Исфандиёри Одина, рӯзноманигори озод
Шояд бисёре аз Шумо мусобиқоти куштии каҷи амрикоиро тамошо карда, мумкин аст, аз шеваҳои зӯрозмоии паҳлавонони ғӯлпайкар дар он лаззат бурда бошед. Ман ҳам ба ин мусобиқот, ки таркибе аз саргармию варзиш аст, алоқа дорам. Бавижа ҳангоме, ки баъзе аз мавориди пирӯзии адолат бар зулмро дар он мебинам, аз фароянди расидан ба ин пирӯзӣ ҳаяҷонзада мешавам. Аз вижагиҳои умдаи ин мусобиқот он аст, ки паҳлавоне рӯи саҳна меравад ва бо гуфтани суханоне таҳрикомез ҳамтоёнашро ба набард мехонад.
Ин суханон бештар иборат аз худситоӣ ва лофҳои газоф аст ва гоҳе албатта бо воқеият ҳамхонӣ дорад. Яъне ин паҳлавон аз пирӯзиҳои пешин ва тавоноиҳои билқувваи худ мегӯяд ва иддао мекунад, ки касе дар ҷаҳон ҳампояи ӯ нест, рақибонаш фурумоя ва пеши қудрат ва маҳоратҳои размии ӯ забун ҳастанд. Гоҳ мухотаби ӯ мушаххасан як паҳлавони дигар аст, ки пушти саҳна мунтазир аст ва бо шунидани алфози кинояомезу ришхандомез нисбат ба худ барошуфта мешавад ва чун бабри баён ба саҳна метозад.
Ба ин навъ лаффозӣ ва каломи таҳрикомез дар забон ва адаби мо “раҷазхонӣ” мегӯянд. Раҷаз вомвожае тозӣ (арабӣ) дар забони порсӣ аст ва дар луғатномаи Деҳхудо ба маънои ашъоре омадааст, ки “дар маърака (ҷанг ё корзор) дар мақоми муфохарат ва шарофати худ мехонанд.”
Албатта, яке аз баҳрҳои шеър дар илми арӯз ҳам чунин ном дорад ва гоҳ ба ёвасароӣ ҳам “раҷаз хондан” гӯянд, ки инҷо маънои манфӣ дорад, ба тафовут аз раҷазхонии майдони ҷанг, ки қарор аст ба ҳамсангарон рӯҳия бидиҳад ва душманро навмед созад. Намунаҳои бисёре аз раҷазхонии паҳлавононро метавон дар “Шоҳнома” пайдо кард, ки боризтарини онҳо ҷидоли лафзӣ байни Рустам ва Исфандиёр аст.
Раҷаз дар “Шоҳнома”
Исфандиёр ба табори шоҳии худ ифтихор мекунад ва аслу насаби худро то Фаридун бармешумарад ва Рустамро фурумоятар аз худ медонад ва мегӯяд, падарони ту дар хидмати падарони ман буданд:
“Ту онӣ, ки пеши ниёкони ман,
Бузургони бедору покони ман,
Парастанда будӣ ҳаме бо ниё,
Наҷӯям ҳаме з-ин сухан кимиё.
Бузургӣ зи шоҳони ман ёфтӣ,
Чу дар бандагӣ тез биштофтӣ.”
Дар посух, Рустам аз корномаҳои ҷангияш ва ин ки чигуна солҳо аз марзу буми Эрон дифоъ карда ва Кайқубодро аз Мозандарон оварда ва бар тахт нишонда ва Ковусро аз банди девон раҳо сохта ва ғайра сухан мегӯяд ва меафзояд:
“Чӣ нозӣ бад-ин тоҷи гуштоспӣ?
Бад-ин тоза ойини луҳроспӣ?
Ки гӯяд бирав дасти Рустам бибанд,
Набандад маро даст чархи буланд.
Ки гар чарх гӯяд маро к-ин ниюш,
Ба гурзи гаронаш бимолам ду гӯш.
Ман аз кӯдакӣ то шудастам куҳан,
Бад-ин гуна аз кас набурдам сухан,
Маро хорӣ аз пӯзишу хоҳиш аст,
В-аз ин нарм гуфтан маро коҳиш аст."
Нуктаи муҳим ин аст, ки раҷаз хондан фақат хоси паҳлавонон ва майдони ҷанг нест, балки дар арса ё майдони сиёсат низ, чи дар рақобатҳои дохилӣ ва чи дар равобити хориҷӣ дар тӯли таърих будааст. Шояд бисёре аз мо ривоятҳоеро дар бораи фармонравоён ё лашкаркашони бузург ё шахсиятҳои таърихии матраҳ шунидаем, ки дар фалон мавқеияти ҳассоси таърихӣ хитоб ба рақиб ё ҳарифи худ сухане гуфтаанд ва ин суханҳо зарбулмасал шудааст.
“Ҷанги расонаӣ”
Имрӯз бо таваҷҷуҳ ба тавсеаи расона ва фанноварии иртиботот ва шеваҳои паёмрасонии нав бархе ба ончи раҷазхонӣ номида мешавад, ё лаффозиҳое шабеҳи он “ҷанги иттилоотӣ” ё “ҷанги расонаӣ” мегӯянд.
Чун имрӯз аз тариқи расона аст, ки гурӯҳҳо ё аҳзоби сиёсии рақиб дар дохили як кишвар ё давлатҳои мутахосим дар арсаи байналмилалӣ ба ҳам раҷаз мегӯянд ё барои ҳам урҷуза мехонанд. Намунае аз раҷазхонии имрӯзро дар ҷидоли лафзию расонаӣ байни мақомоти тоҷику қирғиз ба дунболи даргириҳои ахири марзӣ метавон дид.
Ҳар кадоме аз ин тарафҳо ба қадри тавони худ ё дар ҳадде, ки маслиҳат медонанд, бо истифода аз абзорҳои расонаӣ ба раҷазхонӣ пардохтаанд ва дар бораи ҳамдигар иттиҳомзанӣ ва гоҳ газофапароканӣ мекунанд. Иттилоърасонии сареъ ва бамавқеъ дар бораи рӯйдодҳои марзиро низ метавон бахше аз ин раҷазхонӣ номид, албатта, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин иттилоърасонӣ дар бештари маворид бо фарофикании “гуноҳ” ба дӯши ҳамдигар сурат мегирад.
Бисёре бар ин назаранд, ки қирғизҳо дар амри иттилоърасонӣ ва низ газофапароканӣ ё нашри иттилоъоти ғайрисаҳеҳ ва гоҳ гумроҳкунанда дар бораи даргириҳои марзӣ дасти дарозтаре аз мақомоти тоҷик доштаанд. Бавижа сукути раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф ва баёнияҳои матбуотии мукаррари раисҷумҳури Қирғизистон аз тарафи муқобил низ ҳамон таъсиреро дорад, ки раҷазхонии майдони ҷанг дорад. Бино бар ин, раҷазхонӣ бо таваҷҷуҳ ба таъсире, ки дар мухотабон мегузорад, муҳим аст.
Мухотаб чӣ мехоҳад?
Раҷазхонӣ се даста аз мухотабонро ҳадаф қарор медиҳад: душман, мухотабони дохилӣ ва касоне, ки дар канор истода ё ба тамошо нишастаанд. Расондани паём ба душман мумкин аст ӯро ба андеша водорад, таҳрик кунад, ба чолиш кашад, аз иқдоми баъдӣ боздорад ё дучори тарсу таҳлука созад, албатта, бастагӣ дорад ба ин ки муҳтавои паём чист.
Мухотаби дохилӣ мумкин аст рафтори ҳукумати худро таҳсин кунад, аз ӯ ҳимоят кунад ё ба корзор пайвандад, ё баръакс рафтори ҳукумати худашро напазирад, аз он интиқод кунад, безорӣ ҷӯяд, ё барои ҷилавгирӣ аз иқдом ё иқдомоте вориди амал шавад.
Мухотабе, ки дар канор истода ва назорагар аст, сирфан мехоҳад бидонад, ки кадоме аз тарафҳои ҷанг ё рақобат нақши худро беҳтар иҷро мекунад ё чи паёме дар бисот дорад, ки ӯро ба самти худ ҷалб созад ё лоақал қазоват кунад, ки кадоме аз тарафҳо ҳақбаҷониб аст, ки мешавад ҳаводори он буд ё ин ки мехоҳад бибинад, ки ин рақобат дар ниҳоят ба чӣ меанҷомад. Дуруст мисли ҳаводорони футбол ё варзишҳои дигар.
Барои ин ки раҷазхонии як тараф таъсиргузортар аз паёми тарафи муқобил бошад ва заминаи пирӯзиро фароҳам кунад, бояд ба ду нукта таваҷҷуҳ дошт: яке абзори паёмрасонӣ аст ва дигар муҳтавои паём.
