Tuesday, August 19, 2008

Зартуштномаи Атоуллохи Мучебулох


Атоуллохи Мучебуллох

Зартуштнома

(Дунболаи Бахши шашум)

БАХШИ 7

ФАРГАРДИ 1. ГУСТАРИШ ДОДАНИ КАЙ ВИШТОСП ОЙИНИ БИХИРО ДАР ЭРОН ВА НАБАРДИ У БО ДУШМАНОНИ РОСТИ

КАРДАИ 1. ОТАШГОХХО СОХТАН ВА НАМОЗ БАР ПОЙ ДОШТАНИ ШОХ ДАР КИШВАР

Паямбар буд чун бо шох дамсоз,
Зи хар дар хамдилу хамрозу хамбоз,
Ба хар су ёру шогирдон-ш чандин
Фиристод аз пайи густардани дин.
Ба Эрон аз чавону пир хар чо
Бипазруфтанд як-як дини Маздо.
Зи гирду гуша чун дар Балхи хуррам
Басо маздопараст омад фарохам,
Хаме афзуд дар он шахри пируз
Шумори маздаяснон руз то руз.
Кучо дар Балх доно мубаде буд,
Ахурокешу роду бихраде буд,
Буд андар хонаи худ оташафруз,
Фурузон дошт оташро шаборуз.
Ба назди оташи поки фурузон
Ниёиш кард бар Додори кайхон.
Фузуни хост з-уву шодмони,
Шукуфоиву хуррам зиндагони.
Хамора пок оташро хаме дошт,
Чароги доду дин хомуш нагзошт.
Бихи варзиду шахр обод мекард,
Дихиш медоду дину дод густард.
Чунон, к-омухт Зартушти Спитом,
Гузориди намози панч хангом.
Нахустин – Ховани, в-он гах Рапитвин,
Се дигар ном фархунда Узерин.
Дигар-Айвисрутрим-шомгохон,
Ба панчум-Ушахин дар бомгохон.
Хар он, к-у зинда оташро нигахдор,
Ба хона рузу шаб будаш парастор,
Хаме бурданд отурвон варо ном,
Ки меафрухт оташ руз то шом...
Паямбар гуфт: «Эй боофарин шох,
Забону дасти душман аз ту кутох!
Шав, акнун анчуман кун бихрадонро,
Зи хар су гирд овар мубадонро.
Ба-д-онон гуй, к-оташгоххо чанд
Ба хар кую гузар бунёд бинханд.
Куниште вижа бахри оташи пок
Ба по созанд дар хар шахру русток.
Шабу руз оташ он чо зинда доранд,
Ба карниш руй суи Гаргар оранд.
Бузургу хурд то он чо шабу руз
Шаванд аз зут дину донишомуз».
Чунин фармуд Фаррухзод Виштосп
Ба пири бихради фарзона Чомосп,
Ки: «Эй пири хирад, пурмагз дастур,
Миён барбанд дар фармони вахшур.
Ба Эрон хар кучо оташгахе соз,
Ба гардун Кохи оташро сар афроз.
Куниште соз дар хар гушаву куй,
Дупоён то баранд аз неку бад буй.
Кучо озодаеву михтаре буд,
Хунарвар мубаде донишваре буд,
Зи хар су гирд овард он радонро,
Мугону мубадону хирбадонро,
Нишастанду бигуфтанду шуниданд,
Сухан чун дар тарозу баркашиданд.
Аз он пас дар баландихои хушбод
Парастишгоххо карданд бунёд.
Бихону порсоёни бихишти
Ба хар дих сохтанд он гах куниште.
Дар он афрухтанд оташ дар ованд,
Ба оташ-зухр аз бахри Худованд.
Гузин карданд хар чо зутареро,
Гарону михтару донишвареро.
Ки бошанд андар он чо донишомуз,
Киху михро зи доду дин шабу руз.
Ба гохонбору андар панч гохон,
Ба чашнону ба базми подшохон.
Ба перомуни оташ гирд гаштанд,
Ба карниш пок Яздонро бияштанд.
Намозу чашнхои хеш он чой
Мугон карданд дар гохон-ш бар пой.
Фуруги Озари Мехри Ахуро
Фиканд оташ худинонро ба дилхо,
Шуд оташгох кирдори дабистон
Дар он хангом сар то сар ба Эрон.
Дар он омузгору чанд шогирд
Ба перомуни оташ омади гирд,
Яке устоду чандин донишомуз,
Дар оташгох буди оташафруз.
Киху мих назди оташ омаданди,
Зи мубад доду дин омухтанди,
Фурузон доштанди озари пок
Ба ёди офаранда Гаргари пок.
Чароги дину дониш шуд фурузон,
Мугонро андар он гах дар дилу чон.
Хирад буд дар дилу чон он мугонро,
Чу оташ рушнои магзу чонро.
Хирад чун одурон пок асту испед,
Чахонорою чонпарвар чу Хуршед.
Ба-д-ин рах тухми дини маздояснон
Бишуд пошида дар Эрону Нерон.

КАРДАИ 2. БА ЧАНГ ОГОЛИШ КАРДАНИ АХРИМАН ДУШМАНОНИ ДИНИ ЗАРТУШТРО

Чу бихдин гашт андар шахр бисёр,
Ба душман хуш наомад ончунон кор.
Зи марги хеш тарсону гиревон
Зи хар су сар бароварданд девон.
Басо торочкору дузду рохзан,
Басо нодону куру карру кавдан,
Баду бадкешу бадроху ситамгар,
Зи паркон кур чашму гушхо кар,
Ба разми шоху дини нав сипохон
Биоварданд гирд аз русиёхон.
Хама вайронгару чун дев бадкор,
Хама бедодгар чун гург хунхор.
Чу марги хешро наздик диданд,
Зи фармони паямбар сар кашиданд.
Ба хар чо бадсиголони ситамгар
Бароварданд аз хар як даре сар.
Бикарданд анчуман нобихрадонро,
Бадони кажниходи бадгумонро.
Дупоёни палишту чун харастар
Бисечиданд дар чанги паямбар.
Хама он пажвиёнро бо раху ранг
Гучастак Ахриман ангехт дар чанг.
Ба куштан дасту бар торочу озор
Заданд он бадсиголони сияхкор.
Нихону ошкоро бадгузинон
Бади карданд яксар бо худинон.
Чахон карданд бар Зартуштиён танг,
Зи рохи куштану торочу аз чанг.
Ба тунди дуди чанг аз кучаву дар
Чу деви хирасар мезад хаме сар.
Зи хуни куштагон дар арсани чанг
Замин шуд лолафому хок гулранг.
Зи чангу дуд дар сар то сари Балх
Чахон торик гашту зиндаги талх.
Зи дуди охи сарди кудаки зор
Чахонро рух сиях шуд чун шаби тор.
Дупоён дар фигону доду фарёд
Зи озору шиканчу зуру бедод.
Чигархо реш-решу дида хунбор
Фитода дилфигору хаставу зор.
Хама безор з-он сон зиндагони,
Аз он бад рузгору нотавони.
Киху мих аз ситамгар гашта дилреш,
Хама озурда аз кирдори бадкеш...
Зи бедоду ситам дилхо хама хун,
Фигону шеван аз андоза берун.
Зи торочи дуручон шахр вайрон,
Зи дузду рохзан гирёну нолон...

КАРДАИ 3. ГИРД КАРДАНИ ЗАРИВАР СИПОХОНРО БО ФАРМОНИ КАЙ ВИШТОСП ВА НАБАРД БО БЕДОДГАРОН

Чу бедоду ситам з-андоза бигзашт,
Худинонро дил аз озор хун гашт,
Шаханшах дод фармон бар Заривар,
Ки созад веза аз бедод кишвар.
Бадонро боздорад аз ситам даст,
Сари бедод кубад, хар кучо хаст.
Сипохон гирд кард он гах Заривар,
Ба баргу зину гурдони диловар.
Ба Кай Виштосп гуфт: «Эй додгар шох,
Сипоранда ба доду рости рох,
Дарозу дер пою човидон зи,
Ба номи неку шоду комрон зи!
Ба фармони ту бифристам сипохон
Ба шахру дих ба чанги русиёхон.
Занам аз душмани бадхох гардан,
Чудо созам ситамгарро сар аз тан.
Дихам подафрахи морони Заххок,
Миханро созам аз бедодгар пок.
Бисузам урвари ахриманиро,
Гиёхи чангу бехи душманиро...»
Паямбар гуфт он гах: «Эй сипахдор,
Хамеша дар рахи неки ба пайкор,-
Хирадро рохбар дон, эй накуном,
Зи доду рости берун маних гом.
Гули осудаги парвардан омуз,
Ба хори чангу кин оташ зану суз...»
Шаханшах чанд касро аз сипохон
Гузин кард аз миёни некхохон.
Ба хар як чанд чангиро супорид,
Ба хар чое гурухеро гуморид.
Ба ойини кайи пас шохи бодод
Ба хар як кую барзаншон фиристод.
Ба зину барг бар аспони хушгом
Равоншон сохт хар су он накуном,
Ки сар кубанд деви душманрио,
Саворони рахи ахреманиро.
Худинон то ки андар Балхи Боми
Зиянд андар хушиву шодкоми.
Сипах бошад зи доду дин нигахбон
Бидорад дасти бедоди дуручон.
Бихон осудаву хушдил хама руз
Буванд озодвору шоду пируз.
Чу рафтанд он дилерон зуд дар чой
Ба дину дод истоданд бар пой.
Ба хар кую дар андахси худинон
Хаме буданду аз некон нигахбон.
Ба Балх осоишу ороми з-ин рох
Биовард он гах он фархундапай шох.
Мугон он гох дар хар кую барзан
Бикарданд озари Зартушт равшан.
Бигуфтанд: «Ин фуруги руйи Маздост,
Чароги донишу фархангу чистост.
Касеро, к-аз хирад дар дил фуруг аст,
Рахо аз панчаи деви дуруг аст,
Хар он к-у аз хирад оташ ба дил сухт,
Чахонро рох з-он оташ барафрухт».
Бихони оташафрузи накукор
Ба доду рости карданд пайкор.
Бикушиданду кори нек карданд,
Хунар чустанду фарзон кор бурданд.
Ба дашту куху шахру рустохо
Буну боруву диж карданд барпо.
Зи Доду Обахи то Марву Хилманд
Кашиданд обу пурду рах кушоданд.
Агар бардошт сар душман ба ошуб,
Сипохи шох дардам кард-ш саркуб.
Зи марзи Балх деви Хашму Кин тафт
Ба бими чону навмеди бурун рафт.
Худинон шахру дих обод карданд,
Зи Эрон рафт чангу кину офанд.
Шукуфон гашт Балх он рузу обод,
Чу гашт аз чанги деви душт озод...

ФАРГАРДИ 2. ЧАНГИ ЭРОН БО ШОХИ ХАЮНОН АРЧОСП

КАРДАИ 1. ГУСТАРИШ ЁФТАНИ ДИНИ МАЗДОЯСНИ ВА БА ТАРСУ БИМ АФТОДАНИ АРЧОСП

Бихон дар Балх чун пируз гаштанд,
Ба мардум доду диномуз гаштанд,
Ба Эрон пахн шуд дини ашуи,
Гузину рост ойини накуи.
Ба шахру дих паёпай пиру барно
Пазируфтанд кеши ростиро.
Шумори маздояснон руз то руз
Хаме афзуд дар Балхи дилафруз.
Дамид аз боми шахри бахтиёри
Фуруги офтоби растагори.
Яке Хуршед сар барзад зи Эрон
Чахонро кард сар то сар фурузон.
В-аз Эрон суи Нерон гарм биштофт,
Замину осмон аз мехр бартофт.
Ба биниш рох кушод андар дилу чон
Фуруги руйи хафт амшоспандон.
Анеронро хам андар дил фуру рехт,
Ба чоншон равшани он шед ишпехт.
Яке деве биомад пеши Арчосп,
Бигуфт аз пешрафти кори Виштосп.
Ки: «Эй туронхидеви аждахофаш,
Савори размчуйи неву саркаш,
Чахонро дини нав бигрифту хоби,
Ба кардан чорае то бу шитоби.
Агар пешаш нагири, эй шаханшох,
Дихи барбод тахту афсару гох.
Чахон дар дини Зартушт андар ояд,
Харойин, рузгори мо сар ояд».
Ба дил уфтод шох Арчоспро бим
Зи бахти вожгуну тахту дайхим.
Ба наздаш хонд ёру вижагонро,
Зи гарму сарди гети дидагонро.
Фусункорони зуру номварро,
Шаманхои ради ахтаршумарро.
Ба-д-онон гуфт: «Хон, гардед бедор,
Ки омад душмане моро падидор.
Ба Эрон дини нав, к-овард он пир,
Ба зуди гардад он, тарсам, чахонгир.
Чу дар дил тудагонро рох ёбанд,
Хама з-ойини пешин руй тобанд.
Бигардад вожгун тахти хаюн-шох,
Напояд дер бар мо афсару гох.
В-аз он пас дар хама Эрон Нерон
Шавад густурда дини маздаяснон...»
Ба-д-у гуфтанд: «Эй боофарин шох,
Аз он афсонахо хастем огох.
Туро, эй шох, набвад чора чуз он,
Фиристи нома суи шохи Эрон.
Ки гардад боз дар ойини Чамшед,
Парастад Мехру зухр орад ба Хуршед.
Ба-д-ин чо гар расад ойини Зартушт,
Чавону пир бар мо дарнихад пушт.
Пас он чо марг бар мо ошкор аст,
Равад ганчу кулоху тахт аз даст.
Нахустат номае бо ному махруз
Фиристодан ба Эрон бояд имруз».

КАРДАИ 2. ФИРИСТОДАНИ АРЧОСП НОМА БА ШОХИ ЭРОН

Чу оварданд шахро баргу хома,
Ба номи дев кард огози нома.
Зи девон бо сипоси аз шумар беш
Бикард у ёд андар номаи хеш.
Сипас бинвишт, к-: Ин аз шох Арчосп
Шунав, эй шохи аз дин гашта Виштосп.
Ба гуфти марди чодуи сухангуй
Зи ойини ниёгон тофти руй.
Кунун-т, эй шохи бемагзу сабуксор,
Кашидан боядат аз пой бар дор.
Хар он к-у тофт руй аз дини Чамшед,
Нашояд дид уро руйи Хуршед.
Ба он пири суханпардоз маграв,
Базах карди, бигард эдар питат шав!
Сари он пири чоду мол бар гард,
Ба дини Офаридун боз баргард.
Пазир ин панд аз мо, гар пазири,
Вагарна нест аз чангам гузире...»
Ду танро аз миёни дарпарастон
Чудо карданд шоху сарпарастон.
Ду чодуи забончарбу фусунгар,
Дахангарму хушивору диловар.
Яке буд Номхохи номвар ном,
Ки карди деви нарро бо сухан ром.
Дигар буд Бедирафши вожапардоз,
Кушода з-осмону ахтарон роз.
Хаюнон он дувонро нома бар даст
Бидоданду фиристондашон маст.
Ду аспи бодпойи тундрафтор
Гирифтанд он ду чодуи сияхкор,
Ба назди подшохи Балх ожир
Шуданд он чодувони зуфт чун тир.
Шаханшах номаи Арчосп букшод,
Ба хондан нома мар Чомоспро дод.
Ба Кай он номаро Чомосп чун хонд,
Шах аз андеша андар вай фуру монд.

КАРДАИ 3. ОВАРДАНИ КАЙ ВИШТОСП ДОНОЁН ВА ВЕЖАГОНРО ВА РОЙ ЗАДАН

Кай он гах вежагонро анчуман кард,
Аз он бад номаи душман сухан кард.
Радону пешвоёни хирадманд
Сухан з-он нома гуфтанду шуниданд.
Паямбар гуфт: «Бо дастури бих дин
Нашояд божу соват дод бар Чин.
Ба душман бандаги кардан гунох аст,
Бидодан сов бар Нерон на рох аст.
Нашояд бож бидхад эр бар нер,
Нагирад сов харгиз рубах аз Шер.
Худинонро ба чуддин вом набвад,
Бихонро нест фармон бурдан аз бад...»
Пас он Чомосп дастури бихандеш
Бигуфто: «Бегумон чанг аст дар пеш».
Шаханшах гуфт: «Ман сарриштаи чанг
Заривваро супорам, к-уст сарханг.
Зи роху руйи чанг огохтар уст,
Далеру зурманду размгар уст.»
Заривар гуфт: «Шохо, бо дилу чон
Хамеша хастамат ман сар ба фармон.
Ба чанг эрониёнро созам ожер,
Ба пилу аспу гурзу найзаву тир.
Ба Эрон хар ки дасти зур ёзад,
Нажанду зор сар дар гур созад».
Бигуфт: «Аз номи мо боистани кор
Биовар, хар чи бишмори сазовор.
Кунун як нома бар гумрох Арчосп
Навис аз номи шоханшох Виштосп.
Бигуяш посухе, к-аш месазад гуфт,
Шиносад хешро, то душмани зуфт».
Заривар гуфт, баргу хома оранд,
Хаюнро номае дархур нигоранд.
Сипахбад пас зи номи шохи Эрон,
Чунин бинвишт бо дасти дабирон:
«Зи шохи ориён фарзона Виштосп
Ба шохи даштиёни душт Арчосп.
Ба дини ростини зардухушти
Камарро бастаам се рах ба кушти,
Бидону бош огох, эй хаюншох,
Ки харгиз барнахохам гашт з-ин рох.
Ахуро ин фуруги човидони
Маро дар дил фиканд аз мехрубони.
Ба дини маздаясни доди Зартушт
Ба гуфтори ту нанхам, эй хаюн, пушт.
Натарсам аз туву боду дами ту,
Зи чони тираву магзи ками ту.
Ту ганчу гох хохи, дин бахона-ст,
Дилатро орзу тахти каён аст.
Ба дил андеша суди беш дори,
Ба реву ранг дин дар пеш ори.
Хазорон бар туву дини ту нафрин,
Ки поши тухми рашку донаи кин.
Аз ин пас божу сов аз мо нагири,
Ба дил армон зи озу ранч мири.
Мури чун гушна гург олугда аз хашм
Надори божу сов аз мо дигар чашм...»

КАРДАИ 4. БУРДАНИ НОМАИ ВИШТОСП БА АРЧОСП ВА БА ЧАНГ ОМОДА ГАШТАНИ ХАЮНОН

Бирафтанд он ду деву нома бурданд,
Ба дасти подшохи Чин супурданд.
Ба-д-у гуфтанд, к-«Эй шохи хаюнон,
Набошад чора чуз чангат ба Эрон.
Битозу сузу сар овез бар дор,
Аз эшон як танеро зинда магзор.
Бигир он шоху куш он монтронро,
Зи ойину зи дин баргаштагонро.
Ба ханчар магзу хуншон бар замин рез,
Ба хамшон магзу хоку хун биомез.
Нишони дини маздоясниёнро
Зудою з-он тихи кун ин чахонро.
Ки ному ёду дину кеши Зартушт
Ба зуди дар чахон гардад фаромушт...
Набошад чора дигар бар ту чуз он,
К-аз эдар чанг пайванди ба Эрон».
Фиристоданд он гох он дувонро,
Забоновар сухангу чодувонро.
Бирафтанд он ду бар тактез аспон
Аз он чо зуд назди шохи Эрон.
Ба-д-у доданд пайгоми хаюншох,
Ду деви тирачони зишту гумрох,
Ки: «Дорад бо ту шохи мо сари чанг,
Ба чанг о, ном гар мечуиву нанг».
Шаханшах хонд бар Арчосп нафрин,
Фарех гуфташ ба бобу моми пажвин.
Пасон донишваронро назди худ хонд,
Сухан аз чанги шохи Чинашон ронд.
Пагуён номае з-он пас навиштанд,
Суви шохи хаюнон вожае чанд.
Ки: «Бо туркон-хидеви ахриманкеш,
Агар чангест маро сахт дар пеш.
Наметарсему дар чангаш басечем,
Зи фармони Ахуро сар напечем.
Ба пойи шахри Мури зардухушти
Кашида пахн доман хаст даште,
Ба гирдаш куххо пасту ба сар барф,
Равон з-он обхо набванд бас жарф.
Ба шаш су рох бар аспон кушода,
Ба тозиш бар савору бар пиёда.
Дигар су Чангали Испед анбух,
Кашида бар фарози домани кух.
Ту аз он суву мо з-ин су баробар
Сипохонро бисечем аз ду кишвар.
Чу мах нав гашт чанг огоз созем,
Дари дузах ба руят боз созем.
Чу рузе чанд дар он дашти хамвор
Саворон аз ду су созанд пайкор,
Нигар, пас чун биёбад чанг анчом,
Бимири бо сипохи хеш ноком.
Бубин, пас чун пазирад разм поён
Ба пирузйи дини маздаяснон».
Гирифт он нома пас Чомосп дар даст,
Ба хам печиду бо махруз сар баст.
Ба дасти Бедирафшу Номхохаш
Бидоду гуфт: «Бар бар подшохаш...»
Ду чодуи забончарби суханчин,
Лабон пурхандаву дилхо пур аз кин,
Ба Кай хонданд бо нарми басе «панд»
Ба рангу реву гуфтори хушоянд.
Даму афсуну обу ранги гуфтор
Накард андар дили шохи худин кор.
Ба-д-эшон гуфт шохи Балх, к-«Акнун
Равед аз марзи Эрон зуд берун!»
Хамон дам он ду деви зишткирдор
Бурун рафтанд аз назди чахондор.
...Ба шохи хеш гуфтанд он чи дар Балх
Зи сар бигзашташон рузе чунон талх...

КАРДАИ 5. САВГАНДИ ВИШТОСП ВА ПЕШГУЙИИ ЧОМОСП АЗ ЧАНГ БО ХАЮНОН

Ба-д-он гах хурд Кай Виштосп савганд
Ба назди михтарону хешу пайванд:
«Зи рохи рости харгиз нагардам,
В-агар з-ин рох баргардам, на мардам.
Маро, к-аз рости дар дил фуруг аст,
Дилам безор аз деву дуруг аст.
Чаро аз дустон дил барканам ман,
Фуруд орам сар андар пеши душман?
Чаро аз рости бояд кашам даст,
Нихам пеши дуругу зуфт сар паст?
Чаро ман суи нопоки гароям,
Ба гуфти деви чоду андароям?
Зи дини рости харгиз бурун гом
Набигзорам ман, эй пури Спитом!
Маху Хуршеду ахтар бин ба гардун
Зи рохи рости н-оянд берун.
Чахон аз рости истода бар пой,
Ту дар вай рости бини хама чой.
Чу чоме хурдам аз дарёи Чисто,
Равонам ёфт оромиш ба Гушто.
Фуруг андар дил аз хуршеди фарзон,
Ки равшан дидаи чон бошадам з-он,
Худованди Хирад Маздо Ахуро
Падидам гашт з-ин рох ошкоро.
Маро дил рост андар хастии Уст,
Забон дар хастии У пок хастуст.
Ба чашми чон бидидам пок дидор-ш,
Ба гуши дил шунидам рост гуфтор-ш,
Худованди Хирад бишнохтастам-ш,
Ба неруи хирад дил бохтастам-ш.
Ба гуфтори яке гумрохи бадкеш
Нагардам боз харгиз аз рахи хеш.
Ашу Зартушту дини у гузидам,
Ба дини поки Маздо бигравидам.
Ба ному нанг мурдан бих ба Виштосп,
Бих аз ду даст дар бар пеши Арчосп».
Чунин пурсид пас Чомоспро шох,
Ки: «Эй пири хирадёри дилогох,
Ахуро аз хирад чонат барафрухт,
Ба чашми дил нихонат дидан омухт.
Туро равшан шавад дар дил падидор
Хама анчому хар пешомади кор.
Ба мо Арчосп дорад чун сари чанг,
Ба тахту гохи Эрон дорад оханг.
Ба он бадбахти бадкирдори бадкеш
Биояд сахт чанге бадгумон пеш.
Бигу, то чист з-он пас човари мо,
Чи орад чанг фардо бар сари мо?
Дилерон кушта гарданд андар он чанд,
Зи ёру ошнову хешу пайванд?
Чавонон чанд миранд андар он гох,
Сипохи чон супорад чанд з-ин рох?
Чи гуна бошад он гах ахтари мо,
Чи ояд з-осмон, гу, бар сари мо?
Каёнро тахту дайхиму зару точ
Баранд аз мо хаюнон ё ба тороч?
Чи ояд, гуй, з-ин пас бар сари мо,
Бувад чун кори шахру кишвари мо?»
Бигуфт: «Эй шох, бо фармони Додор
Туро хамвора пирузи бувад ёр.
Бувад пирузгар Маздо Ахуро,
Хамеша дорад у дасти ту боло.
Ту, к-аз рохи хирад нанхи бурун гом,
Ба коми дил раси з-ин рах саранчом».
Бигуфт: «Эй марди бофарзону фарханг,
Ки ёби рах ба дониш дар дили санг,
Чаро аз мо сухан пушида дори,
Чи тарси, бар забон бурдан наёри?
Чаро худ равшанам посух нагуфти,
Чи розе буд, к-андар дил нухуфти?»
Бигуфт: «Эй шох, тире з-осмонам
Бизад, гуё, ба магзи устухонам.
Назоди кош дар гети маро мом,
Набуди талхам имруз инчунин ком.
Ба хурди кош маргам дар рабуди,
Ба пири то чунин ранчам набуди.
Маро буд марг бихтар, то ту, эй шох,
Сухан аз ман намепурсиди ин гох.
Зи марги дустон ногуфтанам бих,
Зи душман сузи дил бинхуфтанам бих.
Ту чун фармудиям бар гуфтани он,
Надорам чора чуз бурдан-т фармон.
Хури, эй шох, гар се рох савганд
Ба Маздову ба дини поку фарзанд,
Агар гуям, нагири хашм бар ман,
Бигуям хар чи бар ман гашта равшан.
Ба бодафрохи ман маштоб, зинхор,
Агарч-ат талх ояд рост гуфтор».
Бихурд он гох шохи Балх савганд
Ба хафт амшоспанду як Худованд.
Ба дини поки Зартушти паямбар,
Ба фарзанду зану бо шири модар,
Ки хар ч-аш гуфт Чомосп он ниюшад,
Ба потипроси у харгиз накушад.
Хамеша бошад андахсу панохаш,
Бипушад чашм аз хар гун гунохаш.
Чу дилпур гашт з-он гуфтори Виштосп,
Ба дунболи сухан пардохт Чомосп.
Бигуфт: «Эй шох, дар чанги хаюнон
Дилерон аз ду су бемар дихад чон.
Басо модар чудо гардад зи фарзанд,
Бигиряд зор бар марги чигарбанд.
Басо фарзанд монад бепадар зор,
Гурусна дар гадои дар ба дар хор.
Паюгону занон дар суги шавхар
Хурушон хок барчошанд бар сар.
Басо фарзандро гардад падар гум,
Падарро низ бас гардад писар гум.
Бародар пас бимонад бе бародар,
Ба марги у бигиряд зор хохар.
Хазорон асп монад бе савора,
Фитода бар замин-дар чоку пора.
Миёни тудаи душман хурушон
Савори хеш мечуянд аспон.
Хазорон бодпойи оханинсум
Савори хешро он чо кунам гум.
Зи пурону бародархои Виштасп
Бимонад бе савора бисту се асп...»
Чу бишнид ин сухан Виштосп, ногох,
Бирафт аз хешу зер уфтод аз гох.
Ба худ омад даме пас шоху бо хашм
Дижамру каж нигохе кард бо чашм.
Пас он гах чун паланг аз чой барчаст,
Гирифт аз хашм теге тез бар даст
Ба чап буд ханчару дар рост шамшер,
Дудаста хост резад хуни он пир.
Зи хашм овард фарёде пур аз бим,
Чу шери шарзаву чун пили дижхим.
Бигуфт: «Эй зодаи девони чоду,
Гизоф аст ин хама афсонаи ту.
Ту тору пуд аз нофи дуруги,
К-ат андар чашму ру набвад фуруге.
Ба деву Ахриман дори ту чуфти,
Дуругу ёфа бошад он чи гуфти.
Ба фарри Эзаду дину Заривар
Намехурдам ман ар савганд, эдар,-
Ба ханчар мебуридам ин сари ту,
Ба хок афкандаме ин пайкари ту.
Бикардам синаатро бо дудам чок,
Хаме омехтам хуни то бо хок!»
Бигуфт: «Аз куштанам, шохо, маяндеш,
Ки фардо з-он пушаймон гарди дилреш.
Ба фара руйи тахти подшохи
Чу Чам кун бо хирад фармонравои.
Ки занчири бавиш натвони бигсехт,
Бурунтар з-ин чахон натвони бигрехт.
Шавад он гунае, к-аш боядаш шуд,
Бувад он гунае, к-аш боядаш буд.
Чунон чун гуфтамат ман, он дихад рух,
Хамон гуна шавад, эй шохи фаррух.
Биояд бар сари мову ту он руз,
Ки хаст аз сарнавишт он талху чонсуз».
Хамоно буд хашмин шох Виштосп,
Нагашташ коргар гуфтори Чомосп.
Дилаш аз зиндагони шуд чу ях сард,
Рухон аз ноумеди шуд чу ках зард.
Шитобиданд суи шох з-он пас
Бузургон бахри дилдори хама кас.
Ба дилсузи зи дастонаш гирифтанд,
Суханхои наку бахраш бигуфтанд,
Ба ойин бо сипосу некхохи
Нишондандаш ба тахти подшохи.
Заривар гуфт: «Эй боофарин шох,
Машав дилтангу биншин шод бар гох.
Ки ман худ бо сипохи визаи хеш
Бичангам бо дуручони бадандеш.
Зи гурдони дилери корзори
Бибуррам понздах рах сар хазори».
Биомад Подхусрав хамчунин пеш
Ба назди шохи аз андух дилреш.
Бигуфто: «То маро дар тан бувад чон,
Кунам пайкор бо деву дуручон.
Ба пойи аспу пилоншон бикубам,
Чу хасшон хамчу боди тунд рубам.
Хазори чордах рах худ зи душман
Ба хуну хок битвонам фикандан.
Зи мо пур дор дилро, шахриёро,
Ки фардо ком пирузист моро».
Диловар Подхусрав покдин буд,
Яке маздопарасти ростин буд.
Ашуву порсо, бо бад ба пайкор,
Хамеша буд дар неки сари кор.
Дигар шахзода Фаршукар, ки он гох
Ба зону буд нишаста назди Кайшох,
Бигуфто: «Эй падар, дилро зи андух
Тихи созу шикебо бош чун кух.
Ки ман чун бо сипохи девяснон
Биразмам, созамаш бо хок яксон.
Занам хар гах чу бар душман шабехун,
Барорам гарди душманро ба гардун.
Маро мардон хазор андар шуморанд,
Дилеру озмуда корзоранд.
Зи гурдону зи сарбозони душман
Тавонад кушт хар як сездах тан.
Хазори аз хаюнон сездах бор
Тавонам, бегумон, кушт, эй чахондор.
Дихам тахти каён оё ба душман?
Магар дар бандаги бинхам-ш гардан?!»
Дигар Испандидоди пури Виштосп
Биомад пеш бо дастури Виштосп,
Падарро гуфт: «То ман зинда хастам,
Нигох аз душманат доранда хастам.
Зи мо пур дор дил, эй шохи Эрон,
Ки дасти мо бигирад пок Яздон.
Ба майдони набард аз ханчари ман
Намонад аз хаюнон зинда як тан.
Махур андух бисёр, эй чахондор,
Ки пирузи Ахуро созадат ёр.
Макун бо хар кас аз рузи бадат ёд,
Ки душман шод гардад, дуст-ношод.
Зи хар кас рози дилро дор пинхон,
Ки то боши ту озоду таносон».
Чун ин бишнид шуд Виштосп дилшод,
Ба ёрон гуфт: «Эдун бод, то бод!
Хамеша бод пирузи ба мо ёр
Ба фармони Авахшидор Додор!»

КАРДАИ 6. СИПОХ ГИРД ОВАРДАНИ ЗАРИВАР БА ДАШТИ МУР

Чу рафтанд он ду чодуи бадандеш
Зи Эрон суи шахру кишвари хеш,
Ба-д-он гах вежагонро хонд Кайшох
Бигаштанд анчуман як-як ба даргох.
Суханхо хар кадоме гуфт аз чанг,
Зи буму марзу нангу ному авранг.
Басе гуфту гузор аз чанг карданд,
Ба чону дини бих хурданд савганд.
Ки: «Бо туронсипах то вопасин дам
Ба рохи ростиву дин бичангам».
Шаханшах гуфт он гах бар Заривар
Ки: «Эй равшан дилу чон-т аз «Ахунвар»,
Мамулу хезу шав дар куху акнун
Барафруз оташ он чо чун Фаредун.
Ба-д-он бунёд них Отар-Варахрон,
Ки пирузи расонад пок Яздон.
Мугон бо бочу оташ-зухр он чой
Ба карниш рузу шаб истанд бар пой.
Бувад то даст гирадмон Варахрон,
Шикаст ояд аз у андар хаюнон.
Ба ёри чун расад Нохиду Бахром,
Буви пируз бар душман саранчом.
Хам акнун чегзан бифрист хар суй,
Ба шахру рустову хар дару куй,
Диханд овоз бар хар кую барзан,
Ки: «Хон, хезед, омад пеш душман!
Хамехохад ба Эрон то битозад,
Зану фарзанди моро барда созад.
Зи гети дини бих хохад зудудан,
Каёни тахту гох аз мо рабудан.
Барад колову ганчи мо ба тороч,
Бирезад хуну бистонад зи мо боч...
Ба чуз аз кудакону пирзолон,
Хама аз хафт то хафтодсолон,-
Чавону пир бархезед дар чанг,
Ба путку досу белу найзаву санг.
Пас аз як мох гирди чодари шох
Биояд гирду пайвандад ба испох
Хар он к-у тофт аз фармони Кай сар,
Сараш бар дор хохад бурд кайфар».
...Ба дашти Мур бо фармони Кайшох
Сипохон гирд оварданд як мох.
Зи Балху Нимрузу Сугду Хоразм
Сипохе гашн гашт ожир дар разм.
Чунон шуд руйи дашту кух аз мард,
Ки гуфти растахез асту Фрашкард.
Зи боду гарди аспу марди чанги
Сиях шуд осмон чун руйи занги.

КАРДАИ 7. АНДАР СОХТАНИ ВИШТОСП ДИЖ БАР БОЛОИ КУХ АЗ БАРОИ ХЕШОН

Ба-д-он гах гуфт фаррухзод Виштосп
Ба он пири хирад фарзона Чомосп,
Ки: «Аз марги табори шох дар чанг
Ту гуфти, то шудам з-он сахт дилтанг.
На харгиз андар ин майдон гузорам,
Ки мирад як тан аз хешу таборам.
Яке диж созам андар кух бар пой,
Баланду устувору пойбарчой.
Фарозаш куху абр андар сару барф,
Нишебаш руди тунду саркашу жарф.
Магар Симург донад рах ба-д-он чой,
Магар оху гузорад андар он пой.
Дараш з-охан кунам, девораш аз санг,
Канам дар синаи кухаш рахе танг.
Хама кайзодагонро гирд орам,
Парасторону дижбонон гузорам.
Нагардад кушта то дар чанг з-эшон
Касе, аз тегу тири девкешон...»
Бигуфт: «Эй шох, Маздо хаст ёрат,
Нигахдорандаву пирузгорат.
Ту дар диж гар бари кайзодагонро,
Сипахдорони гурди пахлавонро,
Чу ял Испандидоду Потихусрав,
Заривар в-он дигар Фаршугари гав.
Дигар шахзодагони сар ба гардун,
Зи тухми шох Чамшеду Фаредун,
Ба душман кай шави пируз, эй шох,
Ту бе ин шахсаворони худогох?
Ба дасти дев биспори миханро?
Магар тан дод хохи Ахриманро?»
Бигуфт: «Эй пир, гу чанд аст душман,
Ки гашта ру ба ру дар чанг бо ман?»
Бигуфт: «Он яксаду си рах хазор аст,
Хамедун як хазоре дар шумор аст.
Намонад з-он хама кас зинда як тан,
Бигардад кушта он бадхох душман.
Ба майдон он хама чун саг дихад чон,
Ба чуз Арчосп-шохи девяснон.
Ба-д-у Испандидоди гурд чолок
Битозад, афканад-ш аз асп бар хок.
Бигуррад хамчу тундар тунду чун абр
Ба майдон тозад аспи хеш чун бабр,
Чудо созад-ш дасти рост аз душ,
Бисузад чашму буррад биниву гуш.
Кунад пас бар харе бедум савораш,
Фиристад назди хешон шармсораш.
Ба шахри хеш баргардад сияхруй,
Танаш гандида пур аз кирму бадбуй...»
Чу Кай ин посух аз Чомосп бишнуд,
Ба пайкар хун давиду гашт хушнуд.
Бигуфто: «Гар нижоду дудаи мо
Бигардад кушта яксар пиру барно,
Нагардам харгиз аз дини Ахуро,
Ки Маздо дод Зартушти ашуро.
Гузинам рости, неки ситоям,
Дуругу зишт аз гети зудоям.
Ба рохи доду дин бошам ба пайкор,
Ба деву Ахриман бошам хамистор.
Бувад то як даме дар тан маро чон
Миханро виза созам аз дуручон...»

КАРДАИ 8. ОГОЗИ ЧАНГ БО ХАЮНОН ВА РЕХТАНИ ХУН АЗ ДУ СУЙ

Пас аз гуфту гузори чанг он шом
Сипахбад бар сипах фармуд ором.
Чу шаб бигзашту чашми руз бикшод,
Ду су овози буку кус сар дод.
Ба дашти Мури Зартуштийи хушнон,
Ба назди Чангали Испеди Эрон,
Сипохи ростону з-они чоду
Пагохон ру ба ру гаштанд харду.
Дувоздах бевар ин су аз худинон,
Дувоздах бевар он су аз хаюнон.
Ба тегу гурзу тиру досу жупин
Сипохон хар ду бархурданд пуркин.
Тапиди зери по дар хун басе туш,
Дамида чуйхо аз хун зади чуш.
Савору аспу баргу зин хама хун,
Пиёда низу аз хун дашт гулгун.
Ба-д-он сон рехтан хун дар чахон кас
На аз он пеш диду не аз он пас.

КАРДАИ 9. БА ХАР ЗАДАН САРИ ДУВОЗДАХ ХАЮНРО ДАРАВИДАНИ ЗАРИВАР ВА КУШТА ШУДАНИ У АЗ ДАСТИ ВИДРАФШИ ЧОДУ

Заривар он худини маздаяно,
Сипахдори забардасту тавоно,
Чу оташ дар найистон, к-аш вазад бод
Чи парво аз палангу шери озод.
Сари дах-ёздах душман ба як бор
Дуруди чун ба теги тез жадвор.
Хамояк-номдори девпайкар,
Ки бо хафтод чанги буд баробар,
Ба чанголи дарозу тези чун гоз
Буриди синаи чандин сарафроз.
Биомад, бо Заривар андар овехт,
Ба хокаш хост хуну магз омехт.
Заривар часту шамшере ба-д-у зад,
Ба як захм аз танаш гардан фуру зад.
Хумоякро фуру афканд бар хок,
Зи хунаш гашт хоки дашт нопок.
Чу инро дид Арчасп аз сари кух,
Дилаш шуд реш-реш аз дарду андух.
Ба наздикон-ш гуфто: «Эй дилерон,
Гавону аждахофаш наррашерон,
Миёнтон кист марде гурду бебок,
Зариварро кунад хамчуфт бо хок?
Хар он, к-у аз Заривар оварад сар,
Дихам подош ганчу зар-ш бемар,
Кунам дастури хешу дорамаш шод,
Ба-д-у духтар дихам, созам-ш домод.
Вагарна аз хаюнон то дами шом
Намонад як тану бошем ноком».
Чу чоду Видрафш ин гуфта бишнуд,
Зи чо барчасту пеши шох шуд зуд.
Биовардандаш аспу зин ниходанд,
Ситоми асп бар дасташ бидоданд.
Ба майдон Видрафшаш ронд чун бод,
Ба суи ял Заривар руй бинход.
Яке шамшер, к-аш буд захр обаш,
Ба дузах дев дода обу тобаш,
Ба чоду Ахриман кардаш гудозиш,
Фусунаш хонда дар хангоми созиш,
Зариварро чу аз наздиктар дид,
Зи бурзу ёлу бозуяш битарсид.
Чу мардон ру ба ру рафтан наёраст,
Зи разми ошкоро даст барбаст.
Нихони омад он номарду аз пушт
Зи шона тег бар дил зад-ш, то кушт.
Заривар пахлавони маздаяснон
Супурд он гах гироми чон ба Яздон.
Фитод аз асп сар дар зеру хомуш
Дудаста хокро бигрифт огуш.
Дарег он бурзу ёлу пайкари пок,
Дарег он чони поку гавхари пок.
Сипахсолори Эрон аз чахон рафт,
Шукуху фарри даргохи каён рафт.
Дарег он магзи бедору дили пок
Бишуд аз ин миёну рафт бар хок.

КАРДАИ 10. РАЗМИ БАСТАВАР БО ВИДРАФШИ ЧОДУ ВА КУШТА ШУДАНИ ВИДРАФШ АЗ ТИРИ У

Чу шох аз дидгохаш аз сари кух
Хама ин дид, дар худ сухт з-андух.
Шуд аз марги бародар сахт дилреш,
Зи дида рехт хун бар домани хеш.
Ба наздаш омаданд он гох хешон,
Сарону вижагони Кай хурушон.
Бигуфто: «Ох, он шерри Худо мурд,
Равон бар Кирдигори пок биспурд.
Ба дасти душмани ман кушта шуд хор,
Ба теги кин ба хун огушта шуд зор.
Бирафт он шахсавори гурди Эрон,
Ба мо бигзошт аспу тегу майдон.
Кунун бояд яке гурде диловар
Гузинам чойи шерафкан Заривар.
Миёнтон кист дар марди чу у мард,
Ба пили масту шери нар хамовард?
Тавонад то чу у сархо буридан,
Ба хар як даст дах-дах бидравидан?
Кунад мардона руёруй пайкор
Ба чоду Видрафши девкирдор?
Ду пора созадаш бо захми шамшер,
Сар андар хун-ш дорад, то шавад сер.
Ситонад чони чандин тан дуручон,
Ба хуни он сипахсолор товон?
Сазад, к-уро сипахсолдори Эрон
Гузинам аз миёнтон, эй дилерон.
Дихам аз духтарони хеш уро,
Яке махпайкари хуршедруро...»
Ба посух буд хама хомушу сархам,
Касе аз вежагони Кай назад дам.
На осон будашон чойи Заривар,
Гирифтан, худ ба-д-у кардан баробар.
Хама он сарфарозони дари Кай
Наёристанд чизе гуфт бар вай.
Зи чо бархост Бастури диловар,
Хамон гарданкаши пури Заривар,
Ки аз марги падар месухт чонаш,
Дар оташ дошт сузиш устухонаш.
Бигуфт: «Эй шох, то дорам ба тан чон,
Кунам пайкор бо деву дуручон.
Зи чоду Видрафши девпайкар
Бирезам магзу андозам зи тан сар.
Ба майдон зинда то як тан хаюн хаст,
Надорам харгиз аз гурзу камон даст.
Зи душман хоки Мур овежа созам,
Зи девон пок Эрон-веча созам.
Бидих дастур, то аспе занам зин,
Шавам, чуям аз он бадгавхарон кин...»
Бигуфт: «Эй гавхари чашми бародар,
Бахор асту ханузи чун гули тар.
Хануз аз хафт солат бештар нест,
Ба душман тегу тират коргар нест».
Бигуфт: «Эй шох, домоди нахохам,
На солори бар ин эронсипохам.
Падар хохам бидидан дар чи руз аст,
Магар у зинда дар майдон хануз аст.
Напиндорам, ки бабре бас сутурге
Бигардад кушта бар чанголи гурге...»
Шаханшах гуфт: «Бозат дорам аз чанг,
Ки чанги бачча бошад мар маро нанг».
Биомад Баставар аз шох пинхон
Ба назди аспдорони сипохон.
Ба эшон гуфт: «Зин оредаму асп,
Ки худ дастур дод ин шох Виштасп».
Чу марди содадил буд асппарвар,
Ба гуфти Баставар бинмуд бовар.
Бидодаш аспу бар вай тафт биншаст,
Чахон чун тир з-он чо рафт пуршаст.
Хамида пушти ёлу зини аспон
Бирафт аз чашми Кай Виштосп пинхон.
Падарро куштаву афканда бар хок
Ба хун огушта диду гашт дилчок.
Ба нохун канд рую гардану муй,
Фуру тозид хуну ашк чун чуй.
Бигуфто: «Эй падар, рафтию бар мо
Тихи кардиву торик ин чахонро.
Ту буди сарпаноху пуштбонам,
Бирафти, монд дар дил ормонам.
Чи деват кушт бо найрангу авранд?
Чи тегат хасту андар хокат афканд?
Кадомин дузд бурд аспат бо тороч?
Кадомин тир пайкар кардат омоч?
Чи шуд бо он тавону зуру хангат,
Саге чун чира омад бар палангат?
Чу гашти хар гахе бо бад ба пайкор,
Хамеша буд пирузи туро ёр.
Кунун худ кушта хасти бе даму дуд,
Зи сар то пой тан дар хун биолуд.
Фуру уфтодаи бар хок фаргум,
Зананд аспони чанги бар сарат сум.
Туро муйи сапеду риши чун мушк
Парешад бод хар су чун хаси хушк.
Намедонам чи бояд кард з-ин пас,
Надорам чун ту дигар рохнамо кас.
Дилам хохад, ки гирам сахтат огуш,
Фишонам гарду хокат аз бару душ.
Хурушон то нихам сар бар сари ту,
Бигуям дарди дил пеши бари ту.
Хаметарсам, ки бинандам хаюнон,
Гар аз аспам фуруд оям ба майдон.
Кушандам, чун ту бошад човари ман,
Ба сум кубанд аспон бар сари ман.
Бубахшо, эй падар, к-аз хок пайкар-т
Набитвонам гирифтан, бурдан он бар-т.
Ки гирам дар бару бусам сари ту,
Бирезам ашку хун андар бари ту...»
Ба-д-ин сон Баставар чун бод баргашт,
Ба суи истгохи шох з-он дашт.
Бигуфт: «Эй шох, дидам ман падарро,
Бихаста теги душман дар чигарро.
Тани чун пили у дидам, ба афсун
Фиганда бар замин, олуда бар хун.
Кунун дастур дих, эй шох, бар ман,
Бихохам кини у аз зишт душман».
Чунинаш гуфт шох: «Эй хуштар аз чон,
Чароги дидагони дустдорон.
Ханузат панчаву бозу, ки суст аст,
Бипайвастан ба чангат нодуруст аст.
Чу душман кушт бо чоду падарро,
Тавонад кушт осонтар писарро.
Ман аз марги бародар худ чунонам,
Ки дар оташ гудозад устухонам.
Магар марги Заривар набвадам бас,
Чи сон дарди ту бардорам аз у пас?»
Чунин мегуфту ашк аз дида мерехт,
Ба доман з-ашк марворид мебехт.
Чу ин Чомосп аз Кайшох бишнид,
Дурусти беш дар гуфти писар дид,
Писарро хохиши кини падар буд,
Ба душман сахт дар дил кинавар буд.
Ба Кай гуфто, ки: «Эй боофарин шох,
Бибодо дасти душман аз ту кутох!
Ба майдон кун рахо чанги писарро,
Ки чуяд аз хаюн кини падарро.
Ба чашми худ бубин, к-аз разм имруз
Барояд Баставар бар дев пируз.
Кушад у Видрафши бадкунишро,
В-аз у пас низ чандин бадманишро.
Шикаст орад ба душман аз падар беш,
Дили шохи хаюнон з-он шавад реш.
Ахуро дорад аз хар бад нигохаш,
Зи хар патёра у бидхад панохаш...
Барояд бегазанд аз чанг Бастур,
Зи дарду ранч дорад Гаргараш дур...»
Дудил шуд шоху гуфто: «Гар дар ин чанг
Бимирад Баставар, моро бувад нанг.
Магар мурданд дар Эрон дилерон,
Тихи шуд, ё зи гурдон шахри Эрон,
Ки ман имруз дар чанги бадандеш,
Кашам он норасида баччаро пеш?
На шохи посдори дину фарханг
Биорад баччаву зан пеш дар чанг».
Бигуфт: «Эй подшохи додпарвар,
Ба гети нест чун ту додгустар.
Рахи кун суи душман Баставарро,
Бихохад то аз у кини падарро.
Гувохи бидхадам дил, к-ояд имруз
Ба душман дар набард ин бачча пируз.
Магар боре дуруге то ба-д-ин гох
Шунидасти ту аз ман, эй шаханшох?
Сухан бинмой бовар, к-ин хама рост
Паёме дар дил аз Маздо Ахурост».
Кай он гах дод фармон бар парастор,
Наку аспе биорад бодрафтор.
Яке дархурд зине Баставарро
Занад бар аспу биншонад писарро...
Гузин карданд аспе аз хама хуб,
Ситоме зарнигору зин-ш заркуб.
Буранде з-обгун пулод дар даст,
Гироми Баставар бар асп биншаст.
Савораш кард чун бар асп он гох
Гирифт аз тиркаш як тир Кайшох.
Бигуфт: «Эй тир, аз ман суи душман
Бикун парвозу уро дар чигар зан.
Ба хок афкан хаюни хирасарро,
Гучастак Видрафши чодугарро.
Туи чун рост, дасти ростон гир,
Маро пируз соз имруз, эй тир!
Худоро, куш, то хар дам биори
Ба душман маргу бар мо комгори.
Ба чангу дар набарду разм хар руз
Туро Пирузгар дород пируз.
Сипохи Ахриман бишкаста бодо,
Чахон аз дасти бад вораста бодо!
Чунин боду чунинтар бод, то бод,
Ба коми пок Гаргар бод, то бод!»
Ба чашмаш тирро молид пас шох,
Ба дасти Баставар додаш ба-д-он гох.
В-аз он чо Баставар бар тезтак тафт
Ба сони тир суи размгах рафт.
Ба душман тохт он гурди диловар,
Чу боби хеш шерафжан-Заривар.
Басеро сар буриду рудагон рехт,
Басеро магзу хун бо хок омехт.
Чунон зад рахна дар радхои душман,
Ба захми коргар дар чону дар тан.
Сипохи девяснон пора-пора
Парешон гашт андар хар канора.
Хама ин дид чун Арчосп аз кух,
Рухаш шуд зарду гашташ дил пурандух.
Накутар бар чавон чун чашм андохт,
Зи бурзу ёлу бозу нек бишнохт.
Ба худ гуфт инчунин гурде диловар
Ба Эрон нест чуз пури Заривар.
Ба наздикон-ш гуфто: «Эй хужаброн,
Кунанда пуст аз шерону баброн.
Чаро чун курчашмеду гаронгуш,
Чу бумон аз чи биншастед хомуш?
Намебинед оё он чавонро,
Ба гохи разм чун шери жаёнро?
Касе гар аз шумо, эй наррадевон,
Равад дар чанги уву бистадаш чон,
Ба подошаш дихам ман духтари хеш,
Хам он тахти шахи пас аз сари хеш».
Зи нав пеши хаюншохи фусунсоз
Биомад Видрафши чодуви боз.
Ба дастон теги тезе бо гарон гурз,
Саропо зишт чун девон бару бурз.
Бидода оташи кин теги у тоб,
Зи оби хашм деваш дода буд об.
Савори аспи масти аждахоху,
Ба ёзиш бабру дар тозиш чу оху.
Ба суи Баставар чодугари пир
Аз он чо ронд аспи хеш чун тир.
«Бирезам,-гуфт,-дар хокаш чигарро,
Канам, пас пеши шох орам-ш сарро».
Ба сони гирдбод андар биёбон
Ба суи Баставар омад шитобон.
Камонро Баставар бигрифту он тир,
Ба зих сахташ кашиду гашт ожир.
Бигуфт: «Эй аспгуши бозпарвоз,
Ки бар озаргушаспасти ту хамбоз,
Бирав, бар синаи бадхох сар зан,
Дилаш бишкофу дар хокаш биафкан.
Ки Маздо бошад аз кори ту хушнуд,
Бикун он кор, к-ат Виштосп фармуд».
Кашид он гах камонро орашона,
Дили он пири чоду буд нишона.
Бигуфташ Баставар: «Эй пири чоду,
Биё, аз тан чудо созам сари ту.
Зариварро ту кушти, эй пажогин,
Ба хуни уст дастони ту рангин?
Бурун карди ба тег аз бобаки ман
Ту он чони ахуроиву равшан?
Туро ахримани дар тан равонест,
Хама торику зишту зуфт чонест,
Кунун он чони торики туро ман
Ба тире, бин, ки берун созам аз тан.
Зи гети гум кунам ному нишонат,
Ба дузах-дар фиристам зишт чонат.
Ба дасти ман ту акнун кушта гарди,
Ба бодафрох бини з-он чи карди.
Парастори дуругу пайрави дев,
Надори хеч назди рости тев».
Гирифт он гох чоду найзаи хеш,
Биомад рубаруйи Баставар пеш.
Бизад он найза бар бозуи у сахт,
Ба хашму кина гуррон пири бадбахт.
Ба бозу хаст нуки найзаи у,
Зи захри теги он месухт-ш бозу.
Ба гушаш омад овози Заривар,
Паёме аз ахурои фурухар,
Ки: «Берун каш зи бозу теги нопок,
Биандоз аз тани худ дур бар хок!
Камонро гиру тири додаи шох,
Бизан бар синаи пажвини бадхох.
Чунон зан тирро бо зури бозу,
Шикофад то дили он деви чоду».
Зи пайкар Баставар пайкон бурун сохт,
Гирифт онрову руйи хокаш андохт.
Ба суи дев пас андохт он тир,
Гузар кард аз дилу мурд он саги пир.
Зи асп уфтод он мурдори нопок
Фуру тозид хун аз риш бар хок.
Ба бар буд карда он деви ситамгар
Кулоху чавшану худи Заривар.
Кашидаш Баставар аз тан хама зуд
Кулоху чавшану он оханин худ.
Ба аспаш буд нишаста пири чоду,
Чу з-он уфтоду мурд, омад бари у.
Писар он худу чавшанро бипушид,
Бар аспи боб биншасту хурушид.
Сипохи гашни душман аз пасу пеш
Фиканду рахна овард аз рахи хеш.
Фуру афканд душман з-асп сарзер,
Ки гуфти най дуруди у ба шамшер.
Зи бас кас рехт хуну бас касе кушт,
Басо деве, ки тан дар хун биогушт.
Ялон дар пешгохи маздаяснон
Бидиданд ину гаштанд офаринхон.
Ба-д-ин сон омад он шери сарафроз
Ба наздики сипохи ростон боз.
Бишуд наздаш сипахкаш Пур-Чомосп,
Гироми зодаи дастур Чомосп.
Ба ойини кухан рух канду зад тег,
Гирифташ гардану бигрист чун мег.
Хурушон хар ду бар марги Заривар
Хама гаштанд дар хуни чигар тар.
Сипахкаш Баставарро гуфт, к-«Акнун
Зи майдон рав ба аспон зуд берун.
Ханузат хаст ёлу бозувон суст,
Нагашта сахт дасту панчаи туст,
Ханузат чанг бо девон пагох аст,
Ба коми маргат афкандан гунох аст.
Хамон бих, то ба чойи худ рави боз,
Шави бо модару хохат-т дамсоз.
Хануз аз чангу офанду падофанд
Наи огох, эй пурмоя фарзанд.
Ту рохи чангу ойини задухурд
Набишносиву сози разму овард».
Ба посух Баставар гуфт: «Эй сарафроз
Биё, гир ин дирафшу сар барафроз,
Агар ман зинда боз оям аз ин рох
Бихонам номаи разми ту бар шох.
Бигуям чун биразмиди ту имруз,
Чи гуна омади бар дев пируз...»
Дигар нашнид панду сар бигардонд,
Ба чуши чанг аспи хеш пас ронд.
Ба този асп дасту пою гардан
Буриду зери по афканд душман.
Бирафт ондун дудаста размсозон
Ба-д-он суи сипохи девяснон.
Кучо Испандидоди номбардор
Бикарди бо сипохи дев пайкор.
Чун ин эрониён диданд, гаштанд
Дилер аз он ду чанги марду хурсанд.
Хама эронсипох он гах зи хар суй
Ба душман тохт бо чегу хаёхуй.
Сипохи хар ду кишвар бо хам омехт,
Ба тегу гурз бо хам андар овехт.
Буриданду шикастанду дариданд,
Фиканданду бибастанду кашиданд.
Ба зери пойи аспу пилу мардум
Насои куштагон дар хок шуд гум.
Чу дид Испандидоди гурд уро,
Сипохи подшах биспурд уро.
Баромад худ ба он кухе, ки он чой
Ба бунгах буд Кави-Арчосп бар пой.
Ба перомун-ш виспи сарпарастон-ш,
Сипоху посдору дарпарастон-ш.
Парасторону пайвандону хешон,
Сарону сарварони девкешон.
Хамон Ашторванди аждахофаш,
Дигар Вандарманиш чун деви саркаш.
Чу чоду Татриёванди фусунгар,
Сипахкаш Виспагарви кухпайкар.
Пашан бо он Сипанчурушки хунхур,-
Дабири пешкору пири дастур.
Ду рах аз марди чанги дах хазори,
Сипохе баргузида корзори.
Дилер Испандидод аз пахлуву пушт
Биомад тафту чандин тан душон кушт.
Зи хуни куштагон анбух-анбух
Фурусу сурх руде тохт аз кух.
Хаюнонро аз эдар бахт баргашт,
Зи бими чон фуру ронданд бар дашт.
Ба-д-он куштор як кас то ба бегох
Намонд аз бутпарастон зинда чуз шох.
Гирифт Испандидод он гоху басташ,
Буридаш пойхову хар ду дасташ.
Сипахбад зориву зинхор-ш нашнуд,
Ду чашмаш сухт, гушу бини бидруд.
Нишондаш бар бурида дум харе пир,
Бибасташ ру ба пас бар хар ба занчир.
Равонаш кард зи шахри хаюнон,
Ба хори, то бувад чун саг канад чон.
Бигуфт: «Эй бадниходи зишткирдор,
Дуручи тирачони зуфти мурдор!
Бирав, гум шав аз ин чо, эй бадандеш,
Ба назди бадрагони ахриманкеш.
Замини мадаяснонро маёлой,
Тани мурдори худро каш аз ин чой.
Ба шахри хеш бо ин гуна дар шав,
Зи «пирузи»-и хешат муждавар шав!
Бигу бо пайравони деви чоду
Чи кард Испандидоди гурд бо ту».
Ба-д-ин сон чанги хунин ёфт анчом,
Зи Эрон рафту мурд Арчосп ноком.
Баромад гуфтаи дастур Чомосп-
Шумори кушта аз хешони Виштосп,-
Зи фарзанду бародар, хешу пайванд
Ба-д-он гах бисту се кас кушта гаштанд.
Фаро бигрифт Эронро саросар
Хуруши гиря бар марги бародар.
Сиях пушид мардум солиён чанд,
Ба суги рушиносони баруманд.
Зи дуди охи сарду гиряи талх
Ба чашми иргон торик шуд Балх.

ФАРГАРДИ 3. ОМУХТАНИ АШУ ЗАРТУШТ МАРДУМОНРО ДИНИ БИХИ

КАРДАИ 1. ОТАШРО ФУРУЗОН ДОШТАН

Ашу Зартушт чун дар Балхи Боми
Бигашт аз бас баруманду гироми,
Шах уро мехрубони карду бинвохт,
Ба худ рахбар гузиду сар барафрохт.
Ба базму разму суру суг вахшур,
Ба шоху вежагон-ш омухт Дастур.
Хунар омухтшону донишу дод,
Хирад парвардану дих кардан обод.
Рахи озодагиву растагори,
Набарди рохи бахту комгори.
Ба дастури паямбар шохи бихдин
Ба Эрон сохт оташгох чандин.
Дари фарзону дину донишу дод
Ба руйи марду зан Зартушт бикшод.
Фурузон дошт оташро шабу руз,
Буд он чо мардумонро донишомуз.
Бигуфт: «Оташ, ки чони ин чахон аст,
Фуруги Човидони Бекарон аст.
Парастори кунеду пок доред,
Ба бочу барсам онро зухр оред.
Хамеша зинда дореду фурузон,
Биафрандеду бошедаш нигахбон.
Нишон аз донишу дод аст оташ,
Аз он ру равшану пок асту дилкаш.
Чароги донишу доду хирадро
Нигах доред равшан дар хама чо.
Хирад он оташи равшан ба рох аст,
Вагарна ин чахон торик чох аст.
Ба рузе панч бор оташ фурузед,
Ба оташ-зухр хушбуйи бисузед.
Ахуропухр оташро парастед,
Агар неку ахурокеш хастед.
Ахурочехр оташро ситоед,
Ба шахри рушнои рах кушоед,
Намоз оред бар Мадо Ахуро,
Ба ёри рузу шаб хонед уро,
Ба Маздо розхои хеш гуед,
Ниёзи хеш танхо з-у бичуед.
Чароги доду донишро фурузон
Бидоред аз барои пок Яздон.
Худованди хирад-Маздо Ахуро
Чу чон дар ин чахон бинхода уро.
Чахон чунбандаву гарданда аз уст,
Хама пармуда ин чо зинда аз уст.
Зи бахри рости созед пайкор,
Хамеша накуви чуед дар кор.
Бихи варзеду бих андеша созед,
Бихи кушеду неки пеша созед.
Биомузед гети кардан обод,
Зи банди деви паркон будан озод.
Парастед оташи поки Худоро,
Нишони руйи поки Восноро,
Фуруги чехраи Маздо Ахурост,
Хам аз вай дидагони Мехр биност.
Ба гети хар чи хаст, он зинда бо уст,
Чаман сабзанда, гул дар ханда бо уст...

КАРДАИ 2. ХОВАНГОХ ВА ПАЙКОР БАХРИ ОБОДИИ ДЕХ

Барояд чун ба ховангох Хуршед,
Шавад боми чахон чун шир испед,
Ба хушнудийи Маздо, бахри карниш,
Худои покро бахри ниёиш,-
Ба покийи дилу дасту тану чон,
Ба назди оташи поки фурузон,-
Хамон ойини хум оред бар чой,
Хучаста Ховани доред барпой.
Парастед он ради ховангахонро,
Худои ростини ростонро.
Ки андар коргохи гохи Хован
Сари кор аст дасту чашм равшан,
Бибошед аз пайи кору парастиш,
Ба хушнудию яснову ба карниш,
Ба он, к-у русторо парваранда-ст,
Фузуниву фаровони диханда-ст.
Раде, к-осудаву ободу хуррам
Бидорад висаро бо мехр хар дам.
Ашои ростони ростинро,
Ради боофарину бихгузинро,
Чароги равшани рохи бихиро,
Фуруги бомгохи фаррахиро.
В-аз он пас шоху дарвешу киху мих
Бикушанд аз пайи ободии дих.
Биёранд обу дар хоки баруманд
Дарахтон парваранду тухм пошанд.
Шукуфон богхо созанд бунёд,
Диху виса хама доранд обод.
Шумори аспу гову уштуру меш
Бигардад сол то сол аз чаро беш.
Зи нозу ганчу нону дон фаровон
Бувад пайваста руйи хони дихгон.
Ситоиш мар Худои Хованиро,
Ниёиш кирдигори равшаниро,
Ки хаст у Воснову Висп-огох,
Чахонафрузу Дилсузу Накухох.
Фуруги Мехр, к-аз руйи Ахурост,
Хазорон чашму бевар чашм урост,
Гар аз дил бигзарад-т гуфтору кирдор,
Хама у бинаду бошад шунидор.
Нихону ошкоро Уст доно,
Дили сангу раги чонрост бино...»

КАРДАИ 3. РАПИТВИНГОХ ГУЗОРИДАН ВА КУШИШ БАХРИ ОБОДИИ ШАХРХО

Чунин фармуд Зартушти Спитом
Бихонро андар он пуршур хангом:
«Ба ними руз чун Хуршед шуд рост,
Зи руяш гунбади нили биорост,
Худинон боз гирди оташ оянд,
Худованди Рапитвинро ситоянд.
Маниш поку куниш поку забон пок,
Дилу андешаву чону равон пок,
Дигар бор аз Ахуро ёд оранд,
Ба оташ арч бар Зантум гузоранд.
Намоз оранд Зантумро, ки бар шахр
Шукуфоиву ободи дихад бахр.
Ба-д-он гах бо дилу андешаи нек
Бихи варзанду кору пешаи нек.
Бузургу хурд-бихдин шоху дарвеш
Бигирад кори неку бих куниш пеш.
Бисозад хонаву коху раху пул,
Бикорад тухму дони урвару гул.
Бисозад бораву симчу канад чуй,
Кушояд конхои охану руй.
Аюхшуст андар оташ то гудозад,
Кананду путку досу теша созад.
Бузургу хурд дар он шахри хуррам
Шукуху фаррахи орад фарохам.
Гадову шоху дарвешу тавонгар
Ба дину довари бошад баробар.
Ба кушти хар ки бар неки камар баст,
Ба кори нек рузу шаб занад даст.
Шавад з-ин рох то хушнуд Зантум,
Зияд осудаву дилшод мардум.»

КАРДАИ 4. УЗЕРИНГОХ ВА ПАЙКОР ДАР РОХИ ОБОДИИ КИШВАР

Ба Кай Виштосп-шохи додгустар
Чунин фармуд Зартушти паямбар,
Ки: «Чун бигзашт хангоми Рапитвин,
Бипардозанд дар кори Узерин.
Ба хангоме ки Мехри гетиафруз
Ба боми Бохтар зад парчами руз,
Бузургу хурд назди оташ оянд,
Худованди Узеринро ситоянд.
Ба мораспанду хуми поки ширин
Ниёзи хеш хоханд аз Узерин,
Ки хаст он ростиро рост сарвар,
Нигахбону фузунибахши кишвар.
Чавону пири кишвар шоху дарвеш
Кунад обод шахру кишвари хеш.
Кунад пайкору кушиш бахри кишвар,
Бихохад бахту пирузи зи Гаргар,
Ки бошад хурраму сарсабзу обод,
Бихон он чо зиянд, озоду дилшод.
Бихи андешаду неки хамеша,
Бибошад росткору ростпеша.
Ба доду рости кушад киху мих,
Чахонро дорад аз доду дихиш бих.
Бикушад, то ба кишвар оварад суд,
Ахуро з-у бувад хамвора хушнуд...»

КАРДАИ 5. АЙВИСРУТРИМГОХ-ГОХИ ПАЙКОР БАХРИ ХУРРАМИИ ХОНАВОДА

Чунин фармуд вахшури дилогох
Барушонро ба хангоми шабонгох:
Ба шаб чун рехт Хуршеди чахонтоб
Ба чоми ложварди бодаи ноб,
Бихон бо божу барсам назди озар
Фаро хоханд коми дил зи Гаргар.
Ба Айвисрутрим бихтар ниёиш
Кунанду нек созандаш ситоиш.
Фурузанд оташи Айвисрутрим
Зи гохи шом то шаб чун шавад ним,
Ки хаст он зиндагониро нигахдор,
Ба хуррам зистан дар кору темор.
Расад оромишу осудаги з-уй,
Бигардад хурраму хуш зиндаги з-уй.
Кунад у рузбих зартуштиёнро,
Бихону поку бастакуштиёнро.
Киху мих бо дилу андешаи нек
Бигирад пеш кору пешаи нек.
Бикушад дар рахи ободкори,
Пайи хушрузию хушрузгори.
Бибандад кор дастури паямбар,
Бихохад рузгори хуш зи Гаргар.
Зи деву дузду хар бедодванде
Варистонро наояд то газанде...»

КАРДАИ 6. УШАХИНГОХ-НАМОЗИ БОМДОД ВА ПАЙКОР АЗ БАРОИ ОБОД КАРДАНИ ХОНАХО ВА ХУШИВУ ХУРРАМИ ДАР ОНХО

Чунин фармуд пайгамбар ба Кайшох,
Бикардан кор андар Ушахингох:
«Чу ними шаб бирафту ними дигар
Биомад, то даме Хуршед зад сар.
Ба мино хум гуи рехт Хуршед,
Ки чоми ложварди гашт испед.
Фуруги Ушахини поку равшан
Чахонро боз чон бахшид дар тан,
Ашувони ахурокеши бихдин
Бибанданд оташ андар куй озин.
Ба барсам ру ба руйи пок оташ
Фурузону гузину поку дилкаш,
Ситоянд Ушахини рушноро,
Фуруги руйи поки Восноро.
Дилу дасту забон аз бад бишуянд,
Ба поки роз бо Маздо бигуянд.
Сазанда зухр бар оташ биоранд,
Намози Ушахингахро гузоранд,
Ба кори нек аз Якто Худованд
Хушиву хонаободи бихоханд.
Ба чуз поки напурсанд аз чахондор,
Ба пиндору ба кирдору ба гуфтор.
Парастанд он ки дорад хона обод,
Ради хуррамгари равшандилу род.
Киху мих созад андар дил сиголиш
Барои хонахо бихбуду болиш.
Шукуху равнаку рузи фаровон
Барои хонадон аз пок Яздон.
Хумоюн хочаи бодонишу дод
Бидорад хонахо аз мехр обод,
Бикушад бахри бихтар зиндагони,
Барад то бар сар андар шодмони.
Аз у хушнуд бошад пок Додор,
Зи хар гуна бадаш бошад нигахдор.
Ба гохи Ушахин бархез аз хоб,
Ба кардан дудмон обод биштоб!...»

КАРДАИ 7. ЯТОХУ-ГУЗИН КАРДАНИ САРВАРИ ХИРАДМАНД ВА РОСТИН

Дар он хангом дар хар кую барзан
Дар Эроншахр пур буд дузду рахзан.
Ба роху руй сар то сар ба кишвар
Пайи тороч буд дузди ситамгар.
Хамедун рахбарону пешвоён
Ситам карданд бар чони дупоён.
Хаме хурданд хуни пиру барно,
Гаронони забардасту тавоно.
Ба рохи бад бибурданд аз паси хеш
Киху михро сарони ахриманкеш.
Ба фармони Худо он гох вахшур
Ба мардум дод панду хонд дастур.
Ки бидхад то варистонро рахои
Зи торики ба суи рушнои.
Чунин фармуд пайгамбар дар ин рох,
Ки: «Ин ойин бичошад дар чахон шох:
Чунон чун он Худо пок асту доност,
Ба-д-он сон сарваре бояд раде рост.-
Гузидан рохбаре бояд хирадманд,
Сазои гоху бо фарри Худованд,.
Ба доду донишу хуби яке рад,
Шиносад рост аз каж, нек то бад.
Раде, к-аз бих маниш тухми бихи кошт,
Бихи кард, аз Ашо у бахра бардошт.
Ба неки он ки бар Хуршед рах ёфт,
Фуруги рости дар чони у тофт.
Ашуву некхоху ростпаймон
Ба Маздо рохчую некфармон.
Чавонмарду зи дарвешон ба темор,
Ки бо доду дихиш хасту накукор.
Хамон марде, ки дар рохи Ахуро
Бувад солор мардони ашуро.
Бибандад рох бар дуздию тороч,
Нихода аз накуи бар сараш точ...
Ки мардумро барад у аз паси хеш
Ба рохи ростию доду дин пеш...»
Гузидан сарваре бояд дилогох,
Накуварзу накугую накухох.
Ки бошад додварзу додгустар,
Хирадманду ашуву додпарвар...

КАРДАИ 3. АШАМ-ВУХУ, ЧУСТАНИ АШО, РОСТИ. БИХИ КАРДАН ВА РОСТ БУДАН

Чунин фармуд Зартушти Спитом
Барушонро дар он пуршур хангом,
Ки: «Дар пиндору дар кирдору рафтор
Зи бахри рости созед пайкор.
Дилу андешаву кору сухан рост
Бидореду хамеша чону тан рост.
Гузинед аз дуругу дев дури,
Мачуед аз бадон харгиз парури.
Бичуед аз рахи неки Ашоро,
Фуруги руйи хуршеди Худоро.
Бихохед аз рахи дониш аз У бахт,
Зи рохи дод чуед афсару тахт.
Бихи варзеду якрах рост гуед,
Ба неки суи Гаргар рох пуед.
Ашои бихтарин некист, боре,
К-аз он хушбахти асту растагори.
Накуи рох суи некбахтист,
Ба Ушто чуз накуи рах дигар нест.
Бихишт аст он касеро, к-у Ашоро
Бичусту бурд фармони Худоро,
Зи бахри Ростийи бихтарин кор
Бикарду дар накуи сохт пайкор...»

КАРДАИ 9. ДОДУ ХИРАД ВА ДОНИШ ОМУХТАН ВА ГАВХАРИ ФАРЗОНУ ФАРХАНГ ВА ГАНЧИ ЧИСТО АНДУХТАН

Ба некон хамчунин фармуд вахшур,
Хирад доранд дар хар кор дастур:
«Гар аз рохи хирад берун нихи гом,
Ба дузах дар шави навмеду ноком.
Зи дарёи хирад шахвор гавхар
Бичую ганчи Чисто з-он бурун бар.
Ба дил ганче них аз фархангу фарзон,
Ба дониш кун чароги дил фурузон.
Хунар омузу бо гуфтори вахшур
Хирад алфанч аз гахвора то гур.
Чароги донишу фархангу фарзон
Хамеша дор чун оташ фурузон.
Ки аз Чисто бибини руйи Бахман,
Ба кирдори фуруги Шед равшан.
Расонад у-т бар Хурдоду Мурдод,
Ба мену човидон мони ту дилшод.
Ба гети аз хирад боши ту пируз,
Зийи бо бахти неку шоду бихруз.
Хирадро дор дар хар кор дастур,
Ки дорад онат аз хар гуна бад дур.
Худованди Хирадро кун ситоиш,
В-аз У мехох ёриву кушоиш.

КАРДАИ 10. ОБОД КАРДАНИ ЭРОН БА ДАСТИ ВАРИСТОНИ ЗАРТУШТ

Ба-д-ин сон рузу шаб Зартушти вахшур
Бихиву ростиро дод дастур.
Паёми пок Яздонро ба хар гох
Бидоду мардумонро сохт огох.
Дупоёнро ба суи рушнои
Хамекард у паёпай рахнамои.
Киху михро ба кеши рости хонд,
Палид аз поку нек аз бад шиносонд.
Хунархои накуву дониш омухт,
Чароги рохи бинишшон барафрухт.
Ашувони ахурокеши доно
Ба дини ростини маздаясно-
Чу гуфтори паямбар кор бастанд,
Зи тангию бажанди бозрастанд.
Тавонгар чун зи дасти бенапоён
Гирифту мустамандону гадоён-
Ба хамдасти худинони накукор
Ба рохи доду дин карданд пайкор.
Ба дасти бихкуниш бунёдкорон
Паёпай хурраму хуш гашт Эрон.
Чу Зартушти ашу дар хафт кишвар
Набуд он гох гундое хунарвар.
Дил аз Чисто чу дарёи дамон буд,
Шигарфу жарфу пахну бекарон буд.
Нихон буд андар он бас гавхари роз,
Барушонро хаме бинмуд у боз.
Ба фарзон аз хама у буд бартар,
Ба дониш кас набуд бо у баробар.
Бихонро рахнамову донишомуз
Ба шахри Балх буди у хама руз.
Хирадро дар чахон у тухм пошид,
Ба гети доду донишро бичошид.
Ба-д-он сон шахри Балх обод гардид,
Дили пиру чавон з-у шод гардид.
Дар он шуд зиндаги бих руз то руз,
Ба доду рости зистанд бихруз.
Пизишки нек донисту гиёхон,
Хазорон дардро бахшид дармон.
Бузургони замон пурсанда буданд-ш,
Пагуён пеши у харбанда буданд-ш.
Аз у бас дардманде ёфт дармон,
Ба тан бас хастаро бахшид у чон,
Гирифт аз бенавову бекас у даст,
Навозиш бар гадоён карду биншаст.
Бидод уфтодагонро у хаме нон,
Басо дилхастаро бахшид дармон.
Шумори ахтарону гардиши руз,
Гирифти Моху Хури гетиафруз,
Чу руду дашту дарёву биёбон,
Кучо дар хафт кишвар дод Яздон,
Гиёху хоку сангу чондорон,
Дар обу хушкию куху биёбон,
Хама аз дигарон бишнохт бихтар,
Хама дониста буду карда аз бар.
Дили у аз хама огохтар буд,
Бидонанда хама кору хунар буд.
Аз он ганчина, к-андар дил биандухт,
Ба мардум доду бахшиду биомухт.
Кишоварзи зи виспон бих тавонист,
Бикандан кони зарру сим донист,
Хунархои наку буд карда аз бар,
Хаме омухт мардумро аз он дар.
Зи хар шоиставу боиста он гох,
Хаме пиру чавонро кард огох...
Бас оташгоххо дар шахру русток
Бишуд бунёду бурданд оташи пок,
Басо канданд чую варз киштанд
Дарахту дона бар хоки баруманд.
Басо канданд кон андар дили гор,
К-аюхшут шуд афзуну ганч бисёр.
Ба-д-ин сон гашт шахри Балхи Боми
Парастишгохи боарчу гироми.
Намуна гашт он шахри шукуфон
Ки дигар шахрхо кардан-ш пужхон.
Бигустурданд дину донишу дод,
Михан аз бих куниш карданд обод,
Ба хар кунчу канори шахри Эрон
Шуд он гах оташи Маздо фурузон.
Бузургу хурд он чо оташафруз,
Хаме буданд дину донишомуз.
Хирадро омухтанду донишу дод,
Хаме буданд соле чанд дилшод.
Шумори аспу гову уштуру меш
Ба-д-он гах дар чарогохон бишуд беш.
Сипах пирузманду ганч бафхам
Бигашту шахр, руз аз руз хуррам...
Ба-д-он хангом Зартушти Спитом
Ба фарзону хирад оварда буд ном.
Ба назди подшоху дарпарастон
Фузун гашт обрую арч чандон,
Ки шоху вежагон бинвохтандаш,
Ба тахти довари биншохтандаш.
Чунон буд додварзу додгустар,
К-аз у буд анчуман хушнуд яксар.
Ба Кай буд хамнишину хамдами роз,
Ба чашну суру базму разм дамсоз.
Хамеша буд Кай хамрохи вахшур,
Гирифташ рахнамои кору дастур.
Ба рохи доду дин пайкор карданд,
Ба ободийи кишвар кор карданд.
Чахон ободу рузи шуд фаровон,
Фузун шуд нону дону ганчи Эрон.
Зи дузду рахзану деву ситамгар
Тихи карданд шахру дих саросар.
Зи кишвар Кай нишони дев биздуд,
Дуругу бадкунишро кард нобуд.
Ба гуфтори паямбар кор бастанд,
Зи хориву нажанди бозрастанд...

(Дунбола дорад...)

2 comments:

Anonymous said...

DOOSTE VA HAM MIHANE AZIZ DOROOS
DO SAD AFARIN BAR SHOMA
TERNEGARE BESYAR VAZINI DARID .
BESYAR AALIST.
BE MAN SAR BEZANID
MOHAMMAD HOSEYN ( WWW.KOHANSARA.BLOGFA.COM

goooooood girl said...

Very fine......