Friday, July 25, 2008

Зартуштномаи Атоуллохи Мучебуллох


Атоуллохи Мучебуллох
Зартуштнома
(Дунболаи Бахши Севум)
БАХШИ 4

ФАРГАРДИ 1. ЧАХОНГАРДИ КАРДАНИ ЗАРТУШТ ВА ГАВХАРИ ДОНИШ АНДУХТАН

КАРДАИ 1. ОЙИНИ ПАЙКОРИ ОХШИГОНРО ОШКОР КАРДАНИ ЗАРТУШТ

Чу Зартушти ашу бо донишу дин
Ба бадкешону девон хонд нафрин,
Ба некон ёру дар пайкор бо бад
Буд он бинодили огоху бихрад.
Дуручу чодувони зишту бадкин
Аз он гаштанд нохушнуду хашмин.
Ба у бас душмани чустанду офанд,
Чу чангу шуришу оголишу банд.
Бирафт аз зодбуми хеш Зартушт,
Ниход аз он хама зуру ситам пушт.
Хам андар чустучуйи донишу дод
Бигашту руй бар хар суй бинход,
Зи хар дар донишу фарханг чуён
Хамегашт у ба гети рохпуён.
Кучо гар буд яке донанда марде,
Ба-д-у пайвасту шогирди-ш карди.
Зи куху бешаву дарё гузар кард,
Рахи дашту биёбон пушти сар кард.
Зи марзе рафт дар марзе паёпай,
Зи хар донанда чусти хар кучо пай,
Бипурсиду шуниду диду омухт,
Ба дил бас гавхари фарханг андухт.
Зи дониш ганчхо дар сина анбошт,
Зи фарзон бас гухар дар дил бибардошт.
Хаме гирди чахон гашти шаборуз,
Зи хар донишпижухе донишомуз.
Бигашти по ба по гирди чахонро,
Ки то дарёфт бас рози нихонро.
Хирадро кард дастур он чахонгард,
Нигохи жарф дар кори чахон кард.
Чахон ойинае гашташ, ки дар он
Бидид у дасти кори пок Яздон.
Чахонро корзори неку бад дид,
Хама пайкори паркону хирад дид.
Зи марг андеша карду зиндагони,
Зи ранчу озу бахту шодмони.
Накуро хору бадро комрон ёфт,
Дуручонро баланд аз ростон ёфт.
Басо бадкешу гумрах дид дар гох,
На кам озода дид уфтода дар чох.
Ба хар чо рафт дузду рохзан дид,
Сухан аз куштану тороч бишнид.
Зи бедоду ситам в-аз оташи чанг
Чахон пурдуду талху тору бас танг.
Ба як су мурд чандин кас зи бедод,
Ба-д-ин су суру он су сугу фарёд.
Гурусна нотавон яксуй мемурд,
Тавонгар хуни уро сер мехурд.
Яке сархуш зи хурду хобу ором,
Дигар саргаштаву бебахра ноком.
Ба-д-ин сон дар чахон мегашт он род,
Накуву зишт диду доду бедод.
Дуругу рост диду шоху дарвеш,
Шубону гургу чанг андар сари меш.
Ба Эрону ба Нерон дар ба дар рафт,
Пайи чустори фархангу хунар рафт.
Ба хар чо буд пизишке ё пагуе,
Хунарманде раде фархангчуе,
Ба он чо рафту уро чустучу кард,
Зи доду дину дониш гуфтугу кард.
Зи чандин ирмагон пурсиду омухт,
Ба дил бас гавхари фарзон биандухт.
Чу дид у коргохи неку бадро,
Ба хам пайкори паркону хирадро,
Дуругу ростию равшану тор
Хамеша дид андар разму пайкор.
Набарди гарму сарду талху ширин,
В-аз они хубу зишту мехр бок ин,
Зи маргу зиндагию дарду дармон,
Палишту поку огохию паркон,
Зи дурванду ашуву поку мурдор,
Ки бо хам охшиганду хамистор.
Ба-д-ин сон то гахи сисолаги у,
Хаме рафт аз пайи дониш ба хар су.
Чахон мегашту дониш мебиомухт,
Чароги бихради дар дил барафрухт.
Чахонро дид яксар зуру бедод,
Пур аз пархошу зишту душтбунёд.
Сари хар рох чандин дузду рахзан,
Хурушу нолаву фарёду шеван.
Сари хар куй чандон дуду оташ,
Набарду чангу торочу кашокаш.
Ба Эрон-вичу Нерон он накуном
Саросар гашту боз андар саранчом,-
Чу андар зодбуми хеш баргашт,
Бадиро дид дар вай бештар гашт.
Миён барбаст дар пайкор бо бад,
Ба хар чо рафту дар хар шахр омад.
Ба мардум кард андарзи накуи,
Бихию ростию ростгуйи.
Ба бад хамвора мебуд у ба пайкор,
Ба некон мехрубон, бо душ хамистор.
Гирифт уфтодагонро хар кучо даст,
Ба дарвешон дихиш медоду биншаст.
Хирад омухташону панду андарз,
Чу рафти хар кучо андар хама марз...

КАРДАИ 2. БА ЗОДГОХИ ХЕШ БАРГАШТАНИ ЗАРТУШТ

Зи гохи зоданаш чун бист бигзашт,
Пас у бар зодбуми хеш баргашт.
Зи неку бад хар он ч-у диду бишнуфт,
Аз он бар хешу бегона хаме гуфт.
Ба мардум дод андарзи ниёгон,
Хирад омухташону панди покон.
Сухан аз донишу фархангашон ронд,
Ба неки кардану доду дихиш хонд.
Бадон з-он душмани карданд оханг,
Бипайвастанд бо у хар даме чанг.
Ба найрангу фусуну банду чоду
Хаме буданд дар пайкор бо у.
Чу чону кору дил будаш хама пок,
Набуд аз дев-мардум харгизаш бок.
Ба рохи рости аз хеш бигзашт,
Зи доду рости то муждавар гашт.

КАРДАИ 3. ЗАН ГИРИФТАНИ АШУ ЗАРТУШТ

Ашу Зартуштро рузе падар гуфт:
«Гузин кун хешро дархур яке чуфт.
Ки бо зан хуш гузори зиндагони,
Бари то сар ба кому шодмони.
Бимиранда-ст марду зан живанда-ст,
Зан аз нав зиндагони офаранда-ст.
Гузире нест аз мурдан ба хар кас,
Кас аз фарзанд монад зинда з-он пас.
Чунин кутох машмар зиндагони,
Ки мири, зинда дар фарзанд мони...»
Рухи Зартушт озаргун шуд аз шарм,
Шудаш тар хамчу гул аз шабнами нарм,
Бигуфто: «Оре, гар панди падар кор
Бибандам, бахти неку бошадам ёр.
Ман аз гуфти ту харгиз сар натобам,
Туи бар сар чу равшан офтобам.
Туро гар орзу дар дил чунин аст,
Нахохам андар ин рах дил-т бишкаст.
Ба-д-ин кор ар дилат хушнуд гардад,
Чунон бод, эй хумоюн пири бихрад.
Падар харгиз нахохад бад ба фарзанд,
Бувад хох он ашуву хох дурванд.
Бигу аз хамтаборон кист бихтар,
Бихин аз чудтаборон кист духтар?
Ки то ман хар кадомеро бубинам,
В-аз эшон гулрухеро баргузинам».
Намудаш Пурушаспи неккирдор
Якояк духтарони мохрухсор.
Басе хуршедваш душизагонро,
Гуландомони рух покизагонро.
Бигуфто: «Ман хамонеро бихохам,
Ки орад тоб чашмаш бар нигохам».
Чу бо симинбарони нозпарвард
Падар он некхуро ру ба ру кард,
Нигах кард у ба чашми хар кадоме,
Ки буд аз шарм бигрифта паноме.
Чу дар чашмони хар як у нигах кард,
Касе пеши нигохаш тоб н-овард.
Чуз он як духтари равшан чу Хуршед,
Ки чашмаш аз нигохи у налагзид.
Писанд омад ба Зартушт он накучехр,
Ба-д-у афрухт дар дил оташи мехр.
Падарро гуфт: «З-ин пас хамсари ман
Шавад у, к-он бувад андархури ман».
Падар хушнуд гашту офарин гуфт,
Бикард он мохрухро бо писар чуфт.
Паюгиро яке чашне биорост,
Дувонро бахту шоди аз Худо хост.
Ба назди оташи поки фурузон
Паюгонро ба хам бастанд домон.
Аз ин пас он дувон то вопасин дам
Ба шоди зиндаги карданд бо хам.

КАРДАИ 4. РАФТАНИ ЗАРТУШТ АЗ ХОНАИ ПАДАР

Дар он хангом чун пури Спитом
Баровард аз рахи доду дихиш ном.
Хама бишнохт уро андар он гох,
Бузургу хурд аз дарвеш то шох.
Зи бас буд неккирдору хирадманд,
Ба хар чо ном-ш дар хуби бибурданд.
Дилу чону забону кору гуфтор
Хама буд рост дар марди хирадёр.
Ба дину дод яктои чахон буд,
Ба орун андар Эрон достон буд.
Хаме чустанд аз вай чораи хеш,
Чу дармонданду банде омад ар пеш.
Гирифти даст мар уфтодагонро,
Бибуди чорагар бечорагонро.
Пажуму гушнагонро дод бас нон,
Ба беморон хамебахшид дармон.
Диле буд поку рую чашм равшан,
На оке буд-ш дар чону на дар тан.
Зи пандаш хуфтагон бедор гаштанд,
Гаронгушон аз он хушёр гаштанд.
Хамаруза фузун гаштанд ёрон-ш,
Касону пайравону дустдорон-ш.
Сари кухи Ушидарни хумоюн,
Ба суи Мехр сар бурда ба гардун,
Бирафту оташе афрухт хар гох,
Бигуфт у роз бо Харвиспогох.
Хамора аз бувиш андеша мекард,
Ки худ кисту ки-аш бахри чи овард?
Баду неки чахонро чист фарчом,
Бувад онро магар огозу анчом?
Нихон рози чахон донист битвон?
Паси ин парда чи-бвад карда пинхон?
Бувиш чисту ба-д-он суи бувиш кист,
Хирадро суи он рохи равиш чист?
Паси гарданда гардун кист дар кор,
Ки гах равшан кунад-шу гах кунад тор?
Чаро боист мурдан зиндагонро,
Ба дасти кист додан боз чонро.
Баёриш чист бедоди чахонро,
Бурун з-ин варта бурдан мардумонро?..
Ба-д-ин сон дошт Зартушти накукеш
Хазор андеша дигар дар дили хеш.
Ба-д-ин сон чуст з-ин гети хаме роз,
Гирех аз бастагихо то кунад боз.
Ба гети чуст хамвора «аши»-ро,
Рахи менуву уштову хуширо.
Бажанге чуст, то ёбад, ки шояд,
Гирих аз бастагихоро кушояд.
Биёбад рох то аз бад рахои,
Ба суи ростию рушнои.
Ба-д-ин сон рузгореро ба сар бурд,
Ба чашмаш дониши гундо бишуд хурд.
Ба фарзон гарчи яктои замон буд,
На кас донандатар з-у дар чахон буд,
Хаме у хост донистан фузунтар,
Чахонро жарф дидан андарунтар.
Ба шахри хеш будан хуш набудаш,
Бибуда дониш он чо кам намудаш.
Ба дастони ниёз у пеши Додор
Бирафти гах сари кухи Ушидор.
Суруш андар сари он кух уро
Паём овард аз Маздо-Ахуро.
Хар он ч-аз Воснои Висп-огох
Хаме пурсид, равшан гашташ он гох.
Худованди Хирад-Додори кайхон
Кушодаш розхои монда пинхон.
Ба-д-у кеши ахурои фиристод,
Хирад бахшиду дину донишу дод.
Бигуфт: «Аз рости-бвад растагори,
Бихи-бвад рохи суи бахтиёри.
Зи гети то ба мену рах чу дарёст,
Пуле хаст аз накукори бар он рост.
Дар он дарёи чушон з-охану руй
Ба гурриш оташу дуду тафу буй.
Ба растохез бар дурванту бадкеш
Биояд рах зи му борик дар пеш.
Биуфтад андар он дузах нагунсор,
Ба подафрохи бад зуфти винахкор.
Хар он, к-у неку бадро рост бишнохт,
Зи неки руйи он дарё пуле сохт,
Ба пеш ояд ба-д-он марди накукор
Бар он дарё рахе осону хамвор.
Ашуву росткору бихкуниш мард
Зи Чинвад бигзарад рузи Фрашкард.
Ба гети аз бихи Чинвадпуле соз,
Дари Мену кунад Рашн-ат ба ру боз.
Зи бад дури гузину бош безор,
Бикун бо Ахриман пайваста пайкор.
Бирав, дини бихи бар мардум омуз,
Чароги рости дар рах барафруз...»
Паямбар хар гахе боз омад аз кух,
Ба гирдаш мардумон гаштанд анбух.
Ба-д-онон гуфт пайгоми Худованд,
Бихонд аз ростию некуви панд.
Зи дини рости шуд чун суханвар,
Накардаш тудаи гумрох бовар.
Хумат фармуду хухт омухт вахшур,
Хуварзишну хунаршон дод дастур.
Ба гуфти у бадон хасту нагаштанд,
Бипайвастанд бо у чангу офанд.
Зи шогирдону хешонаш ду-се тан
Ки дилшон аз хирад буд гашта равшан,
Барушону нахустин пайравонаш,
Бигашта дастгиру мехрубонаш,
Чу Мадюмоху дигар аз чавонон,
Бипазруфтанд дини маздаяснон.
Гучастаг Ахриман ангехташ чанг,
Чахонро кард аз хар су ба-д-у танг.
Душон пайваста руёруйи вахшур
Бади карданду з-эшон буд ранчур.
Суруш овард пайгомаш зи Гаргар,
К-«Аз ин чо бор барбанд, эй паямбар.
Бирав з-ин хонаи зиштони риман,
Гузин кун чойи дилхохе нишеман.
Замине бар ту кард ожир Додор,
Ки бидхад донаи дин андар он бор.
Ба рохи туст чашм он буми обод,
Бирав он чову бо некон бизи шод».
Ба ёрон гуфт он гох он хирадманд,
Ки: «Инчо аз чи биншинему то чанд?
Бибояд рафтан аз ин шахр берун,
Ки набвад суд з-ин чо будан акнун.
Хазорон кух боядмон гузаштан,
Басо дашту биёбон дарнаваштан.
Гузар кардан хазорон руд бояд,
Басе дарё, ки андар пеш ояд.
Ки бинему шиносем андар он чист,
Фарозу шеби зери осмон чист.
Тани худ чун дихад охан ба оташ,
Ба сандон сар нихад дар зери чаккуш.
Ба оби сард з-оташ пас барад сар,
Вагарна чун шавад бурранда ханчар?
Бибояд сар ба хар кую дар андохт,
Чахонро диду гарму сард бишнохт.
Бавишро му ба му санчид бояд,
Баду неки чахонро дид бояд.
Ба гирди ин чахон гардам аз ин пас,
Ба суи рости рах пуяму бас.
Ба сина оташ аз чисто бисузам,
Ба хшнум чону дилро барфурузам.
Ба чуз руйи Худо харгиз начуям,
Ба чуз рохи Ашо харгиз напуям».
Чу модар гуфтаи Зартушт бишнуд,
Бигашт аз оташи андух чун дуд.
Падар огох з-он гуфтор чун гашт,
Чигар сад пораву дил пур зи хун гашт.
Ба бобу мом зутар гуфт падруд,
«Шикебо бед» гуфту «шоду хушнуд».
Гирифт у чанд ёри ростинро,
Ба шахри хеш афшонд остинро.
Зи шахру дудаву хешон чудо гашт,
Рахи дар рох чустори Худо гашт.
Зи зиндони худи худро рахо сохт,
Дил андар рохи мехри Ошно бохт.

КАРДАИ 5. ГУЗАШТАНИ ЗАРТУШТ АЗ РУДИ ОБАХИ

Чу рафт аз зодбуми хеш Зартушт,
Бурун, бар душманон бинход то пушт.
Гузар кард аз басе шахру диху дашт,
Бас оби руду рохи беша бигзашт.
Яке руде ба-д-он гах омадаш пеш,
Ки дар бигзаштанд аз он бим буд беш.
Буд он руде хушобу Обахи ном,
Пуробу жарфу пахну тезу бидром.
Чу омад дар канори Обахируд,
На хик он чо бидиду не пуле буд.
Фуру монданд ёрон андар он кор,
К-аз он бигзаштан аз бас буд душвор.
Ашу Зартушт он гах монтраспанд
Бихонду хост ёри аз Худованд.
Ба ёри хонд Яздонро, к-аз онон
Бигирад дасту созад кор осон:
«Худоё, дасти ёри суи мо ёз,
Гирех аз бастагихо кун маро боз.
Надорам чуз ту кас, эй Гаргари пок,
Зи дастам гиру бардорам сар аз хок».
В-аз он пас аз намози хеш бархост,
Гузашт у рахравон аз Обахи рост.
Ки гуфти рост руйи пул бизад гом,
Саропо хушк Зартушти Спитом.
Бирафт у пеш-пешу гомзан зуд,
Бурун шуд хушк з-оби Обахируд.
Пас аз дунболи у ёрон шиновар
Гузаштанд обу гаштанд он хама тар.
Ба-д-ин сон з-Обахи бе пурду кишти
Гузаштанд он ашувони бихишти.
Чу ёрон дар казрон онсу расиданд,
Паямбарро саропо хушк диданд.
Чу бе пул з-Обахи он су гузашт у,
Шигифти бин, ки дар вай тар нагашт у.
Ба по абзору дар тан чомахо хушк,
Буданд урову тан бо дасту по хушк.
Аз ин рози шигифтангези Зартушт
Ба дандон хар яке бигрифт ангушт.
Зи пайгамбар бипурсиданд он гох,
Ки созадшон вай аз он роз огох.
Ба ёрон гуфт Зартушти Спитом,
Ки: «Ин морост аз Додор пайгом.
Чу мо берун шудем аз хонаи хеш,
Ахуро Обахи овард дар пеш.
Ба мо у хост гуфтан, к-Обахируд
Ба рах бандест, к-аш бояд бипаймуд.
Рахи яздоншиноси бас шигарф аст,
Чу руди Обахи тунд асту жарф аст.
Хар он марди Худо, к-аз хеш бигзашт,
Чунин пурбим рах бояд-ш бинвашт.
«Механ» ин чо нишон аз хешбинист,
Дар он марди хирадро хушдили нест.
Хар он к-у хонаи «худ» пушти сар кард,
Зи банди худпарасти у гузар кард.
«Механ» тан дону чонро «марди рах» гуй,
Бурун аз «хеш» рах суи Худо пуй.
Зи худ рав, бо Худо пайванд чонро,
«Механ» бигзору рав гирди чахонро.
Бигу «мо»-ву фаромуш соз «ман»-ро,
Чахонро гарду бигзор ин «миханро».
Ба «мо» омезу пас бигзор «ман»-ро,
Ки бишноси Худои хештанро.
Миёни мову у рах нест хамвор,
Чу руди Обахи банд аст бисёр.
Худованд Обахи гуфт, он чахон аст,
Ки чун рах мову уро дар миён аст.
Ту гуйи достон зад з-Обахируд
Суви эзадшиноси рох бинмуд.
Нахуст у рудро ориш чахон кард,
Дуввум аз руд дилро у нишон кард.
Дили мо Обахирудест пур об,
Дамиш Охарман асту дев-гирдоб.
Севум з-он кард Чинвадпул ба мо ёд,
Ки нек аз вай гузашту бад биуфтод.
Чахорум руди фарханг асту фарзон,
Ки оби поки он тез аст тозон.
Ба руди Обахи монанд ин чор,
Ба мо бинмуд з-инхо ёд Додор.
Ки доно з-он гузашту монд нодон,
Хирад рах ёфт з-ону монд паркон.
Ба ойини бихи хар к-у камар баст,
Гузаштан бандхо осон дихад даст.
Ба чашми хуш гардад хар чи пайдо,
Паёме хаст он аз пок Маздо.
Ба хар пешомаду корест бас панд,
Ки бинад чашми гундои хирадманд.

КАРДАИ 6. ОМАДАНИ ЗАРТУШТ БА ДЕХЕ ДАР КАНОРИ ОБАХИ ВА ДАР ЧАШНИ НАВРУЗ ХАМРОХИ КАРДАНИ У ДАР МЕХМОНИ

Чу бигзаштанд руди Обахиро,
Бидиданд андар он су як дихеро.
Бихиштосо яке хуррам дихе буд,
Нихода дар канори Обахируд.
Дар он дих мардумон бо шодмони
Хамебурданд бар сар зиндагони.
Дар он хангоми мардум андар он чой
Бикарди чашн дар Навсард барпой.
Чу огах гашт пири он дихистон,
Ки омад андар он дих чанд михмон.
Пазиро гашту суи чашнгах хонд,
Бибурда назди хони хеш биншонд.
Бипурсид аз нишону хонаву хухр,
Хам аз ному нижоду тираву гухр.
Надид у андар эшон чуз накуи,
Бихию ростию некхуйи.
Хама буданд поку покзода,
Зи пушти номдорони нижода.
Ба фарру бахраду бодонишу магз,
Нишасту хезу гиру дих хама нагз.
Гироми дошту бинвохтшон бас,
Михонро гирдашон овард з-он пас.
Ки то донанд ин шаб кист михмон,
Гироми ирмонро чист армон.
Ба базми шаб даме бо хам нишастанд,
Ба хам дар дусти паймон бибастанд.
Ба арсан чун сухан гуфт он накуном,
Шуди он анчуманро дил ба-д-у ром.
Хама мехост биншинанд то руз,
Ки то з-у бишнавад панди дилафруз.
Ашу Зартушту ёронаш ба-д-он гох,
Хаме буданд сусту хаста аз рох.
Паямбар хост, з-он ру, пузиш аз пир,
Ки чун шаб бигзарад, хуфтан шавад дер.
Хамин чо бас бувад то шаб гузоранд,
Даме андар гунудан то бароранд.

КАРДАИ 7. ХОБ ДИДАНИ ЗАРТУШТ ДАР ХОНАИ ПИРИ ДЕХ

Шаб андар хонаи он пири дехкон
Бихуфтанд ирмонон то пагохон.
Чунин гуянд, к-он шаб бар паямбар
Суруш овард пайгом аз Гарогар.
Ба хобаш дид пайгамбар сипохе,
Сипохе гашну сар то сар сиёхе.
Дурафшаш буд сиёху созу абзор-ш,
Сияхпуш аз сипохи то сипахдор-ш.
Зи суи Бохтар бо хашм метохт,
Ба куштан даст бар Зартушт меёхт.
Саворон гирд кардандаш зи хар суй,
Бибастандаш зи хар чо рох бар уй.
Буд он наздик, к-аз хар су кашандаш,
Ба хори пора созанду кушандаш.
Чу натвонист пайгамбар зи чо хост,
Ба мораспанд ёри аз Худо хост.
Ки: «Дастам гир, поко, Кирдигоро,
Ки андахсам туи, Парвардигоро!
Ба гети чуз туам фарёдрас нест,
Рахоибахш бартар аз ту кас нест.
Ба суи туст дастони ниёзам,
Хумат бахшову Ушто ёр созам.
Фуруги мехри худ бар ман фуру тоз,
Маро з-он рушнои бахравар соз.
Зи хар бад дор чонамро падофанд,
Рахо кун аз фусуну банду авранд.
Тавон бифристу тобу зуру неру,
Маро дар разм бо девони чоду».
Падид омад ба ногох аз Рапитвин
Тане чанд аспабори оханинзин.
Савор аспони испеди таковар,
Чахиш чун озарахшу дам чу тундар.
Дурафш испеду чангафзор испед,
Дурахшон найзахо чун теги Хуршед.
Хама гурдони зинованду чанги,
Даманда Шеру частаншон паланги.
Ба чусти хар яке чун наррашере,
Ба зури пилу дар парвоз тире.
Аз он су он саворони диловар
Бар он аспони испеди таковар.
Битозиданд якбора ба душман,
Хурушон бо дирафшу теги равшан.
Сипохи дев гашт он гах харосон,
Зи тарсу бим бар хар су парешон.
Набарде сахт шуд он гах дар он дашт,
Ки аз хар суй чуйи хун равон гашт.
Яке садхо тан аз душман хамекушт,
Дигар чандин тан андар хун биогушт,
Шикастанд аз хазоре гардану сар,
Буриданд аз басо кас синаву бар.
Зи бас шуд куштаву аз бас ки хун рехт,
Саранчом он сипохи душт бигрехт.
Ба-д-он гах шуд зи хоби хеш бедор,
Шигифт омад паямбарро аз он кор.
Биандешиду з-он дарёфт вахшур,
Ки аз Маздост он пайгому дастур.
Ки дар оянда уро душманон пеш
Биоянд аз хазорон беварон беш.
Фиристад Ахриман бар вай сипохе,
Дурушту размчую кинахохе.
Ки бошад бо вай андар дин хамистор,
Ба бихдинон шавад дар чангу пайкор.
Рахаш банданд бадхохон зи хар суй,
Ки натвонад бирафтан пеш як муй.
Набигзоранд, то Зартушт з-ин чо
Бичошад дар чахон дини бихиро.
Худо бифристад уро пас ба ёри,
Саворони далеру корзори.
Ба душман чун ба якбора битозанд,
Сипохаш он дилерон рахна созанд.
Шавад аз тарс бадхохаш аз у дур,
Чу кайк аз равшанию тобиши Хур.

КАРДАИ 8. ГУЗОРИШИ ЗАРТУШТ ХОБИ ХЕШРО БА ЁРОН

Ба гохи бом фардо рузи дигар
Зи хоби худ ба ёрон гуфт зутар.
Чу хоби хештан кард у гузориш,
Хама дарёфт, к-онро чи-бвад ориш.
Бидонистанд ёрон, к-андар Эрон
Шавад пируз дини маздаяснон.
Хар он душман, ки бо он кард пайкор,
Сар аз пайкар чудо шуд-ш аз пайи кор.
Хар он к-у ростиро кард пеша
Шавад пируз бар душман хамеша.
Сипохе хамчу шерони шикори,
Хамон, к-аз Нимруз омад ба ёри,
Бихию рости, доду хирад буд,
Нигахдори кас аз хар гуна бад буд.
Рапитвин чун зи дасти рост омад,
Рахоибахш з-он чо хост омад.
Хамоно, Бохтар, к-аз дасти чап буд,
Нишон аз тирагию ними шаб буд,
Падид ояд хар он ч-аз Ахтари Дур,
Бувад патёра, офанд ораду шур.

КАРДАИ 9. АЗ ДЕХА РОХИ ХУДРО ПЕШ ГИРИФТАНИ ЗАРТУШТ БО ЁРОНАШ

Чу хоби худ гузориш кард зутар,
Ба ёрон гуфт он пайгоми Гаргар,
Зи хоби монтрон дилшод гаштанд,
Ба хуму шир Маздоро бияштанд.
Пагох аз деххудо чун хост дастур
Ба рафтан рузи фардо боз вахшур,
Хама бо пири дих падруд гуфтанд,
В-аз он чо пас ба рохи хеш рафтанд.
Ашу Зартушту барсонони бихдин
Бипаймуданд рах суи Рапитвин.
Зи дашту кух бас рахро наваштанд,
Зи оби руду бас чангал гузаштанд.
Паямбар хар чи дар куху биёбон
Бидид аз обу хоку аз гиёхон,
Зи домону дадону мургу мохи,
Зи мору муру гургу мешу охи,
Хама санчиду диду нек бишнохт,
Ба дониш хонаи дилро бипардохт.
Басо дих гашту шахру русторо,
Дар он биншаст бо мардони доно.
В-аз эшон донишу фарханг омухт,
Зи фарзон гавхари шахвор андухт.
Ба гети ростию дод кам дид,
Хама чо чангу торочу ситам дид.
Чахон пур ашку хуну оташу дуд
Зи дузду рахзану бедодгар буд.
Зи бедоду ситам Эрону Нерон
Бигашта дид руз аз руз вайрон.
Чахон мегашту доду рости чуст,
Зи бедоду ситам мехост у руст,
Яке мечуст чое дархури хеш,
Ки он чо чошад у тухми бихин Кеш.

ФАРГАРДИ 2. ЗИНДАГИИ ЗАРТУШТ ДАР КАРОНАИ РУДИ ДОД

КАРДАИ 1. БА КАРОНАИ РУДИ ДОД РАСИДАНИ У ВА ОН ЧОЙРО БАРОИ ЗИНДАГИ ГУЗИН КАРДАН

Ба хар чо рафт чун пури Спитом
Баромад-ш аз бихию рости ном.
Ба мардум рости омухт кардан,
Бихи варзидану бихном мурдан.
Ба бедоду ситам будан ба пайкор,
Чахонро вежа кардан аз ситамгор.
Хирад омухтан, дониш фузудан,
Хунархои наку аз бар намудан.
Чудо кардан ба гети неку бадро,
Пазируфтан рахи доду хирадро.
Дуруг аз чону дил яксар зудудан,
Хамеша ростиро худ сутудан.
Забону чону дилро доштан рост,
Кашидан дасту дилро аз каму кост.
Ба-д-ин сон рафт си соли паямбар,
Накардаш хеч кас бар гуфта бовар.
Гумон карданд, к-у девона гаштаст,
Ки аз ойину дин бегона гаштаст.
Хама пиндошт, к-у буд гашта берун
Зи дини шох Чамшеду Фаредун.
Бигуяд он хама динхо дуруганд,
Хама афсонахои бефуруганд.
Хама чодуст пур афсуну найранг,
Надорад магзу бе бу асту беранг.
Чунин гуфтанд, к-у мардест бедин,
Шуморад дини моро у дуругин.
На девонро парастад, не бутонро,
На Хуршеду на Моху ахтаронро,
Задаст у пушти по ойини моро,
Парастад чуз Худои мо худоро.
Чу у ру тофт аз дини ниёгон,
Бибояд кушт-ш, ё кардаш ба зиндон.
Чи гуяд у зи дину донишу дод,
Ки дини хештанро дода бар бод?
Ба шахри хеш натвонист будан,
Ки бо дини падар шуд сахт душман.
Буд у овора дар хар дар ба Эрон,
Бигашт у солхо дар марзи Нерон.
Яке дини наве овард хохад,
Дигаргун доду ойин кард хохад...»
Аз он ру ёру шогирдони Зартушт
Ниходанд он гах андар дин ба-д-у пушт.
Чуз он, к-у буд номаш Майдюмох,
Буд уро то ба рузи марг хамрох.
Ба си мегашт он гах сол-ш наздик,
Чахон дар чашм гашташ тангу торик,
Аз он у гашт руз аз руз дилреш,
Ки ёрон кам шуданду душманон беш.
Зи шахре рафт шахре, то саранчом,
Ба назди руди Дод омад накуном.
Канори руди Доди хуштар аз чон
Дихе буд сабзу ободу шукуфон.
Фуруд омад ба-д-он дих он чахонгард,
Зи бахри зист он дихро гузин кард.
Хуш омад мардумонро андар он дих,
Чу дидандаш маниш неку куниш бих.
Канори он дихи ором зутар,
Бибурд осуда гохе чанд бар сар.
Яке покиза чое хурраму хуш
Гузин кард у зи бахри пок оташ.
В-аз он пас хонае зебо ба-д-он чой
Ба ном оташгах аз гил кард барпой.
Дар он оташгахи зебову дилкаш
Фурузон кард варчованд оташ.
Хаме пайваста карниш андар он кард,
Парастиш мар Худои Мехрубон кард.
Хамеша буд он марди худохох
Ба ёди Хархумеди Виспогох.
Гирифти назди оташ бочу барсам,
Бикарди пок мораспанд замзам.
Ба хуму шир неру дар тану чон
Фузуду пас парастиш кард Яздон.
Хамора чуст дар дил рози гардун,
Ки кораш чисту кирдораш бувад чун.
Хама рузаш ба карниш кор мебуд,
Ба яштан шаб хама бедор мебуд.
Ба кушиш хост дарёбад нихонро,
Сарогозу саранчоми чахонро.
Замон, мегуфт, чисту аз каю чун,
Ба дасти кист гардон чархи гардун?
Сари фармони ин хасту бавиш кист,
Зи кайхон гардишу роху равиш чист?
Зи маргу зиндагони чист армон,
Ба дарди марг оё чист дармон?
Ба жарф андеша у чуст аз чахон роз,
Калиде хост то дархо кунад боз.
Ба-д-ин сон рузу шаб суи Худо руй
Хамеовард он марди худочуй.
Зи Яздон хост дар кораш кушоиш,
Мар уро кард хамвора ситоиш.
Канори Дод доду рости чуст,
Дилу даст аз кажихою кости шуст.
Хирадро кард дар хар кор дастур,
Зи бад то дошт чону тан хаме дур.
Зи шаб то руз дар ёди Худо буд,
Даме аз яштани Додор нагнуд.

КАРДАИ 2. ЗИНДАГОНИИ МАРДУМОН ДАР ОН ХАНГОМ

Пур аз дуздию разму кину куштор
Замона буд ба-д-он гах тираву тор.
Ба кори бад киху мих гашта саргарм,
На дар дил мехру не дар чашм озарм.
Зи чангу чушу тарбу тунбалу рев
Сиях буд рузгорон чун дили дев.
Ба нола нотавон аз дасти бадкеш,
Фитода хор руйи хок дарвеш.
Хунарвар гашта дар чашми чахон хор,
Ба чоду бехунар шуд номбардор.
Ситамгар арчманду дузд бар гох,
Бадойин-пешво, бедодгар-шох.
Чу гургон рахзану дуздони бадкеш,
Бибурданд аз шубонон хар гахе меш.
Сухан шуд дар дахони мардум луш,
Наомад кор магзу донишу хуш.
Ба кишвар чун худои кард коно,
Ки дар бар дар гадои кард доно.

КАРДАИ 3. АНДАРЗ КАРДАНИ ЗАРТУШТ МАРДУМОНРО

Ашу Зартушт мардумро ба-д-он гох,
Зи неку бад хаме бинмуд огох.
Бигуфт аз Дузаху Гушто пас аз марг,
Ба растохез кардан тушаву барг.
Зи Чанвадпул гузаштан дар Фрашгард,
Кашидан дар тарозу он чи кас кард.
Зи рузи бозхоху кайфари бад,
Зи потипроси назди пок Эзад.
Ба мардум суи рохи рост бинмуд,
Дилу кору забони рост фармуд.
Зи рохи кажжу душти бозашон дошт,
Ба дилшон, боре, тухми рости кошт.
Хирад бистуду парконро никухид,
Паёпай донишу фарзон пижухид.
Ба мардум нек то бад боздононд,
Бихи Яздону бадро Ахриман Хонд.
Бикардан кирфаеро, к-аш бувад суд,
Ба мардум кардан онро пеша фармуд.
Заминро киштану дих кардан обод,
Зи деви озманди гаштан озод.
Нишондан тухму парвардан дарахтон,
Ниходан бундад аз богу гулистон.
Хамеша аз бихи андеша кардан,
Хама кори некуи пеша кардан.
Шикору домдори, киштани дон,
Бикардан кишвару дихро шукуфон.
На дузди кардану торочу куштор,
Расондан бар касон пайваста озор,
Хирад омухтан, дониш фузудан,
Хунархои неку аз бар намудан.
Зи гети ростию дод чустан,
Дилу чон аз дуругу бад бишустан.
Накуандешу некукор будан,
Ба бад пайваста дар пайкор будан.
Парастидан бихию ростиро,
Шукуху фарру бахту фаррахиро...

ФАРГАРДИ 3. БА ЗАРТУШТ ОШКОР ГАРДИДАНИ АХУРО МАЗДО ВА ДИДАНИ У РУЙИ ХУДОВАНДИ ХИРАДРО

КАРДАИ 1. РАФТАНИ ЗАРТУШТ АЗ БАРОИ ОБ ЛАБИ РУДИ ДОД

Канори Додруди поку сероб,
Ки нушин об будаш равшану ноб.
Чу сими хом зери теги Хуршед,
Дурахшанда чу руйи поки Нохид.
Ба карниш буд пайваста паямбар,
Ниёиш кард бар даргохи Гаргар.
Чу соли у ба си наздик омад,
Бишуд марде сутургу роду бихрад.
Ки аз доду хирад номаш ба хар суй
Бирафту дар дихиш шуд достон уй.
Ба фарзону хирад дарёи жарфе,
Ба доду рости кухе шигарфе.
Аз у гаштанд мардум донишомуз,
Фузуди обру то рузаш аз руз.
Ба чашми мардумон гашт у гироми,
Ба доду ростию некноми.
Чу у дарёфт ханчори чахонро,
Гузашти рузу чархи осмонро,
Кунун рузе биомад, то ки Додор
Намояд бар Ашу Зартушт дидор.
Ба-д-он гах боди наврузи хамехост,
Чахонро чун паюгон рух биорост.
Биомад мохи фаррух Фарвадин боз,
Бахори си зи солаш ёфт огоз.
Буд он Хурдодрузи Фарвадинмох,
Ки буд он зодрузи он дилогох.
Дар он фархунда рузи навбахорон,
Ки буд он руз бихтар аз хазорон,
Ба гохи бом Зартушти Спитом
Ба суи Доди Маздодода зад гом.
Ки гирад об з-он руди хумоюн,
Кунад, то Хованиро хуми заргун.
Ба ширу хуми чонбахшу дилафруз
Шавад ожер то дар чашни Навруз.
Чунин буд хуйи вахшури дилогох,
Ки оби руд гирад аз миёнгох.
Ба-д-ин гах низ ондун хост кардан
Зи бахри оби ноби поку равшан.
Дарунтар хост рафтан андар он руд,
Ба ованд об гирад то аз он зуд.
Бишуд он некхуйи покгавхар
Ба магзи об з-он ру андарунтар,
Фуру чун рафт дар он то ба гардан,
Аз ин рах подёбаш шуд хама тан.
Ба хован об бигрифт аз дили руд,
Бурун гашт аз миёни руд хушнуд.
Зи поки тофт уро ончунон тан,
Ки гуфти буд мохе партавафкан.
Ба-д-он сон тан шудан покиза з-он об,
Гудозон зар дар оташ гирад он тоб.
Нишаст осуда он гах бар лаби Дод,
Ба жарф андеша, танхо, бо дили шод.
Ба дил гуфт ин чахон овардаи кист,
Маху Хуру Гаразмон кардаи кист?
Паси ин дастгох оё бувад даст,
Ки гох орад-ш болову гахе паст?
Агар огозу анчомест бар вай,
Каяш огозу анчомаш бувад кай?
Чарову чун чахон аз нест шуд хаст?
Кучову кай замон аз чой барчаст?
Чахонро хаст гардидан ба ханчор,
Бувад дасти Хирад дар вай падидор.
Дурахшон ахтарон бемар ба гардун,
Наояд хеч як аз рох берун.
Ду неруро ба хам ноошноист,
Яке торику дигар рушноист.
Худоё, пардахои роз бикшой,
Маро, боре, ту руйи хеш бинмой.
Пизишки чониву дармони урвон,
Биё, дарди диламро соз дармон.
Чи бошад зиндагиро марг анчом,
Бувад Хуршеду Махро низ фарчом?
Гиёхон зинда мегарданд навсард,
Зи тухму навдаву аз решаву гард.
Бувад оё бахоре мурдагонро,
Ки дар тан боз бахши то ту чонро?
Ба кушиш куху дарё дарнавиштам,
Ба пурсиш ин чахонро гирд гаштам.
Чу аз фарзонагон дониш бичустам,
Наомад хеч як посух дурустам.
Дарего, хар чи бишнидам, дуруг аст,
Хама торику яксар бефуруг аст.
Чу бо дастону хоб асту фусун аст,
Зи магзу хуши гиранда бурун аст.
Пазиро нест магзам костиро,
Ба ман бинмой, боре, ростиро.
Газоф аст он хама, гуфтори дев аст,
Ба магзу хуш кай гунчад, ки рев аст.
Худоё, чуз Ашо чизе нахохам,
Ба суи рости бинмой рохам.
Диламро аз Ашо равшан бикун рох,
Бикун аз ростии хешам огох...»
Фуру бинхода сар андар гиребон
Ба-д-ин сон гуфт рози дил ба Яздон.
Гирифта сахт сарро бо дах ангушт,
Биорад то бажанги роз дар мушт,-
Ба жарф андеша биншаста лаби Дод,
Ба оби Дод гушу хуш бинход.

КАРДАИ 2. ДИДАНИ ЗАРТУШТ ВОХУМАНРО ВА БА БОРГОХИ АХУРО-МАЗДО БУРДАНИ У ЗАРТУШТРО БО ДИГАР АМШОСПАНДОНИ АХУРО

Дар он Навруз, к-он чуяндаи роз
Чу наргис кард аз дил дидагон боз,
Гирифт обе зи магзи руду хушнуд
Баромад з-обу биншаст аз бари руд,
Бисозад то ба Ховангох ожир
Ба оби пок хуми пок бо шир.
Чу то гардан ба оби Дод тар гашт,
Тани покаш аз ин рах поктар гашт.
Чу з-ин рах подёби гашт пайкар,
Ба поки ёд кард аз пок Довар.
В-аз У пурсанда гашт аз кори кайхон,
Зи рози зиндагию маргу чуз он.
Зи дил чашми хирад бикшод равшан,
Шуд андар хонаи дил боз-ш равзан,
Ба-д-он су пайкареро дид ногох,
Сапеду равшану тобанда чун Мох.
Даманда чун сапеда дар гахи бом,
Чу пайке, к-орад аз Хуршед пайгом.
Фуруге хамчу озар поку сузон,
Чу шохи ахтарон точаш фурузон.
Шигирфте, к-он намеомад ба гуфтор,
Шигарфе, к-он намегунчад ба пиндор.
Хамон тобанда пайкар ру ба руяш
Ба нарми хуш хамеомад ба суяш.
Дурудаш гуфту пурсидаш, ки: «Чуни?
Дурува бош, к-астам рахнамуне».
Биё, эй пок вахшури сарафроз,
Ба ман них гуш,то бикшоямат роз.
Чи чуйи аз чахон бо ин чагидан,
Ба бар дил аз чи дори дар тапидан?
Умедат чисту армонат кадом аст?
Ба ман гу боз, то гирам аз-ат даст.
Шикорат чисту нахчират чи ном аст,
Дили оташпарастатро чи ком аст?
Бихез аз чою хамрохам равон шав,
Ба-д-ин рах назди Додори чахон шав.
Ба чашми хеш худ даргохи у бин,
Бузургию шукуху чохи у бин».
Сараш бардошт Зартушту бигуфташ,
Ки: «Эй дарёнишони оташинфаш,
Бигу, номи ту чисту аз кучои,
Шигарфу жарф чун дарё чарои?
Шигифте чун ту то ин дам надидам,
На аз кас инчунин чизе шунидам...»
Бигуфташ: «Бишнав, эй пури Спитом,
Хучаста Вохуман бошад маро ном.
Ман он андешаи поки Худоям,
Сипатои Хирадро хамнавоям.
Хирад Хуршеду ман чун рушнои,
Бувад кай ин дуро аз хам чудои?
Худованди Хирад Маздо-Ахурост,
Сипантои Хирад, дон, вижа урост.
Ахуро гавхару ман тобиши Уй,
Зи рохи ранг аз гавхар бари буй.
Бихин андешаи волову жарфам,
В-аз он ру хамчу дарёе шигарфам.
Фузун дар ком дорам гавхари ноб,
Шиновар шав ба ман-дар, коми худ ёб.
Ман он андешаи оташнижодам,
Ки дар суз асту дар созиш ниходам.
Агар хори в-агар хас, пок сузам-т,
В-агар зарриву гавхар, барфурузам-т».
Ашу Зартушт гуфт он гах ба Бахман,
Ки: «Чашми дил шуд аз руйи ту равшан.
Кунун, эй партави поки худои,
Маро суи Хирад кун рахнамои.
Ки бо У хамдаму хамошёни,
Або У зиндаию човидони».
Ба-д-у гуфто, ки: «Оре, эй накухуй,
Падидоянда з-Уям, сар занам з-Уй.
Фуруги чашмаи Хуршеди Уям,
В-аз он ру равшану хуршедруям.
Зи рохи ман раву бо У бипайванд,
Агар пайваст хохи бо Худованд».
Ашу Зартушт гуфташ, к-«Эй дилафруз,
Ту рохи растагори бар ман омуз».
Бигуфт: «Эй порсои неккирдор,
Забону чону тан аз бад нигах дор.
Хамеша нек бошу нек андеш,
Накуи созу неки гир дар пеш.
Агар бо Вохуман андеша якранг
Бисози, то ба У гарди хамоханг,
Дилу андешаву гуфтору кирдор
Бидори рост бо фармони Додор,
Ба-д-он гах растагору хушдилу шод,
Шави дур аз баду боши ту озод».
Бигуфто: «Хохам Уро ман бидидан,
Ба дидори хушу покаш расидан».
Бигуфташ Вохуман, к-«Эй неккирдор,
Манат рах менамоям суи Додор.
Ба ман гу, эй пагуи донишалфанч,
Чи хохи дар чахон бо ин хама ранч?
Чи дори орзу андар дили хеш,
Ки дилро кардаи аз бахри он реш?
Ба оташ сар фуру бурдан зи чистат,
Ба дарё сарнагун рафтан зи кистат?»
Бигуфто: «Мурги бахт аст орзуям,
Нишон аз хонаи Симург чуям.
Хумои бахт, к-онро ном Уштост,
Магар он сояи шахболи Сеност?»
Бигуфт: «Он сояи равшан ман астам,
Фуруги руйи Маздо-Бахман астам.
Зи рохи ман раву дарёб Ушто,
Бубин парвози дури мурги сено».
Бигуфт: «Он аст дар дил орзуям,
Ки рузе бахт бархандад ба руям.
Чахон-чунбанда, чунбонандае хаст?
Замон-гарданда, гардонандае хаст?
Ашоро чустучу дорам дар ин ду,
Ашои ростинро, гу, ба ман, ку?
Зи тири Орашам омоч он аст,
Нишон он асту аз чашмам нихон аст.
Бихохам ростиро бозёбам,
В-агарна чист хуму бочу барсам.
Бихохам кушт деви костиро,
Зи коми шер чуям ростиро.
Чихоне рост битвон кард бунёд,
Ки дар вай мардумон бошанд дилшод?
Чахон пур гашта аз деву даручон,
Дуругу чодуви дар вай ба фармон.
Ба хам чун гург дандон карда тезанд,
Ба хуни хамдигар андар ситезанд.
Чахонро пок оё метавон кард
Зи деву маргу кину андуху дард?
Басе розест чуз ин дар дили ман,
Чу кишта тухми гул андар гили ман.
Нихон дар дил басо хаст орзуям,
Нигунчад дар забон, ар бо ту гуям...»
Бигуфто: «Боядат андеши нек,
Забону кори неку пешаи нек,
Ба коми дил раси, эй дуст, он гох,
Бимони човидону зинда з-ин рох».
Ба Бахман гуфт Зартушти бихандеш:
«Кунунам бар ба суи саргахи хеш.
Аз У пурсам, ки аз бахри чиам сохт,
Дарахти хастиамро сар чи афрохт.
Нишона з-офариниш чисту худ кист,
Хам ин афсонаи буду набуд чист?
Чаро эдун чахоне сохт бойист,
Ки дилхуш як даме натвон дар он зист?
Ба дастони ниёз оям ба суяш,
Намояд У ба ман то пок руяш.
Миёнро бандаму пешаш бисечам,
Зи фармонаш сари му сар напечам.
Дил аз олудагихо пок шуям,
Хамеша ростию дод чуям.
Ба чуз тухми бихи доне накорам,
Ба коми У барорам рузгорам.
Дилу чонро ба дониш дорам обод,
Зиям то човидон хушнуду дилшод.
Кунун аспи сапеди хеш пеш ор,
Маро бар пеши он Харвисп-додор.
Ба ман бинмой он пок остонро,
Нишеми Ростии ростонро».
Ба-д-у гуфто, ки: «Хон, бархез чолок,
Барам-т инак ба назди Гаргари пок.
Биё бо ман ба чашму гуши бедор,
Бубин з-он Човидон-Бедор дидор.
Савори аспи оташранги испед,
Чу Озаргашп шав дар назди Хуршед.
Нигах кун пешгохи бас баландаш,
Хунида боргохи арчмандаш».
Паямбар гуфтаи Бахман пазируфт,
Сипосу офарину афтадо гуфт.
Чунон чун гуфт Бахман, ончунон кард,
Хар он чизе, ки у фармуд, он кард.
Хучаста Вохуман пас дод фармон,
Ки: «Боре дидагони хеш пушон!»
Чу чашми сар ба мижгон Ведман духт,
Ба дидан дидаи дилро барафрухт,
Бар аспи озарахш он гох биншаст,
Чу тири Ораш асп аз чой барчаст.
Хамон дам з-ахтарон бигзашт аспаш,
Таковар аспи чун озаргушаспаш.
Нихода зери пояш Кахкашонро
Бипаймуд он замон хафт осмонро.
Паямбар дид худро дар чахоне,
Фуруг оганда бар сар шорсоне.
Чахони рушнони бекарона,
Фуруги офтоби човидона.
Чунон буд рушнои аз пасу пеш,
Ки он чо у надиди сояи хеш.
Равони ростнонро дид он чой,
Хама истода перомун-ш бар пой.
Фурухархои поки менувони
Бигуфтандаш дуруд аз мехрубони.
Равони поки некону ашувон,
Фурухархои покону накувон.
Михист амшоспандон дар баробар-ш,
Зи хамтоёни Бахман панчи дигар-ш,
Хамон Ардибихишти Зинда-Човид
Падид омад ба чашмаш поку испед.
Яке з-амшоспандони Худованд,
Ки бо Бахман бувад наздику пайванд.
Ашои Бихтарини пок Яздон,
Нигахдорандаи ханчори кайхон.
Чу у мечуст аз Кайхон Ашоро,
Намудаш Бахман он дам он Ашоро.
Мар уро Ростии Бихтарин Хонд,
Хамаш бистуду бемар офарин хонд.
Хам он чо дид Испандормадро,
Фуруги руйи Хуршеди Хирадро.
Сипантоию орому фурутан,
Ашуву порсову покдоман.
Фариштай донишу фарзону фарханг,
Ашоро хешу пайванду хамоханг.
Сипанто-Ормайти, к-аш бувад ном,
Чахонро хуррами уро бувад ком.
Дигар Шахревар он неруи воло,
Ки дасти уст аз хар даст боло.
К-аз у истода ин гетист барпо,
Хамон хам поку некуву сипанто.
Ба-д-ин неру чахонро пок Яздон
Ба доду рости дорад ба фармон.
Гузида шахриёри вижаи уст,
Мар уро ном Шахревар аз он руст.
Бихин неруи варчованди Гаргар,
Тавоно дасти Виспогох Довар.
Аюхшуст у бидод охангаронро,
Ба гардун у бичошид ахтаронро.
Дар огоз ахтаронро у пароканд,
Маху Хуршед з-у партав гирифтанд.
Хам у охангаронро ирмагон аст,
Аюхшутро нигахбон у ба кон аст.
Сипохи дод з-у пирузманд аст,
Дурафши коваёни з-у баланд аст.
Ба Испандормад хамкору хамроз,
Ашоро ёру хамрангу хамовоз.
Дуто дигар зи шаш амшоспандон
Бидид он чо Ашу Зартушт пас з-он...
Яке Хурдоди волочоху исфанд,
Шукуху фарри даргохи Худованд.
Хар он ч-у дид андар вай, расо буд,
Ба гети пурратар аз вай кучо буд.
Расои з-у гузашта аз басои-ш,
Басои з-у гузашта аз расои-ш.
Хар он ч-у дид уро, бас наку дид,
Расои, пурраги яксар дар у дид.
Хама доди Худо дар вай наку буд,
Яке додеву виспи дод у буд.
Фаро бигрифта дар худ осмонро,
Замину Моху Хуру ахтаронро.
Мар онро ном з-он ру гашт Хурдод,
Ки Маздо дод андар вай хама дод.
Дигар з-он хафт Поки Зинда Човид
Буд он Мурдод, к-он чо монтрон дид.
Ки бо Хурдод буд чуфти ажире,
Ду анбози чудоинопазире.
Аз он ру «Доди Бемарги»-ш номид,
Ки буд тандеси бемаргии човид.

КАРДАИ 3. БА ПЕШГОХИ ХУДОВАНДИ ХИРАД АХУРО-МАЗДО ОВАРДАНИ АМШОСПАНДОН ВАХШУРРО

Чу Бахман рахнамун буд бар паямбар
Ба суи боргохи пок Гаргар.
Бидид у он чахони рушнои,
Фуруги руйи хуршеди худои.
Фуруги бекарону човидоне,
Саросар равшану бартар чахоне.
Дигар амшоспандони Ахуро
Дуруду офарин гуфтанд уро.
Хама шаш пайкари поку фурузон
Пазиро даст пеши бар зи мехмон.
Хама шаш як тану шаш руй буданд,
Равон чун об дар як чуй буданд.
Ба суи шахри бесу чанд суе
Чу орад бод з-оху чанд буе,
Хама равшан чу тоби теги Хуршед,
Фуру чун парда хишта пеши ру дид.
К-аз он шаш пайкари тобон чу Хуршед
Чахони менувони буд испед.
Чу худро дид, дар он чо паямбар,
Миёни он фуруги бекарон-дар,-
Чунон зад рушнои аз сараш шор,
Кучо то соя гаштан нопадидор.
Чу он шаш Човидонро нек бишнохт,
Дилу чонро ба-д-он пурмоягон бохт.
Ба-д-у гуфтанд он гах шаш Амеша,
К-:-Ануша зеву боди хуш хамеша.
Чи мули, хезу боло зуд биштоб,
Хар он ч-аш мебичуйи, бош, дарёб!»
Ба дастурии михтар Бахмани пок
Шуд у хамрох бо он шаш Тани пок.
Пас он шаш рахнамо бурданд уро
Аз он чо назди Маздои Ахуро.
Ба беогозу беанчом гохе
Нишаста дид беандом шохе.
Баланду пахн гохе ончунон буд,
Ки гардун хамчу гарди гарди он буд.
Ба-д-ин сон рафт наздики Худованд,
Бидид омеги бундоди барозанд.
Сару бун нопадиду зеру боло,
Зи чарху он чи дар вай хаст, воло.
Замину осмону он чи дар он
Хама дар кунчи гарди уст пинхон.
Ашу Зартушт он гох ошкоро
Ба чашмаш дид дидори Худоро.
Чунон тобанда руе дид равшан,
Ки дар чони чахон буд оташафкан.
Ба гардун Шед з-он оташ фурузон,
Чахон з-он оташи рухсор сузон.
Живанда з-оташи Он Руй зинда,
Ба гулшан сабзаву гул з-Он ба ханда.
Хамедун Восноро дид дидор
Нахустин бор он гундои бедор.

КАРДАИ 4. ГУФТУГУЙИ АШУ ЗАРТУШТ БО ХУДОВАНДИ ХИРАД-АХУРО-МАЗДО

Чу дид у Восноро ру ба руяш,
Гирифт У дасту пеш овард суяш.
Намозаш бурд Зартушту бигуфто:
«Сипосу офарину афтидисто!»
В-аз у пурсид: «Поко, Кирдигоро,
Аз ин пас боядам кардан чи коро?
Бигу, то марди рохатро чи бояд,
Расад то у ба гохе, к-ат бишояд.
Чи гуна бошад он марди ашуро
Бувад хушнуд з-у Маздо-Ахуро?
Ки бошад дар чахони росткори
Намои ростию растагори?
Равам ман аз паси у низ дилшод,
Бувам хушбахту аз хар банд озод.
Ку он хуршеди боми некхуйи
Ки омузам чу Мах з-у некруйи?»
Зи Маздо посух омад пас аз он су-ш,
Шунид у аз рахи дил, на-з рахи гуш.
Чунин гуфташ Ахуро-Мазд: «Дони?
Хамонеро, ки мечуйи, худ они.
Туи он сон бузургиро намуна,
Ба кирдору ба оруну ба гуна.
Ба гети ростини ростони,
Хамеша ростонро достони.
Ту хасти пешвои родмардон,
Зи думболат раванд озодмардон.
Ба мардум чун ту дасти мехр ёзи,
Ба бахту шодкоми ёр сози.
Ту худ он довари бодод хасти,
Хамеша дод варзи бо дурусти,
Зи обу оташу хоки нигахбон,
Парастори ахуродода домон,
Чахор ахшиг олудан намони,
Бузургу поку арзишманд дони.
Ки бахшишхои пурарчу гаронанд,
Гироми додахо бар бандагонанд.
Набошад зиндагони хеч барпой,
Гар обу боду оташ нест барчой.
Зи мардони накуву покгавхар
Чу буди ростину додгустар,
Ахуро з-он хама бихтар бидидат,
Зи бахри рахнамои баргузидат.
Аз ин пас хар касе, к-у рафт з-ин рох,
Равад у аз паси Хуршед чун Мох.
Худовандаш гузини хеш хонад,
Намирад, зиндаву човид монад».
Чу ин бишнид Зартушт аз Худованд,
Бигуфт: «Эй Гаргари Бечуну Бечанд,
Яке оворае-ам, бе касу хор,
Набошам бар чунон коре сазовор.
Ба чохе тор уфтода чу курам,
Ба пойи пил уфтода чу мурам.
Надорам чуз ту, эй Гаргар, дигар кас,
Зи дастам гиру рах бинмой з-ин пас.
Худоё, додрас парвардигоро,
Ки дони хар нихону ошкоро,
Ба ман гу чист рохи растагори,
Рахои з-инчунин бедоду хори?
Ба шахри ростон, гу, рах кадом аст,
Ки марди рост он чо шодком аст?
Маро фармой коре, то аз он кор,
Ашуи номро бошам сазовор».
Худованди Хирад Маздо-Ахуро
Чунин фармуд Зартушти ашуро;
Ки: «Рохи растагори дар накуист,
Ба доду рости в-андар ашуист.
Биё, инак, ту, эй чуяндаи роз,
Дари доду хирадро созамат боз.
Бажанги бахт дар дасти ту бидхам,
Хама ганчи хирад пеши ту бинхам.
Дари бахт аз хумат бикшода гардад,
Бихи кун, то гузар сози зи Чинвад.
Калиди бахтиёриро хумат дон,
Хумат дон абру некуи чу борон.
Ту, эй вахшури некандеш, з-ин пас
Ба мардум бояд омузи хумат бас.
Хумат магз асту кори нек чун пуст,
Чу мушк аст ону ин оянда з-он буст.
Дарахте дон хумат пурбаргу пурбор,
Бихиро меваи он бишмар, эй ёр.
Хар он, к-андеша некаш хаст дар дил,
Гули некию поки руяд аз гил.
Туро аз бандагон то баргузидам,
Зи бахри рахнамои-т офаридам.
Тавони бурд хар фармон, ки додам-т,
Бари хар бор, бар душ ар ниходам-т.
Сар аз дониш баланд афрохтастам-т,
Дилу чонро ба фарзон бохтастам-т.
Ба роди гашта яктои замона,
Хирадалфанчу гундои ягона.
Яке фарзона фарзанди ба фарзон,
Ки набвад чун ту дар Эрону Нерон.
Туи номи ашуиро сазовор,
Ки аз ту чуз бихи н-ояд падидор».
Бигуфт: «Он ростиро, гу, кадом аст,
Ашои бихтаринро, гу, чи ном аст?
Хамеша то кунам ман росткори,
Бигирам пеш рохи растагори».
Ба Зартушти Спитом он гах овоз
Биомад аз Ахуро, к-«Эй сарафроз,
Бихи он ростии бихтарин аст,
Бихишти ростони бофарин аст.
Накуи рох суи растагорист,
Фуруги бомгохи бахтиёрист».

КАРДАИ 5. ШИНОСОИИ ЗАРТУШТ БО АМШОСПАНДОНИ АХУРО-МАЗДО

Чу Зартушт аз Худо фармон наюшид,
Дилаш чун оташи сузон бичушид.
Ба Маздо гуфт: «Баргу, эй Худованд,
Ки он амшоспандонаш киёнанд?»
Ахуромазд он шашро фаро хонд,
Ба зутар хар кадомеро шиносонд.
Ба-д-он шаш як ба як чун ру ба ру шуд,
Наку дарёфт, к-он шаш руйи У буд.
Яке буд додкори пок Маздо,
В-аз он як гашта ин шаш буд пайдо.
Яке Хуршеду он шаш чун фуругаш,
Чу рангу тобиши руяш буд он шаш.
Хама шаш аз рухи он хафтумин тофт,
Нахустин у буду дар хафтумин ёфт.

КАРДАИ 6. ГУЗАШТАНИ ЗАРТУШТ АЗ ОТАШ ДАР НАЗДИ АМШОСПАНДОН

Пижуханда зи гуфтори гахи пеш
Чунин овард дар бинвиштаи хеш,
Ки чун Зартушт дид аз Восно руй,
Аз он, к-аш чашм шуд шаш чехраи Уй.
Ахуромазд гуфташ: «Эй бихандеш,
Туро рохест бас душвор дар пеш.
Аз он пурбим рох ар мебипурси,
Агар бинмоямат, боре, битарси.
Зи кухи оташу дарёву бас дашт
Биояд пешу з-он бояд-т бигзашт.
Дилу андешаву пиндор-т пок аст,
Туро бигзаштан аз он рах чи бок аст».
Биандешид чун вахшур з-он рох,
Ба пешаш кухи оташ дид ногох.
Нишоне з-он рахаш медод Маздо,
К-аз он боист бигзаштан-ш фардо.
Ахуро дод фармонаш, ки: «Бархоз,
Ту инак кухи оташро гузар соз!»
Ашу Зартушт пас хамрохи он шаш
Бирафт он гох дар пуртоб оташ.
В-аз он пурбим кухи оташафшон
Гузашт у бегазанд он гах таносон.

КАРДАИ 7. ГУЗАШТАНИ ВАХШУР АЗ САНЧИШИ ДИГАР-АЮХШУСТИ ГУДОХТА

Миёни оташ он чо буд гудозон
Аюхшут хамчу оби чуй тозон.
Дамон з-он кухи оташ он фуру рехт,
Гудозон бар тани Зартушт ишпехт.
Накард он кора бар тан ведманро,
Надид у хеч дарду сухтанро.
Ба санчиш бар тани вахшур он шаш
Аюхшусти гудозон рехтандаш,
Газанде низ н-омад як сари муй,
З-аюхшусти гудозон бар тани уй.
Хаматан буд дурусту пайкараш пок,
Ки гуйи рехт охан бар хунук хок.

КАРДАИ 8. ЧОК КАРДАНИ АМШОСПАНДОН СИНАИ ЗАРТУШТРО ВА АЗ ХАМА ГУМОНУ НОБОВАРИ ВА МОНАНДИ ОН ЧИЗХО ПОК КАРДАНИ ОН

Зи санчишхо чу бигзашт он хувишта,
Гирифтанд он гахаш он шаш фиришта,
Хамон дам синаи у чок карданд,
Гумону тираги з-он пок карданд.
Аз он пас андарунашро хама кас
Ба чойи хеш бинходанд вопас.
На дарде буду реше дар тани уй,
На захми корд буд он чо сари муй.
Хама бих буду пай буд нопадидор
Аз он, к-урвонпизишкаш буд Додор.
Ба перомуни у амшоспандон
Хамебуданд уро офаринхон.
Ахуро додаш он сон зурманди,
На дард уро расиди, не газанде.

КАРДАИ 9. ФАРМОНИ АХУРО МАЗДО БА ВАХШУР, КИ ОЙИНИ БИХИРО ДАР ЧАХОН БИЧОШАД ВА МАРДУМОНРО АЗ БАД РАХОИ БАХШАД

Чу гуфтанд «Офарин»-у «Боди хушнон»
Ба Зартушти Ашу амшоспандон,
Ки шуд пок аз гумон уро дилу чон,
Хамедун дид руйи поки Яздон.
Худованди Хирад-Маздо Ахуро
Чунин фармуд Зартушти Ашуро,
Ки: «Рав, бо мардумон омуз динро,
Ахуродода ойини бихинро.
Хар он ч-аш дар канори Дод диди,
Хама он чиз, к-аз Маздо шуниди,
Дупоёнро бигую соз огох,
Ба доду рости бинмояшон рох.
Бихи омузу неки мардумонро,
Зи неки то биоройи чахонро.
Зи рохи бад касонро боз медор,
Ба рохи ростишон пой бигзор.
Ту з-ин ру мардумонро чун шубони,
Рама-станд он хама, ту посбони.
Ба-д-онон ростию дод омуз,
Чароги донишу фарханг афруз.
К-аз ин рах кас расад бар некбахти,
Рахои ёбад аз андуху сахти.
Бихи рохест суи растагори,
Накуи пеша созу росткори.
Зи неки кас бихишти човидони
Биёбад, в-андар он хуш зиндагони.
Бирав, тухми хирадро дар чахон чош,
Хамин дини бихиро дар чахон пош.
Зи паркон бахш гетиро рахои,
Бурун каш суи рузу рушнои.
Ба доду рости дор ин чахонро,
Рахои бахш аз бад мардумонро.
Ахурокеш бошу девбезор,
Хамеша бош бо девон ба пайкор.
Парастиш кун Худои ростиро,
Гироми дор ойини бихиро».

КАРДАИ 10. НАМУДАНИ АХУРО-МАЗДО НИШОНИ ХУДРО БА ЗАРТУШТ

Зи Маздо хост он гундои бихрад,
Нишони хеш то бар вай намояд.
К-агар пурсанд фардо мардумонаш,
Чи ном асту чи гуна-бвад нишонаш.
Бигуяд, то ба дин бовар биоранд,
Ба карниш руй бар озар биоранд.
Чунин пурсид аз Маздо паямбар,
Ки: «Эй Додори поки додгустар,
Бувад, к-аз хештан боре нишоне
Намои мар маро аз мехрбони,
Ки ру бар вай биорам гохи яштан,
Ба руйи он бубинам рохи гаштан.
В-агар пурсанд, кистию кучои,
Чаро Бечанду чун Бечун Худои?
Нишони бенишон гуям, ки чун аст,
Хама чо будани Бечо чи гуна-ст».
Ба посух гуфт Виспогох бо уй:
«Нигар, то аз нишони ман бари буй.
Ба гети хар чи бини, к-аш дурахшест,
Бидон, к-он аз Ахуромазд бахшест.
Ба гардун ахтарон чун Моху Хуршед,
Чи Бахрому чи Тиру Парву Нохид.
Чу з-онон равшани ояд падидор,
Туро ёд оваранд аз пок Додор.
Хар он ч-аз вай чаханда рушноист,
Нишон аз рую рохи ошноист.
Хар он ч-он равшани з-он тофт, уро
Ту бишмар хонаву гохи Ахуро.
Нигар, то гар фуруге чун ба хар чост,
Бидон, к-он чойгохи пок Маздост.
Ба кайхон хар чи чашми равшан урост,
Хамон тобанда аз руйи Ахурост.
Ту покаш дору мебошаш парастор,
Ки бошад он парастишро сазовор,
Сазад, гар бо ниёш суи он руй
Биёри чун ниёгон, эй накухуй.
Ба хар чизи дурахшон чун Маху Хур,
Чунон чун оташу чун Ардвисур.
Биёри рую ёри хохи аз ман,
Нахохам харгизат навмед кардан.
Ба бад хар чизи тобонро маёлой,
Гироми дору карниш ор-ш бар чой».

КАРДАИ 11. АЗ ЧАХОНИ МЕНУИИ САРШОР АЗ ФУРУГ ФУРУД ОМАДАНИ ВАХШУР БА ЗАМИН ВА НАМОЗИ ХОВАНГОХ ГУЗОРИДАНИ У ДАР ОТАШГОХ

Буруноранда оташ аз дили гил
Пас уро оташе афганд дар дил.
Чи оташ? Оташи дини чахони,
Бихин Дастуру Доди човидони.
Хамон як оташи дини накуи,
Ки буд равшангари рохи ашуи.
Хамон дастури гети кардан обод,
Бибудан човидон аз банд озод.
Сипанто Готхои човидони,
Ба некон Рахнамои зиндагони.
Бежанги ганчи чисто карда дар мушт,
Даени маздаясни-доди Зартушт.
Хама ойини неки дод Маздо,
Ки пошад дар чахон Зартушт фардо.
Ба гуши дил хаме бишнид хар вок,
Ба барги чон хаме ангошташ пок.
Нигушид он сипанто сосноро,
Суханхои баланди Восноро.
Суруди чоннавози човидони,
Сипанто-Готхои осмони,
Бихишти як нихоле буд, гуйи,
Тану шохаш пур аз бори накуи.
Бихи буд решаву шоху тан, оре,
Ки орад бор бахту растагори.
Ба Зартушти Ашу додаш, ки: Биншон,
Ки онат бар хама дардаст дармон.
Ахурои дарахте аз бихишт аст,
Хама аз гавхари неки сиришта-ст».
Чу аз кеши ахурои дилу чон
Бишуд Зартуштро яксар фурузон,
Бигуфто: «Сар зи фармонат напечам,
Миён барбандаму корат бисечам».
Сараш бардошт он гох аз гиребон,
Шигифт омад-шу з-он бикшод чашмон,
Зи чо бархост пас он ведман тафт,
Бурун аз он чахони равшани рафт.
Бидид у пайкар аз поки дурахшон,
Канори руди Доди бехтар аз чон.
Сари андеша хам гундои бихрад
Шитобон суи оташгох омад.
Гирифт у бочу андар мушт барсам,
Ба замзам хонд чанд аз вир ардам.
Ба ширу хуму оби поки дилкаш
Тану чон поку назди пок оташ,
Намоз овард гохи Хованиро,
Худои бомгоху равшаниро.

ФАРГАРДИ 4. РАСОНИДАНИ ЗАРТУШТ ПАЁМИ АХУРО МАЗДОРО ВА ПАРОКАНДА КАРДАНИ ОЙИНИ БИХИ ДАР МИЁНИ МАРДУМОН

КАРДАИ 1. БА МАРДУМОН РАСОНИДАНИ ПАЁМИ АХУРО МАЗДО

Ба шахр омад Ашу Зартушт он руз
Ба мардум гашт дину донишомуз.
Ба гирдаш марду занро анчуман кард,
Зи доду дину озоди сухан кард.
Ба эшон гуфт он ч-у аз Худованд
Шуниду дид он сон фарру афранд.
Бигуфт аз шаш Хамеша Поку Човид,
В-аз он чун хафт ранги руйи як Шед.
Зи дини навву пайгоми Ахуро,
Ки гохи бом фармон омад уро.
Зи ойини бихи маздопарасти,
Зи бочу барсаму аз хуму кушти.
Зи покию бихию ростгори
Бичустан рох суи растагори.
Зи банди бардаги чустан рахои,
Гирифтан рохи рузу рушнои.
Зи бахту хуррамию шодкоми,
Зи бад ворастагию некноми.
Чудо кардан сиёхи аз сапеди,
Чахонро доштан пок аз палиди.
Саросар шахру дих обод кардан,
Чахоне нав чунон бунёд кардан,
Ки Кешу дини неки бошаду бас,
Ба коми дил дар он хуррам зияд кас.
В-аз он, к-аз нест пайдо кард хасти,
Хамон, к-аш дод, нак, маздопарасти.
Бикардаш пешво маздеснонро,
Бихону некувону ростонро.
Касе з-он гуфтахо ориш на дарёфт,
Бузургу хурд аз Зартушт ру тофт.
Ба пайгоми Худо бовар накарданд,
Нигах бар гуфти пайгамбар накарданд.
Хама гаштанд бо у душмани чон,
Ки сар печид з-ойини ниёгон.
Бипайвастанд бо у чангу офанд,
Шиносу ношиносу хешу пайванд.
Ба-д-онон гуфт, к-аз дини Фаредун
Набинходаст харгиз пой берун.
Бикардан разм бо морони Заххок,
Тану чон аз палиди доштан пок.
Бихию ростию донишу дод,
Ба дину дод кардан гети обод,
Ниёиш аз фуруги руйи Хуршед
Магар ин нест дини шох Чамшед?
Худо имруз уро з-он фиристод,
Ки пошад тухми дину донаи дод.
Бибахшад мардумонро то рахои
Зи торики ба суи рушнои.
Ба дини рости хонад чахонро,
Зи рохи каж бидорад мардумонро.
Касе он гуфтаи Зартушт нашнуд,
Чу дар дил чашм куру гуш кар буд.
Наомадшон ба-д-он гуфтор бовар,
Бар он Дастури Доду Дини Гаргар.
На чашми кур донад тобиши ранг,
На гуши кар шиносад созу оханг.
Бикандан дил зи ойини ниёгон
Набудшон низ чандон кори осон.
Ба-д-он хангом аз рози дили вай
Набитвонист бурдан хеч кас пай.
Напазруфтанд з-он ру гуфтаи уй,
Киху мих тофтанд аз вай хама руй.
Ба кишвар гашт овоза, ки он мард
Яке диневу ойине нав овард.
Михони шахру дих чун ин шуниданд,
Зиёни хеш дар оянда диданд.
Кихон, к-аз рости буе набурданд,
Ба кажжи дустро душман шумурданд.
Ба девон он хама хамрох гаштанд,
Ашу Зартуштро бадхох гаштанд.

КАРДАИ 2. КУШИШУ ПАЙКОРИ ЗАРТУШТ ДАР РОХИ ДИНИ МАЗДОЯСНИ

Нихода гом бар си буд, к-он гох
Бидид у руйи поки Виспогох.
Аз он пас сахт барбаст у камарро,
Ба карниш Гаргари Пирузгарро.
Ба Маздо рузу шаб у роз мегуфт,
Паёмаш мардумонро боз мегуфт.
Ба-д-у фармуд Маздо рахнамои,
Гузидаш бар ашувон пешвои.
Ба гохи шохи уро баргуморид,
Чахонро зери фармонаш гузорид.
Ба у бинмуд рохи растагори,
Рахи доду хирад дар шахриёри.
Худованди Хирад Маздо Ахуро
Чунон фарру хирад бахшид уро,
Ки чун Хуршед равшан кард рохаш,
Хам аз Хуршед боло гашт чохаш.
Ба у пайваста аз Додори кайхон
Паём омад, ки: «Хон, вахшури Эрон,
Ба по шав, мардумонро соз огох,
Ба доду дини бих бинмояшон рох.
Зи чанги дев мардумро рахо соз,
Ба ойини Ахуро ошно соз!»
Аз он пас рузу шаб пури Спитом
Набиншасти ба чойи хеш ором.
Хаме овард пайгоми Худоро,
Бикард огох з-он шоху гадоро.
Ба рохи рост хонд у марду занро,
Зи нав перост ойини куханро.
Ба фармони Ахуро гом бардошт,
Хирадро тухм дар дилхо хаме кошт.
Ба хар чо рафту бо мардум биомехт,
Ба дини рост эшонро барангехт.
Ба эшон гуфт ориш Сосноро,
Паёми Хар-хумеди Восноро.

КАРДАИ 3. АШУ ЗАРТУШТ БА ПУРСИШХОИ МАРДУМОН ПОСУХ МЕГУЯД

Чу н-омад андар он хангом бовар
Дупоёнро ба гуфтори паямбар,
Бигуфтандаш, ки: «Маздоро нишон чист?
Чи ном асту кучо хасту худ он кист?»
Ба посух гуфт Зартушти Спитом:
«Худованди хирад уро бувад ном.
Нахустин номи у Маздо Ахурост,
Авахшидору Виспогоху Доност.
Ба худ Танхову Бечун асту Якто,
Ба гети несташ анбозу хамто.
Абеанчому Менутум бувад ном,
Ба дасти уст темори даду дом.
Замину осмон овардаи Уст,
Маху Хуршеду чуз он кардаи Уст.
Хирадманду Равонбахшу Абарванд,
Тану чони чахонро Уст хованд.
Фуруги Мехр, к-аз руйи Ахурост,
Хазорон гушу бевар чашм Урост.
Чу мардум нест уро гунаву сохт,
Ба чашму гуш, то битвон-ш бишнохт.
Хама чо хасту Хасти Бекарон Уст,
Чу чон дар пайкари хасти нихон Уст,
На заррин тахт руйи осмон аст,
На чун шохон нишаста, руйи он аст.
Ба чизе нест монанд он Худованд,
На Уро хаст хамтое, на монанд.
Хирад бо хастии У човидон аст,
Хирад Уро фуруге бекарон аст.
Хамоно, Уст неруи чахондор,
Ба чунбиш з-Уст хар чондору бечон.
Рухи зебои Додори Абарчо
Чу дар ойина тобанда-ст хар чо.
Гиёхи сабзу гулхои шукуфон,
Ба гардун ахтарону санг дар кон,
Забони оташу барги дарахтон,
Буванд аз партави Он Руй тобон.
Чу бунёди чахон бинход Додор,
Ашоро андар он бинход дар кор.
Ашо дод асту дине дилпазир аст,
Чу ханчор он чахонро ногузир аст.
Рухи Хуршед аз Маздост равшан,
Ба гардун ахтаронро з-уст гаштан.
Накуи вижаи Маздо Ахурост,
Кучо зебову хуби хаст, Урост.
Ба чуз неки зи Маздо барнаояд,
Зи бад пок асту дар пайкор бо бад.
Рухи зебои Уро дар лаби Дод
Бидид он покмарди бихраду род.
Шунид у розу фармони Худованд,
Хучиста ардамону монтраспанд.
Ашу Зартушт з-У фармон бипазруфт,
Паёми У ба мардум то хаме гуфт.
Нишони дасти неруманди Гаргар
Хама пайдост дар гети саросар.
Чахонро ончунон бин созмоне,
Гузире нест, к-онро хаст чоне.
Хам он амшоспандони Ахуро,
Ки бинмуданд бар вай руйи Уро,
Фуруги руйи як хуршеди Уянд,
Хама тобанда з-он руйи накуянд.
Чу Маздо човидону ногузиранд,
Якеанду чудои нопазиранд.
Худои мехрубон Маздо Ахуро
Ба Эрон дод Зартушти ашуро,
Сазанда дидаш У пайгамбариро,
Ба сар бинход-ш точи сарвариро.
Ба фарри эзади бинмуд ёраш,
Фурузон кард рух хуршедвораш.
Ба-д-у кеши ахурои биомухт,
Дилашро з-оташи фарзон барафрухт.
Ба-д-у фармуд мардумро бихондан
Ба бихдинию аз дузах рахондан.
Чахон аз тираги берун кашидан,
Фарози рушнои чо гузидан.
Бувад, то ин чахону он чи дар он
Ба коми Эзаду амшоспандон.
Чу пурсиданд мардум з-у зи хар чиз,
Зи кору пешаву аз хар хунар низ.
Ба нарми дод посух он хирадманд,
Ба андарзи бихону моявар панд.
Зи бодафрохи неку кайфари бад,
Зи растохезу бигзаштан зи Чинвад,
Зи рафти ахтарону гардиши чарх,
Зи гарму сарду аз ширину аз талх.
Зи хафт амшоспанду як Худованд,
Башини Гаргари Бечуну Бечанд,
Ашову ростию карнишу кор,
Дуручу девро будан ба пайкор,
Зи доноию паркону биху зишт,
Кишоварзию дому донаву кишт,
Ба чуз ин хар чи аз душвору осон,
Биомад пеш хар гохе ба эшон,
Хаме гуфтанду у посух хаме дод,
Бузургу хурд з-у буданд дилшод.


(Дунбола дорад...)

No comments: