Friday, August 08, 2008

Зартуштномаи Атоуллохи Мучебуллох



Атоуллохи Мучебуллох
Зартуштнома

(Дунболаи Бахши Панчум)



БАХШИ 6

ФАРГАРДИ 1. ОМАДАНИ АШУ ЗАРТУШТ БО ФАРМОНИ АХУРОМАЗДО БА БАЛХ

КАРДАИ 1. КАЙ ВИСТОСПРО ЧАШМ БА РОХИ ЗАРТУШТ БУД

Ба-д-он гах подшохе буд, номи,
Фарозанда сар андар Балхи Боми.
Хучиста ном уро буд Виштосп,
Зи фарзандони шоханшох Лухросп.
Буд аз тухми каёну панчумин шох,
Пас аз Лухросп у биншаст бар гох.
Хирадманду ажиру некхуе,
Дилере додварзу номчуе.
Ба дониш у хамеша баста дил буд,
Зи нодонию паркон хастадил буд.
Ба-д-у тахти каёни зебу фар ёфт,
Фуругу фарри шохи бештар тофт.
Шунида борхову гашта огох,
Буд аз Зартушту дини у шаханшох.
Ба дил буд орзуи дидани уй,
Барои рости санчидани уй.
Бидонад кисту рохи у кадом аст,
Бичуяд, то дили уро чи ком аст.
Бибуяд чист дар дил хохиши уй,
Барад хам бахрае аз дониши уй.
Ба дил буд баста мехре дар нихони
Ба он хуршеди боми менувони.
Хаме буд чашм дар рохаш шабу руз,
Ки боре бинад он руйи дилафруз.

КАРДАИ 2. ДАР ХОБ ДИДАНИ ВИШТОСП ЗАРТУШТРО БАР ТАХТИ ЗАРРИН

Шабе Виштосп руйи бистари нарм
Таносон хуфта буд дар хонаи гарм.
Зи разми рузу базми шомхангом
Танаш осуду чонаш ёфт ором.
Ба мижгон духт чашмаш хоб берун,
Дарун бикшод чашм аз хобу авсун.
Саманди орзу дар хоб зин кард,
Ба як частан гузар аз Хинду Чин кард.
Нишаста дид худро точ бар сар
Ба руйи тахти омуда ба гавхар.
Сари худ суи боло кард чун шох,
Ба боми кох чашм андохт он гох.
Кафид он бом ногоху дуто шуд,
Аз он болору бахш аз хам чудо шуд.
Ба пеши чашми он шохи сарафроз
Ба суи осмон шуд равзане боз.
Бидид аз осмон тахте зарандуд
Фуруд омад ба суи у хаме зуд.
Зи равзан андар омад тахти зарин,
Фурузон гавхарон дар вай чу Парвин.
Миёни боргох аз бом шуд паст,
Ба назди гохи Кай Виштосп биншаст.
Ба тахти ожада аз гавхару зар
Нишаста хамчу хуршеде паямбар.
Нихоле сабз дар як дасту оташ-
Ба дигар дасту «Готон» дар таги каш.
Ба хар барги нихоли осмони
Навишта дид дар раг вожагоне,
Ки: «Эй Виштосп, дини бих ту бипзир,
Зи хар як барг панде хону баргир!»
Паямбар он гиёхи сабзу тарро
Ба-д-он гах дод шохи додгарро.
Ки дар айвони хеш онро нишонад,
Чу сабзад, то бихи бораш расонад.
Нихоли сабз чун Виштосп бигрифт,
Зи шоху беху баргаш монд ишгифт.
Ба хар як барг тоби руйи У дид,
Суруди хасти аз хар шох бишнид.
Бибурдаш бо лаби хандон шоханшох
Ба боги хеш биншондаш хамон гох.
Пас он як оташи поку фурузон,
Ки руйи дасти зутар буд сузон,
Ниход онро ба дасти шох Виштосп,
В-аз у бигрифт пас дастур Чомосп.
Пас аз Чомосп як-як дод онро
Ба даст-андар хама дарбориёнро.
Хама з-он оташи тобони Зартушт
Газиданд аз шигифти, боре, ангушт.
Ки пуртобасту гарчанде фурузад,
Ба руйи дасту даст аз он насузад.
Ки он тобанда оташ дард н-орад,
Насузад дасту он гарми-ш форад.
На боде кард хомушаш тавонад,
На оберо тавоне, то нишонад.
Пас он пайгамбари Маздо аз онон
Гирифт он оташи поки фурузон,
Ба Кай Виштосп доду гуфт, к-«Эй шох,
Анушо бодию арзандаи гох!
Туро ин оташ аз мехри Ахурост,
Сипосу офарин аз пок Маздост.
Бузургаш дору мехраш варзу дил банд,
Ки он тобест аз руйи Худованд.
Фуруге, к-ояд аз Маздо Ахуро,
Фурузон дору карниш ор уро».
Гироми шох бар вай офарин гуфт,
В-аз у он оташи тобон бипазруфт.
Бибусид аз рухи оташ шаханшох,
Ба чашму руйи худ молиду он гох,-
Ба он чо мардумонро анчуман кард,
Ба онон з-он шигифт оташ сухан кард.
Пас он чо кард оташгох барпой,
Ниход он оташи Зартушт он чой.
Пас он як номае, к-у дошт дар даст,
Аз у бигрифту бар хондан-ш биншаст.
Бихонд он номарову гашт хушнуд,
Ки дар вай хар чи у мехост, он буд.
Дар он у дид рохи равшани хеш,
Аз ин пас неку бад хар ч-оядаш пеш.
Чу у хонд ардамони човидонро,
Суруди човидони осмонро,
Ба барги зар, дабира-гавхари ноб,
На з-оташ сузаду не тар шавад з-об.
Шигифт ангора дар печида банде,
Ки н-ояд з-обу бод онро газанде,
Зи хоби хеш гашт он гох бедор,
Шуд андарвожу андешид з-он кор.
Бигуфт: «Эй дил, наку хобест, хуш бош,
Маро ин хоб бедори буди, кош!»
Бидонист оташу он нома чи-бванд,-
Паёми Гаргари Якто Худованд.
Нихоли сабзи хушранги бихишти,
Нишони дини поки зардухишти.

КАРДАИ 3. ОМАДАНИ ЗАРТУШТ БА БАЛХИ БОМИ ВА ОГОХИ ЁФТАНИ КАЙ ВИШТОСП АЗ У

Зи деву дев-мардум ранчу озор,
Кашид он гох чун Зартушт бисёр,
Сурушаш гуфт: «Бархез, эй паямбар,
Сари худ гиру з-оби Дод бигзар.
Ки Маздо бар ту чое карда ожир,
Ба по шав, рах ба-д-он чо пеш мегир.
Ба хоке тухми дину дод мекор,
Ки рузе меваву бар-т оварад бор.
Бикаш суи Рапитвин рахти худро,
Ба-д-он чо чуй кому бахти худро».
Паямбар гуфт: «Оре, ончунон бод,
Ба коми додгустар эзадон бод!»
Пас он вахшур з-он чо бо дили шод
Биомад хеш танхо бар лаби Дод.
Ниёиш карду бурдаш зухр-обон,
Ба Нохиду Маху Хуршеди тобон.
Сипосу офарину афтадисто
Фаровон кард бар Маздо Ахуро.
Зи руди Дод он гах чуст бигзашт,
Даромад з-он карони руд дар дашт.
Зи рохи дашт вахшури чахонгард
Ба суи Балхи Боми руй овард.
Чу омад бар дари он шахри обод,
Зи боду обу хокаш гашт дилшод.
Чунин буд хости Маздо Ахуро,
Ки обу боди Балх омад хуш уро.
«Ба-д-ин чо,-гуфт,-рузе чанд бошам,
Ки тухми дини бих ин чо бичошам».
Чу андар шахр гашту бо дупоён
Бигуфт он ведман пайгоми Яздон,
Зи неки кардану аз росткори,
Зи чустан рохи бахту растагори.
Бирафт овоза он гах то ба Виштосп,
Ки: «Эй фарзанди волочох Лухросп,
Яке донанда марде гашта пайдо,
Биоварда ба номи «ойини Маздо».
Гузида ростиро у ба худ дин,
Хама аз рости урост ойин.
Гирифта у бихиро пешаи хеш,
Накугую накухую накукеш.
Ба доду рости хонад чахонро,
Ба кори нек фармояд касонро.
Хамегуяд, ки бифристод уро
Худованди Хирад-Маздо Ахуро.
Сароянда хирадрову ашорост,
Парастанда хамон Якто Худорост.
Накуву порсову поккирдор,
К-аз у кас нашнавад чуз нек гуфтор.
Сухан мегуяд у аз гардиши Хур,
Зи Моху Тиру Нохид-Ардвисур.
Диле бинову чоне равшану пок,
Хама поку тихи з-олоишу ок.
Чахонгардеву номи уст Зартушт,
Расад то бар Фаредун пушт бар пушт…»
Чу Кай Виштосп бишнид ин суханро,
Ба ёд овард хоби хештанро.
Ба-д-он фарзона он гах кас фиристод,
Ки то оранд-ш назди шохи бодод.

КАРДАИ 4. РАФТАНИ ВЕЖАГОНИ КАЙ ВИШТОСП НАЗДИ ЗАРТУШТ БА ОВАРДАНИ У

Касони шох бар аспони хушгом
Бурун рафтанд назди он накуном.
Ба-д-у гуфтанд: «Эй марди дилогох,
Ба назди хеш мехонад туро шох.
Бихохад аз ту у дидор дидан,
Шигирифтангез гуфторат шунидан.
Бубинад, то чи дори дар дили хеш,
Чи гуна дину чи-бвад мар туро Кеш.
Шаханшах дуст дорад бихрадонро,
Раду донишварону мубадонро.
Ба доду бахшишу мардумнавоз аст,
Дихишро рузу шаб дастон-ш боз аст.
Гироми дорад у фарзонагонро,
Ба дониш ёру огох аз чахонро.
Чунин фармон зи шоханшох дорем,
К-аз ин чо зуд бар дарборат орем.
Шави чанде ба назди шох михмон,
Навозишхо бубини з-у фаровон.
Ду-се рузаш чу хамгуфтор боши,
Ба базму разм бо у ёр боши.
Писанд ояд-ш оруни хуши ту,
Бихишти руйи поку дилкаши ту.
Кунад у мехрубони бо ту чандон,
Фарозад сар-т пеши арчмандон.
Дихад бас чизу чандонат навозад,
Туро аз вежагони хеш созад…»
Чу ин бишнид пайгамбар зи мардон,
Аз он хушнуд гашту бурд фармон.
Бигуфт: «Эй муждавар, нушо бизи дер,
Шавем ин дам ба назди шох ожер.
К-агар Виштосп бар дониш гарояд,
Ба наздаш ногузирам рафт бояд».
Касони шох бо Зартушт он гох
Рахи гаштанд суи бораи шох.

КАРДАИ 5. БА ДАРБОРИ КАЙ ВИШТОСП ОМАДАНИ АШУ ЗАРТУШТ

Нишаста шох дар тахти каёни,
Ба фарру нозу бахту комрони.
Ду чашмон буд дар рохи паямбар,
Гумон дар дил, хазор андеша бар сар.
Яке доно дабире, ном-ш Чомосп,
Нишаста рубаруйи шох Виштосп.
Пагуи пешкору рахнишондех,
Ба магзу хушу дониш аз хама бех.
Сарону мубадон гирдаш нишаста,
Камар бахри парастори-ш баста.
Хама номоварону сарфарозон,
Ба базму разми шохон корсозон.
Ашу Зартушт чун омад ба дарбор,
Расад бо шохи фаррух то ба дидор,
Хамон гах бор додаш он чахончуй,
Ки бас буд хостори он наку руй.
Чу аз дар сар зад отурвони номи,
Зи чо бархост шохи Балхи Боми.
Бидид он ведман буд ончуноне,
Ки буд у дида дар хобаш замоне.
Чу хоби хеш дидаш дар баробар,
Рухон з-он гашташ аз шоди чу озар.
Пазиро гашту уро офарин Хонд,
Дурудаш гуфту назди хеш биншонд.
Гироми дошту бинвохт уро,
Зи хар ру шоду дилхуш сохт уро.
Бипурсид аз нижоду дудаву пушт,
Зи ойину зи дину кеши Зартушт.
Ба посух хар чи бишнид аз паямбар
Писандиду ба-д-он овард бовар.
Бигуфт: «Эй донишалфанчи чахонгард,
Ради гетишиносу пурхирад мард,
Ман огохам, ки гаштасти чахонро,
Кушодасти басе рози нихонро.
Шунидастам, ки бас донишвари ту,
Ба фарзон аз хама кас бартари ту.
Бигашти ин чахонро худ саросар,
Шуди огах зи кори хафт кишвар.
Зи хар дар сар зади фарханг чуён,
Бикарди хамнишини бо пагуён.
Ба даргохи ман ин чо гашта гирданд
Хама донотаринони хирадманд.
Туро пурсанд акнун хар чи хоханд,
Зи гашти ахтарону ину он чанд,
Тавони, гар ту, эй вахшури фаррух,
Ба пурсишхои эшон гуй посух.
Хаминон бихрадони ин замонанд,
Ки дарбори каёнро вежагонанд.
Бихин дастуру бигзида дабирон,
К-аз эшон нест донотар ба Эрон».
Чу бишниданд онон гуфтаи шох,
Дилеру бодсар гаштанд он гох.
Бузургон хар кадоме бешу андак
Бипурсиданд аз хар дар-ш як-як.
Зи нодониставу донистаи хеш
Биоварданд чандин пурсише пеш.
Паямбар аз лабони ангабинрез,
Суханхо гуфт ширину дилангез.
Ба хар як посухе дод у сазанда,
Дурусту равшану неку басанда.
Нишаста Кай ба руйи тахт хомуш,
Кушода суи у буд дидаву гуш.
Саросар он хама гуфтор бишнуфт,
Биандешид андар он чи у гуфт.
Сар аз андеша чун дарё фуру бурд,
Дар он аз гавхари пинхон-ш бу бурд.
Чу дид аз вай фуруге дар дили хеш,
Фузун шуд мехри у андар дилаш беш.
Ашу Зартушто бас офарин хонд,
Хирадманди гузину ростин хонд.
Ба-д-у фармуд, к-«Акунун, эй хирадманд,
Бихон аз «Готхо»-ат порае чанд.
Шунидастам, суруде бас шигифт аст,
Зи бас рози чахон дар вай нухуфта-ст».

КАРДАИ 6. ХОНДАНИ ЗАРТУШТ «ГОТХО»-И ВАРЧОВАНДРО БА ВИШТОСП

Пас он гах назди Кай Виштосп Зартушт
Гирифта барсаме аз хум дар мушт-
Ба оханге хушу чонбахш овоз
Сурудан «Готхо»-ро кард огоз.
Хама дарбориёну шох Виштосп,
Дабиру пешкори пир Чомосп,
Ба-д-он гуфтор гушу хуш доданд,
Дилу андеша андар вай ниходанд,
Чу он гуфтори поку гуйиши хуш
Шуниданд, он хама гаштанд хомуш.
Ба дилшон кор кард он монтраспанд,
Ба овози хуши марди хирадманд.
Ба-д-у гуфтанд: «Эй мурги навогар,
Ки аз боли хирад бикшодаи пар,
Ки-ат омухт ин сон чомахони,
Ки чон бахшад чу оби зиндагони?
Сухан з-ин бих ба гети гуфта н-омад,
Ба хуби гавхар ин сон суфта н-омад!»
Бигуфт: «Ин вожагон аз осмонанд,
Чароги рахнамои ростонанд.
Ашувон дар чахон бо росткори
Дар он ёбанд рохи растагори.
Бихон з-он сарнавишти хеш хонанд,
Худову хеш бишносанду донанд.
Дар он аз бахту озоди навидест,
Дари ганчи хирадро он калидест.
Хар он, к-у ардамонро рахнамо кард,
Шавад андар чахон хушбахт он мард.
Чу бандад кор дастури бихиро,
Хирад омузаду худогахиро.
Хар он, к-у ростиро пешаи хеш,
Бикарду бих куниш бигрифт дар пеш.
Хар он, к-у аз дуругу дев пархехт,
Зи бадкирдору бадгуфтор бигрехт,
Ба гети бахтиёру комрон зист,
Ба мену растагору шодмон зист.
Чу зинда-ст у ба кому шодмон аст,
Чу мирад, дар бихишташ ошён аст.
Бихи кун пеша, то бихруз боши,
Накуи варз, то пируз боши.
Накуи ростии бихтарин аст,
Чароги рохи фирдавси барин аст.
Зи бахри ростии бихтарин рост
Гузинад рости, к-он рохи уштост.
Ба-д-он сон к-он Худо пок асту бартар,
Хамон сон ростин боист сарвар.
Раде, к-у рахбари вирову доност,
Равонаш равшан асту дил-ш биност,
Ки у аз ростиву донишу дод
Чахонро дошт руз аз руз обод.
Ки бо андешаи нек он накукор
Бисозад довари дар рохи Додор.
Чахондори кунад бо номи Маздо,
Хуранди ростин кеши Ахуро,
Кушояд дасти бахшиш пеши дарвеш,
Кунад доду дихишро пешаи хеш».

КАРДАИ 7. ХОНДАНИ ЗАРТУШТ ДУНБОЛАИ «ГОТОН»-И ВАРЧОВАНДРО БА ВИШТОСП

Чу он пурмояву пурмагз гуфтор,
Шуниданд он хама мардони дарбор,
Равоншон бурд ромиш з-он суруда,
Зи овози хушу панди сутуда.
«Ашем» бишнид чун шоху «Ятоху»,
Ту гуфти масти май шуд з-он чахончу.
Ашу Зартуштро бас офарин хонд,
Ба арчи беш пеши хеш биншонд.
Пас он гах дод бар вахшур фармон,
Ки: «Думболи суруди хеш бархон!»
Зи сар бигрифт Зартушти Спитом
Суруд он «Готхо»-ро то ба анчом.
Нахуст у хонд аз бар Ахнавад-Гот»,
Шах аз он шеваи гуфтор шуд мот.
Зи овози хуши пури Спитом
Танаш осуду чонаш ёфт ором.
Дар он гуфтори зебо он суханвар
Гухар омуда буд дар риштаи зар.
Чу гулзореву чун хуррам бахоре,
Гулаш навхезу бодаш мушкборе.
Чу оташ буд суханхо поку бас хуш,
Чу ахгар вожагон тобону дилкаш.
Хуш омад вожагони пок бар Кай,
Бибасташ мехру дилро бохт бар вай.
В-аз он пас хонд Зартушт «Уштавад»-ро,
Нигахдори тан аз хар гуна бадро,
Каю дарбориён чун он шуниданд,
Ту гуфти чоми Чамро даркашиданд.
Сухан омуда буд чун гавхари ноб,
Ба барги гул чу шабнам поку пуртоб.
Чу омуда гухар дар риштаи зар,
Чу рахшон дар шаби торик ахтар.
Аз он гуфтори шевову гуворо
Басе шуд роз бар Кай ошкоро.
Чу рохи растагори андар он дид,
Ба он дил дод шоху мехр варзид.
Бихонд он гох Зартушти паямбар
Ба шоху вижагони шох аз бар-
«Сипанто-Маню-Гот»-и дилнишинро,
Равонбахшу дилангезу бихинро.
Ки дар вай донишу фарзон басе буд,
Чароги рахнамои хар касе буд,
Суруде бас шигифтангезу шево,
Пур аз андарзу пандомез чисто.
Зи нушин лаб чу Зартушт ангабин рехт,
Ба гуши чони чисто гавхар овехт,
«Сипантомад» ба Кай Виштосп он чанд
Хуш омад, то зи сар афсар биафканд.
Сипас «Вуху-Хшатро-Гот»-и хуншон
Бихонд он монтрони соснохон.
Дили Виштосп шохи донишомуз
Аз он шуд равшану покиза чун руз.
Шуд аз бишнидани он готхо маст,
Зи масти чоми май уфтодаш аз даст.
В-аз он пас хонд готи панчуминро,
«Вахишту-Ишт»-и поку ростинро.
Суруди вопасинро Кай чу бишнид,
Дар он дору ба дарди хештан дид.
Ба дил-дар оташи мехраш барафрухт,
Дар он оташ дилу чону чигар сухт.
Чу мастон хун-ш дар пайкар бичушид,
Бизад фарёду чун тундар хурушид.
Бигуфт: «Эй родмарди обдихдаст,
Зи гуфтори чу нушобат шудам маст.
Хазорон офарин бар модарат бод,
Ки фарзанде чунин андар чахон зод.
Маро буд орзуи дидани ту,
Ба каппони хирад санчидани ту.
Аз ин пеш аз ту гар бишнида будам,
Ба чашми худ туро нодида будам.
Шунидан кай бувад монанди дидан,
Гумону костист андар шунидан.
Туро овард Гаргар пешам ин гох,
Кунун дидам туро андозаву чох.
Чу мебинам-т бартар аз хама кас,
Зи наздикони худ созам-т з-ин пас.
Ки акнун чун ба чашми хеш дидам-т,
Аз он ч-аш мешунидам, беш дидам-т».

КАРДАИ 8. КУШОИШ ХОСТАНИ АШУ ЗАРТУШТ БАР ШОХ ВИШТОСП АЗ БОРГОХИ АХУРО-МАЗДО

Чунинаш гуфт пайгамбар, ки: «Шохо,
Гаво, номоваро, гетипанохо!
Ту зебу фарри авранги каёни,
Шукухи тахту гохи хусравони.
Ахуро тандурусту зур дород-т,
Зи чашми бад хамеша дур дород-т.
Ба ному кому бахту дерзеви,
Бибоди дур аз чалводи деви,
Хамеша шод зи бо ёру пайванд,
Ба кайхон дер зи бо хешу фарзанд.
Ба дил оташ барафрузи чу Хушанг,
Чахонро равшани бахши зи фарханг.
Ба тахти дод биншини чу Чамшед,
Фиканда партав аз руйи чу Хуршед.
Дурафши коваёнро сар ба гардун
Барафрози, ту, шохо, чун Фаредун.
Ашуву поку чистованду бохуш
Бидорадат Ахуро чун Сиёвуш.
Хирадро чуфт боди хамчу Чомосп,
Ба зури Тахмурас бодию Гаршосп.
Фуругу фарри ту дар подшохи
Расод аз Мох, шохо, то ба мохи.
Зи хафт амшоспанди поку човид
Хирадро чашм бикшои чу Хуршед.
Битобад фарри яздони-т аз рух
Ба шаш суи чахон, эй шохи фаррух.
Фуруги Мехр бо номат саросар
Шавад густурда андар хафт кишвар.
Чахонро аз хирад сози ту чун руз,
Ба кирдори чароги гетиафруз.
Хирадро аз хама воло шумори,
Равони аз тани боло гузори.
Ба мардум рахнамо суи ашуи
Бибоши нукари дини накуи.
Бимони пойдору човидона
Чу оташ дар замони бекарона.
Хамеша бод пирузи туро ёр
Ба разми деву бо бадкор пайкор.
Хирадро сози дайхими сари хеш,
Ба доду донишу фарзон рави пеш.
Ба номи нек, шохо, човидон зи,
Хамеша комгору шодмон зи.
Бибодат чой дар човид Гушто,
Равон човид пайванди ба ушто.
Чунин боду чунинтар боду хуншон,
Ба коми Эзаду амшоспандон!»

КАРДАИ 9. САНЧИДАНИ КАЙ ВИШТОСП АШУ ЗАРТУШТРО ДАР РОСТИ ВА БА ОЗМУН ХОНДАНИ У ДОНОЁНРО БО ЗАРТУШТ

Чу омад рузу гети гашт равшан,
Шаб аз руйи замин барчид доман.
Ба озин шох айвонро биорост,
Каёни хонаву хонро биперост.
Зи нав гирд омаданд он бихрадон боз
Ба назди шох Виштаспи сарафроз.
Зи бахри озмун шох андар он чой
Яке шохона арсан сохт барпой.
Чунин гуфто ба доноёни дарбор,
Ки санчандаш ба пурсишхои душвор.
Бидарёбанд, к-аш дар дил нихон чист,
Нигохаш чисту дидаш з-ин чахон чист...
Бипурсандаш зи гоху гардиши руз,
Гирифти Моху Хури гетиафруз.
Хам аз огозу аз анчоми кайхон,
Зи маргу зиндагию гардиши чон.
«Ба-д-ин рах,-гуфт,-уро озмоем,
Зи дини у дурусти вонамоем.
Паёпай боз бигзорем се руз,
Ба санчиш, кист, то бинем пируз».Пас он фарзонагони донишгох,
Хирадмандону доноёни даргох,
Пагуёни бузурги донишалфанч,
Ба дил оганда аз фарзон басе ганч.
Худовандони точу афсару гох,
Сипехри довариро ахтару мох.
Зи дасти рост дар пахлуи Виштосп
Нишаста дар бари дастур Чомосп.
Зи дасти чап Ашу Зартуштро хонд,
Ба назди хеш шоханшоху биншонд.
Биоварданд хар як пурсише пеш,
Хуранди донишу андешаи хеш.
Бузургонро паямбар хар чи шоист,
Ба хар як гуфт посух он чи боист.
Хирадмандон сухан пурмагз диданд,
Зи сар то бун дурусту нагз диданд,
Забон диданд чун дарёи жарфоб,
Ба-д-он-дар вожагон чун гавхари ноб.
Сухан чун торхои партави шед,
Чу хишта парниёни парда-испед.
Танида тор-неки, рости-пуд,
Тихи аз оку кажжу кости буд.
Ашу Зартушт з-ин санчиш чу бигзашт,
Михонро мехр бар вай бештар гашт.
Чунон хуш гашт шох аз посухи уй,
Ки омад пешу бусид аз рухи уй.
Ба-д-у гуфт: «Эй чахонпаймои бо хуш,
Ки аз фарзон чу дарё мезани чуш,
Диле пур гавхари шахвори фарзон,
Чу дарё дода Виспогох Яздон.
Ба гети нест доно бо ту хамсанг,
Надида кас пагуе бо ту хамранг.
Кунун аз туст бози, эй сухандон,
Хам ин майдону аспу гуйу чавгон.
Ту бо фарзона гундоёни дарбор
Бигуй аз он чи пурпеч асту душвор.
Аз эшон бишнавему аз ту, в-он гох
Бубинем аз ки ояд гуфта дилхох».
Ашу Зартушт он гах кард огоз
Сухан бо он пагуёни сарафроз.
Кушод у гуфтугуро аз баду нек,
Зи разми рушаниву з-они торик.
Зи маргу зиндаги в-аз дарду дармон,
Зи доду довари в-аз банду зиндон.
Аз онон хост, то андешаи хеш
Бигуянд аз барои шох з-у пеш.
Пагуён он чи донистанд посух
Биоварданд назди шохи фаррух.
Зи дониш хар чи донистанд, гуфтанд,
Сухан чун гавхари шахвор суфтанд.
Ба гуши хуш Зартушт аз пагуён
Хаме бишниду ориш буд чуён.
Зи хар дар хар чи мебишнид з-эшон
Хама буд хому гуфтори парешон.
Чу дармонданд доноёни дарбор,
Забон аз гуфтугу бастанд ночор.
Паямбар гуфт худ посух ба-д-онон,
Аз он ч-у худ аз онон буд пурсон.
Писанд уфтод Кайро хар чи у гуфт,
Хама он гуфтаи уро пазируфт.
Гумони дил аз ин рах у зудоид,
Ба дину кеши Зартушти гароид.
Зи дил бигзашт уро он, ки имруз
Агар Зартушт айдун гашт пируз,
Ба фардо бегумон мардони дарбор
Ба дини у гароянд аз сари кор.
Ба гуши мардумон ин достон зуд
Расад, донанд, коре ончунон буд,
Ки шоху мубадони Балхи Боми,
Хирадмандони донишёри номи
Зи дину кеши бобои буриданд,
Ба ойини Ахуро бигравиданд,
Ки дини рости асту накуи,
Бикардан зиндагони дар ашуи.
Паёпай тудагон бар вай гароянд,
Ба он дини бихи як-як дароянд.
Гумон набвад, ки дар Эрон ба фардо
Биёбад густариш ойини Маздо...

КАРДАИ 10. ЧОЙИ ХУДРО БА ЗАРТУШТ ДОДАНИ ДОНОЁН АЗ РУЙИ ОЙИНИ КУХАН ВА РАШК КАРДАНИ ОНОН БА ВАХШУР

Чунин буд он замон ойини мардон,
Ба гохи озмуну гохи чашнон,
Хар он, к-у бохт, чойи хеш биспурд,
Ба-д-он, к-у гуй дар майдон аз у бурд.
Гирифти чойи уро он, ки пируз
Бигашти андар он арсан ба-д-он руз.
Чунон карданд он донишварон низ,
Чу хангу хуш кам диданду ночиз.
Ба Зартушт он михон гардан ниходанд,
Ба неруи бузургаш тан бидоданд.
Ба-д-у доданд як-як чойи худро,
Хама он бихрадони роду доно.
Буд у хуршеду онон ахтару Мох,
Буд у дарёву онон об дар чох.
Чу омад руз, рафт аз ахтарон тоб,
Чу дарё хаст, чи-бвад дар чахе об.
Чунин буд кори отурвони бихдин
Ба дарбори каён рузи нахустин.
Ба дониш дошт чун дасте тавоно,
Шуд у пируз бар мардони доно.
Аз у шуд шох шоду офарин хонд,
Зи виспи он бузургонаш гузин хонд.
Ба назди шох арчу фар фузудаш,
Гироми дошташ шоху сутудаш,
Ба пеши хештан биншонд уро,
Ба худ наздиктар гардонд уро.
Ба чашми шох чун арчаш фузун гашт,
Дили дарбориён аз рашк хун гашт.
Ки у бегонаву мо ошноем,
Бигашта хор пеши у чароем?!
Бузургон з-ин бахона рашк бурданд,
Гироми дустро душман шумурданд.

КАРДАИ 11. САНЧИДАНИ ШОХ ВИШТОСП ХУД ЗАРТУШТРО ДАР РОСТИ ВА ДОНИШУ ХУШ ВА ХОНАВУ БОГ БА У БАХШИДАН

Паямбар чун ба назди шох он руз
Ба арсан бар пагуён гашт пируз.
Ба-д-он гах шох уро пеши худ хонд,
Гирифт аз дасту назди хеш биншонд.
Бигуфт: «Эй монтрони чомапардоз,
Ба дил огандаи бас гавхари роз.
Кунунат худ бисанчам зури бозу,
Кашам магзи туро худ дар тарозу.
Бисанчам арчу бору мояи ту,
Кунам андоза гоху пояи ту.
Зи гохи офариниш то ба ин руз
На гети буд тихи аз донишомуз.
Зи хангоми Каюмарси хирадманд
За гети то ба-д-ин дам роз чустанд.
Фуру рафтанд дар дарёи жарфоб,
Ба гирдоб аз барои гавхари ноб.
Басо з-он бекарон дарёи фарханг
Биомад гавхари шахвор дар чанг.
Басе гум гашту рафт аз ёдхо боз
Хамоно монд нобикшуда бас роз.
Ба дониш Чам чахонро дид дар чом,
Ба фарзон монд з-он Ковусро ном.
Зи дониш Вораи Чам сар барафрохт,
Ба шаш суи чахон з-он дида андохт.
Ба ман гу, эй хирадманди тавоно,
К-аз ин дар чи-т омад з-ирмагоно?
Гирих бикшой бар ман з-он хама роз,
Дари он ганчхои баста кун боз».
Ашу Зартушт як-як гуфт он гох
Зи донишхои дерин бар шаханшох.
Зи Хуршеди Хирад чун Мох якчанд
Фуруг андар дили Виштосп афганд.
Басе банду гирих бикшод бар Кай,
Басе торик равшан кард бар вай.
Бикардаш боз рози бостонро,
Дари ганчи нихони ростонро.
Зи донишхои пирони дилогох
Хама боистаниро гуфт бо шох.
Кай он гуфтори бас хушро чу бишнуфт,
Саросар рост диду хуш пазируфт.
Бигуфташ: «Нуша боди, эй хирадманд,
Зи хар бад дорадат Яздон падофанд.
Ту хасти чун чароги рахнамои
Ба суи боргохи рушнои.
Бидидам дар рахи дониш басе кас,
Расову пурхирад дидам туро бас.
Бичустам магзвандони чахонро,
Ба фарзон сар кашида бихрадонро,
Надидам чун ту жарфандеша гундо,
Дамону аз гухар оганда дарё.
Сазад, эй марди варчованд, к-ин дам
Туро арзанда подоше бибахшам.
Кунун мехох аз ман хар ниёзе,
Ки дори, чун зару колову созе,
Биорам-т ону бидхам-т он чи хохи,
Ба пушти мох, ё дар пойи мохи».
Бигуфт: «Эй подшохи додгустар,
Фарозанда ба доду рости сар.
На зар хохам, на гавхар, подшохо,
На точу афсару не тахтгохо.
Маро набвад ниёзе дар чахон хеч
Магар бар хуррамии Ориёнвич».
Бигуфт: «Эй родмарди донишогох,
Ки гуйи менахохи колаву чох,
Чаро пурсидаи, пас, аз Худованд,
Ки дах аспат дихад зуру тавонманд?
Манат сад аспу гову меш бидхам,
В-агар мехохи, з-он хам беш бидхам».
Бигуфт: «Эй шох, нак дах асп дорам,
Ба дах тактези оташху саворам.
Бар он дах асп паймоям чахонро,
Гузорам рохи Моху Кахкашонро.
Ман аз Хуршед бигзаштам ба-д-он дах,
Ба Хуршеди Хирад то ёфтам рах».
Чу аз рафти сухан дарёфт «дах»-ро,
Шигифт омад аз он гуфтор шахро.
Бигуфт: «Эй тарзабони тозагуфтор,
Суханомудагар чун ганчи шахвор,
Нихоли сабзи оришро ба-д-ин сон
Чи хуш перости дар боги фарзон.
Сазад, эй дуст, дар чое ба шахрат
Бибахшам хонае имруз бахрат.
Яке чоест дар он суй дарбор,
Хукарда хонахо андар-ш бисёр.
Хамон чо хонае бинхода бас хуб,
Нигорин карда бому дар-ш аз чуб.
Баланду устувор, аз санг кадвод,
Харанди подшохон гашта бунёд.
Барам, он чо нишонам-т, эй хирадманд,
Зийи осуда то он чою хурсанд.
Ба навви зиндаги сози ба-д-он чой,
Бидори рузгори нек барпой.
Рахат боз аст з-он чо суи дарбор,
Гарат хар гох пеш омад ба мо кор.
В-аз ин пас бош моро чун бародар,
Ту харгиз хешро бегона машмар.
Чу боши дар панохи мо аз ин пас,
Наояд дарду ранче хечат аз кас».
Ашу Зартушт чун гуфтор бишнуфт,
Ба шоди хохиши шахро бипазруфт.
Шах он гах дод фармон нукаронро
Ки бардоранд фаррух монтронро,
Гиромивор бар аспаш нишонанд,
Ба бору бун-ш то он чо расонанд.
Хамон дам нукорон уро бибурданд,
Бажангу хонаро бар вай супурданд.
Чу он сон мехрубони сар зад аз шох
Ба он гундои донои дилогох,
Михонро хуш наомад з-он чунон кор,
Шуданд озурда аз кори чахондор.
Чу пеши чашми михмон хор гаштанд,
Зи захми теги рашк афгор гаштанд.
Ба хам гуфтанд: «Кай девона гашта,
Ки банди доми як бегона гашта.
Зи мо буд солиён шахро хаме суд,
На бо мо мехрубон он сон хаме буд.
Ба як дам дил ба-д-он бегона чун дод?
Яке овораеро хона чун дод?!
Бибояд чорае чустан, ки Зартушт
Пушаймон аз дари Кай дарнихад пушт.
Ба фардо боз пеши шох хонем-ш,
Ба тарбу тунбал аз дарбор ронем-ш.
Вагарна оби мо резад аз ин пас
Аз он бевораи чудшахри бекас.
Чунин гуфтанду суи хонаи хеш
Бурун рафтанд як-як бо дили реш.

КАРДАИ 12. ОТАШ АФРУХТАНИ ЗАРТУШТ АНДАР ХОНАИ НАВ ВА НИЁИШИ У БА ДАРГОХИ АХУРО МАЗДО АЗ ОН КИ ШОХИ БАЛХ БО У МЕХРУБОНИ КАРД

Шаханшах хона чун Зартуштро дод,
Шахона хон ба-д-он чо низ бинход.
Дувон бо бодаи гулфом дар чом
Зи хар дар гуфтугу карданд то шом.
Ба шабхангом бо вахшур падруд
Бигуфту рафт шоханшох хушнуд.
Ашу Зартушт чун Кайро гуси кард,
Биомад, руй бар оташ биовард.
Ба назди оташи поки фурузон
Ба поки бурд номи пок Яздон.
Бикард у аз Худованди Хирад ёд,
Дуруд амшоспандонро фиристод.
Ба карниш кард Маздоро ниёиш,
Ки дод аз мехр имрузаш кушоиш.
Сипос аз Кирдигори поки бечун
Гузориду ситоиш кардаш афзун.
Ки аз дарёи мехри бекаронаш
Бирезад об то дар чоми чонаш.
Ба фардо руз уро даст гирад,
Ки шохи Балх кеши у пазирад.

КАРДАИ 13. РУЗИ СЕВУМИ ЗАРТУШТ ДАР ДАРГОХИ КАЙ ВИШТОСП

Чу шаб бигзашту шохи руз пируз
Баромад боз бар тахти дилафруз.
Ту гуфти киштии зарин зи Ховар
Ба оби Вуурукаш шуд шиновар.
Чамони рехт з-ованди чахонтоб
Ба чоми ложварди бодаи ноб.
Ба гуши гунча булбул шуд навогар,
Ки: «Бикшо чашму бар Хуршед бингар.
Ки омад бозу гети гашт равшан,
Чаман бишкуфту хуррам гашт гулшан».
Зи нав он номчуёни сарафроз
Ба назди шох гаштанд анчуман боз.
Сарон пурбоду дилхои пур аз кин,
Ба хашму чехрахо аз рашк пурчин.
Ба бавчу ноз андар анчумангох
Нишастанд он бузургон чашм дар рох.
Ки: «Имруз ояд ар михмон ба он чой,
Нажанду зор андоземаш аз пой.
Биангезем бар вай низ Кайро,
Биронад то ба хашм аз шахр вайро.
Ки то гохе, ки андахсаш бувад шох,
Наёбад хеч авсун андар у рох...»
Даме нагзашту Зартушти ашу хам
Даромад аз дари Виштосп хуррам.
Зи шоди чехраи Кай-шох бишкуфт,
Пазиро гашташу «хуш омади» гуфт.
Миёни зутару донишварон боз
Хавеса тунд гашт он гох огоз.
Даруфтоданд бар михмон зи хар суй,
К-«Агар дори хирад, нак хезу баргуй,
Басо банду гирех душвору пурпеч,
Ки дар вай рох натвон ёфтан хеч.
Ба гети розхо пинхон басе хаст,
На бикшудан-ш кори хар касе хаст.
Маноз, эй монтрон, аз будаи хеш,
Ки пеши мо наи чуз уштуре беш.
Зи бархе, гар ту марди, кун гирих боз,
Ба марди, варна, з-ин пас сар маяфроз...»
Пагуён бас бикушиданд он руз,
Ки бар Зартушт то гарданд пируз.
Хама руз он табахкорони баддин
Ба михмон хираги карданд аз кин.
Хама охехт шамшери забонро,
Ки аз по андар орад монтронро.
Зи бас карданд пурсиш печ дар печ,
Ба посух кутахи н-омад аз у хеч.
Чи анде чох дар рохаш биканданд,
Зи сангу хор дар пояш фиканданд.
Ба осони хама бигзашт озод,
Савори тавсани андеша чун бод.
Ба чашми шоху доноёни дарбор
Чунон хуш ронд Зартушт аспи гуфтор,
Ки шох он шева диду патх з-он гашт,
Чу мохи дил ба шасти монтрон гашт.
Фуруд омад зи гоху рафт суяш,
Гирифташ дар канору кард буяш.
Бибурд он гоху дар пахлуш биншонд,
Ба уву бобу момаш офарин хонд.
Гироми дошту зар рехт аз сар-ш,
Фаровон чомахо бахшиду зевар-ш.
Хам он Чомосп-дасти рости шох,
Ки буд донои гундоён ба-д-он гох,
Гароиш кард андар дил ба зутар,
Хамедун рехт зарру симаш аз сар.
Шаханшах гуфт бар мардони даргох,
Ки: «Эй зебандагони афсару гох,
Яке чодусухан марде хирадманд
Ба неруи хирад бикшод сад банд.
Пагуе кордону кордида-ст,
Чахонро гаштаву бисёр дида-ст.
Бидида гарму сардии рузгорон,
Чашида талху ширинрост чандон.
Хамолаш дар чахон донишваре нест,
Хамовардаш ба гети дигаре нест.
Ба чашми хеш дидедаш, ки имруз,
Ба арсан дастболо гашту пируз.
В-аз он фархундапай андар дили ман
Бахоре тоза бишкуфт аз гили ман.
Кунун оред созу баргро зуд,
Ки омад гохи бигмозу маю руд...»

КАРДАИ 14. БА АШУ ЗАРТУШТ САР ФУРУД ОВАРДАН ФАРМУДАНИ ШОХ БУЗУРГОНРО

Чунин фармуд Кай Виштосп он гох,
Ба-д-он фарзона гундоёни даргох,
Ки: «Бархезед, хон, эй номдорон,
Фуруд оред сар пеши хирад хон!
Бигуед офарин-шу афтидисто,
В-аз ин пас з-у биомузед чисто.
Ки то нун курдил будеду нодон,
Фуру рафта дарун дар чохи паркон.
Надидед он, ки ин марди хирадманд
Кушод аз бас даре фалчу пажованд?
Чу пурсидедаш аз хар кори душвор,
Хама посух аз у омад сазовор.
Нихони розхо кард ошкоро,
Ба дониш дида равшан кард моро.Зи паркон пеши у хомуш гаштед,
Чу коно моту патху луш гаштед.
Дили ман буд чу мурги паршикаста,
Ба доми деви паркон пой баста,
Чу банди чон ба чохи тор меканд,
Ба дасту пою гардан баста пованд.
Чу Зартушт омаду болу параш дод,
Ба боми гулшани ориш сараш дод.
Кунун з-он торикистон сар бадар зад,
Ба боми рушнои болу пар зад.
Кунун мурги ман аз зиндон рахо гашт,
Ба гулшан бо гулу вард ошно гашт.
Рахам торик буду дидагон кур,
Хам инак равшани бахшид вахшур.
Ба андо дида будам, омад акнун,
Дуруст омад, шигифто, хобам айдун.
Суханвар бихрадон бас дида будам,
Чунин гуфтори хуш нашнида будам.
Агарч-у марди дарвеш асту кихтар,
Ба дониш аз хама болову бихтар.
Сазад з-ин пас ба худ созам-ш дастур,
Ки пурмагз асту корогох вахшур.
Маро хамрозу хамдам боядаш буд,
Ки бошад ёрманду оварад суд.
Маро он орзу буд рузгоре,
Ки ёбам хамчу у омузгоре...
Ба коми дил расам имруз шояд,
Расад бар ёрии ман Мехр-Эзад?»
Ба-д-ин сон назди доноён чахондор
Ситоиш монтронро кард бисёр.
Зи бас орун, ки дар вай дид неку,
Хама бишмурд як-як он чахончу.
Чу деви Рашк ин гуфтор бишнуд,
Ба дилшон оташе афканд пурдуд.
Ба Кай гуфтанд: «Волочох шохо,
Кайи номоваро, гетипанохо!
Нахуст андеша дар хар кор бояд,
Шитоб аз кор бихрадро нашояд.
Ту дар фарчоми кори хеш бингар,
Даруни остин море мепарвар.
Чу коре кард хохи, эй накукеш,
Дуруст андеш дар он кор з-он пеш.
Хамон бих, гар ба рузе озмои,
Ки солу мох пушти даст хойи.
Магар ойиштан аст ин марди чоду,
Ки бифристодаш Арчат-аспи бадху.
Мабодо, он ки бо найранг душман
Ба чоду хост моро чашм бастан?
Мабош, эй шох, чандон зудбовар,
Саробе гар бидиди, об машмар.
Ба гуфти кас ба коре хеч маштоб,
Шитоб орад пушаймони-т, дарёб.
Ту нашниди, ки бо тарфанд Заххок
Чи гуна шахр яксон сохт бо хок?
Нахуст у хеш бо Чам дуст бинмуд,
Наандешид Чам, к-у душманаш буд...
Маяндешид Эрач аз бародар,
Набишниди, ки чун з-у ёфт кайфар?
Суханхо гуфт Тураш чарбу рангин,
Фиребаш карду сар бубидаш аз кин...
Нихон шуд дар нигорин чома з-он мор,
Шикори баччаи гунчишк буд кор.

КАРДАИ 15. ГУФТУГУЙИ КАЙ ВИШТОСП БО АШУ ЗАРТУШТ ТАНХО БА ТАНХО

Чу шох аз вежагон бишнид инро,
Аз он дарёфт буйи рашку кинро.
Ба дил гуфто, ки ин шояд бувад рост,
Ва ё пайгорае бар марди доност?
Бигуфто: «Худ манаш гар нек буям,
Гумони бад зи дил аз вай бишуям».
Чу хар як рафт з-он чо аз пайи кор,
Або Зартушт танхо шуд чахондор.
Бигуфт: «Огохам аз пушту нижодат,
Зи нофу дудаву з-оне, ки зодат.
Бидонам чист беху решаи ту,
Хам он ойину Кешу пешаи ту.
Ба ман баргуй равшан, худ ту кисти?
Ба гаштан дар ба дар аз бахри чисти?
Хама гуфтанд бар мо аз ту з-ин пеш,
Бувад бихтар, ту худ гуйи зи худ хеш».
Паямбар саргузашти хеш бо шох
Хама баргуфт сар то сар ба-д-он гох.
Хама бикшоду аз вай хеч нанхуфт,
Саросар достони худ ба у гуфт.
Бигуфт аз тираву пушту раги хеш
Зи гохи пешдодону аз он пеш.
Бигуфт аз парвази модар-падар хам,
Ки бар Эрач расиду рафт то Чам.
В-аз он, к-у ном бар вай доду парвард,
Падар, к-у парваришомузиаш кард.
В-аз он Бурзин Куруси пурхунар низ,
Зи чандин ирмагонони дигар низ.
Аз он, к-у гашт шаш суи чахонро,
Басе дарёфт з-он рози нихонро.
Бирафт у хар кучое донишомуз,
Ашоро чуст дар гети шабу руз.
Чахонро размгохи неку бад дид,
Забартар з-он дувон дасти Хирад дид.
Зи хар устод, к-уро нек фархахт,
Хунархо гирд карду дониш алфахт.
Хамедун аз Ушидарни дилорой
Бигуфту он чи рух додаш ба-д-он чой.
Суруш овардаш он чо ростин дин,
Ба-д-у бархонд Чамроси нахустин.
Чамони рехт дар чомаш чунон май,
Ки оташ хост аз обу гили вай,
Нигах кард аз Ушидарн ин чахонро,
Замину ахтарону осмонро.
Чу гашташ ошкоро гардиши Шед,
Рахи Моху Вананту Тиру Нохид.
Ба дил дарёфт ханчори чахонро,
Навои мурги парвози замонро.
Хироми кабки нози ахтаронро,
Таки шевои аспи осмонро.
Баромад бар Ушидарне зи фарзон,
Шигарфу сарбаланду пахндомон.
Намудаш аз бадандии Хирад чехр
Ба-д-у ойини гаштори Маху Мехр.
Зи теги кухи фарзон чашм андохт,
Ашоро з-он баланди диду бишнохт.
Ба Кай Виштосп кард у инчунин ёд
Зи руди Обахию чашмаи Дод.
Ба Ховангах чун мехест аз хоб,
Хаме биштофт суи Доди жарфоб.
Ба оби пок дасту руй мешуст,
Ба поки з-Ардви ёри хаме чуст.
Дурахшанда фуруге дид як руз
Чу теги поки тоби гетиафруз.
Фуруге тобноку поку равшан,
Дурахшаш чашмсузу ном-ш Бахман.
Бибурдаш аз канори руд боло,
Ба суи боргохи Виспдоно.
Бидид он равшании бекарона,
Чахони зиндахои човидона.
Фуруге бекароне буду бас жарф,
Чахоне менувони буду ишгарф.
Ба-д-он чо панчи дигар хамчу Бахман
Фурузон пайкарони тобишафкан.
Хамон амшоспандони Худованд,
Хамеша зиндаву човиду испанд.
Бидид Ардибихишти бихгузинро,
Фуруги «Ростии бихтарин»-ро».
Хам он Шахревару Исфанду Хурдод
Ба он доди Хамеша Зинда-Мурдод.
Баромад хар кадоме пешвозаш,
Пазира гашт бо огуши бозаш.
Пас он амшоспандон андарунтар
Бибурдандаш суви Харвисп-Гаргар.
Ба-д-ин рах руйи поки Восноро
Ба чашми хештан дид ошкоро.
Ба Маздо роз гуфту бурд фармон,
Камар барбаст бахри дин ба паймон.
Худованди Хирад аз вай чунин хост,
Ки бинмояд дупоёнро рахи рост.
Барорадшон бурун аз торикистон,
Рахои бахшад аз деву дуручон...

