Saturday, July 19, 2008

Зартуштномаи Атоуллохи Мучебуллох

Атоуллохи Мучебуллох
Зартуштнома
ДЕБОЧА
Худованди бузург дар Куръони азимушшон чунин фармуда, ки: «Ва лакад баъасно фи кулли умматин расулан ан-иъбуду-л-лоха ва-чтанибу-т-тогут», яъне «Харойина мо фиристодем дар хар кавме паёмбаре, то Худовандро бипарастед ва аз Ахриман ичтиноб варзед» (Сураи «Нахл», ояи 35). Хамчунон дар чойи дигар чунин мефармояд: «Ё маъшар-ал-чинни ва-л-инси а-лам-яътикум русулун минкум якуссуна алай-кум оёти ва юнзируна-кум ликоа явмикум хазо?», яъне «Эй тоифаи девон ва мардумон, оё наомаданд паёмбарон аз шумо, ки оёти маро бар шумо мехонданд ва огохатон мекарданд аз ин рузе, ки шуморо дар пеш аст?» (Сураи «Анъом», ояи 129).

Наздики 3500 сол пеш аз ин дар Эрони бостон бузургмарде падид омад, ки дар андешаи дини, фалсафи ва ахлокии инсоният заминаи чашмгире гузошт, ки натанхо дар замони худ гардиши бузурге буд, балки накши зудуда нашавандаи он то абад дар афкори илми ва динии чахониён бокист. Ва он абармарди бузурги таърих, поягузори равияи дини-фалсафие, ки минбаъд андешахои у дар сохахои гуногуни илму хикмат ва динхои чахони нуфуз кард ва то кунун нишонахои афкори пешкадами у дар хама чараёнхо ва мазохиби илмию дини ва ахлокии чахон ба мушохида мерасад, Зартушти Спитом буд, ки хамчун як хаким ва файласуфи неруманди таърихи башар дар натичаи пижухишхо ва омузишу мушохадоти хеш ба он расид, ки чахонро ханчорест, яъне низоми муайяни гардишу равиш, олами аставайт (модди) ягона аст ва андар он ду неруи ба хам зид пайваста дар пайкор хастанд ва хираде берун аз ин чахони аставайт вучуд дорад, ки он офаридгори он аст ва он Ахуро Маздо аст. Ашу Зартушт поягузори нахустин ойини яктопарасти ва ислохотгари низоми дину давлат дар Эрони бостон буд, ки «Ашо»-ро (хакикат, ростиро) меъёри ягонаи дониш шуморид ва хирадро мояи хасти ва дастури зиндаги гуморид ва тудагонро ба рохи неки, доду дониш ва рушнои хидоят кард, натанхо дар дину ахлоку фалсафа, балки дар низоми давлатдори ва сиёсати ичтимоию иктисодии замони кухан гардиши бузурге ба амал овард.

Бо гузашти рузгор дар асари тохтутозхо ва густариши акоиди динию фалсафии кавмхои истилогар, муносибатхои душманона ва нигилизми аквоми истилогари дар тули садсолахо тасаллутёфта хама он донишхои илмию ахлоки ва фалсафии он пири хирад ба коми оташ кашида шуда, зохиран аз байн бурда шуданд, аммо бузургии фарханги Зартушти дар он буд, ки он хама андешахои пешкадам ба фарханги динию илмии истилогарон омезиш ёфтанд, аз тарафи донишмандон ба забонхои онхо тарчума шуда, дар хама сохоти илму фарханги ачнабиён ворид гаштанд ва бо номхои нав дар либоси нав зухур карданд. Кохи фарханги Юнон аз хиштхои заррини Эрон бунёд ёфт ва бинои фарханги Ислом аз сутунхои илми Эрони бостон устувор гардид, ганчинаи донишу фарханги нави хам юнони ва хам мусулмони аз гавхару зари ноби форси оганда гашт. Танхо бахши динию ибодатии Авасто то ба рузгори мо ба забони худ омада расида, ки хатто хамин бахши бокимонда, бавижа «Готхо», ки сурудахои худи ашу Зартушт хастанд, ба дасти пижухишгар далолил ва барохини раднопазире медиханд, ки дар асоси онхо хулосахои мухими илми метавон ба даст овард. Дар осори Афлотуну Арасту, Мони ва динхои яхудию масехи, дар хама сохахои улуми исломи аносири фарханги Зартушти ба таври равшан ба мушохида мерасанд, «идеяхо»-и Афлотун, растохези тани пасин, дузаху бихишт дар адёни чахони, таълимоти ирфонии Мони ва идомаи он ба унвони тасаввуф дар Ислом ва бисёр дигар нукот дар соири сохахои илму хаёт далел бар онанд, ки фарханги Эрони бостон, бавижа таълимоти Зартушт то дарачае ба афкори илми, дини, фалсафи ва ахлокии чахони чойгузин шуда, ки як чузъи чудоинопазири арзишхои умумибашари гашта, накши паёмбари ориёи Зартушти Спитом дар он бузург аст.

Дар асл Зартушт чун Конфутси, Даосии чини, чун Волтеру Голбах, Гегелу Маркс ва бисёр дигарон поягузори мактаби фалсафи-ахлоки буд ва чун паёмбар мардумро ба рохи рости, неки ва доду дониш менамуд.

Забони «Готхо» забони хеле кухан буда, ба забони «Ведохо»-и хинди наздик аст ва ин далели он аст, ки Зартушт дар замонхои басо кухан, хеле пештар аз хахоманишиён зиндаги ба сар бурдааст. Сабаб ин буда, ки ривоятхо дар бораи зиндагонии у бо мурури замон тагйир мехурданд ва шакли асотириро мегирифтанд, чунончи дар гузаштаи дур паёмбарони сомиро ба Зартушт монанд карда, чузъиёти зиндагии уро ба паёмбарони худ нисбат медоданд, пас аз истилои араб дар натичаи дар тафаккури эрониён чой гирифтани асотири аквоми соми дар бораи паёмбарон симои Зартушт ба паёмбарони соми монанд гашта, ривоят ва гуфтахо дар бораи Зартушт низ тагйир хурданд ва дар бораи у чизхои наве хам бофтанд, бо ашхоси хамном ва рушиносони замони пешин махлут карданд, вагарна Зартушт хакиму файласуф, поягузори чараёни динию ахлокии замони худ буд ва хамчун ислохотгар ва навовар баромад карда, бар зидди дуруг хамчун офаридаи Ахриман далерона дар пайкор буд.

Пас аз фурупошии давлати абаркудрати шурави ва аз миён рафтани идеоложии коммунисти ва ба вучуд омадани замина ва шароити мусоиди гуногунандеши дар Точикистон дар сари нависандаи ин сатрхо андешае падид омад, ки он чи дар бораи ин марди бузурги таърих иттилое дошта бошам, руйи когаз биоварам ва хонандаи точикро бо Зартушт ва таълимоти у ошно созам, нуфузи уро дар афкори фалсафи ва динию ахлокии чахониён нишон бидихам. Аммо чун аз мутолиоти худ навиштае накарда будам ва дарёфти адабиёти илми ва сарчашмахо дар дехаи дурдасте аз доираи имкон берун буд, карор додам, танхо бо баёни ривоёт пиромуни зиндагонии Зартушт иктифо намоям, агарчи ин хам басо душворихо дар пеш дошт. Тасмим гирифтам, дар бораи зиндагии ашу Зартушт дар асоси китобхои дастраси худ ва он чи дар хотир доштам, ривоятхои бокимондаро бинависам, то ба хонанда дар бораи зиндаги ва таълимоти у иттилое дода бошам. Аммо тарчума ва бозгуйи он ривоятхо ва гуфтахои донишмандон дар бораи Зартушту таълимоти уро ба максад мувофик надидам ва карор додам, «Зартуштнома»-и манзуме бо истифодаи хама манобеи дастрас ва гуфтахои донишмандони гузашта ва муосири чахон иншо намоям.

Дар садаи гузашта, хамчунон пас аз фурупошии Иттиходи Чамохири Шурави шуури миллии точикон бештар бедор гашта буд ва он рузхо ниёзи мардум торафт ба донистани таърихи илму фарханги милли бештар мегардид ва зарурияти навиштани китобе дар бораи зиндаги ва таълимоти Зартушт торафт бештар эхсос карда мешуд. Аз он хотир банда соли 2002 огоз кардам ба кашидани дурдонахои чун мурдареге аз гузаштагон ба мо монда, яъне ривоёти дар бораи Зартушт омада расида, дар риштаи назм, то хонанда аз Зартушт ва таълимоти у огохие дошта бошад, зеро он солхо шавку эхтиёчи мардум нисбат ба таърихи фархангу илми Эрони бостон (Эрони бостон ин хамаи он кишвархое буданд, ки ориёиён дар он чо сукунат доштанд), бештар аз хама давру замон ба назар мерасид. Ва имруз, ки бо ибтикори Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Шарифович Рахмонов соли бузургдошти фарханги ориёи эълон гардидааст, нависандаи ин сатрхо бо шитобзадаги он навиштахои худро ба риштаи тахрир кашидам, умед аст, ки ин навишта барои дустдорони фарханги Эрони бостон ва иштиёкмандони таърихи дину фалсафа, пижухандагон ва алокамандони ойини Зартушти ва хикмати волои паёмбари ориёи дастуре хохад буд ва ба масобаи як мукаддимае дар шинохти дини Зартушт ва дарёфти Авасто ёрманду судрасон хохад буд ва он чи аз гуфтани он хазор сол метарсидем, ба шарофати истиклол имруз бо ифтихор ва сарбаланди метавонем аз он сухан ронем.