Абзори паёмрасонӣ ҳамон расона аст, ки истифода аз анвои мухталифи он, масалан тасвирию шунидорӣ, матну аксу видео ва ғайра метавонад дар афкори умумӣ таъсир гузорад. Ба лиҳози каммӣ, миқёс ё густараи пахши як расона, теъдоди мухотабонаш, такрор ё басомади пахши паём муҳим аст, чун ҳарчи доманаи он фарохтар бошад, паём ба шумори бештаре аз мухотабон мерасад.
Бингар, ки чӣ мегӯяд...
Ба лиҳози кайфӣ, шарти аслии таъсиргузории расона мизони эътимоди мухотабон ба он аст. Ҳарчи расона мустақилтар ё озодтар бошад, сатҳи эътимоди мухотабон ба он болотар аст. Яъне ба ҳарфаш маҳал мегузоранд, бино бар ин муҳим аст, ки бидонем сухан аз даҳони чи касе берун меояд, яъне “бингар, ки кӣ мегӯяд.” Табиист, ки мардум ба шахсият ё ниҳоде, ки эътибори камтаре дорад, камтар эътимод доранд. Абӯшакури Балхӣ, шоири куҳани мо, дар ин бора мегӯяд:
“Сухан гарчи бояд гаронмоятар,
Фурумоя гардад зи каммоятар,
Сухан к-аз даҳони бузургон равад,
Чу неку бувад, достонӣ шавад,
Нигини бадахшӣ бар ангуштарӣ,
Зи камтар ба камтар харад муштарӣ.”
Нуктаи дувум муҳтавои паём аст. Яъне ин ки аз даҳони шумо чи сухане берун меояд ва ин сухан дар мухотабон чи таъсире метавонад дошта бошад. Дар ин маврид мебинем, ки “бингар, ки чӣ мегӯяд” муҳимтар аст. Абушакур дар идомаи ҳамон шеър дар бораи таъсири сухан мегӯяд:
“Сухан бифганад минбару дорро,
Зи сурох берун кашад морро,
Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармону дард.”
Фасоҳат ва балоғат
Ҳоло барои ин ки сухан ё паёми шумо таъсиргузортар бошад, чи бояд кард? Ба ин суол илми маонӣ ва баён (rhetoric) метавонад посух бидиҳад. Яъне маҳорат ва ҳунари суханварӣ бо истифода аз шеваҳо ва равишҳое, ки илми баён метавонад ба мо ёд бидиҳад. Дар баъзе кишварҳо ва ҷавомеъ риҷоли сиёсӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва ҳуқуқи башар, касоне, ки мудирияти ширкатҳои хусусӣ ва ё ниҳодҳои давлатиро ба дӯш мегиранд, пеш аз гирифтани зимоми умур ба даст давраҳои омӯзиши маҳорати суханвариро пушти сар мекунанд.
Ин равишҳо ва шеваҳои илми баён, ки дар адабиёт фасоҳат ва балоғат ҳам хонда мешаванд, ағлаб иборат аз корбурди орояҳои адабӣ ё саноеи шеърӣ аст, ки манобеи фаровоне дар адаби порсӣ дар ин боб вуҷуд дорад.
Суханшиноси маъруф Турақул Зеҳнӣ китобе дорад ба номи “Санъати сухан”, ки бештар ба ин мавзӯъ мепардозад, вале мутаассифона дар Тоҷикистон риҷоли сиёсӣ камтар ба адабиёт алоқа доранд, ин аст, ки мебинем, ки алкан ё безабонанд. Албатта, аз ин орояҳо бояд дар ҳадди эътидол кор гирифт, чун агар сухан бас фохир ва саршор аз саноеи шеърӣ бошад, ки мисли сабки ҳиндии шеъри порсӣ, мухотаб онро натавонад дарёбад, шояд камтар ба дарде бихӯрад.
Дар маҷмуъ сухани сода, равону шево, муназзам ва мавзун, дорои андаке саҷъу қофия, бавижа истифода аз санъати такрор (ва гоҳ тазод), метавонад бар таъсири ҳар сухан ё паёме бияфзояд. Албатта, асли матлаб ва паём муҳимтар аз инҳост, чун мухотаб мехоҳад бидонад, ки шумо чи сухане мегӯед. Оё суханатон моя дорад ё бемоя аст, рост аст ё дурӯғ, самимӣ аст ё риёкорона, ба ончи мегӯед, оё худатон ҳам эътимод ва ё итминоне доред ё хайр. Бо сухани дурӯғ вале ороста ба перояҳои адабӣ гоҳ мумкин аст гӯянда ба ҳадаф бирасад, вале ин комгорӣ муваққат аст ва мондагор нахоҳад буд.
Манбаъ: Родию Озодӣ
No comments:
Post a Comment