КАРДАИ 16. ПУЗИШ ХОСТАНИ КАЙ ВИШТОСП АЗ АШУ ЗАРТУШТ БАРОИ ДАР ГУМОН АФТОДАНИ ХУД ВА БА ДИНИ МАЗДОЯСНИ ГАРАВИДАНИ У

Чу шуд аз саргузашташ нек огох,
Зи михмон хост пузиш додгар шох.
Ки: «Эй пайгамбари Маздо Ахуро,
Дамон аз чушиши фарзон чу дарё,
Ман аз ту дер гохе бишнавидам,
Ба дини рост дар дил бигравидам.
Бибудам солиён чашмам ба рохат,
Ки то рузе бубинам руйи мохат.
Ба хобат низ дидам, эй накучехр,
Хамон дам тофт аз руят ба ман мехр.
Кунун чун по ниходи дар дари ман,
Баромад Хур равшан бар сари ман.
Дари дарбор бар руят гушодам,
Пазируфтам-ту бас арчат ниходам.
Диле дидам-т чун дарё хурушон,
Ба биниш чашми он аз Мехр чушон.
Туро хамрохи шому руз кардам,
Чу пири кору коромуз кардам.
Магар аз вежагон ангехтандам,
Гумони бад ба дил андохтандам.
Ба оголиш чунон карданд тарфанд,
Ба чашмам дустро душман намуданд.
Расидат гар зи ман, эй дуст, озор,
Мабош озурдаву дил хуш хаме дор.
К-аз ин пас ман бувам андахсу пуштат,
Нигах дорам зи хар душту дуруштат.
Агар фардо хам аз зурозмои
Ба майдони хирад пируз ойи,
Ба донои ту, эй дарёи фарзон,
Барори ном дар Эрону Нерон.
Марав з-ин чову бо мо бош хар руз,
Ба мо фархангу чисто мебиомуз.
Ба мо омуз рохи растагори,
Рахои з-ин чахони тангу тори».
Бигуфт: «Эй шох, з-ин се рузи санчиш
Биомад михтаронро аз ту ранчиш.
Аз ин пас низ бас созанд найранг,
Туро бар ман биангезанд дар чанг.
Дар ин рах чанд моху сол бояд,
Зи дил занги гумон то шах зудояд.
Ту як мох аз пайи ман бош, эй шох,
Нигар, к-аз ман чи ояд андар ин мох...
Зи гундоёни бихрад рузи фардо
Бузургону радонро гирд бинмо.
Ба арсан он пагуёни хирадманд
Биоранд аз хунархо хар чи доранд.
Зи хар банду гирих бо хам бигуянд,
В-аз он рохи гушоиш бозчуянд.
Чу дар монданд дар чое ба банде,
Намоям то ман он гах ёрманди.
Кунамшон ошкоро костиро,
Намоямшон дар он рах ростиро.
Биомузам ба-д-эшон дониши рост,
Ки дасти рости аз хар чи болост.
Бигу, пурсанд аз ман он бузургон
Зи хар дар донишу фархангу фарзон.
Ба посух ман, хамоно, хастам ожир,
Бигуямшон, хар он ч-ам хаст, аз вир.
Бипурсанд он чи торик аст, то ман
Кунам он бихрадонро дида равшан,
Ба майдон тавсани андеша тозем,
Ба тегу тиру чавгон даст ёзем.
Ялонро шеваи чавгон задан бин,
Зи майдон бурдани гуйи сухан бин.
Нигар, парвози тири кист шево,
Дами шамшеру теги кист бурро.
Гузори теги тези вожагон бин,
Дами шамшери буррои забон бин.
Бигаштан чира бар мардони доно
Агар натвонам, эй шохи тавоно,
Равам доманкашон з-ин остон дур,
Ба дигар чой созам ошён дур.
Кушоиш гар дихад Харвисп-огох,
Бимонам пешат, эй вологухар шох.
Сипантои хирад омузамат ман,
Чароги дин ба дил афрузамат ман.
Миён бандам ба фармони Ахуро,
Ба мардум дардихам пайгоми уро.
Ба суи равшани аз чохи торик
Бурун орам, барамшон бар рахи нек.
Бичошам дар чахон дини бихиро,
Намоям рохи бахту фаррахиро...»

ФАРГАРДИ 2. БА ДИНИ МАЗДОЯСНИ ДАРОМАДАНИ ШОХ ВА ДАРБОРИЁН

КАРДАИ 1. БА ДАРБОР ГИРД ОВАРДАНИ КАЙ ВИШТОСП ДОНИШМАНДОНРО РУЗИ ДИГАР ВА БО АШУ ЗАРТУШТ ХАВЕСА ОГОЗ КАРДАНИ ЭШОН

Ба фардо руз шохи додгустар
Чу пардахт аз сипоху кори кишвар,
Рапитвингох зутарро фаро хонд
Ба назди хешу бо Чомосп биншонд.
Пас он чо гирд кард у михтаронро,
Пагуёну хама донишваронро.
Фарозанда сар аз дониш радонро,
Сипахдорону доно мубадонро.
Хам аз котузиён он чо тане чанд
Сарони донишгоху хирадманд.
Пизишкони ажиру бешадонро,
Мугони номдору чодувонро,
Хам аз несориёни гурд як су,
Сипахсолору мардони чахончу.
Дигар су барзакорону насудон,
Диханда рузи бар хастону будон.
Дигар су пешавар анухашихо,
Падид оранда дар гети хушихо,
Чу дидандаш нишаста назди Виштосп,
Ба фарру ноз бо дастур Чомосп,
Рухонаш пурфуруг аз фарри Яздон
Лабон пурхандаву пурмехр чашмон,
Зи кину рашк хира гашташон чашм,
Баромадшон зи сина дуд аз хашм.
Нигахшон тунд гашту абрувон чин,
Рухон шуд зарду чехра турш аз кин.
Ба-д-онон дод фармон пас чахондор,
Ки пардозанд бо михмон ба гуфтор.
Ба дониш рох бо хам бозчуянд,Зи хам пурсанду посух бозгуянд.
Пагуёни баруманду сарафроз
Ба арсан гуфтугу карданд огоз.
Зи дониш хар касе аз хар даре гуфт,
Зи ориш хар кадоме гавхаре суфт,
Ба арсан хар яке доди сухан дод,
Зи фарзон ганчи пинхон роз бикшод.
Зи лоф он хар яке бас жож жовид,
Ки кафк аз лаб-ш бар доман таровид...
Ашу Зартушт чун омад ба гуфтор
Ба пеши шоху гундоёни дарбор,
Сухан орост чун шахвор гавхар,
Чу аз пируза огин сохт зевар.
Кай он омудагонро дид пуртоб,
Кашида донахо чун гавхари ноб.
Бигуфт: «Эй чомапардози чахонгард,
Ба гети нест бо ту кас хамовард.
Ануша бошу шоду комрон зи,
Чахон то хаст, деру човидон зи!
Чи тухме буд, ки овардию кишти,
Ба марзи дил зи гулхои бихишти?!»
Михони шахру доноёни кишвар
Хама гаштанд сархам пеши зутар.
Чу дар фархангу магзу хушу чисто
Набуд уро касе хамбозу хамто,
Ба-д-у гуфтанд: «Сахт афсунгарасти,
Ба чоду анчуманро чашм басти.
Дили чун шери Кайро то чу оху
Ба доми хеш оварди ба чоду.
Шигифтихо басе дар ин чахон аст,
Ба зери парда бас розе нихон аст.
Зи рози ин чахон кас нест огох,
Дар он пурпечу хам бошад басе рох,
Хамора бихрадони донишалфанч
Дар ин рах солиён бурданд бас ранч.
Хама фарзонагони номбардор
Надонистанд чи-бвад бундади кор.
Ниходи осмону Моху Хуршед
На харгиз Йушт донисту на Чамшед.
Биё, з-он розхо, гар мебидони,
Ба мо бикшой бархе, гар тавони».
Ашу Зартушт гуфто: «Он чи доред,
Маро з-он чистонхо пеш оред.
Бипурсед он чи торик аст, то ман
Бигуям посух аз он чиз равшан».
Чунин гуфтанд он гах он бузургон
Ки: «Бас кун бавшу кам зан лофи фарзон.
Бипурсем аз ту акнун аз басе роз,
Дари он ганчхои баста кун боз.
Ки дар бикшодани онхо ба хар гох,
Фуру монданд гундоёни огох».
Ашу Зартушт гуфто: «Ман басечам,
На мардам, гар зи посух сар бипечам.
Чу бо ман ёр худ Яздони по каст,
Маро аз разм бо девон чи бок аст?
Маро, к-аз мехр-Эзад рахнамоист,
Зи руяш шаб ба чашмам рушноист...»
Чу бишниданд аз вахшури фаррух,
Ки бо густохи он сон гуфт посух,
Михонро хашм бар вай бештар гашт,
Рухоншон з-он суханхо турштар гашт.
Бипурсиданд з-у душвортар чиз,
Чу равшан руз посух гуфташон низ.
Ба хар рах баддилон бо тарбу авранд
Бикушиданд, то дар бандаш оранд.
Тавонист он хунарманди забардаст
Зи банди чодувони пурфусун раст.
Ба сад тарфанд гундоёни чоду
Сухан печидатар гуфтанд бо у:
Паямбар з-он хама пурсиш ба арсан
Гирих бикшуду посух гуфт равшан.
Сухан чун гавхари шахвор з-ориш
Биовард аз дамон дарёи дониш.
Ба ришта хамчу гавхарсанч ганчур
Суханро чун гухар омуд вахшур,
Хама банду гирихро дод барбод,
Хама чину шиканчу печ бикшод.
Сару саркардагону корсозон,
Ба ганчу симу коло сарфарозон,
Ки бо у баддилу азгот гаштанд,
Сари хам боз патху мот гаштанд.

КАРДАИ 2. ПАЙМОН БАСТАНИ ШОХ ВИШТОСП БО ВАХШУР ДАР ДУСТИ ВА ХАМКОРИ

Чу дар дарбори Кай Виштосп он руз
Паямбар бар пагуён гашт пируз,
Чунин фармуд пас Виштосп: к-«Эй мард,
Ки кас набвад-т дар фарзон хамовард.
Агар Йушти Фриён зинда мебуд,
Яке имруз пешат бандае буд.
Агар у Ахти Чодуро забун сохт,
Сипохи Ахриманро сар барандохт,
Ту бо сад хамчу у пайкор сози,
Хазорон банди у бекор сози.
Зихи, эй партави Хуршеди Ушто
Чароги рахнамои рохи Гушто.
Чахонбин чом гар Чам дошт бар даст,
Зи дарёи дили ту обхурд аст.
Чам ар дар чоми май дид ин чахонро
Ту дар дарёи дил бини нихонро.
Биё, эй пайки рохи растагори,
Фуруги бомдоди бахтиёри,
К-аз ин пас хамдаму хамрози мои,
Ба базму размхо дамсози мои.
Ба рузу шом боши хамнишинам,
Хамора корсозу пешбинам.
Туро наздику хешованд хонам,
Бародар бишмарам, пайванд донам.
Ба Хуршеду ба Моху Тир савганд,
К-аз эдар нагсалам хеч аз ту пайванд.
Шавам андахсу пуштибонат, эй дуст,
Аз он, к-у бар ту бад хохад, канам пуст.
Дили душман-т бо ханчар кунам чок,
Бирезам хуни бадхохи ту бар хок.
Наёрад хеч кас, к-орад газандат,
Манам то дастгиру ёрмандат.
Бикубам он саре, к-ат гашт бадхох,
Бисузам он, ки хор афканд-т дар рох.
Ба дарбор аз хама биншонмат пеш,
Гироми дораму бинвозамат беш.
Даруни дидаву дил чой бидхам-т,
Сари бадхох зери пой бинхам-т.
Панохат бидхам андар хонаи хеш,
Нигохат дорам аз душту бадандеш.
Бузургу хурди моро донишомуз
Ба дарбори каён з-ин пас бари руз.
Барафрузи чароги донишу дод,
Хунаромузамон бошию устод».
Чу ин бишнид вахшур аз чахондор,
Бишуд дилшоду з-у пазруфт гуфтор.
Дувон дар рости савганд хурданд,
Ба паймон дасти хамдигар фишурданд.
Паямбар бо дуруду бо ситоиш
Ба шоди кард оташро ниёиш.
Ду дасти хеш суи осмон кард,
Сипос аз Кирдигори мехрубон кард.
Бигуфт: «Эй шох, нушо бодию шод,
Чунин боду чунинтар бод, то бод!»

КАРДАИ 3. БА ДИНИ ХЕШ ДАРОВАРДАНИ ЗАРТУШТ КАЙ ВИШТОСПРО ВА КУШТИ БАСТАНУ БО БОЧУ БАРСАМ ОТАШРО НИЁИШ КАРДАНИ У

Паямбар ирмагону донишомуз
Хаме буд чун ба Кай Виштосп хар руз
Ба орун дар дили Виштосп рах ёфт,
Чу Хуршед аз хирад уро ба сар тофт.
Ба-д-ин сон чанд рузе он ду бо хам
Хамебуданд хамдастону хамдам.
Дувон гаштанд чун бо хам хамоханг,
Ба доду дину дар фарзону фарханг,
Яке рузе паямбар бо чахондор
Чунин огоз кард аз мехр гуфтор,
Ки: «Эй боофарин шохи чахонгир,
Ба номи неку коми дил бижи дер!
Михин бунёдкоре, к-ин чахонро
Бидоду андар он бинход чонро,
Ниход у хафт гунбад осмонро,
Замину Моху Хуру ахтаронро.
Ба доди човидон гаштор фармуд,
Чахон дар риштаи ханчор омуд.
Гиёхи сабзу барвар урваронро
Хама У офариду дод чонро.
Равонбахше, ки виспон зинда з-Уянд,
Хама бо дасти У аз хок руянд.
Худованде, ки тахту гох додат,
Ба бахту кому шохи рах кушодат.
Зи шохони чахонат баргузид У,
Бузурги доду пирузию неру.
Тавоное, ки дар боду наму хок
Нихода чунбишангез оташи пок,
Маро суи ту бифристод бо дин,
Биомузам туро то доду ойин.
Маро назди ту У овард, эй шох,
Намоям шахриёри то туро рох.
Хам У пайгоми худ бар ман супорид,
Ба эру нер пайгамбар гуморид.
Зи шохони чахон Харвиспогох
Гузинат кард, эй пирузгар шох.
Маро, эй шохи фаррух, андар ин руз
Бикардат рахнамову донишомуз.
Кунун бишнав ту аз ман, эй чахондор,
Паёми Эзади Хар-Висп-Додор.
Ба чон бипзираш, эй шохи хирадманд,
Хар он ч-овардамат аз Висп-Хованд.
Се чиз овардам аз мену раховард,
Диханда чону дору аз хама дард.
Нахуст ин «Панч ганчи шохвор»-анд,
Нигористони чун хуррам бахоранд.
Хама ганчи хирад дар вай нухуфта-ст,
Сухан чун гавхар андар вай бисуфта-ст.
Буванд он панч сар то сар хама панд,
Ту онро ёд гиру кор мебанд.
Ахуро дод фармон бар ман, эй шох,
Чахон то созам аз дини бих огох.
Бигуфт у доду дониш парваридан,
Зи фарзону хирад дин густаридан.
Бихону кор банд ин монтраспанд,
Ки мони зиндаву човид хурсанд.
Дигар он армугон, к-овардамат ман,
Сутуда оташи пок асту равшан.
Яке оташгахе дар шахр бар пой
Намову барних озар андар он чой.
Ба назди кох, дар боги дилафруз,
Фурузон бошад он оташ шаборуз.
Ба ширу хуму бо равган кунаш шод,
Намозаш ору аз Маздо бикун ёд.
Се дигар он будам фармони Яздон,
Ки: «Сарве пеши Кохи шох биншон».
Бигу, биншонам он сарви сихиро,
Нишони руйиши дини бихиро.
Давонад реша дар магзи замин жарф,
Кашад сар суи боми шанги ишгарф.
Расад озодаву сабзу гашаншох,
Ба перомун-ш соз он чо яке кох.
Пас он чо озаре афруз човид,-
Нишони бурз-Мехру з-они Хуршед.
Худинону бихон-ш оранд то руй,
Зи хар суи чахон оянд он суй.
Гузину пок дини маздаяснон
Биёбад густариш дар хоки Эрон.
Ба коми Эзаду амшоспандон
Бигардад ин чахони гирдгардон.
Ки кас дар гетию мену зияд шод,
Чунин боду чунинтар бод то бод!»
Бигуфт: «Эй чомапардози суханвар,
Наояд мардумонро бар ту бовар.
Кас аз ойини Чамшеду Фаредун
Чи гуна ояд аз якбора берун?
Ба магзу чону чашму дил дарун аст,
Сиришта мехри он бо чону хун аст.
Хар он хуе, ки дар хун рафт бо шир,
На бо тегаш тавон бурдан, на бо тир.
Ман он дени навинро гар пазирам,
Рахи маздопарастиро бигирам,
Бигирам пеш дину кеши Зартушт,
Бигардонанд бар ман хамгинон пушт.
Шаванд Эрону Турон душмани ман,
Дарег аз чону фарзанду зани ман.
Мугон он гах ситам созанду бедод,
Равад тахти каён аз бех барбод…»
Бигуфт: «Эй шох, з-ойини ниёкон,
Нагуфтам, сар бипечу руй гардон.
Ба неки з-он бузургон кун хаме ёд,
Ба ясношон фурухар кун хаме шод.
Ба неки номи пирони кухан бар,
Чи вахшуру чи дастуру чи сарвар.
Ба неки бар зи мардони хирад ном,
Равоншон то ба мену бошад ором.
Ба гуфтан рост бошу дар куниш рост,
Бихи андешу бош андар маниш рост.
Хирад бишмор волотар зи хар чиз,
Ба Маздо биграву бипзир дин низ,
Набошад бок, гар шохи хирадманд
Пазирад дени Яздони барозанд.
Шаханшах дени навро гар пазирад,
Ахуромазд уро даст гирад.
Бувандаш Эзаду амшоспандон
Зи хар бад в-аз хама душман нигахбон.
Мадор, эй шох, боке аз бадандеш,
Ки Маздо ёрманди мо бувад хеш.
Ба Маздо биграв акнун, эй хирадманд,
Ба варчованду хушнон монтраспанд.
Ба вахшурону покон, к-у фиристод,
Ба дастурону родон, к-у ба мо дод.
Ба рузи Растахезу Пурд-Чинвад,
Ба подош аз бихию кайфар аз бад.
Бихонро хуррамию растагори,
Бадонро дузаху андуху хори.
Ба хафт амшоспандони поки Яздон,
Фуруги руйи зебои чахонбон.
Хам андар он ду неру, к-он ба гетист,
Яке неруи бад, дигар-ш некист.
Миёншон нест харгиз ошнои,
Яке торику дигар рушнои.
Хамисторанду пайваста ба коранд,
Хамора харду бо хам разм доранд.
Сипанто-ман-ш ину Ахриман-ш он,
Яке марг оварад, дигар дихад чон.
Бишав хасту, ки неки човидонист,
Ашо ханчори рохи зиндагонист.
Фурухархои бас арзандаву пок,
Тихи з-олоишу озода аз ок,
Хамеша пойдору човидонанд,
Нигахдоранда чони зиндагонанд.
Ба пиндору ба кирдору ба гуфтор
Забону дасту дилро пок медор.
Гар ин се боз дори аз гунохон,
Зи хар патёра хохи раст осон.
Бихи хоху бихи гую бихи кун,
Ба доду рости шоханшахи кун.
Забонро рост дору дасту дил рост,
Бипархез аз дуругу аз кажу кост».
Бигуфт: «Эй монррони тозагуфтор,
Шигифтангез соз ин чо яке кор.
Киху мих то биорад бар ту бовар,
Ки хасти ростин вахшури Гаргар.
Фуру рав дар дами сузанда отарш,
Таносон з-он бурун о чун Сиёварш.
Ва ё кун мурдаеро зинда аз гур,
Ва ё дих биниш андар дидаи кур.
Чу дасти кори Додори Тавоно
Ба чашми хеш бинад пиру барно,
Кунандат бовар, эй вахшури бихдин,
Пазиранд аз ту маздоясни ойин».
Бигуфт: «Эй подшохи додгустар,
Ба доду рости бинхода афсар,
Хирадро рахнамун дон дар хама кор,
Ба пиндору ба кирдору ба гуфтор,
Хар он ч-ат бо хирад ояд баробар,
Хамонро рост дону соз бовар.
Нишон аз хастии Маздост бисёр,
Касе бинад, ки дорад магзи бедор.
Нигах кун ин замину осмонро,
Хам он Хуршеду Моху ахтаронро,
Бубин, к-он хар якеро вижа хуест,
Раванда хар як аз суе ба суест.
Зи тобу аз фуругу рушнои,
Бичу бар Мехр рохи ошнои.
Нигар бар гардиши солу маху руз,
Гиёхон зинда гаштан бин ба Навруз.
Нигах кун бар дарахтону гиёхон,
Ба хар як барг хони рози пинхон.
Нигар, дасти Хирад он чост пайдо,
Нишони хастии Додор-Маздо.
Хам ин «Готон», ки мехонам-ш бар ту,
Гувохи бихтар аст аз будиши у.
Шигифтангезтар з-инон магар боз
Ба гети хаст, эй шохи сарафроз?»
Чу шохи Балх ин гуфтор бишнуд,
Зи дил занги гумонро пок биздуд.
Хама дарёфт чун магзи суханро,
Бикушт андар дили худ Ахриманро.
Ба дени ростини зардухушти
Камар баст он гах у, хасту, ба кушти.
Гирифт у бочу андар мушт барсам,
Ба назди озарон биншаст хуррам.
Бигуфт: «Эй бор, Додори Гарогар,
Сипосу офарин бодот бемар!
Худованди Хирад, бахшандаи чон,
Падидорандаи хастону бедон.
Бикун равшан дилу андешаи мо,
Кушоиш дех ба кору пешаи мо.
Чахонпарвардигоро, Човидоно,
Авахшидору нахмар мехрубоно!
Ба ду дасти ниёз оем суят,
Навонон бо намоз орем руят.
Ба мо бинмой рохи ростиро,
Рахои аз кажию костиро.
Ба ойини бихи, кеши Ахуро
Ба суи растагори бар ту моро.
Худоё, гар зи ман зад сар гунохе,
Надониста ва ё дониста гохе,
Агар бад кардаму будам базахкор,
Ба пиндору ба кирдору ба гуфтор,
Тани буд он гунохон, ё равони,
В-агар гети буд он, ё менувони,
Патат хастам ман аз карда пашемон,
Худовандо, биёмурз он гунохон.
Ба се гуфтан пашемонам зи хар бад,
Ки аз ман дар хар ойин кор сар зад.
Кунун хасту шудам ман баста кушти,
Ки маздоясни хастам-зархудушти.
Ахурокешаму аз дев безор,
Ба бадкеш Ахриман хастам хамистор.
Манашниву кунашниву гавашни,
Дар ин се рах гузидам маздаясни.
Ба дастурии Зартушти паямбар
Камар бастам ба фармоин ту, Гаргар.
Сипосу афтадисто он Худоро,
Ки чун Зартушт рахбар дод Моро.
Чу бо Хуршед кардам ошнои
Маро шуд дидаву дил рушнои.
Пазируфтам ман акнун дини Зартушт,
Ахуродода бих-ойини Зартушт.
Ба Хуршеду ба Моху Тир савганд,
Ки харгиз нагсилам з-ин кеш пайванд.
Ман ин тухми бихи чошам аз ин пас,
Ба дилхо дони неки пошаму бас.
Худини дар чахон бипроканам ман,
Дар он доду хирадро оганам ман.
Ба неки ин чахон обод дорам,
Ба гети тухми дину дод корам.
Хамеша бо бади бошам ба пайкор,
Чахонро вижа дорам то зи бадкор…»
Чу ин диданд аз Кай дарпарастон,
Михону вижагону сарпарастон,
Ба хам гуфтанд, к-«Аз дини Фаредун
Бишуд имруз шохи Балх берун.
Ба гуфти марди дарвеше фусунсоз
Бигашт аз дини худ шохи сарафроз.
Пагах з-ин мардум ар гарданд огох,
Ба хашм оянду чанг оранд бо шох.
Чу шохони чахон онро бидонанд,
Сипохи хеш бар Эрон биронанд.
Зи хам чуянд разму шахри Эрон
Саросар гардад аз офанд вайрон.
Равад тахти каён аз даст барбод,
Чахон пур гардад аз Нерон ба бедод.
Сар ояд рузгори чамнижодон,
Шавад нобуд дини пешдодон.