Яке аз душворихое, ки хангоми ба риштаи назм кашидани «Зартуштнома» пеш омад, мушкилоти забони буд. Нахуст он, ки хамаи истилохоти динии Зартуштиро бо вожахо ва ибороти имруза баён кардан аз имкон берун буд, чунончи «зут», «оташ-зухр», «кушти», «боч», «барсам», «ашу» ва бисёр дигархо, ки барои хонандаи имруза нофахмоанд ва ишколоте дар пеш доранд. Аз ин нигох ин гуна вожахо чун истилохоти динхои дигар бе тарчума дар шакли асосии худ оварда шуданд.

Дуввум, барои офаридани симои ашу Зартушт хамчун паёмбар ва хаким забонеро интихоб мебоист кардан, ки вижагихои кавми, нажоди, дини, замони ва маконии уро ба-д-ин васила дар риштаи тасвир кашидан имконпазир гардад ва хамзамон ба хонандаи имрузаи форсизабон мафхум бошад. Забони форси чунин имкониятро дорад, зеро пахнои замонии он аз даврони Авесто то ба имруз омада, вусъати маконии он низ хамчунин аст ва бе душвори метавон тавассути ин забон симои кавми, замони ва маконию нажодии Зартуштро офарид. Агарчи ин ду омили мазкур мучиби душворфахм шудани матн (барои хонандагоне, ки тахассусашон таърихи забон нест, низ барои гайриЗартуштиён) гаштанд, аммо ба кадри имкон кушиш карда шуд, то забони ин навишта сода ва ба дарёфту фахмиши хонандаи имруза наздиктар бошад. Инчунин дар охири навишта вожаномае тартиб дода шуд, ки бархе аз вожахо ва мавридхои душворфахм равшан карда шуд, зеро баъзе аз он вожахоро аз фархангхои дастрасбуда пайдо кардан шояд муяссар нагардад.

БАХШИ 1
ФАРГАРДИ 1. МЕХАН ВА НИЁГОНИ АШУ ЗАРТУШТ
КАРДАИ 1. КУШОИШ

Ба хушнудии Додори Тавоно,
Хамаогоху Роюманду Доно
Худованди Хирад Бахшандаи Чон,
Падидорандаву Додори кайхон.
Барафрузанда Мехру Мах ба гардун,
Чахонравшангари Бечанду Бечун.
Ки дар андеша уро нест ханчор,
На дар пиндор гунчад, не ба гуфтор.
Ба номи У кунам ин нома огоз,
Даре бикшоям аз ганчинаи роз.
Маро, гар даст гирад пок Гаргар,
Бихонам достоне аз паямбар.
Кашам дар ришта гуфтори парешон,
Нухуфта гавхар андар хок пинхон.
Бибандам зевар авранги суханро,
Кунам нав достони бас куханро.
Нихони ганчи аз шахвор гавхар,
Кунам омуда андар риштаи зар.
Хар он к-ин нома хонду ориш омухт,
Чароги чашми дил равшан барафрухт.
Зи ман бишнав кунун он достонро,
Бимонда ёдгор аз бостонро.

КАРДАИ 2. МЕХАНИ АШУ ЗАРТУШТ

Чунин овард гундои хирадманд
Сухан аз Бундахишну Занду Позанд.
Ханирас чун нигин дар хафт кишвар
Нихода дар миён буд хамчу гавхар.
Шукуфон хуш чу богу бустон буд,
Бихишти ростин андар чахон буд.
Ахуро Ориё-вич андар он дод,
Гузинаш карда яксар дошт обод.
Кашидаш куххоро сар ба гардун,
Фуру з-он обхо тозид афзун,
Чарогохони пахнаш пургиё сохт,
Фаровон рудхо дар вай фаро тохт.
Хама дашту даман аз чорпо пур,
Зи аспу гуспанду гову уштур.
Ба дашту кух азбас мургу нахчир,
Зи обу дону аз баргу гиё сер.
Ба-д-он сон буд Эрон-вича обод,
Ки марду зан хамора зист озод.
Бидод он буми ободу баруманд
Ба бахшиш бар Каюмарсаш Худованд.
Нахуст у буд, ки рохи подшохи
Падид оварду дину додхохи.
Шикору домдори, киштани дон
Ба-д-он гах у намуду дод фармон.
Ба-д-он гах марзи ободе чу Эрон
Набуд андар чахон он дун шукуфон.
Зи Руму Рус ончо то ба Хилманд,
Зи марзи Чин он су то ба Арванд,
Дарахту обу мургу меваю дон
Худованд офарида бас фаровон.

КАРДАИ 3. ЧАМШЕД

Аз он гах то замони шох Чамшед
Ба гирди чарх чандон гашт Хуршед.
Ба тахти подшохи Чам чу биншаст,
Камар дар кори дину дод барбаст.
Накуи карду чандон дод варзид,
Ки Эрон сарбасар обод гардид.
Сипохи бо кишоварзу хунарвар,
Хам он котузиёни додпарвар-
Хама ба арчу фар гаштанд он гох
Ба Эрон дар панохи додгар шох.
Сипахро вижа карду дод густард,
Хунарро дод доду нек парвард.
Ба ёри барзгарро даст ёзид,
Мугони бохирадро сар фарозид.
Пасон Чамшед бо фармони Додор
Басе навви даровард андар он чор.
Чами фарзона азбас пурхунар буд,
Пизишку пурхирад ахтаршумар буд.
Чунин буд, к-андар он гах шох Чамшед
Парастиш кард Мехру Моху Нохид.
Падид овард дини тандурусти,
Зи Яздон чунки бемарги бичусти.
Чу дини хештанро густариш дод,
Ба поки чону танро парвариш дод,
Ба рохи Мехру Нохид-Ардви-Сур,
Ба Зухри Тиру Бахрому Маху Хур-
Хазорон аспу гову меш зад сар,
Ба мардум дод шохи додгустар.
Басо доду дихиш дар рохи Яздон
Бикарду низ кардан дод фармон.
Худованд он хама карниш пазируфт,
Бикард уро ба фарри эзади чуфт.
Ба подоши бихи Маздо-Ахуро
Ба гети дерзеви дод уро.
Ба мардум баст дар Эрон дари марг,
Фузун гардонд ганчу колаву барг...

КАРДАИ 4. КУШТА ШУДАНИ ЧАМШЕД БА ДАСТИ ЗАХХОКИ МОРОН

Чу Заххок он шукуху фаррахи дид,
Зи рашк он бадгухар дар худ бипечид.
Дилашро орзуи тахти шохон
Буду хам чоми Чам бо фарри Яздон.
Ба чандон роху рангу рев Заххок
Биомад бо дили пажвину нопок...
Ба арра пайкари Чамро дуто кард,
Ба Эрон, дони, з-он пас у чихо кард...
Ба Мехру Моху Нохиду ба Бахром
Худои кард чандин беварон дом.
К-аз ин рах аз Худоаш буд уммед,
Ба фарри эзадиву чоми Чамшед.
Худовандаш на ин бахшиду не он,
Гирифт у гарчи ганчу тахти шохон...

КАРДАИ 5. ФАРЕДУН

Чу бедоду ситам з-андоза берун
Бирафту рехт дар Эрон басе хун,
Чахон шуд тангу тор аз дасти Заххок,
Даме то Кова гети кард з-у пок.
Зи пушти Атвиё, аз тухми Чамшед
Фаронак дошт фарзанде чу Хуршед.
Фаредун буд номи фаррухи уй,
Фурузон фарри Яздон аз рухи уй.
Чу Кова аз Фаредун гашт огох,
Биовард он гаху биншонд бар гох.
Чахонбон росткору пурхирад буд,
Ба некон ёру разманда ба бад буд.
Дурафши коваёнро сар барафрохт,
Ситамро беху бун яксар барандохт.
Бихону ростонро дошт дилшод,
Сари бедодгарро дод бар бод.
Ба душман хар кучо гашти чу пируз,
Буд он чо чашнгиру оташафруз.
Парастишгох бинход оташи пок,
Ба зухр аз хуму ширу карниши пок.
Ки дар худ чунки аз Додори кайхон
Фуруге хамчу оташ ёфт тобон.
Ба оташ пок Яздонро парастид,
Нишони пок Яздон чун дар он дид.
Хам ин чашни Сада бинход ойин,
Гироми мурдарег ин з-уст дар дин.
Фаредун парварида се писар дошт,
Хама фархехта чандин хунар дошт.
Чу гашт у пир, бар се бахш кишвар
Бикарду дод бар он се бародар.
Худ он гах руй суйи кух бинход,
Ки чон дар барф бар Чонофарин дод...

КАРДАИ 6. АНДАР МОДАРИ ЗАРТУШТ-ДУГДУ ВА ГУЗАШТАГОНИ У

Чу аз ойини Чамшеду Фаредун
Бигуфтам, бишнав аз Зартушт акнун.
Нахуст аз модари Зартушт гуфтор
Биорам, он чи омад з-у ба ангор.
Гироми номи у Дугду хаме буд,
Зи тухми хусравон буд тору хам пуд.
Падар уро Фарохимурва буд ном,
Парастанда Маху Нохиду Бахром.
Зи нофи Зовиши буд он гироми,
Фарозанда сар андар некноми.
Хам он модар варо з-он дудмон буд,
Або шавхар-ш шоду комрон буд.
Зане буд порсову покдомон,
Ба шарму нозу фару ростпаймон.
Дувон аз гавхари шохони пешин,
Михони росткору роду бодин.
Нажод аз шох Чамшеди некучехр,
Навода з-Офаредуну Манучехр.
Яке шох аз дарахти бас баланде,
Ду гул навхоста бас борманде.

КАРДАИ 7. АНДАР ШАХРИ РАГА, КИ ЗОДГОХИ ДУГДУ БУДА

Зи гохи дер чандин номдорон
Ба сар бурданд дар Рай рузгорон.
Рага буд номи он шахри дилафруз,
Ки буд ободу хуррам андар он руз.
Чунин гуфтанд доноёни Эрон,
Зи гохи бостон номанигорон,
Ки Рай дар бостон бунёд бинход
Хушанги пешдоди-шохи бодод.
Пас аз чанд аз гузашти рузгорон
Ба дасти чангчуён гашт вайрон.
Манучехраш зи нав бинмуд обод,
Равони рафтагон з-у гашт то шод.

КАРДАИ 8. ЗОДА ШУДАНИ МОДАРИ ЗАРТУШТ-ДУГДУ

Дар он шахри бихиштосои хушбод
Фарохимурва бо зан зист дилшод.
Чу обистан шуд аз чуфти накуном,
Биомад назди модар он дилором.
Ба модар ин фасона гуфт, к-«Эй мом,
Навода хости, инак туро ком!»
Бигуфташ: «Чони модар, шод боди,
Ки Эзад бахти некат доду шоди».
Чу моху рузи у пур гашт, он гох
Бизод у духтаре рахшанда чун мох.
Бигустурданд хону сур карданд,
Ба май андух аз дил дур карданд.
Хама он хонадон хушдил нишастанд,
Зи дарду ранч то як дам бирастанд.
Ба-д-он духтар наку номе бидоданд,
Мар уро ном Дугдуво ниходанд.
Ба нозаш солхо парвард модар,
Ба хуби бурд то бар осмон сар.
Даромад понздах солаш аз он руз,
Ки аз модар шуд он мохи дилафруз.
Бахоре гашт сарсабзу шукуфон,
Бирусташ лолаву гул дар гулистон.
Камонкаш гашт абруяш чу Ораш,
Камону тири у шевову дилкаш.
Ба Эрон кас набуд монанди Дугду
Ба нозу шарму рую муйи неку.
Забонаш чарбу гуйиш нарму ширин,
Равонаш поку дил пардахта аз кин...

КАРДАИ 9. ПАЙДО ГАРДИДАНИ ФУРУГ ДАР ПАЙКАРИ ДУГДУ

Надонад кас чи хохад кард Яздон
Ба кас дар зери чархи гирдгардон.
Кунун бишнав, ки бо Дугду чи рух дод,
Ки гашт аз доди Яздон дил-ш ношод.
Чу тан мешуст Дугду, дид ногох,
Ки аз пайкар фуруге тофт чун мох.
Шигифт омад-ш аз кори Худованд,
К-аз у ин рушнои чун пароканд?
Бирафту гуфт бо модар, ки: «Эй мом,
Диламро з-он шигифти нест ором.
Падид ояд фуруге аз тани ман,
Ман ин роз аз ту натвонам нухуфтан.
Надонам чисту з-он андар шигифтам,
Чи кардам, то чунин кайфар гирифтам?»
Чу модар бингарид андар тани уй,
Бидид андоми чун мах равшани уй,
Фуру монд аз фуруги пайкару тоб,
Чу андар об тобон гавхари ноб.
Падарро хонду бо у гуфт он роз,
Ки дид андар ниходи он гули ноз.
Ба хам бас гуфтугу карданд он ду
Зи рози бас шигифтангези Дугду.
Фарохимурваи огоху бохуш
Ба лаб ангушт бурду гуфт: «Хомуш,
Магуедаш ба кас, зинхор, к-ин роз
Бувад кори сутургеро сарогоз.
Нихон доремаш аз бегонаву хеш,
Ки бинемаш, чи фардо оядаш пеш».
Аз ин пас духтаракро шавхару зан
Бурун нагзоштанд аз хона рафтан.
Нихон аз чашми кас медоштандаш,
Зи хона по бурун нагзоштандаш.


КАРДАИ 10. ОШКОР ГАРДИДАНИ РОЗИ ДУГДУ ДАР ШАХРИ РАГА

Ба хона як шабе мехмони эшон
Ду-се тан шуд зи пайвандону хешон.
Чу хон оростанду хуш нишастанд,
Хуриш омода гашту нон шикастанд,
Яке гуфто, ки у пазмони Дугдуст,
Ниёз омад-ш дидори рухи дуст:
«Магар дар хона набвад он накучехр,
Ки бар рухсори мохаш бастаам мехр?
Кучо рафт он нихоли навгул аз бог,
Ки аз дури аз у дорам диле дог?
Даме хохам ба пахлуаш нишинам,
Ки руйи мохи уро сер бинам.
Ба у дарди дили худ бозгуям,
В-аз у дармони дарди хеш чуям».
Чу модар ин сухан бишнид ночор,
Бигуфто: «Чанд рузе хаст бемор».
Бигуфташ: «Дидани бемор бар мост,
Бавижа он, ки хешу ёр бар мост».
Ман ин чо ташнаи дидори уям,
На у бемор, ман бемори уям.
Маро дидори у дармону доруст,
Пизишки чони манро ном Дугдуст».
Зи мехмон ин сухан бишнид модар,
Бишуд ночору омад назди духтар.
Ба-д-у гуфто, ки: «Шав дар бистари хеш,
Фуру хил чома аз по то сари хеш.
Ки хешон чун дарояндат ба дидан-т,
Набинанд он фуруге, к-ояд аз тан-т».
Чу пайвандон ба перомуни Дугду
Бигаштанд анчуман бар дидани у,
Бипурсиданд ёрон з-у, ки: «Чуни?»
Бигуфт: «Ин нест чуз банду фусуне».
Ба-д-он зебоиву некусиришти
Бихонданд офарин бар он бихишти.
Яке бикшодаш аз рух чомаи хоб,
Бидид он тобиши чун гавхари ноб.
Газид ангушту андар вай фуру монд,
Шигифту мот гашт, аз гуфтугу монд.
Дигар он мохруён хар яке дид
Фуруги пайкари тобон чу Нохид.
Бигуфтанд: «Ин чи ранг афсуну чодуст,
Ки дар андоми хамчун мохи Дугдуст?»
Чу он роз ошкоро шуд ба хешон,
Ба шахр овоза гардиду парешон.
Бузургу хурди Рай ин роз бишнуд,
Ба шахр он гох шуд он достон зуд.
Чу гашт овоза дар Рай рози пинхон,
Шуданд огох з-он ахтаршуморон.
Бигуфтанд: «Он нишон аст аз яке кор,
Ба зуди дар чахон ояд падидор.
Зи рафти ахтарону гардиши Хур
Чунин ояд, ки набвад он замон дур,
Ки гети дар набарди зишт бо хуб
Шавад майдони разми кину ошуб.
Чунон пешомаде дар пеш ожир
Чахонро пеш ояд зуд ё дер.
Надонад кас, ки ин гарданда гардун
Чи орад пешу худ фардо шавад чун.
Гумоне андар он набвад, ки Дугду
Бувад огози рузе пуртакопу.
Хамоно боядаш бурдан рахе дур,
Вагарна, куштан, афгандан-ш дар гур.
Абиж, ар мушти хокаш бас бувад бахр,
Чу шуд болуда, хокистар кунад шахр...»
Ба хар гохе, ки берун рафт Дугду
Зи хона хамрахи ёрон ба хар су,
Зану марду чавону пир дар Рай
Бурун гашти барои дидани вай.
Хаме диданд, к-он махруйи дилбанд
Фуруг аз пайкари зебо биафканд,
Хама аз дидани он аз шигифти
Сари ангушт бар дандон гирифти,
Ки то нун ончунон розе надиданд,
На чизе инчунин аз кас шуниданд.
Мугони бихраду ахтаршиносон
Аз он пурбим буданду харосон.
Фарохимурва назди хеш хонданд,
Ба гардан куштани духтар бимонданд.
«Бибар, гуфтанд,-духтарро аз ин чой,
Ба дури, з-у чахонро пок бинмой.
Гумон набвад, ки аз Дугду ба фардо
Шавад патёрае дар шахр пайдо,
Ки хар патёраеро чора бояд,
Бикардан пеш аз он, то бар сар ояд.
Бибар уро, ба чое дураш андоз,
Бикуш, ё зинда андар гураш андоз».
Парид аз руйи гулгун он гахаш ранг,
Шуд аз фарчоми кори хеш дилтанг.
Чу борон рехт аз дида басе хун,
Ба оташ сухт аз бедоди гардун.
Ба хона омад он гах бо дили реш,
Бигуфт ин достон бо хамсари хеш.
Чу бишнид он сухан бигрист модар,
Зи бахти шури хешу з-они духтар.
Чу боду тундар андар Фарвадин мег,
Ба-д-он гах, к-одрахшаш зад ба дил тег.
Бибориданд борон он се то руз
Зи дида бо хурушу нолаву суз.
Хамеканданд он се рух ба нохун,
Ки ашку хок гашт омег бо хун.
Табори Зовиши гаштанд анбух,
Хама з-он ногахони дарду андух.
Бирафтанд аз барои додхохи
Ба суи боргохи подшохи.
Бигуфтанд: «Инчунин дастуру фармон
Набуд то нуз дар Эрону Нерон,
Ки аз дасти падар шуд кушта фарзанд,
Гунах нокарда, дилпоку хунарманд».
Радони рушиносу номдорон,
Бидида гарму сарди рузгорон,
Чунин гуфтанд дар посух, ки: «Духтар
Фуруге хамчу мах дорад ба пайкар.
Фуруге, к-афканад у аз тани хеш,
Биорад, бегумон, патёрае пеш.
Ба-д-он дармону дору кора набвад,
Ба чуз куштан-ш дигар чора набвад».

КАРДАИ 11. БУРУН БУРДАНИ ПАДАР ДУГДУРО АЗ РАГА

Фарохимурваи бодонишу хуш
Ба фармони Худо бинхода буд гуш.
Зи бедоди замон бо доду шеван
Гирифту бурд Дугдуро ба куштан.
Яке буд дуст уро, ростпеша,
Ба у хамрозу хамдастон хамеша.
Бигуфташ: «Эй гироми дуст, по шав,
Зи ёрони кухан пандест, бишнав.
Зи фармони чахондори ситамгар,
Ки бими марг бошад, чун каши сар?
Чу аз чашмаш рахо гашти, бизан хок
Ба чашмаш, то чахон сози аз у пок.
Бисозам чора акнун, гуш медор,
Забон барбаста, лаб хомуш медор.
Макуш Дугдуву рав, гушон, ки кушти,
Ба пурсиш гуй посух бо дурушти.
Ба чое бар, к-аз ин чо бас бувад дур,
Чу гавхар нех ба дасти нагз ганчур.
Ба ман дех, ё барам, он чо супорам,
Ба назди хешу пайвандат гузорам»
Фарохимурва аз вай гашт хушнуд,
Бикард он гуна, к-аш он ёр фармуд.
Ба-д-у биспурд духтар в-он гахаш гуфт,
Ки: «Эй чону равонат бо хирад чуфт,
Бибар уро ба Дарча пеши хешон,
Нихон биспораш андар дасти эшон.
Канори руди Дарча чун расиди,
Ба-д-он чо як дихе обод диди.
Дар он дих хаст дехконе накуном,
Ки номи уст Петраспи Спитом.
Биёби хонаи у, чун бичуи
Ба-д-у ин розхо як-як бигуи.
Дуруд аз мо расон бар он накумард,
Ба-д-у духтар супору зуд баргард».
Зи гиря чашми Дугду гашт пурхун,
Ки дур аз бобу момаш у кунад чун.
...Бар аспе духтаракро барнишонданд,
Бар он баргу навохо барниходанд,
Бибурд он мард Дугдуро ба-д-он марч,
Супоридаш ба он дехкони боарч.
Ки буд аз дудаи поки Спитом,
Хумоюн Петраспаш буд варо ном.
КАРДАИ 12. АНДАР НУХ ПУШТИ АШУ ЗАРТУШТ ВА ДУДМОНИ СПИТОМОН

Гироми Петраспи номварро
Пусе донанда буд чандин хунарро,
Ки номаш Пурушаспи пурхирад буд,
Дилу чон покаш аз хар гуна бад буд.
Чавоне буд гурду говпайкар,
Хирадманду сухандону хунарвар.
Ки Зартушти паямбарро падар буд,
Чу то сардуда нух пушти дигар буд.
Бувад огози дуда аз Спитом,
Ба Зартушт аст бо дах пушт анчом.
Спитомони боарчу гироми
Ба Эрон дудмоне буд номи,
Расид он дударо сар то Манучехр,
Хама буд баста бар он хонадон мехр.
Дарахти бас баланде сар ба Хуршед,
Ки бехаш Офаредун буду Чамшед.
Спитамро писар буд номи-ш Хардар,
Гаве буд пахлавону пилпайкар.
Зи Хардар зода шуд пуре хушандом,
Ба у Хардаршнар бигзошт у ном,
Ки доно Хорднаршам ном-ш бинвишт,
Мар он душвор гуйишро фурухишт.
В-аз он, к-у буд зи фарзандон-ш бартар,
Падар бигмошташ з-он руй зутар,
Бизод аз Хордаршам як писар гурд,
Ки карди кухи хоро мушти у хурд.
Гироми Потраспи ял будаш ном,
Панохаш буд Моху Тиру Бахром.
В-аз он пас буд фарзона Чахишнуш,
Ки рую мую хуяш буд хама хуш.
Зи пушти Потраспи ял яке пур
Зи фарзандон хамон буд бехтару зур.
Гироми Хайчатаспи пури Чахишнуш
Ба дину доду фару донишу хуш,
Чахорум пушти Зартушти Спитом
Буд он донои бододи накуном.
Севум пушт Урватаспи Хайчатаспон,
Савори бодпо, пурзур аспон,
Ки акнун номи у Лухросп хонанд,
Ниёи саввуми вахшур донанд.
В-аз у омад яке фарзона фарзанд,
Ба фару зебу бододу хирадманд,
Ки фаррух Пайтраспаш карда буд ном
Падар, чун у ба гети зод аз мом.
Зи чуфти Пайтраспи оташафруз,
Хамон фархунда пири донишомуз-
Писар буд Пурушаспи номбардор,
Ажиру росткору ростгуфтор.
Хамин нух пушти Зартушти Спитом-
Бувад, к-аз хар кадоме гуфта шуд ном.
Ба боло аз Спитоми накучехр
Ба панчум пушт ояд то Манучехр.
Ба хаштум Эрачу хафтум Фаредун
Расад пушти Спитоми хумоюн,
Дихе буд дар канори Дарча обод,
Ба-д-он чо зистанд эшон хаме шод.
Ки бунлодаш нихода буд Манучехр,
Навода з-Эрачи тобанда чун Мехр.

КАРДАИ 13. БА ДУГДУ МЕХР БАСТАНИ ПУРУШАСП-ПИСАРИ ПАЙТИРАСП

Ба назди Пайтраспи бихраду род
Фарохимурва чун духтар фиристод,
Гироми Пайтрасп уро бипазруфт,
В-аз ин дар бо зану бо духтарон гуфт.
Чудо аз бобу моми хеш Дугду
Ба-д-ин сон монд андар хонаи у.
Лабаш нашкуфт з-андухи чудои,
Ба кас накшуд чашми ошнои.
Дил аз он сарнавишташ буд пурдард,
Ба дури аз таборон шуд рухаш зард.
Яке з-он Пайтраспи номбардор
Писар буд покдину ростгуфтор.
Ки будаш Пурушаспи пурхирад ном,
Аз он, к-у дошт бисёр аспи хушгом.
Миёни хохарон медид хар гох
Яке бегона духтар, чехра чун мох.
Гахе дар чашм ашку гох хандон,
Ба хона чанд гохе буд мехмон.
Ба модар гуфт: «Кист ону кучоист:
Ки равшан руяш аз фарри худоист.
Набуд ин гуна духтар андар ин дех,
Ба нозу шарму орун аз хама бех».
Бигуфт: «Ар гуямат аз гавхари уй,
В-аз он ч-овардаш ахтар бар сари уй,
Масози ошкоро бар кас он роз,
Бад ояд бар сари он гулбуни ноз.
Ба модар баст паймон сахт фарзанд,
Ба Хуршеду ба Мах то хурд савганд.
Дили модар чу з-у пур гашт, он гох
Зи пинхон рози Дугду кардаш огох.
Саросар сарнавишти он ба ин гуфт,
Чавонро з-он шигифти дил барошуфт.
Нихони мехри у дар дил бипарвард,
Сари озодаш андар банди у кард.
Зи ёрон рози дил бинхуфта медошт,
Сухан з-он мохру ногуфта медошт.

КАРДАИ 14. ОМАДАНИ ПАДАРУ МОДАРИ ДУГДУ БА ДИДАНИ У ВА БА ПУРУШАСП ДОДАНИ ДУХТАР БА ЗАНИ

Ба-д-ин сон рузу моху сол бигзашт,
Басо Хуршед гирди ин чахон гашт.
Фарохимурва бо он хамсари хеш
Зи бас гаштанд пазмон духтари хеш.
Нихони омаданд аз Рай ба дидан,
Набошад то аз он огох душман.
Гироми Пайтирасп он дустонро
Пазиро гашту хуш бинвохт шонро.
Чу Дугду бобу моми хешро дид,
Зи дида ашк чун борон биборид.
Ба даст аз гардани он харду овехт,
Ба хоки пойи онон гавхар омехт.
Сипас дар гирди хони мехмони
Нишастанд он хама бо мехрубони.
Зи дарду ранчи дури харчи диданд,
Басе бо хам бигуфтанду шуниданд.
Сипосу арчи бемар бахри Яздон
Хамегуфтанду мебуданд шодон,
Ки бо фармону аз мехри Худованд
Хучиста руйи хамдигар бидиданд,
Ба он чо Пайтираспи роду дилсуз
Бипурсид аз Фарохимурва он руз,
Ки: «Дорам як сухан, эй марди бохуш,
Магар хуш оядат, гар бидихиям гуш.
Хамон Дугду, ки бар мах монадаш руй,
Ба деру зуд додан боядаш шуй.
Писар морост, номаш Пурушасп аст,
Ба зури пилу дар чусти чу асп аст.
Яке фархехта-сту пурхунар мард,
Бидида базму разму чангу овард.
Ба назди ту нишастаст он диловар,
Ту худ бин, ар маро н-ояд-т бовар.
Ба у бидхем Дугдуро, агар ту
Шави хамдостону модари у.
Чу натвони ту духтар пас бибурдан,
Набошад судат аз андух хурдан.
Ба дарду ранчи Дугду аз чудои
Чуз ин набвад дигар рохи рахои.
Кунемаш чуфт, то шояд бувад шод,
Вагарна бидхадаш андух барбод».
Фарохимурва ин бишниду ором
Ба-д-у гуфто: «Чунин бод, эй накуном!»
Сипас оростанд он шаб яке сур,
Ба домоду паюги чун маху хур.
Дувонро назди оташ барнишонданд,
Ба ойини кухан афсун бихонданд.
Биомад пеш он гах зутари пир,
Ба хам доман бибасту гуфт: «Зи дер!»
На шаб буд он, ки равшан буд аз руз,
Ки хуршеде буду мохе дилафруз.
Ба-д-ин сон он бихишти навнихолон,
Ба гулбоги расои бехамолон,-
Ба хам гаштанд чуфту хурраму шод
Накарданд андуху ранчи замон ёд.
В-аз он пас Пурушаспи покгавхар
Ба Дугду-навпаюги хурпайкар,-
Ба Дарча зиндагишон буд бо хам,
Гахе пурханда лаб, гах чашм пурнам.
Ашу Зартушт дар ин дех ба он ду
Ба гети аставанд омад зи мену.
Дунбола дорад....

No comments: