Thursday, January 22, 2009

Ба Би-би-си нигох кунем!


Огози кори телевизиюни форсии Би-би-си навиди хушест барои хамаи (магар охундхо). Арзёбии кори он ва таъсироте бар афкори умуми дар чахони порсигу мегузорад, дар холи хозир чандон сахех нахохад буд. Вале ончи инлисихо мегуянд "first impression" ё пазириши аввалияи бинандагон барои короии ояндаи ин телевизиюн, то андозае муассир хохад буд. Аз нигохи аввал чунин бармеояд, ки телевизиюни форсии Би-би-си масоили чахон ва Эрону Афгонистонро дар конуни таваччухи худ карор дода, вале аз бозтоби зиндагии дах-понздах милюн порсизабон дар Осиёи Миёна (на танхо Точикистон) сарфи назар кардааст. Би-би-си ба чуз як хабарнигор дар Душанбе дигар гузоришгаре надорад. Аз миёни мучриёни барномахои телевизиюн дар Ландан аз Точикистон касе нест ва шояд хамин амр сабаб шуда, ки фукдони хузури порсигуёни минтака бавижа дар барномахои интерактиви ин телевизиюн ба мушохида мерасад. Шояд далелаш ин бошад, ки бисёре аз сокинони Точикистон ва Узбакистон хануз ба телевизиюни форсии Би-би-си дастраси пайдо накардаанд ё хабардор нашудаанд, ки чунин телевизиюне ба кор огоз кардааст. Би-би-си мумкин аст бахона кунад, ки чун дар минтака тамошобини зиёд ва фаъоле надорад, наметавонад сармояи зиёде дар барномахои марбут ба Осиёи Миёна гузорад. Аммо ин бахона ба хеч вачх пазируфтани нест, зеро мавзуъи чалби таваччухи бинандагон боз ба имконот ва махоратхои бозорёбии Би-би-си бармегардад. Масале хаст, ки мегуянд аз як даст овоз барнамеояд. Дар холе ки аз Би-би-си кунише нашавад, чи тур метавон вокунишеро таваккуъ дошт? Бояд гуфт, ки телевизиюни форсии Би-би-си то кунун барои чли таваччухи порсизабонони Осиёи Миёна такрибан хеч коре накардааст, хеч гуна таблигот ва огахие дар бораи кори худ барои мардуми инчо пахш накардааст. Дар намоишхои телевизиюнии худ низ нишон додааст, ки танхо барои Эрон ва Афгонистон кор мекунад. Лоакалл бардошти мо, мардуми махалли, ин аст. Пахши телевизиюне монанди Би-би-си барои мардуми Эрон ва Афгонистон бо таваччух ба низомхои хоким ва камбуди васоили иттилоърасони ва расонахои олтернотив дар баробари расонахои давлати багоят мухимм аст, вале кишвархои Осиёи Миёна, бавижа Точикистон дар ин замина вазъияти бадтаре доранд. Бо таваччух ба вучуди режимхои худкома ва мустабид дар Осиёи Миёна мардуми инчо такрибан дар инзивои хабарии комил карор доранд ва ба расонахои мустакилл ва бетарафонае монанди телевизиюни Би-би-си шадидан ниёзманданд. Масъулони телевизиюни форсии Би-би-сиро лозим аст дар ин бора амиктар бияндешанд ва тамос ва иртиботи бехтаре бо мардуми порсизабони Точикистон ва кишвархои дигари минтака барпо кунанд. Барномахое ки ин телевизиюн дорад, барои бедор сохтани мардуми хобидаи Точикистон ва кишвархои дигари минтака багоят муфиданд. Албатта чалби мухотаб дар чавомеъи мунзавишудаи ин минтака кори осоне нест, вале рисолати Би-би-си ин аст, ки коре анчом дихад, ки "ношуданист". Тафовути Би-би-си аз расонахои дигар хам хамин буда ва бояд бошад, ки дигарон дунболи бозори дастрас ва осон мегарданд, вале барои Би-би-си иттилоърасони ба чавомеъи махруммонда аз иттилоъот ва донишхои имрузи авлавият дорад. Аз тарафи дигар, метавон умедвор буд, ки мардуми мо гом ба гом таваччухи бештаре ба телевизиюни форсии Би-би-си кунанд ва бавижа бо мушорикати худ дар барномахои интерактив дардхову мушкилоти худро бо чахониён ва хамзабононашон дар чахон дар миён гузоранд.