КАРДАИ 4. ДАРМОН БАХШИДАНИ АШУ ЗАРТУШТ БА БАРОДАРИ КАЙ ВИШТОСП-ЗАРИВАР, КИ ДАР ДАМИ МАРГ БУД ВА БА ДИНИ МАЗДОЯСНИ ДАРОМАДАНИ ГУРУХОН

Ба Балх андар шаханшахро бародар
Яке буд, номи он фаррух Заривар.
Далере гурд буд гохи чавони,
Дилаш лабрези мехри зиндагони.
Фиганди шери нарро бо сари даст,
Бикарди кухро аз як задан паст.
Кунун у пир буд уфтода аз пой,
Бирафта зуру хангу монда бар чой.
Шуда бемору зору хаста он пир
Низору хору дилрешу замингир
Зи дарду ранч тан борик гашта,
Чахон дар чашми у торик гашта.
Дараш мекуфт деви марг хар дам,
Ки: «Бози дер бо чони ту кардам.
Нигар, чун нотавонат кардаму суст,
Фиристодам насу, то кардамат муст!»
Зи хар су гирд гаштандаш пизишкон,
Бичуён дарди уро нек дармон.
Хирадмандони афсункору чоду
Надиданд аз чунон як дард дору.
Басе карданд пирон чора бар вай,
Накарди хеч дору кора дар вай,
Бузургону михони донишалфанч
Басе бурданд дар дармони у ранч.
Фуру монданд доноён ба-д-он дард,
Ба-д-он сон хираги дар кори он мард.
Ашу Зартуштро гуфтанд он гох,
Ки: «Гар хасти пизишки донишогох,
Яке ин чо сипахдорест бемор,
Бие, боре, бубин з-он пир дидор.
Чунон бемор бих кардан тавони,
Агар вахшуру донои чахони?!»
Хамон гах хест аз чояш паямбар,
Биомад назди болини Заривар.
Ба бистар дид пире хаста дар хоб,
Зи сузи дард дар печу табу тоб.
Сараш бехушу тан буд гашта бетуш,
Ки нушаш захру захраш гашта чун нуш.
Хаменолиду меларзид чун бед,
Зи ширин чони худ буд гашта навмед.
Бигуфт: «Эй дустон, дардаш равонист,
Ба магз-андар-ш андухе нихонист.
Агар бар дини Маздо бигравад у,
Танаш гардад дурусту бих шавад у».
Сипас бархонд бар вай мотраспанд,
Зи варчованд «Готон» порае чанд.
Зи мораспанди варчованд бемор
Равон дар тан дамиду гашт хушёр.
Кушод у дидагону дид:-вахшур
Фуруг аз рух хаме афканд чун Хур.
Бигуфто: «Эй пизишки монтрохон,
Ки дар тан мурдагонро медами чон,
Шунидам чун суруди дилкаши ту,
Шудам ман зинда з-овози хуши ту.
Дарахти чони ман хушку хазон буд,
Ба он-дар боди марг ин дам вазон буд.
Гиёхи хушки чонро об доди,
Ки оби Тиштари ё руди Доди?
Биё, бозам ба сар гавхар чу борон
Фуру резам чу абри навбахорон»
Паёми Восноро бори дигар
Паямбар хонд бар гуши Заривар.
Чу он бишнид, аз тан рафт-ш сусти,
Гароиш кард чон суи дурусти.
Бигуфташ: «Эй пизишки чони бемор,
Дамиди чон маро дар чони афгор.
Ту кисти, ном-т чисту аз кучои?
Ки аз дарди бадам доди рахои.
Дили торики ман гашт аз ту равшан,
Гули умед кишти дар гили манн».
Паямбар гуфт: «Зартуштам бувад ном,
Ки овардастам аз Маздо-т пайгом.
Биомузам-т доду ростиро,
Ахуродода ойини бихиро.
Агар кеши ахурои пазири,
Рахи маздопарастиро бигири,
Ба ойини некуи биграви ту,
Ба дини рости хасту шави ту,
Танат гардад дурусту бих шавад чон-т,
Бигарданд ардамон бар дард дармон-т».
Хама панд аст пайгоми Худованд,
Ба дил бипзиру бо чон кор мебанд.
Дили пират аз он ёбад чавони,
Ба коми дил гузори зиндагони.
Дамад неру ба магз андар тану чон-т,
Расад бихрузи аз Додори кайхон-т».
Заривар гуфт: «Эй донандаи роз,
Маро огох з-ойини бихи соз.
Фуру уфтода дар торик чохе-м,
Ки суи рушнои нест рохе-м.
Бидих з-ин чохи торикам рахои,
Бурунам ор суи рушнои.
Чу як гумрох дар тасфи биёбон
Тапон аз ташнаги кандам басе чон,
Чу абре чакра дар комам чакиди,
Гиёхи хушки чонро чон дамиди.
Суруди чонфизоятро, биё, боз
Ба гуши чони беморам биандоз».
Зариварро ашу Зартушт он гох
Зи доду дини Маздо сохт огох.
Зи андарзи паямбар шуд дилаш нарм,
Ба кору зиндаги он пир шуд гарм.
Бигуфт: «Эй монтрони тозагуфтор,
Ки оварди паём аз пок Додор,
Ман аз фарчоми кори хеш дилсард
Будам бемор дар бистар рухон зард.
Зи Деви Марг рузу шаб будам бим
Зи Деви Ноумеди буд ба дил хим.
Зи бими марг яксар буд рухам зард,
Зи навмеди дилам буд аз чахон сард.
Ту бо пайгоми Маздо чун расиди,
Ба тан чону ба дил гарми дамиди.
В-аз ин пас ман зи банди дев растам,
Ба фардо хуррами умед бастам.
Паёми Довари Равшан шунидам,
Ба дини поку равшан бигравидам.
Агар ман зинда монам з-ин пас, эй ёр,
Насозам дар чахон чуз некуви кор.
В-агар мирам, хаме дилшод мирам,
Ки пас аз марг боши дастгирам.
Ба умеде, ки Фаршугарди фардо
Бихезам шоду хушдил пеши Маздо.
Кунад у чойгох андар бихиштам,
Ки ман чуз тухми накуи накиштам».
Паямбар гуфт: «З-ин пас, эй бародар,
Ту руз аз руз хохи гашт бихтар.
Туро мебояд аз рузи нахустин
Ба чо овардани ойини бих дин».
В-аз он пас он сипахдори накуном
Бихи варзиду карниш руз то шом.
Ба дастуру ба фармони паямбар
Тану чон гашт руз аз руз бихтар.
Ба андак руз, чун динро пазируфт,
Рухонаш чун гул аз Навруз бишкуфт.
Ба у баргашт неруи чавони,
Зи нав дил баст у бар зиндагони…
Хама бих гашту чун шери сарафроз
Зи нав баргашт бар эронсипах боз.

КАРДАИ 5. БА КЕШИ МАЗДОПАРАСТИ ДАРОМАДАНИ ДАРБОРИЁН

Бузургону сарони Балхи Боми,
Михону роду фармондору номи,
Чу диданд он шигифти бо Заривар,
Гароиданд бар дини паямбар.
Хамон дастури донишёр Чомосп
Дабири пешкори шох Виштосп,
Хутуса он-михин бонуи Кай-шох,
Чунон чун руста гул по то сари мох,
Гуво гаштанду пазруфтанд динро,
Гузида кеши поку ростинро.
Парасторони шоху домдорон,
Хам он холигарону барзакорон,
Ба бочу барсам он гах пеши оташ
Хама бастанд кушти бо дили хуш.
«Бихи,-гуфтанд,-з-ин пас пеша созем,
Зи бих гуему бих андеша созем.
Ба панду гуфти пайгамбар нигушем,
Ба ободию кори нек кушем.
Хирадро пос дорему парастем,
К-ахурокешу маздоясн хастем.
Набард орем бо торик паркон,
Ба дониш руй орему ба фарзон.
Чахонро пок созем аз ситамгар,
Зи девону дуручону харастар.
Кунем обод девору дари хеш,
Диху рустову шахру кишвари хеш…»

ФАРГАРДИ 3. НИХОДАНИ КАЙ ВИШТОСП ОЗАР-БУРЗИН-МЕХРРО ДАР БАЛХ ВА НИШОНДАНИ У САРВИ КИШМАРРО ВА ДИНИ МАЗДОЯСНИРО ГУСТАРИШ ДОДАНИ У

КАРДАИ 1. ОЗАР-БУРЗИН-МЕХР

Ба ховангох чун Хуршеди тобон
Фурузон гашт бар боми Хуросон,
Миёнро баста бо кушти шаханшох
Нишаста бо каёни точ бар гох,
Ба дил мегуфт: «З-ин пас парварам дин,
Ба гети чошам ин фархунда ойин».
Ашу Зартуштро гуфт: «Эй паямбар,
Хамон се чиз, к-аш гуфти, биёвар.
Нахуст он оташ андар гох монам,
Дигар он сарв назди он нишонам,
Се дигар поку варчованд «Готон»
Ба хар суи чахон созам парешон,
Ки то маздопарасти рост бошам,
Ба гети тухми дини бих бичошам».
Пас он чо сохт отарвант бунёд,
Ба-д-он чо озари исфанд бинход.
Бигуфт: «Ин оташи мехри Ахурост,
Нишони мехри бурзин мар Худорост.
Нишон аз покию некусиришти
Бувад ин оташи поки бихишти».
Варо бинход «Озар-Мехр-Бурзин
Ба ном он шох бо вахшури бих дин.
Сипас фармуд, то гирдаш бигаштанд,
Ба оташ-зухр бо мехраш бияштанд.

КАРДАИ 2. НИШОНДАНИ ВИШТОСП САРВИ КИШМАРРО БО ЗАРТУШТ НАЗДИ ОЗАР-БУРЗИН-МЕХР

Ба назди шоху вахшури хирадманд
Бузургону михон чун гирд гаштанд,
Бифармуд он гавонро шох Виштосп,
Пашутан, вижа, бо фарзона Чомосп:
«Нихоле, к-аз бихишт овард вахшур,
Ки Маздо дода бар киштан-ш дастур,
Яке озодсарве сабзу дилкаш,
Ки фармудаш нишонам назди оташ,
Равед, оред он сарви сихиро,
Нишони сабзиши дини бихиро.
Кашад то сар ба чарху реша дар хок
Дарахти дини маздояснии пок.
Худинон оварандаш бо язиш руй,
Пиёда суи он урвар зи хар суй.
Чу бехаш пахн гашту шуд гашан шох,
Ба гирдаш созам арванда яке Кох.
Бихонро якдилу якчон кунад он,
Ба хам наздику хамдастон кунадшон.
Ба оташ-зухру бо бочу ба барсам
Хамасола чу гирд оянд бо хам,
Бидорад хамдилу хамсон, ки эшон,
Парканда набошанду парешон.
Ба танхои набошад мард бихруз,
Хунаромузу корогоху пируз».
Биоварданд пас он сарвбунро
Нихоли сабзи гуянда сухунро.
Ба-д-он чо назди Бурзин-Мехр-Озар
Ба дасти хеш биншондаш паямбар.
Бигуфт: «Ин чойгохи хамчу мену,
Або ин оташу ин сарви дилчу
Хамеша поку варчованд доред,
Ба арчу ному бо авранд доред.
Набоназдиштгону пурдкешон
Зи чудшахрону хамшахрону хешон,
Хама маздопарастон то тавонанд
Ба-д-он аз хафт кишвар руй монанд.
Зи хар су гирд оянд аз бари он
Ба покийи дилу дасту тану чон.
Хама Зартуштиёни бастакушти
Бишуста даст аз зишту дурушти.
Ба гирди Сарви Кишмар бо хам оянд,
Парастанд оташи поки Худованд.
Хар он к-у дорад ин оташ фурузон,
Ба у рузи дихад Маздо фаровон.
Хар он к-у пок оташ парвариш кард,
Ахуро нек подош он куниш кард.
Касе, к-у пок оташро биёлуд,
Ба фардо чой дузах хохадаш буд.
Бахорон хар ки биншонад дарахтон,
Бигардонад Худо-ш аз некбахтон.
Ба соле гар нихоле парварад кас,
Хамон арчу бузурги ёбад он бас.
Хар он к-у сухт ё бубридашон тар,
Ба фардо з-он гунохон бурд кайфар.
Хар он к-у оташи тобандаро кушт,
Фарих бодаш ба бодафрох сад пушт.
Бидоред обу боду оташу хок
Хамеша арчманду вежаву пок!
Ки з-инон зиндагони пойдор аст,
Хар он ч-он хаст, зинда з-ин чахор аст.

КАРДАИ 3. БУНЁД КАРДАНИ КАЙ ВИШТОСП КОХЕ ПИРОМУНИ САРВИ КИШМАР ВА МАРДУМОНРО БА ПАРАСТИШИ АХУРО ВА ДИНИ МАЗДОЯСНИ ХОНДАНИ У

Баромад солиён, то Сарви Кишмар
Дарахте шуд баланду зад ба Мах сар.
Чу рафташ реша жарфу пахн шуд шох,
Ба гирдаш сохт шоханшах яке кох.
Чихил раш буд болову чихил бар,
Миён-дар буд хумоюн Сарви Кишмар.
Ду айвон сохт дар вай аз зари пок,
Замин-ш аз симу мушк омехт бар хок.
Бар он бингошт Кай Виштоспро ном,
Ки дин пазруфт аз пури Спитом.
Нигорид андар он Чамшедро низ-
Парастанда Маху Хуршедро низ.
Нигориш, к-андар айвони дигар кард,
Фаредунро ба гурзи говсар кард.
Пас он бингошт шохони дигарро,
Каёни чамнижоду номварро.
Ба гирдаш бораеро оханин сохт,
Дар он тахте зи зарру барг андохт.
Чу буд шуд корумони Кохи Заррин,
Дар он биншаст Фаррухзоди бихдин.
Ба кишвар хар кучое михтаре буд,
Ба у Кай касс фиристоду бифармуд,-
Ки эдар чун паёми ман бигиред,
Зи ман дини бихиро дарпазиред.
Зи Мехру Моху Тиштар даст доред,
Худованди Хирадро сар фароред.
Хама оед дар ойини Зартушт,
Бигардонед аз дерина дин пушт.
Камар чун ман ба кушти сахт бандед,
Хамора дар бихи кушед, то бед.
Ба гети чуз зи неки ёд н-оред,
Ашоро бехтарин неки шуморед.
Паёми ман шуморо чун расонанд,
Хамон дам, к-аз ман ин фармон бихонанд,
Ба суи гунбади озар пиёда
Шитобед, эй бузургони нижода.
Намоз оред пеши пок озар,
Пасон гардед гирди Сарви Кишмар.
Ниёзи хеш хохед аз Ахуро,
Фуруд оред сар дар пеш Уро.
Аз ин фармон харгиз сар матобед,
Ба суи гунбади оташ шитобед!»
Бузургонро чу фармон омад аз шох,
Напечиданд сар з-он хоху нохох.
Рахи гаштанд суи Кохи Озар
Ба Бурзин-Мехру пеши Сарви Кишмар.
Шаханшах гуфт, к-«Аз фармони вахшур
Касе сар тофт, аз кишвар кунам дур.
Пазиред, эй дупоён, рост динро,
Рахи вахшури поку ростинро.
Зи ойини дуругин бозгардед,
Ба дини рости анбоз гардед.
Кучо Эронзаминро буд михтар,
Шуд у хасту ба ойини паямбар.
Бипазруфтанд ойини бихиро,
Хамон пок оташу сарви сихиро.
Ашу Зартушташон омухт фарзон,
Бибастан кор панди пок Яздон.
Рахи озодагию растагори,
Рахо гардидан аз зиндони хори.
Гурухе панди уро нашнавиданд,
Ба пайгоми Ахуро награвиданд.
Гурухе дигар аз бими чахондор
Пазируфтанд дини бих ба ночор.
Гурухе низ дар дин хастувон гашт,
Гурухе дар дил аз дин бадгумон гашт.
Чу фармон будашон аз шохи кишвар,
Битарсиданд печидан аз он сар.
Чарову чун бигуфтанд кас наёрист,
Зи гуфти Кай кашидан сар нашоист.
Ба-д-ин сон гашт он фархунда дих-Пушт
Парастишгохи барсонони Зартушт.
В-аз он пас суи Озар-Мехр-Бурзин
Биомад хар ахурокеши бихдин.
Хамасола ба суи Сарви Кишмар
Шитобиданд гирди Кохи озар…

КАРДАИ 4. ФИРИСТОДАНИ АШУ ЗАРТУШТ ШОГИРДОНИ ХУДРО БА ХАР СУИ ЧАХОН

Чу шоху вежагону михтаронро
Парасторони шону дигаронро-
Ашу Зартушт андар дин биовард,
Ба кеши росткори ошно кард,
Басе шогирд, к-аз наздику аз дур
Дар ойини бихи парвард вахшур.
Ба дин фархехтшон фарзона устод,
Хунар омухтшону донишу дод.
Бигуфт аз рости дар кору гуфтор,
Бикардан бо дуругу дев пайкор.
Ба хар шогирду бо ёронш вахшур
Кушоиш хосту пас дод дастур.
Ки чун рафтанд з-ин чо аз пайи кор,
Ба рохи доду дин созанд пайкор,
Биомузанд мардумро ашуи,
Хирад парвардану кардан накуи.
Зи неки ёд овардан шабу руз,
Ба номи Воснои Висп-пируз.
Замину шахру дих обод кардан,
Чахони хуррами бунёд кардан.
Чунин фармуд кардан бар худинон
Хамаруза ба ёди пок Яздон:
«Ба Ховангох чун сар кард Хуршед
Ба хован ширу хуми пок резед,
Намоз оред гохи Хованиро,
Бибахшанда ба гети равшаниро.
Зи бахри хуррамии рустоён,
Шукуфоию ободии Эрон,-
Миён бандеду дих обод созед,
Ба кори нек дилхо шод созед.
Ба ободии хар як хонавода
Бипардозеду хушнудии дуда…
Рапитвингох чун Хуршеди тобон
Ба боми Нимруз омад шитобон,
Худованди Рапитвинро ниёиш
Кунед он гоху хонедаш ситоиш.
Баред онро намозу зухр-ш оред,
Сипосу арчи беш онро гузоред.
Кунед он гох андар дил сиголиш
Фаровони ба шахри хешу болиш.
Рапитвинро ба поки ёд оред,
Зи кори нек шахр обод доред.
Чу рафт аз чор се бахш аз рахи руз,
Ба суи Ховар омад гетиафруз,
Шавед омода бар Гохи Узерин,
Зи бахри пешрафти кишвару дин.
Узерингохро бар по бидоред,
Чуз ободии кишвар ёд н-оред…
Ба гохи шом чун мург за пайи хоб
Бигашту рафт дар Ховар чахонтоб,
Аз он хангом то аз шаб равад ним
Шавед ожер бар Айвисрутрим.
Гахи Айвисрутрими хумоюн
Намоз оред чун Чамму Фаредун.
Зи бахри рузгори шоду обод
Бикушеду чахон доред бо дод.
Ба маздоясни Зартушти худинон
Бихи хохед аз Додори кайхон.
Дихад бихзист то Зартуштиёнро,
Ба кори нек баста куштиёнро.
Хушию хуррами дар зиндагони
Бибахшад то Худо аз михрубони.
Бихи варзед, то бошед бихруз,
Хамеша шодмон бошеду пируз…
Пас он гах аз дили шаб то ки Хуршед
Канори осмонро кард испед,
Зи ними тирашаб то бомдодон
Зи рахти хоб бархезед шодон,
Зи нав гиред кори доду динро,
Намоз оред фаррух Ушахинро.
Бихохед аз Худои Виспогох
Барои хонадон дар Ушахингох-
Хушию хуррамию некрузи,
Фузунию фаровонии рузи.
Худои Ушахингахро парастед,
В-аз У бахти наку доред уммед…»
Ба-д-ин сон рузу шабро бахш бар панч
Бикард он монтрони донишалфанч,
Ки дар ин панч хангоми шаборуз
Кунад фармонравои шохи пируз.
Ба неку шахриёри кишвар обод
Бидорад шохи фаррухзоди бодод.

ФАРГАРДИ 4. БА ЗИНДОН АНДОХТАНИ ВИШТОСП ЗАРТУШТРО

КАРДАИ 1. БАДНОМ КАРДАНИ БАДХОХОН ЗАРТУШТРО НАЗДИ ВИШТОСП

Сарону сарварону пешвоён,
Раду котузиёну диххудоён,
Чу дастури паямбар бо шоханшох
Гирифтанду бурун рафтанд дар рох.
Хама рафтанд суи хонаи худ,
Бадон дилрешу некон шоду хушнуд.
Чу мардону занон дар шахру дар дих
Надиданд аз бихон чуз пешаи бих,
Бипазруфтанд дин анбух-анбух,
К-аз он гашт Ахриман устух з-андух.
Гурухе бадсиголу кинатузон,
Баду даргаштабахту тирарузон-
Зиёни хеш диданд ошкоро
Дар ойини бихи-доди Ахуро.
Ба хам гуфтанд бояд чора кардан,
Ба пайгамбар яке пайгора кардан.
Яке дар хона буд уро парастор,
Нигахбон хонаро бо дегу кочор.
Зи чизи хонаву богу дару бом
Бикарди посбони руз то шом.
Яке з-он бадсиголони сияхдил
Биомад пеши он дарбони хушгил.
Бибасташ чашм бо афсуну найранг,
Нихони рехт дар ованди у банг.
Дигар он бодсар баргаштабахтон,
Ба дарбон хеш бинмунд мехмон.
Ба-д-у гуфтанд: «Дар ин бог як дам
Нишинему ба хам бошем хуррам».
Бигустурданд дастореву дар он
Биоварданд нону меваву дон.
Хама он бодсар баргаштабахтон
Биосуданд дар зери дарахтон.
Чу дарбон бо май он паймона нушид,
Ганаб пахшаш бикарду чашм пушид.
Ба хобаш рафта як бадбахт чун дид,
Бажанги хонаро з-у тафт дуздид.
Намуд он гох ёронро ба ангушт
Ба суи хонаи вахшур-Зартушт.
Нишон диданд чун он бадсиголон,
Шитобиданд он су чун шаголон.
Чу дар бикшод он душти бадандеш,
Дарун рафтанд он дуздони бдкеш.
Ба болишту ба зери бистари уй
Ниходанд устухону нохуну муй.
Сарони мурдагон аз модаву нар,
Паси гург, устухони каллаи хар,
Ба-д-он монанд бас чизе, ки он низ
Шумар буд чодувиро вижа он чиз.
Хануз он чой дарбон буд дар хоб,
Задандаш бар сару ру баддилон об.
Чу шуд бедор з-оби сард дарбон,
Ба зону хост пузиш з-он бузургон.
Шитобон боз бо сархои пурбод
Дараш бастанду пас рафтанд дилшод.
Хамон дам бадсиголони ситамгор
Шуданд ожир назди Кай ба дарбор.
Дар он чо буд пайгамбар нишаста,
Миён се рох бо кушти бибаста,
Хаме омухт бар Виштосп Чисто
Зи варчованд фарханги Авасто.
Ба-д-он гуфтор чанде гуш доданд,
Пас он гах дар накухиш лаб кушоданд,
Ки: «Эй ойишнаи бадкори чоду!
Ба тунбал чашми Кайро бастаи ту.
Дарун андар багал дори нихон санг,
Ба берун дуст бинмои ба найранг.
Магар ойиштан аз Арчосп асти,
Ба дил бадхохи Кай Виштосп асти.
Туро бас режи бад дар дил нихон аст,
Ки он пушида аз шохи чахон аст.
Нидори хоб шабхо, эй сияхруй,
Хаме афсун дами дар нохуну муй.
Хама шаб дастат андар кори чодуст,
Забону чашм бастан пешаи туст.
Ба чоду кардаи Кайро ба худ ром,
Кашиди бас михонро низ дар дом.
Бипойидем чанде аз пайи ту,
Надидем аз ту чуз найрангу чоду».
Бадандешону бадкинони бадгуй
Биоварданд пас бар подшах руй,
Ки: «Шохо, дер пою човидон зи,
Хамеша комгору шодмон зи!
Ба ин чудшахри чоду хеч маграв,
Дуругу рост, хар ч-у гуфт, машнав.
Ба чашми тудагон бар дораш овез,
Ба тегаш магзу хун андар замин рез.
Фиристодаст Арчаспаш ба Эрон,
Ки созад кишвари Виштосп вайрон.
Ба шаб, бин, у надорад хеч ором,
Хама чодуст кораш то гахи бом.
Агар рохаш нагири, эй шоханшох,
Кунад у мардумонро зуд гумрох.
Агар бовар надори ин суханро,
Гувохи додани ин чанд танро,
Бирав, худ бингар андар хобгохаш,
Ба чашми хеш бини то гунохаш…»
Чу шохи Балх бишнид ин суханро
Зи корогох гудоёни доно,
Бигашташ руй туршу чехра пурчин,
Чу шери нар ба гохи чанг хашмин.
Бигуфт: «Эй бадсиголони сияхкор,
Ба банди деви Рашку Кин гирифтор.
Хама бадхохи Зартушти ашуед,
Ба чуз пайгора набвад он чи гуед.
Ман андар дини Маздо бегумонам,
Забону чону дил хасту бар онам.
Равам дардам худ андар хонаи у,
Бичуям андар он абзори чоду.
Ба чашми хеш бинам хар чи он чост,
Бубинам худ дуруг он аст, ё рост.
Нишон аз чодуви он чо агар хаст,
Бихохам шуст аз гети дилу даст.
Агар абзори чоду нест ончо,
Дихам арзанда подоше шуморо.
Сари пайгоракорони ситамгор
Кашидан месазад он гох бар дор».
Бадандешон зи кори хеш дилшод,
Ба-д-у гуфтанд: «Шохо, офарин бод!
Бирав, дар хонаи у як нигах кун,
Ба гаври мурдагону мую нохун.
Ба чашми хеш бину соз бовар,
Ба реву рангу тарфанди фусунгар».
Ашу Зартушт гуфто: «Эй чахондор,
Макун бовар ба-д-он бехуда гуфтор.
Хама ёва-сту сар то сар дуруг аст,
Зи сузи рашку дуде бефуруг аст.
Мамул, эй шахриёри додгустар,
Бирав, бар хонаи ман нек бингар.
Хама кунчу канору бому дар чуй,
Наёби андар он кажжи сари муй,
Ба Хуршеду Маху Нохид савганд,
Надорам кор чуз ёди Худованд.
Маро бо чодуви харгиз набуд кор,
Хама буд дастам андар кори Додор.
Зи деву чодувон безор хастам,
Ба бад пайваста дар пайкор хастам.
Марав, эй шох, бар гуфтори бадгуй,
Зи дил занги гумон яксар хаме шуй.
Зи ман пур дор дилро, эй шаханшох,
Ки хастам як бихандеше накухох».
Биомад он замон Виштосп хашмин
Ба суи хонаи вахшури бих дин.
Дараш бикшоду бо он вежагон чуст
Канору кунчу бому дар хама чуст.
Дар он чо ёфт баста нохуну муй,
Нухуфта устухони кухна хар суй.
Парид аз сар-ш хушу аз рухон ранг,
Ба чашмаш гашт гети тираву танг.
Ба-д-он сон зиндагони хон нафрин,
Ки перомун набини чуз пажогин.
Ашу Зартуштро гуфт: «Эй фусунгар,
Ба чоду вонамуди худ паямбар.
Туро ман мехр бастам аз дили пок,
Хаме бинам, ки дар чашмам зади хок.
Хунукдил гаштам аз ту ногахон ман,
Гироми дуст, дидам, буд душман».
Ашу Зартушт гуфташ: «Эй шаханшох,
Ки хасти магзбедору дилогох,
Гумон дорам, ки ин чо душмани дин,
Хамоно, карда тарфе аз рахи кин.
Зи дарбон пурс, к-оё чуз ману уй
Дигар кас андарун омад ба мушкуй?
Ягон касро ба гирди хона гардон
Бидид оё, ки мегашт у чу дуздон?
Ки омад хешу бегона гахи бом,
Чи карду чун бурун рафту чи буд ном?..
Ба-д-у Кай гуфт: к-«Эй чоду, гунохон-т
Чи пуши, к-ам басанда-бвад гувохон-т!»
Пас он Чомосп дастури хирадманд
Бигуфт: «Эй додгар Кай, бишнав ин панд,
Надонад шох, то касро гунах чист,
Ба ханчар даст бурдан аз хирад нест.
Нахуст андеша бояд кард шахро,
Марезад то ки хуни бегунахро.
Макун осемасар коре шитобон,
Ки фардо гарди аз карда пушаймон.
Макун кутохи, шохо, дар пижухиш,
Ки фардо худ куни худро никухиш.
Ханузат кам бувад, шохо, гувохон,
Ки барбанди ба Зартушт он гунохон.
Нигар бар чашму рухсору лабонаш,
Ба он гуфтору покиза забонаш.
Дар он аз рости бини фуруге,
Натобад хеч з-он ранги дуруге.
Нахуст аз посбон пурс он чи хохи,
Ки бидхад з-он чи дид он чо гувохи».
Ба бархе дод фармон пас шаханшох,
Ки оварданд дарбонро ба-д-он гох.
Ба-д-у гуфто, ки: «Эй донандаи роз
Чи дони, гуй з-ин марди фусунсоз.
Бигу аз неку бад з-у хар чи диди,
Ба гуши хеш хар ч-аз вай шуниди».
Ба посух гуфт дарбон, к-«Эй чахондор,
Надидам хеч аз вай чуз бихи кор.
Ба кас кирдори бихтар з-у надидам,
На аз кас гуфта з-у бихтар шунидам.
- Шаб андар хобгохи хеш то руз
Чи варзад, гуй марди оташафруз?
- Ба шаб он марди огоху хирадманд
Бувад то руз дар кори Худованд.
- Надиди хеч, к-андар тирашаб уй
Дамад дар устухону нохуну муй?
- Набурдам буй харгиз з-ончунон кор,
Надидам з-у, ки бад ояд падидор.
- Ба гохи бомдод имрузат аз дар
Касе оё гумонангез зад сар?
- Назад сар хеч дигар аз дари ман,
Магар к-омад маро михмон ду-се тан.
Хама буданд гундоёни номи,
Парасторони шохи Балхи Боми.
Бигустурдем хону нон ниходам,
Хар он ч-ам буд з-обу дон, ниходам,
Май оварданду боре нуш кардем,
Ба банги руд гохе гуш кардем.
Аз он май сахт маст уфтодам аз пой,
Рабудам хоб сахту хуфтам он чой.
Зи хоби жарф чун бедор гаштам,
Задандам об, то хушёр гаштам.
Аз эшон хостам пузиш, ки он дун
Биомад кутахи аз ман ба берун.
Ки ман дарвеши хору бенавоям,
Ба шохон хамнишиниро нашоям.
Надонад барда рохи мизбони,
Ки уштур кай кунад полезбони.
Гусишон кардам аз боги дилорой,
Хама рафтанд шодондил аз он чой.
Дари вахшур буд баста ба-д-он гох,
Нарафта хеч кас имруз з-он рох.
Калиди дар хамеша буд бо манн,
На онро дуст донисту на душман».
Аз ин дарёфт Кай Виштосп, к-он кор
Бувад найранги доноёни дарбор.
Аз у пурсид, михмонро чи буд ном,
Ки душман буда бо пури Спитом?
Чу дарбон бурд номи он бузургон,
Ки будандаш ба гохи бом михмон.
Бишуд дониста, к-онон он касонанд,
Ки худ имруз огохи расонанд.
Хама дарбориёни шох буданд,
Ба базму разми у хамрох буданд.
Шаханшах посбононро бифармуд,
Ки оварданд ононро кашон зуд.
Бигуфт: «Эй тирачонони сияхруй,
Бадандешони дилмурдори бадгуй,
Хаме имруз бо найрангу тарфанд
Задан хохедам аз рохи Худованд.
Зи нав мехостедам боз душман
Ба-д-ин пайгора бо вахшур кардан?!
Гумони бад ба дил андохтедам,
Гироми дуст душман сохтедам.
Ба-д-ин пайгорахо бо режи нопок
Бикушидед бар чашмам задан хок.
Пижухиш чашм бар ман кард равшан,
Бидидам дуст кисту кист душман.
Кунун он кас, ки рафт аз рохи девон,
Ба бадафрохи бад гардад гиревон.
Бифарханчам, ки то фарёду шеван
Барояд з-он, ки бо Маздост душман…»
Кай он гах теги пулодин барохехт,
Ба хашм у хост хуни баддилон рехт.
Ашу Зартушт дасташ дошт, он гох,
К-«Аз онон даргузар, эй додгар шох!
Бувад, к-ин хирасар пайгоракорон
Питат гарданду аз карда пушаймон».
Бузурги он ситамкорони бадкеш
Ба зону шохро биншаст дар пеш.
Ба пояш сар ниходу буса бар хок
Бизад он бадниходи зуфти нопок.
Ба зори гуфт, к-«Эй боофарин шох,
Ба доду рости биншаста бар гох,
Будемат дарпарастон солхо боз,
Ба гохи дарду шоди бо ту хамбоз.
Яке роху равиш будем бо шох,
Ба суру сугу базму разм хамрох.
Зи бадхохи ту кишвар веза кардем,
Чахон аз душманат покиза кардем.
Хама будем рузу шаб нигахбон
Зи точу тахту ганчу номи шохон.
Ба ганчи шох дасти бад набурдем,
Сари бадхохро дар гил супурдем.
Чу худро гушу чашми шох кардем,
Падофанд аз хама бадхох кардем.
Аз он худ хеч оё ёд дори,
Ки аз мо боре сар зад нобакори?
Яке бегона марде омад аз дур,
Ба чоду кард чашми хамгинон кур.
Намуд у хешро донишваре нагз,
Ба тунбал шохро рах ёфт дар магз.
Хаме у гуфт: «Вахшури Худоям,
Ки суи растагори рахнамоям».
Зи дини поки Чамшеду Фаредун
Кунад эрониёнро хост берун.
Чахон зеру забар мехост созад,
Ба тахти хусравон то даст ёзад.
Чу донистем марде душтреч аст,
Ба ру чун дуст, андар дил камеч аст.
Туро кардем чандон, эй шаханшох,
Зи кору кирфаи Зартушт огох.
Ту панди дустонро нашнавиди,
Ба гуфтори фусунгар бигравиди.
Надонисти, ки у рузеву рохе
Ситонад тахту точи подшохи.
Хамеша буд бояд дида бедор,
Пайи омораи душман-т хушёр.
Азеро ошкорову нихони
Хамекардем уро дидбони.
Ки то рафтем хам дар зодгохаш,
Хама буданд дар чоду гувохаш.
В-аз у бас роз донистему харчанд
Туро гуфтем, нашниди зи мо панд.
Гувохи равшан акнун дар кати уй
Ба чашми хеш диди, эй чахончуй.
Нагашт у бар гунохи хеш хасту,
Намудат бегунах худро ба чоду.
Забону дасту магзу дидаат боз
Ба чоду баст он марди фусунсоз.
Гунохон хештан карду ба мо баст,
Чунон осон зи потипрос вораст».
Бизад аз хашм Кай дандон ба дандон,
Ба дижхим гуфт: «Каш уро ба зиндон.
Пагах руз оташе пуртоб кун соз,
Аюхшуст андар он якчанд бигдоз,
Ба руйи синаи ин марди чоду
Равон кун хамчу обе аз лаби чу.
Чу чон дардод аз таффи аюхшуст,
Ба чуши оташ афкан лошааш чуст.
Рахи кун пайк суи модари у
Ки гиряд зор бар хокистари у.
Сазои душмани бадхох ин аст,
Бадонро музду бодафрох ин аст!
Гунох ар нест уро, оташи тез
Насузад, в-он гудозон оханаш низ…»

КАРДАИ 2. АЗ ОТАШ ГУЗОШТАНИ ВАХШУР ВА АЮХШУСТИ ГУДОХТА РЕХТАН БА СИНАИ У

Ба фардо оташе афрухт чун кух,
Ба гирдаш мардумон гаштанд анбух.
Паямбар бегазанде з-он гузар кард,
Ба чашми пиру барнову зану мард.
Чу аз оташ баромад у таносон,
Бишуд аз кардаи худ Кай пушаймон.
Чу неруи бузурги Восно дид,
Зи кори кардаи худ сахт тарсид.
Пас он дижхим пеш овард Зартушт
Фуру афканд-ш руйи хок бар пушт,
Зи сина он аюхшусти гудозон
Чу оби чуй кард он гох тозон.
Ба пайкар чун расиду гашт чун ях,
Хама он охану арзиз шуд шах.
Киху мих он шигифти чун бидиданд,
Ба бих дин туда-туда бигравиданд.
Чу шохи Балхи Боми ин хама дид,
Зи кори марди доно бас шигифтид.
Пушаймон шох пушти даст хойид,
Ки бехуда ба гуфти бад гаройид.
Зи кори хеш тарсиду патат кард,
Дил аз хешону наздикон шудаш сард.
Ба дил мегуфт: «Бад кардам, Худоё,
Биомурз ин гунохон, Восноё!
Гуво гаштам, ки у пайгамбари рост,
Фиристода зи Виспогох бар мост».
Бузурги чодувони вижаи шох
Биомад пеши Кай Виштосп он гох.
Гирифта пеши бар ду даст бо тарб
Ба Кай гуфт он фусункори забончарб:
«Зихи, эй подшохи додгустар,
Ба гети чун ту набвад додпарвар.
Агар сад кухи оташ барфурузи,
Ки дар вай марди чодуро бисузи,
Зи оташ боз бо чодуву авсун
Биояд бегазанд ин мард берун.
Гудозон сурб рези аз сари уй,
Нагирад хеч андар пайкари уй.
Ба даст омад гувохат бешу ован,
Ки он бевора пинхонист душман.
Хамон бих корд андар гардани уй,
Бимону кун чудо сар аз тани уй».
Пас он Чомосп дастури хирадманд
Бигуфт: «Эй шох, ин гуфтор мапсанд.
Чу дасту пой дар банд аст душман,
Нашояд бо шитобаш зуд куштан.
Бичуй он розхо, к-андар дили уст,
Ба кор ояд туро як руз, эй дуст.
Хунар пур донаду доност ин мард,
Ба майдон нест кас уро хамовард.
Ба зиндон дорашу з-у бахрае чуй,
Ки шояд судат орад гуфтаи уй».
Биомад боз он пири забончарб,
Забон лесиду бо Кай гуфт бо тарб,
К-«Аз у якбора бистони чаро чон,
Бидораш зинда то маргаш ба зиндон.
Бибояд кушт-ш дар зиндон ба сад ранч,
Дихад охиста душман чон ба ишканч».
Биандешид дар дил шохи Эрон,
Ки шояд рози у донад ба зиндон…

КАРДАИ 3. БА ЗИНДОН АФГАНДАНИ КАЙ ВИШТОСП ЗАРТУШТРО

Касони хешро фармуд пас шох,
Ки «Зудаш афканед андар сиях чох,
Гурусна солиён занчир дар пой,
Низору хор, то мирад ба-д-он чой.
«Бидорам зинда, гуфт,-уро ба зиндон,
Ду рузе чоме обу порае нон.
Чу танг омад, бигуяд рози худро,
Сипоху шоху баргу сози хуро».
Кашон бурданд пас уро ба зиндон,
Ба по пованду бо занчир дастон.
Ба дижбон гуфт дижхими сияхруй,
Ки то хамвора бошад аз паси уй.
Ба чуз пингони обу порае нон
Набидхад хар ду рузе беш дижбон.
Чу шуд афганда вахшури Худованд,
Ба зиндон баста дар занчиру пованд,
Ба-д-у чуз чоми обу порае нон
Надоди хар ду рузе пири дарбон.
Дар он чо бандиёнро дид якчанд,
Фитода, тан барахна, пой дар банд,
Ба хоку чирк жулида, пажогин,
Расида мую нохун, пуст пурчин.
Биолуда ба хуну риму афгор,
Ба хоку чирк сар бинхода бемор.
Бигуфт: «Эй бор, Маздои тавоно,
Чахонпарвардигоро, мехрбоно!
Дар ин торик чохи пур тафу буй
Фикандам шох бо гуфтори бадгуй.
Ман ин занчир натвонам гусастан,
Дари ин бом кай донам шикастан.
Зи дастам гиру аз банди ситамгор
Рахои бахшам, эй дилсуз Додор!»
Суруш он гохаш аз Поки Беанбоз
Ба гуши чонаш эдун дод овоз,
Ки: «Эй уфтода андар банд вахшур,
Шикебои гузин, андух кам хур,
Худованди Хирад донову огох
Набигзорад туро ранчур дар рох.
Рахои бахшадат з-ин банду зиндон,
Ба зуди тандурусту оташинчон.
Агар бахшад-т неру, то бари рох
Басе осон ба берун ин дам аз чох.
Тавон занчирхо бигсехт осон-т,
Зи чашми посбон бигрехт пинхон-т.
Ахуро он рахи осон-т нанмуд,
Ба сахти-дар шикебои-т фармуд,
Ки кори бас шигифтат хаст дар пеш,
Хаме бишкебу аз сахти маяндеш».
Паямбар тофт натвонист з-он сар,
Ки фармон буд ба-д-он гохаш зи Гаргар.
Ба чони хеш он фармон пазируфт,
Сипосу афтадисто бар Худо гуфт.
Ба зиндон монд чандин гох дар банд,
Ки фардо ме-чи-ояд-ш аз Худованд.
Ба зиндон монтрон бекор наншаст,
Хамон пайгоми Маздо кор мебаст.
Хамора бардагонро дин биомухт,
Чароги мехр дар дилшон барафрухт.
Фуруге аз рухон чун Гетиафруз
Чахи торик равшан кард чун руз.
Зи хурдан баста буд он гах дахонро,
Надида чанд гохе чашм-ш нонро.
Худои мехрубон бе обу нон дер
Нигохаш дошт чандин руз худ сер.
Хамон як бурда нону об, к-аз шох
Расиди дар ду рузаш андар он чох,
Бидоди монтрон зиндониёнро,
Зи хурду нуш худ басти дахонро.
Ба-д-он ночиз обу порае нон
Фузуди бар тани он хастагон чон.
Ба андак руз бо дасти паямбар
Наку гаштанд беморон саросар.
Хама дард, ар тани буд, ар равони,
В-агар гети буд он, ё менувони.
Пизишки донишогохи хирадманд
Чу дармон додашон, з-он ранч растанд.
Пизишки кард аз рохи суханшон,
Дурусти ёфт руз аз руз таншон.
Биомад бозашон зури чавони,
Зи нав дар дил умеди зиндагони.
Басо зиндониён дар он чахи тор
Шигифтихо аз у диданд бисёр.
Касе з-он пеш з-он гуна падида
На харгиз дида буду не шунида.
Хама диданд он гуфтору рафтор,
Ки аз Зартушт меомад падидор.
Гароиданд бар андарзу пандаш,
Ба оруни накуву дилписандаш.
Ба дини у пасохам бигравиданд,
Хар он ч-у гуфт, бо чон бишнавиданд.
Чу аз ин кор дарбон огахи ёфт,
Шигифташ омаду худ низ биштофт,
Ба назди монтрони баста дар банд,
Ба дасту пою гардан сахт пованд.
Бидид он зинда гашта мурдагонро,
Ба Маздо бигравида бардагонро.
Нихода гуш бар гуфтори вахшур,
Тану чоншон бигашта бардаму зур.
Шикаста пой деви Гушнагиро,
Бибаста даст деви Ташнагиро.
Ба чашми хеш зиндонбон ба-д-он гох
Бидид он розхоро худ дар он чох.
Чу мораспанди варчованд бишнуфт,
Ба-д-у пайвасту дини у пазируфт.
Ба маздоясни-дини зардухушти
Ахурокеш гашту баст кушти.
Бигашт у бо барушони худин ёр
Ба девону дуручон шуд ба пайкор…

КАРДАИ 4. ДАРМОН КАРДАНИ АШУ ЗАРТУШТ АСПИ СИЁХИ КАЙ ВИШТОСПРО

Зи гохи бостон доно дабирон
Чунин гуфтанд аз донанда пирон,
Ки Кай Виштосп аспе дошт шабранг,
Наванде, тезгуше, хуштаке, шанг.
Тазарви хушхиромеву чамиш нарм,
Равиш боду чахиш-оташ, дамиш-гарм.
Сухандарёбу бохангу нигаххон,
Накурафтору вирову забондон.
Зи теги тези гушаш тир дилчок,
Ба чашми муйи у мушки Хутан-хок.
Ба ранги ёли у пужхон пари мог,
Зи рашки муйи у шабро ба дил дог.
Сумаш чун охани хорошикан сахт,
Агар бар кухи охан зад, шуд он лахт.
Ба сони чор гурзи Говсар сум,
Чу гесуи бути Чин хишта буд дум.
Зи мушки ноб, гуйи, ришта буд муй,
Сиёху хамчу адман поку хушбуй.
Ба сони аспи оташхуйи Тиштар,
Тановар буду тунду кухпайкар.
Зади чун гом бар хок он хушоханг,
Гули оташ шукуфти бар рухи санг.
Ситабру сахт сар то сар тани уй,
Тану туш аст, гуфти, з-охану руй.
Шаханшах мехр бар вай баста буд беш
Зи точу тахту фарзанду зани хеш.
Кашида буд ба ёлаш гавхари ноб,
Чу ахтар дар шаби торик пуртоб.
Ба симу ложварду бо забарчад
Ситому зину пуштангаш биожад.
Сутуда мухрахо овежа бар гуш,
Пур аз зевар забартангу забарпуш.
Шикор омухта, чанг озмуда,
Ба варзиш зураш андар тан фузуда.
Бар он чун барнишасти шохи Эрон
Ба разми пахлавонону дилерон,
Савори шер бар бабр ончунон монд,
Савора бод бар абр ончунон ронд.
Чу андар размгах рафти хурушон,
Сипохи гашни душман шуд парешон.
Зи гурдону саворон хеч як мард
Набуди бо савори он хамовард.
Савораш шох пирузу сарафроз
Зи разму базм баргашти хаме боз…
Биомад аспбони шох як руз,
Ба назди шорсони шохи пируз.
Давону муканону зор гирён,
Зи сузи оташи андух бирён.
Бигуфт: «Эй зебу фарри гоху авранг,
Фарозанда сар аз фарзону фарханг,
Ба гети комгору шодмон зи,
Дарозу деру дуру човидон зи!
Хамон Шабдес аспи бодрафтор
Ба дарде гашт ногохон гирифтор.
Хамон аспе, ки доремаш хама дуст,
Нишони марг пайдо дар дами уст.
Фуру уфтода бар хок асту бемор,
Надонам, чора чисташ, эй чахондор».
Чу ин бишнид Кай Виштосп з-он мард,
Паридаш рангу хар ду рух шудаш зард.
Биомад тозиён то пеши Шабранг,
Чу дидаш, гашт дар чашмаш чахон танг.
Фитода бар замини сард буд тан-ш,
Ба руйи хок буд ёзида гардан-ш.
Хамида чор пойи гурзвораш,
Ба ишкам рафта, гуфти, хар чахораш.
Сар андар хок буд уфтода дилсард,
Хаме нолид дар худ суст аз дард.
Чахончу худ пизишки бешадон буд,
Шиносанда гиёху кордон буд.
Зи баргу тухми хар гуна гиёхон
Мар уро сохтан фармуд дармон.
Накардаш хеч суде он хама чиз,
Хамоно, боз буд бемор Шабдиз.
Зи хар су хонд пас донандагонро,
Гиёху дард бишносандагонро.
Пагуёни забардасту тавоно,
Пизишкони хамаогоху доно.
Чахон гардидаву кор озмуда,
Намонда хеч розе нокушуда.
Хама ахтаршиносонро зи хар суй,
Фаро овард гирд андар сари уй.
Зи дармон хар пагуе то тавонист
Бикардаш хар кадоме он чи донист.
Яке ништар гирифту зад рагаш чок,
Гироми хуни онро рехт бар хок,
Яке афрухт бар вай озариспанд,
Ду дигар подзахраш доду гулканд.
Яке гардонд дуду хондаш афсун,
Ки ронад девро аз тан-ш берун,
Гурухе нушдору сохт чандон,
Гурухе бо гувориш хост дармон.
Басо донишпижухони хирадманд
Зи дармон хар чи донистанд, карданд.
Хазорон гуна дору суд н-овард-ш,
Накардаш кораву бихбуд н-овард-ш.
Хазорон ранг чоду н-омадаш кор,
Зиён оварду бадтар гашт бемор.
Дарунтар дастхояш зери каш рафт,
Фурутар пойхо дар ишкамаш рафт,
Хаме бигрист бар вай хун шахи Балх,
Ба комаш зиндаги гардид бас талх.
Зи бас нагрифт дору хеч дар асп,
Бишуд навмеду дил бишкаст Виштасп.
Зи дармон чун хама гаштанд истух,
Дили Виштосп пурхун гашт з-андух.
Кашид аз хобу оромиш дигар даст,
Дахон аз хурду ошомиш фуру баст.
Касону вежагони шох з-он кор
Хама ранчур гаштанду дилафгор.
В-аз он эронсипах андар такопуй
Фитоду гирд омад бар сари уй.
Ки онро буд пирузи зи Шабранг,
Ба майдон дар набард овардану чанг.
Хама дилхаставу ношоду дилреш,
Сару гардан хам аз андух дар пеш.
Яке аз дарпарастони шаханшох-
Нигахдорандаи Зартушт дар чох,
Ки аз Зартушт бих динро ба зиндон
Пазируфту бигашташ аз барушон,
Хамон, к-аз дарди бедармони Шабдиз
Дилаш пурдарду нохушнуд буд низ,
Зи чашми хешу аз бегона пинхон
Даромад назди пайгамбар ба зиндон.
Ба у биншасту аз хар дар сухан гуфт,
В-аз у бас судманд андарз бишнуфт.
Бигуфт: «Эй донишалфанчи дилогох,
Бимони то ба кай побанд дар чох?
Ситамро аз чи бинходасти гардан,
Ба дарду ранч додасти чаро тан?
Чаро менагсили занчират аз пой,
Рави, озод гарди то дигар чой?
Бигу, худ банд аз поят кушоям,
Гунохи хеш то з-ин рах зудоям.
Гузар кун аз гунохам, эй паямбар,
Ки бастам ман ба руят рузу шаб дар.
Аз ин пас марг бихтар бар ман аз он
Ки бинам дустро дар банди зиндон.
Худоё, чони ман бистон, к-аз ин пас
Надорам шарм пеши инчунин кас.
Кунун шармандаву расво чи нолам,
Ба пузиш чашм дар поят чи молам?
Яке дрванту зишту русиёхам,
Баду бадкарда марде пургунохам.
Ситам кардам ба чони бугунохат,
Низору хор афкандам ба чохат…»
Бигуфт: «Андух, махур, эй дуст, зинхон,
Ки омад кутахи аз шах дар ин кор.
Ки у бар душмани ман кард бовар,
Ба гуфти бадманиш рафт он ситамгар.
Питат аз кардаи худ гардад у хеш,
Ба зуди хонад аз зиндон маро пеш.
Пушаймон пушти дасти худ газад шох,
Ба пузиш худ ба пешам ояд он гох.
Чу донад кутахи худ сар зад аз уй,
Ба бахшиш боз бар ман оварад руй».
Чунон донист зиндонбон зи вахшур,
Ки рузи комгори набвадаш дур.
Ба-д-он гах кардаш аз аспи сиях ёд,
Ки чуфти Тир буду хамрахи Бод.
Бигуфт: «Эй монтрони тозагуфтор,
Пизишки чирадасти чони бемор.
Расид он аспро дарде ба нохост,
Ки хечаш нест дору, то шавад рост.
Зи чон навмеду афгору нагунбахт,
Зи чунбиш монда онро чор по сахт.
Хама донишваронро бар сари уй
Фаро овард шоханшах зи хар суй.
Сутухиданд аз вай бешадонон,
Надонистанд, к-онро чист дармон.
Аз он андухгин гашта шахи Балх,
Чахонаш захр гашта, зиндаги талх.
Дахонро баста шох аз хурду ошом,
Ба рузу шаб надорад хобу ором.
Равам, бо шох гуям, то туро низ
Биорад, то куни дармони Шабдиз.
Чу аз дасти ту бих гардид Шабранг,
Кунад озод шохат з-ин чахи танг».
Бигуфто: «Рав, чунон гу боре бо шох,
Ки пеши асп шояд бидхадам рох».
Хамон дам рафт зиндонбон шитобон
Аз он чо зуд то пеши чахонбон.
Дурудаш гуфту сар дар пояш андохт,
Зи мижгон чуйи ашк аз рух фаро тохт.
Ба зори гуфт: «Эй боофарин шох,
Туи дар кори худ донову огох.
Яке дорам сухан аз бахри гуфтан,
Ки гуфтан бошадам бих аз нухуфтан.
Маро бигзор, гуям, то пазири,
В-агарна хашм то бар ман нагири».
Бигуфташ: «Бидхамат з-он даст зинхор,
Агар бар суди Шабранг аст гуфтор».
Бигуфт: «Эй подшохи додпарвар,
Фарозанда зи доду рости сар.
Чахонгарде, ки шохам дод фармон,
Кашидам баста дасту по ба зиндон.
Яке пуркарда дар хар кор доност,
Пизишки кордида-сту тавоност.
Агар хохи, бихон уро зи зиндон,
Кунад шояд ба дарди асп дармон».
Бигуфто: «Ин сухан бехуда гуйи,
Зи душман дасти ёри чун бичуйи?
Чаро ман ёрманди аз бадандеш
Бихохам, рузи бад чун оядам пеш?
Макун бо хар кас аз рузи бадат ёд,
Ки душман шод гардад, дуст ношод».
Бигуфт: «У нест харгиз бо ту бадхох,
Нахохад чуз накуи бар ту, эй шох.
Бихон, шояд, ки марди бастакушти
Ба Шабранги ту бидхад тандурусти».
Бигуфто: «Рост гуйи, шояд он мард
Тавонад кард доруе ба-д-он дард.
Хамоно, чорае дигар надонам,
Чуз он, к-он чодувиро пеш хонам.
Бирав, уро биовар пеши мо зуд,
Расад з-у кош мар Шабдесро суд».
Ба дарбон чун шаханшох ин сухан гуфт,
Ду Рух чун лола з-он гуфтор бишкуфт.
Замин бусиду гуфто: «Нуша боди,
Бизи човид дар Гушто ба шоди!»
Хамон дам суи Зартушти ашу тафт
Зи пеши шох зиндонбон бурун рафт,
Биомад, мужда додаш з-он ки Виштасп
Ба дидан хонад уро бар сари асп.
Зи пою даст-ш пас занчир бикшод,
Бикардаш шодмон аз чох озод.
Чу аз зиндон бурун рафтанд, Зартушт
Сару тан пок бо об аз фажах шуст.
В-аз он пас бо дили хурсанд он мард
Паямбарро ба назди шох овард.
Чу гашт ожир пеши шох вахшур,
Фуруге дид Кай чун тобиши Хур.
Ки пайгамбар зи пайкар мебарафканд,
Ба перомун-ш дар кирдори чарганд.
Нигохи шох з-он тобиш билагзид,
Гирифташ чашму сар то по биларзид.
Бигуфташ: «Хафт руз он чо нахурди,
Гурусна андар он чах чун намурди?
Шигифто, монда зинда то ханузи,
Ба чоду ёфти дар чох рузи?!
Машав хурсанд, к-аз чангам рахиди,
Сазои карда бодафрах надиди.
Аз он овардамат берун зи зиндон,
Бари то бандаворам рост фармон.
Гар аз фармони ман сар тофт хохи,
Ба сандон путк бар сар ёфт хохи.
Кунун аспи сияхро чорагар шав,
Ба шому рузаш аз темор нагнав:
Пириста бошу доруе ба-д-у дих,
Ба дармон куш, то гардад хама бих.
Чу гашти комёб андар чунон кор,
Зи мо подоши неку чашм медор,
В-агарна зинда резам рудагонат,
Ба хурдан афканам пеши сагонат».
Бигуфт: «Эй шох, шоду комрон зи,
Ба гети човидона шодмон зи.
Аз ин дам рузу шаб бо кушише беш
Бибошам рохчую чораандеш.
Чу бошад дастгирам пок Яздон,
Кунам аспи сияхро нек дармон.
Шикебои бигиру дил-т пур дор,
Дарахти орзу то оварад бор».
Ашу Зартушт омад, аспро дид,
Зи сар то пойи онро нек санчид.
Бигуфт: «Эй шох, то фардо ба кухам
Рахо кун, то гиёхонро пижухам.
Зи беху баргу аз тухми гиёхон
Бисозам хар чи бишносам зи дармон».
Хамон дам вежагонро шох фармуд,
Ба суи кухаш оварданд то зуд.
Гузин кард аз гиёхон он чи шоист
Ба дарди асп чандоне, ки боист.
Ба шахр овард то хангоми шабгир,
В-аз он хар гуна дору кард ожир.
Дар оташ пораеро з-он бичушонд,
Ба хуму шир Шабгунро бинушонд.
Зи бахше шира дар хован биполид,
Пас андар пайкари Шабдес молид.
Гиёхи бехтарин уро хуриш дод,
Ба тухму дони неку парвариш дод.
Ба-д-ин рах кор андак беш нагзашт,
Ки аспи шох руз аз руз бих гашт.
Расид аз Мехру Мохаш тандурусти,
В-аз у бигрехт деви Ранчу сусти.
Ба зуди пою дастон соз гашташ,
Хама зури чавони бозгашташ.
Тавону тову хангу хуш баргашт,
Зи гохи пеш нерумандтар гашт.
Ба сони чор путк аз охану руй
Бигашт он чор пойи асп некуй.
Фуру монданд шоху дарпарастон-ш,
Аз он вахшуру он доруву дармон-ш.
Ба дандон аз шигифти он гах ангушт
Гирифтанд он хама аз кори Зартушт.
Чу шах дид аспи худро чун гахи пеш,
Дурусту зурманду бихтар аз беш.
Гумон бишкасту боз омад-ш бовар,
Бишуд хасту ба гуфтори паямбар.
Зи карда бас пушаймон шуд чахончуй,
Ки дод озораш аз гуфтори бадгуй.
Ба дижбон гуфт: «Уро нек медор,
Ки то ман боз чуям решаи кор…»

КАРДАИ 5. ПАЙМОН БАСТАНИ ЗАРТУШТ БО ВИШТОСП АНДАР ТЕМОРДОРИИ АСПИ СИЁХ ДАР ЧАХОР ЧИЗ

Зи гохи бостон пирони огох
Чунин гуфтанд з-он пуяндаи рох.
Ба хангоме ки додаш шох дастур
Ба кори асп то пардохт вахшур.
Ашу Зартушт Кайро бадгумон дид,
Хануз андар дили у сад гумон дид.
Ба дониш шох гарч-аш сар фаровард,
Дудил буду ба дин бовар наовард.
Бигуфт: «Эй подшохи додпеша,
Анушо дорадат Маздо хамеша.
Ба дастурии Додори Тавоно,
Худованди Хирад, Огоху Доно.
Хар он ч-аз дастам ояд, бандамаш кор,
Миён Шабдесро бандам ба темор.
Зи нав то хум бидхад тандурусти-ш,
Тавону зуру чолокию чусти-ш.
Бигардад чор пояш бих ба-д-он ранг,
Зи боди сунбаш оташ хезад аз санг.
Чу як-як рост кардам пойи Шабдиз,
Ба хар як пой хохам аз ту як чиз.
В-агар хуш н-оядат ин чор хохиш,
Дихад Шабдес аз нав тан ба кохиш,
Ту бо он чор гар боши хамоханг,
Бигардад зур руз аз руз Шабранг».
Чу бишнид ин сухан аз монтрон шох,
Бигуфташ: «Хар чи мехохи зи мо, хох.
Ки аз Шабдес бартар набвадам дуст,
Дилу чону чахони ман хама уст.
Кулоху ганчу тахту точу авранг
Нагирам ман ба тори муйи Шабранг.
Агар з-ин дард дар дастат рахо ёфт,
Туро хуршеди хушбахти ба сар тофт.
Ба назди вежагону дарпарастон
Ба ин дастур бандам бо ту паймон.
Хар он ч-аз ман бихохи, бидхамат беш
Сипоху ганчи бемар бинхамат пеш.
В-агар з-ин дард Шабгун барнахезад,
Ба маргаш аз чигар хуноба резад.
Дар оташ афканам бозат нагунсор,
Туро чун марди чодуи фусункор
Фиристам дар каду хокистари ту,
Ки гиряд зор дар вай модари ту.
Бие, бипсеч акнун кори Шабранг,
Ки рузе кутах асту гохамон танг».

КАРДАИ 6. ЧАШНУ СУР ОРОСТАНИ КАЙ ВИШТОСП ДАР БИХ ШУДАНИ АСПИ СИЁХ

Чу Шабгун тандурусту зурвар гашт,
Тавону ханг дар пайкар-ш баргашт,
Шаханшах шод гашт аз кори вахшур,
Гумону душмани рафт аз сараш дур.
Чу Чам оростан чашне бифармуд,
Ба ёрон, з-он ки Шабгун ёфт бихбуд.
Ба гирдаш хонд пас донишваронро,
Радону вежагону михтаронро.
Бигустурданд шохона яке хон,
Хуришхо хушгувору меваю дон.
Навои ною руду нолаи чанг
Зудуд аз шишаи дилхо хама занг.
Майи нобу суруду воки дилчасп
Бикардаш масту хушдил гашт Виштасп.
Хамон дируза паймон омадаш ёд,
Ки бо вахшур басташ шохи бодод.
Бигуфташ: «Эй пизишки донишалфанч,
Ки бурди аз тани асп ончунон ранч,
Ба рузи бад чу бигрифти зи дастам,
К-аз он патёра то имруз растам.
Ба сахти руз оварди маро суд,
Бузургу хурд гаштанд аз ту хушнуд.
Аз он ру аз ту ман бас вомдорам,
Питат аз карда, пузиш хосторам.
Хамедун хар чи мехохи, зи мо хох,
Ки паймон инчунин буд, эй дилогох.
Ниёзат чист, эй гундо, бигу боз,
Ки бидхам эдару боши сарафроз».
Бигуфто: «Чор хохиш дорам, эй шох,
Бифармо, то кунам з-он чорат огох.
Маро хохиш хамон бошад нахустин,
Пазири бегумону рост бих дин.
Ба роху Кеши доди зардухишти
Бубанди дар миён се рох кушти.
Яке бастан гирех аз бихманашни,
Бувад дар дини поки маздаясни.
Дувум бор аз барои бихкунашнист,
Се дигар бастан они бихгавашнист.
Дил аз андешаи неки биорой,
Гумони бад зи сина пок биздой.
Ба гуфтори наку дар дил бичу рох,
Зи бад гуфтан забон барбанд, эй шох.
Ба кори нек хамвора камар банд,
Зи бад кардан ду дасту чашм барбанд.
Ахуроро худои хеш бишнос,
Ба оташ дор Маздоро хаме пос.
Чахонро пок дору созаш обод,
Сипанчи чун Ахуро мар туро дод.
Агар з-ин пас ту дини бих пазири,
Рахи доду дихишро пеш гири,
Бимонад зинда аспу нек гардад,
Наояд бар тану чонаш дигар бад.
Сипоху кишварат гардад хама зур,
Камечат хор бошад, душманат-кур,
В-агарна аз тани Шабгун дурусти
Бикохад бозу бидхад чон ба сусти.
Зи фарчоми сипох, эй шох, андеш,
Зи кору сарнавишти кишвари хеш».
Чахончу ин сухан з-у хуш пазируфт,
Паямбарро сипосу офарин гуфт.
Ба пеши чашми дастуру дабирон,
Парасторону солорону пирон,
Гувохи дод, к-аз вахшури бихдин
Гирифтам маздаясни рост ойин.
Чу дидам корхои бас шигарфаш,
Дилу андеша чун дарёи жарфаш,
Ба неруи Хирад хасту шудам ман,
Зи деву Ахриман яксу шудам ман,
Аз ин пас панди уро кор бандам,
Бихию рости бо чон писандам.
Чароги равшани дини бихиро
Ки у афрухт андар рох бар мо-
Хамеша ман фурузон дошт хохам,
Дурафши дини бих афрошт хохам».

КАРДАИ 7. ХОХИШИ ДУВВУМИ АШУ ЗАРТУШТ АЗ КАЙ ВИШТОСП

Чу шах бигрифт аз нав дини Зартушт,
Гучастак Ахриманро чо ба чо кушт.
Чавону пир з-он гаштанд огох,
Ки будаш бегунох афканда дар чох.
Фарех хонданд бар бадхоху нафрин,
Ки бадгуйи бикардаш аз сари кин.
Бирафт овозаи Аспи Сиях зуд
Ба кишвар, то бузургу хурд бишнуд.
Басо кас чун шунид ин достонро,
Пазиро гашт дини ростонро.
Бадандешон аз ин гаштанд ношод,
Ки режи он палидон рафт барбод.
Ашу Зартуштро Кай гуфт, к-«Имруз
Шуди бар Ахриман дар разм пируз.
Хамеша дорадат Маздо зи бад дур,
Анушо боди, эй фарзона вахшур,
Дигар аз мо чи дори боз дархост,
Ба ман гу, эй паямбар, равшану рост.
Бигуйи, созам аз бахри ту пайдо,
Агар ч-аз Кахкашон, ё жарф дарё.
Бигу, дар дил чи дори, эй накукор,
Бибахшам музду подошат сазовор».
Бигуфто: «Эй дарахти барвари дод,
Хамеша сар-т сабзу борвар бод!
Зи тухмат руста дар гулшан нихоле,
Ки онро нест дар гети хамоле.
Ситабру сахт пою пайкари он,
Чу охан бурзу болову бари он.
Дувум чизе, ки хохам, аз ту он аст,
Ки биспори ба ман уро ту бар даст.
Ба назди анчуман хон он писарро,
Хамон Испандидони номварро.
Ки дерин дустимон дар миён аст,
Яке барсонам аз кайзодагон аст.
Ба чашми пиру барно ошкоро
Ба-д-у хонам паёми Восноро.
Гуво гарданд шоху дарпарастон
Ба солу моху рузу гохи паймон.
Нихолаш парварам бо оби Чисто,
Фарозад то сар андар боги Ушто…»

КАРДАИ 8. БА АШУ ЗАРТУШТ СУПОРИДАНИ КАЙ ВИШТОСП ПИСАРИ ХЕШ ИСПАНДИДОДРО

Саворонро фиристод он гах он шох
Суви Испандидоди ял ба бунгох.
Чу гашт огох аз дастури Виштосп,
Биомад бо саворон пури Виштосп.
Падар бигрифт уро сахт огуш,
Ба ойини кухан буйидаш аз душ.
Писарро гуфт: «Эй фарзанди дилбанд,
Фаро дих гушу бишнав аз падар панд.
Туро з-он хондам ин чо, эй накукор,
Ки дидан хост вахшур аз ту дидор.
Бирав, бинюш акнун панди он пир,
Ба дини у гарову рохи у гир.
Хамеша гуш дар фармони у дор,
Зи рохи рост берун пой магзор».
В-аз он пас гуфт Зартушти ашуро,
Ки: «Нак биспурдамат, бипзир уро».
Паямбар гуфт: «Эй гурди сарафроз,
Бибоди чашм дар рохи хирад боз!
Аз он овардамат пеши шаханшох,
Ки аз оянда корат созам огох.
Туро, эй росткори ростандеш,
Писанда рузгоре хаст дар пеш.
Ба назди подшоху дарпарастон
Бибастан хохам инчо бо ту паймон.
Падар бисподарат эронсипахро,
Хам он пулодсум Аспи Сияхро.
Аз ин пас оядат бас корхо пеш,
Ба рохи доду дин пайкорхо пеш.
Нигах дори зи душман кишвару дин,
Ба гурзи оханину теги руйин.
Ба гети тухми дини бих бичоши,
Хамеша з-он паноху пушт боши.
Ба пирузи хамора ёр гарди,
Барори ном дар гети ба марди.
Ба неки ному корат зинда монад,
Чахон то хаст, он поянда монад.
Зи ман дастури дини бих биомуз,
Чароги доду дин дар дил барафруз.
Ба Дастури Хирад мекун хама кор,
Хирадро рахнамои хеш бигмор».
Суханхо монтрон з-ин рах басе гуфт,
Ба чон Испандидод онро пазируфт.
Ба назди хамгинону шоху вахшур
Забон бар рости бикшод шопур,
К-«Аз ин пас гуфтаи Яздон кунам ман,
Паямбар хар чи фармуд, он кунам ман,
В-аз ин ру дар рахи дини дурусти
Бибандам дар камар се рох кушти.
Ба бочу барсам оташро ниёиш
Кунам пурсам зи Озаргар кушоиш.
Ба Эрон густарам дини бихиро,
Бичошам тухми дини ростиро:
Барафрозам дурафши дини Зартушт,
Бипошам дар чахон ойини Зартушт.
Хамора бошам андахси худинон,
Паноху пушти маздоясни барсон.
Сипахро боз дорам даст з-офанд,
Зи бурдан кола бар торочу фарзанд.
Зи куштан, сухтан, тороч бурдан,
Зи чизи нотавон бо зур хурдан,
Зи вайрон кардани хар чойи обод,
Ситондан чизи дарвешон ба бедод.
Дигар кас хеч аз эронсипохон
Наёрад рехт хуни бегунохон…»
Чу ял Испандидод ин гуфту Зартушт
Ба даст аз офарин зад гарм бар пушт,-
Ба пеши чашми шоху дарпарастон
Ба додан дасти хам бастанд паймон.
Паямбар руй суи осмон кард,
Ниёиш аз Худованди чахон кард,
Ки «Эй шоистатар бартар ситоиш,
Чуз аз ту-м нест уммеди гушоиш.
Чунон кун, Кирдигоро, то саранчом
Расем аз партави мехри ту бар ком.
Биёз уфтодагонро дасти ёри,
Намошон рост рохи растагори.
Чу охан соз ин шахзодаро тан,
Ки дар н-ояд-ш тегу тири душман.
Бидораш дур аз чашми бадандеш,
Зи найрангу фусуну тарби бадкеш.
Бубахшаш ному кому сарбаланди,
Дурусти дар тану пирузманди.
Хирад бахшу ба дину донишу дод
Бидораш дар панохи хеш дилшод.
Чунин боду чунинтар бод то бод,
Чахон-ободу мард-озоду дил-шод!»

КАРДАИ 9. ХОХИШИ САВВУМИ АШУ ЗАРТУШТ АЗ КАЙ ВИШТОСП-ШОХБОНУИ ЭРОН ХУТУСАРО БА САРВАРИИ ЗАНОНИ КИШВАР ГУМОШТАН

Чу бо Зартушт-вахшури худинон
Бибаст Испандидоди гурд паймон,
К-аз он пас у кунад пайваста пайкор
Або деву дуругу бо ситамкор.
Ба чуз рохи хирад нагзорад у гом
Ба дини поки Зартушти Спитом.
Ба Эрон густарад дини бихонро,
Ба доду рости дорад чахонро.
Бибандад дасти бедоду ситамро,
Зи нав созад чахони бас дижамро.
Чахончу з-он дувон дилшоду хушнуд,
Дуруду офариншон гуфту бистуд.
Бигаштанд инчунин бо Кай хамовоз
Михони роду гурдони сарафроз.
Хама чун Кай ба дини зардухушти
Якояк пеши у бастанд кушти.
Зи хар су шуд баланд он гох фарёд,
Ки: «Шохо, додгоро, офарин бод!
Кунун мо низ ёри он дувонем,
Худованди Хирадро хастувонем!»
Хар он к-у буд бадхохи паямбар.
Ба худ печиду зад бо мушт бар сар.
Дарун-дар оташи кин сухт пинхон,
Зи дуди рашк кураш гашт чашмон.
Зи бими шоху ял Испандидод у
Наёристи ба гуфтан лаб кушод у…
Ба-д-он гах гуфт бар Зартушт Кай-шох,
Ки: «Севум чист хохиш, нак зи манн хох!
Чу карди дур дард аз чони Шабдиз,
Дихам подошат аз ганчу зару чиз.
Бисозам бениёзат аз зару ганч,
Бари то рузгоре чанд беранч.
Бигу, то хар чи хохи, орамат пеш,
Зи ганчу аспу гову аз бузу меш».
Бигуфт: «Эй шахриёри додгустар,
Ки аз доду хирад афрохти сар,
Севум чизе, ки аз ту хосторам,
Ки аз симу зараш бихтар шуморам,
Хамон бошад, ки шахбонуи Эрон,
Ки хам пазруфт дини маздаяснон,-
Биомузад зи ман дастури Маздо,
Хирад андузаду фархангу чисто.
Занонро то хунаромуз рахбар
Бибошад чун яке дилсуз модар.
Бихонро парварад дар рости рох,
Зи доду дину дониш созад огох.
Зи банди дев бидхадшон рахои,
Кунадшон суи Ушто рахнамои…
Яке ожир чойи гуфтугу соз,
Маро имруз бо у рубару соз,
Ки андарзе бихонам чанд уро
Зи роху руйи ойини Ахуро.
Чу бону гуфтаи мо дарпазирад,
Рахи пайкори неки пеш гирад,
Занон оянд дар дини бихи зуд,
Бигардад пок Маздо аз ту хушнуд.
Саросар гардад Эрон аз ту обод,
Зиянд озодагон бихрузу дилшод».
Шаханшах гуфт: «Оре, ончунон кун,
Хар он ч-аш, к-аз хирад бини, хамон кун».

КАРДАИ 10. ГУМОШТАНИ АШУ ЗАРТУШТ ШОХБОНУИ ЭРОН-ХУТУСАРО БА РАХБАРИИ ЗАНОН

Касони хешро Кай пеши худ хонд,
Аз он гуфтори пайгамбар сухан ронд.
Ашу Зартуштро пас шохи бодод
Ба онон пеши шахбону фиристод.
Бурун гашт аз шабистон хамсари шох
Фурузон хар ду рух бар гунаи мох.
Буте хуршедрую мохпайкар,
Танида норгул дар Сарви Кишмар.
Пазира гашт вахшури худинро,
Дуруфшафрози ойини бихинро.
Ба назди бастагон аз пиру барно
Чунинаш гуфт отурвони доно,
Ки: «Эй хамчуфти шохи Балхи Боми,
Бигашта достон дар некноми,
Касе дар зебу фарру донишу мехр
Ба гети нест чун ту, эй накучехр.
Худовандат хирад бахшиду фарханг,
Хам он руйи накуву муйи хушранг.
Зи хубон шох чун бартар бидидат,
Ба Эрон бонувон-бону гузидат.
Каю Испандидоди гурд хар ду,
Ки дар дини бихи хастанд хасту,-
Ба паймон харду бо ман даст доданд,
Ба назди анчуман хурданд савганд,
К-аз ин пас чуз рахи неки напуянд,
Ашову ростию дод чуянд.
Ба Эрон тухми дини бих бикоранд,
Миханро хурраму обод доранд.
Ту хам, эй шохбонуи накуном,
Чу он ду дар рахи Гушто биних гом.
Ту хам дар чодаи Ушто хаме рав,
Ба суи човидон Гушто равон шав.
Занонро бар чахони рушнои
Бару дих з-оташи дузах рахои.
Бурун бар з-ин чахи торики паркон,
Ба суи равшании дину фарзон.
Биомузам-т дину донишу дод,
Намоям рохи гети кардан обод.
Ба назди тудагон рав ошкоро,
Бидихшон мужда аз дини Ахуро.
Ба мардум доду дониш мебиомуз,
Ба дилшон оташи фарзон биафруз.
Бипош андар замини дил чу дихгон
Хамора донаи фархангу фарзон.
Занонро суи неки рох бинмой,
Ба бахту растагори рох бикшой.
Раванд озодагон то аз пайи ту
Ба рохи рости, эй шохбону.
Бувад Виштосп-шохат чун нигахдор.
Писар-Испандидоди ял туро ёр.
Наёрад хеч душ бигрифт рохат,
Ки бошанд он дувон пушту панохат…»
Хутуса-шохбонуи накучехр
Ба дин з-ин пеш дар дил баста буд мехр,
Аз ин пеш он гули боги бихишти
Гирифта буд дини зардухишти.
Бигашта бо бихон хамдостон буд,
Хамоханги ашуву ростон буд.
Чу у бишнид андарзи паямбар,
Чу гул бишкуфт рую шуд накутар.
Ба назди дояву занхои дарбор,
Канизу хешу пайванду парастор,
Занони михтарону номдорон,
Тару хушранг чун гул дар бахорон,
Або душизагони норпистон,
Тазарвони чаманда дар гулистон,-
Гувохи дод, к-аз имруз то хаст
Ба доду рости хохад камар баст.
Аз ин пас ошкоро бо худинон
Кунад пайкор андар рохи Яздон.
Ахурокешу маздоясн бошад,
Биразмад бо дуругу деву бо бад.
Бигуфто: «Эй фуруги боми Ушто,
Дурафшон офтобо, Зардухишто!
Туи хуршеди боми растагори,
Фуруги бомдоди бахтиёри.
Зади сар чун ту аз Албурзи фарзон,
Чахон аз тоби руят шуд фурузон.
Фиканди чун фуруг андар дили ман,
Маро чашми хирад гашт аз ту равшан.
Чунон бод он хама паймону пайгон,
Кунам хар ч-аз ту хохад буд фармон.
Аз ин пас то даме ман зинда хастам,
Худованди Хирадро мепарастам.
Ба Рашну Нарсию Хуршед савганд,
Ба Беанбозу Бехамто Худованд,
Барои рости то рузи вопас
Бихию рости меварзаму бас.
Бувам то зинда бигзинам бихиро,
Хушию хуррамию фаррахиро.
Ахуродода обу оташу хок
Зи хар олудаги дорам хаме пок.
Бибошам аз дуругу дев безор
Хамеша бо бади бошам ба пайкор.
Бикушам, то чахон обод созам,
Канам чу, богхо бунёд созам.
Бикушам кори неку пешаи бих,
Шукуфойии шахру кишвару дих.
Ба доду рости то вопасин руз
Бибошам рохпую донишомуз…»
Ба чашми хамгинон бонуи Эрон
Чу бо Зартушт он гах баст паймон,
Бихондаш офарин он гох вахшур,
«Худо,-гуфто,-бидородат зи бад дур!
Дилат пок асту тан поку сухан пок,
Набошад аз хама бад харгизат бок.
Бизи, эй чашмаи пурчуши фарзон,
Чу чашми Ардви поку фурузон.
Наку карди, ки дар Кеши Ахуро
Камар басти ба кушти ошкоро.
Ниходи устувор аз бихради гом,
Ба рохи растагори, эй накуном.
Гузин карди ту ойини бихиро,
Гирифти пеш рохи ростиро.
Бизи, эй шохбонуи накуном,
Ба гети човидон монад туро ном.
Чунин боду чунинтар бод, то бод,
Чахон аз неки астуманду обод!»
Занони михтарону номдорон
Бидиданд ин шигифтангез паймон,
Бирафтанд аз пайи чуфти шаханшох,
Ба дини бих бипайвастанд он гох.

КАРДАИ 11. ХОХИШИ ЧАХОРУМИ АШУ ЗАРТУШТ АЗ КАЙ ВИШТОСП

Чу пайвастанд бо бонуи Эрон
Занону духтарони номдорон,
Ашу Зартушт з-он чо бо дили шод
Биомад боз пеши шохи бодод.
Бидид Аспи Сияхро бештар зур,
Зи гохи пеш сад чанди дигар зур.
Сипахбад шод з-ону шох хушнуд,
Камечон дил сиёху чехра чун дуд.
Чунин фармуд Кай Виштосп, к: «Акнун
Диламро гашт бовар бар ту афзун.
Аз он неки, ки карди, сарфарозам,
Надонам, нек подошат чи созам?
Аз-ат, вахшур, чандон вомдорам,
Сипосу арч, боре, чун гузорам?!
Надорам ман дарег аз бахри Шабдиз,
Агар сад ганч хохи, в-ар дигар чиз.
Зи аспу гову мешу гавхару чох
Бибахшам-т он чи мехохи, зи мо хох.
Зи ман пурс он чи мехохи ба подош,
Бигиру бениёзу комгар бош.
Биовар пеш пегони чахорум
Ба пеши чашми ин чо буда мардум.
Бифармо, хар чи хохи, он кунам ман,
Кунишро рост бо паймон кунам ман».
Бигуфто: «Дер зи, эй шохи шохон,
Шукуху фарру зеби гохи шохон.
Ман аз дил шустаам ранги хама оз,
Ба пегони чахорум гуш андоз.
Ба ман диди, ки бадхохони дрванд
Ситам он руз беандоза карданд.
Чу бо гуфтори бадгу бегунохам
Фиканди хафт рузе зери чохам,
Ба чоду номи ман андар чахон рафт,
Ба номи неки ман з-он бас зиён рафт.
Кунун мехохам, эй шох, ошкоро
Бисози номи бадхохи Худоро.
Бидонад то чахон, то бегунах кист,
Ба-д-ин чо русапеду русиях кист».
Чахончу гуфт: «Дарбонро биёред,
Ба дасти ман-ш дар пурсиш супоред.
Аз у пурсем беху решаи кор,
Кунам то номи бадкорон падидор».
Биоварданд он гах посбонро,
Нигахбони дари он монторонро.
Ба-д-у Кай гуфт, ки: «Эй дарбони Зартушт,
Дуруг ар гуфт хохи, хохамат кушт.
Зи хар ч-ат бозпурсам, посухи рост
Ба ман гу ошкоро бе каму кост.
Ки буд он руз андар бог михмон,
Фиребат карду дар бикшод пинхон?
Даруни хона чун дуздон даромад,
Ниход он чизхоро, пас баромад.
Калид он гох пас дар нефаат баст,
Надонисти, чу хобат бурда буд маст?»
Нигахбон гуфт як-як номи онон,
Накарда хеч як аз шох пинхон.
Хама он бахманону босторон
Михону сарварону номдорон,-
Касону вежагони шох буданд,
Парасторони он даргох буданд.
Чахончу бар саворе чанд фармуд,
Ки бар дарбори шох орандшон зуд.
Саворон бадсиголонро ба-д-он гох
Биоварданд назди бораи шох.
Бипурсиданду посух баркашиданд,
Пижухинданду як-як боздиданд.
Чу кори хар кадоме гашт равшан,
Аз он Ахреманони зишту ажкан,
Паёпай бар гунохи хеш хасту
Шуданд он баддилони зишту тарсу.
Шаханшах гуфт, к: «Аз рузи нахустин,
Будам дониста, ки-бвад душмани дин.
Шумо он гах маро кардед гумрох,
Фикандам он гироми мард дар чох.
Маро шуд равшан акнун он хама кор,
Шумо будед девони базахкор!»
Пас он гах у ба дижхим гуфт: «Бархез,
Мамулу рудагоншон бар замин рез!
Ситам карданд дар чони паямбар,
Бихохам рехтан хуни ситамгар.
Ба дузах то фиристам бадманишро,
Ки потипрос ин буд бадкунишро!»
Зану фарзанду наздикону хешон,
Шуданд аз кори пайвандон парешон.
Сар афканданд дар пеши шаханшох
Ба пузиш бо фигону нолаву ох.
Бадонро аз пушаймони набуд суд,
Ба куштангох дижхим бурдашон зуд.
Хама он бадсиголони базахкор
Даханхо хушку рух зарду нигах зор,-
Ба марги хеш он гах тан бидоданд,
Ба руйи кундахо гардан ниходанд.
Чу дижхим даст бурд андар табарзин,
Хама навмед гашт аз чони ширин.
Баромад дуди охи дустдорон,
Хурушу шевани хешу таборон.
Ба нола хок бар сар чош доданд,
Зи дида об дар гил пош доданд.
Ба кому дидагони мардуми Балх
Чахон торик гашту зиндаги талх.
Фигони бастагони баддилон зуд
Бизад гулгул ба гардун чун сиях дуд.
Ба-д-он гах рафт пайгамбар шитобон
Ба назди шоху гуфто: «Эй чахонбон,
Сазанда нест мардони хирадро
Ба потимор куштан марди бадро.
Ба эшон хохам инак аз ту зинхор,
Зи куштан дасти худ з-эшон нигах дор.
Ки аз кирдори бад шояд пушаймон,
Шаванд он баддилони душтпаймон».
Ба гуфти монтрон он гах чахондор
Гузар кард аз гунахшон, дод зинхор.
Хама бадкардагон бо пузиш он гох
Биуфтоданд дар пойи шаханшох.
Задандаш буса бар пою пушаймон
Патат карданд аз карда гунохон.
Зи хоку гарди похои паямбар
Ба чашму руй молиданду бар сар.
Пасон шармандаву русво ба-д-он чой
Сарон афканда истоданд бар пой.
Ашу Зартушт гуфт: «Эй додгар шох,
Ки доди доди гумрохони бадхох.
Ба ман биспорашон, то рузи фардо
Биомузам ба-д-эшон дини Маздо.
Аз эшон хар ки дорад донишу хуш,
Бигирад панди мораспанд дар гуш.
Хар он к-у магз дорад дар сари хеш,
Пазирад дину гирад рости пеш.
Хамон, к-у дидаи дил кур бошад,
Зи рую рохи биниш дур бошад.
Ба дини хеш бошад даст дар кор,
Худои хешро бошад парастор,
Надорад кор бо хамдину чудкеш,
Равад бо рости андар рахи хеш».
Ба-д-ин сон бадсиголони сияхкор
Рахо гаштанд аз дасти чахондор.
Ду-се тан дин пазируфт аз паямбар,
Ба мораспанди Маздо кард бовар.
Гурухе пайрави ойини пешин
Бизист осуда бо некони бихдин
Чун ин овоза аз шахре ба дигар
Гирифт Эрону Неронро саросар.
Паёпай туда-туда пиру барно
Бипазруфтанд дини маздаясно.
Ба хар су буд гар марде бадониш,
Ба ойини бихи карди гароиш.
Гирифт овоза хар чо шахру дихро,
Пазируфтанд як-як дини бихро.
Шумори пайравони кеши Зартушт
Фузун шуд руз то руз аз пасу пушт.
Зи тоби офтоби офариниш
Чахонро гашт равшан чашми биниш.
Хумои бахту пирузи ба парвоз
Ашувонро ба мену дод овоз,
Ки: «Бардоред, эй некон, сар аз хоб,
Хаме ояд яке Хуре чахонтоб.
Фуруги бомдоди доду фарзон
Фаро пошид дар Эрону Нерон».

ФАРГАРДИ 5. ЧАХОР ОРЗУИ КАЙ ВИШТОСП ВА ДАСТУРИ ЗАРТУШТ БАРОИ РАСИДАН БА ОН

КАРДАИ 1. ДАСТУР ХОСТАНИ ШОХ АЗ ВАХШУР БАРОИ РАСИДАН БА КОМИ ДИЛ

Чу шохи Балх бо Зартушт шуд ёр,
Пагах то шом бо у буд ба дарбор.
Ба сони бекарон дарёи ишгарф
Хурушон дамонаш диду бас жарф.
Шуд уро хамдилу хамкешу хамроз,
Бикардаш пешкори михтарон боз,
Кай андар дину ойини накуи,
Миёнро баст дар рохи ашуи.
Бибаст у дил ба Зартушти Спитом,
Накарди з-у чудои руз то шом.
Хирад омухт з-уву донишу дод,
Дуругу бад кунишро бурд аз ёд.
Хамон дини бихиро нек бишнохт,
Ба кори неку бих хамвора пардохт.
Чунин пурсид рузе аз паямбар
Шахи фархангчуйи покгавхар,
Ки: «Эй маздопарасти донишалфанч,
Ба дил андухта бас аз хирад ганч,
Ба рохи густариш ойини Яздон
Чи бояд карданмам з-ин пас ба гейхон?
Ки тухми рости бипроканам ман,
Дуругу девро бархам занам ман.
Шавам то растагору бошам озод,
Чахонро аз накуи созам обод.
Ахуро то бувад хушнуд аз ман,
Пас аз маргам бувад мену нишеман».
Бигуфт: «Эй подшохи додгустар,
Ба чуз неки-т набвад рох дигар.
Ба гети некбахти ар бичуйи,
Накуи кун, накуи кун, накуи.
Гузин кун рости андар хама кор,
Хамеша рост гую рост пиндор».
Бигуфт: «Эй монтрони донишогох,
Ба дил бас орзу дорам дар ин рох.
Бигу, бар орзухои дил хеш
Чи созам, то расам, эй ростандеш?»
Ашу Зартушт гуфташ, к-: «Эй чахончуй,
Хар он ч-аз орзу дори ба дил, гуй.
Бубинам, то чи сози андар ин рох,
Ба коми дил расонад-т Висп-огох».
Бигуфт: «Эй ростгу вахшури бих дин,
Фуруги офтоби равшанойин,
Нахуст он аст дар дил орзуям,
Ки хуршеди Ашо хандад ба руям.
Хамехохам чахоне менувони,
Кучо ромиш барад чон човидони.
Равонам чун ба мену шод бошад,
Зи андухи чахон озод бошад.
Ба фарри эзаду мехри Худованд
Ануша бошадам урвону хурсанд.
Чу бо фармону дастури Ахуро
Ба кишвар густарам ман дини уро,
Кунам шахре чунон аз рости рост,
Ки андархурди фармони Ахурост.
Зияд озода дар он шахри обод
Зи Ушто бахравар дар партави дод.
Дар он урвони ман болуда гардад,
Ба поки аз базах полуда гардад,
Ки то хангоми растохез озод
Равонам андар ин гети бувад шод.
Бипайвандам ба Маздо чони худро,
Биомезам ба У урвони худро.
Чашам имруз оби хуми мену,
Барад ромиш маро чон з-овари у.
Гузинам чо ба шахри рушнои,
Шавам андар чахони ошнои.
Бимонад номи ман андар чахон дер,
Равонам бошад аз дидори у сер.
Дувум ин аст дилро орзу боз,
Бигуям бо ту, бишнав, эй сарафроз.
Ки чун дин дар чахон бипроканам ман,
Хар ойин пеш ояд сахт душман.
Ба ман гу чун чахон созам ба-д-у танг,
Бувам пируз бар душман ба хар чанг?
Бихохам тегу тиру гурзи душман
Маро харгиз наёбад рох дар тан.
Сипохам чун ба душман шуд ба пайкор,
Ба пирузи хамеша то бувад ёр.
Севум он орзу дар дил, ки дорам,
Хирадро аз Ахуро хосторам.
Барафрузад Ахуро чони манро,
Чунон равшан кунад урвони манро,
Кушояд аз хирад чашми диламро,
Чу оташ пок дорад у гиламро,-
Битобад мехри Маздо бар сари ман,
Ба чашми чон шавад-м оянда равшан,
Ки бинам хар чи аз чарх оядам пеш,
Зи неку зишт хар пешомади хеш...»
Чахорум он чи аз Додори Кайхон
Ба гети хосторам аз дилу чон,-
Хамон бошад, ки Додори тавоно
Кунад бар гавхари хасти-м доно.
Зи оби зиндагони бидхадам нуш,
К-аз онам зинда монад човидон туш.
Танам то рузи растохез бо чон
Хамеша чуфт дорад пок Яздон.
Равонамро зи тан харгиз чудои
Набошад то ба рузи рушнои».
Паямбар гуфт: «Бо мехри Худованд
Расад бар коми дил шохи хирадманд.
Туро гар орзу ин асту армон,
Ба дардат чуз накуи нест дармон.
Ба неки кушу рохи рости гир,
Ки ояд бар нишон аз рости тир.
Бихи бигзину ёри рости бош,
Ба кишти хеш тухми рости пош.
Чу хохишманди бори орзуи,
Бикун обод боге аз накуи.
Ба танхои наёби ком, эй шох,
Гузин кун чанд кас з-ин чода хамрох.
Бигир аз вежагонат чор танро,
Дилерони баруманди миханро.
Аз эшон ёфт хохи орзуят,
Бихандад ахтари Ушто ба руят.
Нахуст он кас, ки бояд дар сарогоз
Гузин сози-ш, эй шохи сарафроз,
Ту, Кай Виштосп худ хасти, хамон род,
Ки бояд худ шави аз банд озод.
Ту худ бар хештан пируз гарди,
Чу оташ хештан худсуз гарди.
Бари то аз хирад бар хеш фармон,
Бидори дур чону дил зи паркон.
Ба гети донаи неки бикори,
Забону дасту дил аз бад бидори.
Ба доду рости дори дили хеш,
Бибоши додварзу ростандеш.
Раси бар Бахману Хурдоду Мурдод,
Буви фармонраво бо донишу дод.
Раси бар орзуи хеш он гох,
Зи мехри Эзади Хар-висп-огох.
Дувум он орзу, к-андар дили хеш
Хамеварзад шаханшохи накукеш,
Хамон бошад, ки аз пешомади кор
Бувад пайваста огахдил чахондор,
Бидонад хар чи ояд бар сари у,
Ба хешону сипоху кишвари у,
Ба-д-у равшан шавад ояндаву нун,
Ба сар хар ч-оядаш аз чархи гардун.
Зи бахри ин-т бояд, шохи бодод
Гузини бихраде фарзонаву род.
Хамон марде, ки дар ин рох гири,
Хамеша гуфти у бояд пазири,-
Бувад Чомосп-марди донишу дод,
Хамон гундои бофархангу озод,
Пагуи магзванди дил пур аз ганч,
Пизишки чирадасти донишалфанч.
Дилаш дарёи жарфи пур зи гавхар,
Нихон дар оби жарфаш ганч бемар.
Ба биниш чашми чон аз Мехр испед,
Ба дониш рохи дил равшан зи Хуршед.
Пагуи хушманду донишогох,
Накукору накугую накухох.
Чу у дар рохи дину донишу дод
Расад бар Бахману Мурдоду Хурдод.
Ба дил бинад нихону ошкоро,
Хама он ч-ояд андар сар шуморо.
Кунад Маздо Ахуро комгораш,
Шавад чистои варчованд ёраш.
Ту уро пешкори хештан гир,
Хама дастури неки з-у ту бипзир.
Нихонбин чун дили Чомосп гардад,
Чахонбин дидаи Виштосп гардад.
Ахуро бидхадаш пирузию ком,
Зи неки дар чахон уро равад ном.
Гар у дастури дастурони шох аст,
Туро пирузию ушто дихад даст.
Раси бар орзуи хеш он гох,
Биёби коми дил танхо аз ин рох.
Чунин боду чунинтар бод, то бод,
Ба коми эзадон, эй шохи бодод».
Ашу Зартушту фаррухзод Виштосп
Чу пардохтанд аз гуфтан зи Чомосп,
Паямбар гуфт бар Виштосп он гох,
К-: «Анушо боди, эй боофарин шох!
Ба севум орзуи худ ба-д-он гох
Расонад-т Воснои Висп-огох,
К-агар Испандидоди номварро,
Дилеру гурду размовар писарро.
Гумори бар сипохи хеш солор,
Шавад он гох пирузи туро ёр.
На харгиз созад уро кор бар тан
Дурафшу гурзу тиру теги душман.
Зи душман кишвари Эрон падофанд
Кунад он номвар фарзона фарзанд,
Зи мехри Эзади пок, эй дилафруз,
Хамеша боши бар душман-т пируз».
Шаханшах гуфт: «Чорум орзуям
Шунав, чун гуфтаму нав боз гуям,
Дилам, эй дуст, мехохад, ки човид
Бимонам зинда бо Хуршеду Нохид.
Равон андар танам то Рузи Хезиш
Бимонад хар ду бо хам дар гумезиш.
Бувад ин орзуи вопасинам,
Ба шому руз андеша бар инам...»
Ба шохи Балх суи орзу рох
Чунин бинмуд вахшури дилогох,
Ки чорум орзу, к-андар дили туст,
Нихоле сабз аз обу гили туст,
Ба оруни наку онро биорой,
Ба кирдори бихи некаш биперой.
Зи тоби мехри Виспогох Додор
Кашад сар он дарахту оварад бор».
Бигуфто: «Он нихоли сабзсар чист?
Ба ориш он дарахти борвар кист?»
Бигуфташ: «Номи он барно-Пашутан,
Хамон некусиришти магзравшан.
Ба Эрон нест чун у богухартар,
Зи фарзандон туро у хаст бартар.
Ба доду дину дониш парвариш кун-ш,
Зи ширу хуми поку хуш хуриш кун-ш.
Гарат човид мондан орзу хаст,
Хамон умед бояд-т андар у баст.
Агар гири ту дар ин рах писарро,
Хирадманду дилеру пурхунарро,
Ба доду рости то сар биёзад,
Ба гардун аз бихи гардан фарозад,
Намирад шоху монад зинда човид
Дар ин фарзанди худ, то хаст Хуршед.
Аз ин рах дар чахон, эй шохи бодод,
Равонат монад андар пайкарат шод.
Ки то Рузи Гузориш чон-т дар тан
Бимонад хурраму хуш дар Пашутан.
Хамедун боду эдунтарч, эй шох,
Ба коми Гаргари Хар-висп-огох!»
Зи пайгамбар чунин пурсид пас Кай:
«Бигу, бар орзуи худ расам кай?
Равам ман аз чи роху чун кунам кор,
Нихоли орзу то орадам бор?»
...Паямбар бар намози оташи пок
Ба оташгох омад боз чолок,
Ба ширу хум оташро ниёиш
Бикарду пок Маздоро ситоиш,
Равонро бо Ахуро бозпайваст,
Сипас ёзид суи осмон даст.
Бигуфт: «Эй кирдигори оташу об,
Барафрузандаи Шеди чахонтоб!
Ба ман гу, бо кадомин шеваву рох,
Расад бар орзуи хештан шох?»
Ахуро гуфт дар посух ба вахшур,
Ки: «Рузи комёби набвадаш дур.
Дар ин рах рохбар бошад Суруш-ат,
Фаро хамвора бар вай дор гушат.
Суруши осмонпаймо ба хар гох
Намояд бар хама коре туро рох.
Расад хангоми хар коре фаро боз
Ба дастури Сурушат гирад огоз...»

КАРДАИ 2. ФАРО РАСИДАНИ РУЗЕ, КИ КАЙ ВИШТОСП БА ОРЗУХОИ ХУД РАСИД ВА АШУ ЗАРТУШТ МИЁНИ ЧАХОР КАС ФАРМОНРАВОИИ КИШВАРРО БАХШ НАМУД

Чунин бинвишт пири донишандуз,
Хирадалфанч Рустамчи Фрамруз.
Фуру сар бурда дар дарёи Чисто,
Гухарандузу ганчури Авасто,
Чароги пурфуруги рохи дониш,
Дарахти сербори боги ориш,
Гухарбишноси ганчи ноби Зартушт,
Калиди ганчи фарзон дошт дар мушт,
Ки чун омад фаро он вежа хангом,
Ки Маздо гуфт бар пури Спитом,
Ба ховангох вахшури худинон
Ба ойин сохт бо ясно яке нон.
Анор оварду хуми пок бо шир,
Гуле хушбуй кард у низ ожер.
Дар ованхо ба хушнудии Додор
Ба оташ пешкаш овард он чор.
Паямбар зуту отарвахш Виштосп,
Пашутан низ бо дастур Чомосп,
Хам он Испандидоди гурду номи,
Михону вежагони Балху Боми.
Хама буданд назди пок оташ,
Гузоранда намоз он гоху дил хуш.
Чу пардахтанд аз ойини ясно,
Нишастанд он чахор анбози доно,
Паному барсам он су пас ниходанд,
Сухан аз хастию будиш кушоданд.
Ба-д-он хангом пайгамбар чунин гуфт,
Ки: «Шохо, бахти неку бошадат чуфт!
Зи оби хум, к-афшурдем-ш дар чом,
Зи бахри Ховани, боре, биошом.
Равонбахш аст он нушоби хушбуй,
Ба бевар дард дармон аст дар уй.
Ки заррингун Хуми сабзрухсор
Зи оби зиндаги буд бахрабардор.
Ту низ ошом з-оби зиндагони,
К-аз он то зиндаву човид мони».
Чу Кай Виштосп хуму шир нушид,
Сараш хуш гашту дар раг хун бичушид.
Зи масти дар гиребон сар фуру бурд,
Даме нагзашту хоби орзу бурд.
Ба-д-ин сон андар он кохи дилафруз
Хаме буд маст шоханшох се руз.
Сари андеша жарф андар гиребон
Фиканда буд пеши пок Яздон.
Равони хештанро дид, к-озод
Пари парвоз чун Симург бикшод.
Ба менуи чахоне кард парвоз,
Шигифтангезу бишкуху пур аз роз.
Бихиште хурраму сарсабзу ишгарф,
Хама дар равшани погуш бас жарф.
Ба-д-он хуррам чахони менувони
Расидаш чону дилро шодмони.
Равонро ромиш андар вай басе дид,
Ба тан осоиш он чо ёфт човид.
Ба-д-он гах дод Кай Виштосп дастур,
Ки бидхад бар писар з-он шир вахшур.
Пашутан то бинушад низ з-он шир,
Ки буд бо божу ясно карда ожер.
Барад то бахра з-оби зиндагони,
Аз он то зинда монад човидони.
Пашутан чун Дуруни пок бо шир
Биошомиду сар афканд дар зер.
Танаш бигрифт орому бишуд нарм,
Дилаш з-он шири варчованд шуд гарм.
В-аз он нушобаи чонбахш сармаст
Ба жарф андеша бо Маздо бипайваст.
Фуруге човидони дар дилаш тофт,
Равонро андар он човид дарёфт.
...Чу омад гохи бар Чомосп дархурд,
Ба-д-у вахшур гулхо пеш овард.
Хамон хушбуй гулхо-тозаву тар,
Ки бурда бар Ахуро буд зутар.
Ашу Зартушт гул Чомоспро дод,
Зи буйи гул дили Чомосп шуд шод.
Ба магз-андар-ш буйи гул фаро тохт,
Дил аз Чисто ба биниш чашм во сохт.
Дили у ёфт бар хар неку бад рох,
Шуд аз бигзаштаву з-оянда огох.
Бидид у руйдоди ин чахонро,
Хама аз диди чашми сар нихонро.
Ба дил бикшод худ чашми хирадро,
Ба-д-он санчид равшан неку бадро.
Хама рози чахон дарёфт осон,
Намондаш хеч чиз аз дида пинхон.
Сипас афшурд дар хован хамон нор,
Ки бурдаш зухр бахри пок Додор,
Пас он Испандидоди гурдро гуфт,
Ки: «Маздо созадат бо фаррахи чуфт,
Аз ин афшурдаи нор, эй накуном,
Ба божу барсаму ясно биошом.
Бидорад аз бади гети туро дур,
Физояд низ андар пайкарат зур.
Наояд хеч душман бар ту пируз,
Ба гети харгиз, эй гурди дилафруз.
Чу охан сахт гардад пайкари ту,
Шавад руйина аз по то сари ту.
Ба-д-он сон пуст гардад бар ту чавшан,
Нагирад тиру тегу гурзи душман.
Чу бо бадхох дар пайкор боши,
Ба пирузи хамеша ёр боши.
Киху мих аз ту дар Эрон бинозанд,
Ба номат пиру барно сар фарозанд.
Паноху пушти Эроншахр боши,
Ба гети тухми дину дод чоши...»
Пас он нушоби варчованд дар чом
Зи хован рехт Зартушти Спитом.
Лаболаб карда он гах чоми зарро
Бидод Испандидоид номварро.
Чу у он оби варчованд нушид,
Танашро руй сартосар бипушид.
Аз он шуд ном-ш руйинтан, ки пайкар
Чу руйин сахт гашт уро саросар.
Ки чангафзору тиру теги душман
Накарди кора уро хеч дар тан.

КАРДАИ 3. ДОНИШУ ЧИСТО ОМУХТАНИ КАЙ ВИШТОСП АЗ АШУ ЗАРТУШТ

Ба чашмаш дид чун шох он хама роз,
Ба масти дар шигифтангез парвоз,
Дил аз вахшур гашт уро басе хуш,
Зи шоди кард руяш гул чу оташ,
Ба назди хамгинон он гах чахончуй
Ба суи одарон овард пас руй.
Бигуфт: «Эй Кирдигори Висп-доно,
Хамаогох Маздои тавоно!
Туи Додори Беанбозу Якто,
Чахони аставайт аз туст барпо.
Ту карди Обу Хоку Оташу Бод.
Хирад додию чону гаштану дод.
Сипехру гардиши гарданда гардун
Хама аз туст, эй Яктои Бечун.
Ту бахшиди чахонро зиндагони,
Тани-чониву гети-менувони.
Маро кун рахнамои то саранчом
Ба куйи растагори барнихам гом.
Рахи парвози урвонро ба Гушто
Ту равшан созу чонро бахш Ушто.
Равонам то хамеша хурраму шод
Зи гети то ба мену бошад озод...»
Аз он пас руй суи монтрон тофт,
Бараш гуфт он чи андар хеш дарёфт.
В-аз у дархост, к-омузад-ш чисто,
Зи варчованд фарханги Авасто.
Бигуфт: «Эй пешвои донишогох,
Чароги пурфуруги ростин рох,
Ту хасти рахнамои росткорон,
Чу хуршеде ба рохи растагорон.
Фикан чашми диламро рушнои,
Намо рах суи куйи ошнои.
Ба ман Дастури Динро дих гузориш,
Зи «Готон»-и сипанто гуям ориш.
Диламро бо Хирад хамрох гардон,
Зи рози ардамон огох гардон.
Маро Хшнум биомузу бихиро,
Ашову доду дину ростиро.
Бигу пачвоки хар як вожаи пок,
Маро кун ошно бо рози хар вок.
Чунон чун андар ин гохам падидор
Биоварди ба дил з-он пок гуфтор.
Аз ин пас низ бо ман ончунон кун,
Маро огох з-он рози нихон кун.
Чунин боду чунинтар бод то бод,
Ба фармони Гарогар бод, то бод.
Ба коми Эзаду амшоспандон
Бигардад рост чархи гирдгардон».
Паямбар гуфт: «Эй боофарин шох,
Нихода гом андар ростин рох,
Хамедун боду эдунтарч, то бод,
Харанди кому фармони Худо бод!
Чунон чун хости, ондун кунам ман,
Ба Чисто чашми дил созам-т равшан.
Хама банду гирих бикшоям, эй шох,
Ба магзи рости бинмоямат рох.
Кунам чашми дилатро аз хирад боз,
Бубини, то нихон дар пардахо роз.
Фуруд ойи сар андар жарф дарё,
Гухар андузи аз дарёи Чисто...»

КАРДАИ 4. ГУФТОРИ АШУ ЗАРТУШТ БО КАЙ ВИШТОСП АНДАР РОСТИ ВА АШО

Аз у пурсид шохи Балх он гох,
Ки: «Аз рози нахустин созам огох.
Нахустин Рости андар чахон чист,
Дарун дар пардаи ориш нихон чист?»
Бигуфт: «Эй додгар шохи хирадманд,
Нигах дородат аз хар бад Худованд,
Нахустин Рости дар дин Хирад дон,
Хирадро мояи хасти хаме хон.
Нахустин Рости Маздо Ахурост,
Ки чону зиндагиву бурзиш Урост.
Хирад Додофарин-Парвардигор аст,
Ки ханчори чахонро кирдигор аст.
Нахустин Рости Маздост, Маздо-
Хирад, к-аз доварии Уст пайдо.
Хамеша бош Маздоро парастор,
Парастишрост танхо у сазовор.
Хирадро кун парастиш, эй хирадманд,
Хирад тобест аз руйи Худованд...»

КАРДАИ 5. ГУФТОРИ АШУ ЗАРТУШТ БО КАЙ ВИШТОСП АНДАР АМШОСПАНДОНИ АХУРО МАЗДО

Нахустин Рости чун ошкоро
Шуд аз Дастур фаррух подшоро,
Шахи боофарину додгустар
Чунин дархост он гох аз паямбар,
Ки чуз он Рости дар Пок Дастур
Бисозад равшан уро, низ, вахшур.
Бигуфт: «Амшоспандони Худованд
Фуруги руйи як хуршеди Уянд.
Чахонро хаст чоне, Чони Кайхон,
Ки бошад ном онро «Гуш-Урвон»,
Ки он чони чахони аставайт аст,
Чахонро чунбишу баргашт дар даст.
Хамон амшоспандони Ахуро,
Ки шаш тобиш зи як руянд уро,
Нахуст андешаи нек аст-«Бахман»,
Чахон аз руйи поки уст равшан.
Дигар Арди-Бихишт он Бихтарин Рост
Ашои Бихтарини пок Маздост.
Дигар Шахреварат бошад гувохи,
Хамон неруи Веро-Подшохи.
Тавонои ба воло шахриёри,
Ба кайхон дастгохи додкори.
Писандида шаханшохи ба кайхон
Ба дасти Подшохи Некфармон.
Дигар он роз, к-андар парда пинхон
Бувад дар гуфтахои пок Яздон,-
Бувад оромии Испанди Човид
Ба рохи ахтарону Моху Хуршед.
Чахон ангезаи мехр асту бингар,
Пур аз мехр асту оромиш саросар.
Ки Испандормад з-амшоспандон
Бувад з-он мехру оромиш нигахбон.
Чахон оганда чом аст аз майи мехр,
Хама дар чунбиш ин чо аз пайи мехр.
Даду домону мардум бо хама чиз,
Гиёху урварону чонварон низ,
Хам он Хуршеду Моху Тиру Бахром
Зи мехри хамдигар чуянд ором...
Дигар з-амшоспандони Худованд
Бувад Хурдод, эй шохи хирадманд.
Расои хаст, он, шохо, расои,
«Хама дод» аст дар кори худои.
Набошад андар у аз кости хеч,
Набинад кас дар он чуз рости хеч.
Дигар Мурдод хони ном уро,
На огоз асту не анчом уро.
Намиранда-ст Мурдод, эй шаханшох,
Наёбад марг харгиз андар он рох.
Мар уро зиндагони човидонист,
Хамеша зинда андар шодмонист.
Хама чизи чахон миранда бигмор,
Магар у зиндаву поянда бишмор».
Чу ин бишнид шохи ростандеш,
Ба дин гашт устувор аз пештар беш.
Бигуфт: «Эй пешвои маздаяснон,
Фурузанда чароги рохи фарзон.
Ту равшан карди ин торик чонам,
Ба биниш боз карди дидагонам,
Гаронам буд гушу кур чашмон,
Сиях чун дуд магзу дил зи паркон,
Зи пандат гуши кар имруз бишнуд,
Рухат аз равзани дил дуд биздуд.
Фиканди рушнои дар дили тор,
Дамиди чон маро дар чони бемор.
Ту дармонбахши виспи дардгони,
Пизишки чону бихсози равони,
Ту дар торик дилхо рушнои,
Дамиди, эй чароги рахнамои.
Фуруги чону з-они дидагони,
Ба Хуршеди чахонафруз мони.

КАРДАИ 6. ПУРСИШИ КАЙ ВИШТОСП АЗ АШУ ЗАРТУШТ ОНРО, КИ ЧАРО БА ОН ЧАХОР КАС ОН ЧАХОР ЧИЗИ ШИГИФТАНГЕЗРО-ХУМУ ШИРУ АНОРУ ГУЛРО ДОДА ВА АЗ ОН ЧИ МЕХОСТ ГУФТАН БА ХШНУМ

Кайи маздопарасти донишомуз
Чунин пурсид аз вахшур он руз:
«Шигифт омад маро, эй дуст, з-он чор-
Зи хуму шири поку аз гулу нор,
Диламро чашм равшан кун ба хшнум,
Маро огох соз аз ориши хум.
Чаро доди ту хуми пок бар ман,
Чи шири ноб доди бар Пашутан?
Бидоди аз бари Чомосп гулро,
Анор-Испандидоди гурду ялро?
Кунун гу, рози ширу хум чи-бвад,
Анору вард дар хшнум ч-бвад?»
Чунинаш гуфт дар посух паямбар,
К-«Анушо боди, шохи додгустар!
Чу дил бе оташи чисто будат сард,
Рух аз берангии гети будат зард,
Чу хумат тохт дар магзу рагу хун,
Дилат шуд гарму руят гашт гулгун.
Чу карди оби хуми покро нуш,
Чу оби Вурукаш дил задат чуш.
Зи бими марг буди то ту навмед,
Нигар, к-аз хум гашти зинда човид.
Туро дил хаста буду чони бемор,
Дурусти ёфт аз хум, эй чахондор.
Буди з-андух сусту нотавоне,
Дилат сард аз чахону хастачоне,
Чу хурди хуму дар худ бингаристи,
Бидиди фаррахиву тандурусти.
Дили пурбимат оромиш аз он ёфт,
Равони хаста осоиш аз он ёфт.
Чу дар худ бингаристи андарун жарф,
Бибурди сар дар он дарёи ишгарф,
Ту худ бишнохти пас хештанро,
Рахониди зи девон чону танро.
Бидиди додгохи Додгарро,
Ба дил бишнохти Гилбодгарро.
Зи чоми хум дилхуш бошу хуррам,
Ба сар чоми хирад каш аз рахи Чам.
Туро з-он хум додам, то бидони,
Ки он ин чост аз Чисто нишоне.
Равони хеш бо Хар-висп-хованд
Ба чоми хуми варчованд пайванд.
Ту ойини бихиро хум бингор,
Хирад, Чистои варчованд бишмор.
Аз онат хум додам чун гувориш,
К-аз онам буд дини пок ориш.
Биё, эй подшохи додгустар,
Биних аз доду чисто точ бар сар.
Ба Ховангох хуми пок кун нуш,
Ба ободии шахру дих хаме куш.
Чу Чам аз чоми Чисто нуш, эй дуст,
Ки дармон аз хазорон дард дар уст...»

КАРДАИ 7. ГУЗОРИШИ АШУ ЗАРТУШТ АЗ ШИР, КИ ПАШУТАНРО ДОД

Бигуфт: «Он шир, к-аз бахри Пашутан
Бидоди, чист? Бозаш гуй бар ман».
Бигуфто: «Хости, то зинда човид
Бимони дар чахон чун Моху Хуршед.
Бидодам шир, то дони, ки он чист,
Нишон аз кори неку пок рузист.
Ба гуфти Гаргару панди паямбар
Бибанди кор андарзи «Ахунвар».
Аз он ру ширро додам ба он пур,
Ки деви Маргро созам аз у дур.
Замин гов асту рузи шири пистон,
Сапеди рох суи пок Яздон.
Ба Ховангох чун аз хоб хезед,
Ба хуми сабз шири пок резед.
Чу з-он хар покдини бастакушти
Бинушад, ёбад аз вай тандурусти.
Ба оби хуми поку шири испед
Бимонад дар чахон то зинда човид.
Ба номи нек зинда чун Фаредун
Бибошад, то бувад гарданда гардун.
Хар он, к-у тухми неки кошт бар хок,
Ба бор овард фардо рузии пок,
Бибошад дар бихишташ чой фардо,
Ба бахти неку ному кому ушто...»

КАРДАИ 8. ПОСУХИ ПАЙГАМБАР АЗ ОН КИ ЧАРО ГУЛИ ХУШБУЙ БА ЧОМОПС ДОД

Бигуфташ: «Он гули хушрангу хушбуй,
Ки бар Чомосп доди, чист? Баргуй.
Бигуфто: «Он гули хушбую хушранг
Гули Чистову фарзона асту фарханг.
Ман андар дил-ш киштам дони фарзон,
Шукуфт имруз хангоми бахорон.
Дарахте руст менуи зи чисто,
Ки хар к-у дид, гуфташ: «Афтадисто!»
Кунун гул кард менуи дарахташ,
Гули хушбую хушрангу зи бас хуш.
Дарахти барвари фарзону фарханг,
Гули хушбуй нак бишкуфту хушранг,
Гули Чистову фарзон хар ки буйид,
Ба биниш дар дилаш наргис бируйид.
Ба дил чашми хирад бикшод уро
Хамон буйи хуш аз Маздо Ахуро.
Ба чашмони хирад дид у чахонро,
Бидид у ошкорову нихонро.
Дилатро орзу ин буд, эй шох,
К-аз он ч-ат пеш ояд, боши огох.
Хама ояндаву бигзаштаву нун
Набошад харгиз аз диди ту берун.
Худо Чомоспро додат аз ин бахр,
Пагую пешкори род дар шахр.
Гули хушбуй бахшидам ба-д-у з-он,
Ки бурд у буй аз фархангу фарзон.
Гули чистою донишро чу буйид,
Дарахти огахи дар дил бируйид.
Чу дар магзаш расид он буйи бас хуш,
Зи хшнум дар дилаш афрухт оташ.
Ба дил чашми хирад гардид равшан,
Нихони роз битвонист дидан.
Чу дар дил чашмаш аз Чисто бишуд боз,
Бидид у ошкоро хар нихон роз...»

КАРДАИ 9. ПОСУХИ ВАХШУР АЗ ОН КИ ЧАРО КАЙ АЗ У ТАВОНУ НЕРУ ВА ПИРУЗИИ ХАМЕШАГИ ХОСТ ВА У ОН АНОРРО БА ИСПАНДИДОД БАХШИД

Бигуфт: «Эй пешвои маздаяснон,
Пагуи донишалфанчи сухандон,
Бипурсидам туро, к-аз Виспогох
Тавону зуру пирузи маро хох.
Ки Бахрому Анохид-Ардви-Сур
Чунон бахшанд дар пайкар маро зур,
Ки тиру тегу гурзу путки душман
Нагирад харгиз андар пайкари ман.
Ба посух доди он гох, эй накукор
Чаро Испандидоди гурдро нор?
Чи гуфтан хости з-ин рох моро?
Бикун ин роз бар ман ошкоро».
Бигуфто: «Нуша боди, эй шаханшох,
Нигах дородат аз бад Виспогох.
Аз он он номварро додаам нор,
К-аз у кас нест некутар сипахдор.
Ба яснову ба бочу барсам имруз
Бидодам нору гардондам-ш пируз.
К-аз он нушоб пайкар гардадаш зур,
Зи дарду ранч бошад чону тан дур.
Чавониву тавону зуру неру
Бибахшад Восно дар пайкари у.
Кунад дар рохи дину дод пайкор,
Насозад тегу тире андар у кор.
Нишон аз тандурусти буд он нор,
Ки дар подоши неки дод Додор.
Ба хуйи нек парвардам ман уро,
Бифархахтам-ш дар кеши Ахуро.
Бидодам донишу омухтам кор,
Хунархои накуву нек рафтор.
Дарахташ аз хирад перостам хуш,
Ба гулхои хумат оростам хуш.
Шуд уро бозувон чун охану руй,
Чу чавшан пуст шуд дар пайкари уй.
Бихурд аз чашмаи Нохид обе,
Гирифт аз партави Хуршед тобе.
Ба бор овард имруз, эй шаханшох,
Ба-д-он сон меваи серобу дилхох.
Худованди Хирадро хост ин буд,
Ки нор он гурдро додан-м фармуд.
Сипохон чун тананду Кай дили он,
Нигахбонаш зи душман панч дарбон.
Ба варзиш «панч дарбон»-ро бикун зур,
Кунанд он панч то бад аз дарат дур.
Сипахро шох гар бахшиду бих дошт,
Хамеша парчами пирузи афрошт.
Сипахро нек дору хуб парвар,
Ки то душман наёбад рах ба кишвар.
Дил андар сина шоху тан чу бору,
Ба бору панч дастур огахичу.
Агар бо дарпарастон бад бувад шох,
Ба рузи бад супорандаш ба бадхох.
Бипарвар, эй чахонбон панч радро,
Ки дорад дур як сар аз ту бадро...»
Бигаштанд анчуман пас номдорон,
Радону вежагону пешкорон.
Ба-д-он гах монтрони донишадфанч
Рахи фармонравои сохт бар панч,
Ба хусрав дастгохи додро дод,
Сипох Испандидоди родро дод.
Пашутанро ба дехгони гуморид,
Ба рад Чомосп дастури супорид.
Худ андар кори дину рохи фарзон
Бирафту аз Ахуро бурд фармон...

ФАРГАРДИ 6. ДИДАНИ КАЙ ВИШТОСП АМШОСПАНДОНИ АХУРО МАЗДОРО

КАРДАИ 1. ДИДАНИ ШОХ ПАЙКАРХОИ РАВШАНРО ВА ГУФТУГУЙ БО АМШОСПАНДОН

Чу Кай Виштосп бо фарри худои,
Расид аз доду дониш дар расои,
Ба шахри Балх дар ойини Маздо
Гузида шахриёри кард барпо.
Ба-д-он хангом рузе бомдодон
Даромад пеши у ногох дарбон.
Ашу Зартушт з-ин пахлуву Чомосп-
Аз он пахлуи фаррухзод Виштосп.
Дувон бинхода гушу у сухангуй,
Зи дарёи хирад хар се гухарчуй.
Ба эшон гуфт дарбон: «Эй ашувон,
Ахурокешу родону накувон,
Ба Ховангох чун Хуршеди тобон
Дурафш афрохт дар боми Хуросон,
Фуруг аз мехр Мехр аз осмон рехт,
Ба сар ганчури Хуршо гавхар ишпехт,
Ба назди кох ногах шуд падидор
Чахор аспи сапеди тезрафтор.
Дурахшон зину мую ёлу думшон,
Чаханда оташ аз фулоди сумшон.
Саворон низ пайкархо дурафшон,
Нишаста руйи он тактез аспон.
Хама метофтанд аз партави Хур,
Чу дар шаб тоби чашми Ардви-Сур.
Зи рангу тоби пайкархои чун сим
Гирифтам чашму дил пур гаштам аз бим.
Шигифтам омаду гаштам парешон,
Наёристам нигах кардан ба эшон.
Давон зуд омадам назди ту, эй шох,
Туро то з-он саворон созам огох...»
Сухан ногуфта то анчом аз дар
Даромад ногахон он чор пайкар.
Ба пайкархои чун нохид равшан,
Чу мохи пурра дар шаб партавафкан.
Чу хусрав дид равшан пайкаронро,
Фурузон хамчу Мах дар осмонро,
Савори аспхои симкайкар,
Чу заршон мую ёлу дум чу озар.
Пазира шуд ба суи он саворон
Ба огуши кушоду шоду хандон.
Бигуфт: «Эй равшанон, хуш омадедо,
Хамеша хурраму хушнуд бедо!
Ба-д-ин сон равшану покеду испед,
Чунон хастед, донам, пайки Хуршед?
Бигуед аз кучо хастеду кистед,
Чаро михмонии мо омадастед?»
Бигуфтандаш, ки: «Мо амхуспандем,
Фиристода зи Додори Баландем.
Зи Маздо мо паём овардаемат,
Аз он ру хеш михмон кардаемат».
В-аз он равшантанони пок як тан
Бигуфт: «Эй Кай, маро ном аст Бахман.
Манишни нек-Эзад Вахман астам,
Фуруги руйи Поку Равшан астам.
Фариштаи некию некуманиши,
Дилу андешаи некукунашни.
Фуруги руйи Беварчашм Мехрам,
Аз он ру равшану хуршедчехрам.
Ба андарзи ман, эй Виштосп, них гуш,
Хирад бигзину рохи донишу хуш.
Бурун аз гуфтаи Зартушт зинхор,
Маяндешу магую менакун кор.
Фаро них гуш бар гуфтори вахшур,
Хамора панди уро дор дастур,
Хумат омузу чуз онро фуру хил,
Чарогат аз хумат афруз дар дил.
Чу хаст аз Вохуман андешаи нек,
Хунархои накую пешаи нек,
Ба гети хар чи зебову наку хаст,
Хама он хубкорихо аз У хаст...»
Дигаршон гуфт: «Манн Арди-Бихиштам,
Ки доду рости бошад сириштам.
Ашои бихтарини Довари Рост
Ам, аз ман ростиву дод бар пост.
Дуруду офарин, эй шохи бодод,
Туро аз Додкори Ростин бод!
Фиристодам Ахуро наздат, эй шох,
Зи доду рости то созам огох.
Бихиро ростийи бихтарин гуй,
Нишони ростиро дар бихи чуй.
Кучо бини накуи, рост он аст,
Бихи ханчор дар кори чахон аст.
Бихи хар чо, ки ёби, он бувад рост,
Бидон, к-он некуви кори Ахурост.
Кучо зиштист, он кори дуруг аст,
Бади аз Деви зуфту бефуруг аст.
Ба фармони Худову гуфти вахшур
Хамеша ростиро дор дастур».
Севум Хурдоди чун Хуршед равшан
Сухан бо шох кард огоз гуфтан,
Ки: «Ман Хурдод-амшаспанди покам,
Яке з-он хафт поки тобнокам.
Фуругеам зи Хуршеди Хирад рох
Намоям бар расои дар дили шох.
Манам он пайки Хуршеди бихои,
Туро, нак, мужда аз Бартар расои.
Ба гети боз бо гуфтори вахшур,
Дилу дасту забон аз хар бади дур.
Бихиро дор боарчу бихонро,
Хукорихои Додори чахонро.
Бихи бигзину бо некон бипайванд,
Зи девону дуручон чашм барбанд.
Бихонро ёру бо бад шав ба пайкор,
Бихиро парвару бадро бикуш хор...»
Чахорум гуфт: «Ман Озаргушаспам,
Савори теги Хурам, шеда-аспам.
Манам он гуши тези аспи озар,
Ки дар частан ба Хуршедам баробар.
Ба фамони Худои Виспогох
Шудам ожир дар назди ту, эй шох.
Сипосу офарини пок Гаргар,
Туро у дод чун Зартушт рахбар.
Фиристодаш Худои пок дастур-т,
Ба-д-он сон пешвои пок вашхур-т.
Бирав, панди варо, эй шохи бохуш,
Бикун чун гавхари шахвор дар гуш.
Зи дини рости-т овард пайгом,
Зи Маздо дар чахон пури Спитом.
Зи рохи растагори муждавар уст,
Ашувони чахонро рохбар уст.
Сипохи ростонро уст солор,
Бихону бихрадонро уст саркор,
Хамеша пуштибони он ашу бош,
Паноху пушти дини поки у бош.
Гироми дору арчаш беш бигзор,
Хирадомузгори хеш бигмор.
Хама фармони уро ор бар чой,
Хучиста дини уро дор бар пой.
Ба дини у даровар тудагонро,
Ба рохи рост бар пиру чавонро.
Зи торики бурун каш марду занро,
Ба суи рушнои рох бинмо.
Хамеша гуш дар фармони у дор,
Бурун аз гуфтаи у пой магзор.
Дар он дарёи чисто сар фуру бар,
Ба даст ори дар он шахвор гавхар...»

КАРДАИ 2. БА ХУШ ОМАДАНИ КАЙ ВИШТОСП ВА САВГАНД ХУРДАНИ У ДАР ГУСТАРИШИ ДИН

Чунин гуянд хангоме ки Кай-шох
Бидид он чор равшанро ба даргох.
Хама дар партави афруг погуш
Зи тоби он фуругон гашт бехуш.
Паёми Воснои Виспогох
Аз он равшантанон бишнид Кай-шох.
Зи хоби жарф шуд ногох бедор,
Шаханшах гашт аз нав боз хушёр.
Хурушон даст болоруй бикшод,
Баровард аз дили пурчуш фарёд.
Ки: «Эй парвардигори равшану пок,
Диханда обу боду оташу хок,
Туи он кирфагар Маздо Ахуро,
Ки доди ончунон дини накуро,
Хамеша бошам, эй Хар-висп-Додор,
Баранда аз ту фармону парастор.
Ба дини рост, доди зардухишти
Камарро сахт мебандам ба кушти.
Маро то хаст дар тан резае чон
Бувам хамвора андахсу нигахбон-
Ашу Зартушту дину Кеши уро,
Зану фарзанду тиру хеши уро.
Гузорам арчу дорам пос яксар,
Ба чони хештан дорам баробар.
Сар аз фармони пайгамбар напечам,
Хамеша кори дини у бисечам.
Ба Эрон дини у густард хохам,
Дарахти дини бих парвард хохам.
Хурам савганд, то ман зинда хастам,
Худованди хирадро мепарастам.
Сипосу арч неконро гузорам,
Ашувону бихонро пос дорам».
Ба-д-он гах зуд з-он шохона дарбор
Аз у шуд нопадид он чор асвор.
Паямбар гуфт: «Акнун, эй чахондор,
Бигуям бо ту, бишнав, чист он чор.
Бидон, к-ин чор гохи бас баланданд,
Ба рохи даррасидан бар Худованд.
Ба дил чашми хирад чун шуд тур обоз,
Ба чашми дил намудат ин хама роз.
Ба-д-он гохи баланд акнун расиди,
Ба чисто чохи болотар гузиди.
Ханида чойгох он чор авранг,
Расиди аз накукори, зи фарханг...»
(Дунбола дорад...)

No comments: