Tuesday, July 29, 2008

Зартуштномаи Атоуллохи Мучебуллох

Атоуллохи Мучебуллох
Зартуштнома
(Дунболаи Бахши Чахорум)
БАХШИ 5

ФАРГАРДИ 1. ЧАХОНГАРДИИ ЗАРТУШТ ДАР ЧУСТУЧУЙИ АШО ВА ЧОЙИ ДАРХУРД ВА ДИНИ БИХИРО ДАР ЧАХОН ПАХН КАРДАНИ У

КАРДАИ 1. ТАНГ КАРДАНИ ДЕВЯСНОН ЧАХОНРО БА ЧАШМИ ЗАРТУШТ

Мар уро дустдорон бас касе буд,
Хам аз парварда шогирдон басе буд.
Гароиданд бархе бар паямбар,
Ва дини нав ба-д-у карданд бовар.
Гурухе душманаш гаштанду бадхох,
Гаронгушони кури душту гумрох.
Паёми Эзад аз вай нашнавиданд,
Ба ойини Ахуро награвиданд.
Гумон бурданд, к-у девона гашта,
Зи рохи дин магар бегона гашта.
Парешон хобхоанд он, ки хар гох
Бидида рост ангорад ба хар рох.
Ба-д-онон хуш наомад дини Зартушт,
Бигардонданд эро з-у хама пушт.
Ба кини у камар бастанд з-он пас
Шудандаш душману бадгу хама кас.
Паёпай он сияхбахтони бадхох
Биафканданд-ш сангу хор дар рох.
Биозурданд Зартушти ашуро,
Ради бододу поку ростгуро.
Бадаш гуфтанду санг андохтандаш,
Чахонро танг яксар сохтандаш.
Ба афсуну ба банду тарбу найранг
Ба чонаш борхо карданд оханг.
Сипохи дев бешу у яке буд,
Гурухи некхохаш андаке буд.
Аз он торикчонони бадандеш,
Бидид у ранч бешу гашт дилреш.
Ба гирдаш туда гашта бадсиголон
Ба сони гургу рубоху шаголон.
Чу дарду ранч з-онон дид афзун,
Бибоисташ аз он чо рафт берун.
Расид он гох, то вахшур Зартушт
Равад з-он шахру бар девон нихад пушт.
Бигардад з-ин пас у руйи чахонро,
Ба дини рост хонад мардумонро.
Азэро ведман з-он чо равон гашт,
Ба чустори ашо гирди чахон гашт.
Басе куху биёбонро бипаймуд,
Басо чангал гузар карду басо руд.
Зи шахре рафт бар шахре паёпай,
Гахи гармои Тиру сардии Дай.
Ба хар чо рафт дилхо гашт ромаш,
Ба неки дар забонхо рафт номаш.
Ба мардум дод огохи зи Маздо,
Зи Фаршукарду растохези фардо.
Зи Кеши ростини маздаясни,
Бихину пок дини бихманашни.
Зи хуму оташу аз бочу барсам,
Ба кушти панч рах яштан ба замзам.
В-аз он к-аш кард пайгамбар Ахуро,
Ки пошад дар чахон то дини уро.
Ба марду зан биомузад накуи,
Дилу андешаи поку ашуи.
Бибахшад то дупоёнро рахои
Зи банди бардагию бенавои.
Ба ханчори чахон то у яке ранг
Шавад, бо гардиши ахтар хамоханг.
Ба гети кас зияд озоду дилшод,
Ба бахти неку кому марзи обод.
Ба хар кую дар омад он накуном,
Биовард аз Худои пок пайгом.
Ба дилхо донаи неки бипошид
Ба гети тухми дини бих бичошид.
Ки мардум Боду Обу Оташу Хок
Бидорад арчманду бишмарад пок.
Ба шахри Салм рафту кишвари Дур,
Ба мардум дини бих омухт вахшур.
Чу омад, сармиёнро дин биомухт,
Ба дилхо оташи фарзон барафрухт.
Гузашт аз Ишкату Пуруту Бахди,
Бидодаш мужда аз мазлопарасти.
Ба Сугд-андар Гави бишкуху хушбод,
Ки маздодода марзе буд обод,
Ба дини хеш мардумро фаро хонд,
Басо касро ба кеши хеш гардонд.
Хам андар Марв, к-андар хоки Эрон
Яке шахре буд ободу шукуфон.
Хам он шахре, ки номи бар Хари буд,
Ки аз боги бихишташ бартари буд,
Паямбар туда-туда аз зану мард
Ба дини маздаясни андар овард.
Ба Хоразм андарун сад шахру дихро
Бигашту кошт тухми дини бихро.
В-аз он чо рафт, то дар кишвари Тур,
Зи фарзон кучиёнро дид бас дур.
Ба-д-он чо низ дину дониш омухт,
Чароги доду дин дар дил барафрухт.
Пазируфтанд бархе дини уро,
Чу бих диданду хуш ойини уро.
Ба Рай биншасту хам дар Балхи Боми,
Нишасту хост бо мардони номи.
Зи кухи Бурз то дарёи Хилманд,
Зи дарёи Хазар то руди Арванд,
Замини поки Эронро саросар
Хама биспард Зартушти паямбар.
Хучаста гом бар хар дар чу бинход,
Бикард аз донишу доду хирад ёд.
Зи Эрон шуд бурун пас суи Нерон,
Зи рохи Бавру дашти моргирон.
Бидид он чой мардумхор шохон,
Хуранда магзу хуни бегунохон.
Ба худ мехост он вахшури Додор,
Биёбад то яке чое сазовор.
«Бичуям, гуфт, дар руйи замин ман
Замине хубу дархурди бикиштан.
Ки дар вай тухми чисторо фишонам,
Дарахти дини маздоро нишонам».
Зи Кибту аз Филиштим то ба Юнон,
В-аз он пас Рому Суклобу Хаюнон,
Аз он чо Хинду Синду Чину Мочин
Бигашт он монтрони поку бихдин.
Ба хар чо рафт гундои хирадманд
Хамеша тухми донишро пароканд.
Бикард огах зи неку бад касонро,
Ба дини бих биогорид шонро.
Дупоёнро ба рохи рост бинмуд,
Ба кори нек карданшон бифармуд.
Дарего, н-омадаш дар чашм як чой,
Ки дини нав тавон бинход бар пой.
Надид у хеч як шоиста марзе,
Ки он чо кард битвон киштварзи.
Наомад хеч бум, афсус, дар пеш,
Ки дорад чашм бор аз киштаи хеш.
Хама чо душмани дини Ахуро
Фузун гаштанду бад гуфтанд уро.
Ба хам зад дев, гар тухме фишонд у,
Зи бун барканд, гар бехе нишонд у.
Баланду устувор аз донишу дод
Яке мехост кохе кард бунёд,
Кашида сар ба Хуршеди чахонтоб,
Нихода пой дар дарёи жарфоб.
Хаме у хост биншонад дарахте,
Ки орад бор кому некбахти.
Ба Эрон шуд зи нав дар хонаи хеш,
Зи бедоди чахон он гох дилреш.
Чахонро дид чун дар чангу куштор,
Ба дому банди Ахриман гирифтор,
Сухан гуфт аз бихи пиру чавонро,
Ба дини хеш Хонд эрониёнро.
Чу бишниданд з-у андарзу гуфтор,
Паёми гуфтахои пок Додор,
Аз у хешону пайвандон буриданд,
Бадаш диданду з-у дури гузиданд.
«Зи дини шох Чамшеду Фаредун
Чаро оем, мегуфтанд, берун».
Суханхои паямбар нашнавиданд,
Ба Готони сипанто награвиданд.
Ба-д-у гаштанд душман дустонаш,
Зи хамшахрону хам чудшахриёнаш.
Ба руйи у хама кас дар бибастанд,
Хама пайванди хеш аз вай гусастанд.
Пажуми душт то шохи ситамгар
Камар бастанд дар чанги паямбар.
Ки бистонанд то з-у чони ширин,
В-аз он пас нашнавад кас з-у кас зи бих дин.

КАРДАИ 2. ПАЙДО НАКАРДАНИ ЗАРТУШТ ЧОЕРО ВА МАРДУМЕРО, КИ ОЙИНИ БИХИРО ГУСТАРИШ БИДИХАД ВА ХАМА ЧО БО БАДОН РУ БА РУ ГАРДИДАНИ У

Зи моху рузи он роди сарафроз,
Ду соле буд монда то чихил боз,
Вай аз сисолаги худ то ба-д-ин гох
Хаме паймуд чандин солу мах рох,
Ба Эрону ба Нерон он чахонгард
Яке дархурд чое чустучу кард,
Ки дар он чойи ободон тавонад
Дарахти дини бихро то нишонад.
Ба-д-ин бигзашт дах солу ду дигар,
Хамедун буд рузу шаб-ш човар.
Ки он дихгони менуи зи Гушто
Биорад навнихоли боги ушто.
Дарахте гашншоху серреша,
Бихиштирангу сабзу хуш хамеша.
Саросар чуст пайгамбар чахонро,
Надид андар чахон чое чунонро.
Ба чандон ранч чун баргашт ноком
Ба шахри хеш Зартушти Спитом,
Бишуд навмеду даст аз ину он шуст,
Ки у бехуда неки дар чахон чуст,
Ба хован рузгоре об совид,
Зи неши мор, берах, нуш ковид.
Ба гуши хар сухан мехост гуяд,
Зи чашми гург шарму мехр чуяд,
Чунин гуфти гахе вахшур бо хеш,
Ки: «Навмедист деве зишту бадкеш.
Машав навмед, гар магзат ба сар хаст,
Макаш аз кушишу чунбиш даме даст.
Зи кушиш кудакон гарданд рахрав,Зи чунбиш руяд аз дон урвар аз нав.
Дили навмед чун торик гур аст,
Ба дил-дар дидаи навмед кур аст.
Ба доми деви навмеди гирифтор
Нагарди, гар туро чашмест бедор.
Гар аз оянда навмеди, ту деви,
Сари он дев бишкан, гар ту неви...»
Ба-д-ин андешахо Зартушт хар руз
Баромад бар Ушидарни Дилафруз.
Камар се рах ба кушти сахт барбаст,
Зи шохи хум барсам кард бар даст,
Нихода руй суи пок озар,
Ниёиш кард бар даргохи Гаргар.
Ба Маздо гуфт аз розу ниёзаш,
Ба поки бурд рузу шаб намозаш.
Хаме гуфт: «Эй Худои Виспогох,
Маро бинмой суи рости рох.
Ба ман гу боз, к-эдар чораам чист,
Басечи ин дили овораам чист?
Хама фармон, ки доди, кор бастам,
Аз он чуз бод н-овардам ба дастам,
Дувоздах сол хоки хафт кишвар
Фарозу шеб паймудам саросар.
Ба рохи дин бичидам остинро,
Бикиштам тухми дини ростинро.
Парокандам бе гети донишу дод,
Чахон аз доду дин то гардад обод.
Зи боги орзу як гул набишкуфт,
Шудам нокому з-онам дил барошуфт.
Фишондам дар замини шур дона,Чи дорам чашм гохи полигона?
Ба чашми кур рах равшан намудам,
Ба гуши кар наво бечо сурудам.
Кашидам рузгоре ранч чандон,
Пушаймон даст бигрифтам ба дандон.
Бибурдам бори сангин чанд дар пушт,
Ба чуз бодам наомад хеч дар мушт.
Фуру мондам, Худоё, зуд даррас,
Бифармо, то чи бояд кард з-ин пас.
Зи рохи дин-т шояд даркашам пой
Ба куйи ноумеди чун кунам чой?»
Хаме омад зи Виспогох пайгом,
«Шикебо бош, то дастат дихад ком!»

КАРДАИ 3. НАХУСТИН КАСЕ, КИ БА ДИНИ МАЗДОЯСНИ БИГРАВИД, МАЙДЮМОХ ПИСАРИ ОРОСТИ БУД

Зи пушти Пайтираспи номбардор,
Ниёи монтрони некрафтор,
Ба чуз он Пурушаспи род фарзанд
Бизода ростон буданд якчанд.
Якеро номи нек Орости буд,
Хушивору ба доду рости буд.
Раде буд росткору ростгуфтор,
Яле бас некварзу некрафтор.
Хамон Оростиро як писар буд,
Накуву рост, рафта бар падар буд.
Ба рузи нек зоду бихтарин гох,Ки модар ном кардаш Майдйумох.
Чавоне буд пурмагзу сухандон,
Нихода дил ба дониш буду фарзон.
Ба фарру бурзу болову тану туш,
Ба хуйи неку орун чун Сиёвуш.
Зи шогирдони Зартушти ашу буд,
Нихода гуш бар гуфтори у буд.
Хама чо рузу шабхо Майдумох,
Хамеша буд бо Зартушт хамрох.
Чу мехри зутар оганда ба дил буд,
Сиришта аз накуи обу гил буд,
Зи хар рах буд бо у сахт пайванд,
Накарди з-у чудои он хирадманд.
Ба-д-он гохе ки фаррух Майдйумох
Зи дини маздаясни гашт огох
Шунуд аз доду дастури накуи,
Зи дини поку ойини ашуи,
Ки Маздо дод бар Зартушт онро,
Ки аз бад ворахонад мардумонро.
Зи банди бардаги озод созад,
Чахонро аз бихи обод созад.
Ки хар к-у хештанро нек бишнохт,
Зи гардан бардагиро дур андохт,
Зи чохи тирабахти у бурун гашт,
Ба шахри рушнои рахнамун гашт...
Чу андешид фаррух Майдйумох
Сари гуфтори вахшури дилогох,
Бикард у бовар андар хар чи у гуфт,
Ба Маздо бигравиду дин бипазруфт.
Нахуст у буд, ки дини зардухушти
Пазируфту ба ойин баст кушти.
В-аз он пас дини бихро он хирадманд,
Або Зартушт дар Эрон пароканд.
Дурафши дини Маздоро барафрохт,
Дил андар он ниходу чон ба-д-он бохт.
Нахуст он родмарди ростгуфтор
Сипохи ростонро гашт солор.
Худинонро нахуст у буд рахбар,
Ба Маздо то биоварданд бовар.

КАРДАИ 4. РАЗМИ ЗАРТУШТ БО АХРИМАН ВА ДЕВОН, КИ АНГОРА АЗ ХУЙИ БАД, КИНА, ГУМОН, НАВМЕДИ ВА МОНАНДИ ИНХО БУДААНД

Чунин бинвишт донои сухансанч,
Хамон гавхаршиноси донишалфанч.
Ки андар номахои бостони
Биомад аз пагуён достоне.
Ки доноён наку перостандаш,
Ба хшнум чун паюг оростандаш.
Чу онро бишнави, афсона машмар,
Ба ойини хирад бегона машмар.
Ки гохи пеш пирони хирадманд
Сухан дар пардаи афсона гуфтанд.
Чу дар дебои чини навпаюгон
Хушанд, арчанд к-аз чашман пинхон.
Чу аз рух парда бардоранд як суй,
Бувад хуштар ба чашм он рую абруй.
Сухан перояи андеша медон,
Паюги ориш андар парда пинхон.
Зи ман бишнав кунун он достонро,
Сухан дарёбу он рози нихонро.
Ашу Зартушт чун пайгоми Яздон
Хаме овард дар Эрону Нерон,
Ба хар шахр оташи Маздо барафрухт,
Ба мардум доду дину дониш омухт,
Бихонро суи Маздо рахнамун хост,
Дуругу чодувиро сарнагун хост.
Зи ободию озоди сухан ронд,
Киху михро ба дини рости хонд,
Чу девону дуручон ин шуниданд,
Шикасти хештан дар пеш диданд.
Ба хам гуфтанд: «Моро шаб сар ояд,
Чу шохи ахтарон ин гах барояд.
К-агар имруз абиж ишпухт хохад,
Ба фардо хонаи мо сухт хохад.
Чу тухми доду донишро пароканд,
Ба зуди бас кас уро ёр бошанд,
Биёбад дасту сози чанг орад,
Чахон бар девяснон танг орад...»
Ба перомуни пайгамбар зи хар су,
Бигаштанд анчуман девони чоду.
Сипохе гирд омад гашну бемар
Ба чанги подшохи додгустар.
Зи хар су Ахриман дар чанг пардохт,
Ба кину рашк суи ведман тохт.
Хаме у хост чони у ситонад,
Нишоне то ба гети з-у намонад.
Ки харгиз аз худини хеч з-ин пас
Наёрад лаб кушодан то дигар кас.
Хазорон деви бадкин бо хаёхуй
Ба сар биштофт дар чанги накухуй.
Зи гарду чангу дуду оташи чанг
Чахон шуд хамчу чашми зог бадранг.
Хама девони хунхори пажогин,
Зи шаш су чодувон дилхо пур аз кин.
Часи чун муру бучи чун харастар,
Насу чун пашшаи мурдор бемар,
Чихи чоду ба сад афсуну найранг
Биомад бо сипохи гашн дар чанг.
Сари пурбоду бо дилхои торик
Ба вахшури худин гаштанд наздик.
Ба тегу дашна аз хар су бар у тохт,
Ба куштан даст аз хар рах хаме ёхт.

КАРДАИ 5. БО ФУРУГЕ АЗ РУЙИ ХЕШ АФКАНДАН ХАМА ДЕВОНРО ПАРОКАНДА КАРДАНИ ЗАРТУШТ

Палидон чун зи кину хашм тафтанд,
Пайи куштан ба-д-у наздик рафтанд.
Ба руёруйи девон он хирадманд
Фуруге хамчу Хур аз Рух барафганд.
Чу диданд аз рухаш пайдост тобе
Чу рахшон теги равшан офтобе,
Наоварданд тобу дил пур аз бим
Нихон гаштанд он девони дижхим.
Чу кайку курмуш аз партави Хур
Гурезон з-у шуданд онон хама дур.
Зи бими партави Хуршеди тобон
Ба гавду горхо гаштанд пинхон.

КАРДАИ 6. ПАЙМОН БАСТАН ХОСТАНИ АХРИМАН БО ЗАРТУШТ, ТО УРО БИФИРЕБАД

Чу бинмуданд девон з-у хама пушт,
Харосон аз фуруги руйи Зартушт,
Сипахсолори онон Ахти Чоду
Биомад, ру ба ру биншаст бо у.
Забоновар намуду чарбгуфтор,
Ба ранги меш омад пиркафтор.
Дурудаш гуфту кардаш чарбгуи,
Бизад бас достонхо аз накуйи.
Бигуфт: «Эй дуст, будан хор то кай,
Миёни мову ту пайкор то кай?
Аз ин пас мову ту, эй марди виро,
Бувад кубем куси оштиро.
Ки паймон дустиро чун бубастем,
Дигар аз банди хар патёра растем.
Яке хаст аз ту моро нагз дархост,
Ки танхо з-он шавад паймони мо рост.
Ва он ин аст, эй марди накукор,
Ки накшои лаб аз он «Панч сардор».
Ки мардумро махони суи бих дин,
Гузоришон хаме дар дини пешин.
Зи варчованд Готони дилангез
Бибанди то лабони ангубинрез».
Махони дигар он чамроси испанд,
Дахан банди зи пайгоми Худованд.
Чуз он хар кор хохи, кун ки чандон
Тавони кард бо фармони Яздон.
Чу дасти дусти бар мо биёзи,
Ба гардун хамчу мардон сар фарози.
Ту андар дину кеши хеш мебош,
Ба рохи худ ахурокеш мебош.
Дигар касро ба дини пеш бигзор,
Ба ойини навини худ маёгор.
Забонро гар ба мо якто бисози,
Ба ин паймон агар бо мо бисози,
Зи озори чахон озод боши,
Зихи осудаву дилшод боши.
Кунун бархез, то бандем паймон,
Бибоши, варна фардо худ пушаймон.
Гар эдун ошти-паймон бибанди,
Ба гети н-оядат харгиз газанде...»
Ба д-ин сон Ахти нопоку фусункор
Сухан ба чоплуси гуфт бисёр.
Саропо буд найранг он саги пес,
Чу рубах дар фиребу банд тандес.
Ба дидан мехрубону хоксоре,
Дарун пур захр бинхуфта чу море.

КАРДАИ 7. РОНДАНИ ЗАРТУШТ ДЕВОНРО БО «АХУНВАР» АЗ НАЗДИ ХЕШ

Ашу Зартушт чун бишнид з-он дев
Хама он чарб гуфтори пур аз рев,
Ба-д-у гуфто: «Бирав, аз ман бишав дур,
Ки бар Хуршед кай шуд муш дастур?!»
Зи шохи поки хуми сабз Зартушт
Гирифт он гоху барсам сохт дар мушт.
Ба бочу барсам он гах назди озар
Ниход у руй суи пок Гаргар.
Бигуфто: «Эй ахуропухр оташ,
Чу тоби руйи Маздо поку дилкаш.
Ба мо дих бастагихоро гушоиш,
Туро, эй оташи тобон, ситоиш,
Ту андар пайкари кайхон чу чони,
Ба Маздо монию з-у як нишони.
Туро з-он ру ахуропур хонам,
Ки бидхи аз рухи Маздо нишонам,
Вагарна нест уро хеч фарзанд,
Чу мардум нест уро хешу пайванд.
Худоро нест фарзанде чу мардум,
Сухан ин чо кунам аз рохи хшнум.
Ба рохи ростию рушнои
Маро суи Ашо кун рахнамои.
Накуи ростии бихтарин аст,
Бихонро рах ба хушбахти дар ин аст.
Хамон некист хурсанди касеро,
Ки бигзинад ба гети ростиро.
Бихи рохи бихишт аст, эй бихандеш,
Биё, рохи бихиро гир дар пеш.
Накуи кун, ки дар вай шодмонист,
Хам аз неки-т бахту комронист.
Зи бахри ростии бихтарин бас
Накуиро бигирад дар чахон кас.
Хар он к-у ростиро баргузинад,
Гул аз гулзори хушбахти бичинад…»
Ба Ахти Чоду чун у хонд «Ахунвар»,
Ки бинмояд ба-д-у неруи Гаргар.
Ахунварро чу бишнид он фусункор,
Хамон дам гашт з-он чо нопадидор.
Суруди човидони хасти он гох
Расид аз пушти мохи то паси мох.
Сипохи куру гунгони гаронгуш
Хама гаштанд з-он овоз бехуш.
Ба тарсу ларз онон бо дили реш
Шитобиданд назди хочаи хеш,
Ба у гуфтанд: «Рузи мо сар омад,
Чахонро гардиши нав андар омад».
Шуданд он гох дар сурох пинхон
Чу кайк аз партави Хуршеди тобон.
Чунин буд достони разми вахшур
Або девони душти аз хирад дур.
Ки чун Зартушт «Ахунвар» Хонд аз бар,
Сипохи девро бишкаст яксар.
«Ахунвар» гашт бар тан чавшан уро,
«Ахунвар» буд нигахбони тан уро.
Кунун, эй донишандузи сухансанч,
Кушоям бар ту аз хшнум дари ганч.
В-аз ин ангора ориш чист, гуям-т,
Ки то занги гумон аз дил бишуям-т.
«Ахунвар» чист, дони, эй хирадманд?
Бувад он вожаи поки Худованд.
«Ахунвар» донишу фархангу фарзон,
Нихода дар дили Зартушт Яздон.
Худованди Хирад додаш ба вахшур,
Ки кораш бандаду дорад-ш дастур.
«Ахунвар» рахнамои марди бихрад,
Нигахдорандаи у аз хама бад.
«Ахунвар» дониш аст, эй марди доно,
К-аз он буд гашта пайгамбар тавоно.
Хирад, к-он буд нихода дар «Авасто»,
Ки пайгамбар хаменомид-ш «Чисто»,
Бибаст у кор он воло хирадро,
Ба-д-он аз хеш дур андохт бадро.
«Ахунвар» з-он ки дастури ашуист,
Бихонро рахбари рохи накуист.
Ба гети хар ки онро кор бандад,
Шавад пируз он касс бар хама бад.
«Ахунвар» чону дилро рушноист,
Фуруги руйи хуршеди худоист.
Хирад шамшеру дониш чавшани уй,
Чу охан чону тан гардад-ш чун руй.
Бишуд пируз Зартушт аз накуи,
Ки чангафзор буд уро ашуи.
«Ахунвар» бар хама дард аст дармон,
Нигах дорад зи хар дардат тану чон.
«Ахунвар»-ро натанхо хону ёд ор,
«Ахунвар»-ро бидону кун ба-д-он кор.
«Ахунвар» он суруди човидон аст,
Навои найнавози осмон аст,
Пизишки чону дармони равон аст,
Гиёхи менувони бахри чон аст.
«Ахунвар» ин гиёхи хуми хушнон,
Ки бахшад бар хазорон дард дармон.
Ба чоми Чам биоганда майи ноб,
Ту дар куйи мугонаш чую дарёб.
Бихур, к-он нушдору дардгонрост,
Гуворо хасту дармонбахш чонрост.

КАРДАИ 8. АНДАР ДЕВОН, КИ ЗАРТУШТ БАР ОНОН ПИРУЗ ГАШТ

Зи девон гуям акнун, то бидони,
Хама неруи бадро «дев» хони.
Ба хангоме, ки Зартушти Спитом
Хамезад дар рахи дин дар чахон гом.
Хаме у чуст андархур яке чой,
Ки бинхад дини бих он чой бар пой.
Чахонро гашт он марди чахонгард,
Ба гети хост доду дин бигустард.
Ба девоне дучор омад дар ин рох,
Камечу душману бадгую бадхох.
Зи як су шоху як су пешвоён
Хаме буданд уро душмани чон.
Зи як су бардагон, як су гадоён,
Ки бигрифтанд хар дам-ш аз гиребон.
Дигар су рахзану дуздони хунхор,
Ки будшон кор чангу кину куштор.
Зи як су мубадони зишту бадкеш,
Чу каждум мезадандаш хар даме неш.
Ба-д-он су карру гунгу куру нодон,
Расониданд бар вай ранч чандон.
Зи як су чодувон хар дам фусункор,
К-аз онон мерасидаш хар дам озор.
Дупоёни палиду зуфти гумрох,
Заданди санг бар Зартушт хар гох.
Ба дини поки Зартушти хамистор
Хамебуданду рузу шаб ба пайкор.
Хамедун он хама неруи бадро,
Гумону кину рашку хуйи бадро,-
Хирадмандон ба «дев» андоза карданд,
Ба ном он «душманон»-ро дев бурданд.
Пагуён кам буданд он руз огох,
Зи кору рузгори он дилогох,
В-аз он ру саргузашти он сарафроз
Бикарданд аз рахи ангора пардоз.
Рахи афсона бигрифтанд дар пеш,
Ки дарёбандаш осон шоху дарвеш.
Хама он душманонро дев хонданд,
Хама бадро ба номи дев монданд.
Ки андар гуфтану бигрифтанаш ёд,
Бувад осон ба шогирдону устод.
Ба-д-он сон душманонро бо «Ахунвар»
Шикаст овард дар чанг он хунарвар.
«Ахунвар» назди донои гухарсанч
Бувад дастури дини-бихтарин ганч.
Нухуфта ганчи дониш дар Авастост,
Хар он кас, к-он бидонад, у тавоност.
Ба кораш банд аз гахвора то гур,
«Ахунвар» аз хама бад дорадат дур.
Ашу Зартуштро чун буд хирад ёр,
Буд аз деву дуручаш он нигахдор.
Чу дониш вижа дар чони ашу буд,
Хамеша дасти душман дур аз у буд.
Сари деву дуручон зери по сохт,
Тану чонро зи Ахриман рахо сохт.
Фуруге, к-у зи пайкар мебарафканд,
Ки девон з-он зи тарсу бим рафтанд,
Ба чашми хира чун певоз тарсон
Шуданд аз партави Хуршед пинхон,
Фуруги руйи хуршеди хирад буд,
Нигахдори вай аз хар гунна бад буд.
«Ахунвар» буд он фархангу фарзон,
Ки бар Зартушт буд бахшида Яздон.
Сипантоию варчованд чисто
Гухар дар жарф дарёи Авасто,
Чу Зартушт аз накуи рах ба-д-он ёфт,
Рухи хуршеди хушбахти ба-д-у тофт.
Басе з-он ганчи бепоён биандухт,
Дилу чон з-оташи фарзон барафрухт.
Чу у омухт он воло хирадро,
Зудуд аз чону тан хар гуна бадро.
Нахуст у кушт деви Танбалиро,
Ба кушиш чуст рохи хушдилиро.
Зи деви Ноумеди сар биандохт,
Ба аспи Орзу суи Ашо тохт.
Ба хони Бадсиголи оташ афканд,
Саросар сухт Кохи Кину Офанд.
Зи бас оганд дар дил мехри динро,
Бурун андохт деви Рашку Кинро.
Чу аз зиндони нодони бадар гашт,
Зи дониш точи озоди ба сар гашт.
Чу шеди Рости з-у партав ишпехт,
Дуруги Хира, он чун дид, бигрехт.
Ба Бахшиш дасти Доди хеш бикшод,
Сарони Озу Зуфти дод бар бод.
Забону кору дилро як хаме дошт,
Ба худ деви Дуи наздик нагзошт.
Чу Неки буд сиришта дар гили уй,
Бадиро рах набуд андар дили уй.
Зи Неки оташ андар чон биафрухт,
Дар он деви Бадиро болу пар сухт.
Кунун донисти, эй марди хирадманд,
Ки пирони гахи пешин чи гуфтанд.
Бади «дев» асту некуи «фаришта»-ст,
Сипохи Ахти Чоду хуйи зишт аст.
Сипохи гашни девони даруни,
Бувад размандатар з-они буруни.
Хама кундоварон-девони кори,
Саворони дилеру корзори,
Чу Рашку Кину Тарсу Биму чун Хашм,
Чу Озу Зуфтию чун Тангии чашм,
Дуандеши, Дуруйи, Бадгумони,
Дурушти, Тундхуйи, Бадзабони,
Чу Навмедию деви хастачони,
Хама девони гети то равони,
Чу истоданд уро дар баробар,
Забун гаштанд, чун у хонд «Ахунвар».
Ба чуз ин хар чи дар кас хаст аз бад,
Ба чони поки у наздик н-омад.
Хирад Хуршеду инон чун харастар,
Харастар кай занад дар пеши он пар?
Хирад Зартуштро аз бад нигах дошт,
Ба доми Ахт уфтодан-ш нагзошт.
Чу уро буд неруманд Буданг,
На чоду кора кард уро, на найранг.
Газанде пеш н-омад дар тану чон,
Ки дар пайкар будаш покиза урвон.
Чу омад хар гахе патёрае бар сар-ш,
Фуруд аз осмон омад фурухар-ш.
Буданд Урвону Будангу Фурухар
Хама шодоб аз чуйи «Ахунвар».
Хаме карданд равшан рохи уро,
Чароги чон буданд он некхуро.

КАРДАИ 9. ПАРОКАНДА КАРДАНИ ЗАРТУШТ ВА ПАЙРАВОНИ У ОЙИНИ БИХИРО ДАР ЧАХОН

Чу бо фармони Виспогох Гаргар
Биронд аз хеш девонро паямбар,
Сипохи Ахриман бигрехт з-у дур
Ба сони курмуш аз партави Хур.
Ашу Зартушт бо хамрохи ёрон
Бирафт аз шахр бар шахре ба Эрон.
Чу Мадйумоху Бехрузу Ашуруз
Хамебуданд хамрохаш шабуруз.
Пароканданд ойини бихиро,
Хучаста дини доду ростиро.
Ба хар чое, ки мерафтанд, чандин
Касонро андароварданд дар дин.
Чу Сенои Ахумсути хушивор
Ки андар рохи бих дин кард пайкор,
Ба сад кас омад аз рохи накуи
Хама овард дар кеши ашуи.
Фароди хамрахи Асмухванванд
Ба Эрон тухми дини бих пароканд.
Фароту Вухвасту Ворсморуз
Хаме буданд дину донишомуз.
Хаме гаштанд аз шахре ба шахре,
Ва мардум аз хирад доданд бахре.
Ашамханванти роду неккирдор
Хамеша бо паямбар ёру хамкор,
Хамора доду дину дониш омухт,
Ниход оташгаху оташ барафрухт.
Хамедун хамрахи Зартушт Исвод
Хаме чошид тухми донишу дод.
Басо кас пеши Паршатгуши доно
Пазируфтанд дини маздаясно.
Ба-д-ин сон сездах ёри бихишти
Дурафшафрози дини зардухишти,
Хирад омухтанду донишу дод,
Зи чохи тори паркон гаштан озод,
Чахон аз бехкунашни кардан обод,
Ба доду рости, то кас зияд шод…


(Дунбола дорад...)

1 comment:

Anonymous said...

Dastonat dardro nabinand, barodar.