ оташи душман чу гулзор.
Ашуву росткору ростгуфтор,
Накардаш банду реви Ахриман кор.
Ба-д-ин бигзашт бас рузу маху сол,
Баровард у ба гардун гардану ёл.
Ба чусти гашт у чун баччаи шер,
Зи бас вирову чолоку сухангир.
Яке шуд баччае бофарру авранд,
Ба гети кас набуд хечаш хамонанд.
Нихолаш чун ба боло сар барафрохт,
Ба орун сар ба суи осмон ёхт,
Нишони пешвои роду доно
Зи чашму руйи у мебуд пайдо.
Зи бемори чу дураш дошт Эзад,
Танашро дарду ранче хеч н-омад.
Хаме ёзид ёлу бурзу боло,
Чавоне шуд хирадманду тавоно.
Зи кину рашк девони бадандеш
Аз у буданд пур андуху дилреш.
Нишастанду бигуфтанду шуниданд,
Басечи куштани Зартушт диданд.
Саранчом он камечони бадандеш
Биоварданд беху решаи биш.
Зи захрогин гиёхони дигар низ,
Биафзуданду дардоданд омез.
Бичушонданд дар оташ ба хован,
Биафганданд дар вай мушку лодан.
Ки рузе ончунон «дармону дору»
Ба кор ояд зи бахри куштани у.
Чу рузе гар шавад бемор Зартушт,
Ба-д-ин сон «нушдору» то тавон кушт.
...Чунон шуд кор бо фармони Додор,
Ки шуд Зартушт рузе сахт бемор.
Биуфтоданд хешон дар такопуй,
Басе карданд чора, бих нагашт уй.
Пизишконро чу бар болин-ш хонданд.
Ба дармон он бузургон дар бимонданд.
Биоварданд бас доно зи хар суй,
Ниёзу розхо гуфтанд бо уй,
Надонистанд дардашро чи ном аст,
Чи дармонасташу дору кадом аст.
Набудаш аз пизишки хеч суде,
На пархезу гувориш, не зи дуде.
Пизишки пурфусун-чодугари пир
Фусуне чанд бар вай хонд аз вир.
Сипанде дуд карду гашт гирдаш,
Басе зад чарху он суде накардаш.
Ба онон гуфт: «Ин дардест бас бад,
Ки маргаш ному хечаш чора набвад».
Чу ин Дугду шунид оху фигон кард,
Зи дида чуйи хун дар бар равон кард.
Падар з-андуху дардаш гашт чун дуд,
Ба хунин ашк доман бас биолуд.
Ба чоду лобахо карданд, к-«Эй род,
Бижи деру дурува бодиву шод!
Бикушу то тавони, чорае соз,
Ки чону дил бибахшемат ба ороз.
Бузурги чодувон пири фусункор,
Дуругин буду моху девкирдор.
Ба-д-онон гуфт: «Доруе ба ованд
Аз он созам яке неку гувориш,
Бикушад, то биёбад дард-ш кохиш».
Ба гирдаш дошт у чандин парастор,
Хамеша ёру ёвар дар хама кор,
Бигуфт: «Оред он шохона нушоб,
Ки чонбахш асту бас хуш чун майи ноб.
Ки он аз адман асту аз сипаргам,
Тану чонро бидорад зуру бардам.
Гувориш созам аз он оби шахвор,
Шавад бих шояд аз вай зуд бемор».
Бизад чашмак ба ёрон он саги пир,
Нихони, то кунанд он захр ожир.
Ба худ гуфтанд: «Эдар хуб гохест,
Зи бахри куштан андархурд рохест!
Бинушад захру чон бидхад ба хори,
Шавем озод з-ин хангома, бори».
Давон рафтанд он ойишнагон зуд,
Биоварданд он ч-он пир фармуд.
Бидондаш ба дасти пири чоду,
Ки созад то аз он дармону дору.
Гирифт он захру дар хован фуру рехт,
Ба обу ангубин оро биомехт.
Гулобеву сипаргам дар вай афшонд,
Ба чоме карду афсуне бар он хонд.
Ба Зартушташ бидоду гуфт: «ошом,
Ки ёбад чону тан-т аз дард ором!»
Маро дар хона хаст, онро биоранд.
Ба хам гуфтанд девон: «Коми мо шуд,
Ки он шери Худо дар доми мо шуд».
Ашу Зартушт чун бо нушханда,
Гирифт он чоми пурзахри кушанда,
Ба гуши чонаш он гах омад овоз,
Ки: «Он чоми пажогинро биандоз!»
Буд он адвой овози Сурушаш,
Ки омад з-осмони дил ба гушаш.
Ашу Зартушт дар абруй чин зад,
Ба тунди сахт чом андар замин зад.
Шикаст он чому дору бар замин рехт,
Пизишки мох расво гашту бигрехт.
Зи бистар тандуруст он гох Зартушт
Бичасту гуфт: «Мехохи маро кушт?!»
Биронд аз шахр деви рохзанро,
Хама ойишнагони Ахриманро.
Бигашт овоза ин гуфтор дар шахр,
Хама найранги деву чоми пурзахр.
Пизишкони сияхкори бадандеш
Аз он шармандаги гаштанд дилреш...

КАРДАИ 2. ГУЗОРИШИ ФАРОМУРЗИ РУСТАМЧИ АЗ ИН АНГОРА

Бидони чист з-ин афсона ориш,
Чи омегест з-ин зебо нигориш?
Чунин бинивишт он пири сухансанч,
Хамон донанда марди донишалфанч,
Ки боре «гашт бемор» он дуруманд,
Буд он огохи аз суи Худованд.
Ки бехуда-ст ранчи он касе, к-он
Бикушад, то ситонад з-он ашу чон.
Тану чонаш зи дарду ранч буд пок,
Набуд аз захру чоду харгизаш бок.
Тани у буд дурусту пайкараш зур,
Зи хар бад дошташ Маздо хаме дур.
Агарчанде ки шуд «бемор» Зартушт,
Набитвонист осонаш касе кушт.
Ба ангориш пизишки зуфти чоду
Бадандеш аст бо бад дар пайи у.
Ки мечуяд хамеша гохи дархур,
Ситонад то тавонад чони вахшур.
Хамон овоз, к-у бишнид равшан,
Ки: «Чоми вишро андозу бишкан!»
Буд овози Суруши зурбозу,
Нигахдорандаи чону тани у.
Ки чун душман-ш захр ожир созад,
Ба куштан даст суи у биёзад,
Бикушад, то кушад он некхуро,
Зудояд з-ин чахон то номи уро.
Суруши зурбозуи баруманд
Нигохаш дорад аз хар гуна офанд.
Зи хар пешомади неку бад огох
Кунад урову бинмояд ба-д-у рох.
Миён бастанд девон то кушандаш,
Ба реву рангу бо авсуну бандаш,
Зи бемори чу у бих гашту бидруд,
Сипас бархост аз бистар-ш хушнуд.
Чахонро торик шуд дар чашми душман,
Чу гашт он чашмаи Хуршед равшан.
Аз ин су бастагонаш шод гаштанд,
Ба оташ-зухр Яздонро бияштанд.
Пас оварданд баргу бораву соз,
Яке хоне бигустурданд пурноз.
Ба базму сур оромиш равонро
Бидоданду зудуданд андухонро.
Сипоси Мехри бинову ниюшо,
Басе карданду андар зухр кушо.
Аз он ру бадсиголони табахкор
Зи кин рафтанд дар дузах нагунсор.

Дунбола дорад...

No comments: